(бахши аввал)
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси Миллӣ кист? Аввал маълумоти расмиро аз сафҳаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар бораи ӯ меоварем:
Ҳакимзода Қурбон
Соли таваллуд: 1 апрели соли 1966
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ, соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст
Ихтисос: агроном-олим
Унвони илмӣ: номзади илмҳои кишоварзӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ (бо луғат)
Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошад.
Вазъи оилавӣ: оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1983-1988- Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1988-1993- Агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаев, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 1993-1995- Раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Сельхозхимия», ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 1995-1996- Муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облсельхозхимия», шаҳри Хуҷанд
Соли 1996 (07-09)-Мутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии ҳукумати вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 1996-1999- Раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 1999-2002- Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2002-2004- Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 2004-2006- Муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Соли 2006 (02-12)- Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2006-2008- Муовини раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Соли 2008 (01-03)- Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд
Солҳои 2008-2010- Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд
Соли 2010 (06-09)- Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон
Солҳои 2010-2013- Раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон
Солҳои 2013-2018- Муовини якуми раиси вилояти Хатлон
Солҳои 2018-2019- Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 14 январи соли 2019 то ҳол-Раиси вилояти Хатлон
Маълумоти расмиро дар бораи раиси вилояти Хатлон мутолиа фармудед. Акнун барои шиносоии бештар ба шахсияти Қурбон Ҳакимзода маълумотеро аз манобеи мардумӣ пешкаши шумо мекунем. Албатта, ин маълумот ҳам кофӣ нест. Аммо дар ҳар сурат барои шиносии шахсияти ӯ кумак мекунад:
“Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар шаҳраки Палас, дар лаби дарёи Сир 20 гектар замини корам ва боғи зардолу, шафтолу ва як ҳавзи моҳипарварӣ ва фермаи парвариши мурғи фазан дорад. Дар худи кӯҳи Рухак, яъне дар Унҷӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 60 сотих замини наздиҳавлигӣ ҳуҷҷат кардагӣ аст. Дар микрорайони 34 (шаҳри Хуҷанд) як коттеджи 3 ошёнаи бадвоҳима сохтааст. Дар ҳудуди ҳамин маҳалла боз 10 сотих заминро ба номи яке аз хешовандонаш гирифтагӣ аст. Замине, ки дар шаҳраки Палас дорад ба номи язнааш мебошад.”
Қурбон Ҳакимзода як ака, ду додар ва чаҳор апа ва хоҳар дорад. Як бародари вай Мубин ном дорад. Солҳои 2005-2008 мудири фермаи хоҷагии деҳқонии Урунхоҷаев буд. Вай тамоми ин фермаро дуздид: молу гов, ему хошок ва швелеру трубаҳои оҳании фермаро дуздиду фурӯхт. Ҳозир ҳам мудири чорво аст. Ҳар сол дар мавсими пахта аз навоҳии вилояти Хатлон бо фура ва дуланҳо чигити пахта меоваранд. Равғанашро алоҳида гирифта кунҷораи онро ҳам мефурӯшанд. Ҳамаи ин тиҷоратро Мубин ба роҳ мондааст. Албатта маълум аст,ки зери сарпарастии кӣ?
” Абдуаҳад писари Қурбон Ҳакимзода, сардори Раёсати экологияи вилояти Суғд аст. Бисёр ҳам мутакаббир ва мағрур аст.То соатҳои 2 ва 3-и шаб якҷо бо писари Рӯзиеви духтур,соҳиби бемористони ба номи Луқмони ҳаким касбаш арақхӯрӣ аст. Яке дигар аз собутлиник ва компанёнашон Алишер Ятимов писари Абдумумин Ятимов бародари СС.Ятимов аст, ҷияни С.С.Ятимов, раиси КДАМ мебошад. Алишер Ятимов феълан муфаттиши прокуратураи н.Бобоҷон Ғафуров аст. Мошини савории ҷияни СС.Ятимов лексузи 570 рангаш торик аст. Инҳо ҷойҳои махсуси «отдих» доранд. Ҳамчунин чанд тарбахона (ресторан) дорухона(аптека) ва дармонгоҳ (поликлиника) дорад, ки ба номи наздиконаш ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, аз ҷумла бархе аз инҳо ба номи Ҳакими писари Рӯзиеви соҳиби беморхонаи хусусии Луқмони Ҳаким аст.”
Як ҷияни дузди Қурбон Ҳакимзода барои бори сеюм аст ки бо дуздӣ дар маҳбас мешинад. Ду ҷияни дигари ӯро бо номҳои Олимҷон ва Илҳомҷон Каримов Идораи коррупсияи вилоят боздошт кард. Онҳо чанд рӯз дар ИВС нигоҳдорӣ шуданд. Вале Ҳакимзода онҳоро бар ивази пули калон озод кард.
