Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Абдураҳмон-09 як блогери 25-солаи тоҷики муқими Олмон дар Рӯзи ҷаҳонии зан пушти милаҳои маҳкама ва таҳти фишору истинтоқи муфаттишон қарор дорад. Аммо вай намедонад, ки ҷурмаш чист ва чаро ӯ бояд дар маҳкама бошад? Ба ҷуз аз инки модари Абдураҳмони 09 аст, ки зимни суҳбат ва барномаҳои видеоияш дар фазои маҷозӣ аз фаъолияти мақомоти Тоҷикистон ва худи Эмомалӣ Раҳмонов гаҳ-гоҳе интиқод мекунад. Акнун, ки вай дар дастраси мақомоти Раҳмонов қарор надорад, дар ҷавоб ба интиқодоти вай аз модараш ниқор гирифта истодаанд.
Аммо гумон накунед, ки ин кори мақомот асту Эмомалӣ Раҳмонов дарак надорад. Эмомалӣ Раҳмонов на фақат дарак дорад, дастури боздошту ҳабси ин бону ва ин модари муштипарро ҳам худи вай содир кардааст. Инчунин болои Папкаи вай чунин навишта шудааст :
“(КҶО) КОНТРОЛИ ҶАНОБИ ОЛӢ харфҳои сурх кати менависан тамом дигар гуноҳ дори ё надори тамом приговорат хондагӣ аст бегуноҳ говсуд мешави на адвакат на прокурор на суд на амнияту ягон кас чунин одамҳоро Озод ё сафед карда наметавонанд”
Ин эътирофи як судия буд,ки вақте хело зиёд исрор варзидам бечора ончи набояд мегуфт гуфт. Акнун фаҳмидед манзур аз гуфтани ин,ки худи Раҳмонов медонад ва фармони зиндонкарданро додааст ана ҳамин аст.
Мутмаин бошед, ки майдатарин чунин ҳолатҳо ҳатмани ҳатман бо иҷозат ва дастури худи Раҳмонов сурат мегирад.
Бале, ин танҳо Раҳмонов аст, ки ҳамчунин корҳои бади дар шаъни як роҳбар ва як раиси ҷумҳурӣ номуносиб танҳо аз вай бармеояд! Ҳоло, ки вай бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии зан, ки дар Тоҷикистон Рӯзи модар унвон шудааст, боз ҳам паёми шодбошӣ медиҳад ва аз зан ва модар ситоиш ва тавсиф мекунад, як дурӯягӣ ва як мунофиқие беш нест. Вай дар забону баён дигар мегӯяду дар кору амал кори дигар мекунад. Мушоҳидаҳо ҳокист, ки вай тӯли сӣ соли роҳбариаш ҳеҷ гоҳе ба дархосту талаб ва ҳатто илтимосу илтиҷои ҳеҷ модаре, ки ба шахси худи вай муроҷиат ва дархости кӯмаку мусоидат кардааст, нарасидааст. Ҳамчуноне, тамоми шароиту кору фаъолият ва тиҷорату даромадро барои наздикону бастагони худ дар кишвар фароҳам кардааст, модари худашро бартар ва болотар аз модарони дигарон қарор додааст. Модари худашро даҳҳову садҳо маротиба таърифу тавсиф кардаву намуна овард, ки чи заҳматҳое барои тарбияту камолоти вай ва дигар фарзандонаш кашидааст. Ба модари худаш ҳайкал гузошту ашки чашмонашро ҳам равон кард, аммо камтарин тараҳҳум, камтарин шафқат ва камтарин инсоф ба ҳамин Шоҳида Маҳмадҷонова намекунад, арзу доди Певистамо Абдумӯминова, модари Гулбиддини хунинкафанро намешунавад. Модари Гулбиддин Зиёбеков аз вай чизе нахост, фақат гуфт, ки мехоҳад бо Раҳмонов рӯбарӯ бишавад ва ба вай арзу дарди дил кунад, ки писари ҷавони ӯро дар рӯзи рӯшан тир зада куштанд? Касе ба ӯ посухи ин ҷиноятро намедиҳад. Ва вай аз Раҳмонов ба унвони роҳбари давлаташ, раиси ҷумҳуриаш додхоҳӣ карданист, мехоҳад, Раҳмонов қотилони фарзанди ӯро муҷозот кунад. Аммо Раҳмонов на ба дархости қабулаш ҷавоб доду на пурсид, ки дардат чист, ки водорат кардааст ба роҳбари давлат рӯ оварӣ?
