Исломиддин ва Умед ду писари Нуриддини тракторист, акаи тагтаррафтаашро Эмомалӣ Раҳмонов, ки ҳамагӣ чанд рӯзи қабл аз вазифаҳо барканор ва дар шумори бузурги бекорони кишвар қарор дода буд, зиёд маътал накард. Ин аз ҳамон лаҳзаи аввал маълум буд, ки Исломиддин ва Умед ҳатман соҳиби мансаби давлатӣ мешаванд ва имкон надорад, ки бародарзодаҳои Эмомалӣ Раҳмонов, дар ҳоле, ки ҳатто додару ҷиянҳои домодҳояш, масалан додари Шамсуллову ҷиянҳои Зоир дар курсиҳои давлатӣ такя мезананд, бекор монанду ру ба муҳоҷирати корӣ оваранд. Эмомалӣ Раҳмонов беҳуда бо Парда Қосим ҳамовозӣ намекунад ку: «Тоҷикистон ай манӣ..».
Инки Раҳмонов ҷиянҳояшро дар вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ мемонад, ягон гапи наве нест. Вале гоҳо ҷиянҳо бисёр ҳам сахт «подвадит» мекунанд. Масалан чанд соли пеш Фахриддин Сафаров, ҷияни хоҳариашро сардори шуъбаи милисаи Шаҳринав монд. Дуди мардуми Шаҳринав ба фалак печид. Ин кам буд, ки вақти табобат Қурбонбӣ дар бемористони ҳукуматӣ дар Медгородок аз коронавирус даргузашт. Ҷоиз аст ёдоварӣ кунем, ки падари Фахриддини ҷияни Эмомалӣ Раҳмонов Холмуъмин Сафаров, раиси Иттиҳодияи ҷангали Тоҷикистон дар соли 2012 дар маҳаллаи Автовокзали Душанбе як субҳе тирборон шуда ба ҳалокат расид. Он вақт гуфтанд, ки Холмуъмин аз як пулдор 350 ҳазор доллар гирифта будааст, ки ба Эмомалӣ Раҳмонов, яъне додари арусаш медиҳаду раисӣ дар кони Шугновро гирифта медиҳад. Яъне посредникӣ карда “якчи нимчи” барои худаш ҳам кор мекард. Аммо Раҳмонов аз каси дигар пули калонтар гирифта кони Шугновро ба вай медиҳад. Ин нафарони пулдода пулашонро аз Холмуъмин руёнида наметавонанду дигар ӯро ба қатл мерасонанд. Хуллас, ин Раҳмонов, чуноне мову шумо медонем, ҳамин тавр тамоми вазифаву мансабҳои давлатиро мефурушад.
Ва, аммо ҳоло гапи мо сари Фахриддину Қурбонбӣ ҷиян ва хоҳари Эмомалӣ Раҳмонов меравад. Фахриддин, вазири тандурустиро зада ҷоғу даҳонашро мешиканад, ки модари ӯро аз коронавирус наҷот дода натавонист. Баъди ин ҳодиса, ки овозаву дарвоза шуд, Раҳмонов Фахриддинро аз кор снимат кард.
Вале, акнун биоем ба сари Умед Раҳмонов, ки аз соли 2015 то соли 2024 Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт буд. Дар ин солҳо вай чи корномаҳо нишон дод ва чи қадар аз қонуншиканӣ ҷилавгирӣ кард, касе чизе намедонад. Вале барои хизматҳои шоёнаш амакаш медали хизмати шоиста ба Умедро ҳануз соли 2014 дода буд. Он замон вай дар системаи прокуратура ҳатто кор намекард.
Инро ҳам бигуем, ки нардбони карйера Исломиддинро фақат ба самти боло вале бо суръати гиперзвукавой ракета боло бурдааст. Исломиддин соли 2018 раиси Данғара шуда то 30 январи соли 2024 шаш сол дар ин мақом кор кард. Аммо ин “арбоби давлатӣ”, ки 40сола мебошад қабл аз Данғара дар Бонки миллӣ ва «Ориёнбонк» кор карда ва дар солҳои 2015 то 2018 муовини раиси «Амонатбонк» буд. Яъне ҳануз, ки 30 сол дошт муовини Амонатбонки ҷумҳурӣ шуда буд, ана инро ҷаҳиши кайҳонӣ мегуянд.
