(бахши дуввум, давраи аввал)
Номи Наҳзат чи гуна пайдо шуд?
Аммо дар мавриди номи ҲНИТ дар ҷаласаи аввали муассисон, онгуна ки худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдовар мешавад, баъди баҳсу баррасиҳои зиёд ҳамагон ба пешниҳоди ӯ розӣ мешаванд. Устоди марҳум дар ҳамон суханронии бахшида ба 30 юмин солгарди ташкилёбии ҲНИТ дар соли 2003 дар Душанбе аз он лаҳзаҳо чунин ёдоварӣ кардааст:
«Гуфтан лозим аст ки перомуни номи Наҳзат дар ҳамон ҷаласаи аввал ва ҳамчунин дар ҷаласаҳои баъдӣ баҳсҳои зиёд шуд. Пешниҳод гардид, ки созмони худро «ҳизби исломӣ», «Ҷамъияти исломӣ», «Ҳаракати ҷавонони мусалмон», «Наҳзати ҷавонон» ва ғайра ном монем. Вале мо ба хотири амният аз навиштану ном ниҳодан ва дигар асноди расмӣ сарфи назар мекардем. Аммо ман ба хотири он ки умдатан ҷавонони бист-сисола будем, мехостам номи ин созмон «Наҳзати Ҷавонони исломии Тоҷикистон» бошад. Зеро дар сурати канор гузоштани ҳарфҳои аввали ин калимот бо ҳуруфи форсӣ вожаи наҷот ҳосил мешуд. Ногуфта намонад,ки нашрияи ҳизби мо «Наҷот» номи худро аз ҳамонҷо гирифтааст, ба хотири наҷот аз ҳама гуна мушкилот ва инҳирофоти зиндагӣ». «Ормони мардуми мусалмони кишвар». Душанбе-2003. Суханронии Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҷашни 30 солагии ҲНИТ.
Нахустин нашрия-варақаи чопии ҲНИТ
Наҳзати ҷавонони исломии Тоҷикистон дар авоили солҳои 80 аллакай ба як шабакаи муназзами пинҳонкор табдил шуда ва метавон гуфт, ки дар саросари кишвар ҳаводорону ҷонибодорон пайдо кард. Вай дигар як гурӯҳи хурд набуд. Ҳалқаҳои дарсӣ ва ҳатто аудиторияи донишгоҳҳо барояш тангӣ мекард.
Зубайдуллоҳи Розиқ, собиқ сардабири «Наҷот» ва масъули Академия исломии ҲНИТ, ки ҳоло дар шумори афроди баландмақоми ҲНИТ дар зиндони режими Душанбе ба сар мебарад ва дар остонаи 80 қарор дорад, аввалин ношири аввалин газетаи ҲНИТ дар даврони шӯравӣ аст. Вай мегуяд, ки акнун ҳалқаҳои дарсӣ ва ҳатто аудиторияи донишгоҳҳо барои муаррифии ҲНИТ ва ҷазбу ҷалби пайравону дӯстдорони каломи Худо ва ҳадиси Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) кофӣ набуд. Мо дигар минбареву маконе барои тарғибу ташвиқ ва таблиғ надоштем ва рӯзе ба назди устод рафтаву аз таъсиси як нашрия сухан оғоз мекунад.
