“Дар Тоҷикистон ахиран сеҷилдаи «Тафсири мухтасари Хатлонӣ» нашр шуд. Шореҳ, муфассир ва гирдоварандаи он Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки новобаста ба синну соли ҷавонӣ донандаи хуби каломи Аллоҳ маҳсуб меравад ва миёни аҳли тақвову тариқат дар фиқҳ аз эҳтироми вижа бархурдор аст.
Китоби мазбур бо пешгуфтори Шайх Амонуллоҳи Неъматзода – раиси Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои исломи ҶТ ва Эшони Маъруфҷони Элокӣ, яке аз дигар фақеҳи шинохташуда дар кишвар манзури аҳли тақво шудааст”. www.ozodi.org/a/871973.html
Ин ҷумла иқтибос аз як навиштаи Сайёфи Мизроб,сардабири СССР аст ки он солҳо дар радиои “Озодӣ” кор мекард ва ин мақола ҳоло ҳам дар сайти ин расона қобили дарёфт аст. Дақиқан 24.01.2008 нашр шудааст. Навиштаҳои Сайёфро қаблан ҳам мехондам, вале баъди чопи «Тафсири мухтасари Хатлонӣ» бо ӯ, ки барои мусоҳиба наздам омада буд,аз наздик рӯбарӯ шудам. Ман қаҳрамони гузориши ӯ шудам ва ӯ дар бораи кори ман навишт ва ҳамин тавр баҳо дод:
“новобаста ба синну соли ҷавонӣ донандаи хуби каломи Аллоҳ маҳсуб меравад ва миёни аҳли тақвову тариқат дар фиқҳ аз эҳтироми вижа бархурдор аст”.
Аммо ҳоло бо гузашти 13 сол қаҳрамони ҷавони ӯ -“донандаи хуби каломи Аллоҳ” ва “аз эҳтироми вижа бархурдор” буда ба як персонажи манфиву номатлуб мубаддал гаштаву ҳафтае нест, ки СССР як навиштаи пур аз буҳтону туҳмат алайҳи ӯ ба нашр нарасонад.
Ман ончиро, ки Ятимову “фермаи ҷавоб”-у дору дастаи онҳо бар зиддам ҷабҳа дуруст кардаву навору филму мақола пахшу нашр мекунандро мефаҳмам, чун дар ҳақиқат ниқоби чеҳраи асливу асосии онҳоро, симои воқеии онҳоро дар навиштаҳо ва наворҳо тавассути “Ислоҳ” бармедорам ва инки онҳо кӣ ҳастанд ва то куҷо ба миллат ва мардуми тоҷик тааллуқ дорандро фошофош баён медорам ва инки онҳо бо номи давлат ва аз номи давлат чи гуна халқу миллатро доранд ғорат мекунанд, таҷовуз мекунанд, сарвату давлат меандӯзанд, дузди куҳриандро бо дайну далел исбот менамоям.
“Онҳо дар хобҳои шабашон маро мебинанд, дар вақти дуздиҳояшон, дар вақти порагириҳояшон, дар сари ҳар ҷурму ҷинояташон маро ҳатмани ҳатман мебинанд ва аз дил мегузаронанд, ки мабодо Муҳаммадиқбол огоҳ нашавад. Ман дарди сари онҳо, мушкили онҳо, балои болои онҳо шудаам, ки омодаанд, миллионҳояшонро дареғ надоранд, то сияҳ созанд, бадном кунанд ва ҳатто ба таври физикӣ нобуд созанд, мунтаҳо “садо”-и маро бигиранду хомӯш созанд.”
