Ҳақоиқи таҳти пардаи 8-Март

Ислоҳ нет

Барои чи мо мусулмонҳо 8-Мартро ҳамчун рӯзи занон ҷашн мегирем? Оё ин сана бар дину ақида ва модарони мо ягон алоқамандие дорад? Оё мусулмонон мафҳуми Рӯзи модаронро дарк мекунанд ва ё ин ки 8-Март Иди занон аст гуфта, кур-курона онро ҷашн мегиранд. Бояд бидонем, ки рӯзи байналмилалии модарон аз санаи 8-Марти соли 1857 сарчашма ва маншаъ мегирад.

Бародарон ва хоҳарони азиз! Дар ҳама саҳифаҳои таърих ошкор ва рӯшан аст, ки санаи 8-Марти соли 1857, занони коргаре, ки мисли ғуломҳо ба иҷрои корҳои душвор ҷалб шуда буданд ва бар ивази корҳои сангини ҷисмонӣ маоши ночизе ба даст меоварданд, дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ба кучаҳо рехта, даъво намуданд, ки маошашон зиёд ва соати кориашон кам карда шавад, чунки онҳо соатҳои зиёд кор мекарданд. Ин тазоҳурот аз тарафи занҳои азобдида боз дар соли 1907 такрор шуд. Дар Аврупо низ 19 марти соли 1911 хиёбонҳои Олмон, Австрия, Швейтсария ва Данияро тазоҳуроти бузурги занон фаро гирифт. Ҳоло бигӯед, 8-Марти соли 1857 рӯзи иду хушбахтии занон буд, ё рузи тазоҳуроту норозигии онҳо? Маълум аст, ки ин сана барои занҳои ҷабрдида рӯзи мотам буд на рӯзи ид ва агар шумо гӯед, ки баъд аз тазоҳуроти 8-марти соли 1857 рузҳои хушбахтии занон фарор расид, пас чаро занҳо дар соли 1907 дар Амрико ва соли 1911 дар кишварҳои Аврупо боз даст ба тазоҳуроту норозигӣ заданд? Суоли дигар ин аст  ки чаро занҳо танҳо дар Амрикову Аврупо ва дигар давлатҳои ғайриисломӣ тазоҳуроту норозигӣ мекарданд, чаро занҳои Туркия, Эрон, Арабистон, Осиёи Марказӣ ва дигар мамолики мусулмони даст ба тазоҳурот намезаданд? Ин аз он сабаб аст  ки дар кишвархои ғайриисломӣ ҳамеша ҳуқуқи занон поймол буд, занҳо бесоҳибу бесаробон буданд ва то имруз ҳам ҳастанд, ҳануз ҳам дар Амрико ва дигар давлҳои ғарбӣ занҳо 10 то 12 соат дар ду пой рост истода кор мекунанд, ҳатто бисёрашон дар рузи 8-уми март ҳам аз кор озод карда намешаванд. Аммо дар мамлакатхои мусулмонӣ, ҳифзу хароҷоти занон дар души мардҳо вогузошта шудааст, ки ин имкон медиҳад занҳо ба корҳои сангин даст назананд, дар ҷои кор онҳоро таҳқиру дашном накунанд ва садҳо фоидаи руҳиву маънавии дигар дорад, баъд аз пайвастан ба Иттиҳоди шӯравӣ тибқи қонунҳои ноодилонаи СССР занҳои мо пахтачину колхозчӣ шуданд ва дар киштзорҳои саҳроӣ ба монанди канизакон зери офтоби сузон кор мекарданд. Зери таъсири қонунҳои зиддиинсонии давлатҳои ғарбӣ болои давлатҳои мусулмонӣ, шумораи зиёде аз мардони мо низ пайрави ғарбиҳо шудаанд, ки зану модаронашон заҳмат кашида кор мекунанд ва ин мардҳо парвое надоранд. Албатта ин тарзи рафтори мардони мусулмон хело зиёд таассуфовар аст. Зан ва модар маликаест бе ҳамто ва Ислом ҳамеша зан ва модарро қадр намудааст ва ба мардон амр намуда аст,ки бо занҳо рафтори накӯ ва онҳоро мисли мармараки чашм нигоҳ доранд.