Нахустин нашрияи ин шабакаи пинҳонӣ бо номи «Ҳақиқати ислом» дар соли 1984 ба нашр расид. Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ сардабири ин нашрия ва масъули чопи он мегӯяд то амалиёти боздошти устоди шаҳид Нурӣ ва чанде дигар аз муллоҳои ҷавон дар соли 1986 тавонистанд, ки 17 шумораи “Ҳақиқати Ислом”-ро рӯи чоп оваранд: “Ҳарфҳоро аз газетаҳо якто-якто бурида, калима месохтанду дар ҷои сарлавҳа мечиданд ва дар ксерокс чоп мекарданд. Мисли дафтар буд. Ҷамъу ҷузв мекардем ҳамарову аз як қоғази тунук муқова месохтем ва дар болояш менавиштем, ки “Ҳақиқати Ислом”. Боз рақам ҳам мемондем, ки шумораи як, шумораи ду… Мавзӯъи сиёсӣ кам дошт, ягон оят тафсиру маънидод мешуд, ё ягон ҳадис, ё ягон хабаре, ки аз дунёи Ислом ба дастамон мерасид. Мо онро фақат ба аъзои ҳизб медодем ва онҳо – ба одамони дилпури худ, чунки ин як чизи пинҳонӣ буд.” «Рӯзгор.тҷ»
Султони Ҳамад, рӯзноманигори фақиди тоҷик, ки дар он солҳо корманди Кумитаи давлатии бехатарии Тоҷикистон буд,дар як мусоҳибааш бо домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ёдовар мешавад, ки соли 1985 кормандони хадамоти амниятии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳини корҳои ҷустуҷӯӣ -оперативӣ нусхаи нашрияеро таҳти унвони «Ҳақиқати ислом» ба даст оварданд. Вай дар ҳақиқат дуруст қайд мекунад, ки «дар он давроне, ки давлат сиёсати атеистӣ, яъне сиёсати бехудоиро, сиёсати расмӣ эълон карда буд, пайдо шудани рӯзномае, ки дар он аз ҳуқуқҳои мазҳабии мардум дифоъ карда мешуд, мисли раъду барқе буд, ки дар осмони софу беғубор ғулғула меафканд. Ҳоло, ки ҲНИТ дар арафаи таҷлили ҷашни 40-солагии ҳизб аст, мо фурсатро ғанимат дониста, дар сӯҳбате бо Зубайдуллоҳи Розиқ, як тан аз собиқадорони матбуоти мазҳабӣ дар кишвар, раиси Академияи исломии ҲНИТ, мекӯшем то рӯи ин мавзӯъ бештар рӯшанӣ андозем».
Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ба саволи ҷаноби Ҳамад роҷеъ ба зарурати чопи ин нашрия дар он замони хатарнок чи буд, чунин ҷавоб додааст:
«-Дар ҳақиқат, ба чунин кор даст задан, хатарҳое низ ба ҳамроҳ дошт. Вале мо дар фаъолияти пиҳонкории ҳизб ба марҳилае расидем, ки дигар сафи хешро бояд рӯз ба рӯз зиёд мекардем. Ин кор аз тариқи ба ҳалқаҳои дарсӣ ҷалб кардани шогирдон албатта сурат мегирифт, вале боз роҳҳои дигарро низ мебоист истифода мебурдем. Масалан тавассути нашрияҳо таблиғ карданро. Тавассути дарсҳо танҳо ба шогирдону толибилмони алоҳида метавонистем таъсир бигузорем, вале ба ҷамъият таъсир гузошта наметавонистем. Мо наметавонистем ҳисси исломхоҳиву истиқлолталабиро дар мардуми оддӣ бештар бикунем. Аз ин рӯ мо ба ҳамин таъсис додани як нашрия даст задем. Аз ин кор ба ҷуз ман боз танҳо чанд нафари дигар огаҳ буданд. Албатта бо тавсия ва бо роҳбарии устод Нурӣ ин кор сурат гирифт. Нашрия бояд дар шакле ба табъ мерасид, ки касе моли кӣ будани онро натавонад пайхас кунад. Надонад, ки ин моли ҳаракат аст ё ҳизб аст. Аз тариқи ин нашрия мо мехостем афкори худро ба оммаи бештар матраҳ кунем. Мехостем, ки фикрҳои истиқлолталабиву мазҳабхоҳии мо аз доираи танги мо ба берун равад. Мо онро дар ягон матбаа чоп намекардем. Дар шакли маҷалла, дафтар, бо теъдоди маҳдуд онро мунташир месохтем. Дар аввалҳо то сад нусха чоп мешуд. Бештар дасти ба даст мерафт….. Аслан мо ин корро то соли 1986, то ҳамон рӯзе, ки бархе роҳбарони ҳизб аз сӯи мақомоти дахлдор боздошт шуданд, то ҳамон рӯз идома додем. Моҳи июни соли 1986 буд. Дар қатори хонаи устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба хонаи ман низ омада буданд, ҳамон мақомоти тафтишгар. Дар ҳайати онҳо чанд корманди милиса, ду корманди амниятӣ ва кормандони мақомоти ҳукумати маҳаллӣ буданд. Дар вақти кофтуков аз миёни китобҳои ман як нусха ҳамон маҷаллаи «Ҳақиқати ислом» пайдо шуд. Аммо онҳо бисёр чуқур аз ман дар ин бора напурсиданд. Танҳо пурсиданд, ки инро аз куҷо гирифтӣ? Гуфтам, ки аз ҷумъабозор як китоб харидам. Дар байнаш ҳамин буд. Дигар чизе нагуфтанд. Баъд аз он ки устод Нуриро ҳабс карданд, мо чопи нашрияро боздоштем». “Рӯзгор.тҷ”
Амалиёти «Саҳар» ё «Намози бомдод»
Агарчи Наҳзати Исломии Ҷавонони Тоҷикистон саъй мекард, ки фаъолиятҳои зеризаминии он мастур ва номакшуф боқӣ бимонад, вале КГБ-и СССР ниҳоде набуд, ки бишавад, гӯлаш бизад, бар сараш кулоҳ гузошт.