Аммо инки Сайёфи Мизроб, нафаре, ки худро дар ҳамон сӯҳбати бо банда анҷомдодааш, эшонзодаву муллобачаву огоҳ аз илми ислом муаррифӣ мекарду дур шудан ва дур доштани мардум аз исломи нобро кори душманони ислом ва боиси коста шудани ахлоқи ҷомеа медонист, имрӯзҳо тамоман пӯстинро чапа пӯшидаву бо интишори навиштаҳои олимнамоҳое чун Иброҳими Усмон бар зидди банда ва амалан бар зидди ислому дини Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) тохтутоз дорадро намефаҳмам. Албатта, мефаҳмам, вале то ба ин андоза чоплус, тамаллуқпеша, косалес шуданашро,то ин андоза, ҳайсият, ҳамият, шараф ва виҷдонфурӯшиашро дида, дигар ба ин гуфтгузорҳо, ки ӯ ҳам кайҳо фурӯхта шудааст, ба хотири нафсу ишкамаш шуда, ба хотири як бурида нон қалам ва рисолати қаламро ба савдо задааст, итминон ҳосил кардам.
“Сайёфи Мизроб барои он бар зидди шумо, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар шахсиятҳои дар мухолифат бо Раҳмонов қарордошта менависад, ки барояш “якчи-нимчӣ” садақа мекунанд ва рӯзаш ба ҳамин садақаву хайрияи ба истилоҳ сарпарастҳо мондааст. Газетаи ӯро аслан газетаи мақомоти амниятӣ ва таърифи тавсифи қумандонҳои Фронти халқӣ гӯед, хато намекунед. Барои Сайёфу амсоли онҳо, ки ба ҷуз аз ишкаму нафс муқаддасоте дигар вуҷуд надорад ва сад соли дигар ҳам бигзарад, барои ӯ Сангак, ки бо шиори ”Нест бод ислом” ва бо дастгирии танку тӯпу аскару афсари Узбакистон вориди Душанбе шуда мусаббиби фирору тарки ватан кардани шахсиятҳое чун Тоҳири Абдуҷаббору Мӯъмин Қаноату ҳазорон ҳазори дигар гардид, улгӯ ва намуна ва қаҳрамон боқӣ хоҳад монд”.
Иброҳим Усмонов, ки дар бунёду табиаташ ҳеҷ гоҳ бо мусалмонҳо набуд, дар шумораи ахири СССР бар зидди ман як матлаби пур аз таҳқиру тӯҳмат чоп карда ва дар ҷо-ҷое аз он танаффур ва душмании ақидатии худ бо исломро пинҳон карда натавонистааст. Иброҳим Усмоновро мо аз хеле солҳо пеш медонистем, ки ӯ кӣ буд ва бо ислому муллову дини муҳаммадӣ чи бархурду муносибату миёнае дошту дорад, ҳамчунон, ки яке аз рақибони сарсахти бозгашт ба ҳуруфи қуръонист (чун ҳаросаш ин аст ки бо ин хат нуфузи ислом болотар хоҳад шуд) ва ҳамчунон, ки ба маҳзи ҳамин хат наметавонад бипазирад, ки тоҷикиву дариву форсӣ яке аст. Вай бо баҳонаи интиқод аз банда ва падари марҳумам чи чизе навиштааст:
“Наврас то балоғат танҳо дар мактаби расмӣ хонданаш даркор аст, асосҳои илми дунявиро бояд омӯзад, ҳеҷ мактаб ва ҳеҷ машғулият ва илми дигарро дар ин синну сол ба кӯдакон омӯзонидан лозим нест”.
Боз шарм накарда аз як муаллифи ғарбӣ Август Миюллер,муаллифи китоби панҷ муҷалладаи “Таърихи ислом” иқтибос оварда,ки фоҷеаи мардуми форс ин “бачабози”и онҳо будааст. Бо қтибос аз ин китоб ва таъвили шеъри Хоҷа Ҳофиз ба муроди хоҷаат шарм накардӣ? Барои инки,СС.Ятимов ва пешвои дастурӯй ношустаатро розӣ сози чунин тавҳини як олми ғарбӣ бар миллататро пазирӯфтӣ? Куҷо шуд ҳимоят аз миллат ва забону урфу одати ин миллати ҷаҳоншумули Тоҷику Форс? Савганд ба Аллоҳ ман ба ҷои шумо шарм кардам. Пешвоят ва ҷаноби СС мераванд аммо пазирӯфтан ва қабул кардани ин тавҳин бар миллат аз шумо барои ҳамеша боқӣ мемонад. Ё шумо яксара ҳамаатон чунин беморӣ доред ва мудом аз он мекобед,ки кадом олими мубталои ин беморӣ чунин чизе менависад ва шумо онро ношармида иқтибос меоред? Чун ҳар шахс аз ончӣ меписандад менависаду мегӯяд.
