Исмоили Маҳмадзоир дар орзуи Президентӣ
Аҷаб дунёеву аҷаб сару савдое! Чанд ҳафта пеш буд, ки хабарҳо дар бораи интихоби Исмоили Маҳмадзоир ба мақоми президенти Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон гуши фалакро кар карда буд. Шояд ба ин хабар боваратон нашавад, худам ҳам дар қатори шумоям, аммо ба дасти мо маълумотҳое мерасад, ки Исмоили Маҳмадзоир набераи Ҷаноби олӣ, ҷияни Рустами Эмомалӣ, писари Зоиру Фируза ҳам қасди президентшавӣ доштааст.
Мардум бояд бидонанд, ки Исмоили Маҳмадзоир беҳуда худашро саховатманду дастбахайр нишон намедиҳад. Репсароҳову блогерҳоро ба ҳаҷ фиристод. Исмоили Маҳмадзоир яке аз саховатманди ҷавон набераи Эмомалӣ Раҳмонов президентшав будааст. Худашро саховатманд гирифта ба ҳама хайр ва кумак карда истодааст. То ки шаҳрвандҳои Тоҷикистон бидонанд,ки Исмоили Маҳмадзоир одами даст бахайр аст, одамони гумроҳро ҳаҷ равон карда савоб мегирифта бошад, ҳама хайру саховаташ худнамоист. Қорӣ Салоҳ дар мадрасаи Зоҳидони Эрон хонда аст. Баъди итмоми мадраса ва бозгашт ба ватан Кумитаи амнияти миллӣ дастгираш мекунад ва зиндон карданӣ мешаванд. Делои террорист кушода буданд. Делои террористии қорӣ Салоҳро Исмоили Маҳмадзоир маҳкам мекунад, бо ин шарт, ки ғуломи ман мешавӣ, ман чи фармоне додам, иҷро мекунӣ. Блогер ва репсаро бо подсказкаи ҳамин қорӣ Салоҳ Маҳмадзоир ба ҳаҷ фиристодааст. Ҳама ҷонканиҳои Исмоили Маҳмадзоир барои дар оянда Президенти Тоҷикистон шудан баъди марги Эмомалӣ Раҳмонов будааст.
Исмоили Муҳаммадзоир ҳоло тими интихоботии худро ташкил кардааст, ки аз ин қарор аст:
“Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон. Лутфуллозода Шавкат, муовини якуми Раиси Суди Олии Тоҷикистон, Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло, муовини Раиси Суди Олии Тоҷикистон, Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзалӣ, муовини Раис-Раиси коллегияи ҳарбии Додгоҳи Олии Тоҷикистон. Вазири Адлия Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад қудояшон.”
Ин тим ваъда додаанд, ки дар вақти интихобот пушти Исмоили Маҳмадзоир меистанд. Баъди вафоти Эмомалӣ Раҳмонов Исмоили Маҳмадзоирро дар курсии президентӣ мешинонидаанд. Чунки Исмоили Маҳмадзоир ба онҳо маблағҳои калон дода ва онҳоро харидагӣ будааст. Тибқи маълумоти дигар гӯйё Зоир бо Озода Раҳмонова ин масаларо гузошта ва таъйиди ӯро ҳам гирифта будааст бо Ҷамолиддин Нурализодаи ҳоло бе вазифаву барканор шуда.
Дар кругҳои хосси худ гуфтааст,ки ҳозирааш ҳамин номи президенти дзюдоро соҳиб шавам дигараш осон аст. Ман одамҳои калон ва бо қувват дорам тақрибан ними оила розиянд барои ман. Бояд тазаккур бидиҳам, ки Эмомалӣ Раҳмонов бемории дил дорад. Агар асабӣ шавад нафастанг шуда аз пой меафтад .Чанд бор дар пеши Озода Раҳмон аз худ бехуд шуда дар долони ҳавли аз хуш рафта буд. Озода Раҳмон чунон гиря кард, гиря карда: «Ата намуред, мо бешумо чикор мекунем гуфта мегиряд». Аммо бардуруғ аз чашмонаш об мебароварад. Ҳама аъзои оила марги Раҳмоновро бе саброна интизоранд. Раҳмонов бо дору гашта истодааст. Касали дил ва қанд ва фишорбаландӣ дорад. Бо зарби дору гашта истодааст.