Ҳамин тавр солхои 1909, 1910 ва 1911  барои муайян кардани як рӯз дар як сол ҳамчун рузи зан  таъйинот ва пешниҳодот мешуданд, ки дар охир соли 1977 Созмони Милали Мутаҳид 8-Мартро “Рӯзи байналмилалии занон” эълон кард. Ва ҳоло ин рӯз дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи модар ҷашн гирифта мешавад. Суол ин аст ки баъд аз гирдиҳамоиҳои пайдарпайи занон чаро мушкилоти онҳо барои ҳамеша барои 365 рӯз дар як сол ҳал карда нашуду танҳо дар як сол якбор ҳуқуқи нисбии занонро ба назар мегиранд? Чаро ҳануз ҳам занон дар кишвархои ғарбӣ 12 соат кор мекунанд ва нисбати мардон камтар маош мегиранд? Чаро зан ҳам ҳомила мешавад, ҳам таваллуд мекунад, ҳам кудакашро шир медиҳад, ҳам кудакашро мешуяду  калон мекунад ва боз мисли мардон 8/12 соат кор мекунад? Ба ман бигӯед, ҷашни 8-уми март ҳолати занҳоро беҳтар кардааст ё бадтар? Дар давлатҳои ғарбӣ зану мард барои хонаву зиндагияшон ҳарду баробар аз маблағҳояшон харҷ мекунанд, зани бекору бесумро нобаробарии иҷтимоӣ гуфта ба занӣ намегиранд, оё ин аз рӯи адолат аст? Мегӯянд, 8-уми март ҳуқуқи зану мардро баробар мекунад, он чигуна ҳуқуқ аст, ҳуқуқи дар оила ҳам зану ҳам шавхар сардор будан?  Ё ҳуқуқи озодии ҷисмӣ барои занҳо, ки дар рекламаҳои собуну шампуни 50 дирама сурати урёни занҳо гузошта шавад? 8-Март рӯзи модарон бошад, пас рӯзи падарон дар кадом рӯз аст? 23-юми феврал рӯзи падарон нест, он рузи артиши миллӣ аст, ки ҳам ба занон ва ҳам ба мардон тааллуқ дорад, пас баробарӣ куҷост? Агар посух диҳед, ки мардҳо нисбат ба занон қавию шуҷоътар ҳастанд аз ҳамин сабаб артиши миллӣ ва ҳифзи ватан ба онҳо вобастагӣ дорад, пас чаро ба ҳифзкунандагони ватан ҳақи ҳифз кардани оилаҳои худашонро намедиҳед ва мегуед, ки ҳуқуқи зану мард дар оила баробар аст, адолат куҷост? Агар ба ин бовар ҳастед, ки занҳо низ дар ҳифзу идораи ватан саҳмгузор ҳастанд, пас ба ман бигуед аз байни 45/46 президенти Амрико чандтояшон зан буданд, чаро дар тули таърихи СССР як зан Дабири кулл нашуд? Чаро то ҳол дар кишварҳои ҷаҳон ба хусус Осиёи Марказӣ, аксари кормандони баландпоя, президентҳову вазирон ва раисони шаҳру навоҳӣ мардон мебошанд? Бовар дорам, ҳар касе, ки худашро ҳамчун инсон каме эҳтиром менамояд, дар бораи ин суолхо фикр карда, барои худ хулосаи лозимаро мебарорад.

Бояд бидонем, ки асли пайдоиши 8-уми март рӯзи модарон, аз хостаҳо ва талаботи моддии занҳо оғоз меёбад, яъне занҳо на аз рӯи хурсандиву хушҳолӣ дар ин рӯз ба кучаҳо баромада буданд, балки модарони ҷабрдида барои ба даст овардани як буридаи нони худ аз ҷонашон гузашта эътироз карданд, на онгуна аст, ки амрикоиҳо аз пеши худашон ба хотири эҳтирому дустдории зан-модар ин рӯзро ҳамчун рӯзи модарон интихоб карда бошанд, агар 8-мартро рузи шуҷоати модарон ё ғалабаи занон бар мардон бигӯем дурусттар мешавад, чунки ба асли воқеъа наздиктар аст.

