«Кидат»и русӣ

Ислоҳ нет
П У С Т К А Н Д А
«Кидат»и русӣ
Таҳлили ҷолибе аз Зафари Суфӣ дар ҳошияи нишасти иҷлоси  Шонгҳой дар Душанбе.
Табиист, ки аз ҳузур надоштани раиси ҷумҳури Чин дар иҷлоси гурӯҳи Шонгҳой Эмомалӣ Раҳмон нороҳат буд. Чандин барномаҳояш, ки моҳҳо пеш тарроҳӣ кардаву рӯи дӯсти чинияш ҳисоб боз карда буд, нақше бар об шуд…
Аммо дар лаҳзаи охирин ва дар остонаи нишасти сарони гурӯҳи Шонгҳой болои сӯхта намакоб шуд.
Путин ҳам куруноро баҳона кард ва гуфт, ки ба Душанбе намеояд.
Эмомалӣ Раҳмон шок шуд.
Мутмаинан дигар он шӯру шавқ барои ҳамоишу ҷаласот дар дилаш намонд ва ӯ онгуна, ки мехост натавонист дар нишастҳо ҳозир шаваду худнамоӣ кунад.
Ӯ мисли дафъаҳои қаблӣ, ки дар чунин нишастҳо анҷом медод, хеле мехост аз ҳузури Путин барои худ пиар созад. Навори видео дар канори раисҷумҳури Русия ва Чин бояд моҳҳо дар титри аввали барномаҳои телевизионӣ мебуд ва нишон медод, ки Эмомалӣ Раҳмон чи қадр доно асту он ду раисҷумҳур ба ӯ хеле эҳтиром қоиланд ва ба ҳарфи ӯ гӯш медиҳанд. Айни ҳамин таблиғотро бо далел овардани аксҳои Эмомалӣ Раҳмон дар канори Путину Син Ҷин Пин, ки гӯё ба ҳарфи ӯ гӯш медиҳанд, бояд дар сафаҳоти аввали рӯзномаву моҳномаву гоҳномаҳо ба нашр мерасонданд. Аммо..
Ин ҳама барномаҳо дар як рӯз комилан аз ҳам пошид.
Зоҳиран Путин як василаи пиар ё таблиғотӣ шуданашро фаҳмида ва Эмомалӣ Раҳмонро «кидат» кард…
Зарбаи фаннии қирғизӣ
Пешопеши омаданаш ба Тоҷикистон Содир Ҷабборов раиси ҷумҳури Қирғизистон тӯҳфаи комилан ғайримунтазира барои Эмомалӣ Раҳмон омода кард. Албатта он барои Ҷабборов ғайримунтазира не, балки хеле зираконаву ҳисобшуда буд ва барои мо тоҷикон ғайримунтазира аст. Зеро дар кишвар бар ин боваранд, ки ҳукумати қирғизҳо тоза ташкил шудаву аз бозиҳои сиёсӣ хабар надорад. Аммо онҳо бо як гардиш ё зарбае иддаои таҷрибаи 30 солаи ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмонро ҳеч сохтанд.
Дар остонаи сафари Ҷабборов ба Душанбе ду шаҳрванди Тоҷикистонро додгоҳи қирғиз дар Бодканд ба ҳабси абад маҳкум кард. Ин ду тоҷикро чанд муддат пеш неруҳои амниятии қирғиз аз хоки Тоҷикистон боздошт ва дуздида ба ҳудуди Қирғизистон бурда буданд. Судури ҳукми онҳо айнан пеш аз сафар барномарезишуда буд. Ҳамон гуна, ки онҳо ҳеч гуноҳе надоштанду надоранд, додгоҳ ва ҳукм алайҳи онҳо низ ҳеч рабте ба меъёрҳои ҳуқуқӣ надошту надорад. Ин як бозӣ ва барномаи сирф сиёсӣ аст.
