Генералҳо Юсуф Раҳмон ва Мирзохонзода Ҷамшед (Сангов) Прокуратураи Генералиро
“Собир Валиев, раиси собиқи Гурӯҳи 24, ки бо хоҳиши худ, довталабона аз хориҷа ба ватан бозгашта буд чанд рӯзи пеш дастгир ва боздошт шудааст. Бинобар як санаде, ки ба дасти мо расид амалиёти таҳқиқу тафтиш алайҳи 8 нафар 30 августи соли 2022 бо имзои Ҷамшед Мирзохонзода шуруъ шудааст. Мирзохрнзода роҳбари Гурӯҳи тафтишоти фаврӣ.”
Муаррифии Генерал Мирзохонзода Ҷамшед
Генерал Мирзохонзода Ҷамшед (Сангов) сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дӯсти наздик, ҳамкурс, дасти рост, одами боваринок ва иҷрокунандаи амалҳои сиёҳу коррупсионӣ ва ба қавле «кошелек»-и Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон мебошад. Аз ҳақ набигзрем, ки Ҷамшед Мирзохонзода аз кадрҳои ботаҷрибаи ва собиқадори Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳанӯз аз давраи марҳум Маҳмадназар Солиев ва баъдан дар давраҳои Амирқул Азимов, Бобоҷон Бобохон, Шерхон Салимзода дар мақомоти додситонӣ кору фаъолият кардааст. Дар давраи Бобоҷон Бобохонов то ба мақоми муҳим сардори Раёсати тафтишоти ҷиноёти сангин расидааст. Ҳоло инҷо беҳтар аст, ки тарҷумаи расмии ҳоли ӯро бароятон пешкаш намоем:
Соли 1991 – Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Аз соли 1992 – Коромӯз прокуратураи шаҳри Орҷоникидзеобод
Аз сентябри соли 1992 – Ёрдамчии прокурори ноҳияи Ёвон
Аз соли 1993 – Муфаттиш, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе
Аз ноябри соли 1993 – Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи шаҳри Душанбе
Аз соли 1994 – Муовин, муовини аввали прокурори ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе
Аз соли 2001 – Сардори шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи шаҳри Душанбе
Аз соли 2008 – Ёрдамчии калони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус
Аз соли 2010 – Сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз соли 2015 – Сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ.
Аз феврали соли 2019 – Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аммо ҳоло Ҷамшед Мирзохонзода, ҳамчуноне манобеи наздик ба худи ӯ гуфтанд, аз наздиктарин ва маҳрамтарин нафарони мавриди эътимоди Юсуф Раҳмон Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Вай қаблан ҳам «тихаря» кор мекард. Агарчи дар парвандаҳои «вазнин» ва пуровоза ҳам имзои ӯ рафтааст, дар нисбати ӯ гапу ҳарф зада намешуд. Масалан тафтиши парвандаи бародари генерал Абдуфаттоҳи Ғоиб ( Фаттоҳ Сайидов), раиси пешини Хадамоти гумрук ва дар гузашта раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия Наҷмиддин Саидов, раиси «Тоҷиксодиротбонк»-и Данғараро, ки бо 600 000 доллари ришва боздошт шуд ҳамин Ҷамшед Сангов бурда ва ӯро ба пардохти 30.000 доллар ҷазо таъин кардааст. Ҳамчунин дар тафтиши парвандаи Фаридун Умаров, мулаққаб ба «Пантера» муовини сардори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухадир (ОНОН)-и Фархор ва бародари генерал Мансур Умаров, сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон нақши меҳварӣ бозидааст. Маълумот дар бораи онки аз ин парвандаҳо чи миқдор «кор» кардаву «даромад» доштаастро надорем. Вале ин ҳодисаро мешавад тазаккур дод, ки Ҷамшед Мирзохонзода аввалин маблағи калонро вақти мусодираи офиси «Ҷамол-компания»-ширкати муҳрабизнеси Ҷамшед Сиёев ба даст овардааст. Мегӯянд, ки он вақт Ҷамшед Мирзохонзода, ки Санговаш мегуфтанд, як линга сомонӣ ва доллари мусодирашударо хапу дам аз они худ намудааст.
