Овоза ва ҳақиқати моҷарои «Қазияи Мадина» пушти ин қазия киҳо меистанд ва чаро Эмомалӣ Раҳмонов ва Рустами Эмомалӣ ба он дахолат карданд?
(бахши аввал)
Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон эълон карданд,ки тафтиши ин парванда ба охир расидааст ва рӯзҳои наздик ҷиҳати муҳокима ва эълони ҳукм ба додгоҳ фиристода мешавад.
Ҳамватанони гиромӣ! Дар ин матлаби мо ба саволҳои зерин посух меёбед:
1.Мадинаи 1 ва Мадинаи 2 киҳо мебошанд?
2.Чаро Мадинаи 1 боиси ба ҳабс гирифтани 8 корманди баландпояи Агентии мубориза бо коррупсия шуд ва чаро ҷомеа аз ин бехабар монд?
Мадинаи 2 зани никоҳӣ буд ё маъшуқа?
4.Киҳо ва чӣ тавр Мадина 2- ро дуздида, ваҳшиёна азобу шиканҷа доданд?
5.Давлатовҳо кистанд?
6.Киҳо ва чӣ тавр Азиза Давлатова ва шавҳарашро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карданду пасон милисаҳоро “сафед” карданӣ шуданд?
7.Кӣ аз Зафар Исмоилзода,сардори ҳамакнун собиқи Шуъбаи корҳои дохилии Синои Душанбе “козел отпущения” сохт?
8.“Хотирбинӣ” ва ҷӯрабозии Рустами Эмомалӣ дар қазияи Мадина 1 чӣ натиҷа дод?
9.Оё ин бор ӯ аз баҳри ҷураҳои нопокаш мегузарад?
10.Қазияи Мадинаи мазлум бо чӣ меанҷомад?
Асли қазияи Мадинаи 2
Ёдовар мешавем, ки ин матлаби тадқиқотӣ бар мабнои шаҳодати панҷ нафар таҳия шудааст, ки се нафари онҳо аз шиносҳо ва хешовандони Мадина Мамадҷонова мебошанд. Ду тан аз онҳо имкон доштанд, ки баъди ҳодиса Мадинаро дар бемористон бубинанд.
Духтаре аз хонадони серу пур
Мадина духтарест, ки дар оилаи афроди босавод ба дунё омадааст. Аҷдоди ӯ муаллимони баобруй ва шинохта дар пойтахт мебошанд. Бобояш аз омӯзгорони шоистаи кишвар аст ки ҷиҳати эҳтиром ба касбу корномаи некаш аз ӯ дар ин қазияи сиёҳ ном намебарем. Модараш солҳо дар “Тоҷиксодиротбонк” кор мекард.
Мадина 32 сола буда, хатмкунандаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад. Модари танҳо буд. Баъди ҷудо шудан аз шавҳар дар манзили шахсиаш бо духтарчаи 11 солааш зиндагӣ мекард. Вай хазинадори “Мегафон” буд. Дар коргоҳ ин зани хушандом ва ботарбияро, ки решаҳои самарқандӣ дорад, роҳбари минтақавии ширкати “Мегафон” дар шаҳри Душанбе Парвиз Давлатов, ки номи ҳуҷҷатияш Лутфулло аст, таги чашм мекунад. Баъди чанд моҳи талош Мадина ба доми ӯ меафтад ва ҳамсари никоҳии раис мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки раис хонадор буда, соҳиби фарзандони синни издивоҷ буда аст.
Ин кор баъди муддате фош мегардаду боиси ҷанҷоли оилавӣ ва талош барои тақсими боигариҳои хонаводаи бойи Давлатовҳо мешавад. Ба гуфтаи шоҳидон ҳадди аққал ду бор Азиза Давлатова ва ду духтараш ба ҷойи кори Мадина ба офиси “Мегафон” омада, ӯро мавриди дашному шалоқ қарор медиҳанд. Роҳбарияти ширкате, ки дар он 25%- саҳмияҳо аз давлати Тоҷикистон мебошад, ягон чора намебинад. Зери фишори Давлатовҳо Мадина чанд моҳ пеш аз кор мераваду хонашин мешавад. Дар ин замина Мадина аз шавҳараш дурӣ меҷӯяд.
