Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №84

Ислоҳ нет

Фарёду шевани халқи тоҷик аз ҷабру зулми Раҳмонов ва аъзои оилаи вай аз тамоми гушаҳои Тоҷикистон дорад, баланд мешавад. Манзури мо танҳо аз аъзои дар роҳбарӣ ва ҳукумат қарордоштаи ин оила нест. Дар ин номае, ки дар оғози ин нашри барнома овардаем, худ шоҳид хоҳед шуд, ки аз дасти яке аз аъзои ин Оилаи касиф чи тавр як ҷавон ва як ҷавондухтар сияҳбахту сияҳзрӯзгор мешаванд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки вайро Раҳмонов бо худ ба сафарҳо мебарад ва вай президенти як соҳаи варзиши Тоҷикистон аст. Бале ин ҳамон нафаре аст ки бархе аз расонаҳо аз вай ба унвони Исмоили дастбахайр ном мебаранд:

Қабодиён

Ассалому алайкум Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз деҳаи Бошқалъаи ҷамоати Утақара Назарови Қабодиён ҳастам. Сокини узбекзабони ноҳия.

Ба фикрам, ки маро шинохтед. Боз чанд ҳолате ҳаст, ки мехоҳам баён дорам. Чанд номаае, ки қаблан навиштам, барои ман мушкилӣ овард. Ман аз ин мушкилиҳо ягон тарсу ҳарос надорам. Ва то ба пирӯзӣ нарасем қафо барнамегардам. Алҳамдулиллоҳ аз дасти муздурони занбамузди Раҳмонов бо як услуби хос халос шудам. Манзурам 6-ой отдел аст.

Даҳ сол зиёд аст ки дар Санкт-петербург кор мекунам ва коргарони зиёд дорам. Яке аз ин коргарҳо ҳамшаҳрии худам аст. Аз дигар деҳаи Қабодиён 4 сол боз дар дасти ман кор мекунад. 4 сол боз ба ватан нарафта буд. Чанд бор пурсидамаш ,ки барои чӣ ба ватан намеравӣ, гуфт, ки ман камбудӣ дорам. Камбудиҳоямро буд кунам баъд меравам. Мегуфт, ки бояд хона кунад ва зан гирад. Хулоса 4 сол нарафта кор кард. Шукри худо хона сохт ва пули занро ҳам кор кард. Ва моҳи июл буд, ки гуфт, моҳи август ба Тоҷикистон меравам. Модарам як духтарро ба ман фотеҳа кардааст. Насиб бошад, моҳи сентябр тӯй мекунам. Ва ман хеле хурснад шуда табрикаш кардам. Гуфтам, ки илоҳо хушбахту хурсанд шавед.

18 август билет гирифту рафт. 25 август буд, ки занг заду гуфт, ки 22 сентябр тӯй мешавад, шуморо ба тӯй даъват мекунам. Ман изҳори миннатдорӣ карда гуфтам, ки рафта наметавонам. Барои онки нияти бо модарам ба Маккаи мукаррама рафтан доштам. Алҳамдулиллоҳ туяшро гузаронидааст ва ман ҳам ба модарам ба ҳаҷ рафта омадам.

15 октябр буд, ки ба ман як рақами ношинос занг зад. Гирифтам, ки ҳамон шогирдам. Аҳволпурсӣ кардем. Аз ман хост, ки дар ягонҷо вохурем, ва дар як кафе вохурдем. Дидам, ки тамоман рӯҳафтода аст. Ҳайрон шуда пурсидам, ки тинҷӣ ҳаст? Чи гап, ки ин қадар зиқ метобӣ? Янга аз хона сур кард, чӣ гуфта шухӣ кардам. Худашро дошта натавониста хеле боалам ба гап даромад. Гуфт, ки занам нодухтар баромад. Ин қадаре, ки чор сол заҳмат кашидам

«шабашаб нагуфта, рӯза рӯз нагуфта, ҳамааш расво шуд» гуфт, хеле ҷангу ҷангҷолҳо шуд. Ва ҷавобашро додам. Модарамро давлений зад. Хулоса хонаамон мотамхона шуд.

Ман ҳамдарӣ баён намуда хеле насиҳаташ кардам. Гуфтам насибат будааст. Ҳеҷ гап не, ҷавон ҳастӣ. Боз ягон зани боиффату бономус мегирӣ.

Лекин инҷо гапу кор тамоман дигар хел будааст. Нодухтаршави ин хоҳар бо хоҳиши вай набудааст. Ба шогирди ман ҳамаашро ҳикоят кардааст. Ин хоҳар донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Қурғонтеппа будааст. Курси 3 мехондааст. 1 апрел ба аудиторияашон декан ҳамроҳи як зани дигар медарояд. Декан ба он зан мегуяд, ки интихоб намо. Зан духтаронро назора карда аз мобайни 19 духтар сетояшро интихоб мекунад.