Хиёнати Ятимов
Аз дуздида шудани он ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳатман Ятимов хабар дошт. Ӯ на танҳо ба сифати раиси Кумитаи амнияти миллӣ, балки ҳамчун масъули музокира бо тарафи қирғиз дар масоили марз аз хурдтарин ҳаводис бояд огоҳ мебуд. Аммо ба назар мерасад медонисту нодида гирифт ва на танҳо раиси ҷумҳур, балки амнияти кулли кишварро ба масхара кашид. Ин зарбаи Ятимов шояд огоҳона ва ҳисобшуда буд.
Мардуми Ворух ва умуман Исфара баъд аз ин ҳодиса вақте қирғиз заминашонро ғасб кунад ва ё фитнае барангезаду бо марзбонони тоҷик даргир шавад, дигар бо эҳтиёт вокуниш хоҳанд кард. Дигар баҳои сина сипар кардан барои дифоъ аз марзу бум дуздида шудан ва дар камоли бепаноҳӣ ҳабси абад дар кишвари ҳамсоя буданашро ва ҳукумат барои пуштибонӣ аслан коре накарданашро фаромӯш нахоҳанд кард. Ҳамин маврид ҳатман дар дарозмуддат зарбаи муҳлик ба обрӯ ва ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар байни мардуми Исфара ва дар умум ҳамаи мардуми кишвар хоҳад шуд. Инро Ятимов хеле хуб медонист ва огоҳона рух додани чунин ҳодисаи нангинро назорагар буду амалан коре барои халосии ду шаҳрванди кишвар аз дасти қирғизҳо анҷом надод.
Амали тарафи Қирғизистон ҷинояти сангин ва одамдуздӣ буд, ки дар тамоми додгоҳи байналилал ва меъёрҳои ахлоқӣ маҳкум аст.
Аз Хотамӣ то Раисӣ
Сайидиброҳим Раисӣ аввалин сафари хориҷияш дар симати раиси ҷумҳурро ба як кишвари форсизабон анҷом дод. Бархе умедворанд, ки дигар зимистон дар муҳити муносибати ду кишвар сар омад. Овозае вуҷуд дошт, ки барои пазируфта шудани Эрон дар гурӯҳи Шонгҳой тарафи Тоҷикистон, саҳеҳтараш Эмомалӣ Раҳмон мухолифат нишон додаву ин амр ба таъвиқ афтода буд. Ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон раванди пазируфта шудани Эрон ба гурӯҳи Шонгҳой шурӯъ мешавад.
Намедонам Эрон аз узвият дар ин гурӯҳ чи манфиате дорад. Аммо инро медонам, ки эрониҳо дар сиёсат заранганд ва маъмулан медонанд чи кор бояд кунанд.
Бо ин вуҷуд як мавриди дигар, ки ба сафари раисҷумҳурҳо ва вазирони ин кишвар ба Тоҷикистон рабт дорад, ҳамеша бароям суоли беҷавоб аст. Намедонам барномаи сафар ва диду боздидҳои раиси ҷумҳур ва мақомоти баландпояи Эронро дар Тоҷикистон худи эрониҳо, дар симои сафорати ин кишвар дар Душанбе тарҳрезӣ мекунанд ё тарафи Тоҷикистон. Агар тарафи Тоҷикистон дар ин кор даст дошта бошад, бо таваҷҷӯҳ ба тасмимгиранда будани ниҳод ва шогирдони Ятимов дар вазорати хориҷа, вазъ то ҷое рушан ва қобили тавҷеҳ мешавад. Зеро муносибати Ятимов нисбати Эрону эроният барои аксарият пинҳон нест ва медонанд, ки ба Эрону эроният ва забони порсӣ кинаву бадбинӣ дорад. Ӯ ба ҳар қиммате намехоҳад Эрон аслан як кишваре меросбар ва шефтаи фарҳангу адабиёти муштарак намоён шавад.