Исмат Абуллоев мулаққаб ба “ Дулик”
Исмати дулик дар Русия шаҳрвандӣ дорад. Домодаш Далер ном дорад, стоматолог аст. Тамоми дороиҳояш, хонаву дар ва магазинҳову ресторанҳояшро дар Маскав ба номи ҳамин домодаш кардагӣ аст. Додари Далер Шаҳбоз ном дорад. Падари инҳо яъне қудои Исмати дулик ҳам стаматолог аст. Ду бачаи безделник-бекорхуҷа дорад. Онҳо дар ҳиҷ кор кор наомаданд. Абдуллову Наврӯз, дар асл Дулик 22 бача дорад. Зани 17умаш духтари Малика Сайидова аст. Номаш Шукрона Раҳимзода аст. Хоҳари Шукрона Меҳрона ном дорад. Бо вай бо Дулик хиёнат кардагӣ аст. Вай бо бачаи артист Зафарча ҳам буд.Бачаи Зафарча сараш дод. Вале ҳозир тайна-баҷобаҷоӣ мегарданд. Меҳрона бо бачаи Анвари текстил движений дорад. Писари Анвари текстил-ҳамон прокуроре, ки овозхони тоҷик Баҳром Ғафуриро дар садама кушт. Ҷонишини прокурори Фирдавсӣ буд. Як дасташро калта кардагӣ аст, бо Меҳрона мегардад. Як дақиқа ҳам зиндон нашудааст. Меҳрона бачаи Анварро хурондагиаст. Малика барои сеҳру ҷоду Непал меравад. Худи Малика дар Дубай бо Исмати Дулик ҳам алоқаҳо доштааст.Анвар бо Дулик сагу пишаканд. Додари Анвар Зафар духтари Нуриддини акаи Эмомалӣ Раҳмоновро гирифтагӣ аст, яъне бо оила қудоянд. Аммо муносибати Зафар бо оила хуб нест ва инро ҳама медонанд.Дулик ҳамроҳ бо Ҳасан аст ҳамеша. Аз 1 қишлоқанд. Аз Чапаеви Колхозобод. Якҷо калон шудагианд. Малика дар байн аст ва ҳардуяшро истифода карда истодааст. Вай бо духтарҳояш инҳоро аз он ҷиҳат,ки баъзе сиру асрорашонро медонанд, шантаж карда гаштааст.
Нома аз корманди дастгоҳи Президент
Салом. Ман …., сокини Душанбе. Барои шумо як хабар мефиристам, шояд бовар намекунед. Аммо ин ҳақиқати маҳз аст.
Асомиддини Исломиддин, сардори қисми хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо 500 адад удостворенияҳои қалбакӣ ба даст афтод, аммо чизеяш нашуд. Ӯро бо «наличка» қапид КГБ. Ронандаҳо шаҳодатномаҳои гирифтаашонро пас доданд, аммо ба ӯ касе кордор нашуд. Ҳар моҳ музди меҳнати онҳоро худаш мегирифт, сари ҳар ронанда 60 сомонӣ. Как будто ҳоло ҳам онҳо кор карда истодаанд. Мошинҳои роҳтозакунак, водовоз 8-10 адад мисли онки ҳар рӯз кор мебароянд. Барои онҳо ҳар рӯз 100 то 150 литр соляркаву бензин-сузишворӣ мегирифт. Қисмҳои эҳтиётӣ-запчастҳои мошинҳои давлатиро бо ҳамроҳи ду -се одами дигар Аҳтам, зав гараж, Даҳриддини, ҷонишинаш «левий» мезаданд. Ӯро кормандони Саймумин Ятимов қапиданд. Вале дар назди қонун ҷавоб нагуфт. Дар шаҳр аз 10 хона зиёдтар дорад. Як ҳавлӣ дорад дар назди бозори Балх. Ин хона, бовар кунед, аввал дораду охир не. Мардуми тоҷики моро айби худаш. Аллоҳ шоҳид, механикҳо, ронандаҳо ва ҳатто ҷонишинашро руирост оча, зану духтарошонро ҳақорат медод, хапу дам буданд, номус намонда аст. Соли 2016 буд, ки як удостворений қапиданд, ки ғайриқонунӣ ва қалбакӣ буд. Как будто, ки ронандаи давлатӣ аст. Аз багажи як нафари онҳо 2 кг тратил ошкор карда шуд. Аммо барои онки корманди аппарат президент буд ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Барои онки ки удостоверение ба аппарат президент тааллуқ дошт.
