Сафари бо аҷалаи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба Тоҷикистон ва дидору мулоқоти вай бо Эмомалӣ Раҳмонов, агарчи кадом санаду ҳуҷҷате барои имзо надошт, вале маълум аст, ки бисёр ҳам зарур ва ногузир буд. Аз як нигоҳ ҷаноби Путин бо ин сафараш ба сарони кишварҳои ғарбӣ ва Амрикоӣ паём дод, ки ӯ президенти “бункерӣ” нест ва озодона метавонад ба қаламрави кишварҳои ,то ҳоло зери нуфузу саитарааш буда озодона метавонад сафарҳо ва бо сарони он кишварҳо дидору мулоқотҳо дошта бошад. Албатта, пеш аз ҳама ба Русия ва Путин. Ҷанги Путин бо Украина, онгунае ки Путин интизор дошт, пеш нарафт, ба дарозо кашида шуд ва Русия феълан таҳти таҳримоти шадид қарор дорад ва ҳамарӯза бештару бештар дар инзивои байналмилалӣ кашонида мешавад.
Мо, наметавонем бигӯем, ки Путин «аз мӯ мадад» гуфта пеши Раҳмонов омада бошад. Вале дар чунин шароит, агар авзоъ ҷиддӣ набуд Путин «мурдая монда тутхӯрӣ» намеомад. Хабарҳое, ки аз сафари Путин дарз хӯрда ҳикоят аз он мекунад, ки Путин ва Раҳмонов соатҳои дароз, бидуни ҳузури каси дигар, «чашм ба чашм» суҳбат кардаанд. Агарчи Раҳмонов дар тамоми роҳравҳои бӯстонсарои ҳукуматӣ бо анвоъи мухталифи меваву сабзиҷот, ҷугориҳоро дар дарахтони атласпӯш овехта, шафтолую,себ, ғарами тарбузу харбузаҳо боз кадуҳоро намегуед «ярмарка» ташкил карда ва талош мекард худро дар паҳлуи Путин шоду хандон ва бо табъи болида ҷилва диҳад (дафтари матбуотиаш як наворе чанддақиқӣ пахш кард) аммо манобеи мо гуфтанд, ки Путин Раҳмоновро дар хеле аз масоил ноумед кардаву ба сараш сатили оби сард рехтааст,ки аз чеҳраи омосидаи кадушоҳ ҳувайдо буд.
” Путин Раҳмоновро ошкоро ҳушдор додааст, ки дар айни замон аз фикри вогузории қудрат ба писараш сарфи назар кунад: «ҳоло фурсат зиёд аст, феълан шароит муносиб нест». Раҳмонов баҳона пеш овардааст, ки саломатиаш хуб нест ва мехоҳад ин корро ҳарчи зудтар ба анҷом бирасонад. Аммо Путин боз ҳам рад карда ва гуфтааст: “тамоми бемористонҳои Русия дар ихтиёри шумост».
Манобеи мо гуфтанд, ки яке дигар аз масъалаҳое, ки на Маскав ва на Душанбе дар бораи он чизе намегуянд ин мулоқоту дидори Владимир Путин бо Аҳмад Масъуд будааст.
Мулоқоти Путин ва Аҳмад Масъуд
“Мулоқоти мазкур бо дархости худи Путин сурат гирифта ва дар ҷараёни он Раҳмонов ширкат накардааст. Маълум аст ки ин мулоқот комилан махфӣ баргузор мегардид, аммо албатта, ки Раҳмонов наметавонист бехабар бошад. Вале Аҳмад Масъуд ин хоҳиши Раҳмоновро, ки Путин ҳамчунин бо Рустам ҳам дидор кунад, ба Путин нарасонидааст.”
