Дархости даҳуним соли зиндон ба Далери Имомалӣ, рӯзноманигори мустақил ва яке аз блогерони муваффақи тоҷик аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ як бори дигар дурустии мавқеъ ва сӯҳбатҳои намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон дар нишасти имсолаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро таъкид ва таъйид кард. Вақте сӯҳбат аз сарнавишти рӯзноманигорони дар ин авохир зиндонишудаи тоҷик, аз ҷумла роҷеъ ба ҳафтунимсоли зиндони Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҳамкор ва наворбардори Далери Имомалӣ мерафт, ҳадсу гумон зада мешуд, ки Раҳмонов барои Далер ҳукме сангинтар аз Абдуллоҳ Ғурбатиро содир хоҳад кард. Ва, ҳамин тавр ҳам шуд ва ростӣ, набоядам таваққуъ дошт, ки ранги дигар мешавад. Раҳмонов ва мақомоти вай, ба шумули додситону додгоҳ, ҳамчуноне борҳо тазаккураш рафт, қонуну қоидаро кайҳо канор гузоштаанд ва боядам тавре қарор содир кунанд, ки ҷомеа дар тарсу ваҳшат даступо занад.
7уним сол!!!
10уним сол!!!
Барои кори журналистӣ, барои чизи дигаре не!! Барои қатлу куштор, барои таҷовуз, барои дуздӣ, барои садама не, барои инъикоси воқеият барои нақду интиқод, ки кори журналист ҳамин аст!!!
Аммо, барои онки ҷомеаро гул бизанад, ба дохилу берун тавре дигар тавзеҳ диҳад иттиҳом ҳатман дигар мешавад. Далери Имомалӣ ва ё Абдуллоҳи Ғурбатӣ барои кори журналистӣ не бо ҳамон иттиҳоми «муд»-шуда, ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24, яъне гурӯҳҳои мамнуъа муҷозот мешаванд.
Ҳоло ин гурӯҳҳоро ва ин дархости 10уним соли зиндонро каме раҳо кунему биравем ба нишасти ахири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар аввали навишта ишорат ба нишасти он ва алоқаи он ба талаби даҳуним сол ҳабс ба Далери Имомалӣ кардем.
Гап дар сари он аст ки имсол дар ин нишаст ширкати Паймони миллӣ ва созмонҳои узви он бисёр ҳам таваҷҷуҳангез ва диққатҷалбкунанда буд. Ба он ҳадде, ки аксарияти намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар бо намояндагони мухолифини тоҷик бештар сӯҳбат ва дархости сӯҳбат карда ва ағлаб масоили матраҳ ва пешниҳодкардаи онҳоро мавриди мубоҳиса қарор доданд. Ҷолибияти кор дар он буд, ки ин навбат суханронон аз Паймони миллии Тоҷикистон, Бунёди Бузургмеҳр ва Гурӯҳи 24 ва вакилони дифоъи мустақил ба ҳангоми тарҳи масъала ва мавзуъ ангушт рӯи нукот ва далели мушаххас гузоштанд.
Вақте Фирузи Маҳмадалӣ, писари Муҳаммадалии Ҳайит мегуфт, падари ман фақат ба хотири онки аз масъулони ҲНИТ буд, ҳукми абад гирифт ва ё вақте Абдусаттор Бобоев мегуфт, ки 200 тан барои онки узви ҲНИТанд ва ё 500 нафар ба иттиҳоми бепояи узвият дар «Ихвон-ул-муслимин» ба давраҳои тулонӣ ва ҳатто то ҳукми абад зиндонӣ шуданд, аҳли нишаст тааҷҷубзада мешуд, ки чаро инсонҳо барои ақида маҳкум ба зиндон мешаванд?
Абдусаттор Бобоев раиси кумитаи шаҳрвандии наҷоти гарвгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон гуфт,ки имрӯз зиндонҳои Тоҷикистон пур аз афроди бегуноҳ аст ки барои ақида ва дидгоҳҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд.
