16-уми ноябр рӯзи Президент ё Президенти якумрӣ?

Ислоҳ нет

Шуморо намедонам, аммо ман,агарчи 30 сол бештар мешавад, Худо шоҳид аст забонам намепечад, ки Раҳмоновро президент гуям. Ҳеҷ гоҳ интихоби мардум набуд, на дар соли 1994 ва на дар соли 2020. Аммо ҳоло чанд сол мешавад, ки рӯзи 16 ноябрро Рӯзи Президент эълон кардаасту ҷашн мегирад, маъракаву маҳфилҳо ташкил мекунад. Дар «Ховар» хондам, ки ин бор ва имсол як ҳафта шаҳрдори Душанбе ин рӯзро таҷлил мекардааст ва албатта, аз ҳисоби давлат:    

«ДУШАНБЕ, 10.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз то 15 ноябри соли равон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мақсади асосии ташкили хатсайрҳо сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замири сокинони пойтахт тарбия намудани ҳисси шукргузорӣ аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва омӯзишу арҷгузории хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардид.

Хатсайрҳо бо ҷалби роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонону варзишгарон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Иштирокчиён бо Осорхонаи даврони мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуда, филмҳои мустанади «Эмомалӣ Раҳмон- Асосгузори давлати навини Тоҷикистон», «Марде аз сарнавишт» ва «Душанбе  — нигини миллати тоҷик»-ро дар кинотеатри «Кохи Наврӯз» тамошо менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи таҷлили Рӯзи Президент эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадорӣ дар давраи давлатдории навин, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамин, рушди босуботи мамлакат ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад».

   Кучактарин шакке надошта бошед, ки айни ман миллионҳо тоҷик ҳам ӯро интихоб накардааст ва президенти худ намеҳисобад. Аммо, мутаассифона, воқеият ин аст ки Раҳмонов Президент аст, агарчи президенти воқеӣ нест. Президенти воқеӣ нафаре аст ки интихоб мешавад. Президенти воқеӣ оне аст ки барои муҳлати муайян интихобида мешавад, муҳлати даврони кориаш қабл аз интихобаш маълум аст. Барои давраи муайян интихоб мешавад ва ҳамон давра, ки сар омад, аз вазифа меравад.

Акнун, ки фаҳмидем президенти воқеӣ кӣ аст, қазоват кунед, ки Раҳмонов кӣ аст? Президент ё кӣ?

   Магар дар Қонуни асосии соли 1994 навишта шуда буд, ки Раҳмонов то абад, то мурдан  Президент мемонад? Магар дар Қонуни асосии соли 1999 навишта шуда буд, ки Раҳмонов то абад, то мурдан  Президент мемонад? Ва ё дар Қонуни ассии соли 2003?

   Қасди навиштану гуфтан барои Рӯзи Президент надоштам. Чун солҳои пеш  дар ин бора навишта будем: 16-уми ноябр «Рӯзи президент» ва ё  «Рӯзи Э. Раҳмонов»?  (https://isloh.net/16-umi-nojabr-ruzi-prezident-va-yo-ruzi-je-rahmonov/), Дар «Рӯзи Президент» аз ӯ чи мехоҳему ба ӯ чи мегуем?! ( https://isloh.net/dar-rӯzi-prezident-az-ӯ-chi-mekhohemu-ba-ӯ-chi-meguem/) Аммо аз иқтибоси аз «Ховар» оварда фаҳмидед, ки ин навишта ба муносибати ҳамин рӯз аст:  Рӯзи Президент.

 Бубинед, ки ҳоло кор ба куҷо кашидааст. Як дурӯғи бузургро, як ғайривоқеиятро, давоми як ҳафтаи дароз Рӯзи Президент гуфта ҷашн мегиранд. Рустам рӯзи «ота»-ашро таҷлил мекунад, давоми як ҳафта! Вале, хоҳ як ҳафта, хоҳ як моҳу хоҳ тамоми сол ва хоҳ тамоми умр ҷашн бигирад ҳам ӯро Президент намешуморам ва ҳамчуноне гуфтам мисли ман миллионҳо тоҷик ӯро интихоб накардааст.