Дар бораи мулоқоти Аҳмад Масъуд, раиси Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо Путин дар Душанбе бархе аз расонаҳои Афғонистон бо майли том суҳбат кардаанд. Маълум аст, ки Русия баъди наздикшавии ошкорои Амрико бо Толибон бо ин гурӯҳ, ки ҳоло қудрат дар Афғонистонро дар даст дорад, сахт машкук ва ҳатто ноумед шудааст. Путин солҳо пеш низ маҳз дар Душанбе бо яке аз мақомоти баландпояи Толибон дидору мулоқоти махфиёна анҷом дода заминаро барои барқарории равобит бо ин гурӯҳ муҳайё сохта буд. Аммо ҳоло маълум мешавад, ки Толибон ончуноне Русия мехост, тағйир ва табдил накардаанд ва ҳамоно амалан ҳамчун унсур ва омили бесуботии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба вижа Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Онҳо, ба як калом «ҳаёти хилват» ва «минтақаҳои таҳти нуфуз»-и Русияро ноамну ноором хоҳанд кард. Амрико, ҳамоно онҳоро мудирият мекунад ва маошу пул медиҳад ва ҳама талошҳои Русия барои «ром» кардану «дӯст» гардонидани онҳо натиҷа наовардааст ва ин имкон вуҷуд дорад, ки Ҷабҳаи дуввуми ҷанг алайҳи Русия маҳз дар марзҳои Тоҷикистон созмон дода шавад.
“Русия мехоҳад бо Аҳмад Масъуд «иттифоқ» -и нав бисозад. Путин ниёз дорад, ки чунин муқовимате дар баробари Толибон на танҳо вуҷуд дошта бошад, балки неруманд ва мустаҳкам бошад.”
Чунин вазъи ҳол бори дигар тасдиқ мекунад, ки мавзеъгириҳои «тоҷикона»-и Раҳмонов дар қиболи Толибон аз ҳамон оғоз нақши даст ва «проект»-и Русия буд. Ба таъбири дигар Раҳмонов худро мудофеи Ҷабҳаи муқовимат ва тоҷикони Афғонистон нишон дода вале бо Иморати исломии Толибон дар Афғонистон робитаҳои худро густариш медиҳад.
“Тибқи маълумотҳои расмӣ баъди омадани Толибон ба қудрати дар Афғонистон мизони табодули моло коло 30% афзоиш пайдо кардааст. Қарор аст дар соли ҷорӣ ҳамчунин ҳаҷми фурӯши неруи барқ ба Афғонистонро низ Тоҷикистон як баробар бештар кунад.”
Як манбаъи наздик ба мақомоти гумрук дар ноҳияи Панҷ ба «Ислоҳ.нет» гуфт, ки айни замон дар шабонарӯз на камтар аз 1000 то 1500 тонна зуғолсанги навоҳии Айнӣ ва Рашт ба Афғонистон содирот шуда ва аз онҷо мустақим ба Покистон мунтақил шуда истодааст.Табъан, ки ин ҳазорҳо тонна ангиштсанг тавассути ширкати «Фароз»-и Шамсулло Исмоилови домоди Эмомалӣ Раҳмон, фирмаҳои Бег Сабури қудаи Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозодаи бародарзани Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта истодааст. Инҳо ҳастанд, ки «хуни ҷигари куҳҳо»-и кишварро макида истодаанд. (Зимнан, манбаи мо гуфт, ки барканории Ҷамолиддин Нуралиев аз мақоми муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон-домоди Эмомалӣ Раҳмонов ва шавҳари Озодаи Раҳмон, ба маҳзи иттилооти маҳрамонаи хадамоти истихборотии Русия сурат гирифтааст. Тафсилоти ин қазияро феълан ҷузъӣ дар даст дорем.Аммо ба қариби онро фишурда нашр хоҳем кард
“Бидуни шак Эмомалӣ Раҳмонов тамоми шароити имконпазир ва ҳатто ғайримконро барои кумак ба Путин, ки ҳоло таҳти таҳрим қарор дорад, мусоид хоҳад кард. Чун наметавонад радд кунад. Сахт ва саропо вобаста аст. Имкон дорад барои дастгирии Путин аз захоири тилло ва маъодини гаронарзишаш бифурушад.Аммо, баъдан маълум хоҳад шуд, ки барои давр задани таҳримҳои байналмилалӣ Тоҷикистон чи шароитеро барои Русия фароҳам кардааст, ҳамчуноне баъди боздошти Бобаки Занҷонӣ маълум шуд, ки Раҳмонов дар давр задани санксияҳо бар манфиати Эрон нақш доштааст.Путин аз Раҳмонов хостааст,ки барои ба пул табдил додани захоири тилло ва сангҳои қимматбаҳояш,аз ҷумла алмос кумак кунад ва ҳатто гуфтааст,ки харидори мо Ҳиндустон аст ва вазифаи Раҳмонов ин аст ки ин корро тавассути Тоҷикистон анҷом диҳад. Яъне мусоидат кунад, то ба Ҳиндустон бифурӯшад.”
