Агар шумо, хонандаи азизи «Номаҳо…» пай бурдеду мушоҳида намудед, дар аксарияти номаҳое, ки аз мардум ба дасти мо мерасад, онҳо аз дасти нозирони минтақавӣ-участковийҳо шикоят мекунанд. Ҳозир ин участковийҳо участковийҳои давраи шуравӣ нестанд. Ба тамоми кору чиз сар мехалонанд ва салоҳиятҳои зиёде ба онҳо дода шудааст. Мақсади барои онҳо ҳама шароит додан ин аст ки онҳо бемалол мардумро ғорат кунанду шикананду титу пора кунанду зиндагиашонро «бинанд» ва заодно мороҳам ҳимоят куннад. Моро-яъне Эмомаливу Рустаму Азизмову Тахминаву …хулоса ин қавми яъҷуҷу маъҷуҷро…
Вале ба ҳамаи инҳо нигоҳ накарда солҳост, ки маҳз ҳамин участковийҳо манбаъи тақсимоти анвоъи гуногуни наркотика дар саросари кишвар шудаанд. Ин участковийҳо асосан маводди мухаддири калонҳояшонро тақсим мекунанд ва баригаҳои махсуси худро доранд.
Дар ҳоле, ки худи Эмомалӣ Раҳмонов бо Зоиру домодашу бо Тоҷиддин командири қудои домодаш, яъне падараруси Исмоили дастбахайри набераи Раҳмонов катаката, крупний мезананд, чаро милиса ва участковий дар минтақаҳо ин корро накунанд?
Қубодиён
Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу акаи Муҳаммадиқбол! Шукри Худо, ки дигарбора шуморо дар майдони мубориза ва фаъолу пурэнежӣ мебинем.
Аз шумо хоҳиш мекунам дар барномаи «Номаҳо….» ҳамин номаи маро низ ҷой диҳед ва ба мардум расонед.
Ман як сокини Қубодиёнам, ки дар шаҳраки Пахтакор зиндагӣ мекунам. Мо дигар аз дасти амнияту участкавойҳои деҳаамон аз ҷонамон сер шудаем
Дар дехаи мо як участкавой ҳаст, ки номашро гуфта наметавонам. Чунки ӯ бениҳоят инсони хавфнок аст. Вай худаш ба ҷавонони ин деҳа маводи мухадир:- чарсу бангу афюн тақсим мекунад, яъне бизнес мекунад. Ва боз таблеткаҳои бо ном Лирика ва трамадол ба ҷавонон мефурӯшад ва мегуяд «апаи гапзанша фалон мекунам, ман бӯз нестам, маҳам нарм, мужикм, кайфиюм бзане, атвечат мекунам»
Ва боз ин участковий ба баъзе ҷавонони17- 18, ки чарсу банг мефурӯшад, онҳоро ба амният таҳвил медиҳад барои гирифтани званияи баландтар ва ҳолатҳое шудаст, ки боз худаш миёндаро шуда онҳоро аз дасти амният ё милиса бар ивази маблағи калон мехарад.
Боз мудири маъорифи Қубодиён номаш Зокир. Ин як порахури баднафс аст. Ман дар мактаби №2 таҳсил мекардам. Падараруси Зокир математика дарс медод. Саводе надошт. Аввал як таксист буд. Ҳозир домодаш, ки мудири маориф шудааст ӯро дар яке аз мактабҳои ин нохия директор гузоштааст. Номи падар арусаш Турдиев Бутаёр, тамоман бесавод аст. Як вақтҳо ПТУ хондааст. Ин Турдиев Бутаёр компютерҳо ва дигар лавозимоти мактабро фурӯхта мошин харидааст . Ман як 3 сол шудааст берун аз Қубодиён ҳастам намедонам, ки дар кадом мактаб директор аст.
Мо аз раиси ноҳияи Қубодиён хоҳиш мекунем нисбати ҳамин участкавойи наркобизнес, мудири маорифи ноҳия ва падарарусаш Бутаёр Турдиев чора бинад.
Як модар гиря карда гуфт, ки Турдиев Бутаёр узбек будааст. Бар замми ин корҳояш боз натсистӣ мекардааст: «ман дар фалони ту фалон кунам, ғармии сука бо ту гап зан шудаӣ» гуфта таҳдид ва зурӣ ҳам мекардааст. Кутоҳи гап он модар хело гиря кард.
Восеъ
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Восеъ барои шумо маълумот мефиристам. Вазъият дар ноҳияи мо аз бақия навоҳии кишвар бадтар ҳасту беҳтар нест. Махсусан муносибати мақомот бо мардуми намозхону ришдор бисёр ҳам дурушту дағал аст. Ман худам дар муҳоҷирати кориям. Аз деҳа аз ман хоҳиш карданд, ки ҳамин ҳолатҳоро ба шумо расонам.
Ҳоло дар мо як нафареро оварда дар масҷид муовини муаззин таъин кардаанд, ки корманди мақомот аст. 27 сол дар идораи пожарний кор мекард. Ҳозир дар бозору мағозаҳои Восеъ меравӣ не сатр меёбӣ не ҳиҷоб. Занҳо мегуянд, ки сатрро манъ карданд, қироат ва таълими «Қоидаи бағдодӣ»-ро манъ карданд, хариду фурӯши Қуръонро манъ карданд. Ҳозир дар Восеъ дар ягонҷо Қуръонро дастрас карда наметавонӣ.