  Хуб, ҳоло шояд бипурсед, ки агарки қасди навиштан надоштӣ, чаро менависӣ?  Ончики маро таҳрик ба навиштан кард, суҳбатҳои Раҳмонов ба муносибати  ҷашни рӯзи Қонуни асосӣ буд, ки порае аз навори он феълан дар фазои маҷозӣ тоб мехурад.

  Барои ба дарозо накашидани навишта инҷо ин матни ин суҳбатҳоро айнан меоварам:

1) «Қаҳҳор Маҳкамов гуфт, ки ҳиҷчи накунетон. Барои рафтани ман конститутсияро тағйир надиҳед. Ман ана арзама навистам, рафтам. Анархия шуда буд. Тамоми қонунҳо, конститутсияи ҳамонвақта зери по шудагӣ буд».

2) «Ҳар як кишвар таъриху тамаддуну фарҳангу расму оинҳои худаша дорад. Мо наметавонем, ки демократия гуфта оварда ана ҳамина монем, бигуем, ки ана ҳамин қати бозӣ кун. Ҳатман ба инобат гирифтан даркор. Ин хатогии маҳз мешавад. Махсусан дар Тоҷикистон-99,9% (наваду нуҳу аз даҳ нуҳ  фоиз)-и мардуми Тоҷикистон мусулмон аст».

3) «Барои чӣ президентида вай кардем? Ман қариб ду сол раиси парламент будам. Боз Совети вазирон доштем, сарвазир буд. Мебинам ҳуҷҷатҳора чи қабул шуда истодааст, ҳукумат кор карда истодааст, парламент не. Қонунҳо ҳамон хел буд, баъзан қаророра ҳукумат қабул мекард, кора дидам тамоман тарзи дигар. Исун ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Ҳукумат баъзан корое, ки умуман гуё ки ҳиҷчи набошад дар Тоҷикистон. Аз ҳама хатарнокаш дигар чӣ.

Як рӯз дарак ёфтам, ки сарвазири онвақта бисту ҳафт объекти стратегии Тоҷикистонро рӯйхат карданд протокол карданд, шартнома тайёр карданд-лоиҳа, бурданд як кишвари абарқудратда ҳамин хел месупоранд. Барои гирифтани ғалла. Гурӯҳ равон кардам, ки гиред ин протокола, гап занед, дароед, ки мо зид астем, ин чизро мо намегузорем. Аз он ҷумла неругоҳи Норак, аз он ҷумла корхонаи алюминии тоҷик. Ҳамаро рӯйхат карда бурданд. Азбаски дар ҳамон ҳолате, ки мардум ин қадар миллионҳо бехонаву дар дар хориҷу дар дохил тамоми ҳокимияти фалаҷшударо барқарор кардан даркор буд, барои ҳамин ана ҳамин институти президентӣ бар мо даркор буд»…

Ҳамин гапҳои Раҳмонов буд, ки водор кард бинависаму ба ин пирбузбалаи гарданбалонигазии ру дунбаи гуспанди ҳисорӣ бигуям, ки хуб, худат чи кор кардӣ? Барои мисол агар депутатҳо ҳар бор конститутсияро иваз кардан гирифтанд, ту магар иваз накардӣ? Ё ба гуфтаи худат «ту аз осмон чакидаӣ»?

Ночизро бояд ҳамин тавр чиз кард. Бояд ҳарчи бештар гунда, бузург, муҳташам бошукуҳ, боазамат ҷилва ва нишон дод. Хулоса, хутик бояд хари калон, гусола барзагов, курра аспи тозӣ нишон дода шавад. Як чизи калону бадҳайбату пурвоҳима ва пурсалобат. Ҳоло ҳамин корро карда истодаанд. Раҳмоновро бояд ҳамин тавр нишон диҳанд. Публикаро маҷзубу шефта созанд, халқро гипноз кунанд, гулу гарангу аблаҳу аҳмақ намоянд.