Сайиданвар Камолов, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон чунин менависад:
«Ҳанӯз аввали соли 1984 ба созмонҳои давлатии бехатарӣ далелҳое дастрас шуданд, ки аз ташкили анҷумани кӯчак, ё гурӯҳи хурде башорат медод, ки ният доранд бо роҳи осоишта ё дигар василаҳо шакли давлатдориро тағйир диҳанд. Барои он замоне, ки ҳама дар сотсиализми баркамол сокин буданду ба сӯи ҷомеаи бесинфӣ мерафтанд, маълумоти бадастомада хеле ҷиддӣ буд. Бо мақсади аниқу дақиқ кардани он маълумоти таъҷилӣ дар ҳайати кормандони соҳибтаҷрибаи КДБ Саймумин Ятимов (феълан Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон), Ҳамроҳхон Зарифов (собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон), Икромиддин Неъматов корманди Вазорати корҳои хориҷӣ ва мусаннифи ин сатрҳо комиссион созмон доданд. Комиссион ӯҳдадор буд, ки маълумоти дастрасшударо тасдиқ ва ё рад кунад. Роҳбарии комиссионро ҷонишини якуми раиси КДБ, шодравон полковник Комил Пӯлодов ба ӯҳда дошт. Давоми 6 моҳ мо маводҳои мавҷударо омӯхтем ва қарор додем, ки аз оғози солҳои 80-ум дар ҷумҳурӣ гурӯҳи махфии экстремистии диние гардиш дорад ва дар пеши худ вазифа гузоштааст, ки сохти давлати мавҷударо вожгун ва давлати исломиро пойдор созад. Ба ин ният онҳо ҳизби ғайрирасмии наҳзати исломии (ҲНИ) Тоҷикистон таъсис доданд». Сайиданвар Камолов, «Ситораи умед». Душанбе-2012
Аммо Султони Ҳамад, хабарнигори тоҷик, ки дар даврони Шӯравӣ дар ниҳодҳои амниятии вилояти Қӯрғонтеппа кор мекард дар як сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки нахустин хабарҳо дар бораи вуҷуди гурӯҳи пинҳонкори мазҳабӣ дар Тоҷикистон алакай соли 1975 ба идороти амниятӣ расид, ки аз вуҷуди як шабакаи муташаккили мазҳабӣ дарак медод: “Соли 1977 аз сӯи КГБ нахустин маълумотнома барои Кумитаи марказии ҳизби ҳокими коммунисти Тоҷикистон ироа шуд. Дар он гуфта мешуд, ки як гурӯҳи наве пайдо шудааст, ки дар маъракаҳо таблиғи дин ва баъзан аз ҳукуматдорон ҳам интиқод мекунад. Дар Кумитаи марказӣ ин санадро хеле ҷиддӣ гирифтанд, чунки медонистанд, ки ҳар маълумоте, ки аз КГБ меояд, ҳатман ба идораи марказии КГБ дар Маскав ва аз онҷо ба КМ КПСС расонда мешавад. Дар идома Султони Ҳамад мегӯяд, то соли 1985 доманаи фаъолияти ин созмони пинҳонкор чунон вусъат ёфт, ки идораи марказии КГБ аз Маскав низ дигар дастбакор шуд: “Соли 1985 дар хонаи як раҳбари наҳзат маъракае доир шуд ва мақомоти амниятӣ тавонистанд онро сабт кунанд. Баъди ин дарк карданд, ки ин як созмони муташаккилест иборат аз 4 бахши иршод, иқтисод, маориф ва амният. Боз дар ҳамон шабу рӯз рӯзномаи “Ҳақиқати Ислом”-ро пайдо карданд. Ин хабар ба идораи марказии КГБ дар Маскав расид, намояндагонаш омаданд инҷо ва диданд, ки вазъият хеле ҷиддист.”
Аз ин ҷо буд, ки ҳанӯз то рӯзи дастгиршавиаш устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ худи ӯ ва бархе аз ҳамсангарону ёрони наздикашро амниятиҳо на як бору ду бор барои «суҳбат» даъват карда буданд.