Ҳақиқату воқеияти 8-уми мартро аз нигохи таърихӣ ва иҷтимӣ дар боло баён намудем, то ки ҳангоми аз нигоҳи дин баён кардан, моро ба фанатику хурофоти будан туҳмат назананд, акнун ҳукми шариатро дар мавриди рузи модарон бароятон хоҳем овард.

Аввал мехоҳам бароятон чи будани идро бифаҳмонам, чунки мо 8-уми мартро иди модарон мегуем, зеро Рӯзи модарон  гуфта, иди модаронро дар назар дорем.

Аз нигохи шариати исломӣ ид ин ибодат аст, онгуна ки мо дар иди Қурбон ва Рамазон ба ибодат машғул мешавем, намоз мехонем, дуо мекунем ва хайру садақот анҷом медиҳем ва ибодат роҳи наздикшавӣ ба Аллоҳ мебошад, чигуна ки мусулмон бо ибодати намозу руза ва ғайраҳо ба Аллоҳ наздик мешавад. Ҳар амале, ки ибодат бошад, он ҳатман амри тавқифӣ аст, яъне чигуна, кай, дар куҷо ва дар чи ҳолат анҷом додани ибодатро Аллоҳ ва Паёмбари он Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  муайян кардаанд, ки ҳеҷ кас наметавонад ба гӯшае аз он тағйир ё иловае ворид созад. Масалан ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки намози бомдодро ба ҷои 2 ракъат фарз 3 ракъат бихонад ва ин кори худро дуруст биҳисобад, ё рӯзаи фарзиро дар моҳи Рамазон неву дар дигар моҳ бигирад ва онро дуруст пиндорад. Ҳамин тавр ба касе аз тарафи Аллоҳ иҷозат дода нашудааст, ки дар бари идҳои Рамазон ва Қурбон боз ягон иди дигарро илова намояд ва ҳар касе, ки ба чунин кор даст мезанад, худро ба ҷои Аллоҳ қонунгузор ва шариатнавис қарор  додааст, ки ин амал ҷанг бо Аллоҳ аст. Агар ид кори тавқифӣ намебуд саҳобаҳои кибори Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васалам)  даҳҳо рӯзро ҳамчун рӯзи ҳидоят ёфтан, пирӯз шудан бар Форсу Рум ва ғайраҳо ҷашн мегирифтанд, аммо онҳо, ки аз дини худ огоҳ буданд ба шариъати Аллоҳ даст дароз намекарданду танҳо аз фармуди Аллоху расулаш пайравӣ мекарданд.

Рӯзе яҳудие ба назди Умар ибни Хаттоб (р) омада гуфт: “эй амиралмуъминин дар китоби шумо Қуръон ояте ҳаст, ки агар он дар китоби мо Таврот мебуд, мо ҳатман рӯзи фуруд омадани он оятро ид мекардем”  Умар (р) он оятро аз забони яҳудӣ шунида гуфтанд: “мо медонем, ки ин оят дар рӯзи фалон дар ҳаҷи фалон нозил шудааст”, яъне Умар (р) сардори муъминон буданд, рӯзи нузули он оятро медонистанд, аммо он рӯзро ид нагирифтанд, барои он ки Умар (р) медонистанд, ки ид ибодат аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки аз пеши худаш ибодати наве фикр карда, онро барои мардум  фарз кунад.