Бор Худоё! Аз кадом мактабу аз кадом донишгоҳ гап мезанед? Хати сайр чи дигар? Як двойишник, як птушник, ки бо Нусрати бетурсик аз маслазавод дар конистиру флягҳо руғани пахта ва соляркаву бензин дуздида мефурӯхт. Мантёр буд. Дар хонаи ҳоҷӣ Шариф ранги як ғуломбача мегашт,

Ба даст меафтад. Як сол ба корҳои ислоҳӣ маҳкум мешавад. Баъд морфлот мебаранд. Баъд меояд кор мекунад дар совхоз. Баъд заочний мехонад. Студенти заочний маълум, ки чи гӯна  студент аст. Барои вай ҳазор осорхона созиву зачетною студенчиски нависӣ фоида надорад, заошник, заошник аст. Ҳамин нафар бо тасодуфҳои зиндагӣ омаду расид ба ин ҷоҳу ҷалолу мақом. Акнун рӯзи Президент сохтаасту давру даврон мекунад.

  Вале ин нафарро рӯзу рӯзгори Назарбоев сабақаш нашуд.

  Назарбоев ҳам айнан ҳамин корҳоро мекард. Ҳоло куҷо шуд. Худаш куҷо шуд духтарҳо, домодҳо, бародар, ҷиянҳо куҷо шуданд? Қасру кушку мошинҳояш куҷо шуданд. Шаҳри Нурсултонаш чи шуд? Ҳиҷ дарс намегирад, сабақ намегирад.

 Раҳмонов барои нарафтани худ Конститутсияро чанд бор тағйир дод? Фарқи Раҳмонов аз депутатҳо дар чи будааст? Агар Конститутсия муҳим ва муътабар буд онро дар соли 2003 ва 2016 чаро ва бо чи ҳадаф тағйир дод? Аҳдофи ин тағйирот чӣ ва кӣ буд? Агар он вақт анархия буд Раҳмонов монархия карда истодааст. Онҳо  конститутсияро бозича карда бошанд, Раҳмонов памперс кард.

Ва Раҳмонов ҳам дар ҳавои ин ҳама соз кор, дар ҳавои ин муҳиту ин иқлим, дар ҳавои ин оҳангу ин тавлаку ин думра худро тофтаи ҷудобофта, нафари истисноӣ, мутафовит, мебинаду мегуморад. Вай аз онки ночиз буд, қурутови бо олича мехурд, аз қашшоқию бенавоӣ ҷасади бародарашро оварда гуронида натавониста буд, соляркаву руған дуздида мефурӯхт, фаромӯш кардааст ва ҳоло чиз шудааст, чизи калон.

Қаҳҳор Маҳкамов, як инсони боиззат ва бошараф ариза навишту гуфт, ки барои ман шуда констиутсияро тағйир надиҳед, аммо ту чӣ? Ариза навиштӣ, бардуруғ рефендуми халқӣ гузаронидӣ (на як бор) миллионҳо миллионҳоро харҷ кардӣ, то ки конститутсия, бале конститутсияро дигар куниву худатро дар вазифа клей кунӣ, сварка кунӣ, то мурдан. Фарқи худро аз Маҳкамов мефаҳмӣ? Вай ба 230 депутат гуфт, ки ман меравам конститутсиро иваз накунед, овоздиҳӣ шарт нест, ту  миллионҳо тоҷикро водорондӣ, ки овоз диҳанд, то ту, то мурдан дар вазифа бимонӣ. Магар туро мешавад бо Маҳкамов қиёс кард? Магар туро мешавад бо Набиев муқоиса кард, ки все таки хесту истеъфо дод ва гуфт рафтани ман сабаби қатъи ҷанг шавад, рафтам, аммо ту чӣ?  Панҷ сол ҷангидӣ. Даҳҳо ҳазорро куштӣ. Ҳоло ҳам кушта истодаӣ.

Ба камоли таассуф бояд иқрор кард, ки мо мардуми тоҷик «беҳҷуи бадтарёб» ҳастем. Зулмпарвар. Тули ин се даҳаи истиқлол инро ба чашму ҷони худ дидем. На Қаҳҳор Маҳкамов ва на Раҳмон Набиев, ин зулму истибдодро, ки Раҳмонов болои ин мардум овард, наоварданд. Супориданду рафтанд. Аммо Раҳмонов чи кор кард? Лашкари аҷнабиро дароварду ними халқро қир карду нимашро овораву дарбадар кард ва ҳоло ҳам карда истодааст ва бадтар аз ин ҳама рафтанӣ нест, бадтару бадтари дигар ин аст, ки боз меросӣ карданӣ аст, бадтару боз ҳам бадтари дигар ин аст ки ба дину оини ин мардум таҳқиру тавҳин карда истодааст.