Иброҳим Усмонов инҷо ошкоро нагуфтааст,ки ба кӯдак таълими динӣ ва исломӣ надиҳед, аммо асли мақсадаш ҳамин аст. Мо,мусалмонҳо бар тибқи ин навиштаи Иброҳим Усмонов, ки ин бор низ ғамзаи уштурӣ мекунад, ба кӯдакон ончиро ки фарзи воҷиботи шаръист набояд биомӯзонем. Яъне ӯ ҳам ба сони тамоми азхудобаргаштагон ва бо худоистезагарон ва исломҳаросон раводор нест, ки усули дин ба кӯдак дарс дода шавад. Ин нукта талаботи ҳамон қонунҳое аст ки Усмонов аз он дар ин навиштааш тавсиф кардааст. Ману падарамро наҳ задаву бӯҳтон баставу ислом ва аркони онро ба ҳадаф гирифтааст. Ин пири бетавфиқ, ки умраш ба ҷое расиду ҳамоно худонашнос боқӣ монд, бавузӯҳ медонад, ки ончи дар ҳаққи ман ва падари ман амният ва филмофарони он гуфтанду мегӯянд, як тӯҳмат аст, аммо ӯ ин тӯҳматро об дода ва беш аз ин ҳатто ба руҳи устод Нурӣ ҳам тохтутоз мекунад. Бубинед,ки чӣ навиштааст:
“Зеро ба фикрам на танҳо ин хонадон,ин қумандон,балки дигарҳояш ҳам баъди бозгашт биноҳое ба худ рост карданд. Масалан дар Душанбе,ки 7 пушти душанбегиҳо надидааст”.
Аввал инро бароят бигӯям,ки Қаландари Садриддин,бале,аз муассисони ҳаракати исломӣ, ҲНИТ аст ва барои таблиғу тарвиҷи маорифи исломӣ бор,бор ҳатто дар ҳамон даврони шӯравӣ ба амният сарбасар шудааст ва барои ҳимояти ҷавонони Тоҷик,ки ба Афғонистон ба ҷанг фиристода нашаванд бо моддаи “СТАТЬЯ 70. АНТИСОВЕТСКАЯ АГИТАЦИЯ И ПРОПАГАНДА” ду сол маҳкум ба корҳои ислоҳӣ шуда буданд. Бале дақиқан бар алайҳи номи рӯзномаат СССР. Аммо ӯ қумандон набуд ва дар ҳаёташ ҳатто дар даст туфанг нагирифтааст. Вале,биё як раҳ мард бошу уштур набошу мардвор гап бизан,ки агар хонаи Қаландари Садриддин пули кӯмак буда бошад. Бале бобоям ва падарам гадо ва гадозода набуданд балке асил ва асилзода буданду ба ин ифтихор мекунам ва аз дороҳои замони худ буданд ва инро ҳама шаҳодат медиҳанд.