Хуб, ҳоло ин ҳолати пешина буд.
Ҳоло чӣ?
Ҳоло, дар зери сояи лутф ва марҳамати худи Прокурори генералӣ қарор дорад. «Кор»-ҳои муҳимми ӯро иҷро мекунад. Инро ҳам бояд бигӯем, ки рутбаи генералӣ барои Ҷамшед бо мусоидати Комилов Илҳом Наврузовичи фабрикаи «Шири Саодат»-и Душанбе (молочкаи пешина) эъто шудааст. Ҷамшед ин фабрика ва роҳбари онро «кришават» мекардааст ва барои ҳамин роҳбари он ин рутбарои барои вай аз ҷойи зарурӣ «харидорӣ» кардааст.
“Манобеъи мо мегуянд, ки Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ин ниҳоди муҳимми давлатиро ба « клуб» ва бозори шахсии худ мубаддал карда онҷо ҳама дӯсту рафиқ, ҳамкурсу маъшуқаҳояшро сарҷамъ кардааст. Сангов Ҷамшед яке аз «фурӯшанда», «диджей» -и варзидаи ин бозору клуб ба ҳисоб меравад. Нафареаст, ки аз Юсуф Раҳмон барои иҷрои ҳамагуна амалҳо иҷозатномаи «зелённый»-корти сабз дорад. “
Яке аз парвандаҳои руғании Ҷамшед Мирзохонзода ин тафтиши ширкати «РОМСАР» буд, ки бар ивази руйпуш ва ба майли соҳиби ин ширкат ҷамъбаст кардани тафтишот 300 ҳазор доллари ИМА бо тариқи вакили яке аз тарафҳои айбдоршаванда Яқубов Бобохон ситонида байни худу калонаш тақсим карда аст.
Барканории муовини прокурори генералӣ чи гуна сурат гирифт?
Ин амали коррупсионии Ҷамшед Мирзохонзода дар навор сабт шуда, нусхаи фиттааш ба дасти собиқ муовини аввали Прокурори генералӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода мерасад. Ҳикматуллозода наворро ба Прокурори генералӣ пешниҳод менамояд. Аз ин сабаб, ки Юсуф Раҳмон бо Ҷамшед Мирзохонзода ҳаммаслак буда луқмаи дар тӯша афтодаро бо ҳам мебинанд, ин амали коррупсиониву ҷиноятии ӯро нодида гирифта баракс дар якҷоягӣ бо Ҷамшед аз паи нест кардани муовини аввали худ Ҳикматуллозода Абдуғаффор мегарданд.
Инро ҳам мешавад тазаккур дод, ки муовини аввали Прокурори генералӣ аз одамони Нуриддин, бародари Президент кишвар буд ва Юсуф Раҳмон аз вай ваҳму ҳарос дошт, ки мабодо курсии Прокурори генералиро аз зери пойи ӯ бигирад. Юсуф Раҳмон ва Ҷамшед Мирзохонзода эҳсос мекунанд, ки ин нафар метавонад барои амалишавии нақшаҳои бузургашон халал ворид созад. Ва муваффақ мешаванд, ба кадом роҳу восита Абдуғаффор Ҳикматуллозодаро ба қавли худашон «убрат» кунанд. Пеш аз барканор карданаш Юсуф Раҳмон муовини аввали худро 3 моҳ қабул намекунад ва тамоми салоҳиятҳои муовини аввалро ба ихтиёри Дилшод Талбакзода, муовини дигариаш мегузорад. Ва то сиёҳ кардани муовини аввал дар назди Президент тамоми маҳорати худро истифода мебарад.
Мубориза барои расидан ба қудрат идома дорад…
Юсуф Раҳмон ҳоло дар сар нақшаҳои калон парварида истодааст ва барои иҷрои онҳо ба нафари содиқу дӯсте чун Ҷамшед Мирзохонзода зарурат дорад.