 Раҳмонов солҳост, ки дигар халқи тоҷик ва Тоҷикистонро чени пари паша, чени рони кайк писанд намекунад. Вай дар ҳамин маҷлис ошкоро имону эътиқоду бовари мардуми мусалмонро ба мазоҳу масхара мекашад. Мегуяд, ки 99% мусулмон аст: «Ҳар як кишвар таъриху тамаддуну фарҳангу расму оинҳои худаша дорад. Мо наметавонем, ки демократия гуфта оварда ана ҳамина монем, бигуем, ки ана ҳамин қати бозӣ кун. Ҳатман ба инобат гирифтан даркор. Ин хатогии маҳз мешавад. Махсусан дар Тоҷикистон-99,9% (наваду нуҳу аз даҳ нуҳ  фоиз)-и мардуми Тоҷикистон мусулмон аст».

Хуб ки чӣ? Магар мусулмон кам аст, ноқис, норасо, ношуд, аст? Наметавонад? Яъне гуфтанӣ аст ки «демократия» барои ин мардум дуруст намегирад. Ин мардум ба демократия нест. Ин мардум ақлаш демократияро намегирад. Чун тоҷикҳо мусулмонанд? Худат чӣ? Худат мусулмон нестӣ? Ту, ки худат демократияро вайрон карда, хароб карда, фиребу найранг карда бачаатро оварда истодаӣ, то мурдан доданӣ нестӣ, мусалмони тоҷик чи гуноҳ дорад? Магар кору кирдори ту демократия ва демократӣ аст? Бачаву духтару домоду ҷияну  тамоми авлодатро оварда ба сари дастурхони ҳукумат ҷо додаӣ, демократия аст? Пас, инҷо аз мусулмонии тоҷик чи шиква мекунӣ? Мусулмонии тоҷик «тут причём»?   Манзураш ин аст ки мусулмон наметавонад интихоб кунад. Яъне мусулмон ҳоло хому хатала, нопухта норасида аст, наметавонад, ақлаш намегирад, фаҳмаш намерасад, ки ба худ раис интихобад. Муслумон аз ин корҳо сар дарнамеоварад. Муслумон ва он ҳам мусулмони тоҷик ҳоло ба интихобот нест. Барои вай бояд ман ва мо таъин кунем. Худамро якумрӣ мекунам ва боз бачаамро меоварам. Чунки тоҷики мусулмон ақлаш давлату давлатдориро намегирад.

 Ин иқрор карда истодааст, ки ҳамаи ин интихоботҳо, ки баргузор шуд, демократия набуд, кори дасти гурӯҳ ва тоифа буд.

    Бубинед, чи гапи ҷолибе мезанад. Худаш эътироф ва иқрор кард, ки вай бо демократия мувофиқ ва созгор нест:

«Мо наметавонем, ки демократия гуфта оварда ана ҳамина монем, бигуем, ки ана ҳамин қати бозӣ кун. Ҳатман ба инобат гирифтан даркор».

Фаҳмидед? Мардак гуфт, ки «демократия гуфта оварда намемонем».Мо тасмим мегирем, ки киро оварем?

  Раҳмонов худ худро инкор мекунад. Агар шумо наворро тамшо кунед, каме пештар мегуяд, ки мо тарафдори давлатӣ демократӣ, дунявӣ ҳастем. Аммо инҷо мегуяд, ки «Мо наметавонем, ки демократия гуфта оварда ана ҳамина монем, бигуем, ки ана ҳамин қати бозӣ кун. Ҳатман ба инобат гирифтан даркор».

Фаҳмидед? Мардак гуфт, ки «демократия гуфта оварда намемонем». Мо тасмим мегирем, ки киро оварем?