Ҳар сеи ин духтарро гирифта ба деканат мебаранд. Дар байни ҳамин се нафар якеаш ҳамин хоҳар будааст.  Декан мегуяд, ки шумо аз дарс озод ҳастед. Бо ҳамроҳии ин хоҳар ба Душанбе меравед. Духтарҳо мепурсанд, ки ин хонум кӣ аст? Ин зан худро шинос мекунад. Мегуяд, ки номи ман Малика ва намояндаи Исмоили набераи Президент мебошам. Ба шаҳри мо як блогери машҳур Гусен Гасанов омда истодаст ва шумо ба пешвозгирии ӯ мебароед. Ин духтарҳо розӣ намешаванд. Мегуянд, ки намеравем, хонаводаҳоямон ҳам намемонанд. Декан инҳоро угрожат мекунад, ки агар наравед аз донишгоҳ хориҷ мешавед.

Ва инҳо метарсанду хориҷ нашавем гуфта розӣ мешавнад ва Малика рақамҳои телефони ҳарсеи инҳоро навишта мегирад. Ба онҳо мегуяд, ки пагоҳ омода шавед, ба Душанбе меравем.

Декан баъди рафтани Малика ба ин духтарҳо дастур медиҳад, ки хобгоҳ бираванду омода бишаванд. Мегуяд, ки шумо аз дарсҳо озод ҳастед. Ман ба омӯзгорон мегуям, ки имсол шумо беягон проблема имтиҳонҳоятонро месупоред ва ҳамроҳи инҳо ба хобгоҳ рафта мунтазири занги Малика шавед. Малика пагоҳ дар тамос мебароя ва бо як Лексуси сафеди номери 3322 меояд ва ҳар се то духтарро гирифта ба Душанбе мебарад. Онҳоро тарафи 112 микрорайон дар як квартира ҷо мекунанд. Дар он квартира боз 4 духтари дигар ҳам будааст. Донишҷуёни донишгоҳи славянӣ. Ва ин 7 нафар духтар 9 рӯз маршировка мекунанд. Рӯзи омадани блогери Малика онҳоро субҳи зуд ба Варзоб мебарад.

Худаш баргашта Душанбе меояду ба истиқболи блогер мебарояд. Агар дида бошед блогер аз самолёт мефарояд, дар дасташ як потнос ба назди блогер меравад, ана ҳамон Малика будааст ва баъд Исмоил ҳамроҳи дӯстонаш ва ин блогер Душанберо сайру гашт карда бегоҳ Варзоб мераванд ва дар назди инҳо рақсу бозӣ меунанд. Баъди рақсу бозӣ ин 7 духтарро Малика ба як хона дароварда барояшон либос медиҳад. Либосҳои қимату зебо. Либосҳои аз таг мепушидагӣ ҳам медиҳад ва мегуяд, ки ин либосҳоро пушида омода шавед. Инҳо ҳайрон мешаванду мепӯшанд ва як зани дигар бо чанд духтари дигар меояд, ки Фараҳноз ном доштааст. Инҳоро боз аз сари нав ороиш мекунанд ва ҳамон шаб духтарии онҳо аз тарафи дӯстони Исмоилу Гусейн Гасанов блогер гирифта мешавад. Ва инҳоро ба дараҷае метарсонанд, ки ягон роҳи гурез намеёбанд. Ба гуфтаашон гуфта будааст, ки агар норозигӣ кунед ҳамаи хонаводаатонро нест мекунем. Баъди он шаб пагоҳаш Малика 7тои инҳоро бо 2 мошин гирифта рост ба беморхонаи медгородок меорад ва аввал хабар мегирад ва духтариашонро медузонаду мегуяд, ки ягон гап намешавад. Натарсед, чи хеле будед, ҳамон хел шудед мегуяду ба дасташон 500 долларӣ медиҳад ба мошин савор шуда меравад ва инҳо ҳам бовар мекунанд ва се нафари онҳо ҳамон рӯз ба Қурғонтеппа бармгарданд ва чор нафарашон дар Душанбе мемонанд.

Баъди ҳикояти ин духтар шогирдам савол мекунад, ки чаро агар духтариятро духта бошад, аммо он тавр нест. Духтар мегуяд, ки чор руз пеш аз туй дар ленолиуми хона, ки тар буд, лағжидам, сахт афтодам, ҳамон вақт аз шармгоҳам хун рафт, мумкин он вақт дубора аз байн рафт, гуфтааст он духтар.