Парвиз Давлатов, ки баъди марги мармузи бародараш (дар бораи сабаби марги пурасрори бародару модар ва як навзодаш поёнтар қисса хоҳем кард) меросхури падар-Давлаталӣ Давлатов, собиқ мушовири президент ва муовини аввали раиси ҲХДТ мебошад, бо маслиҳати хешовандонаш аз Мадина дур мешавад. Вале чанде пас боз муошират бо ӯро идома медиҳад, ки боиси ҷанҷолҳои нав дар оила мегардад.
Миёнаи тобистон Азиза Давлатова, ки аз рӯи тахассус духтури дандон мебошаду бо сабаби номаълуме ҳамеша ёвари духтурон (дар марказҳои УЗИ) будааст, нақшаи ҷазо додани Мадинаро таҳия мекунад.
Дуздии одам дар рӯзи равшан
Ба шоҳидии чанд тан Азиза Давлатова рӯзи 25 августи соли ҷорӣ, тахманан соатҳои 14 ба маҳаллаи зисти Мадина омода, бо ду нафаре, ки шахсияташонро мақомоти милиса муайян кардаасту аммо пинҳон медоранд, Мадинаро зери латукуб қарор дода, маҷбурӣ савори мошин карда, ба бӯстонсарои барои тафтишот маълум мебаранд.
Ҳамсояҳо, ки шоҳиди ин ҳол мешаванд, худи ҳамон рӯз ба милиса дар ин бора хабар медиҳанд. Вале милисаҳо ҳич чора намебинанд. Ҳол он ки сухан аз ҷинояти вазнини одамрабоӣ меравад. Баъдтар ба хешовандони Мадина дурӯғ мегӯянд, ки гӯё он рӯз Парвиз Давлатов дар хонаи Мадина будаасту бо омадани ҳамсари якумаш ба ин хона гурехтааст. Ва Мадина бо ихтиёри худ ба мошин нишастааст.
Одамдуздон бо роҳбарии Азиза Давлатова иҷборан Мадинаро ба бӯстонсаро бурда, ҳудуди 11-13 соат мавриди латукуби бераҳмона ва азияту шиканҷа қарор медиҳанд, ки из ва осори он дар бадани ӯ аз ҷониби хешовандонаш аккосӣ шудааст. Бо далели ахлоқӣ мо аз нашри ин аксҳо худдорӣ мекунем. Дар натиҷаи лату куб чанд дандони Мадина шикаста, баъзе дар маҳалли ҳодиса ва чанде дар шифохона реза-реза мешаванд. Эҳтимол меравад, ки ба бадани Мадина сӯзандоруҳои махсус тазриқ шудааст, ки боиси реза-реза шудани дандонҳои ӯ гардидааст. Ҳади аққал як нохуни пойи ӯ канда шудааст…
Дар натиҷаи пайдарпай буғӣ кардан майнаи сари Мадина осеб дида, ӯ комилан беҳуш мешавад. Баъди бори ахир аз ҳуш рафтани Мадина, ки як поси шаб рух медиҳад, Азиза Давлатова шавҳарашро ба ҷои ҳодиса даъват мекунад. Парвиз Давлатов тани беҳуши Мадинаро ҳамроҳи Азиза ва як нафари ба тафтишоти пешакӣ маълум бор карда, ба шифохонаи Қарияи Боло меорад.
Дурӯғи ҳаётсӯз
Номбурдаҳо тақрибан соати 3-и шаб ҷисми ниҷони Мадинаро ба духтурон супорида, дидаву дониста аз вазъи саломатии ӯ, ки ба кӯмаки фаврии тиббӣ ниёз дошт, дурӯғ мегӯянд.
Ҳарду гумонбаршуда иттилоъ медиҳанд, ки ин зан ба бемории модарзодии эпилепсия гирифтор аст ва дар натиҷаи афтидан ҷароҳат бардоштааст. Ҳол он ки Азиза Давлатоваи табиб медонист, ки дар лаҳзаҳои аввали дарёфти кӯмаки фаврии тиббӣ ин гуна иттилоъи барғалат метавонад ҳаётсӯз бошад. Парвиз Давлатов низ сари роҳи ин дурӯғро намегирад, ки дар натиҷа ба Мадина ёрии босалоҳиятона расонида намешаваду бахши калони майнаи сари ӯ мемирад. Рӯзи дигар онҳо пайомади кирдорҳои ҷиноияшонро эҳсос карда, талош мекунанд, ки ҷинояташонро руйпӯш кунанд. Бо кӯмаки милисаҳои фасодкор ва нопок ин кор ба онҳо муяссар мешавад. Дар ин бора поёнтар хоҳем гуфт, Аммо ҳол дар бораи вазъи Мадинаи мазлум.