Вале дар ин қисмати матлаб як каме бештар мегӯем, ки Қурбон Ҳакимзода, чи касе аст ва чиро як «ленинободӣ» дар вилояти Хатлон, ки аз ду вилояти собиқ: Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи собиқ ташкил шудааст,тавонистааст, ки курсии раисии ин вилоятро соҳиб бишавад? Дар ҳоле, ки ҳатто як хурдтарин мансабу мақоми давлатӣ имрӯз дар дасти як қабила ва як оила аст ва бидуни иҷозати онҳо касе мансаби одиеро, масалан раиси ҷамоатеро гирифта наметавонад ва дар ҳоле, ки расидан ба мансабе чун раиси вилояти Хатлон бидуни пардохти маблағи калон ва пуштибонии ҳатмии яке аз аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонов, барои мисол Озода ва Рустам ва ё Зоир боз дар Хатлон ғайриимкон аст чи гуна як «ленинободӣ» ин вазифаи муҳимро ишғол кардааст?.
Чанд қиссаи ҷолиб аз Қурбон Ҳакимзода аз Зафаробод
Қурбон Ҳакимзода замоне иҷрокунандаи раиси ноҳияи Зафаробод таъин мешавад, аз рӯи қонун бояд мақомаш аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод тасдиқ мешуд. Барои ин ӯ мебоист аз ҷониби яке аз ҳавзаҳои ноҳиявӣ вакил интихоб мешуд. Яъне дақиқан мисли Абдураҳмон Қодиров,ки ба Зафаробод омада буд ва Қодиров вакил аз деҳаи Ишқилӣ ё Суғдиён “интихоб” шуда буд. Ишқилӣ мардуми узбекзабоне ҳастанд,ки дар даврони Иттиҳоди шуравӣ аз Шаҳристон муҳоҷир карда ба Зафаробод оварда буданд.Ин мардум номи деҳаи худро бо он номи деҳаи аҷдодияшон номгузорӣ карда буданд. Номзадиашро аз ҳамин деҳа ба ҷои раиси пешинаи Зафаробод пешниҳод мекунад, аммо мардуми деҳа розӣ намешаванд. Хоҳиши мардум интихоби вакил аз байни худи сокинони деҳа буд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия бисёр фикр накарда ба мардуми деҳа ултиматум мемонад, ё номзадии маро эътироф мекунеду ман вакил мешавам дар акси ҳол ягона қубури обгузар, ки ба деҳа аз канал бо он об меомад мебандам. Мардуми деҳаро маҷбур ба ақибнишинӣ водор мекунанд ва Қурбон Ҳакимзода бе рақиб интихоботро пирӯз мешавад ва вакили деҳа мешавад. Акнун фаҳмидед як деҳа намехоҳад вакили ноҳиявияшон бошад. ҳоло вакили МО ва раиси ноҳия ва вилоят ҷойи худаш.
Дар ноҳияи Зафаробод намедонем иллат ва сабабашро Қурбон Ҳакимзодаро “Дукала” мегуфтанд. Аммо намедонем барои чӣ чунин мегуфтанд. Мумкин худашон шарҳ диҳанд онро.
Як ҳамшераи шафқат, ки ному насабаш пеши “Ислоҳ” вуҷуд дорад ҳангоме,ки Қурбон Ҳакимзода раиси ноҳияи Зафаробод мешавад. Аз қазо худаш ва ё наздикаш бемор мешавад ва ба бемористони ноҳия,ки дар шаҳраки Зафаробод воқеъ мебошад меравад. Хулоса дар онҷо бо ин ҳамшераи шафқат шинос мешавад ва муносибатро бо ӯ шурӯъ мекунад. Ин ҳамшераи шафқати оддӣ пас аз ин муносибатҳои маҳрамона ба боло баромаданро шурӯъ менамояд. Депутати ноҳияивӣ интихоб шуд.Хулоса дар сиёсати ноҳия яке аз пештозон гардид ва ҳоло тиҷоратҳо ва замину коргоҳҳо дорад. Мутаассифона ин ҳамшераи шафқат шавҳар ва фарзандон дорад аз ин сабаб наметавонем номашро зикр кунем вале акс ва маълумоти муфассал дар мавридаш дар мо мавҷуд аст.
