Матлабе, ки ҳоло мутолиа мефармоед аз Истаравшан ба “Ислоҳ.нет” расидааст. Ин матлаб дар бораи аъмоли ҷиноии ШВКД дар ин шаҳри бостонӣ ҳикоят мекунад. Матлаб дар бораи шӯъбаи корҳои дохилӣ ва сардори он Ҷурахон Кабиров аст, ки дар солҳои 2010-2014 дар Истаравшан кор кардааст. Бале, дуруст аст: “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” ва мо бо нашри ин матлаб гуфтанӣ ҳастем, ки ҷинотякорони мақомот, ҳатто агар аз кор рафтаву бознишаста шуда бошанд ҳам аъмоли ҷиноии онҳо оқибат рӯи об мебарояд. Бидуни шак ин навишта на ҳама ҷиноёти Ҷурахон Кабировро бозгӯ мекунад. Фақат як ҷузве аз ҷиноёти ӯ дар Истаравшанро. Аммо бубинед, ки имрӯз низ ин шакл шеваи кор дар мақомоти милисаи Истаравшан идома дорад ё хайр?
Ҷӯрахон Кабиров Ҳакимович, ки лақаби Қотилро дорад, давоми солҳои 2010-2014 сардори ШВКД-и Истаравшан буд. Вай қаблан дар мақоми муовини мудири Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон фаъолият кардааст. То моҳи сентябри соли 2021 корро дар мақоми Раёсати нозиротӣ – ташкилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон идома додааст. 16 октябри соли 1957 дар Ховалинг ба дунё омадааст. Феълан аз онки Ҷурахон Кабиров корманди баландпояи ВКД кор мекунад ва ё бознишаста шудааст, хабаре дар даст надорем. Вале бо гузашти ин ҳама солҳо ҳанӯз ҳам мардуми Истаравшан ӯро ба ҳайси як золими порахӯр мешиносанд. Вай ба ҳадде масҷиду намозу намозгузору муллову ришу ришдору моҳи шарифи рамазонро бад медид, ки ту гӯӣ аз пушти падари габру батни модари номусалмон ба дунё омда бошад чӣ?
Вай тайи солҳои кораш дар Истаравшан даҳҳо ҷавонро бо суханони таҳдидомез аз қабили: “туро ҳам ба гурӯҳи панҷоҳ нафара ҳамроҳ мекунам», «мехоҳӣ ё намехоҳӣ террористӣ!» ё “ман таҳрирут гуфтум значет таҳрирӣ”-и тарсонида аз 10 000$ то 50 000$ пора гирифт. Баъзе аз ин бечораҳо ҳатто қарз гирифта худро аз шарри ин золим нигоҳ доштанд.
- Дар муносибатҳои шахсии сокинони шаҳр дахолат намуд, корро ба фоидаи худ ҳал намуда аз онҳо низ пора меситонд. Ҷиноятҳои ин шахс дар Истаравшан бе ҳисоб аст. Яке аз кормандони ин шӯъба (Баҳром Усмонзода-махлуқи бадсифат), ки аз чоплусони ин сардор аст “мо пора не, тӯҳфа мегирем“ мегуфт.
- Яке дигар аз кирдори нохуби ин сардори қотил худсарона дар роҳу кӯча боздоштани ҷавонҳо ва бо баҳонаи муъайян кардани шахсияти онҳо тарошидани риши онон буд. Гузоштану тарошидани риш ихтиёрӣ буда, ҳуқуқи фитрии ҳар шахс аст ва дахолат ба он маънии поймол кардани ҳуқуқи инсонро дорад. Ин қотил онқадар риштарошӣ кардааст, ки ҳатто мардум милисахонаро бо истеҳзо “сартарошхона” мегуфтанд.
- Агар касе, ки синаш аз панҷоҳ болост, гӯяд, ки ман барои он риш мондаам, ки тоҷикам ва Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Сомонӣ ҳам риш дошт, аз сардори шуъбаи корҳои дохила ҳакоратҳоеро ба мисли: “ Рӯдакиатро фалон кардам “, “ Сомониро фалон кунам “, “ ба тоҷику тоҷикият фалонам “ мешунавид. Магар касе, ки муқаддасоти миллӣ барояш чун сангу кулғх қадр надорад метавонад ҳомии қонун бошад?
- Парвандаҳои пурсарусадои истаравшаниҳо дар соли 2010-ро ана ҳамин қотил оғоз кардааст.
