Гузориши солонаи “Ислоҳ” ба миллат ва мардум

Ислоҳ нет

Соли 2022 ҳам, ки ба таърих пайваст, як боби дигареро дар достони зиндагии муҳоҷирати мо афзуд. Бо ҳама шебу фароз,сардиву гармӣ, хубиву бадиҳояш дигар табдил ба моли хотира шуд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ аз қасду нияти бозгашт ба ватан мунсариф нашудаем. Шаб дар хобу рӯз дар бедорӣ дилу ҷони мо барои ватан ва ба ёди ватан метапад. Мо, ҳам дар шумори ин лашкари чандсадҳазории ҳамватанони муҳоҷирони кориамон мусофиру муҳоҷиру ғарибем. Аммо ёди ватан, ишқу меҳри ватан, роиҳаи ватан моро орому осуда намегузорад, мекашад ба самташ, мекашад ба суяш.

Ин масъулияти имониву исломии мост ва қабул кардаем, ки бо шумо бошем ва барои шумо кору фаъолият кунем. Шукр мар Аллоҳи меҳрубонро, ки кору фаъолияти мо ва талошҳои мо ҷавоб додаанду медиҳанд.

  «Ислоҳ» ва тими он соли 2022-ро бобарор ва пурбору бо пешравӣ ба охир расонд. Бахусус, ки иртиботу алоқа миёни мо ва ҳамватанони дар дохил ва хориҷи кишвар беш аз пеш густариш пайдо кардаву тақвият ва таҳким меёбад. Ин шаАллоҳ бо ин тарзу усул, ки пеш биравем, даст ба даст бидиҳем аз зери зулми ин лаънаткардаи Аллоҳ ва аз ин бало наҷот меёбем.

Хуб,ҳоло дигар, бигзарем ва биравем ба зикри он иттифоқоту омору арқом, ки дар соли гузашта барои мо пеш омаду боиси масаррат ва шодмонии мо ва ҳаводорони мо шуд. Нашру пахши барномаҳои «Ислоҳ» аз тариқи шабакаи моҳвораии «Паём.тв» ҳузури  моро дар хонаву кошонаи шумо бештар ва қаринтар кард. Барномаҳои пуртарафдору пурбинандаи «Минбари муҳоҷир» аз тариқи ин шабакаи моҳвораӣ ба таври мустақим пахш шуданд. Он қисмати саволу ҷавоб бо алоқамандону коруфтодагон тарафдорони режимро то сарҳади ҷунунӣ бетоқату девона кард. Чунки мардум бе ибо аз мушкилоту дардҳои худашон мегуянд ва ошкоро изҳор медоранд,ки сабабгори як чунин зиндагии пурмашаққати онҳо маҳз сиёсатҳои ғалат ва нодурусти Раҳмонов аст.  Дар ҳоле ки 24 соат шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон аз Раҳмонов ба унвони қаҳрамону наҷотбахшу сулҳофару таъминкунандаи оромишу рифоҳ суҳбату барнома нашру пахш мекунанд, мардум бо таваҷҷӯҳ ба инки мо, маҳз мо воқеият ва ҳақиқатро мегуем ҳамвора ба тарафи мо майл мекунанд.

Худатон шоҳидед, ки тарафдорони Раҳмонов бо вуҷуди талошҳои батакрор наметавонанд, ҷуръаташро надоранд, ки сару сурати худро, қиёфа ва чеҳраи худро дар ҷараёни барномаҳои онлайнии мо, ки даҳҳо ҳазор тамошочӣ дорад, нишон бидиҳанд. Ин ҳолат на як бору ду бор пеш омад. Чунки онҳо ҳарфе наметавонанд барои гуфтан пайдо кунанд. Раҳмонов ҳиҷ коре, ки барои мардум ва миллат карда бошадро анҷом надодааст. Инки миллионҳо дар ғарибиву муҳоҷиратанд ба маҳзи он аст ки нону насибаи онҳоро Рустаму Исмоили Таҳминаву дигару дигар аъзои оилаи Раҳмонов доранд мебалъанд ва мо инро ошкоро ва бо далелу мадрак ифшо мекунем ва аз инҷост ки мардум ба самти мо меоянду ин чоплусакону тамаллуқпешагону лесакон, ки гаҳ-гоҳе мехоҳанд дар барномаҳои онлайнӣ аз Раҳмонов пуштибонӣ кунанд, забонашон банд меуфтад, чеҳраашонро наметавонанд нишон бидиҳанд.