«Ман аз Тоҷикистон ҳастам ва беш аз 200 ҳамкорам ҳамин алъон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд ва ду нафари онҳо ҳукми абад доранд. Танҳо гуноҳи ин зиндониён ин аст, ки онҳо аъзои аҳзоби мухолифи Тоҷикистон будаанд. Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро дар соли 2015 ба иттиҳомоти сохтаву беасос ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард ва чанд тани онҳо бо сабабҳои мухталиф дар дохили зиндонҳо кушта шуданд. Соли 2020 ҳукумат эътироф кард, ки 113 нафарро ба иттиҳоми узвият дар “Ихвонул-муслимин” равонаи зиндон кард, вале далелҳое вуҷуд дорад, ки ба ин иттиҳом ҳудуди 500 нафарро боздошт, шиканҷа ва зиндонӣ кардааст.»
Абдусатор Бобоев дар ин ҷаласа пешниҳодҳоеро матраҳ кард ба ҳукумати Амрико, ки аз ҳама ҷолибаш вобаста ба қонуни Магнитский буд:
“Аз ҳукумати Амрико талаб менамоям, ки “Қонуни Магнитский” (Global Magnitsky Human Rights Accountability Act)-ро алайҳи мақомоти тоҷик, ки дар нақзи ҳуқуқи башар, шиканҷа ва фасод бевосита даст доранд, татбиқ намояд”
Дар воқеъ ҳузури намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон ва дигар гурӯҳ ва афроди мухолифи режими Душанбе дар нишасти солонаи Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо,ки аз 26сентябр то7октябр дар Варшаваи Лаҳистон доир шуд,бисёр ҳам муассир ва сутуданӣ буд,чун бо мисолу бурҳонҳои мушаххас як бори дигар чеҳраи касифи режими Раҳмонов ва худи вайро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ намоён карданд.Барои мисол Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо нашру тавзеъи як маҷаллаи вижа аз ҳаводиси ахири Бадахшон, мавориди фаровони боздошти фаъолони ҷомеаи маданӣ ва зиндонсозии онҳо, ҳамчунин дастгиршавии оммавии хабарнигорон ва низ низоъи мусаллаҳона дар марзи бо Қирғизистон бо забони англисӣ ва русӣ ба аҳли нишаст маълумоти мувассақ ироа дод.Манзур маҷаллаи вижаи Бадахшон бо номи “Наслкушӣ дар Бадахшон” ва тарҷумаи он бо забони англисӣ “ GENOCIDE IN BADAKHSHAN” ,ки бо матолиби ҷолиб ва мудаллал ва чопи зебо диққати аҳли конфронси САҲА –ро ба худ кашид ва мавриди баррасии онҳо қарор гирифт.Раиси “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” Абдусаттор Бобоев гуфт,ки дархости ҳама муассисаи ҳуқуқӣ ва намояндагони давлатҳои гуногун дар ин нишастро барои дастрасӣ ба ин маҷалла таъмин кардаанд. Ҷаноби Бобоев гуфт,ки дархостҳо хеле зиёд шуданд ва маҷбур ба нашри такрории маҷалла шудаанд.Дар нишастҳои ҳошиявии ин конфронс,ки ба ҳаводиси Тоҷикистон тааллуқ доштин маҷалла тавзеъ шуд.
Раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбати ихтисосиаш бо “Ислоҳ” гуфт: “Мулоқотҳое дар нишасти САҲА ва ҳошияҳои он бо намояндагони давлатҳо ва муассисаҳои ҳуқуқии хориҷӣ доштем, хело муҳим ва судманд буданд. Таваҷҷӯҳи хело зиёдро аз кишварҳои гуногун ва муассисаҳои ҳуқуқии хориҷӣ нисбати Тоҷикистон бедор карданд,ки дар гузашта надоштем.”
Посухи савтии Муҳиддин Кабириро дар навори видёии ин матлаб бо дигар шарҳҳо мебинед.
Дар зимн баҳсе дигар,ки дар ин нишаст фазоро гарму доғ кард посухҳои устод Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон ба ҳомии ҳуқуқи инсон аз Қирғизистон Айдар Содиқов, ки мегуфт Тоҷикистон ба қаламрави кишвараш таҷовуз кардааст. Аз САҲА хост сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ кунад.
Раиси ПМТ ба ҳайси як лидери мардумӣ ва соҳибватани ростин ба иддао ва иттиҳомоти намояндаи қирғиз дар робита ба ҷанги ахири ду кишвар дар марз ҷавоби муҳкам ва дандоншикан дод.