Мадина айни ҳол чӣ аҳвол дорад?
Айни ҳол Мадина дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Бадан ва дасту пойҳояш ҳолати ғайритабиии хос ба бемориҳои фалаҷи майнаи сарро доранд. Бинобар фалаҷ шудани ҳудуди 90 % мағзи сар зан ягон узви баданашро идора карда наметавонад. Духтурон шабонарӯзӣ чанд грамм ғизои кӯдаконаи назири “НАН”-ро ба воситаи найча ба меъдааш ворид мекунанд. Гоҳ-гоҳе ӯ фарёду доду фиғони бесадо карда, мисле, ки метарсад ба худ мепечад. Дарк намекунад, ки дар куҷост. Ягон узви баданаш ба таъсироти берунӣ вокуниш намекунад. Духтурон ҳадс мезананд, ки ӯ худро дар ҳамон ҳолати азобу шиканҷа дида, фиғон мекунад. Эҳтимолияти ба ҳуш омадани ӯ дар шароити мавҷуда хеле ночиз аст… (Худованд нигаҳбонаш бошаду шифои оҷилу комил насибаш гардонад!)
Аммо баргардем ба гумонбаршуда ва пуштибонони онҳо дар мақомоти милиса.
Поксозии телефони ва “сводка”- и Вазорати корҳои дохилӣ
Бо мақсади аз байн бурдани далелҳои шайъӣ Парвиз Давлатов ба манзили Мадина рафта, телефони ӯро пайдо ва онро поккорӣ мекунад, то робитаҳои маҳрамонааш бо Мадинаи акнун маъюб ва дар кома (беҳушӣ) буда, фош нашавад.
Дар рӯзҳои баъдӣ онҳо бо кӯмаки афсарони баландрутбаи Вазорати корҳои дохилӣ маълумот дар бораи ин ҳодисаи ҷиноиро аз маълумотномаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пок мекунанд. (Худ қазоват кунед, ки ин корро магар сардори милисаи як ноҳия, ки аз ӯ “козел отпушения” тарошида истодаанд, карда метавонад?).
Иттилоъ дар ин бора дар маълумотномаи махсус (спетсводка), ки ба роҳбарияти сиёсии кишвар таҳия мешавад, ҳамчунин дарҷ намешавад.
Азиза ва Парвиз Давлатовҳо бо мақсади роҳ наёфтани маълумот дар бораи ин ҷиноят ба васоити ахбори умум ба Зулфия Алимова- модари ҷабрдида ваъдаҳои дурӯғ дода, шантаж мекунанд, ки “дар ҳолати маҳкам кардани Парвиз зани бемор ва духтарчааш бе саробон мемонанд”.
Модари Мадина, ки дар ҳоли шок қарор доштааст, ба ҳар шарти онҳо розӣ мешавад. Аз рӯзи 5 сентябр дар бораи ин қазия хешовандони дигар, ҳамсояҳо ва ҳамсинфони Мадина огоҳ шуда, дар муддати ду ҳафта асли ин қазияро ба рӯзноманигорон, расонаҳои мустақил (Азия плюс, Озодӣ ва ғ.ҳ. ) ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мерасонанд, вале ҳиҷ кадоме аз журналистон ва васоити ахбори умум ба ҳодиса таваҷҷуҳ намекунанд. Сабаби асосии об ба даҳон гирифтани онҳо доштани қарордодҳои тарғиботӣ бо ширкати “Мегафон” гуфта мешавад. Вале яхи пулҳои “Мегафон” ба зудӣ об мешавад..
Давлатовҳо кистанд?
Азиза Давлатова, ҳамсари Парвиз(Лутфулло) Давлатов-фарзанди Давлаталӣ Давлатзодаи 74 сола мебошад. Давлаталӣ Давлатзода, солҳои 1993-1995 котиби матбуотии Президенти Тоҷикистон буду баъдтар як муддат мушовири раиси ҷумҳурӣ ва сипас муовини аввали Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.