Барои равшантар шудани вазъият таваҷҷӯҳ кунед ба ин маълумот. Ҳиндустон аз Русия қабл аз таҳримҳо ба ҷуз аз тилло, бриллиант ҳам мехарид ва сипас коркард карда дар бозори ҷаҳони мефурӯхт.То ду миллион ҷой корӣ аз ҳисоби дақиқан ана ҳамин бриллиантҳо дар Ҳиндустон фаъол буд. Шаби гузашта ахбори иқтисодии Ҳиндустонро хондам. Аллакай то сад ҳазор ҷои кории худро пас аз таҳримҳои вазъшуда алайҳи Русия ҳиндуҳо аз даст додаанд. Чунки бонкҳои Ҳиндустон натавониста истодаанд ба русҳо пул гузаронанду борро –яъне тиллову бриллиантро гиранд. Медонед инҷо чи қадар пул мечархад? Ҳоло дар ин ҳолат ягона нафаре, ки метавонад ба Путин дасти кумак дароз кунад ин Эмомалӣ Раҳмонов аст. Пас,яке аз иллатҳои сафари ҷаноби Путин ба Тоҷикистонро метавон роҳандозӣ ва кушодани долони миллардӣ маънидод кард.
“Беҷиҳат нест, ки бархе аз доираҳо дар Украина ба Раҳмонов ҳушдор доданд, ки Путинро барои давр задани таҳримҳо кумак накунад, чун вазъияти худаш вахим хоҳад шуд. Тоҷикистон аз Укроин мебоист боқии трубинҳои Роғунро (4 адад) бигирад. Ин дар ҳолест, ки он завод аз соли 2020 варшикаста шуда имкони тавлиди он трубинаҳоро надорад. Тибқи маълумоти то ба ҳол таъйидношуда Раҳмонов боқии трубинаҳоро дар Чин фармоиш додааст.”
Путин мухолифи Рустам аст
Аммо, яқинан Раҳмонов Путинро «холӣ» намегузорад ва бо роҳҳое ёрӣ хоҳад дод.
Аммо Путин шароитро ба Раҳмонов тавре фаҳмонидааст, ки Афғонистон бо Раҳмонов шухӣ нахоҳад кард.
Амрико ва бозгашти он ба манзури танҳо ҳимоят аз Толибон нест, балки он барои он омада истодааст, ки ҳамон гурӯҳҳои бозгардонидааш аз Сурияву Ироқ масалан ҳамин ДОИШ-ро ба сарҳадҳо оварад ва як ҷабҳаи дигар аз ин самт, самте, ки Русия минтақаи таҳти нуфуз ва ҳаётан муҳимми худ медонад, ташкил намояд.