“Ҷигарда ҷигар…»
Ҳамин тавр Умед ҳам аз як мансаби кучаки вазорати адлия мустақим ба курсии прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт лангар андохт. Бале, «ҷигарда ҷигар..» Ҳамон вақти таъиноташ яъне 22майи соли 2015 расонаҳо, аз ҷумла «Азия плюс» навишта буд, ки «Умедҷони Нуриддин, писари бародари калонии Эмомалӣ Раҳмон – Нуриддин Раҳмонов пеш аз ин сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Тоҷикистон буд. Вай моҳи августи соли гузашта медали хизмати шоиста гирифтааст».
Аммо, яке аз ҷолибтарин тағйироти кадрӣ, баъд аз ҷаласаи Шурои амнияти Тоҷикистон, дар авоили соли ҷорӣ, ки Раҳмонов бо як иқдоми камсобиқа масъулони раддаи ду ва сеи мақомоти қудратӣ, аз ҷумла Шодӣ Ҳафиззода, сардори УБОП, маъруф ба 6-ой отдели ҷумҳуриро барканор кард, таъйини ин нафари бадномшуда ба мақоми роҳбари Дастгоҳи марказии ВКД аст. Ҳамон вақт яъне 19 январи соли ҷорӣ Хадамоти матбуоти Тоҷикистон гуфта буд, ки “сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ, афзудани ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот” дар ҷаласаи мазкур баррасӣ шуд ва президент барои “бесалоҳиятӣ, ҷавобгӯ набудани сатҳи иҷрои қонунгузории замин, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ” онҳоро аз вазифаҳо барканор кард.
Дар шумори ҳамин гуна афсари олирутба, ки Шодӣ Ҳафиззода ҳам медарояд, аз кор барканор шуда буд. Аммо ҳоло ӯро дар мақомои болотар таъйин карданд, албатта, ки бо мувофақа ба Эмомалӣ Раҳмонов ин кор сурат мегирад, агарчи Шодӣ Ҳафиззода шавҳари ҷияни Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан бошад ҳам, ҳатман Раҳмонов розигӣ медиҳад. Яъне ин овардани хешу таборҳо ба мақомҳои давлатӣ бо таҳрик ва мувофақаи худи Раҳмонов сурат мегирад, чунки худаш тамоми олу авлодашро дар масабҳои давлатӣ шинонидааст. Аммо як раҳ, ҳатто як раҳ аз Рамазон Раҳимзода суол намепурсад, ки ман ин Шодӣ Ҳафиззодаро аз кор сур кардам,ту чаро меоварӣ?
Бинобар баъзе маълумотҳо Шодӣ Ҳафиззода тавассути Озода Раҳмонова ба худи Эмомалӣ Раҳмонов барои ин мақом 1 миллион доллар додааст. Яъне, ин гапҳо, ки милисаву прокурору амниятиҳоро Раҳмонов аз кор ронд як дуруғи навбатии вай буд ва инро мо борҳо дидему мушоҳида кардему бовар дорем, ки ин ҳама демагогия, мардумфиребие беш нест.
Вале, барои як каме ошноӣ пайдо кардан бо Умедҷони Раҳмонов, ҳамакнун прокурори Ҳисор як иқтибосеро аз сомонаи “Бомдод” пешкашатон менамоем:
“Бино ба иттилои як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, ки ҷараёни тафтиши парвандаи азобу уқубати Мадина Мамадҷоноваро таҳти назорати шахсии худ гирифтааст, дар робита ба ин парванда писари амаки худаш – Раҳмон Умедҷони Нуриддинро низ ба назди худ даъват карда, барои нақши фаъолонааш дар пӯшондани ин парванда сахт ҷанг кардааст. Рустами Эмомалӣ ба Умедҷони Нуриддин, ки додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбест, гуфтааст, ки “шумо бо чунин амалҳоятон обрӯи оилаи моро ба замин мезанед. Ман ин масъаларо ба падарам мерасонам, бигзор, чора бинад.” Манбаи “Бомдод” мегӯяд, ин суҳбати тунди Рустами Эмомалӣ бо Умедҷони Нуриддин қариб ду ҳафта пеш, қабл аз баррасии масъалаи Мадина Мамадҷонова дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе ва дар нишасти ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзҳои 1 ва 2 ноябр доир шуданд, сурат гирифтааст. Ҳам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи аввал ва ҳам президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат талаб карданд, ки масъулони дар кӯшиши пӯшондани ин парванда саҳим аз мақомот ронда шаванд. Дар пайи ин дастурҳо, тавре қаблан хабар додем, Зафар Исмоилзода ҳамон рӯзи 2 ноябр аз мақоми сардори шуъбаи милисаи ноҳияи Сино барканор карда шуда, рӯзи 5 ноябр Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали прокурори ин ноҳия низ тарки ин мансаб кард. Аммо Умедҷони Нуриддин, прокурори ин ноҳия дар мақомаш то ҳол боқӣ мондааст.»