Дар Ҷуйибодом ва деҳаҳои атрофи он Давлатовҳоро ҳамчун авлоди “раиси қирғиз” мешиносанд, ки ба раиси маъруф будани бобои онҳо ишора мекунад. Дар асл онҳо аз қирғизтаборони Тоҷикистонанд, ки дар ин бора суҳбат карданро дӯст намедоранд.
Огоҳон иттилоъ медиҳанд, ки баъди ошкор шудани нобасомониҳо дар кораш президент Давлаталӣ Давлатзодаро дар соли 2010 ба парлумон, ба макони дамгирии нафақахӯрон мегузаронад ва бо тамом шудани ваколатҳояш аз соли 2015 ӯ дигар ҳеҷ таъсире надорад. Яъне аз “гарениҳо” нест.
Бой ҳаст, вале нуфузи сиёсӣ ё ҷамъиятӣ надорад, балки ҳатто аз “ранҷидаҳо” ҳисоб мешавад.
Чанд сол пеш баъд аз қиссагӯиҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “шакароби бо ширу дуғ”-у қурутоб ӯ бо чопи як китоб шакаробу қурутобро моли фарҳанги муғулӣ эълон карда буд, ки ба як баҳси калон дар расонаҳо табдил ёфт.
Ин кор замоне итттифоқ афтод, ки генералҳои тоҷик Саиданвар Камолов ва Амирқул Азимов дар пайи боздошти писари аввалию домоди дуюмӣ низ аз Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳори ранҷидагӣ мекарданд. Ин ҳама ва ҳодисаҳои баъдӣ ба он нукта ишорат мекунанд, ки руйпӯш кардани ин ҷиноят кори дасти ягон узви Оила нест.(?) Балки Давлатовҳо талош доштаанд, ки аз ҳодисаи дар Мегафон рухдода Таҳмина Раҳмонова, ки яке аз соҳибманфиатони ин ширкат ҳисобида мешавад, хабар наёбад. Аммо ин сир бо кӯмаки виҷдондорон ва қонуну Худотарсҳо билахира фош шуд.
“Бисмиллоҳ”- ҳомиёни ҳуқуқи башар
Баъди ҷамъоварии маълумоти кофӣ ва машваратҳои зиёд чанд нафар ҳомиёни ҳуқуқи башар, блогнависон ва кунишгарони ҷомеаи маданӣ модари Мадинаро мутақоид мекунанд, ки ба мақомоти болоӣ ва раҳбарияти сиёсии мамлакат арз кунад, то сари роҳи қонуншиканӣ гирифта шавад. Баъди ариза чанд рӯз мақомот хомӯшӣ ихтиёр карданд, аммо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон на. Баъди баррасиҳо дар Клабҳаус як зумра фаъолон дар ин бора постҳо навишта, хостори кӯмаки босифати тиббӣ ба Мадина ва таҳқиқи мунсифонаи қазияи ӯ шуданд. Мавзеъгириҳои онҳо боиси мавҷи вокунишҳои мардумӣ шуду муҳити иттилоотии Тоҷикистон бидуни муболиға таркид. Худо арҷашро ба онҳое диҳад, ки бе ҷуръату истодагариашон ин ҳама фошкориҳо имкон надошт. Онҳо истод шуданд, ҳарчанд афсун кардани чанде аз онҳо шуруъ шуду ба чанде таҳдид ҳам карданд. Аммо мардум дигар хомӯш намонд…
Фош шудани “хоҷа”
Дар посух ба ғазаби ҷомеа дастандаркорони даступохурдаи ин қазия ба гул задани мардум шуруъ карданд. Даҳҳо навиштаи фармоишӣ ба он ишорат мекарданд, ки “мақомоти милиса хубтар аз мо медонанд, ки чӣ кор кунанд”, “айби худи духтар аст”, “қонуни афв аст хоҳӣ -нахоҳӣ гунаҳкорро ҳам озод мекунӣ”, “Давлатов аз нол сар карда раис шудааст” ва амсоли инҳо. Ду рӯз маълум набуд, ки пушти ин ҳама кӣ меистад. Санаи 31 октябр дастандаркорони аслии ин қазия “кафиданд”.
Раиси ба ном Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ Наврӯз Одинаев гумонбаршудаҳо Азиза ва Парвиз Давлатовҳо, афсарони фасодкори милиса ва мақомоти прокуратураро, ки масъули назорати иҷрои якхелаи қонун дар кишвар мебошад, “шуста сафед кард”.
Как известно, данное преступление было совершено 25.08.2021 года.