Агар хонаи дигарҳояшро 7 пушти душанбегиҳо надида бошад, пас, қасру кӯшки Раҳмонову домоду духтарҳояш аз куҷост ва чаро онро наменависӣ ва намегӯӣ? Инҷо гап бисёр аст ва бо ҳамин иктифо мекунам вале инро бояд бигӯям, ки Иброҳим Усмонов ҳанӯз аз даврони шӯравӣ бо тахаллуси “Ихтиёр” барои КГБ “донос” мечид (суханчин-хабаркаш) ва хуфиянавис ва “ҳумазаи лумаза” мебошад. Вай дар тими Раҳмонов буд, дар музокироти сулҳ иштирок мекард, мушовир буд, муовини вазири фарҳанг буд. Раҳмонов мисли дигарон истифодааш бурду сипас аз даргоҳаш дафъ кард. Чаро ӯро Раҳмонов аз даргоҳаш бо шатта зада парт кард, гапи дигар аммо соли 2013 дар ситоди Ойниҳол Бобоназарова ва ҳамроҳ бо оппозитсион буд. Аммо бори дигар акидан ёдрас бишавам, ки вай аз ислому муллову шариат сахт мутнаффир аст ва ҳамин ҳоло ҳам барои КДАМ суханчинӣ ва хабаркашӣ ва тамаллуқу хушомад мекунад, мунтаҳо “хизмат” мекунад. Дақиқ аст ки Сайёфу СССР ҳам айни Усмонов, дигар бозича ва бузичаи КДАМ ва СС. Ятимов ҳастанд. Ҳар гоҳе, ки Ятимов “фас” гуфт ӯ ба ҷакидан ва хоидан медарояд.
“Дуруст аст ки ман дар фосилаи ҳазорон мил аз Тоҷикистон қарор дорам вале ҳам Сайёф ва ҳам дигару диграҳо шоҳиданд, ки бо мардумам, бо халқам робитаи мустақим ва зич дорам. Махсусан бо аҳли намозу саҷда ва аҳли Қуръон,бо аҳли масҷид ва мардуми оддӣ ва мазлуми ватанам.”
Дасту забонам бурида бод, ки агар дурӯғ бигӯям.Чандин нафар аз намозгузорон ва омӯзгорон аз ман хоҳиш намуда буданд, ки дар бораи обунаи иҷборӣ, ба хусус обунаи иҷборӣ барои СССР матлаби алоҳида карда ва наворе ҳам интишор диҳам. Аммо ин корро накардам. Ҳамин калимаи бузичаи КГБ дар сифати Сайёфу СССР дар навиштаи яке аз онҳо дарҷ шуда буд. Аммо, ба худам гуфтам, ки хуб, ягон вақте ба худ хоҳад омад. Вале дигар воқеан ҳам аз ҳад гузаронд ва шӯрашро даровард. Ҳар ҳафта ва пушти ҳам бар зидди ман тӯҳматнома чоп кардан барои чӣ? Ман, ки гуфтам! Аз роҳи баргузидаам барнахоҳам гашт. Ман дар роҳи Ҳақ ҳастам. Ман ҷабран ва номардона ва бо туҳмат аз ватанам ҳиҷрат кардаам. Ман ҳоло баргардам,мегиранду дар канори Сайидумару Муҳаммадаливу садҳо нафар наҳзатӣ (исломиҳои дигар) дар зиндон меандозанд. Намефаҳмам аз ин кор Сайёф чи манфиат медида бошад? Намефаҳмам Сайёф аз инки Ҷамолиддину Озода роҳи мардумро пулакӣ кардаанд чи манфиат медида бошад? Аз инки прававу техосмотру номери мошинҳоро Шамсулло Соҳибови домоди Раҳмонов “шахсӣ” кардааст, чӣ медида бошад? Чаро дар бораи ин дуздону ғоратгарон намегӯяду устухонҳои моро аз ходиан сер намешавад?
Баъдан кӯтоҳ як тазаккур бароят медиҳам Сайёф!