Тибқи иттиллои расида ба мо Путин ва Раҳмонов дар мавриди иттифоқоти ахири рухдода дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳам ба тафсил суҳбат кардаанд. Маълум мешавад, ки Раҳмонов, беҷиҳат Бадахшонро назада будааст. Фармондеҳони пешин ва лидерони мардумии вилоятро несту нобуд ва ба зиндон кашонидан ҳам ба таҳрики Русия анҷом шудааст. Русия аз он бим доштаасту дорад, ки неруҳои рахнагари мустақар дар Бадахшони Афғонистон аз ҳисоби тоҷикҳо ва шаҳрвандон кишварҳои дигари минтақа метавонанд ба воситаи онҳо Тоҷикистон, минтақаи таҳти нуфузи Русияро ноором созанд. Ба ин маъно, ки афроде назири Мамадбоқир метавонанд аз он неруҳо пуштибонӣ кунанд ва ҳамовоз бишаванд, чун даҳсолаҳост, ки режими маҳаллӣ-қабилавии Раҳмонов мардуми ин вилоятро дар қафас нигоҳ дошта имконе барои рушду равнақ намедиҳад. Ин нукта ҳам бояд тазаккур бишавад, ки феълан низ ҳудуди 500 нафар аз низомиёни Русия аз ФСБ дар муроқибати марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ба ҳайси мушовир фаъолият мекунанд. Табъан, ки Путин аз ҳузури фазояндаи Амрико ва ироаи кумакҳои низомии он барои дифоъ аз марз ба Тоҷикистон хушҳол ва хушбин нест. Ва, аз ин ҷиҳат аст ки Путин ба Раҳмонов ихтор додааст, ки ба «дом»-и амрикоиҳо науфтад. Зеро онҳо ҳатман бозии дусамта (двойной игра) пеш мебаранд.
“Албатта, Раҳмонов ҳам бохабар ҳаст, ки дар марз чиро ин қадар бештар таҷаммуъ мекунанд ва амрикоиҳоро чи кор, ки вай ҷангандаҳо ва чархболҳои Афғонистонро бармегардонад ё хайр? Вале, инки ин ҳама теъдоди физояндаи размандаҳо дар марз ва инки онҳо маошу зиндагии худро аз куҷо таъмин мекунанд, ӯро ногузир мекунад, ки аз хатти кашидаи Путин по берун наниҳад.”
Дар ҳар сурат Путин ба Тоҷикистон «ҳамту» наомада буд. Вай бо тафсиру тафсили вазъияти мавҷуда ва ояндаи норушани марз дар Афғонистон ба Раҳмонов мегуяд, ки дар ин мақтаи замонӣ имкони овардани Рустам вуҷуд надорад.
“Тибқи иттиллои ба мо расида ҳамагӣ баъди чанд рӯзи задани Бадахшон Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) ва чанд мансабдори дигар вазорати дохилӣ дигар дар шаҳрҳои Кулоб ва Бохтар бо «силовикҳо» мулоқот карда ва аз ноамнӣ дар хатти марзҳо ва таҷаммуъи зодагони осиёи миёнагии аъзои Толибон ва инки зарифятҳои давлат маҳуд аст ва бояд «омода бошанд» суҳбат кардааст. Яке аз ин ҷаласаҳо дар як бинои таҳхонаи фурудгоҳи Кулоб баргузор шуда ва таъкид шудааст, ки дар сурати зарурат бояд омода ба ҳифзи марзи ватан бошанд: «чун дар ҳақиқат хатар ҷиддӣ аст».
Абдураҳмон Бузмаков гуфтааст, то метавонанд аҳолиро аз тамоши барномаҳои шабакаҳои «Ислоҳ», «Паём», «Ҳақ ва ботил» ва чандеи дигар боздоранд. Вай дастур додааст,ки болои нафароне, ки дар кишварҳои арабӣ ва Покистону Эрон таҳсил кардаанд «слежка» ,назорат сахт карда шавад: «Мо намедонем, ки онҳо дар сари худ чи хиёл доранд. Имкони истифодаи онҳо вуҷуд дорад». Ин маълумотҳои оперативӣ ва дақиқ аз манобеъи амниятии муътамад ба “Ислоҳ” расидаанд.