Ҳамаи он ҷавонҳоро ҳангоми пурсиш бо анвоъи зерин шиканҷа кардааст:
- Дашном додан ба модар, зан, духтар ва хоҳар;
- Ангушти ҷавонҳоро дар зиҳи дар гузошта пахш кардан;
- Сарашонро ба об ғарқ кардан то нафасашон бигирад;
- Кандани нохунҳои дасту пой;
- Ба барқ пайваст кардан;
- Ба сарашон линга пӯшонида 5-6 нафар якҷоя задан;
- Луч гузоштан дар рӯи барф ва аз боло об рехтан;
- Ба турмоқ (хоя) санг овезон кардан;
- Ба мояи ҷавонҳо зада онҳоро ахта кардан;
- Маҷбуран то 24соат росто нигоҳ доштан;
- Аз хоб кардан боздоштан;
- Мӯйҳоро то аз ҳуш рафтан кашола кардан ва ва ва…
Ҳамаи ин шиканҷаҳоро ин золимон анҷом додаанд:
ҶӮРАХОН КАБИРОВ (сардори собиқи ШВКД)
БАҲРОМ УСМОНЗОДА (сардори пешини шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ)
ДИЛМУРОД РАЗЗОҚОВ (корманди онвақтаи шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ)
НАВРӮЗОВ МАҶИД (корманди пешинаи шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ)
ҒАФУРОВ ҶАҲОНГИР (собиқ ходими шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ)
АЛИШЕР ШАРИПОВ (корманди қаблии шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ)
БАХТИЁР ТӮРАЕВ (ходими собиқи шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ)
Албатта ин шиканҷаҳоро бо сардории ин қотил анҷом додаанд ва судя баъд аз шунидани ин шиканҷаҳо аз забони худи ҷавонҳои шиканҷашуда ошкоро гиря кард.
Ин қотил яке аз сокини Истаравшан бо номи Умедҷонро ба терроризм тӯҳмат зада ҳангоми пурсиш дар ШВКД-и ш. Истаравшан бо шиканҷа ба қатл расонид ва ҷасади марҳумро бе нишон додан ба наздиконаш дафн карданд. Қатли онро ба монанди афсона ба мардум шарҳ доданд. Афсона будани шарҳ чунин аст: Гӯё ҳангоми аз назар гузаронидани макони ҷиноят Умедҷон як маводи таркандаро тарконд ва танҳо худаш вафот кунад.
Савол?
Пеш аз он даҳҳо маротиба милитсияҳо хонаро кофтуков гузарониданд, чаро чизе пайдо накарданд?
Чӣ гуна Умедҷон бо дастони баста камаш бо 5-6 нафар милитсия ба хона меояд ва имконият пайдо мекунад, ки маводи таркандаро аз хонааш бароварда тарконад? Ҳангоми таркидани маводи тарканда танҳо Умедҷон вафот мекунад ва либоси ягон милитсия чанг намешавад?
Ҳангоми таркидани маводи тарканда овозашро ҳамсояҳои ҳамдевораш умуман намешунаванд?
Соли 2013 дар маҳаллахонаи “Дилкушо” куштори ваҳшатноке рух дод. Барои пайдо кардани ҷинояткор ин қотил як ҷавонро аз бозори пул чунон шиканҷа мекунад, ки баъд аз баромадан аз ШВКД даст ба худкушӣ мезанад. Нисбати масҷиди ҷомеъи Муҳаммад Иқбол хеле бадбинӣ дошт ва ҳар ҷумъа 5-6 нафарро бо сардории Алишер Шарипов дар онҷо барои фишор ва тавтеъа андохтан мефиристод. Бо ҳар баҳона намозгузоронро дастгир карда дар ШВКД пулситонӣ мекард.
БАҲРОМ УСМОНЗОДА
Дар байни мардум ӯро бо лақаби “махлуқи бадсифат” мешиносанд
Махлуқи бадсифат 16.06.1984 ба дунё омада, мактаби миёнаи гимназияи 5-ро бо баҳои 2-3 хатм намудааст. Ҳамсинфонаш мегӯянд,ки “ин махлуқи бадсифат умуман ба мактаб намерафт ва то синфи 11 карат каратро намедонист,аммо имрӯз сардор шудааст”.