Аммо ин бор Кумитаи бехатарии давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи июни соли 1986 амалиёти густардае алайҳи аъзои ин ташкилот роҳандозӣ ва манзили 64 нафарро кофтуков ва китобҳои эшонро мусодира мекунанд.Ин амалиёт 22 июни соли 1986 асосан дар Душанбе ва водии Вахш ба амал бароварда мешавад, ки дар пайи он беш аз 40 узви фаъоли ин созмон дастгир мешаванд. Мақомот дар рӯзи аввал худи Саид Абдуллоҳи Нуриро дастгир карда наметавонанд.
Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин, аз муассисони ҲНИТ дар китоби хотироташ роҷеъ ба ин воқеа чунин ҳикоят кардааст:
«Дар соли 1986 24.06 яку якбора дар соъати чори субҳ ба хонаи ман дар ш.Қурғонтепа ба хонаи Мулло Абдулло дар ноҳияи Вахш, ба хонаи Мулло Абдураҳим дар шаҳри Кулоб, ба хонаи устод Домулло Сайидраҳмон дар шаҳри Душанбе бе хабар ва бе огоҳӣ дар торикии шаб, субҳи барвақт зада даромаданд ва ба кофтукоб шурўъ намуданд. То бегоҳ аз даруни варақҳои китобҳо то чердаку таҳхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳоро кофтанду чапа намуданд. Чи чизро мади назар доштанд, маълум набуд. Гумон мекардам рўихати аъзоён ва дороиро, мадраке, ки ба хориҷ алоқа доранд. Лекин дар охир чизеро, ки интизораш буданд, дарёфт накарданд, ҷуз чанд китобҳои куҳнаи динӣ, ки онҳоро бурданд, пасон бар гардониданд.
Дар ҳамон торих баъди кофтукоб устод Домулло Абдуллоро ба як чизҳои сохта ва бофта ба ҳабс гирифтанд. Таги ҳазор нафар дар пеши идораи Ҳизби Комунисти вилояти Қурғонтеппа, ки аксарашон ҷавонон буданд, ҷамъ шуда талаб намуданд, ки Сайидов Абдуллоро озод намоед ва ин тазоҳурот аз пагоҳ то бегоҳ идома кард». Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода: «ҲНИТ: Сабзиш, лағжиш, пешрафт». Душанбе-2013. «Муаттар»
Одинабеки Абдусалом яке дигар аз муассисони ҲНИТ мегӯяд, ки хабари дастгиршавии устод Нуриро дар ноҳияи Ваҳдат (Орҷоникидзеободи онрӯза) шунидааст. Вай дар арафаи солгарди 40-уми ташкили ҲНИТ дар соли 2013 дар бораи он иттифоқот, ки барои бори аввал дар густураи шӯравӣ рух дода буд, чунин ёдовар шудааст:
«Он вақт ман дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (Ваҳдати ҳозира) зиндагӣ мекардам. Яке аз бародарон хабари дастгир шудани Устодро ба ман расонд. Ҷавонони ҷонибдор зиёд буданд. Мошини бисёр низ ёфтем. Онҳоро ба тамоми ҷойҳо фиристодем. Ба ҳама фаҳмондем, ки ҳамин хел кор ба вуқуъ пайвастааст ва шумо метавонед фардо барои талаби ҳақ ҷамъ шавед. Инро дар кишварҳои демократӣ тазоҳурот меноманд, аммо дар Шуравӣ дар мавриди тазоҳурот ҳатто тасаввур надоштанд, дар гӯшаи хаёли касе намеомад, ки дар як кишвари абарқудрат ва яккаҳоким ва худкомаи дунё мардум ба дифоъи як тан рӯҳонии исломӣ қиём менамоянд. Мо шаб хоб накарда, тамоми ҷавононро даъват кардем. Ҳар кас масъулияте дошт. Ҳатто масъули хӯрду хӯрокро низ интихоб кардем. Инчунин масъули амният таъйин кардем, ки мабодо задухӯрд ба миён ояд, чӣ бояд кард. Мардум то ин муддат хеле огоҳ шуда буданд ва вазифаи ҳаракат дар ин марҳала ҷалби мардум буд». «40 соли наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ».Душанбе 2013. «Муаттар»
Саидимрон Неъмонов, яке аз собиқадорони ҲНИТ тафсилоти он ҳодисаи дастгиршавии устод Нуриро чунин қисса мекунад:
Устод Нуриро аз ҷои кораш МБТИ-и вилояти Қӯрғонтеппа аввал ба ноҳияи Колхозобод (Ҷ. Балхӣ) мефиристанд. Устод вақте ба ноҳияи Колхозобод мерасад, дар онҷо ӯро мегӯянд, ки фавран баргардад, зеро ӯро ба Ёвон мефиристанд. Дар сафар ба ноҳияи Ёвон ӯро яке аз шогирдонаш Абдуғаффори шаҳид ҳамроҳӣ менамуд. Тақрибан соатҳои 12 буд, ки Абдуғаффору қорӣ Муҳаммадҷон омада, гуфтанд, ки Устодро бурданд. Мо фавран ба Ёвон одам фиристодем, мақомоти Ёвон гуфтанд, ки хабар надоранд. Ба милисаи шаҳри Қӯрғонтеппа ва прокуратура рафта пурсидем, хабаре пайдо карда натавонистем. Баъд роҳбариятро даъват кардем ва ҳамагон ҷамъ шуданд. Қорӣ Муҳаммадҷон, эшони Қиёмиддин, домулло Айёмиддин, домулло Муҳаммадрасул, Холид ва чанд нафари дигар ба он раъй доданд, ки бояд мунтазир нанишинем ва кореро анҷом диҳем. Аммо чанд нафар ба сабру таҳаммул ва мунтазир нишастан даъват намуданд, минҷумла домулло Қосим гуфт, ки аз ин иқодомоти зиддиҳукуматӣ вазъияти Устод шояд бадтар шавад. Чун дидем, гап зиёд мешавад, дар онҷо чунон вонамуд кардем, ки гӯё коре намекунем, вале шабона нишасти дигаре дар совхози Туркманистон барпо намуда ба рафтан ба назди идораҳои мақомот ва талаб кардани озодии Домулло тасмим гирифтем. Ҳамин тавр бо роҳҳои гуногун мардумро ба онҷо овардем ва аввалин гирдиҳамоиро баргузор намудем ва як талаби асосӣ доштем, ки бояд макони Устодро пайдо кунем ва мутмаин шавем, ки ӯ зиндааст. Билохира онҳо маҷбур шуданд, иқрор намоянд, ки Устод дар дасти онҳост. Онҳо гуфтанд, ки ӯро пурсупос мекунем ва агар бегуноҳ бошад, ҳатман ҷавоб медиҳем”. «40 соли наҳзат. Хотира, андеша,дидгоҳ».Душанбе 2013. «Муаттар»
Шамсиддини Сайид, аз шогирдони бисёр ҳам сарсупурда ва бовафои устоди шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки ба маҳзи ширкат дар тазоҳурот бо талаби раҳоии устод Нурӣ барои се сол равонаи зиндон шуд, он ҳодисаро чунин нақл кардааст:
«Вақте ба назди бинои Кумитаи вилоятии ҳизби коммунист омадем, мардум он қадар зиёд набуданд, вале дере нагузашта мардуми зиёд омад. Кормандони Кумитаи бехатарӣ ва умури дохила роҳҳоро бастанд, то мардуми аз дигар манотиқ оянда ба гирдиҳамомадагон напайванданд. Бо вуҷуди ин, теъдоди мардум то рафт бештар мешуд ва бародарони гирду атроф бо зану фарзандонашон ба ҳар васила худро ба онҷо расониданд. Кормандони бехатарӣ ва умури дохила ҷуръати ба назди мо омадан намекарданд. Онҳо ба назди мо намоянда фиристоданд, то сабаби ҷамъ шудани моро бифаҳманд. Бародарон гуфтанд, ки мо инҷо барои озод кардани домуллои калон омадаем. Ва миёнаравҳо тарзе рафтор мекарданд, ки гуё аз чизе хабар надоранд. Додситони вилояти Хатлон Абдусаломов ба назди мо омада ҳатто қасам хӯрд, ки аслан чунин ҳодиса нашудааст ва касе домуллоро дастгир накардааст ва агар ин ҳодиса мешуд, ман аввалин шуда хабар меёфтам ва шояд домулло ба меҳмонӣ рафта бошад. Аммо мо шоҳид доштем, ки устодро дастгир кардаанд, бинобар ин, пароканда нашудем. Талаби қатъии мо озод намудани устод буд. Ва воқеан ин кори мо барои онҳо як амали хело ҳам боварнакарданӣ буд. Сипас, ба таҳдид шуруъ намуда гуфтанд, медонед ин кори шумо хилофи қонун аст ва шумо дар муқобили ҳукумати шӯравӣ даст боло мекунед. Оё медонед, ки натиҷаи кори Шумо чӣ мешавад? Ҳама пиру ҷавон бо як овоз мегуфтанд, мо барои домуллои азизамон агар ҷони худро диҳем, ҳоло ҳам чизе накардаем. Шаб шуд ва мардум бисёртар шуданд, ҳамчунон то субҳ онҷо монданд ва намозро дар ҳамонҷо хондем. Субҳ баъзе задухӯрдҳо сурат гирифт ва кормандони милиса мехостанд бо зӯрӣ мардумро пароканда кунанд. Яке аз кормандони милиса писари калонии устод Муҳаммадҷонро канор зад ва нисбати эшон хеле беэҳтиромона ва бо таҳқир муносибат намуд. Мо ҳуҷум карда Муҳаммадҷонро аз дасти онҳо гирифтем ва кормандони милиса чун ин ҳолатро диданд, гуфтанд, «бубахшед, ки моро фармон доданд ва намедонем чи кор кунем». Вазъият то рафт ҳассостар мешуд ва мардум садои «озодии Устод» ва «Аллоҳу Акбар»-ро баланд карданд. Дар ниҳояти кор онҳо иқрор намуданд, ки домуллоро дастгир кардаанд ва қаблан ҳам ба эшон даъватнома фиристода буданд. Мардум гуфтанд, дигар мо ба шумо бовар надорем ва шояд домуллоро кушта бошед, мо мехоҳем ӯро бубинем. Чун марудм дар ин талаби худ қотеъона истодагӣ намуданд, мақомот талаб намуд, то мо гурӯҳеро ҷудо намоем ва онҳо ба дидани домулло бираванд.