Аммо агар худи эрониҳо тарҳрезӣ мекунанд, пас, ҷои тааҷҷуб дорад. Ҳар раиси ҷумҳури Эрон, аз оқои Хотамӣ то Раисӣ, ки ба Тоҷикистон ташриф меорад, ҳатман як бахши аслии барномаи сафараш зиёрати марқади Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Касе нест бигӯяд, ки ҳой бародарон, намешавад дар баробари ин зиёрат ё ҳатто пештар аз он боре ба зиёрати марқади поягузори адабиёти порсӣ Ҳазрати Рӯдакии Самарқандӣ ҳам ташриф бибаред. Дуруст, ки шумо аксаратон охундед, ба шахсиятҳои мазҳабӣ бештар таваҷҷӯҳ доред, аммо шумо ҳамзамон магар эронй нестед? Магар Эрон ҳамроҳ бо ҳамаи порсизабонҳо дар Тоҷикистону Узбакистону Афғонистону, хуллас саросари ҷаҳон, меросбари фарҳангу адаби чандҳазорсолаи порсӣ нест? Шумо ба унвони масъули Эрон муваззаф нестед ба он ганҷи беназир эҳтиром гузоред ва барои нигаҳ доштан ва боло бурдани ҷойгоҳаш набояд талош кунед? Магар забони порсӣ бароятон арзиш надорад? Агар арзиш дорад, пас, чаро ба зиёрати марқади бунёдгузори адабиёти порсӣ намеравед?
Бовар кунед манфиаташ камтар аз рафтан ба зиёратгоҳҳои дигар нест, шояд бештар ҳам бошад.
Имронхон
Ҳеч ниҳоде назарсанҷӣ доир накарда, ки бишавад бар мабнои натиҷаи он дар ин маврид ба хулосаи қатъӣ омад. Бо ин вуҷуд чунин менамуд, ки сарвазири Покистон меҳмоне буд, ки аксарият омаданашро намехостанд ва омаданашро бо нафрат зикр мекарданд.
Ҳадди ақалл сигменти тоҷикии шабакаи иҷтимоъӣ нишонгари он аст, ки сафари Имронхон ба Душанбе аз сӯи аксарият бо нороҳатӣ пазируфта шуд. Ҳатто дар остонаи ин сафар пешниҳодҳое аз қабили таътил кардани сафорати Покистон дар Душанбе матраҳ шуда буд.
Хабару гузоришҳо дар мавриди дахолати нерӯҳои низомӣ ва амниятии Покистон дар амалиёти ҳуҷум ба Панҷшер дар миёни тоҷикон хеле ба дард пазируфта ва боиси норизоиятӣ шуд.
Аммо аксҳои бузурги Имронхон ва Раҳмон канори ҳам дар хиёбонҳои Душанбе ва пазироӣ аз сарвазири Покистон ва ҳайати ҳамроҳаш амалан аз мавзеъи худ дар пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ақибнишинии Эмомалӣ Раҳмонро ба намоиш мегузошт. Ҳамчунин собит кард, ки ин пуштибонӣ аз ҳадди шиъорҳо фаротар намеравад. Аз сӯи дигар ба хостаҳои мардумаш, ба вижа рушанфикрон заррае эҳтиром қоил набудани ӯро бори дигар нишон дод.
Болои ин ҳама Имронхон ба таври дипломатӣ ва устокорона дастнишондаҳояш дар Афғонистонро пуштибонӣ кард ва аз ҳамаи ҷаҳониён даъват кард, ки барои Толибон фурсат диҳанд.
Бозии узбакӣ
Узбакистон дар баробари исрори Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Толибон ва талошаш барои худро бозигари муҳими минтақаӣ вонамуд кардан, ошкоро ҳеч вокунише нишон надод.
Аммо мисли ҳар кори дигар Мирзиёев ҳисобшуда дунболи аҳдоф ва манфиати кишвари худ буда.
Давоми барномаи наздикӣ ҷустан бо Толибон, ки ҳамроҳи Туркманистон бо намояндаи ин гурӯҳ чанд муддат пеш дар Қатар мулоқот доштанд, ҳукумати Узбакистон ҳамчунон роҳҳои муомила бо Толибонро пеш гирифтааст.