Инро ҳам бояд бигӯем,ки дар сӣ соли ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов овардани кадри «шимолӣ» ба ин мақом собиқа надорад.Қаблан дар ин вазифа ҳамагӣ мардуми собиқ вилояти Кулоб буданд: Давлатшо Гулмаҳмадзода, Ғайбулло Авзалов, Амиршо Миралиев, чанд муддати кутоҳ Абдумаҷид Достиев ва Абдуҷалол Салимов. Барои ҳамин таъйини як қистакузӣ ба мақоми раиси вилояти бузургтарини Тоҷикистон бесабаб нест. Қурбон Ҳакимзода, мисли Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар кумитаи замин аз ноҳия гирифта, то вилоят ба ҳайси сардор кор кардааст ва ҳоло ва бахусус дар солҳои кори Ҳакимзода ин мақоми давлатӣ яке аз ҷойҳои равғанин ба ҳисоб меравад ва ҳар касе дар ин мақом кор кардааст, шахси пулдор аст. Зеро замини зиёдеро фурӯхтааст. Аз ин ҳисоб Қурбон Ҳакимзода ҳам мувофиқи табъи худи Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Ба ҳар ҳисоб дар бораи Қурбон Ҳакимзода ва инки ӯро дар вилояти Хатлон чаро раис таъйин карданд ду фарзия вуҷуд дорад. Яке аз онҳо ин аст ки вай дар оянда ба ҷойи Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон мешавад. Инро ҳам бояд бигӯям, ки Қурбон Ҳакимзода ва Қоҳир Расулзода ҳарду қистакӯзианд ва барои ба ин мақомҳо сабзидани Ҳакимзода сарвазири феълӣ хеле зиёд кумак кардааст. Фарзияи дигар ин аст ки овардани Қурбон Ҳакимзода ба Хатлон, ин як тактикаи дигар Раҳмонов Эмомалӣ барои ғасби комили вилояти Суғд аст. Дар ояндаи наздик раиси вилояти Суғд ҳам ба дастаи «бачаҳакои боло» супорида мешавад, ҳамчуноне, ки феълан УВД, Коррупсия, КДАМ, Прокуратура, Налог, Гумрук ва чандин мақому масъулиятҳои дигар дар ин вилоят ба дасти «бачаҳакои боло» аст ва чандин сол аст ки онҳо дар он вилоят «чарида» гаштаанд. Яъне раисии як кадри шимолӣ дар Хатлон ин як манёври муваққатии Раҳмонов аст барои дар оянда курсии вилояти Суғдро ба яке аз бастагонаш вогузор кардан.
Албатта,агарки то ба он рӯзҳо Эмомалӣ Раҳмонов бирасад…..
Поёни бахши аввал,идома дорад…
Ps: Хонандаи гиромӣ маълумоти зиёде дар мавриди Қурбон Ҳакимзода сарвазири ояндаи кишвар ва ҳамзамон раиси вилояти Хатлон ба “Ислоҳ “ расида аст. Чун характери зиндагии пасипардагӣ ва баъзе аъмоли маҳрамонаи махсӯсро доранд. Он маълумотҳоро бо дигар маълумотҳое,ки рӯяшон кор дорем ҳангоми комил шудан ҳатман тақдиматон менамоем.
“Мумкин аст бо дидани сарлавҳаи матлаб, ҷаноби Раҷаббой Аҳмадзода (Қофлонбой) каме зиқ шаванд вале ин фарзияест хело қавӣ ва эҳтимоли зиёди таҳаққуқ ёфтани он вуҷуд дорад. Чун тибқи маълумотҳои расида ба “Ислоҳ” ҷаноби Қофлонбой чанд огоҳие гирифтааст аз “Оила” ва огоҳиҳои хело бузурге,ки дар ҳолати амалӣ накардани онҳо вазъияташ ончунон хуб намешавад. Ҳоло дар талоши рафъи онҳо будааст.”
Агар шумо ҳам маълумоте дошта бошед,ки онҳо характери ҷиноӣ дошта бошанд марҳамат фиристед. На танҳо ҷиноятҳои раиси вилоят анҷомдодааш,балке аз ҷиноятҳои вазифаҳои қаблияш ҳам бошанд мешавад. Масалан дар Фархор раис буд ва маълумотҳои кӯтоҳе аз онҳо дар мо вуҷуд дорад вале мехоҳем пурра ва возеҳ бошанд. “Ислоҳ” дар хидмати шумо миллати азиз ва барои решакан кардани ҷиноят ва фасоди молӣ дар кишвар камари ҳиммат бастааст. Бо “Ислоҳ” ҳамкорӣ кунед,то чеҳраи аслии ин ҷинояткоронро бармало намоем.