Баъди хатми мактаби миёна бо пораву шиносбозӣ ба Академияи милитсия дохил мешавад.
Соли 2010 Баҳром Усмонзода ҳамчун сардори бахши оперативӣ- ҷустуҷӯии Истаравшан бисёре аз ҷавонони ин шаҳрро бо тӯҳмату фишор нисбаташон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, аксарияти онҳоро ба мӯҳлатҳои зиёда аз 7-8 сол равонаи зиндон кард. Ҳангоми пурсиш ин махлуқи бадсифат бисёртар аз дашному шиканҷа истифода кардааст. Ин амалиёти аввалини мақомотҳои қудратӣ бар зидди қишри диндор баъд аз баргузории симпозюми 1310-солагии Имоми Аъзам буд. Ин амалиёт дар сатҳи кишвар ба номи “парвандаи истаравшаниҳо” ё “парвандаи 54-нафара” маъруф шуда буд, ки дар он камаш 100-нафар сокинони Истаравшанро маҳкум ба зиндон карданд. Ин амалиётро ин махлуқи бадсифат дар зери роҳбарии Ҷӯрахон Кабиров анҷом дод. Худи ҳамон сол додари махлуқи бадсифат, ки ӯ ҳам корманди милитсия буд, дар як садама ба ҳалокат расид.
Баҳром Усмонзода дар тиҷорат ҳам машғул буд ва яке аз тиҷоратҳои ӯ ин аз хориҷ мошин овардану фурӯхтан ва тиҷорати дуввумаш маводи мухаддир буд.
Соли 2019 бо сабаби ҳодисаи 6-ноябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон бо фармони Рамазон Раҳимзода аз вазифа сабукдӯш гардид. Шахсан Рамазон Раҳимзода ҳангоми аз кор рондани махлуқи бадсифат таъкид кард, ки чанд сол аст, ки ба ҳайси сардори шӯъбаи оперативӣ ҷутуҷӯии ШВКД-и Истаравшан фаъолият карда ҳатто як баёнотро гирифта наметавонад. Баъди аз вазифа ронда шудан дар мӯҳлати як сол Баҳром Усмонзода доим маст мегашт ва дӯстонаш аз ресторанҳои дохили шаҳр кашон- кашон ба хонааш мебурданд. Баъди як сол бо супоридани пора ба хадамоти оташфишонии ш. Душанбе ба кор таъин гардид, ҳамагӣ баъди як моҳ дар шӯъбаи кадри ШВКД-и Истаравшан дубора ба кор қабул гашт ва ман фикр намекунам, ки Рамазон Раҳимзода аз ин кор бехабар бошад.
Алишери Шарипов, бо лақаби ҳезалак
Ин марди зансифат зодаи Спитамен мебошад, дақиқ нест, ки чанд сол аст дар ШВКД-и Истаравшан фаъолият мекунад. Аз соли 2010 инҷониб барои дастгир кардани ҷавонҳои ғаюр ва бо тақво дар назди дарвозаи масҷиди “Муҳаммадиқбол” истода онҳоро рӯйхат карда баъдан ба ШВКД-и шаҳр даъват намуда, бо тӯҳмат онҳоро ба солҳои тӯлонӣ ҳамроҳи тимаш ба зиндон мефиристод.
Як кори фасоди дигари ин ҳезалак (Алишер Шарипов) бо занҳои фоҳиша буда, онҳоро дар зинояшон пуштибонӣ мекунад.
Дилмурод Раззоқов таваллудаш 24.07.1972 аз Панҷакент. Лақабаш дар ШВКД “Буратино” буд
Буратино (Дилмурод Раззоқов) яке аз золимтарин ва шиканҷагартарин афроди ШВКД-и Истаравшан буд. Ӯ дар солҳои 2010 хеле ҷавонҳои бо тақворо бидуни ҳеҷ гуноҳе шиканҷа мекард. Ба шумо низ маълум аст, ки гуноҳи онҳо танҳо диндорияшон буд. Ин ҳам намояндаи тими лаънатии Кабиров Ҷӯрахон буда, аксари амалҳои бадрафторӣ ва шиканҷаҳоро ин золим амалӣ мекард. Намуди шиканҷаҳоро дар боби Кабиров Ҷӯрахон баён доштем. Фарқи ин золим аз дигарон дар он аст, ки ин Буратино ҳатто имомхатибҳоро азоб мекард. Асосан ба Нӯъмонхон (хатиби онвақтаи масҷиди Муҳаммадиқбол) азобу уқубати зиёдеро раво дидааст.