“Аммо ин фақат модари ҷигарсӯхта ва синабирёни Гулбиддин нест, ки ба Раҳмонов муроҷиат кардаву посухе нагирифтаву дарду доғ ҷигарашро хорхор мекунад. Даҳҳову садҳо модари тоҷик Раҳмоновро “одам” гуфта, Раҳмоновро “Муҳтарам” гуфт, Раҳмоновро “Президент” гуфт, Раҳмоновро “раис” гуфт, Раҳмоновро “роҳбар” гуфт, Раҳмоновро “пешво” гуфт, Раҳмоновро “Ҷаноби Олӣ” гуфту ба вай рӯи ниёз кушуд, вале Раҳмонов дар боз накард, аслан нашунид, балке коре кард, ки шуморе аз ин модарон бо ҳазорон ҳасрату алам ин дунёро барои абад тарк карданд.”
Модари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло бист сари сол аст дар зиндон ба сар мебарад, дар дақоиқи охирини ҳаёт исми ин ҷигарбандаш, ки рӯи нодид шуд, мурд. Вай ба Раҳмонов нома навишт, ки ёрӣ диҳад, чун вай ҳам бачаи модар аст, модарашро эҳтиром мекунад, дӯст медорад, аммо Раҳмонов билкул эътино накард. Ва, момаи Қутбияи 82-сола рӯи ҷигарбандашро надид, дидорашон дар қиёмат монд ва Муҳаммадрӯзӣ ҳам иҷозат надошт, ки модарашро ба роҳи охират гуселонад ва турбаташро дар манзили абадиаш бигзорад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки шоҳидон мегӯянд,ки Раҳмонов бо Муҳаммадрӯзӣ сахт улфат шуда буданд,ба ҳадде,ки дар нишасту бархостҳо канори ҳам менишастанд.
Модари Ёқуб Салим ҳам даҳҳо бор ба Раҳмонов нома навишт, ки мехоҳад дар охирин лаҳзаҳои зиндагиаш писарашро дар канораш дошта бошад, раҳму шафқат пеш ораду озодаш кунад, чун Ёқуб ҳатто ҷонашро ҷавшани ҷони Раҳмонов карда буд:
Ашӯрбӣ Салимова, модари вазири пешини корҳои дохилӣ аз ҷумла навишта буд:
«Ман модаре ҳастам, ки аз дидани рӯи фарзандам маҳрумам ва ҷудоии мо чанд сол аст давом мекунад. Умеди дидори писарам Ёқубро танҳо шумо, ҷаноби раисҷумҳур, метавонед ба ман диҳед».
Аммо ҳайҳот, ин пиразан, модари ранҷуру касал ҳам ин орзуяшро хоки гӯр кард. Ёқуб то охирин дақоиқ шишт, ҳамчуноне имрӯзҳо Муҳаммадрӯзии70 сола ҳам бо гузашти 20 соли ҳабс ҳамоно «срок матат» мекунад.
“Ин ҳам дар ҳолест, ки чуноне гуфтем Раҳмонов барои модари худаш ҳайкал гузошту зери он тандис зор-зор гиристу гуфт, ки «дуои модаронро бигиред». Аммо чаро аз ин тарафи кор, ки модарони дигарон ҳам модаранд ва онҳо дуои бад ҳам мекунанд, намеандешад.”