Бале,Умедҷон ҳиҷ гоҳ, агар ҳатто ҷиноят содир карда бошад ҳам то вақте амакаш дар сари кор аст, «ч…ша ғам нест, зада меее—еее-гардад».
Инро ҳам бояд бигуем, ки ҳануз ду ё се соли қабл ӯро ба мақоми муовини Прокурори генералии Тоҷикистон шинонида буданд.
Ҳатто бархе аз расонаҳо ҳамчунин хабарро, ки Умдҷон бо як ҷаҳиши бабрӣ ва як дави оҳуӣ аз курсии прокурори ноҳия мустақим ба курсии муовини аввали Прокурори генералӣ такя зад, чоп ҳам карда буданд. Вале, боз чизеро андеша карданд, ё чизе монеа шуд, ки ин фармони баимзорасида эълон нагардид. Ҳамон вақт як корманди коркуштаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар зери ин хабар навишта буд, ки чунин парвози баландро дар ин Идора касе ёд надорад. Балки, баракс дар курсии муовини аввали Прокурори генералӣ, ки амалан тамоми умур дар ин ниҳоди муҳим ва асосии давлатро ӯ назорат мекунад ва аз донишу таҷрибаву малакаи кордонии ӯ фаъолияти прокуратура вобаста аст то ба имрӯз кадрҳо ва мутахассисҳои ботаҷриба ва солҳо дар прокуратура кор карда таъин мешуданд.
Дар ҳар сурат он вақт ин мақомро надоданд. Аммо, дар оянда касе ин эҳтимолро наметавонад инкор бикунад, ки муовин ва ё ҳатто Прокуруори генералии ояндаи Тоҷикистон бишавад. Феълан ин мақоми генералӣ аст, ки Умед Раҳмон надорад. Ҳануз, вақте Умедро аз вазорати адлия ба прокуратури Исмоили Сомонӣ оварданд гуфта буданд, ки ин кор ба масал муаллимеро монад, ки як соли пеш коллеҷро тамом кардаву дар мактаб ҳоло коромуз-пионервожатий буд яку якбора сардори Управленияи маорифи вилоят таъйин шуд.
Бо таъйиноти Умед дар мақоми прокурори Ҳисор бори дигар рушан шуд, ки Раҳмон чаро ин қадар зур мезанад, ки дар сари қудрат бимонад ва қудратро қабилаӣ ва авлодӣ кунад? Вақте мо мегуем, ки ҳокимияти давлатиро, ҳокимияти мансуб ба миллатро ва ба мардумро бо хешу табору ақрабо, бо домоду духтарҳову ҷиянҳояш тақсим карда ва коре надорад, ки нафақахур чи руз дорад, бархе аз чоплусаконро қаҳрашон меояд ва онҳо мегуянд, ки Раҳмонов равад ҷанг мешавад ва Раҳмонов барои тоҷикҳо давлат сохта истодааст ва “ниҳодина” мекунад. Бале,бале, дида истодаем, ки чи тавр “ниҳодина” карда истодааст.
“Ҷигарда …ҷигар ”
Вале як нуктаи мавриди ёдоварӣ ин аст ки солҳо пеш Бобоҷон Бобохонов, Прокурори генералии собиқи Тоҷикистон маҳз бо тавсия ва ҳатто хоҳиши худи Эмомалӣ Раҳмонов писарашро прокурори Ҳисор таъйин кард. Ҳисор як ҷойи бисёр ҳам даромаднок барои мансабдорон, махсусан мақомот аст. Онҷо зуд бой мешавад. Ҳамин Файзуллои писари Бобохонов ҳам бой шуда буд. Аммо кори худоро бинед, ки ӯро турма ва тамоми молу мулкашро мусодира карданд.
Умедро ба кормандони Прокуратураи Ҳисор Қосим Раҳбар, раиси Ҳисор муаррифӣ кардааст. Баъди ҳамагӣ чанд рӯзи муаррифии Умед, Қосим Раҳбарро аз мақомаш бидуни огаҳӣ ва бидуни кадом шарҳе Эмомалӣ Раҳмонов аз кор ронд.