07.09.2021 года вступил в силу Закон «Об Амнистии».
Пункт 1, статьи 1 Данного Закона гласит следующее:
«Освободить от отбывания наказания в виде лишения свободы, независимо от срока назначенного наказания, и от отбывания других наказаний, не связанных с лишением свободы, следующих осужденных:
- Женщин…»
Пункт 1, статья 5 Закона:
«Прекратить производство по следующим уголовным делам, находящимся в процессе дознания, предварительного следствия и на рассмотрении судов, или не рассмотренными судами:
1) по преступлениям, совершенным до введения в действие настоящего Закона, лицами, предусмотренными в статье 1 настоящего Закона» (а в статье 1 говорится и о женщинах).
Часть 2, статьи 8:
«1. Положения статей 1, 2, 4 и 5 настоящего Закона не применяются в отношении лиц, привлеченных к уголовной ответственности или осужденных за совершение следующих преступлений:
предусмотренных статьёй 104, частью 2 статьи 109, частью 3 статьи 110…» и другие статьи.
Также пункт 1, часть 1, статьи 15 Закона:
«При применении настоящего Закона учитываются следующие обстоятельства:
- действие пунктов 1) и 2) статьи 1 настоящего Закона применяются в отношении женщин и несовершеннолетних, при условии, если они совершили преступление до даты введения в действие настоящего Закона, и совершенные ими преступления не являются преступлениями, предусмотренными статьёй 104, частью 2 статьи 109, частями 2 и 3 статьи 125…» (другие статьи).
Таким образом, получается, что части 1 и 2 статьи 110 попадают под амнистию, если это преступление совершила женщина. К мужчинам младше 55 лет амнистия по данной статье не принимается.
Чтобы переквалифицировать данное преступление под часть 3, статьи 110 УК РТ необходимо одно из следующих условий:
«Деяния, предусмотренные частями первой или второй настоящей статьи (110 имеется ввиду), если они:
а) совершены организованной группой;
б) совершены при опасном рецидиве или особо опасном рецидиве;
в) повлекшее по неосторожности смерть потерпевшего,
наказываются лишением свободы на срок от двенадцати до пятнадцати лет».
Так как ходит много разговоров, что в совершении преступления участвовал не один человек, кто-то может подумать, что данное преступление подпадает под часть 3 статьи 110. Разъясню: это не так. Даже если допустить, что преступление совершалось несколькими лицами, эти действия подпадают под пункт “ж” (группой лиц или группой лиц по предварительному сговору), части 2, статьи 110 этого Кодекса.
Выводы:
- Совершенное преступление (часть 1 и 2, статьи 110 УК РТ) подпадает под амнистию 2021 года.
- В будущем, при принятии Законов об “Амнистии” во избежание злоупотребления необходимо, чтобы под амнистию не попадали преступления совершенные за полгода до принятия данного Закона. Иначе люди смогут избежать ответственности даже за совершение таких тяжких преступлений” .
Эҳсос мешуд, ки мардум ба ӯ бовар накарданд. Вале ӯ ва дигар масъулони авангардӣ зур зада, сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ мегуфтанд.
Пас, аз ин талош ду манбаъи огоҳ аз Душанбе ба мо иттилоъ доданд, ки пушти ин қонуншиканӣ ва фасодкорӣ Шоҳрух Саидов меистад. Табиист, ки мо бовар накардем.
Аммо як рӯз баъд ин гуфтаҳо тасдиқи худро ёфтанд.
“Кабк аз забони худаш тир мехӯрад”
Ҳамон шаб як манбаъ, ки гоҳ-гоҳ ба мо аз қонуншиканиҳои дигар ниҳодҳои қудратӣ маълумот равон мекард, паём дод, ки “ Сардори ШВКД Зафар Исмоилзода ба ҳабс гирифта мешавад… вале гунаҳкори асосӣ прокурори ноҳия хеши ҷаноб Умед аст”. Ҳамзамон ба мо маълумоти зиёди роҳгумзананда расонд. Мисли ҳамин:
“Дар қазияи Мадина ошнобозӣ нақши асосиро бозидааст. Чунки падари Парвиз Давлаталӣ Давлатзода дар Ҷуйбодом зиндагӣ мекунад. Падари Зафар – Эгамов Исмоил шахси бовариноки Давлаталӣ Давлатзода Раҷабалиевич дар давраи интихоботи вакилони халқии Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Чортеппаи ноҳияи Рудакӣ буд….”.