Мо наметавонем….яъне чӣ? Ин инкор ва таҳти савол қарор додани асл ва асоси демократия аст. «Демократия гуфта оварда ана ҳамина мондан»-ин қонун ва қоида ва аслу асоси демократия аст, ки Раҳмонов онро инкор ва рад карда истодааст. Яъне ба пиндори Раҳмонов интихобро на демос-халқ, балки бояд як гурӯҳ, як тоифа анҷом диҳад.

Инҷо нахоста ё шояд дидаву дониста ва амдан ишора мекунад, ки интихоботҳо, ки доир мешавад, интихоби халқ нест, чун демократия гуфта оварда намондааст, чун ин хатогии маҳз мешавад.

  Чаро Раҳмонов институти президентиро баргардонидааст?

 «Барои чӣ президентида вай кардем? Ман қариб ду сол раиси парламент будам. Боз Совети вазирон доштем, сарвазир буд. Мебинам ҳуҷҷатҳора чи қабул шуда истодааст, ҳукумат кор карда истодааст, парламент не. Қонунҳо ҳамон хел буд, баъзан қаророра ҳукумат қабул мекард, кора дидам тамоман тарзи дигар. Исун ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Ҳукумат баъзан корое, ки умуман гуё ки ҳиҷчи набошад дар Тоҷикистон. Аз ҳама хатарнокаш дигар чӣ.

Як рӯз дарак ёфтам, ки сарвазири онвақта бисту ҳафт объекти стратегии Тоҷикистонро рӯйхат карданд протокол карданд, шартнома тайёр карданд-лоиҳа, бурданд як кишвари абарқудратда ҳамин хел месупоранд. Барои гирифтани ғалла. Гурӯҳ равон кардам, ки гиред ин протокола, гап занед, дароед, ки мо зид астем, ин чизро мо намегузорем. Аз он ҷумла неругоҳи Норак, аз он ҷумла корхонаи алюминии тоҷик. Ҳамаро рӯйхат карда бурданд. Азбаски дар ҳамон ҳолате, ки мардум ин қадар миллионҳо бехонаву дар дар хориҷу дар дохил тамоми ҳокимияти фалаҷшударо барқарор кардан даркор буд, барои ҳамин ана ҳамин институти президентӣ бар мо даркор буд»…

Яъне Раҳмонов гуфтан мехоҳад, ки барои онки ҷилави талаву тороҷ дар кишварро бигирад, институти президентиро барқарор кардааст.

Оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст? Раҳмонов пеши талаву тороҷро бигирифт ё худ талаву тороҷ кард?

 Беш аз 1100 километри квадратиро ба Хитой фурӯхт. Тамоми корхонаҷоти муҳимро варшикаста кард. Аз ҷумла ҳамин корхонаи алюмнийи тоҷикро. Ҳоло агар, бар фарзи мисол, он корхонаҷотро Абдуллоҷонов бар ивази ғалла ба он абарқудрат медод, он абарқудрат корхонаи алюминий ва Норакро бо худаш бардошта мебурд ва ё инки корашро идома медоду тоҷикҳо дар он кор мекарданд, ҳамчун қувваи арзони корӣ? Албатта он абарқудрат он корхонҷотро кор меандохт.

Аммо ҳоло чӣ? Ку корхонаи алюминий? Аз 40 ҳазор тонна ба 60 ҳазор поин омад. Аз сездаҳ ҳазор коргар ҳатто ҳазор ҳам кор намекунад. Норак чӣ? Ку барқи он? Барқи он ба мардуми тоҷик намерасад. Мардум дар азоби бебарқиву бесветӣ дар зимистонҳои қаҳратун ҷон мекоҳонад. Аммо Раҳмонов барқро ба Толибон мефурӯшаду пулашро мераваду аз Қатр мегирад ва мустақим ба оффшорҳо мунтақил мекунад.

Ончиро ки ба абарқудрат надод ҳоло яклухт ба домодҳову духтарҳову ҷиянҳо дод. Рас, барои мардуми мусалмони тоҷик, ки демократияро намефаҳамд, хатогии маҳз мешавад, ки ба онҳо вогузор кунад, чи фарқ дорад, ки як абарқудрат гирифта бошаду кор андозаду кор фармояд ва ё инки Шамсуллову Зарифбеку Ҷамолиддину Зоиру Ашрафу дигару дигараш гиранду ба манфиати шахсиашон истифода кунанд?