Як фурӯшанда буд, ки дар даҳани дари бозори Восеъ савдо мекард. Ҳозир даруни запчастбозор савдо мекунад. Мардум пурсидан гуфтааст, ки ҳозир намемонанд, китобфурушӣ мумкин набудааст. Ҳозир фақат духиву тоқӣ савдо мекунад
Ба наздикӣ дар мактаб маҷлис мешавад. Мегуянд, ки 100 сум меёбеду дар интернет мепартоед бо хоинҳои ватан гап мезанед, хабар мекашед аммо барои кудакотон сум намеёбед,к и форма бихаред, китоб бихаред, пули журнал диҳед. Ҳозир барои як кудаки синфи ду дар 200 сомонӣ китоб мехарӣ. Синфи як Алифборо хонда наметавонад 6-7 китобаш медиҳанд, ки нархи онҳо ҳам на кам аз 100 сомонӣ мешавад. Акнун 2, 3, 4 кудакро ҳисоб кунед, ки фақат пули китобҳои онҳо чи қадар мешавад? Барои як кудак 150 то 200 сомонӣ китоб медиҳанд.
Қишлоқи мо аввал ба номи Киров буд, ҳоло ба номи Ҳамид Баротов аст. Директори мактби мо ки як худозада аст. Фақат тарафдори ҳукумат ва ҳамеша бо сатру ҳиҷоб дармеафтад.
Номаш Неъматулло. Акааш Ҳикматулло як вақтҳо депутати Восеъ буд. Ҳамин Барот, ки қишлоқ ба номаш аст отаи ҳамин директор аст. Инҳо ҳамаашон ҳатто духтарҳояшон муаллиму муаллимагӣ кардагианд.
Дар мактаб чанд сол аст ки талабаҳоро намемонанд, ки сатр кунанд. Маҷлис шуд сатри занҳоро гирифтанд. Муллои масҷид мулло Абдурасул ва муовинаш ҳам онҷо буданд, аммо як бор нагуфтанд, ки сатр аз ҷониби худо аст.
Дар қишлоқи мо дар масҷид фақат гап дар бораи Шумо рафта истодааст. Шуморо мегуянд, ки онҳо хоинони миллатанд, онҳо салафианд. Ба гапҳои онҳо гуш накунед, боварашон накунед.
Роҳҳои қишлоқи мо тамоман ҷазир аст. Мактаби мо мактаби №13 ҳамон хел ҷазир аст. Нав аз як тарафаш мактаби нав рост карда истодаанд.
Як зан бо номи Зулфия дар ҷамоат кор мекунад. Хонаҳои ҳамаро мегираду мефурӯшад. Як корманди дигар Зиё ном дорад ва кори ин фақат облава асту бузигарӣ.Саодаташ ҳам буз аст. Дар қишлоқ бузигарӣ мекунад. Одамҳоро хизмат мебарад.
Як духтурхона дорем, ки дар он табибе бо номи Наим кор мекунад. Дар беморхона тамоман намеёбиаш. Майдони мактаб мераваду кораш волейболбозӣ аст. Аммо маош гирифта истодааст. Меравӣ ҷои кораш нест. Кудак касал мешавад мегуяд Восеъ баред. Аммо вақте комисси меояд дар пеши комиссия одамҳоро мебарораду мегуяд, ки бигуед духтуру духтурхона ҳама соз. Фамилияаш Муродов Наим. Инҳо ҳамаашон зинокору ҳаромгаштанд.
Дар қишлоқ мо не об дорем не свети ҳалол. Симчубҳои хатти барқ ҳама тит шудагӣ, дар қишлоқ роҳи обод нест. Сӣ сари сол мешавад, ки шебен мерезанд. Роҳ кандагӣ, чуқурӣ, асфалт нест . Аз дасти Зиё дар қишлоқ не ферма монду не гов. Ферма, гову мол ва гаражу техникаҳоро фурӯхтанд. Хирманҷоро фурухтанд. Дар қишлоқ як магазини пешина мондагӣ. Магазини Алам мегуянд. Ин Алам худаш бузи КГБ аст. Масҷид меояд пеши мулло мешинад, лекин гап фақат таърифи пешво. Худо бигирад туву пешвоятро.
Хуросон
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Хоҳиш мекунам, ки ин маълумотро срочно дар яке аз барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп кунед. Мо аз деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати Садриддини Айнии ноҳияи Хуросон мебошем. Мактаби деҳаи мо №24 аст. Муаллимҳои ин мактаб аз ҳамин деҳа ва аз деҳаи Чорбоғ мебошанд. Ин муаллимҳо бисёр гузаронидагианд.
Шералиев Ҷамшед соли тавалудаш 1997 муаллими забон ва адабиёт роҳбари синфи 5. Рузи 16 сентябр се талаба аз синфи ҳамин муаллим ба мактаб наомаданд. Рӯзи душанбе 18 сентябр ба мактаб меоянд. Муаллим Ҷамшед он се писарро ба назди доска даъват мекунад.