Хитоби ман ба ин бачаи Фирузаи проститутка. Ин шо Аллоҳ кам мондааст, ки ба дасти мо хоҳи афтод…он вақт ҷавоби сазовор мегирӣ. Осиёб бо навбат аст.

Дар бораи отдели Қабодиён ҳам гуфтаниям, ки ҳозир чунин таҷовуз дар инҷо тақрибан ҳар рӯз рӯй медиҳад. Дар ШВКД, прокуратура, милиса ва суди Қабодиён аз ҳад гузаронидагианд. Ҳатто духтарони ноболиғи мактабхонро ба кабинетҳояшон дароварда таҷовуз мекунанд. Ман худам шоҳиди ин корҳо ҳастам. Махсусан замначалникҳо Иброҳимзода Камол, Исозода Дилшод, Ҳоким ба ин корҳо машғуланд.

Ин шо Аллоҳ ба ватан меравему моҳи декабр инқилобро аз Қабодиён оғоз менамоем. Мо корҳоямонро хеле зиракона анҷом дода истодаем.

Ислоҳ ба пеш! Мо узбекҳои Қабодиён бо шумо ҳастем.

Маскав

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол ва аҳли кормандони Ислоҳ!

Ман аз шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ. Ин дуввумин мактуби ман аст.

Мактуби аввалинамро дар барномаи Номаҳо №58 нашр намудед. Ба Шумо раҳмати калон.

Ин мактубро асосан дар бораи раиси ҷамоат, шахси беномус Нилуфар.К навиштанӣ шудам, ки акси ин занро дар як барномаи шумо як бародари истаравшанӣ фиристода будааст, аз ҳамон навор дарёфт кардам. Аз Шумо илтимос устод, акси ин зани беномусро бимонед, ки халқ шиносад.

Нилуфар дар вақташ зани Баҳодури карнайчӣ буд. Ягон хел маълумот надошт. Мактаби миёнаро тамом кардаасту халос. Аммо Баҳодур Нилуфарро барои бадахлоқиаш тоқат накарду зада аз хонааш пеш кард. Аз шавҳар ҷудо шуд. 4 писар дошт, ки ҳамаашро ба шавҳар партофта худаш бо кори бригадирӣ гузашт. Зану духтарҳои деҳаро ба дашт кор мебурд. Ҳама кор аз онҷо сар шуд. Ошиқу шефтаи фермерҳои пулдор шуд, шиносҳои пулдори шаҳрӣ пайдо кард, кормандони органҳоро ёфту шинос шуд. Аз ҳама аламовар ин беномус як чанд арусу духтарҳоро ба ҳамон шиносҳояш «туғрӣ» карда бисёриашонро ба ин кор одат кунонд. Бо чи роҳҳое, бо пул ё бо дигар чизаш соҳиби диплом гардид. Хеле ҳам айшу ишрат кард. Бо як депутат Баҳодури писари кури Ҳомид, Зафар газелчӣ ва як чанд тани дигар. Дар охир дар ҳамсояқишлоқи Тапқоқ як муаллими оди муйсафедро расиду уро қапиду гирифт. Аз касофати ин корҳояш як писараш нобуд шуд. Муаллими бечора ҳам вафот кард. Пас, ба ҷои он одам директори мактаби Тапқоқ шуд. Онҷоро ҳам олуда карду ҳоло бошад, дар деҳаи мо раиси ҷамоат шуд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман узбекзабонам. Дар стройка як рафиқи тоҷик дорам, ки номаамро ҳамроҳи вай навишта ба шумо фиристодем. Ҳоло ба чанде аз «дустон»-и Нилуфари раиси ҷамоат хитоб карданиам. Зафари газелчӣ! Нилуфарро бифаҳмон, ки аз ин вазифа бо хоҳиши худ даст бикашад, вагарна номаи навбатӣ дар бораи ту хоҳад буд. Илҳоми магазинчӣ! Ба ту низ хитоб мекунам Нилуфар хамсинфам гуфта бисёр фахр макун. Ба вай наздикӣ макун, ки рӯзе дар бало мемонӣ. Ман домком гуфта ҳама хостаҳои Нилуфарро анҷом надеҳ. Аз номаи навбатӣ эҳтиёт шав.

Исроил, духтури ҷиннихона, худашро директор меҳисобад. Ин одам коррупсионер аст.

Хитоб ба Исроил! Худатро яктараф нагир. Ту ҳам ҳиссаатро барои аз раиси ҷамоат рафтани Нилуфар гузор. Номаи ояндаро интизор бишав!