“Гуфтем, ки соли 2022 барои мо хело соли пурмаҳсуле буд ва мо тавонистем ба натоиҷи назаррасе ноил шавем. Мо, дуруст аст, ки дар дори ғурбат ҳастем. Вале ин ҳама талошҳои мо барои баргаштан ба ватани азизамон аст то ин санги бузурги ҷаҳолат ва ваҳшатро дур афканему бишканему нарму хокаш кунем. Ва мисли соири мардумони дигар ақвом ва милал озодона дар кишвари азизи худ зиндагонӣ намоем. Аммо имсол ҳам Аллоҳ ба мо бозгаштро насибу муқаддар накарда будааст. Онро гузошта будааст барои соли оянда, ки таманно дорем Аллоҳ дар ин сол онро насиби мо ва ҳама муҳоҷирони иҷборӣ ва туҳматшуда гардонад. Мо ҳаргиз аз раҳмати холиқамон бе насиб нестем ва имони комил дорем он таҳаққуқ пайдо мекунад ин ша Аллоҳ.”

«Ислоҳ» дар соли 2022 низ чун солҳои пешин чанд ҳазор маротиба мавриди ҳамлаҳои ҳакерӣ қарор гирифт. Вале алҳамдулиллоҳ масулини ва барномаҳои муҳофизатии мо нагузошт, ки муваффақ ба куллан бекор кардани он бишаванд. Албатта, аз як ҳамлаи сахти ҳакерӣ, ки дар моҳи май иттифоқ уфтода тавонист барои се рӯз бароямон мушкил дуруст кунад, наметавонам алоҳида ёдовар нашавам. Вақте мутахассисони истихдомшуда иллал ва авомили ин ҳамларо ошкор карданд ва тазаккур доданд. Гуфтанд барои ҳамчунин амалиёти тахрибкорона садҳо ҳазор доллар масраф карда шудааст. Вале шукри Аллоҳ дубора мушкилотро рафъ ва користонамонро барқарор намудем ва чуноне ҳам мебинед боз бидуни хастагӣ фаъолияти мо идома дорад.

“Имсол ба монанди соли 2021 режими Раҳмонов ва дору дастааш ва бахусус  «фабрикаи ҷавоб» ба ҳамон тактики бадномсозияш алайҳи мо кори худро идома дод, вале суръати шиддаташ коҳиши камсобиқа дошт, чунки ба нокомиаш тан дардодааст. Бешак дар соли гузашта ҳам талошу кушишҳояш барои бадномсозии мо ноком ва бефоида буданд. Баракс мисли амали бумеранг(шашпар) талошу саъйашон бар зарарау зиёни худашон хатм шуд.”

Чуноне шоҳид будед ба ирсоли паёмакҳо дар телефонҳои мобилӣ ва нашри навори бадномсозанда ҳамчунин корҳои зиштеро бар муқобили мо анҷом доданд.

Дар соли 2022 режим тавассути мақомоти амниятияш ба ҳама муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо, макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва ғайра барои навиштани чизе бар алайҳи мо муваззаф намуданд, то аз режим ва оила ҳимоят намоянд ва бар алайҳи мо ҳамчун филми «Хоини миллат» чизе бигӯянду нависанд. Инчунин кумитаи дин ҳам ба тамоми имом хатибон дастур дод, ки бар алайҳи “ҲНИТ” ва «Ислоҳ»-у Муҳаммадиқбол чизе бигӯянду мардум ва хоссатан ҷавононро аз тамошои барномаҳо ва хондани матолиби мо барҳазар доранд. Ин маъракаро ҳам то ҷое амалӣ намуданд. Ҳатто барои тарсонидан як имом- хатибро ҳам ба ҷурми ҳамкорӣ бо мо барои панҷ сол зиндонӣ карданд дар Кулоб. Ин амалкарди мақомоти амниятӣ аслан барои мардум таъсире надошт, чунки мардум ончи мо мегӯем баръало мушоҳида мекарданд, ки мо дурусту ростем ва ҳақиқатро мегӯем ва ҳеҷ чизе нагуфтем, ки он дар кишвар ҷо надошта   ва он туҳмат ва буҳтон бошад. Охир чи гуна дар муқобили ҳақиқат ва ростӣ мубориза мебаред, дар ҳоле мардум худашон шоҳиди ҳама ҷурму ҷиноёти шумо буданд ва ҳастанду бо чашмони худ онро мебинанд.