Номи инхо Содиқов Зиёвидин, Мусоев Идибек ва Фозилов Суруш. Баъди баромадан ба назди доска бо калиди қулфи кабинеташ ба сари ин се бача мезанад. Сари ҳар се писарбача мекафад ва хун аз тори сар ба куртаҳояшон мешорад. Ҷамшед маҷбур мекунад, ки хуни тори саратонро шуед. Суруш ва Идибек мешуянд, лекин Зиёвиддин гиря карда ба хона меравад, ки модараш дар пахта чинӣ аст. Ба хонаи момаи модариаш меравад. Мома ин ҳоли набераро дида метарсад ва аз дасти наберааш гирифта ба мактаб меояд ва мегуяд, ки ин мактаб сохиб дорад ё не? Шоймардонов Маҳмадқул мегуяд барои чи набераат ба мактаб наомада буд? Мома мегуяд, ки «наберамда 90 -100 сомонда китоб додед, аз сари гури Ҷамшед оварда битем, ин ҳамин бачаи сар кафида рӯзи шанбе пахтачинӣ рафта буд, ки пули китобҳоямро кор кунам. Лекин ҳамон Шоймардонов Маҳмадқул, ки завуч (мудири қисми таълимӣ)-и мактаб буду ду ҳафта мешавад, ки директор шудааст, ин занро пеш мекунад: «зудтар бирав, ки ба ман гап мерасад». Аз ҳама даҳшатовар ин аст ки ҳамин Маҳмадқул бо момаи кудак хоҳару бародар ҳастанд. Бобои Мустафоқул ин зан ва Маҳмадқулро гирифта калон карда буд. Хулоса ин зан набераашро гирифта меравад ва шавҳари ин зан ба мактаб меояд. Маҳмадқули шайтон язнаҷон гуфта Ҷамшеди лаънатиро мегурезонад. Ин кор дар тамоми ноҳия овоза шуд. Вале на участковий омад, на аз маориф ва на аз Идораи ҷамоат, касе ин ҳодисаро таҳқиқ муҳокима накард. Магар муаллим ҳақ дорад, ки талабро латту куб кунад ва он ҳам бо асбоби оҳанӣ (калид) ва сари бачаҳои мардумро зада хуншор созад?
Аз синфи 2 то 11 рӯзнома аз тарафи мактаб нархаш 12 сомонӣ. Дар бозор ман худам пурсидам рӯзнома 7 сомонӣ. Фурӯшанда гуфт, метавонӣ ба 6 сомонӣ бигирӣ. Гуфтам ман 20 адад мегирам. Гуфт интавр бошад 5сомонӣ бигир. Нархи китоби нав 18 сомонӣ, китоби 5-6 сол истифода бурдаги 12-13 сомонӣ дар мактаби рақами 24 деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон.
Исфара (Чоркуҳ)
Асалому алайкум кормандони «Ислоҳ» ва бародари ба ҷон баробарам домулло Муҳаммадиқбол!
Номаи навро ба шумо ирсол менамоем. Аз санаи 15.09. 2023 сар карда дар Чоркуҳ сарбоз шикор нею бобою амак шикор сар шуд. Бовар кунед ин дафъа бо 3 мошин 12 то 15нафар ба хонаи даъватшавандаҳо омада бобою амакҳоро бурда дар як ҳуҷраи 3×4аз 15то 25нафарро руст карда аз 3 шабонарӯз то 5 шабонарӯз бо ҳаракатҳои аз шариат берун тарсонида аз 3000то 7000сомонӣ гирифта истодаанд. Дар 4 -5 маҳалла неруи барқро хомуш карданд. Бовар кунед як ҳолати ғайриодии ҷангиро мебинед. Мусафедҳои калонсолро дошта бурда таҳдид карда истодаанд, ки ё набераатро аз Русия даъват карда оварда ба сарбозӣ месупорӣ ё ҳаминҷо мепусӣ. Ҳатто тарсонида истодаанд, ки ин иҷозатро ба мо аз Душанбе додаанд, худи Ҷаноб медонад вазъи «облава»-ро. Одамҳо аз тарс ин пулҳоро бароварда дода истодаанд, аммо ҳоло маъракаи расмии даъват аз аввали октябр сар мешавад. Ва яке аз милисаҳо гуфт,ки ин пулҳои шумо чизеро ҳал намекунад, бачаҳоятонро бояд фарёд карда оваред.
Бовар кунед, ки чанд сол аст ки аҳвол дар Чоркуҳ ва Ворух ҳамин тавр аст. Боз одамҳои калонсол, падари даъватшавндаҳоро тарс медиҳанд, ки шумо наҳзатиед, ё шумо салафиед, ё шумо тарафдори террористҳоед, барои ҳамин бачаҳоятонро аз аскарӣ мегурезонед. Қирғизҳо ҳамла кунанд, шуморо кӣ муҳофизат мекунад гуфта дуғу таҳдид карда истодаанд.
Инки дар ин чанд соли ахир эълон мекунанд, ки Чоркуҳ дар рӯзи аввал нақшаи даъватро иҷро кард, натиҷаи ҳамин зулму ситам аст. Аллоҳ инҳоро хору залил гардонад.
Бохтар
Салом, бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман соли 2020 ба хизмати аскарӣ рафтам ва соли 2022 тамом карда омадам. Ман барои шумо маҳалли зист, рақами хона, куча ва шаҳрамро ва ному фамилияамро мегуям. Инки эълон мекунед ё не кори худатон. Барои он ин ҳама адресу нишониҳоямро мегуям, ки бовар кунед, як калима ҳам дуруғ намегуям.
Ман бо хоҳиши худам аскарӣ рафтам. Гуфтанд, ки бо хоҳиши худат равӣ дар ҷои хостагиат хизмат мекунӣ. Мебоист ман дар ДШБ хизмат мекардам. Ҳамин хел хоҳиш доштам. Баъд маро гирифтанду ба Помир-Хоруғ фиристоданд.