Ҳоло фарқи туву Ҳасан аз Абдуллоҷонов чӣ аст? Абдуллоҷонов бар ивази ғалла мефурӯхтааст, ту бар ивази чи фурухтӣ?. Ин гап мардум, ки мегуянд Абдуллоҷонов дигар дар пеши шумоҳо аз наҳанг ба моҳича бадал шуд, воқеият аст.

Инки Раҳмонов президенти мардум нест, инки Раҳмонов президенти воқеӣ нест, инки Раҳмонов президенти оилаи худаш астро ҳама мардуми Тоҷикистон медонад. 

 Гоҳо ба Ислоҳ номаҳое мерсанад, ки аз маводи матолиби таҳлилӣ ҳам бештар ҳақиқатро ифшо ва ошкор мекунад.  Нафаре, ки номаи зерро фиристодааст, як корманди мақомот аст. Навиштаҳои зиёди ӯро чоп кардем.

 Вай ин номаи ҷолибро фиристодааст, ки тасвир ва замони даврони Раҳмонов аст. Агар Раҳмонов президенти мардум аст ҳамин гуна гап мешавад. Навиштаи ӯро айнан ва бо лаҳҷаи навшташ пешкашатон менамоем ва ин ҳусни анҷоми матлаби мо мешавад:

  «Аҷаб даврҳо дорад Тоҷикистон. 

 Баъди ҷанги шаҳрвандӣ қумондонҳои хурду калон зиёд буданд, ки солҳо ё муддате дар Тоҷикистон, содда карда гуем, гапзану корбудкун буданд. Он солҳо, дар ҳақиқат ҳамаи соҳаҳо фалаҷ гардида буд. Бо рафти солҳо ва вақт ҳукумат нуфузи худро мустаҳкам кард.

  Агар мардум барои кори худашро буд кардан ба назди ягон қумандон мерафт, он қумондон бо обуруяшу қуввааш кори корафтодаро дар любой сохтор ё мақомот буд мекард ва эътиқоди мардум ба қумондонҳо зиёдтар буд. Қумондонҳо каме ҳам буд, инсоф доштанд. Ин раванду ин вазъият талхаи Раҳмоновро ҳама вақт мекафонд. Раҳмонов тавонист, ки ин ҳолатро аз байн барад ва инро асоснок бар он кард, ки бояд мушкилии мардумро сохторҳо ва мақомоти ҳукуматӣ ҳал кунад, то ин ки бовари мардум наравад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

   Пеш вақт алулу булули авлод майда буданд, осон буд ба мансабдор кор кардан. Имконият дошт нафари корафтода ба дари вазорате ё мақомоте дарояду мушкилиашро бинад. Айни замон бошад, фарзандон, қудоҳо, ҷиянҳо, домодҳо, келинҳо, хусурбачаҳо, набераҳо, абераҳо, калону беҳисоб шудаанд. Ягон мақомот ва сохтор бе иҷозати инҳо нафас намекашад.

  Чи тавре, ки болотар гуфтем, даври қумандонҳо хубтар буд. Ҳозир авлод ҳар яктоаш командир шудасту дар гирди ҳар кадомаш як шайка ҳаст, ки кор через ҳамуно буд мешавад.

  Ҳамин хел, ки бошад  Раҳмонов чи иқа вазорату идораву сохтор даркор?! Барҳам те ҳамаша, дар дари хонаву ҳавлии ҳар як хешат табличкаҳои идораҳота зан. 

 Хабар меояд, ки се чор сағера як нафари зиёӣ, муаллим ё аҳли фаҳмро лату куб карданд, барои оне, ки он нафар замечаний кардаст ба онҳо, ки боодоб бошед. Мақомот ягон кор карда бар зиди онҳо наметона, чун нафаре аз онҳо ҷияни шогирди ё Исмоили Пингвин ё Сомони бачаи Раҳмонов ё бо ягонтаи дигаш аст. Аҷаб…»

Share This Article