Искандари паспортный стол ба ту низ ҳамин гапҳо дахл дорад. Достони зонтик (кличкааш) ба ту талаби хос ва супориши алоҳида. Ин муаллими аз борону офтоб эҳтиёт мекардагиро аз сари деҳа берун кун ва худат ҳам ариза навису аз директории мактаб бирав. Бираву гитарчигиатро давом деҳ, ки аҳволат вой мешавад. Дилмуроди муаллим ба ту низ хитоб ва талаб инки масҷиди мусулмонхоро холӣ кун. Дар шароити аввалааш барградон. Масҷид ба ту спортзал не. Балои Парвардигор ба сарат омадаасту аммо худат намедонӣ. Он масҷидро мардуми маҳалла бо чи азобҳое сохтанд, ки ту он вақт шояд дар батни модарат ҳам набудӣ.

Ба дуои бад гирифтор шудӣ, тавба кун!!!

Хуллас муҳтарам ҳамқишлоқлар, ору номусларинг булса бу аҳволда юрманглар сал шарму ҳаё килинглар. Ғурур деган нарсаларинг булса Нилуфарни раисликдан ва синглиси Саодатни директори мактаблик вазифадан олдиринглар. Ман буладиган булсам сурашсаки ҷамоатларингни раиси ким деса фалони деб шу Нилуни айтишдан ор киламан…..Бу аҳволда кетса эрта бундан кейин Марҳабо келади ёки Турсуной келади бошларингга…. №58 барномани ҳам куринглар ҳатман.

Узр, ки бо забони узбекӣ навиштам. Аммо бояд, ки хонед. Зеро бо забони худашон таъсираш бештар мешавад.

Фархор

Салому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Шумо ин ҳукумати золимро такони сахт медиҳед. Ман як бародари фархории шумо. Чанд бор бо шумо суҳбат карда будам. Инро бигуям, ки мардуми Фархор бо шумо аст.

Шумо имрӯз кореро анҷом дода истодаед, ки на пешво аз дасташ меояд, на ягон телевизиони давлатӣ.

Ман сокини деҳаи Муродбахши ноҳияи Фархор ҳастам. Дар Муродбахш боз як қишлоқ ба номи Навбунаҳо бунёд шудааст. Аҳолияш беш аз 600 хона мебошад. 12 сол мешавад, ки қишлоқи мо ном надорад. Чанд бор ба ҷамоату ҳукумат муроҷиат кардем, ки қишлоқи моро ном гузоред, то мо раиси маҳаллаи худамонро монем, не мегӯянд. Баъд фаҳмидем чи помоше меомадаст, чи маҳсулоте меомадаст, бо ҳамроҳии раиси маҳалла шуримурияш мекардаанд. Барои ҳамин қишлоқи моро ҷудо намекунанд. Дар бораи раиси маҳалла дар охир менависам.

Мактаби мо №47 аст. Директори мактаб Мавлонов Саттор мебошад. Мудири китобхона зан аст. Онҳо мактабро ба бизнес табдил додаанд.

Китобҳои 10 соларо бо нархи китоби нав ба талабагон маҷбур медиҳанд. Талаба мегӯяд, ки ман аз ин китобҳо дар хона дорам, аз акаву хоҳарам мондааст, аммо онҳо мегӯянд бояд аз мактаб харӣ. Рӯзнома дар бозор 6 сомони бошад, онҳо 12 сомонӣ мефурӯшанд. 4 мактабхон дорам. Худи мактаб бошад куҳнаву фарсуда шудааст. Имруз ё пагоҳ Худо нишон надиҳад, метарсем, чапа мешавад. Бародар аҷибаш инаст ки муаллимҳо дарси ҳалол намедиҳанд.

Кудакҳо ба мактаб мераванду 2 соат пас меоянд. Мегӯям чаро омадӣ? Мегӯяд муаллим набуд, муаллима наомад. Талабаҳо тамоман бесавод. Ҳар рӯз аз мактаб равон мекунанд: -суми ремонт, бур, журнал, латта, обуна. Кинотеатр надорем вале суми кино ҷонамонро ба лаб овардааст. Мардум бекор, ҳамаҷо қимматӣ. Дар ҷонамон задааст ҳамин ҳукуматдории шумо. Аз Афғонистон ҳам бадтар.

Муроҷиати ман ба СС.Ятимов ва Мансур Умаров!

СС. Ятимов, аз буҷаи давлат, аз ҳақи ҳамаи мардум, қишлоқатро обод кардӣ, раҳи қишлоқатонро мумфарш кардӣ, бигиред дардеҳаи мо мактаб созед!