Яке аз нақшаҳои Юсуф Раҳмон ин кор кардан пушти Зоир Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст. Барои ин нақшаҳоро амалӣ намудан ӯ ин дӯстону ҳамкурсҳои худро тули солҳои Прокурори генералӣ буданаш дар гирду атрофи худ ҷалб намуда ва ба тамоми корҳои коррупсионӣ маҳз онҳоро роҳ медиҳад.
Нафаре, ки барои ба сари ин мансаб омадани Юсуф Раҳмон мусоидат кардааст ин Зоир Соҳибов мебошад. Аммо ҳоло Юсуф Раҳмон қудои Эмомалӣ Раҳмон шудааст. Писари Юсуф Раҳмон-Сафар шавҳари духтари кенҷагии Раҳмонов Фарзона шуд, ки дар ин бора мо як матлабе ҳам доштем ва ҳоло як матлаби дигар бо навори он туй дар дачаи Бонки миллӣ дар Пуғузи Варзобро омода карда истодаем.
“Акнун, ки Юсуф Раҳмон қудои Президент шудааст, дигар ба кумаки Зоир ниёз надорад. Дигар намехоҳад Зоир Соҳибов ӯро бо «кумак»- и кардааш муттаҳам намояд. Балки акнун баракс ба муттаҳам кардани ӯ камар бастааст. Яке аз иллатҳои муқобили Зоир дандон тез кардани Юсуф Раҳмон ин аст ки наздик ба 1униммиллион доллар ба «шапка»-и мансаби Прокурори генералӣ аз пеши худаш вале аз номи Президент илова карда ва аз Юсуф Раҳмонов гирифтааст. Ҳоло Юсуф Раҳмон ба Ҷамшед Мирзохонзода дастур додааст, ки тамоми фаъолиятҳои Зоирро мавриди тафтишот қарор бидиҳад.”
Ҷамшед Мирзохонзода нақшаи кор кашида ва ҳоло тавассути Прокурори калони нақлиёту гумрук ва инчунин ҳамкурси Прокурори генералӣ Толибова Дилафруз, ки маъшуқаи Сангов буданашро дар прокуратура ҳама медонанд ва низ бо кумаки як нафар корманди гумрук пушти ширкатҳои ҶСК « ЗУМРАД», ҶСК РУҲАФЗО- 2015» ва ҶДММ «ДАРЁ- 2015», ки аз они Зоиранду тамоми бору масолеҳи сохтмониро беандоз ворид мегардонанд кор бурда истодааст.
Дар ин васат нуктаи бисёр ҳасос ва ҷолиб ин аст ки дар соли 2019 ва бо имзои бевоситаи худи Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамин ширкатҳои номашон дар инҷо рафта барои воридот аз пардохти ҳамагуна боҷу хироҷи гумрукиву андоз озод карда шудаанд. Дар ин бора аз 1 марти соли 2019 қарори махсуси Ҳукумати Тоҷикистон содир шудааст, ки онро худи Эмомалӣ Раҳмонов даст мондааст. Ин қарор таҳти №101 ба Маҷлиси намояндагон дар таърихи 05.03-и ҳамон сол фиристода шуда ва табъан, ки қабул шудааст. Ҳоло акнун Юсуф Раҳмонов мехоҳад маҳз ҳамин ширкатҳои Зоирро, ки бо қарор хоси худи Эмомалӣ Раҳмонов аз тамоми пардохтҳо озод шудааст, бисанҷад.