“Барои намуна ва ё мушт намунаи хирвор. Ҳамин чанд рӯзи пеш гуфт, ки зимистон бо барқ таъмин мешавед. Аммо шабона, вақте ҳаво сарду торик аст боз ҳам свет нест. Вақте худаш дуруғ мегуяд, вақте худаш медуздад,вақте худаш тақаллуб мекунад чи хоҳад шуд.Дигарҳо давом медиҳанд.  «Ислоҳ» имсол дар инъикос ва тасвири ҳодисоти хунине ,ки дар Бадахшон гузашт мардуми сарбаланди он мавриди қатли омм қарор гирифтанд, кутоҳ наомад. Ҳаводисро ҳам дар барномаҳои онлайнӣ ва ҳам дар гузоришу матолиби алоҳида ба таври муфассал мунъакис намудем. “

Мардуми дар дохил ва хориҷро, ки аз ҳодисот огоҳӣ надоштанд ба хубӣ огоҳ намудем ва ҷиноятҳои зидди башарии режимро ифшо намудем. Дар қазияи ҷангу муноқишаҳои хунини марзимиёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳам барномаҳои зинда, пахшҳои мустақим анҷом додем, ки мардум аз хориҷ ва дохили кишвар дар он иштироки фаъолона доштанд ва аз асли вақоеъ мардумро огоҳ намудем.

Ва ҳоло меоем мустақим ба сари омору арқом, ки худ шавоҳиди зинда ва гуёеанд, ки ҳосили фаъолияти мо то ҳад самраовар ва бонатиҷа будааст:

“Дар соли 2021 агар адади обунашудагон ба 154 ҳазор ва барномаҳои моро 40 миллиону 150 ҳазор бинанда тамошо карда бошад,соли 2021дар шумори муштариҳои мо  52 ҳазор нафар изофа шуда бошад дар соли 2022 шумор обуначиёни Ислоҳ ба 182 ҳазор нафар расидааст. Яъне  28 ҳазор нафар дар соли 2022 обуна шуданд, Адади бинандагон бошад 39 миллион нафар буд. Агар дар соли гузашта 52 ҳазор обунашуда буданд имсол 28 ҳазору 700  бинанда обуна шуданд. Имсол иртибот бо мардум хело зиёд буд ва таваҷҷӯҳ ҳам аз солҳои гузашта ба мартиб болотар буд. Алҳамдулиллоҳ метавонем бигӯем Ислоҳ имсол пурбинандатарин шабакаи хабариву таҳлилӣ дар контенти сиёсӣ буд, ки кашиши он зери инқадар фишорҳои зиёди мақомот то ҳамин миқдор мешавад ” 

Имсол дар Пойгоҳи “Ислоҳ” 191 матлаб нашр шуд, ки агар ба рӯзҳои сол татбиқ кунем 174 матлаб камтар аз шумори рӯзҳои сол аст. Яъне мешавад гуфт ҳар ду руз як матлаби нав.Аммо матолиби мо таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ мебошанд. Имсол бахшида 25 умин солгарди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон мо нашри як барномаеро дар нуҳ қисмат таҳти унвони “Сулҳ бо ривояти дигар” пешкаши хонанда ва тамошобин намуда хеле аз паҳлуҳои пинҳон ва ногуфтаи раванди сулҳсозӣ дар кишварро бозгу намудем.Инчунин бахшида ба 30 солагии Иҷлосия сарнавиштсузи 16 низ риштагузоришеро дар 30 қисмат омода ва нашру пахш намуда истодаем. Ин барномаи мо зери унвони “30 солагии16-умин иҷлосия ё ифлосия?” ҳоло ҳам  идома дорад ва мо қисмати 22юми онро барои пахш таҳия ва омода кардем, ки воқеан кори саҳлу содае набуд. Ин ша Аллоҳ идомаи 8 матлаб ва навори онро дар оғози соли 2023 ба поён мерасонем, то ҳама миллат ва мардум воқеиятҳоро,ки то ба имруз пинҳон кардаанд донанду шиносанд “қаҳрамонҳои” ин иҷлосияи тақдирсӯзи миллатро.

Имсол тавассути канали ютубии “Ислоҳ. тв” тавонистем 280 барнома тақдими миллат ва мардуми азизи кишвар намоем.