Дар онҷо саг қадр дорад, сарбоз надорад. Як кусок хлеб медиҳанд, ки он ҳам нопухта, дарунаш хом. Бу мекунад. Сарбоз сер намекунад. Тушонка ҳаст аммо ҳамаро офитсерҳо мефурӯшанд, ба сарбозҳо намедиҳанд. Мефурӯшанду сумро мегиранд дар киссаашон мезананд. Хурок приловка мекунанд, часпак. Дарунаш кирм дорад. Азоби сагро кашидем.
Моҳи январ ҳаво дар Хоруғ хеле ҳам хунук аст. Ман берсӣ надоштам. Як моҳу чанд рӯз бе берсӣ, пойи слансӣ гаштам, барф то зону. Ба худо як офитсер нигоҳ накард, ки ин сарбоз чи ҳол дорад, пояш луч.
Падару модарам базур зиндагиашонро пеш мебаранд. Дар берун меистодам, пойҳоям каб-кабуд мешуд. Офитсер намегуфт, ки рав дарун. Баракс, «э,к….и апа дар саф рост бест, э оқи падар» мегуфт, оиларо ҳақорат мекард. Офитсер рост мемонду мезадамон, тоқат кардем.
Сарбоз дар ҳафта як бор душ мекард. Офитсерро мегуфтӣ душ дароям, ҳақорат мекард ба апа, ба оча, ба хоҳар: «апата ман фалон кадум, ачата ман фалон кадум, хоҳарта ман фалон кадум, ту чида дъш медрой, иди на….й шав а, иҷа» гуфта таҳқир мекарду мезад.
Ҳоло дар телевизион бардуруғ таъриф мекунанд, ки хизмат зур аст. Қаври падарашон аст. Хизмат азоби саг аст. Ҳақи сарбозҳоро хурда истодаанд.
Баъди омадан аз хизмат праваамро надоданд. Даводав кардам бефоида. Замин медиҳем гуфта буданд -10 сотих. Ҷамоат омадам, заминам надоданд. Пеш аз рафтан ба хизмат ариза гирифта ваъда карда буданд, ки заминат медиҳем. Падару модари пир дорам. Шикоят кардем ба ноҳия: иди на…й гуфтанд. Гуфтанд, ки хизмат кардаӣ барои ватан хизмат кардаӣ, барои чи боз ба ту замин дода шавад?
Боз мегуянд, ки мо бо пешвои миллатем. Худо бигирад пешвои миллататонро.
Дар ғарибӣ кор карда истодаам. Ба сахтӣ сум меёбам.
Вақте дар Помир митинг сар шуд бурданамон митинг. Вақти бурдан моро гуфтанд, ки ин «гансҳо тоҷик нестанд, инҳоро мо бояд очаҳояшонро фалон кунем. Инҳо бар зидди ҳукумати мо ва ҷаноби олиянд. Тайёр бошед, ки агар зарур шуд, мепарронемашон»
Дар «Тигр» шиштему рафтем. Марказ бурданд. Дигарҳо дар блокпостҳо буданд. Сахт азобамон доданд. Дар даст яроқ рост меистодем. Таги берсиҳо кафидагӣ, об медарояд. Ишкамҳо гушна, хунук, азоб. Фақат приловкаи пури кирм. Хлеб хамир. Дар хунукӣ ларзаамон мегирифт, иваз намекард ҷойҳоямонро, то саҳар рост меистодем. Кирмҳоро ҷудо карда мехурдем. Се руз дар ҳамин ҳол будем. Инҳо раҳми инсонӣ надоранд, инҳо инсон нестанд.
Ягон бачаи ҳатто бригадир ҳамроҳамон набуд. Моро манъ карда буданд, ки аз дасти мардуми маҳаллӣ ягон чизи хурданӣ бигирем. Онҳо нон ё ягон хурок меоварданд, чун дилашон ба ҳоли мо месухт, вале мо аз тарси командирҳо намегирифтем. Бовар кунед, ки дар ин вазъият кадом рӯзе ҳаст ҷанг сар мешавад. Раҳмонов бояд аз вазифа равад ва дар фикри додани курсӣ ба бачааш ҳам нашавад. Чунки инҳо дигар аз уҳдаи идораи ҳукумат намебароянд.
Ҳисор
Салом, бародари Муҳаммадиқбол. Ман ба шумо аз ноҳияи Ҳисор нома мефиристам. Умедворам онро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой медиҳед.
Шумораи дақиқи аҳолии деҳаи Гаҷаки ҷамоати Деҳқонободи Ҳисор Мудири шӯъбаи беморхонаи деҳаи Гаҷак Бобокалонова Гулбаҳор мебошад. Ин зан аз таваллуд шудани ман то ҳозира дар ҳамин вазифа кор мекунад. Намехоҳад,ки дигар кас ҷояшро гирад. Ман 30 сола шудам. Гулбаҳор шояд 65-70 сола бошад. Ҳамаи заминҳои он беморхонаро гирифту дар номаш кард. Гирдашро девор гирифт. Аммо мо дар як кулбаи вайронаи аз СССР монда беморхона дорем. Охир наход то ба ин дараҷа ноадолатӣ бошад. Боз ин чоплусҳои Раҳмонов мегуянд, ки Тоҷикистон обод шуда истодааст. Чаро заминҳои беморхонаро, ки як ҷойи муҳим ва асосии ҷамъиятӣ аст як кас аз они худ мекунад вале худи беморхона чи хеле буд, ҳамон хел меистад? Ин заминҳо пагоҳ-фардо, ки аҳолии деҳа афзуда истодааст барои мардуми худи ҳамин ҷо лозим мешавад ва беморхонаи нав месозанд.