Мансур Умаров дар бехи хонаҳои мардум шолӣ корида истодаӣ. Хонаҳоро наму закҷазир кардааст, мефорадатон, ки хонаҳои мардуми камбағал болои сарашон чаппа шавад. Инро бидон, ки аз соли дигар, заминҳои шолӣ ва гандуматро мардум алов сар медиҳад. Инро бидон: ё бо СС.Ятимов мактаб месозед, ё ки ҳамин корро интизор шав.

Ба мардуми деҳаи Навбунаҳо гуфтаниам, ки «бхезен ҳақтона талаб кнен».

Раиси маҳаллаи Муродбахш Чайсанов Бек мебошад. Ҳарчи помоше меояд бо ҳамроҳии раисони ҷамоат тақсим мекунад ва ба ягон кори деҳа фоидааш нарасидааст. Чайсанов Бек ҳушёр шав ё дафъ шав. Аз вазифа дафъат мекунем.

Таҳҷои мактаби Навбунаҳоро фурухтед. Агар корро бас накунӣ ҳамаи ҷиноятҳои содиркардаатро ба Ислоҳ менависам.

Ғафуров

Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман зодаи ноҳияи Ғафуров вале ҳама хешу таборам дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунанд. Вақтҳои пеш дар наздикиҳои Хуҷанд кору фаъолият мекардам. Вале афсӯс, ки аз соли 2008 то ҳоло дар муҳоҷират қарор дорам. Мераваму меоям. Депорт шудаму боз дар Хуҷанд 3 сол кору зиндагӣ кардам.

Ҳоло ин «бачаҳакои боло» ҳамаҷоро забту тасарруф кардаанд. Дар бозори Сомон, Ваҳдат, Баракат, Атуш шоҳиди он будам, ки қонун қонуни домоди президент асту халос.

Дар ҳамин шабу рӯз тоҷирони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз сарҳад молҳои худро ҳатто бо ҳуҷҷат ва қонунӣ дароранд, ҳам барояшон фарқ надорад. Барои домоди президент ту бояд «шапка»- 200 доллар бидиҳӣ.

Дар Хуҷанд дар чанд ҷой НФС-и Фароз ҷойгир аст. Яке аз онҳо дар бозори Ваҳдат дар роҳи Хуҷанд –Исфара қарор дорад. Пештар дар пештоқи он Умед-88 навишта шуда буд. Дар паҳлуи он идораи техосмотр ҷойгир аст, ки дар он коррупсия дар дараҷаи олӣ идома дорад. Вақтҳои пеш дар офиси бозори Ваҳдат бародари раиси бозор Искандар менишаст. Ин золим аз ҳар як мошине, ки ба бозор дохил мешавад 3 сомонӣ мегирад. Агар он мошин дар руз 3 бор дохил шавад ҳам ҳар бор 3 сомонӣ мегирад, аммо на чек ҳасту на ҳуҷҷат. Барои 3 сомонии гирифтаашон ҳеҷ санад намедиҳанд. Ин ҳам коррупция аст. Ҳар рӯз садҳо мошин медарояд, яъне пул барои домоди президент.

Дар бозори Баракат як моҳ мешавад, ки як соҳибкорро дуздида бурданд, то ҳол хабар нест, ки ин соҳибкор дар куҷост. Ин соҳибкор меравад дар Душанбе ва дар онҷо нуқтаи савдо мекушояд. Ӯро гуфтаанд, ки ту раву дар Хуҷанди худат савдо кун, ки мо намехоҳем дар инҷо ту савдо кунӣ. Аммо худашон бозорҳои ин тарафро забт карда истодаанд.

Ба наздикӣ яке аз соҳибкорони бозори Баракат зодрӯзи худро ҷашн мегирад. Вай соҳибкори хеле ҳам пулдор аст. Он соҳибкор зодрӯзи худро дар тарабхона ҷашн мегирад. Аз қазо кормандони мақомот ҳам дар онҷо нишаста буданд. Ба назар мерасад, ки ин як кори «постановӣ» бошад, мунтаҳо, ин бадбахтҳо шаробу кайфро идома медиҳанд, бисёр сархуш ва маст мешаванд. Ҳамзамон бо айшу ишрати соҳибҷашн ва меҳмонҳояш коргарҳои мақомот ҳам «кор»-и худро идома медиҳанд. Мехезанду бо ин соҳибкор «мулоқот» мекунанд ва мешавад баҳсу даъвову ҷанг. Ин соҳибкор ба сӯи онҳо мегуяд, аз дасти шумо ҳеҷ чиз намеояд. Ҳамаатро бо пул ҳал мекунам. Дар ин ҷангу ҷангҷол суханҳои қабеҳ бисёр мешавад. Мақомот «кор»-и худро давом медиҳанд. Корманди мақомот тавре таҳрик медиҳад, ки ин соҳибкор яке аз инҳоро занад ва ин ҳолатро ба навор мегиранд. Яъне ҳама кор «зарание» тайёр карда шуда будааст.