Барномаи “Минбари муҳоҷир” 54 барнома тақдим намуд,ки 12 868 дақиқа, тақрибан 214 ҳазор соат мешавад. Агар онро ба рӯзҳои сол тақсим намоем тақрибан ҳар рӯз 1 соат гӯё барнома доштаем.

Барномаҳои пахши мустақим роҷеъ ба ҳаводиси алоҳида 7 ва дар ҳудуди 1000 дақиқа таҳия ва тақдим карда шуданд.

Барномаи “Нидои мардум” 4 барнома дар ҳудуди 191 дақиқа мунташир шуд.Хело мехостем онро идома диҳем, аммо чун мардуми мо мехоҳанд зинда суҳбат кунанд,дигар аз идомаи нашраш сарфи назар намудем.

Барномаи таҳлилии“Зери Заррабин” шумораҳои 4 ,5, 6 ро дар 415 дақиқа тақдим намудем. Соли гузашта се барнома доштем,имсол ҳам се барнома доштем. Ин барнома ба суханрониҳои Э.Раҳмонов иртибот мегирад ва аз ин ҷиҳат ҳамин андоза имкони баргузории он буд.

213 матлаби таҳлилӣ омода ва нашру пахш намудем, ки  3400 соатро ташкил дод.

Дар умум дар шабакаи “Ислоҳ тв” дар соли 2022 тавонистем 281 барнома тақдим намоем.

Дар канали дигари мо “ИСЛОҲ. ПЛЮС” 290 барномаҳои кутоҳшуда дар ҳаҷми 2200 дақиқа пахш гардид. Инчунин як пахши мустақим ҳам дар мавриди мушкилоти норасоии неруи барқ доштем. Соли 2021 “Ислоҳ. плюс”  42 ҳазор обуначӣ ва 17 миллион бинанда дошт. Соли 2022 бошад 23 миллион бинанда ва 57 ҳазор обуначӣ дорад. Адади умумии диду боздидкунандагон ба 40 миллион бештар расидааст.

Ислоҳ имсол ба корҳо ва тарҳҳои бузургтар даст зад, ки ҳамаи онҳоро то таҳаққуқ пайдо кардан ва иҷроӣ шуданашон наметавонем бигӯем.

Инро низ дар охир меафзоем, ки имсол се тарҳи мо амалӣ нашуд ва нима боқӣ монд ва 24800 евро аз он тарҳҳои нима тамом бидеҳкор ҳам шудем. Ду тарҳи мо 50%омода ва боқияш нотамом монд. Ҳамин тавр як тарҳи дигарамон 80 дар сад такмил шудаву 20 дарсади он нотамом аст. Умеди онро дорем, ки дар оғози имсол тарҳҳои мо ба пуррагӣ ба иҷро мерасанд.

Албатта,барои мо маълумотҳо ҳам мерасад, ки дар замина ва асоси гузоришу матолиби интиқодии мо алайҳи бархе аз мансабдорон парванда кушоданд. Ҳамчунин бар мабнои ин гузоришҳо мақомот, бахусус амният пул кор мекунанд.

Аммо, як нуктаи бисёр ҳам муҳим ва шодиовар ин аст, ки ба рағми тамоми саъю талошҳои Раҳмонов ва дору дастааш,ба вижа мақомоти қудратиаш,ки одамонро барои “лайк” равонаи зиндон мекунанд, дар ҳамкорӣ бо мо муқассир меҳисобанд, баракс шумори гузорандагони лайк ба навиштаҳои мо бамаротиб меафзояд.

Барои мисол агар соли гузашта 500 ҳазор “лайк” доштем имсол танҳо дар “Ислоҳ.тв” 620 ҳазор лайк дорем ва 280 ҳазор лайк дар “Ислоҳ. плюс” ва дар умаҷмуъ 900 ҳазор лайк доштем. Ин, арқом нишонаи он аст, ки  мардум бо вуҷуди ин ҳама саркубу хафақону зиндону маҳбас шикаста намешавад, муқовимат мекунад ва моро меписандад. Ҳоло ин як миллионро ҳам бояд бо моддаи 307 Раҳмонов зиндонӣ кунад.

Аммо ҳаёт идома дорад ва “Ислоҳ” ҳам,то замоне ҳастему нафас мекашем, идома хоҳем дод. Бо мо бошед бинанда ва хонандаи азиз!

 Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи таҳлилии “Ислоҳ.нет”

30.12.2022

Share This Article