Ҳоло дар Гаҷак талаба бисёр шудагӣ аст. Дар мактаб синфхона намерасад. Аз кадом ободӣ гап мезанед? Як раиси маҳалла мактаби давлатиро гирифта манзили шахсӣ кардааст, ҳоло талабаҳо-кудакҳои мо ҷойи дарсхонӣ надоранд
Наход давоми сӣ сол наметавонед, ки як боғчаи бачагона бисозед? Ҳар чизе аз давраи шуравӣ буд онро фурӯхта давлатдорӣ карда истодаед. Охир куҷои онро мешавад ободӣ ном кард?
Ҳамин сол модари ман пенсия баромад. Меравад ҷое, ки бояд пенсияи ӯро дуруст кунанд. Идораи ҳифзи иҷтимоӣ. Мегуянд, ки агар бихоҳӣ пенсияат дуруст шавад 1000 сомонӣ медиҳӣ. Аммо худи он пенсия 140 сомонӣ будааст .Ин ҷабру ситамро мебинӣ, мегуӣ, ки дар дузах бошем. Аммо Ҷаноб мегуяд, ки шукрона кунед, ки дар биҳишт ҳастед. Э, руят сияҳ, ту барин раиси давлатро.
Соли 2016 сол буд, ки дар деҳаи Гаҷак замин тақсим карданд ва раиси маҳаллии он вақта Раҳимов Абдулло буд. Мо дар як хона се оила зиндагӣ мекардем. Абдулло ба ман замин надод. Ҳатто гуфтам пул медиҳам не гуфт. Аммо ҷои аламаш ин аст ки Абдулло заминҳоро ба бойбачаҳо ба шахсоне, ки на бача, на зан доштанд, хонаву дарашон тинҷ буд, ба онҳо заминҳоро фурӯхт. Боз соли 2019 гуфтанд замин тақсим мекунем ва ҳамин Абдулло аз мо 7 ҳазор сомонӣ талаб кард. Гуфт замин медиҳем бо ҳамроҳи Аҳмедов Умед. Умед дар ҷамоати Деҳқонобод бо ҳайси заминсоз кор мекард ва 2021 Умед фаҳмид, ки барои заминфурушӣ меқапанду тюрмааш мекунанд аз Тоҷикистон гурехт. Ҳоло фаҳмидам, ки ба Аврупо гурехтааст. Ин ҳукумати 32- солаи Эмомтаппак як замин созро қапида наметавонад ё инки худашон аз Умед пул гирифтанд ва ӯро иҷозат доданд, ки гурезад.
Аммо мо мардуми камбағал безамин мондем ва намедонем пули моро, ки медода бошад. Намедонем ба кӣ гап занем? Абдуллоро мегуӣ, мегуяд заминро тақсим кунанд, ман замин гирифта медиҳам. Фақат фиребу мошшеники.
Дар ҳамин Гаҷак ҳаст 2 Гаҷак. Аз дарё он тараф Гаҷаки1 ва ин тараф Гачаки 2.
Дар Гачаки 2 ҳам шипанги колхозӣ буд. Ҳамин шипангро ҳоҷӣ Баҳодур бо бачааш ҳоҷи Мӯмин аз ним зиёдашро гирифта хона кард. Шипанги колхозиро. Ҳама хап, ки Мӯмин бой ҳаст. Дар Регар заводи дару тирезаи алюминий сохт ва Эмом тапак рафта кушод.
Мо дар завод кор мекардем, аммо маоши соз намедод. Бародари ҳоҷӣ Мӯмин Темур ном дорад. Бо одам соз салом намекард, соз гап намезад. Барои он ки пулашон бисёр буд. Вале охир агарки пулатон бисёр аст, шипанги мардумро намехаридед, дар ҷояш як боғчаи бачагона месохтед барои бачаҳои мардум ва хело савоб мегирифтед.
Як чизи дигар дар ёдам расид. Як рӯз, он вақте ки Ёров Ҷамолиддин раиси маҳалла буд ва дар Айнӣ «облава» мерафт, ман дар пеши магазини Абдуллобек истода будам, Ёров Ҷамолиддин ва дигараш Раҷаб Мурод -бузи амният- омаданду маро гуфтанд, ки 100 сомонӣ бидеҳ. Ман гуфтам барои чи? Гуфт солдат мехарем. Ман гуфтам маро хизмат намебаранд. Гуфт додар надорӣ? Гуфтам додарам 3 сол шуд дар Русия аст. Гуфт «хай те ай тани додарут». Ман гуфтам худат аз кисаат да шефот барору деҳ, ман сум намедиҳам. Дигар ҳамин Раҷабмурод фамилияаш Раҷабов Раҷабмурод аст чап гирифт. Дар масҷид ё ки дар роҳҳо салом намекарданд.