Номаи сарбаста аз КДАМ ба “Ислоҳ”
Ҷамшед Ятимов (бародари Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон) ҳамроҳ бо Ҷамшед Раҳимов бо лақаби Ҷамшеди кулобӣ буд. Инҳо тонна-тонна мезаданд. Вай бо бародари Рамазон Раҳимзода Раҳмонқул Раҳимзода ва ҳам бо бачаи худи муаллим ва зери сарпарастии худи муаллим СС . Ятимов ин корро мекард. Гап дар бораи Ҷамшеди кулобӣ меравад. Ҳардуи онҳоро вазнин грет мекард ва кор мекард. Ҷамшеди кулобӣ аз Восеъ аст. Ҳозир ӯро 19 сол доданду шинониданд. Ду сол пештар ӯро шинониданд. Вай беҳад сум ҷамъ карда борзет кардагӣ буд. Дар Восеъ туй мекунад як милисаро мезанад. Вай пешкаи муаллим ва буқача шуд. Ин як сепочкаи калон аст. Инҷо Ҳабиб буд, Нуралӣ буд, Кострюл буд. Ҳамаро Ҷамшед курироват мекард. Бачаҳои КДАМ маълумоти зиёд доранд. Ҷамшеди кулобиро бо 200 кило бор подставит карданду қапиданд. Дар ҳар квартал 1миллион доллар ҳақи Ҷамшед буд ва 1миллион доллар ҳақи Раҳмонқули додари Рамазон Раҳимзода. Яъне дар сол 4 то 5 миллион даромад доштанд, то онҷое ман огоҳи доштам. Боз чаевие доштанд. Отаи Ҷамшеди кулобӣ дар бозор тиҷорат мекард, баъди ин боздошт мурд. Ин бозор ради галочки буд. Очааш ҳам мурд. Ҳалқаи муҳофизатии Раҳмонов сето аст. Якумаш сирфан одамони худаш, дуввум ва саввум аз ҳисоби милиса ва амният аст. Аммо, онҳоро зуд-зуд иваз мекунанд. Раҳмонов ду бор инсулт шуд. Навҷувонови кардиологи Қараболо тақрибан ҳамеша дар тори сараш аст.
Мо,24 нафар ба муддати 9 рӯз тафтишот аз болои кормандони ҳифзи ҳуқуқ гузаронидем. Вақте он видеоро тамошо кардем, дидем, ки чи гуна одамҳое меоянду мераванд, ҷиянҳояшон хешовандонашон. Аз прокуратура, аз КДАМ, аз милиса, аз коррупсия. Аммо ҳамаро харидагианд. То ҷое медонем Муаллим ҳам пули хуб гирифтагӣ аст,ки дигар ҳеҷ фармоне нашуд. Ин телефонфурӯшии бозори Корвон як бозори дигар бо миллионҳо доллару сомонӣ будааст. Метавон гуфт як дунёи дигаре ҳаст. Мо инро сахт кофтему маълум кардем, ки ин тарзи кор Нуршедро бо Ҷамшед беҳад мегазидаст, ҳамин чиз. Яъне ҳамин кор. Ҷамшед дар бозори оптовийи телефон аст ва пули калон влажит кардагӣ аст Тақрибан 3 миллион доллар, албатта то онҷое мо дастрасӣ пайдо кардем. Бачаи як нафар генерал(муфассал дар мавридаш мефиристем ) инҷо ҳамчун смотряший кор мекунад, савдои кучагиро ҳам контрол мекунад, марказҳои тиҷоратии ноҳияи Рудакиро низ. Худи ин генерал якҷо бо генерал Юсуф Раҳмон вақте ҳамон навор аз бозори Корвонро шумо дар каналатон гузоштед, лично фармон медиҳад, ки раведу ҳамон одамҳоро биёбед. Манзур онҳое, ки дар навори Ислоҳ номашон рафта буд. Ҳамон телефонфурӯшҳоро. Аз таможний меояд, аз прокуратура- қисмати контрабанда меояд, шахсан худи ҳамин генерал- сардори СБ меояд пеши телефонфурӯшҳо ва ин корро тинҷ мекунанд. Одамҳои Юсуф Раҳмон тафтиш меоянд.Нуршед Машрабов, раиси бозори «Корвон» маҷбур мешаваду барои худи Юсуф Раҳмон ҳам ду магазин медиҳад ҳама чиз орому тинҷ мешавад. Доляро мегираду ором мешад. Вай баъди ҳамон навор тафтиш омада буд. Вақте нашр шуд Юсуф Раҳмон аз қафояшон шуд, ки инҷо чи гап аст?
Ҳозир акнун коррупсия девона шудааст, ки онҷо чи гап аст, чаро мо нестем, доляи мо канӣ?