Дар охир инро мегӯям мардони хасис барои модар ва духтару ҳамсарони худ танҳо як рӯзро ҳамчун рӯзи онҳо ихтисос медиҳанд ва танҳо дар он рӯз ба онҳо ҳадияҳо медиҳанду эҳтиромашон менамоянд. Марди воқеъӣ ҳамеша модар ва занро мавриди эҳтироми худ қарор медиҳанду ба онҳо бо нармиш ва муруват рафтор мекунад.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони карим дар Сураи Нисо мефармояд:

“…Ва бо онон( занон)  ба некӯӣ рафтор кунед. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизҳо, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад”(Сураи Нисо,ояти 19)

Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васалам) дар Ҳаҷату видоъ охирон ҳаҷҷе анҷом дода буданд ва ҳангоме дин комил гашт ва Қуръон ба он ҳазрат комилан нозил шуд. Дар он ҷамъ ҳама асҳобашро ба чӣ амр намуд ? “ Бо занҳо хушмуомила бошед “ Яъне аз заъифии занҳо фаҳмида ва аз зургӯйи ва бадмуомила будани баъзан мардҳо фаҳмида васият намуданд,ки бо занҳо бо нармиш муомила намоянд.

Инчунин гуфтаанд: “Беҳтарини шумо оне ҳаст,ки бо хонаводааш беҳтарин бошад (яъне шахсияти беҳтарин ин хушмуомилакунанда бо зану оилааш мебошад) Ман беҳтарини шумо барои хонаводаам мебошам(яъне ман бо ҳамсаронам хушмуомила ва нармрафтор ва аз ҳама мардони умматам нармрафтортар бо онҳо ҳастам)

Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) занҳоро бо хрустал ташбеҳ намудаанд. Чаро чунин ташбеҳе? Зеро хрустал бо як зарбаи кучак пора пора мешавад. Ба он хотир “Рифқан бил қаворир “ гуфтаанд.

Эй мардон бо зану модару духтаронатон нармрафтор ва нармгуфтор бошед. Як рӯзро идашон надонеду ҳадия харед ва рӯзҳои боқимонда бо онҳо дағалӣ намоед.

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал,то марги модарашон издивоҷ накарда буданд,ки мабодо ман занамро бештар дӯстдорам ва модарам аз ман норозӣ шаванд. Луқмаи таъомро намегирифтанд,то модарашон аз он табақ аввал луқмаашро намебардошт,то мабодо чашми модарашон ба он луқма нахурда бошад ва онро хоста бошанд.

Имом Шофеъӣ ончунон ба модарашон эҳтиром доштанд,ки номи китоби фиқҳи худашонро “Алум” Яъне модар гузоштанд. Инчунин садҳо қиссаҳои дигаре низ барои эҳтироми модар вуҷуд дорад аз ин имом.

Имом Абуҳанифа (раҳ) Фақеҳи маъруфи тобеъин модарашон мегуфтанд маро ба назди фалон шайх бубар то як масалаеро аз он кас пурсам. Имом Абуҳанифа (раҳ) бе ягон сухан,ки ман медонам аз ман пурсед намегуфту модарашонро бо пушташон бардошта фарсахҳо мебурданд вақте он шайх медид Абуҳанифа модарашро ба барои савол назди он кас бурдаанд таъаҷҷуб мекарданд,ки фақеҳи Куфа ба назди ман модарашонро овардаанд, дар ҳоле Имом Абуҳанифа донотар аз ӯ буданд. Ин ҳама ба хотири ризо сохтани модар ва баровардакардани хоҳиши ӯ буд.

Таърихи ислом мамлӯъ аз чунин ҳодисот аст ва сирати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва Асҳоби киром (разияллоҳу анҳу аҷмаъин ) инчунин пур аз ин қиссаҳост.

Модарон ва ҳамсарону духтарони худро эҳтиром кунед ва онҳо маликаҳоеанд дар хонадони мо ва шумо. Занони ҷасур ва солеҳа дар хонадоне месабзанду нашъу наму ва парвариш меёбанд,ки дар он хонадон марди солеҳ ва накӯ онҳоро сарпарастӣ карда бошад. Пас аз зумраи мардони накӯ ва солеҳ бош ,то бо васияти Расули акрам (салллоҳу алайҳи васаллам) амалкунанда ва дорандаи духтар ва хоҳари ҷасур ва парасторони насли солеҳ бошанду, ту бо онҳо ифтихор дошта боши!

Барои ман ҳар рӯз модар,хоҳар ва занон эҳтиром доранд ва ҳамеша омодаи хидматам ба ин маликаҳои беҳамто!

Share This Article