Ҳоло ин соҳибкор дар ҳабси вақтӣ қарор дорад. Ба вай гуфтаанд, ки 120.000 доллар меоварӣ делоятро маҳкам мекунем. Мутаассифона мардуми мо тарсончак шудааст. Афсӯс, ки шерҳои Хуҷандро куштанд, зиндонӣ ва водор ба ҳиҷрат карданд. Ин режими касиф ҳамаро несту нобуд кард. Ман ба он сокинони шаҳру ноҳияҳои наздики Хуҷанд гуфтаниам, ки мебароеду дар барнома аз Раҳмонов ҳимоя мекунед, шарм доред, Шумоҳоро лох кардаанд.

Дар бозори Панҷшанбе ҷое намонда, ки ин оилаи касиф «чашму гуш» надошта бошад.

Эй, раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбой! Ман шарм мекунам, ки номи туро мегирам. Мисли ту лаганбардору кунбардор роҳбарро вилоят надидааст.

Ман аз шумо мардуми Хуҷанд даъват мекунам ба мақомот бовар накунед. Аммо боварии комил дорам, ки диёри азизи мо аз ин дасти золимҳо халос меёбад.

Ин домуллои хуҷандӣ, номи вай Ҳусейн Мусозода, дар назди падараш Раҳмонов мегӯяд ки гапҳои шумо аз рӯи Қуръону ҳадис аст. Ин аҳмақ дини худро барои вазифа фурӯхта аст. Масҷидҳо маҳкам. Вале клубҳои Хванканта, Опера дар назди горболница кушода.

Эй мардуми шаҳри Бӯстон ин авлод ва коргарҳои мақомот, ки дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд зиндагӣ мекунанд, чи хоҳанд мекунанд, киро хоҳанд мезананд, чунки онҳо хешу табор доранд, «боло» мегӯянд. Иншо Аллоҳ насиб бошад мо боз мегардем ба ватан ва кори худро анҷом хоҳем дод. Ҳамаро бесаводу бедин сохтед.

Гуфтаниҳо бисер дорам. Вале афсӯс, ки дар 16 соли муҳоҷират на арабиям соз мондасту на саломатӣ. Ҳар рӯз дар намозҳоям дуо мекунам, ки аз ин режими касиф наҷот биёбем.

Дар вилояти Суғд ягон мадрасае нест, ки кӯдакони худро аз дини Ислом бохабар созӣ. Мардуми азизам аз хоби гарон бедор шавед, ки ҳоло ҳам хеле дер шудааст.

Қумсангир

Салому алейкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу бародари азизу гиромӣ, муборизи роҳи ҳақ!

Боз як номаи дигар аз Қумсангир. Чи гуфтаниям. Бародар Қумсангири мо ҳоло ҷойи кор ва Русияи ин золимон шидагӣ аст. Аммо, мо мардуми одӣ Руссия меравем. Дар шаҳри мардум кӯшиш мекунем, ки ба меҳнати ҳалол кори хуб кунем, и корфармо ва мардуми бегонаи русро нороҳат накунем, озору азиятамон ба ҳеҷ кас нарасад. Аммо инҳо мисли меҳмони нохонда меоянд ба Қумсангир.

Ҳам медузданду ҳам зулму ситам мекунанд. Вой гуфтанат намемонд. Мо мардуми ноҳия барои ин меҳмонҳои нахонда ҳамчун бегонаем, ки ҳарчи дилашон хоҳанд мекунанд. Мехоҳам як-ду намунаашро гӯям.

Сайҷаъфар раиси кумитаи замин аст. Як инсони бетарбия ва бадахлоқ. Одамро одам ҳисоб намекунад. Дилхоҳ ҷоро мефурӯшад. Вале бо навкару чоплусонаш хона ба хонаи мардум мегардад, ки «ана ту заминут бисёрай, ё сертификат надорӣ» , ё ҳазор баҳонаҳои дигар.

Ва мегузарем ба сардори бозрасии давлати автомабилӣ -Алишер майёр- милитса аз Чапаев. Бисёр як одами гушна аст. Мо дар ноҳия як деҳқонбозор дорем, бо номи Гипрозем. Мо худ шоҳидем, ки ҳатто аз мардуми деҳқон чи хел пул мегирад боюгурдакҳояш. Тамоман ҳуҷҷат намепурсад барои мошинат. Бор дорӣ, тамом худо медиҳад. Бисёр сагҳои гушна дорад, ки якеаш Федя ном дорад. 15- 20сол мешавад, ки ГАИ аст. Хуни мардумро хурдагӣ аст. Дигариаш Ғайрат-замначалники ГАИ-и ноҳияи Панҷ аст. Сечка дорад, рақами давлатияш 02- 02. Куча ба куча мегардад, ки ягон трактор, мошин, Камазу Зил ёбаду пулашонро гирад.