Мехоҳам тавассути барномаи шумо ба гӯши кари онҳо расонем. Дар Гачак ман ҳарӯз мегардам ва аз ҳама чиз бо хабарам аз дузди ғоратгари фиребгари ҳаром хури аз хушиву хурсандӣ амо дар Гачак ҳаст кӯчае баном кӯчаи Файзободиҳо ва дар он кӯча як чизро дидам баъд аз раиси маҳалла пурсидм вай гуфт эй чомекуни вай одами бой аст акнун ме гӯям. Ман чиро дидам як хонаи ду ошиёна беҳад бад воҳима рангу бор кардагӣ қаср ваи хона аз муаллими Муҳибулло Ҳамроев ва ҳамсараш Мукарам марбут аст дар Гачак. Ба гуфти раиси маҳалла ҳама мукарамаро мешиносанд муаллими шавҳаршро не . Дар паси хонаи ин Мукарам як хонаи дигар ҳаст аз як занаки камбағал ин занак ду келин дорад ва бачаҳояш дар Россия амо тирезаҳои хона Мукарам ҳуй аст ва ҳавлии ҳамин занаки камбағала тамошо карда мешинад. Ин занк аз баски камбағал аст наметонад забор кунад ва хонаи ӯро маҳкам кунад ва ин Мукарам як шахси бахили бе инсоф аст дар Ҳисор. Чандто ҷои савдо магазин доштай ва ҳозир ҳаҷ рафтай ман ҳайронам чихел ту ҳаҷ мерави зарарат дар ҳмасоят мерасад. Охир ту кӯ шароити пули дори ҳаҷ рафти охир чихели ҳоҷибибӣ мешави ки бачаҳот худат маълим набераҳот ҳама ҷои кор доранд. Охир хонаи и занаки камбағала тамошо мекунен охир вай келин дорад дуро буро доранд ту аз Худо натарсида чихел хонаи Худо рафти Мукарам охир дар поёни хонат ҳамсояи дигарат Лола ном дорад як тирезаи хонаш барои кушода буданаш ӯро дар суд доди ва боз ними заминашро грифти. Охир гир тирезаҳои хонаи хударо маҳкам кун зарарта ба ин занаки камбағал нарасон. Агар забор накуни тирезаҳоятро маҳкам накуни дар Душанбе да 82 зиндаги мекарди ва бизнес дошти сафеди кати ҳамаш дар дасти ман ҳаст. Бовар кун агар ислоҳ нашави ҳамаи корҳои сиёҳатро менависм дар “Ислоҳ” чихел бузи мекуни одамора ма ҳамара медонм кадом Гачакӣ чикор мекунад ,чихел нафас мекашад дар дасти ман ҳаст.
Анакнун мегузарем ба раиси ҷамоати Деҳқонобод ман аз Гачак ва Қаюмов Нуриддин раиси ҷамоати Деҳқонобод вақте ки раис шуд ва фармон дод, ки масҷидҳора маҳкам кунен ёки пул ҷам кунен токи салдат харем ва масҷиди калони панҷвақтаи Гачака ҳамин Қаюмов Нуриддин баст. Ин Нуриддин Қаюмов дар ҷои кораш нест фақат мерави ҷои кораш маҳкам аст, ҳатто бовар кунен ҳамон печата дар ҷайбаш грифта мегардад, ки муовинаш ягон сум кор накунад. Соли 2021 як ҳмсоя зан грифт бъад иҷозати туй гири рафт 3000ҳазор сомниша грифтанд ва соли 2022 буд боз як хешамон зан грифт ай Гачак 4000ҳазор сомонияшро грифтанд ва иҷозат доданд. Дар соли 2023 бачаи амаки худам зан гирифт рафт барои иҷозати туй ҳамин ҷамоати Деҳқонобод ставка боло рафт аз ӯ 7000 ҳазор сомонияшро грифт. Боз бечораи носуда 30 рӯз кати арӯс истод гурехт рафт Россия. Ин Каюмов Нуриддин як алкаши бе Худои бе намоз аст кораш фақат масҷид маҳкам кардан пул талаб кардан аст, охир худат дар ҷои корат нести хоб ҳамон печата дар мувинат мон то ки мардум печатро интизор кашида нашинанд охир. Наход инсон инқадар гурусна бошад. Нуриддин Қаюмов камтар аз Худо тарс!
Бобокалонова Гулбаҳор раисаи беморхонаи деҳаи Гачак 66 сола будаст ва барои аз кораш нагрифтан дар одамҳои паликлиникаи шаҳри Ҳисор пора медода аст ва дар ҷои кораш кор мекардаст ва манда ҳаминаш интересно шуд ки як беморхона дар қишлоқ ва ин чандсум кор мекарда бошад ва пора медиҳад, то курсиро зери мақъадаш нигоҳ дорад. Гулбаҳор мисли пешвошон курси дӯстдор будаст, хуб хуни мардуми камбағали Гачакро хурди гашти Гулбаҳор акнун мон кадри ҷавонон кор кунанду хизмат кунанд ба мардум. Пиршуди рав зикри Худо кун ва хуни хурдаи мардуми камбағали Гачака чихел ҷавоб медиҳи дар назди парвардигор эй Гулбаҳор?
Ончи дар номаҳои қаблӣ навишта будам бародар Муҳаммадиқбол аз Ҳисор Ҷамоати Деҳқонобод деҳаи Гачак баъди номаи навиштани ман дар бораи Ёров Ҷамолиддин ва Нуралии кал ҳамаро хондаанд ва гуфтанд,ки кадоми бар зиди давлат навиштааст ҳатман он хоинро пайдо кунед. Биёед мард шавед ақалан барои як бор кадом сухани ман бар зиди давлат ё,ки миллат буд? Ман аз ҳаром хури ва дуздии шумо бе имонҳо навиштаам, агар мард бошед мактабро ва шипангро бар гардонед!