Ҳамин гуна ҳолату вазъият бо бонуи Сангак Сафаров рух дод. Раҳмонов ба ҳамсари Сангак Сафров, раиси Фронти Халқӣ, ки Раҳмоновро сари қудрат овард ҳеҷ тараҳҳум ва шафқат накард. Ба писари Сангак Сафаров ва чанд тани дигар, аз ҷумла писари бобои Салмон ҳукми абад дод. Давлатмоҳ Хоҷаева, модари Нурмуҳаммад ва хонуми Сангак Сафаров борҳо хост, ки иҷозат бидиҳанд то як бор писарашро бубинад, иҷозат надод. Вай он замон навишта буд,ки 100 нома навишт ба президент ва дастгоҳу вазоратҳои марбути ӯ , аммо касе нашунид:
«Ба сомонаи раисҷумҳур ҳам навиштем. Ба ҷои кораш ҳам мактуб бурдем. Аммо аз он ҷо ҷавоб мегирем, ки мактуби мо ба додситонӣ ё додгоҳ барои баррасӣ фиристода шудааст. Ҳеҷ яке ҷавоби аниқу дақиқ намедиҳад. Баъзеҳо мегӯянд, ки худи ҷаноби раисҷумҳур аз ин гапҳо хабар надорад. Ман ҳайрон мешавам, ки ин қадар шахсан ба ӯ ва дигар мақомот муроҷиат кардем, наход хабар наёбад?»
Агар модари 82 солаи Муҳаммадрӯзӣ ва 88 солаи Ёқуб дар ҳасрати ҳатто як бор дидани рӯи фарзандонашон аз Раҳмонов посухи радд гирифтанду ин ҷаҳонро падруд гуфтанд, модари Раҷабалӣ Одинаев, роҳбари «Умед-88» бо вуҷуди навиштани номаҳои батакрор, ки Раҳмонов писарашро афв кунад, мақомоти Раҳмонов мурдаи писарашро ба ӯ доданд. Бибиҷон Қандалиева, модари Раҷабалӣ дар як номааш ба Раҳмонов навишта буд:
«…ба ҳайси як модар аз шумо таваллову тазарруъ мекунам, ки писарам то рӯзи саршавии додгоҳ озод карда шавад, то тавонад қарзашро бигардонад ва тавонам аз дидори азизаш дар ин айёми пирӣ қудрату қувват бигирам, вагарна пур аз армон аз дунё, навмед меравам…»
Ашӯрбибӣ Холова, модари Иззат Амон рӯзи 7-уми март аз иттиҳоми ҷадид нисбати писараш Иззат Амон гуфт ин қазия 12 сол пеш ҳал шуда буд чи гӯна боз ҳамон даъво сурат мегирад. Ин модари пиронсол ҳам дар орзуи дидори писараш аст вале Раҳмонов чун болои пакаи деллои сохтаи ӯ навишта шудааст “КҶО” КОНТРОЛИ ҶАНОБИ ОЛӢ бо ҳарфҳои сурх дигар ҳеҷ касе судат намерасонад. Чун дело зери назорати як қотили ваҳшӣ бо номи Эмомалӣ Раҳмонов қарор дорад. Ба фикрам боз мехоҳад ба ҳукми Иззат Амон чанд соли дигар афзоянд. Чун барои 232 сомонӣ 9 сол ҳукм гирифт ва барои 120 ҳазор сомонӣ 15 соли дигар меафзоянд.
Инҷо мешавад,ки боз даҳҳову садҳо ҳамин гуна намунаҳову мисолҳои муносибати Эмомалӣ Раҳмонов бо модарони тоҷикро овард. Барои мисол, як хоҳари Ғаффор Мирзоев, мулаққаб ба Ғаффор седой, ки вай низ дар овардани Раҳмонов ба қударт ва бақои курсии вай ҷангидааст вале ҳоло бо ҳукми абад дар зиндон ба сар мебарад-хонум Оиша Мирзоева, низ садҳо нома навишту Раҳмоновро ба инсоният ва одамият хонд, аммо аз санг садо ҳасту аз Раҳмонов не. Ба ҳамин тариқ ба Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи тоҷик иҷозат надоданд, ки дар ҷанозаи модараш иштирок кунад ва модари ӯро вақте Шӯҳрат дар зиндон буд, ба роҳи абадӣ бастагонаш гуселониданд.