Воқеъан ин аввалин тазоҳуроти эътирозии мардум дар муқобили ҳизби коммунист буд, ки соли 1986 дар шаҳри Қурғонтеппа сурат гирифт ва бояд мардуми тоҷик ин санаро ҷашн бигирад. То он дам дар шӯравӣ чунин тазоҳурот ба ин шакл сурат нагирифта буд.» Шамсиддини Саид. «40 соли наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ. Душане-2013 «Муаттар»
Султони Ҳамад, ки он солҳо дар КГБ-и Тоҷикистон фаъолият мекард ва аз ин моҷаро комилан огоҳ буд дар суҳбат бо хабарнигори «Озодӣ» дар ин бора чунин мегуяд:
“Вақте ки мардум омаданду биноро ишғол карданд ва кори мақомот фалаҷ шуд, намояндагони онҳоро ба боздоштгоҳ бурда, Нуриро нишон доданд, ки зиндаву саломат аст. Баъди ин мардум бо хоҳиши Нурӣ пароканда шуд.”
Шамсиддини Саид, ки баъди ҳамин тазоҳурот бо банди 203-юми Қонуни ҷиноӣ, яъне бо ҷурми интиқод аз низоми Шӯравӣ ва ширкат дар тазоҳурот маҳкум ба 3 соли зиндон шуд, мегӯяд, ин аввалин тазоҳурот алайҳи низоми коммунистӣ дар Тоҷикистон буд: “Баъди 70 соли ҳукумати Шӯравӣ касе тасаввур надошт, ки диндорон баланд шаванду барои дифоъ аз як раҳбари динии худ ба майдон бирезанд. 1000-2000 нафар буд онҷо, вале теъдоди зиёде дар атроф буданд ва пулис, ки зуд ба худ омад, атрофро печонд ва мардумро дигар иҷозат надод, ки ба саҳни бинои кумитаи ҳизби коммунист ворид шаванд.” «40 соли наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ. Душане-2013 «Муаттар
Баъди тазоҳурот даҳҳо тан аз ҳаводорони наҳзатро ба зиндон андохтанд. Ва ба ҳамин тариқ устод Нурӣ моҳи феврали соли 1987 аз рӯи моддаи 203-и Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон бо иттиҳоми “Паҳн кардани хабарҳои бардурӯғе, ки сохти ҷамъиятиву давлати сотсиолистиро бадном мекунанд”, ба муддати 1,5 сол аз озодӣ маҳрум мегардад ва ба Сибирё табъид мешавад.