Зафар Исмоилзода аз наркомафияи н.Рудакӣ мебошад. Дар деҳаи Маърифатӣ, дар паси беморхонаи марказии деҳаи Чоряккорон ва дар маҳаллаи 33 чанд хона дорад”.
Чун мо аз асли ин қазия огоҳ будем ин хабарро расонаӣ накардем, балки интизор шудем. Вале “режиссёр” ба ҳар роҳ ҳамин гуна “маълумот”– ро ба мо мерасонд. Ба эҳтимоли зиёд ба дигарон низ. Бехабар аз он, ки Рустами Эмомалӣ ба ин қазия вокуниш мекунаду падараш баъди гузориши роҳбари Дастгоҳи иҷроия Озода Раҳмон сахт нигарон аст.
Нигаронии президенти пир ва сардори Оила воқеъан асос дорад. Зеро ӯ бархилофи мо аз асли ин қазия ва муҳимтар аз он аз қазияи Мадина 1, ки чанд сол пештар рух дода буд, огоҳии комил дорад.
Қазияе, ки чанд сол идома ёфта, бо шармандагии даҳҳо масъули баландпояи Агентии мубориза зидди коррупсия, фош шудани ҳамҷинсгароӣ ва педофилия ва ҳукми судии писарони чанд генерали тоҷик, ки аз шумули тобеъони Рустами Эмомалӣ буданд, печид.
Мадина-1.Курткаи сархур дар Инстаграмм
Қаҳрамони он қисса низ Мадина ном дорад. Ва тааҷҷуб накунед, ӯ ҳам дар “Мегафон” кор мекарду зани дуюм буд ва ӯ ҳам лату куб шуда буд. Мухтасари қазияи ба истилоҳ Мадина -1 чунин аст.
Мадина Б., ки масъули техникии ширкати “Мегафон” буд, дар акси як духтар дар Инстаграм, ки фароғаташро дар “Сафеддара” таъриф мекард, курткаи шавҳарашро мешиносад. Ба шавҳараш, масъули баландпояи Агентии мубориза зидди коррупсия занг зада, аз сафараш ба Хуҷанд мепурсад. Ҳарчанд ба ҳайси мутахассиси соҳа бо дастрасӣ ба низоми биллингии “Мегафон” дақиқ мекунад, ки ӯ дар “Сафеддара” аст… Ҷанҷоли оилавӣ бо латукуби Мадина аз ҷониби маъшуқаи дастзӯр, ки модараш дар Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор мекардааст, мепечад. Зани дуюм баъди латукуб аз маъшуқа ё зани сеюми Фирдавс Мирзобадалов ба ғазаб омада, ба номи роҳбари онвақтаи Агентии мубориза зидди коррупсия Рустами Эмомалӣ ариза навишта, мукотибаи ҳомили 9 номери телефонӣ бо шумули аудио ва видеоро, ки барои се узви гуруҳи муташаккили Фирӯз Холмуродов, Фирдавс Ниёзбадалов ва Умед Камолов (ба истилоҳ муфаттишони парвандаи Зайд Саид) худаш таҳия карда буд, пешниҳод мекунад.
Мукотиба аз силсилаи ҷиноятҳои коррупсионӣ ба маблағи даҳҳо миллион доллар, доду гирифтҳои пинҳонӣ, аксҳои сохтмони коттеҷҳо ва биноҳои бисёрошёна дар Душанбе, аудио ва видеоҳои фаҳшои ҳамҷинсгароӣ ва озори ҷинсии кӯдакон ҳикоят мекунанд. Аз ин мукотибот бармеояд, ки раиси вақти Агентии мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саид сарпарасту раҳбарии ин гуруҳро ба уҳда дораду …(бо далелҳои ахлоқӣ бо ҳамин иктифо мекунем).
Раиси Агентӣ Рустами Эмомалӣ бо як фармон муфаттиш Фирдавс Ниёзбадаловро аз кор озод мекунаду расонаҳо дар ин бора хабар пахш мекунанд.