Нуктае,ки мешавад бар сари он як каме тааммул ва андеша кард ин аст ки ҳомии ҳуқуқи инсон аз Қирғизистон Айдар Содиқов ба таври зимнӣ ва бо ишораҳое Русияро муқассир ва таҳрикдиҳандаи низоъҳои марзӣ бо Тоҷикистон меҳисобад. Ба гуфтаи вай вақте Қирғизистон бо хости худ ва бидуни мувофақа корҳое анҷом медиҳад русҳо бо дасти Тоҷикистон ба марз тир холӣ мекунанд.
Ҳомии ҳуқуқи инсон аз Қирғизистон шарҳу тавзеҳи бештар надод.
Вале бояд ҳар тардоманаку сангандозе бидонаду огоҳ бошад,ки мо мухолифи ин режим ҳастем.Аз хоки ватан ҳамеша ҳимоят кардаему хоҳем кард. Онҳое ,ки иттиҳоми “хоин” ва “хоҷадор”-у “террорист”-у дигар тамғаҳоро бар ПМТ ва ҲНИТ ва роҳбарияти он мезананд камтар таъаммул кунанд. Шоҳид будед, ки дар ҳодисаи низоъи охир миёни қирғизу тоҷик роҳбарияти ПМТ аз ватани худ ҳимоят кард, на дипломатҳои режими Раҳмонов.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар нишасти ИДМ ба Санкт-Петербург нарафт, баргузории размоиши ОДКБ дар қаламравашро лағв кард ва худаш ҳам эълон кард,ки ҷиҳати ширкат дар ин машқҳои ҳарбӣ ба Тоҷикистон намеравад. Ва, нуктаи ҷолиби дигар ин аст ки дафъатан Тоҷикистон баргузории ин размоишро ба кишвари худ овард ва Путин ба Раҳмонов орден ҳам дод. Хуб, ҳоло пушти ин ҳама қазия чи аст, ба вақти дигар мегузорем вале ончки ишорат шуд ба он хотир буд, ки ин баҳс дар нишасти солонаи САҲА дар Варшава бархост ва устод Кабирӣ онро беҷавоб нагузошт, мақомоти Тоҷикистон ин бор дар ин нишаст ҳузур надоштанд.
Раиси Паймони миллӣ ва ҳамзамон раиси ҲНИТ метавонист дар таъйиди иттиҳоми қирғизҳо,ки гуфтанд аз ҷониби Тоҷикистон террористҳо дар ҷанг ширкат карданд, суҳбат намояд. Зеро дар ҳақиқат муҷоҳидони артиши Наҳзати исломии Тоҷикистон Мирзохуҷа, Намоз, эшони Дароз таҳти фармондеҳии Шоҳ Искандаров дар ин набард ширкат варзиданд. Маълум нест ин фармондеҳон, ки бархеаш дар остонаи 70 аст бо чи шароите дар ин ҷанг иштирок карда бошанд. Кабирӣ метавонист бигӯяд, ки чаро ҲНИТ террористу асту аммо фармондеҳони асбақи он барои ин ҷанг ҷалб мешаванд. Ин ҳамкории Раҳмонов бо террористон нест? Ва вақте қирғизҳо мегӯянд, ки тарафи тоҷикӣ террористҳоро вориди ҷанг кард, магар дурӯғ гуфт? Чун Раҳмонов ҲНИТро террорист эълон кардааст. Аммо,ҳеҷ кадоме аз инҳоро ба забон наовард.
Вале Додситони кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳороте сӯҳбатҳои Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов дар ин нишастро ба боди интиқод кашида талош кард, ки ба навъе ба САҲА аз ҷониби режими Раҳмонов посух бидиҳад.