Акнун боз инҷо гуфтани ҳастам, ки дар ҳамин деҳаи Гачак шаҳри Ҳисор як соҳибкор оби хӯрдани аз пули худаш баровард ва ба 60 хона обро гуфт гузаронед ва ин мардум турба хариданд ва аз пули худашон трактор заказ карда канданд обро бурдан ва ҳар як хона то даруни хонаҳояшон обро гузаронд. Аммо аҷоибаш дар он аст, ки охир ин соҳибкор обро баровард аммо раиси маҳалла Раҳимов Абдулло дар ҳамон вақт аз ҳар як хона бо нархи 10 сомони дар як моҳ ҷам карда истодааст. Охир барои чи ин раиси маҳалла пул ҷам мекунад? Ин пул куҷо меравад ва ба киса ва нафъи ки меравад? Марҳамат ана инро метавонед посухашро гуед? Инро мегӯянд рӯйи рост пора хурӣ аз мардуми камбағал.
Акнун мехоҳам дар мавриди Ҳисор сар нависам дар бораи Солиев Баҳриддин раиси калхози Латиф Муродов ва ин Баҳриддин Солиев ранги ҳамин пешво дар курси раиси калхоз аст, то ҳозира раиси колхоз истодааст. Соли 2012 раиси ноҳияи Ҳисор ҳам шуда буд вале ҳам раиси ноҳияи Ҳисор ва ҳам раиси колхоз буд. Мегум дар Тоҷикистон дуъо рафта бошад, як одам дар ду вазифа кор мекунад барои ман як тракторчии ҳамин колхоз гуфт . Ҳамин Солиев Баҳриддин ҳатто ойлики тракторчиҳора намедодаст ва мегуфтааст,ки солярка фрӯшен бастонаи. Дар ҳамин Ҳисор деҳаи панҷоҳ солаги фермаи гов ҳаст аз калхоз буд ва ин Солиев Баҳриддин грифт дар номи худаш кард заминҳои колхозира ба мардуми пулдор фурӯхт ва ҳамин шипанги деҳаи Гачакро ҳам ба ҳамин ҳоҷи Нуралӣ,ҳамин Баҳриддин фурӯхтааст ва ҳамин мактабро ҳам дар деҳаи Гачак буд ҳамин Ёров Ҷамолиддин аз Солиев Баҳриддин харидааст. Дар болои қишлоқи Гачак заминҳои президентӣ буд ва ҳамин ҳоҷи Нуралӣ тавассути Солиев Баҳриддин документ кардани буд. Ҳатто 30 ҳазор сомонӣ ба Солиев Баҳриддин додааст аммо документ аз тарафи заминсозӣ шаҳри Ҳисор дода нашуд.
Ман худам шоҳиди як ҳодисаи ҳам хандаовар ҳам аҳмақи будам соли 2010 буд аз тарафи ҳамин колхози Латиф Муродов ба ойлаҳои камбағал кӯмак карданд ва ман бо як камбағал кӯмак гири ба колхоз рафтем ва бухгалтери ҳамин колхоз ба ин камбағал 20 кило гандум дод. Ана кнун ин ахмақиро бинед, мо пойи пиёда аз деҳаи Гачак ба колхоз барои кумакро грифтан рафтем. 20 кило гандум ҳамин кӯмак аст ? Боз ҳамин гандум пури ифлоси буд як 5 килоаш ифлоси мебуромад ман ба ҳамин Солиев Баҳриддин гуфтаниям охир тӯли 13 сол шояд зиёд дар ҳамин колхоз раиси ва ҳамаи говҳои фермаро фрӯхти ва заминҳоро фурӯхти ва то ҳол фурӯхта истодаи охир ту аз Худо наметарси инқадар дузди ғорат карди бас будагист охир камтар шарм ҳам чизи хуб аст охир! Солиев Баҳриддини дузд дар шаҳри Ҳисор кӯчаи Белайдуз зиндагӣ мекунад.
Ман натиҷаи навиштаҳоямро бо чашмони сарам дидам. Вақте мегуфтанд фоида надорад нанависед. Ман гапи домулло Муҳаммадиқболро гуш карда навиштам дидам чи тағйирот шуд. Дигар ҳама ончи ноадолатие мебинам ҳатман менависам. Мешудааст ва ман мутмаинам аз ин кор..
Аҷаб давру аҷаб замона шуд…
Ёвон
Бародари арҷманд Муҳаммадиқбол салом! Умри шумо дароз бод. Дар ҳақатон ҳамеша дуо мекунем.
Ман аз Ёвон бароятон менависам. Кулободи 1қишлоқи нав мебошад. Ин номаи ман ба ҳукуматдорони Тоҷикистон аст. Мардуми Кулободи 1 аз Кулободи куҳна 2 – 3 километр дуртар ҳастанд. Мактаб надоранд. 300 – 350 аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Аз Кулободи 1 роҳ дур аст. Кудакон саҳари барвақт мехезанду дар роҳ мошин манъ мекунанд. Ронандаҳо баъзеаш савор мекунад, баъзеаш метарсанд ,чун кудак ҳастанд. Вақти савор ва ё пиёда шудан фалокате сар заданаш аз эҳтимол дур нест. Одаме, ки имон дошта бошад ин ҳолат ӯро ғамгин мекунад.
Раиси маҳаллаи Кулободи1 Равшан ном дорад. Барои ҷудо кардани замин барои мактаб ба ҳама ҷо муроҷиат кардааст ,аммо ҷо надоданд..