“Аммо Путин на танҳо фурсат барои овардани Рустам муносиб нест гуфтааст, ҳамчунин гуфтааст, ки барои ҳифзи марзҳо бо Афғонистон бояд шумори сарбозони Русия дар пойгоҳи 201 бештар бишавад. Путин гуфтааст, ки шумори мушовирини низомии Русия дар марзҳо ҳам кофӣ нест. Путин ба Раҳмонов гуфтааст, ки «мо медонем,ки суратҳисобҳои ту дар кишварҳои аврупоист, вале агар дар қудрат набошӣ ин суратҳисобҳо автоматӣ аз дастат мераванд».
Аммо, сангинтарин суҳбат ва тавсияе,ки Путин ба Раҳмонов кардааст ин аст ки бо мухолифини дар Аврупояш ҳатман забон ёбад ва онҳоро ба ватан баргардонад. Путин таъкид кардааст, ки бояд бо рақибони исломияш ҳатман забон ёбад. Ҳамчуноне Русия дар соли 1997 Раҳмоновро водор карда буд,ба он шакл ва ё, намедонам бо чи навъе,аммо “придётся” ин корро кунад.
Аз Аҳмад Масъуд хостааст, ки ба Путин бигуяд, ки ҳамкориҳояшро бо Рустам барномарезӣ кунад.Раҳмонов ҷуръат накадааст, ки Рустамро бо Путин нишонад. Аҳмад Масъуд талаби ӯро иҷро накардааст ва Раҳмонов дар хашм шудааст.
“Путин ба унвони як чекисти собиқадор Раҳмоновро сахт омухтааст. Медонад, ки вай барои онки дар қудрат бимонад, омадааст ба ҳама «уступка» биравад. Сабаби асосии танҳо ба танҳо суҳбат кардану шабро бо Раҳмонов рӯз кардан ҳамин аст ки ин ҳамаро ба рухаш бикашад. Барои ҳамин бо вай дар танҳоӣ суҳбат кард. Дар ин суҳбат Путин бо пеш овардани ин ҳама далоил ва иттилоти истихборотӣ ба Раҳмонов таъкид кард, ки имкон надорад, дар чунин шароит Рустам биёяд.”
Бале, Путин ба Душанбе хабару паёми хуше наоварда буд. Агарчи Раҳмонов худро бисёр ҳам хурсанд нишон медод вале дар асл он тавр набуд. Путин ӯро гуфт,ки феълан таваққуф кунад. Мақтаи замонӣ хело номуносиб аст.Ин ҳама кумаку наздикӣ ва ройгон додани самолоётҳову вертолётҳо ва 60 миллион кумаки низомӣ, аз ҷумла 20 миллиони он барои харидории «безпилотникҳо»-и амрикоиҳоро Путин ба наҳве фаҳмонд, ки инҳо заминагузорӣ ба як ҷанги дигар ва дар ниҳоят аз қудрат равонидани як диктотур аст.
Путин, барои онки Раҳмонов то чи ҳадд ҷиддӣ ва хатарнок будани ин ҳама суҳбатҳои ӯро комилан идрок карда ва бозӣ напиндорад, шахсан худаш омад,то бо забони худаш бифаҳмонад ва бубинад ,ки реаксияи Раҳмонов чи гуна хоҳад буд….
Ps: Манобеъи “Ислоҳ” дар сутуҳи болоӣ қарор доранд,ки аз Раҳмонов сахт хаста шудаанд. Ҷузъиёти бисёре аз мулоқоти Путин ва Раҳмоновро ба мо ирсол намудаанд вале чун ин маълумот бо код ё рамз ҳастанд кушодани онҳо фурсат мехоҳад. Пас аз комилан омӯхтани маълумот ҳатман ҷузъиёти ин сафар ва мулоқоти тулонии як ба яки Раҳмонов ва Путинро пешниҳод хоҳем кард.