Саидиброҳим Назар аз масъулони собиқи ҲНИТ ва яке аз пайравони устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар як сӯҳбаташ ёдовар мешавад, ки дар соли 1988 Сибири Русия устодро хабаргирӣ рафтааст: « Аввал Хабаровск рафтем, аз он ҷо ба Комсомолск на Амуре ва аз Комсомолск на Амуре ба Амурск гуфтани шаҳрчаҳаке будааст, ҳамон ҷо рафтем. Устод дар ҳамон шаҳрак мӯҳлати ҷазоро мегузаронд. Вале мо устод Нуриро надидем. Зеро як ҳафта пеш аз рафтани мо он касро ҷавоб дода буданд. Аммо мулло Неъматуллоҳи кӯлобиро, Худо раҳматаш кунад, дар ҳамон ҷо пайдо кардем. Дар ҳамин ахир онҳоро якҷо карда будаанд. Онҳо дар ҳамин шаҳрча ҳуқуқи озод гаштанро доштаанд, вале то адои ҷазо на хориҷ шуданро аз он ҷо.» «40 соли наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ. Душане-2013 «Муаттар
Хонандаи азиз, инҷо дар идомаи боздошти устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ як ҳикояти ҷолиберо аз Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода пешниҳод мекунам, ки хеле омӯзанда аст:
«Бо дастури Котиби аввали Ҳизби коммунисти вилоят Қосимов ришсафедоне, ки ба наздаш даромада буданд, раҳматии Афғон, Санг ва Маҳмудро ба ҳабс гирифтанд ва аз ҷавонон Шамсидини Сайид ва Худойназарро ҳам ба ҳабс гирифтанд. Дар нисбати ман ҳам парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Чанд нафар муаллимро барои онки ба ман ҳукми шогирдӣ доштанд, бар зиди ман шурониданӣ шуданд. Онҳо шаҳодат доданд, ки ман ба дохил шудани қушуни Шуравӣ дар Афғонистон зид будам. Муфаттиш Толоев манро пурсид, гуфт ҳамин хел гуфтаӣ? Тасдиқ кардам. Боз пурсид, ки Шуравӣ дар соли 1956 дар Венгер ва Чех ҳам зада даромада буд гуфтаӣ. Гуфтам,бале тасдиқ мекунам, ки ин гапҳоро задам.
Гуфт агар инкор мекардӣ, то вақти ба кала гирифтан шуморо дар ҳабсхона нигоҳ медоштем. Ҳоло бошад дар ҳамин санади назоратӣ имзо кунед, ки аз ҳамин шаҳр берун намеравем, мо парвандаи шуморо ба суд месупорем. Кори маро судяи шаҳрӣ Мирзоев дид. Баъзе нафарони миёнарав пайдо шуда аз ў барои ман ҷазои сабук пурсон шуданд. Ӯ ҷавоб додаст ҳар ҷинояткори ашаддиро аз ман кўмаке пурсед, ёрӣ мерасонам, лекин ин шахс аз парвандаи мулло (устод Нурӣ дар назар аст) ва маҳбуси сиёсӣ мебошад, аз ҷонам метарсам. Барои ёрӣ додан имкон надорам.
Мурофиа оғоз гардид, манро дар курсии ҷиноятӣ шинонданд. Ҳамон муаллимоне алайҳи ман шаҳодат доданд боз ҳамон гуфтаҳояшонро такрор намуданд. Суд аз ман пурсид шумо ҳамин гуфтаҳои шоҳидонро тасдиқ мекунед? Гуфтам, бале. Гуфт кабк аз чаҳ -чаҳи забонаш ба доми сайёд меғалтад, шумо аз рўйи забонатон худатонро ба маҳбас кашидед.
Баъди танафус судя омад сухан ва рангаш тағйир ёфта аст. Суд ҳукмномаро хонд ба ман як сол ҷазои шартӣ доду 20 рубл аз нуги маош ҷарима кард. Ҳамаро аз толор ҷавоб доду маро боз ба наздаш фарёд карда гуфт: эй, мулло ман барои шумо 15 сол муқаррар карда будам. Аммо шумо бурд намудед. Тибқи сиёсати пешгирифтаи Михаил Сергеевич Горбачев, Дабири Кулли Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ бояд қушунашро аз Афғонистон бе ягон қайду шарт барорад. Ягона шахсе, аз даровардани артиш ба Афғонистон норозӣ ва онро хато меҳисобидед, шумо будед ва ҳақ баромадед ва ба ман занг заданд, ки шуморо аз зали суд озод намоям.
Яке аз дӯстонам муаллим Ибодуллои Муҳамадшариф гоҳ -гоҳе ҳамроҳи мо менишаст. Вай як рӯз дар назди одамон дар омади суҳбат гуфт, ки ман ин бегоҳ ҳамроҳи бародарон шабнишинӣ намудем. Онҷо мулло Қаландар ҳам буд. Суҳбатамон аз руи Қръон буд ва ба дарозо кашид. Баъди анҷоми суҳбат Қуръон ки дар дастам буд бурда дар болои китобҳои дарсии мактаб бехабар ва ноогоҳа мондам. Субҳ Қуръонро нофаҳмида ба синфхонаи мактаб бурдам. Вақте ӯро мебардорам ҳама талабаҳо мебинанду мегўянд муаллим моро имрўз аз Қуръон дарс медиҳӣ? Китобро дарав пушонидаму чизе нагуфтам. Ин хабарро касе ба Кумитаи Амният расонидааст.