Халқи бечора пул ҷамъ карда ҷой барои мактабро хариданд. Аз тарафи ҳукумати Раҳмонови касиф барои мактаб ҷой дода нашуд. Шояд ҷойи мактаб ҷудо карда бошанд, аммо онро ҳам ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ ба мардум фурухтагианд.
Ду маротиба барои мардум замини наздиҳавлӣ ҷудо карданд: якум бор 6 сотихӣ ва дуюм бор5 сотихӣ. Аммо ҷойи мактаб ҷудо кардагӣ нестанд. Мардуми бечора зурашон намерасад, ки мактаб бисозанд. Ба ҳама ҷо муроҷиат карданд, аммо ягон кас ба доди мардум намерасад. Боз ин чоплусҳо мегуянд, ки Тоҷикистон обод аст. Ободиро дар 4 хонаи баландошёна ва сохтмони майдони бемаънои парчам мебиннад. Мардуми Тоҷикистон ҳамааш зери зулму ситам қарор доранд.
Боз мехоҳам дар бораи БДА-ГАИ-и Ёвон бигуям.
Сардори ГАИ-и ноҳияи Ёвон барои кормандони ГАИ ҳар саҳар радарро мефурушад, ба маблағи 600 сомонӣ. Боз фармон медиҳад, ки10 протокол карда оваред.
Агар корманди ГАИ ин корҳоро ба гардан нагирад кор карда наметавонад, аз кор пеш мекунанд. Баъд ГАИҳои Ёвон чи кор мекунанд? Зулм ба болои мардуми камбағал. Герчикҳои Ёвон ГАИҳоро задагианд. Ба болои онҳо ҳай мекунанд мошинҳояшонро. Герчикҳо мошинҳояшонро аз 100 боло ҳай мекунанд. ГАИ бо радар онҳоро мебинад, ҳиҷ коре карда наметавонад. Баъд камбағалеро, ки бо суръати 50 -60 омадааст, маҷбур протокол мекунанд ё пулашро кашида мегиранд, ки суръати ту 100- 120 буд гуфта туҳмат ҳам мекунанд. Ва ҳамин тавр пули радару протоколро аз мардуми камбағал мегиранд. Боз барои худаш кор мекунад. ГАИ-ҳо худашон ошкоро мегуянд, ки фармон аз боло, мо бояд кор кунем. Коррупсия аз ГАИ ва ГАИ аз халқи бечора зада мегирад.
Кулобод1 дар ҷамоати деҳоти Гулсара Юсупова ҷойгир аст.
Панҷакент
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Дар шаҳри Панҷакент, ҷамоати деҳоти Рудакӣ, деҳаи Марғедар МТМУ N53 зиёда аз 1000 хонанда таҳсил мекунанд. Бинои ин муассиса дар даврони шӯравии (СССР) сохта шудааст, ки дар он замон ҳамчун ферма барои ҳайвонҳо истифода бурда мешуд. Айни замон бачаҳо дар онҷо таҳсил мекунанд. 16, 18 то синфхона дорад, ки ҳар кадоме аз ин синфхонаҳои хурд 18 ҷои нишаст ва бузург 22то24 ҷои нишаст дорад. Аммо дар ҳар синфхона аз 28 то 35 хонанда мехонад. Ҷои нишаст намерасад. 90% омузгороне, ки дар ин муассиса кор мекунанд дар аттестатсия худ баҳои 4 надоштанд. Маллимҳо як баҳои 3-и «садқаи сар» мемонанд, то аз синфашон нағалтанд. Аммо айни замон оҳамон «садқаи сархурҳо» дар ин муассиса мутаассифона омӯзгоранд. Насли оянда аз ин намуд омӯзгор чиро ёд мегирифта бошад?
Як кабинет барои фанни информатика аст ки 10,12 компютер дорад. 4 тояш кор намекунад, яктои дигараш дар кабинети директор. Ҳангоми дарси иттилоъот хонандае, ки мехоҳад компютер истифода барад, бояд 5 сомонӣ диҳад. Касе пул намедиҳад баҳои 3 мегирад. Аммо кадоме пул дод вале дониши хубе надошта бошад ҳам 4 ё 5 гузошта мешавад.
Ҳар сол то 5 ҳазор сомонӣ маблағ барои ангиштсанг ҷамъ мекунад, аммо синфхонаҳо гармӣ надорад. Барои бачаҳои аз 14 сола боло зарари сардӣ камтар аст аммо дилам барои бачаҳои хурд месӯзад, вале аз дастам ҳеҷ чиз намеояд.
Аз вақте, ки ин деҳаро медонам мегӯянд дар 2 километр болотар мактаби нав сохта мешавад. Бачаҳое, ки аз ман 5,10 сол калонанд онҳо ҳам мегӯянд, ки дар аснои мактабхонии мо мегуфтанд, ки мактаби нав сохта мешавад. Аммо ҳеҷ кас намедонад кай? 15 сол аст ки мегӯянд, мактаби нав сохта мешавад. Хуб ин мақомоти мо ҳам мисли ҷаноби пешво ваъдакарданро омӯхтаанд ба фикрам.
Ҳар сол зиёда аз 10,15 ҳазор сомонӣ маблағ барои таъмири мактаб ҷамъоварӣ мекунанд, одамҳои пулдори деҳаҳо оҳак харида медиҳанд, аммо ҳеҷ таъмиреро надидем. То ба ҳол талабаҳо худашон синфхонаҳоро ранг мекунанд. Охир вазорати маориф ва илм ба ин таваҷҷӯҳе мекарда бошад?