Ҳасан Асадуллозода тез тез меҳмони генпрокуратура мешавад
Манобеъи мо гуфтанд, пас аз онки Юсуф Раҳмонов бо Эмомалӣ Раҳмонов қудо шуд, даст ба корҳое зада истодааст, ки қабл аз қудоӣ ҳатто аз фикр кардан дар бораи онҳо метарсид. Дар ин авохир Ҷамшед Мирзохонзода бо супориши Юсуф Раҳмон аз паи тафтишу таҳқиқ нисбати Ҳасан Асадуллозода, бародарзани бонуфузи Эмомалӣ Раҳмонов шудааст. Аз ин ҷиҳат аст ки вақтҳои охир Ҳасан чаро зуд- зуд «меҳмони» Прокуратура мешавад. Бинобар маълумоти ба мо расида Юсуф Раҳмон Санговро ҳамчун неруи кумаккунанда ба баъзе корҳои марбут ба «Ориёнбонк» равон карда, аз боварии ӯ истифода бурда, бо кӯмаку маълумоти як нафар корманди бонк, ки шахси ба Ҳасан хеле наздик аст, алайҳи Ҳасан мавод ҷамъ ва омода карда истодааст. Чунки тарсу ваҳми Юсуф Раҳмон аз роҳбари «Ориенбонк» кам нест. Зеро яқин медонад, ки ӯ ҳамчун санги бузурге дар роҳи ӯ монеъа барои расидан ба ҳадафи асосиаш яъне курсии президентӣ шуда метавонад. Бинобар ин тариқи ошкор намудани ҷиноятҳояш обрӯ ва эътибор Ҳасанро «нол» ва даҳони ӯро бастанист. Ва имрӯз дар Прокуратураи генералӣ нисбати Ҳасан парвандаи ҷиноӣ ба таври махфӣ боз шудааст.
Юсуф Раҳмон бо наздикони Рустам муқобила дорад
Ба назар мерасад, ки Юсуф Раҳмон барои мансаби президентӣ ба таври ҷиддӣ машғул шуда истодааст. Вай алайҳи Рустами Эмомалӣ ва аъзои командаи ӯ, шахсони бисёр ҳам наздики Рустам сахт «кор» бурда истодааст. Аз ин ҷиҳат нисбати Рустам бадбиниву хусумати хешро пинҳон карда наметавонад.
Ба Ҷамшед Мирзохонзода супориш додааст, ки бо ҳар роҳу василае бошад ба атрофиён ва кадрҳои Рустами Эмомалӣ зарба занад то тавонад нуфузи ӯро шикаставу коста гардонад. Тавоноиву ҳарифи пур қувват будани худро исбот намояд.
Айни замон Прокуратураи генералӣ гурӯҳи махсусеро ташкил дода ва аз пайи тафтишу таҳқиқи фаъолияти Мирзоев Хуршед, раиси «Авестогрупп», ки одами наздики Рустам аст, Шоҳрух Саидзода, Дилшод Ҷуразода, Валиев Собир ва бародарони Сим- Сим (Алиматовҳо) шудааст, ки ҳамаи ин нафарон аз наздикони Рустами Эмомалӣ мебошанд.
Таъйиди ин гуфтаҳои мо ин аст ки дар раъси ин гурӯҳи тафтишотӣ на каси дигар маҳз генерал Мирзохонзода Ҷамшед таъин шудааст. Дар ҳоле, ки масъулияти Ҷамшед дар Прокуратураи генералӣ дигар соҳа аст ,яъне назорат аз болои коррупсия дар ниҳоди давлатӣ, аммо санадеро имзо мекунад, ки ба салоҳияти кории он марбут нест.
“Тибқи маълуимоти ба “Ислоҳ” расида Сангов Ҷамшед аллакай тавонист яке аз ин афроди дар боло зикршуда Валиев Собир -ҳамсинфи Рустами Эмомалӣ собиқ аъзои «Гурӯҳи 24»-ро, ки аз тарафи давлати Тоҷикистон мавриди афв қарор гирифта бо мусоидат вазорати дохилӣ аз хориҷа ба ватан баргардонида шудааст, дастгир карда нисбташ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 307 оғоз кардааст. То онҷое ба “Ислоҳ” маълумот расида аст Собир Валиев феълан дар боздоштгоҳ қарор дорад.”
Ин дар ҳолест, ки ба ватан бозгардонидани ин собиқ мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо мусоидати генерал Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ ва аз рафиқони наздики Рустами Эмомалӣ сурат гирифтааст. Ҳоло чаро ин корро бояд Ҷамшед Мирзохонзода анҷом диҳад? Дар ҳоле, ки вай масъули дигар Раёсат аст ӯро роҳбари гурӯҳе таъин кардааст, ки ба Раёсати зери итоати Ҷамшед мувофиқ нест. Аз тарафи дигар бо ин амали худ Юсуф Раҳмон ошкоро ба қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди афви онҳое, ки довталабона аз мухолифат ва муборизаи сиёсӣ алайҳи ҳукумат даст мекашанд, эътино накарда ин қарорро беарзиш карда истодааст.