Тақдири ҳудуди 10 тан аз масъулони ниҳод бо шумули Ҷамолиддин Муҳаммадзода, Давлатбек Хайрзода, Фирӯз Холмуродов, Фирдавс Ниёзбадалов, Умед Камолов ва худи Фаттоҳ Саидов дар ҳаво овезон мемонад. Пойтахт интизори ҳабсу поккорӣ дар Агентии зери назари раҳбари ҷавон аст. Ин хел “подводит” кардани писари калонии президент ва роҳбари ҷавон набояд беҷазо монад. Аммо. Вале. Лекин…
Нохост ҳама гуна санҷишҳо қатъ мешаванд. Писари генерал Ниёзбадалову домоди генерал Амирқул Азимов, котиби собиқи Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва манфиатбардори асосии парвандаи соҳибкори шинохта Зайд Саидов (гурӯҳи Фирӯз Холмуродову Фирдавс Ниёзбадалов маркази тиҷоратии “Пойтахт”-и соҳибкорро тавассути Серик Окушев аз худ кардаанду Амирқул Азимови хусури Фирдавс раҳбари он таъин шуд) баъди ду моҳ ё камтар бекор мондан, бо фармони Рустами Эмомалӣ дар ҷои кораш барқарор мешавад. Гуё ҳеч ҷиноёте рух надода бошад.
Бо сабабҳои номаълуме Мадина аз Мегафон ба Москва мегурезад. Дертар маълум мешавад, ки Мадинаро бо ваъдаи хариди сехонагӣ дар Маскав ба онҷо мегурезонанду мафияи порахӯрони шаҳватзада ва ғуломи пул Рустами Эмомалӣ ва падарашро фиреб медиҳад: “Кори дасти душманони Ҷаноби Олӣ аст”,” Беҳтарин кадрҳои ҳукуматро туҳмат мезананд”.
Чанде баъд Рустами Эмомалӣ аз Агентии мубориза ба коррупсия “бо маслиҳати падар” ба вазифаи баландтар меравад, аммо фасодкорон ҳамоно давлат меронанд. То бозгашти зани дуюми фиребхӯрда аз Москва.
Мадинаи фиребхӯрда ба Душанбе бармегардаду дари КДАМ-ро мекубад. Ин ниҳод тули чанд моҳ маълумот ҷамъ меорад, ки натиҷаҳояшро акнун аксарият медонанд.
Фасодкорон, ки миллионҳо доллар пора гирифта ва даҳҳо парвандаҳои сохта таҳия карда буданд, ҳоло ҳамагӣ дар озодиянд. Маркази тиҷоратии “Пойтахт”-и Зайд Саид ва Олег Сосковетс,собиқ муовини нахуствазири Русия ҳоло ҳам дар ихтиёри онҳо мебошад. Аксари коттеҷу хонаҳои баландошёнаи сохтаашон дар шаҳри Душанбе низ. Яке аз ин биноҳо, ки бо харҷи 5-7 миллион доллар сохта шудааст, дар чандсадметриии дафтари нави Мансур Умаров, роҳбари Сарраёсати иҷрои ҷазо қарор дораду ҳоло ҳам манбаъи даромадашон аст.
Танҳо Умед Камолов, писари Сайиданвар Камолов, раиси собиқи КДАМ дар ҳоли фирор сар мебарад.Камолов соле пеш даргузашт.
Касе дар ин миён аз эпизоди бофтаи “Таҷовузи Вера Гасилина” дар парвандаи Зайд Саид, ки бидуни шубҳа маҳсули мағзи шаҳватзадаи Фаттоҳ Саидов, Фирӯз Холмуродов бо иштироки Раҳмони Рашнагӣ, сардори Автобазаи шаҳри Панҷакент, вакили маҷлиси вилояти Суғд (падархонди Шоҳрух Саидов ва “болелшик”-и аспбози Рустами Эмомалӣ ) ва сӯистифодаи ахирӣ аз ҷияни хурдсол ва келини нашъмандаш мебошад, напурсид. Маҳз ҳамин Раҳмони рашнагӣ бар муқобили писари Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон баёнот дода ӯро ба зиндон кашонидааст. Ин Раҳмони рашнагӣ бо Қодир Качалаев, ронандаи Эмомалӣ Раҳмон боҷа мебошад. Зани дуюм ё сеюми Раҳмон хоҳари зани Қодир Качалаев будааст ва Раҳмон ҳамчунин дар обу лой кардани героини Қодир саҳми асосӣ дорад. Касе дар мақомот нагуфт, ки ҳой мардум парвандаҳои ин ҳаромхӯрҳо бояд бозбинӣ шаванд.