Ин золим тахминан соли 2018 бо ҷинояти коррупсионӣ дастгир ва аз кор ронда шуд ва алъон ин хунхор дар Федератсияи Русия мебошад.
Наврӯзов Маҷид аз Истаравшан,таваллудаш 08.04.1989 бо лақаби “фарбеҳак”
Модари ин шахс тахминан 20 сол дар ШВКД-и Истаравшан дар вазфаи сардори шӯъбаи кор бо ноболиғон фаъолият намудааст. Вай зани бадзабон ва бе ҳаё буд. Ин шахс баъд аз хатми мактаби миёна ба мадрасаи динӣ ва баъди он ба академияи милитсияи шаҳри Хуҷанд дохил шуда таҳсил кардааст.
Зулми ин шахс чунон бузург нест, вале аз рӯи маълумотҳои охир ин фарбеҳакро бо фармони Рамазон Раҳимзода бо сабаби фарбеҳ буданаш аз вазифа сабукдӯш карданд. Аммо баъди фурсате камтар як соҳибкор барои манфиатҳои шахсии худаш бо пардохти маблағи калон дубора ӯро ба вазифа расонд. Баъди нав ба вазифа оғоз карданаш ҳодисаи 6-ноябр ҳодисаи сохта дар қисми ҳарбӣ ва сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба миён омад ва барои идомаи кор дар ШВКД ӯ бояд кореро анҷом медод, ки ӯро дар назди кормандони болоии ВКД сафед ва фаъол нишон диҳад. Ин фарбеҳак дӯстони худашро, ки бо тақво буданд ба фурӯхтан сар кард. Айби онҳо дар ин аст, ки соли 2008 якҷо зиёфат хӯрдаанд, алайҳи онҳо парванда оғоз карда маводи комилро ба ШВКД-и Истаравшан пешкаш ва онҳоро ба мӯҳлати 5-6 солӣ равонаи зиндон мекунад ва бо ҳамин ин фарбеҳак гӯё барои ҷиноятро кушоданаш ба кор боқӣ мемонад, албатта бар ивази зиндонӣ кардани дӯстони пешини худаш.
Ҳоло ин фарбеҳак дар мақомоти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ММҶМ адои вазифа мекунад.
Ҷаҳонгир Ғафуров, Истаравшан, таваллудаш 04.01.1989, лақабаш-“шағол”
Ҷаҳонгир Ғафуров зодаи шаҳри Истаравшан мебошад. Ин шахс монанди шағол доимо пасмондаҳои золимони ШВКД-ро мехӯрад.
Мардуми табақаи камбизоатро доим озор дода аз онҳо пул меситонад. Ҷиноятҳояш нисбатан сабуканд ба монанди напардохтани маблағи хӯроки хӯрдааш, таҷҳизоти аз бозор гирифтааш, либоси пӯшидааш ва ғайра.
Яке аз хислатҳои ин шағол ва аксари кормандони мақомотҳои қудратӣ (КДАМ, ШВКД, ММҶМ) дар Истаравшан ин аст ки мехоҳанд дар ҳама ҷой бе пардохти музд корашонро ҳал кунанд.
Ps: Ин аввалин нома аз Истаравшани бостонӣ ба “Ислоҳ” аст ва дар мавриди вазъияти феълии мақомоти милисаи Истаравшан низ таҳқиқоти “Ислоҳ” идома дорад ва ба наздикӣ матлаби муфассал аз вазъи ШВКДи Истаравшан нашр хоҳем намуд. Истаравшаниҳои гиромӣ бо пора додану ба Русия фирор карданатон вазъро тағйир наметавонед дода. Ҳар ҷинояти мақотои ноҳияатонро ,ки хуб медонед ба “Ислоҳ” фиристед, то мо онро расонаӣ кунем. Ирсоли маълумоти ҷиноятии мақомдорон ин ҷиноят нест бар акс мубориза бо ҷинояткорони рутбадор дар суфуфи мақомоти қудратӣ мебошад. Аз МИҲДи ноҳия ва ҳар корманди ришваситонатон маълумотҳои дақиқро ирсол намоед. “Ислоҳ” дар хидмати шумо ва барои некӯаҳволии шумо фаолияташро бароҳ мондааст.