Дар остонаи сафари Мирзиёев ба Душанбе қатори кӯмакҳои башардӯстонаи Тошканд ба Афғонистон расонида шуд. Мулоқоти намояндаи вижаи Узбакистон дар умури Афғонистон ва ҳокими вилояти Сурхондарё бо мақомоти Толибон на танҳо нишони ҳусни нияти Тошканди расмӣ дар баробари Толибон, балки ҳомили паёме ба Эмомалӣ Раҳмон низ буд. Яъне дар ин маврид Тошканд дунболи ҳадафҳои худ ҳаст ва ҳеч нишасту созмонҳои минтақаӣ ба он асаргузор нахоҳад буд.
Зарбаи қирғизй
Пешниҳоди Ҷабборов дар мавриди ҳуҷум ба яке аз узви СПАД, дар нишасти ин ниҳод, агар пазируфта шавад, амалан Тоҷикистонро берун аз майдони бозӣ қарор медиҳад.
Ин зарбаи аз пеш тарроҳишудаи қирғизҳо буд, ки талошашон барои тоҷиконро гунаҳкори ҳодиса ё муноқиша дар марзи ду кишвар нишон доданро тақвият мекунад.
Ҳоло омада дар хонаи мо ғайримустақим моро гунаҳкор карданӣ ва дасти моро барои вокуниш дар баробари фитнаҳояшон бастанист. Аммо сиёсатгузорону тасмимгирандагони кишвари мо дар камоли беэътиноӣ ин зарбаро нодида гирифтанд ва вокунише надоштанд. Ҳой масъулин, ин зарба байни ду чашм ва бар пешониятон буд!
Шумо бо ифтихори пуч ва иддаои меросбарии фарҳанги андҳазорсола аслан хабар нашудед, ки қирғизҳо чи тур сиёсатмадорона зарбаатон мезананд. Бибинед, ки чи ҳисобшуда дар остонаи нишасти СПАД ва табиист эълони ин пешниҳодашон ду шаҳрванди кишвари моро ҳамчун гунаҳкори муноқишоти моҳи апрел дар марз ба ҳабси абад маҳкум мекунанд, холо тарзе зарангона пешниҳод доранд, ки аз ин ба баъд дар марз ҳар коре шавад моро гунаҳкор созанду худ заминҳои ғасбкардаашонро бозпас надиҳанд.
Омаданду… рафтанд…
Эмомалӣ Раҳмон бо пеш кашидани мавзӯъи ҳукумати ҳамашумул (ба қавли ӯ «инклюзивӣ») дар Афғонистон ва гӯё пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мехост худро бозигари муҳим дар муомилоти минтақаӣ нишон диҳад. Албатта ин талош дар асли худ кори хуб ва қобили таҳсин буд ва пуштибонӣ аз ҳамзабонон дар баробари хатарҳо амали арзанда ва сутуданист. Вале…
Азбас барномаи мушаххас ва харитаи роҳе барои пиёда кардани ин иддао ва изҳороти шиоргунааш надошт, зоҳиран ҳамтоянаш дар СПАД ва ҳоло ҳамчунин дар гурӯҳи Шонгҳой ҳарфҳои ӯро ё ҷиддӣ нагирифтаанд, ё ба ҳар далели дигар ҳам ки бошад, онро ҷонибдорӣ накарданд. Барои таъсир гузоштан ба Толибон барои ташкили ҳукумати ҳамашумул ва ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмади Масъуд дар ин ҷаласаву нишастҳо ҳеч кори амалӣ сурат нагирифт ва барномаи муассире тарроҳӣ нашуд.
Шояд бархе аз онҳо, аз ҷумла Имронхон ва Раисӣ, ки бори аввал дар ин гуна нишастҳо бо мизбонии Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд, аз аҳромҳои харбузаву тарбузу мева ва ин намоиши масхара ангушти ҳайрат газида бошанд. Ва шояд дар дили худ гуфта бошанд, ки нафрини Худо ба он касе, ки ин гуна намоиши масхараи меваву сабзавотро роҳ андохтаву исрофкорӣ мекунад.
Намедонам, аммо натиҷаи нишастҳо ҳамон ибораи машҳурро ба ёд меорад, ки «омаданду хӯрданду хандиданду… рафтанд».
Share This Article