Ҳамин аст, қазияи наҷот додани обрӯи Рустами Эмомалӣ аз дасти “кадрҳои к…калони Фаттоҳ Саид” баъди лату куби Мадинаи 1, ки аз шунидани ҷузъиёти он мӯи сари одам рост мешавад.
Ҳамин аст, сабаби аслии нигаронии президент Эмомалӣ Раҳмонов, ки ин бор бубояд аз дасти писари Фаттоҳ Саид – Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукоби ҷиноятии ВКД фарзандашро наҷот диҳад.
Аз асли қазияи Мадина 1 президент Эмомалӣ Раҳмонов тақрибан баъди якуним сол огоҳ шуд. Зеро бозингарони сатҳи миёнаи низоми сохтааш, ки асоси онро додугирифти коррупсионӣ ва ошнобозӣ ташкил медиҳад, ӯро дар ин муддат фиреб доданд. Аммо ҷуръати Мадинаи шалоқхурда ва талошҳои раҳбарияти вақти КДАМ, хоса генерал Мансур Умаров натиҷа доданд.
Ҳам обрӯи ҳукумат то ҷое ҳифз шуду ҳам обрӯи Рустами Эмомалӣ.
Аммо дар ин қазия низ назди ӯ иҷрокунандаҳои қаторӣ- сардори ШВКД Зафар Исмоилзода, муфаттиши шуъба ва муовини прокурори ноҳия ва баъд аз он бародари ӯ Иброҳим Исмоизодаро, ки корманди Агентии мубориза бо коррупсия мебошаду ояндадор маҳсуб мешавад, қурбонӣ карданианд, ки боз ҳам беадолатӣ ва гул задани президент ва мардуми тоҷик аст.
Тавре мебинед, аз кор озод кардани чанд тани иҷрогар ҳоло оғози қазия аст, на анҷоми он.
Мо ин қазияро то пойдор шудани адолат ва муҷозот шудани қонуншиканҳо пайгирӣ хоҳем кард.
Ҳамчунин бо даст додани имконият мо аз он ҳикоят хоҳем кард, ки чӣ тавр онҳое, ки Азида Давлатова ва духтаронашро ба Москва гурезониданд, дар Москва ба зидди занҳои тоҷик дасиса метарошанд.
Поёни бахши аввал,идома дорад….
P.S
Хонанда ва бинандаи азиз! Мо,то расидани ин ҳама маълумот як матлаби дигареро дар бораи ин моҷаро барои нашр омода карда будем. Вале,мунтазири ин маълумот монда ва дарҷи онро мавқуф гузошта будем. Агар дар чанд ҷумла онро хулоса карданӣ бошем,он чунин аст,ки бале,дар пӯшонидани ин моҷаро “афсарони фасодкор” мисли Зафар Исмоилзода,Истам Машрафзода аз ШВКД-и ноҳияи Сино даст доранд. То куҷо онҳо гирифтори ҷазо мешаванд номаълум аст. Аммо онки Суҳроб Салимзода,муовини Додситони ноҳияи Сино, ҷияни Шерхон Салимзода, ки ба санади афви ғайриқонунии Азиза Давлатова имзо гузоштааст, ҷазо хоҳад гирифт ё хайр,чизе гуфта наметавонем. Ҳамчунин ин нафарон то кай “козёл отпушенний” боқӣ момонанд ва ё мисли Истам Машрафзода баракс мақоми болотар мегиранд, дертар маълум мешавад. Вале нуктаи дигар ин аст, ки фигуранти дигари ин қазия Умед Нуриддини Раҳмон-ҷияни худи Эмомалӣ Раҳмонов, ки маҳз бо дастури вай санади ҷаълии афв барои Азиза Давлатова тартиб дода шудааст, аз об хушк мебарояд ва ё муҷозот мешавад. Дар ҳар сурат поёни ин қазияро дар Додгоҳ мунтазир мемонем вале пайгирии онро идома хоҳем дод…..
Дар мавриди Зафар Исмоилзода таҳқиқоти мо инчунин идома дорад ва маълумоти ниҳоӣ такмил гардад онро ҳатман тақдими хонанда ва бинандаи “Ислоҳ” хоҳем намуд. Ҳар маълумоте дар мавриди Зафар Исмоилзода сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилии Сино 2 дошта бошед онро ба “Ислоҳ” ирсол намоед,то онро ба шакли мунсифона тақдиматон намоем.