Аз коррупсия Далер як бачаи хуҷандӣ 5000 доллар гирифту корро ором кард. Пулро дар як опели серебро дар ҷойи балони запаска монда гирифт. Вай как таксии 5сомонӣ меравад ва дар 82 микрорайон дар доми 43 пулро мегирад. Пулро мавлавӣ, додари Сайфиддин Сайфов дар опел мегузорад. Бачаҳои телефонфурӯши Корвон мегузоранд, ки гираду корро тинҷ кунад, ягон гап нашавад. Инҷо ҳама корро ҷазир кардагӣ Баҳодур аст. Ҳамаро ба коррупсия фурӯхтагӣ. Худи Баҳодур ҳам шашак аст. Баҳодури ҳисорӣ ин ҳам телефонфурӯш аст. Ҳардуяшон хешу табори бачаҳои кулобанд. Инҳо корашон фақат бузӣ аст. Инро мефурӯшанд, дигарашро мефурӯшанд, ҳамин хел. Инҳо боз як ҳамроҳ доранд Ориф кулобӣ ном дорад. Вай бузи калон аст. Вай ҳамроҳи амакбачаҳои Нуршед дар ҳамин система аст. Усмон ном дорад. Усмон ҷияни Нуршед аст. Инҳо фурӯши телефонро монополия кардагианд. Телефонҳо контрабанда ворид мешанд. Ҳоло инҷо бачаи Бег Сабур проблема шуда истода аст. Ҳозир Нуршед талош дорад, ки бачаи Бег Сабур-Рамзро барорад, роҳ надиҳад дар бозор. Нуршед ӯро подставит карданӣ аст. Нуршед бар бораи бачаи Бег Сабур видео дорад. Ҳамчун компромат истифода карданӣ аст. Бачаи Нуршед аз набераҳои Ҷаноб кадомеро келин карданӣ аст. Мехоҳад алянси оилавӣ созад. Мо фикр мекунем, ки Нуршед ақидааш хело безеб шуда аст. Касе даромадааст наздаш ва гуфтааст, ки аз барои худо фалон корро буд кун. Гуфтааст, ки дар пеши ман аз Худову Расул гап назан, ҳатто ҳақорат кардаст. Шерро қапиданд ва аз бозӣ бароварданаш. Шери чекчини бозор. Одами Нуршед, бачаи вай дар таможний кор мекард. Нуршед борро ба Шер медод. Шер дар вагон тавассути бачааш роҳӣ мекард. Борро он сол қапиданд- 83 кило ва 18 сол доданд. Роҳҳои Нуршедро дар тиҷорати наркотик бастанд. Феълан бародари генералаш ин корро карда истодааст. Инро аз бозӣ берун карданд, ҳоло мисли саги девона шудагӣ аст. Султони Кабирро Нуршед зад. Вай, ҳануз чанд вақт пеш аз бардоштани Султони Кабир мегуяд, Авазро чапа мекунанд. Кури Авазро ҳамин Нуршед сиёҳ карда будаст. Гуё Аваз бо Убайдуллоев Маҳмадсаид қасди табаддулот доштаанд. Бо ин васаила Нуршед рақибашро гирифту чаппа кард. Бачаи Аваз авария кард. Бачаи Нуршед як духтарро гирифту таҷовузкард. Дақиқан ана ҳамин шакле имрӯз дар Озодӣ аз Колхозобод ҷиянҳои Ҳасан карданд бо он духтараки камбағал. Аммо темаи бачаи Нуршед дар ҷояш хомӯш шуд. Дар даруни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳама огоҳ буд аз ин ҳодиса. Инҷо ҷинояти таҷовуз ба номус буд, ки статяаш вазнин аст назар ба авария. Нуршед одами контрразведкаи Узбекистон аст ва мо далел дорему дар боло ҳам муаллим хуб медонад инро, аммо бо пул муттаҳамаш кардааст хомӯш аст.
Ps: Хонандаи гиромӣ чуноне дар ин қисмати ҳафтум хондед номаҳои ҷолиби дохили кланҳо ва мафияҳои оилавӣ ва гурӯҳӣ навиштаанд. Чунин маълумотҳои пароканда хело зиёд ба “Ислоҳ” расидаанду ҳар рӯз мерасанд. Бигузор мо нашр намоему мақомот ҷинояткоронро ба ҷавобгарӣ кашанд, на инки рафта аз онҳо пул кананду озодашон гузоранд. Ҳадафи мо аз ифшо сохтани ҷинояткорон ин нест,ки Юсуф Раҳмон, СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода , Сулаймон Султонзода рафта аз ин афрод пора гиранду боз онҳо идома диҳанд ба кори худашон. Ҷиноятро хондед дар ҳол ба санҷиши қазия бояд шурӯъ кунед, на ба пора гирӣ ва шантаж кардан.