Раиси Паймони миллии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ин ҷаласа дуруст ва бамавқеъ ишора кард, ки ҳукми ҳафтунимсоли журналист ва блогери тоҷик Абдулло Ғурбатӣ посухи ҳукумати Тоҷикистон ба САҲА аст:
«Мақомоти Душанбе бо судури ин ҳукм нишон доданд, ки ба онҳо он ҳама чизе, ки дар бораашон дар анҷумани Варшава мегӯянд, арзише надорад»
Аммо посухи Додситони кулл аз ҳамон иттиҳому буҳтоноти қаблӣ саршор буд, ки мегуфт онҳо террористанду оромиву суботро хароб мекунанд. Изҳороти Додситонӣ бори дигар нишон дод, ки террористӣ хондани ҲНИТ як дурӯғе беш нест ва ҳадаф аз ин ҳама иттиҳому буҳтонҳо аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ҲНИТ буд, то дар интихоботҳои баъдӣ курсиро аз зери пойи Раҳмонов натавонад бикашад. Вагарна чи тур мешавад, ки ҳизб террорист бошаду ҷангсолорони он не ва баракс онҳо дар ҷанг бо Қирғизистон ҷалб бишаванд?
Аммо чизи дигаре, ки мояи тааҷҷуб аст ин аст ки дар изҳороти Додситони кулл исми ман ҳам ба унвони иштирокчии нишасти солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо тазаккур шуда ва ҳамчунин аз онки алайҳи банда парвандаи ҷиноӣ мавҷуд аст ишорат шудааст. Бале, медонам, ки парванда дорам ва шояд ҳам чандин ҷилд бошад. Вале ман дар нишасти САҲА ҳузур надоштам. Намедонам, ки чи қадар додситонӣ маълумот дорад, ки як дуруғеро бо ин сатҳ дорад расман изҳор медорад. Аммо як матлабе ба нашр расонида будем дар оғози шуруъи кори САҲА зери унвони “Биравад ба ОБСЕ, ки чӣ бигӯяд?”, мисле, ки таъсир кардааст ва диданду аз воқеият ҳаловат бурданду моро ҳам узви иштирок дорони ин конфронс намудаанд.
Ҳоло, барои онҳое, ки мегуянд ва ё дағдағаву даъво мекуннад, ки «агар мардӣ,биё дар дохил гап зан» гуфтаниам, ки агар Далери Имомалӣ ва Абдуллои Ғурбатӣ барои ҳамкорӣ бо мо ва ман ба ин қадар ҳукми золимона мувоҷеҳ мешаванд, ман биравам, ки чи мешавад? Бо онки ман сад бор ва лозим бишавад ҳазор бори дигар такрор мекунам, ки на Далер ва на Абдуллоро намешиносам ва иртиботе надоштаму надорам, чизе иваз нашуд, ҳоло бархезаму биравам, ки бидоранду зиндонӣ кунанд, чи хоҳад шуд?
Мо, инҷо мемонем, табли расвоии Раҳмоновро менавозем ба ҳадде, ки ҷуръат намекунад, ки ба нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо биояд. Раҳмонов барои он наомад, ки дар баҳсу сӯҳбати рӯбарӯ бо мо шикаст хурдааст ва шикаст мехурад. Ҳамин мурофиаҳои додгоҳии Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалиро ҳам агар ошкоро мегузаронд, вай яқинан шикаст мехурд, чун чизе барои муттаҳам кардан надошт. Барои ҳамин мурофиаҳои онҳо пушти дарҳои пушида баргузор мешавад….
PS Ҳузури муассир ва пурранги Паймони миллӣ ва дигар гуруҳҳои сиёсӣ дар ин нишаст,дар асл натиҷа ва паёмади рушди диктотурӣ,саркубу хафақони тамоми озодиҳо,нобуд кардани ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ дар кишвар аст.
На танҳо Додситони кулл буд,ки аз дасти боло ва фаъъолияти муассири оппозитсион дар САҲА нороҳат шуду чун муйи оташдида бипучид ҳамчунин хашму ҳасодати тардоманакҳои аврупоиро ба бор овард. Ва,онҳо,ки дигар аз ҳар саҳна ва маъракаҳо тард ва парт шудаанд,бо интишори постҳо ва сангаандозиҳо худро ба ҳайси косалесони аврупоии режим,ки мавқеъу ҷойгоҳашонро ҳам дар назди худи режим ва мардум гум кардаву аз фаъолияти ПМТ дар САҲА дасту похурда шудаанд,ба намоиш гузоштанд.
Ҳарчи бигӯянд, ҳам ину ҳам онаш, мо як ҳадаф дорем ва он ҳадафи ҳама миллат ва мардуми кишвар аст:раҳидан ва раҳонидан аз ин режими диктотурӣ.