Бо ин амал Юсуф Раҳмон ва Сангов Ҷамшед хостанд зарбае бизананд барои шикастани командаи Рустами Эмомалӣ яъне Шохрух Саидзода, ки кафили баргардонидани Валиев Собир мебошад.
«Кор»-и генералҳои Прокуратураи генералӣ Юсуф Раҳмон ва Ҷамшед Мирзохонзода пушти фаъолиятҳои Дилшод Ҷуразода низ хеле бошиддат идома дорад. Гӯё Дилшод, яке дигар аз наздикони Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд меҳмонхонае ба номи « РОЯЛ» дошта аст ки онҷо команда зуд -зуд ҷамъ мешудаанд. Аҷибаш инки меҳмонхонаи Роял ҷои истироҳати Абдулфаттоҳи Саид яъне падари Шохрух Саидзода бо дӯстонаш низ будааст.
Дилшод Талбакзода, муовини Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонро бовар кунонидаст, ки одамонаш онҷо кор мебаранду аз рафти ишрати онҳо навор доранд.
“Ва мо рӯзҳои наздик шоҳиди шикаста шудани дигар аъзоёни командаи Рустами Эмомалӣ мегардем.”
Юсуф Раҳмон ба Сангов ваъда кардааст, ки пас аз пурра зери итоат ва даст даровардани блоки қудратии ҳукумат ва «о,кей» шудани сигнал аз Москав курсии имрӯзааш моли ӯст. Аз ин ҷиҳат аст ки Мирзохонзода Ҷамшед ҳамаи хостаҳо ва супоришҳои калонашро бе чуну чаро иҷро карда ба қавли худаш бо иҷозатномаи «зелённый» «газават» карда истодааст.
Ваъдаи истирдоди Муҳиддин Кабирӣ ба Душанбе
Соли 2017 Юсуф Раҳмон ва Ҷамшед Сангов-Мирзохонзода ба Эмомалӣ Раҳмонов ваъда дода буданд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ-ро аз Олмон хоҳанд овард. Ҷамшед Мирзохонзода феврали соли 2017 ҳатто дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, таҳқиқоти маҳрамона дар бораи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Кабирӣ идома дорад ва ӯ бояд ба Тоҷикистон истирдод шавад.
Аммо, табиист, ки онҳо ин корро карда наметавонистанд. Вале ҳоло Юсуф Раҳмонов дар сар хиёли президентӣ парварида истодаасту Ҷамшед Мирзохонзода ҳавси курсии Юсуф Раҳмонро хӯрда истодааст.
Генерал Ҷамшед Мирзохонзода бемории саратони ҳанҷара дорад
Аммо аз чанд вақт бад-ин тараф аст ки Ҷамшед Мирзохонзода дар Маскаву Олмону Дубай барои тадовии бемории дармоннопазираш саратони ҳанҷара гирифтор шудааст. Ва, Юсуф Раҳмон ҳам фаромӯш кардааст, ки гузориши солонаашро на ба Эмомалӣ Раҳмонов, балки ба Рустами Эмомалӣ, ки раиси Маҷлиси Миллӣ аст ва эълони камтарин нобоварӣ аз тарафи Рустам метавонад болои карйераи вай дар мақоме, ки ҳоло дорад хати бутлон бикашад.
Аммо мову шумо мушоҳида ва муроқибат хоҳем кард, ки ин ду генерали Прокуратураи генералӣ то куҷо пеш мераванд…
Ps: Мунтазири маълумотҳои ҷолиби дигар дар ин қазия ва ҳафт нафаре ҳамроҳ бо Собир Валиев ҳам делло мебошанд бошед. Ҳатман пас аз комил намудани ҷузъиёти он тақдими хонандаи “Ислоҳ” ва бинандаи канали ютубии он хоҳад шуд!