Ва як чизи дигарро мехоҳем бирасонем. Як бародари мо, ки бо телефон дар «Минбари муҳоҷир» гап зада буд, аз овозаш шиносоӣ карда истодаанд. Шукри Худо он бародар дар дохил нест, ёфта наметавонанд. Ҳоло ин бародарро кофтукоб доранд. Талош доранд, исбот кунанд, ки бародар аз ин деҳа (номашро нагиред) аст.

Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз шумо хоҳиш мекунам дар бораи дуздони Конибодом як матлаби хубе нашр кунед. Барои нашри ин нома ба шумо кумак мекунам.

Бародар Муҳаммадиқбол! Шумо, ки ҳақиқатҳо дар бораи Конибодомро дар Ислоҳ ифшо кардед, ба мардум маъқул шудед, вале ба мансабдорҳову чоплусҳову бачаҳакои боло, ки меҳмонҳои доимӣ ва ҳатто соҳибхона шудаанд, намефоред.

Барномаро дар бораи яке аз дуздҳои калони воҳиди кишоварзии ба номи Энаҷон Бойматова сар мекунам.

Раиси хоҷагӣ Солеҳ Буриев автопарк, парки трактор, хлопзавод намонд. Заминҳои ин ҷойҳоро ба мардум участкаи наздиҳавлигӣ карда фурӯхта тамом кард. Заминҳои қафои гаражи Букали ва деҳаи Ғалчамулоро ба чандин одамҳо участка карда фурӯхт. Лекин то ҳоло мардум барои заминҳое, ки аз Ғалчамуло гирифтааст, санад надорад.

Ин раис Солеҳ Буриев бо онки ин қадар замину ташкилоти Конибодомро фурӯхта бемалол гаштааст. Ҳоло акнун ҳамин кори ӯро писараш, Шариф Буриев давом дода истодааст. Аз дасти Шариф Буриев мардуми Конибодом ба дод омадааст. Ҳамчунин аз дасти Шавкат Раҳимов, Абдусалом Тухтасунзода, Ҳошимов Ҷамшед безор шудаанд.

Халқи Конибодом аксарият аз дасти ин дуздҳо ба шаҳрҳои Руссия хонахез гурехта истодаанд. Як фермаи ширии моли калонро бо сардории Абдулло Ҳаитов, ки дорои 10 адад оғил буд, бо нархи 35 – 40 ҳазор доллар фурӯхт. Нисфи замини фермаро ҳам ба мардум бидуни ҳуҷҷат фурӯхт. Мардуми Конибодом онҷо хона сохт ва нав ба истиқомат шурӯъ мекард, ки бо ёрдами Шавкат Раҳимов аз Прокуратураи генералӣ омаданд ва тафтишот оғоз шуд.

Халқи бечора тамоман дар вазъияти бад қарор гирифт. Ҳаитов Абдулло дид, ки намешавад, фермаро, ки камтари дигараш монда буд, ба Шариф Буриев фурӯхт.

Айни ҳол Шариф Буриев онро ба як дӯсташ бо номи Фарҳод, ки дар Агентӣ кор мекунад, супорид. Ва, бо ин кор ҷилави тафтишоти прокуратура ва дигар мақомотро гирифт. Чунки Фарҳод дар прокуратура, суд, милиса ошнои зиёд дорад. Ин корро барои показуха кард.

Раҳимов Шавкат дид, ки намешавад ба хориҷа гурехт. Вай пули мардумро ҳамроҳи раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода Абдусалом фиреб карда гирифта буд. Мардуми Конибодом кӣ будагии инҳоро фаҳмид. Агар Шавкат Раҳимов дар Конибодом меистод, тамоми сиру пиёзи инҳо ошкор мешуд. Барои ҳамин раиси шаҳр Тухтасунзода Абдусалом аз вазифааш тарсид.

Раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода Абдусалом ҳамроҳи се шогирди наваш корро сар кард. Нафарҳое, ки чизеро намефаҳмиданд, намедонистанд, таҷриба надоштанд, мардумро намедонанд. Якеаш Баҳодур ном дорад. Ҳуҷҷатҳои мардумро омода мекунад

Дигариаш шогирди Раҳимов Шавкат, шогирди раиси шаҳр ва шогирди Ҳошимов Ҷамшед аст. Ин Ҷамшед айни ҳол сардори МБТИ-и шаҳри Конибодом аст. Инҳо якҷо бо раиси хоҷагии Энаҷон Бойматова, гурги нав Шариф Буриев тамоми заминҳои чорум ва панҷум бригадаро аз они худ кардаанд. Аз куҷояш, ки харидор бихоҳад аз ҳамонҷо мефурӯшанд. Айни ҳол бо номи Ориф бозоркоми масҷиди сурх 7 гектар замини боғро бо нархи қариб як миллион фурӯхт. Ба тӯйхонаи Олимиён қариб 15 гектар замини боғро фурӯхтааст. Касе ба инҳо гап намезанад.

Айни ҳол аз фермаи шириву молии Бойматова ягон даҳ участкаи наздиҳавлигӣ беҳуҷҷат бо нархи сотихаш панҷоҳ ҳазор рублӣ фурӯхтааст. Он заминҳое, ки мардум дар онҳо кору меҳнат мекард. Ҳоло нафақахӯрҳо, саҳмдорҳо бе боғ монданду лекин инҳо аз боғфурӯшӣ ва участкафурӯшии шаҳри Конибодом монда намешавнад.

Шариф Буриев, Ҷамшед Ҳошимов, раиси МБТИ-и шаҳри Конибодом шогирди Абдусалом Тухтасунзода, раиси Конибодом дуздони асосии Конибодоманд.

Прокурори шаҳр, амният, сардори милитсия, суди Конибодом ягонтои инҳо барои халқ кор намекунад. Ҳамаи инҳо ба маслиҳати раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода Абдусалом кор мекунанд. Ин дуздон фикрашон ин аст ки халқро чи хел кунад, як айбашро ёфта пулашро гирад, шуд. Баъзе аз мардумзаминҳои колхозро бо иҷора мегираду пахта мекорад. Аммо охири сол идораи хоҷагӣ меравад боз қарздор. Идорашинҳои хоҷагӣ ҳамаашон мерседесу иномаркаҳо савор мешаванд. Савол ин аст ки аз куҷо?

Шариф Буриев аз рӯзе, ки Раис таъин шуд, ба заминфурӯшӣ сар кард ва ҳоло ҳам ин корро дорад идома медиҳад. Ин раиси беномус заминро аз дасти деҳқонҳо гирифта ба пулдорҳо фурухта истодааст. Вақте Шариф Буриев ферма ва замини онро фурӯхт дере нагузашта мақомот бохабар шуд. Ӯро аз ин идора ба он идора даъват мекарданду ғам медоданд. Шариф Буриев ферма, замин ва боғҳоро бо маслиҳати Ҷамшед Ҳошимов, сардори МБТИ фурӯхт.

Яке дигар аз дуздони Конибодом Шавкат Раҳимов аст. Ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сохта ба чашми мардум хок мепошад. Ин нафарон ними Конибодомро фурӯхтанд. Мақомот аз инҳо пули нағз мегиранд. Агар як сокини одӣ як дарахти ҳатто дари хонаашро бурад ӯро прокурору милисаву экология аз ҷонаш безор мекунад, аммо инҳо гектар-гектар боғҳоро фурӯхтанд.

Бале, ӯро амнияти Конибодом қапид. Як автомашинаи Хундай туксонро ба амниятӣ дод. Ҳоло он мошин ба амнияти Конибодом хизмат карда истодааст. Баъд аз ин тамоми участкаҳои Равоти навро ба фурӯхтан сар карданд. Ин заминҳои дузди Конибодомро шиносед:

Абудсалом Тухтасунзода, Буриев Шариф, Раҳимов Шавкат, Ҳошимов Ҷамшед. Инҳо заминҳои Конибодмро оптом ба номи шиносҳояшон ҳуҷҷат крадаанд ва ҳар вақте бихоҳанд аз замини гирифтаашон чанд сотихеро ба одамон мефурӯшанд. Инҳо мисли калламушанд. Аз хурдани ризқи мардум ибо намекунанд. Боз ҳамин луқмаҳои ҳаромро бурда бо зану бачаҳояшон мехуранд.

Ва боз бачаҳояшонро дар хориҷа мехононанд. Вақте падар, ки барои давлат калламуш мешавад, писараш мехонаду сари вазифа меояд, мисли мушбача кор мекунад Конибодом аз куҷо пеш меравад.

Инҳо ин ҳама ҷойҳову заминҳоро фурӯхта куни кадом калонҳоро ғафс мекунанд, пули мардумро бурда медиҳад. Инҳо, ки ҳама ҷои Конибодомро фурухтаву тамом карданд, вақте дар Конибодом чизе барои фурӯш намонд, пешниҳод мекунам, ки заношона бурда диҳанд.

Share This Article