“Амсоли ин модарон садҳо модари дигари тоҷик ҳаст, ки дархосту номаҳои онҳоро Эмомалӣ Раҳмонов аслан ба эътибор нагирифтааст, чун барои вай модарони дигарҳо арзиш ва аҳамияте надоранд. Вақте вай зан мегӯяд, модар мегӯяд, духтар мегӯяд фақат зану модару духтари худро дар назар дорад.”
Модари Гулбиддин бар ин гумон буд, ки Раҳмон ҳақро ба ҳақдор мерасонад, умед дошт, ки Раҳмонов ба уновни охирин маҳаллу мақоми дод ӯро қабул мекунад. Аммо акнун дигар баъид аст, ки чунин гумон дошта бошад. Чун Эмомалӣ Раҳмонов ҳатто рӯзи қабул надорад, чи расад ба қабули шаҳрвандон. Ҳамин лаҳзаҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ шуморе аз бонувони тоҷик ин бор аз Озода Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, ки роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст нома навишта ва аз вай дархост карданд, ки ба сарнавишти Шоҳида Маҳмадҷонова бетафовут ва бетараф набошад. Ҳоло, бубинем, ки то куҷо ин садо шунавида мешаваду ин нома посухи мусбат дарёфт мекунад. Ва, агар ҳам, ки посухи мусбат дарёфт шуд, бармеояд,ки раҳму шафқати занона ва модарона водораш кард, вале агар ҳам, ки посух ҳамсони посухҳои то ба имрӯзи Эмомалӣ Раҳмонов буд, чизи наве нашудааст, духтари падараш аст.
Аммо ин чиз яқин аст, ки маҳкамсозии Шоҳида Маҳмадҷонова як амали бисёр ҳам зишт аст. Алами писарро аз падар гирифтан худ як ҷиноят аст аммо аз модар гирифтанро ҳатто ҷинояткорон ба худ то имрӯз раво надидаанд, коре, ки назираш воқеъ науфтодааст. Модарони гиромӣ рӯзи 8 уми март Раҳмонов табрикатон кард ҳам бовар накунед ӯро. Раҳмонов ҳеҷгоҳ суханаш бо амалаш мутобиқат намекунад. То имрӯз ҳар ваъдае кард дурӯғ гуфт ва имрӯз ҳам табрикатон кард бовараш накунед. Агар ӯ модаронро дӯст медошту эҳтиром мекард фарзандони шуморо бо шакли иҷборӣ ба хидмати аскарӣ ҷалб намекард ва ё барои набурдан ба аскарӣ мақомоташ 10 сол то баромадан аз синни хидмат пул намеигирфтанд. Писарони шуморо бе гуноҳ зиндонӣ карда ва аз рӯйи бе масулиятӣ ва нокоромадӣ ба Русия ва хориҷ аз Тоҷикистон барои зиндагонии шуморо пеш бурдану таъмин кардан ба корҳои сангин намефиристод. Ҳадди ақал нафақаи шуморо боло мебурд ва нишон медод модаронро дӯст медорад ва дар хидмати модарон аст. Раҳмонов танҳо модари худаш Майрамбиро дӯст медораду тамом. Мумкин аст Узбакбии хушдоманашро ҳам дӯст дорад. Иллати ин гуфтаҳоро алакаи фаҳмидед.
Раҳмонов ба модарон ҷуз ҷабр, ҷафо,зулм ва ашкрезондан кори хайру хубе то имрӯз накардааст. Дар оянда ҳам аз ӯ чунин тавақуъеро ҳам надошта бошед модарони гиромӣ!