Баъди як ҳафта аз суд нагузашта буд, ки дар рўзномаи «Коммунисти Таджикистана», ки сармуҳаррираш Борис Пшеничний буд зери сарлаваҳаи «Коран и классе» мақола чоп шуд ва муаллиф ҳар он чизе ки дар бораи ман медонистааст навиштааст. Маълум буд, ки аз КГБ фактҳоро гирифтааст. Навиштааст, ки ман зидди вуруди артиши шуравӣ ба Афғонистон будам ва низ аз мурофиаи додгоҳӣ навиштааст, Хуллас як сафҳаи газета.
Баъди 10 рўз зиёда аз садҳо мактуб аз созмонҳои ҳуқуқи башар аз ҷумла аз Ҳелсинки вотч. Амнисти интернешинал ва аз кишварҳои Амрико, Аврупо, Канада ба унвони рўзномаи «Коммунисти Таджикистана» ва сармуҳаррири он Пшеничний ба ин мазмун, ки «хоҳиш дорем Қаландар Садурдинов аз маҳбас озод шавад». Мактубҳоро ба дасти сармуҳаррири рўзномаи Хатлон Абдураҳмонов Муқим медоданд ва аз ман ҷавоб мепурсиданд, ки бигў ман дар ҳабсхона нестам, дар озодӣ басар мебарам. Ба назарам ба ҷавоби онҳо аз номи ман бовар намекарданд, ки ҳеҷ қабул намекарданд ва ҳамоно омадани мактубҳо қатъ намегардид. Дигар шӯравӣ маҷбур шуд бо имзои Николай Подгорний, раиси Президиуми Совети Олии СССР дар бораи озодшавии ман қарор бароварад ва он қарорро Миликузи, муовини Прокурори вилояти Қурғонтеппа ба ман овард. Манро гирифта ба Душанбе бурда чанд ҳуҷҷат пур намуданд. Нав як бор 20 рубл аз маошам гирифта буданд, ки онро баргардониданд ва ҳукмномаи судро бекор намуданд. Дигар омадани мактубҳо аз созмонҳои ҳуқуқи башар мутавақиф гардид.
Акнун бубинед Ҳаракати Наҳзати ҷавонони мусалмонро ва ҳаракати озодихоҳии онро, ки хама ҷаҳон ба шинохтани он рӯ овард. Ҳизби коммунист чунон роҳгум зада буд, ки дигар ҳамаро барои худ душман месохт. Вақте домулло Абдуллоро ба ҳабс гирифтанд пурсу пос аз тариқи расонаҳои хабарии дохилӣ зиёд гашт. Ва ин сабаб шуд, ки фаъолияти Наҳзати Исломӣ мавриди шиносоии дохилӣ гардид.Ононе,ки ба Наҳзат созгор набуданд, тарафи Наҳзат гаштанд. Ҳама ононе, ки ба Домулло Абдуллоро бо шаку шубҳа менигаристанд ё бадгўйӣ мекарданд, дигар ба ў чизе намегуфтанд, ўро ба эҳтиром ном мегирифтанд.
Зимнан, вақте устод Нурӣ зиндонӣ мешавад аз даҳҳо созмону кишварҳои олам ба унвони сардамдорони шуравӣ номаҳо ворид мешавад, ки ӯро фаврӣ озод намоянд. Ва, инъикоси ин номаҳо аз тариқи расонаҳои байналмилалӣ боис мешавад, ки ҷаҳон аз вуҷуди Наҳзати Исломии Тоҷикистон комилан воқиф шавад.» Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода: «ҲНИТ: Сабзиш, лағжиш, пешрафт». Душанбе-2013. «Муаттар
Ба навиштаи марҳум домулло Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин «Домулло Абдулло дар соли 1988 вақте аз маҳбасҳои Шуравӣ баргашт, ки мақом ва мартабаи калонеро дар байни мардум доро буд. Ҳизби Коммунист ва давлати тоталитарии Русияи Шуравӣ бо ҳамон абарқудратиаш дар симои Наҳзати Ҷавонони Мусалмон як рақиби пурқувват ва пуриқтидори худро мушоҳида менамуд ва барои аз беху бунёдаш нест кардан нақшаҳои зиёде рўйи даст гирифта барои ин амалиётро иҷро намудан чораҳои зарурӣ меҷуст.
Поёни бахши дуввум, давраи аввал
Давом дорад….