Ончи маро иттиҳом доред чанд моҳ пеш Дорюш каме сиру пиёзашро бароварда буд.Ман пас аз он бо чанде аз ошноҳоят сӯҳбат доштам онҳо ончи Дорюш ишора кардаро тасдиқ намуданд. Чӣ мехоҳи тавассути “Ислоҳ” расман эълонат кунем, ки ба ин дарди бе даво мубтало ҳастӣ ва дигар пурра ошкор гардӣ? Агар хоҳиш дошта бошед ошкор шавед ва дардатонро ҳама фаҳманд мисли бархе номҳояшон зикр шуд, кӯмакатон мекунем,то дигар пинҳон набошед ва дар зимни он 55 ҳазор пинҳон набошед!
Гуфтанд, ду, се соли ахир мақомоти амниятӣ, масъулони танзими анъанаи ҷамоатҳо, имомхатибҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз мардум тин ба тин ҷамъ карда дар қатори Минбари халқу Ҷумҳурияту Садои мардум ба СССР обуна мешудаанду обуна мекардаанд.
Масалан агар як нафар тӯй кунад, ва ё барои справкае ба ҷамоат саду анд сомонӣ бидеҳ мегуфтаанд. Вақте мепурсед,ки чаро? Мегуфтаанд, ки аз амният маҷбур карда истодаанд,ки барои 20 нусха,10,нусха 5 нусха СССР обуна шавем. Ҳамин тавр дар масҷидҳо, дар мактабҳо, ва дар ҳамаҷо. Ҳоло ки СССР даъвои мустақилӣ ва озодии матбуоту сухан мекунад, воҳимае беш нест. Ростӣ, хеле барвақт медонистем, ки СССР як проекти КДАМ аст. Вале ҳоло дигар баъди обунаи маҷбурӣ ба СССР ҳама чиз ошкор ва яқин шуд. СССР филиал ва ё коршарики “фермаи ҷавоб”-и КДАМ.
“Бигзор СССР бар зидди ман ва “Ислоҳ.нет” минбаъд низ ҳаррӯз бинависад, аммо чаро онро мақомоти давлатӣ, бахусус амният иҷборӣ обуна мекунад? Масалан чаро мақомоти давлатӣ, масалан амният “Азияплюс”-ро маҷбурӣ обуна намекунад? Чаро СССР дар шумори нашрияҳои давлатӣ ва расмӣ даромадааст? Бале,Сайёф, себашонро, ки мехурӣ бояд ғоз диҳӣ.”
Ва,навиштаро бо ҳамон матлаби Сайёфи Мизроб дар радиои “Озодӣ” ҳусни анҷом мебахшам,ки бубинед,чи қадар шефтаву волаи “муҳаққиқ” яъне ман Муҳаммадиқболи Садриддин шуда буд:
“Бартарияти дигари тафсири ҷадид ин аст, ки муҳаққиқ пас аз таҳияи муқаддимаи муфассал перомуни Қуръон ҳар сураро бо шарҳи комил аз моҳияти он овардаву матни Каломи Шарифро дар тарҷумаи равони тоҷикӣ ва тафсири ибратомӯзи бархе аз оёт пешкаш намудааст. Рӯиҳамрафта, муфассир дар охири шарҳи ҳар сура бо «10 саволу 10 ҷавоб» бо хонанда ба муколамаву баҳс мепардозад ва бар дониши қуръонии мутолиъагар меафзояд. Уламои фиқҳ гуфтаанд, китоби мазбур бо забони фасеҳу равони тоҷикӣ иншо шудааст ва барои ҳар тане, ки мехоҳад, бевосита аз каломи худовандӣ огоҳ бошад, дастури хубе будааст”.
Ps: Умедворем пас аз ин СССРи Сайёфи Мизроб ба масоили дохили кишвар мепардозад ва дарду ранҷи мардумро инъикос менамояд. Ончи барояш гарон тамом мешавад ва талх аст дигар доман намезанад ва расвогияш саросарӣ намегардад. Танҳо ҳушдорат додем ва пас аз ин бидуни огоҳи таҳқиқоти худро дар мавриди бемориятро ҳама аҳли кишвар хоҳанд донист. Ислоҳро ҳамватанонамон бе пул аз СССР бештар мехонанду мебинанд!