Ин матлаб зери таъсири фоҷеаҳои пайдарпайи қатлу кушторҳои мақомоти хуношом тақдиматон мегардад. Инчунин унвони ин матлаб сухани Устод Абдуқодири Рустам аст,ки ҳангоме дар озодӣ буду ҳолоти хафақон ва ноадолатиро медиданд гуфта шудааст. Таманнои озодии устод ва ҳама бегуноҳони дигари зиндоншударо дорем!
Чаро ин аъзои режим то ин ҳад бешарафу беимонанд, ки кушташудагонро бидуни ҷаноза мегӯронанд? Ба гумонашон, ки агар мақтули мазлумеро ҷаноза накунанд, аз рафтанаш ба биҳишт пешгирӣ мекунанд? Ё инҷо изи ҷинояташонро дар бадани кушташудагон аз нигоҳи мардум пинҳон мекунанд?
Дар кадомин кишвари дунё инсонро пас аз куштан ба наздиконаш таҳвил намедиҳанду соҳиби мурдаву зиндаи як шаҳрванд ҳокимону силоҳбадастонашон ҳастанд, ҷуз дар Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ?
Имрӯз танҳо зиндонҳову зиндониёни Тоҷикистон асири ин даҷҷолони ҷаллод нест, балки аз симхор то симхори ин кишвари асири ин аҳриманон асиранд. Ҳар нафареяшон як каме садои ҳақталабӣ ва ё эътироз баланд кард, аз зиндони боз ба зиндони сарбаста интиқол дода хоҳад шуд. Аз симхор то симхор зиндони бузурге ташкил додаанд, ки 10 миллион шаҳрванди ин кишвар барои идомаи зиндагӣ танҳо 3 роҳ доранд: ё бидуни камтарин эътироз, зери ҳар шароиту фишору беадолатии як мушт аблаҳи хунхори беимон умре, оилавӣ, дар зиндони боз (Тоҷикистон) ба сар мебаранд, ки дар ин «Конслагер» на барқ асту на оби поку на ҷои кору на хурсандиву суруру на озодии эътиқоду баён, на иҷозати барпосозии маросими дафну азову худоиву на иҷозаи ҷашну сӯру сурур. Балки, баръакс барои барпоии ин ҳама маросимҳои миллӣ бояд ба ин хунхорон пул бурда бипардозӣ то иҷозатат диҳанд, қадаме бардорӣ! Яъне дар ҳар конслагере ҳар кирдореро тибқи «иҷозат»–и конслагербонон мебояд кард. Бидуни иҷозати зиндонбони олӣ ҳатто азон гуфтан иҷозат нест. Ба таъбири мардумӣ: «аз тарс, ин миллати асируфтода, дар каду азон мегӯяд»!. Магар ҳамин қонунҳои конслагери сахтнизом нест, ки ҳатто баланд гап задану баланд хандидан ва ҷамъи ҳам омада ҷашну сурур барпо кардан қатъиян манъасту ҳатто ба ҷӯз чанд гӯрканҳои конслагерии асир касе ҳақи барпосозии ҷанозаи асиреро надорад?
Конслагер маҳдуд ба маҳдудаи як лагер нест, он метавонад ҳатто, чуноне гуфтем, як кишварро аз симхор то симхори марзҳояш фаро гирад!
Як каме аз равзанаи насбшудаи бораи симхорпечи ин конслагери Фюрер Чақур ба замони Таззориёни рус нигарем, хоҳем дид, ки якчанд солҳои ахири ҳукумати Таззориён айнан мисли авзоъи имрӯзаи мо шуда буда аст;
1.Александр II (1855–1881)
2. Александр III (1881–1894)
3. Николай II (1894–1917)
Ҳар рӯз ошубу балво, ҳар рӯз дор задани мухолифину бегуноҳон, ҳар рӯз мавриди сӯиқасд қарор гирифтан ва ҳатто кушта шудани Қайсарони хунхори рус рух медод. Давлат бо миллаташ ҷанги тамомайёр эълон карда буд. Чунки Импротурии Романовҳо чун кавданфеодал давлатдории Эмомшайтан дар назъи ҷонкандан буду чун барзагови олӣ дар ҳоли ҳароммур шудан буд. Якеро шоху дигарро лагад мезад! Айнан мисли Эмомшайтан!
Александри I соли 1881 террор шуд.
Соли 1887 ба ҷони писари императоршудааш Александри III аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонон сӯиқасд сурат гирифт, ки хунсо шуд. Дар ин васат бародари 21 солаи Ленин, Александр Ульянов низ буд, ки пасон ба қатл расид. Александри 21-соларо ҷуз зулму бераҳмии хонаводаи касофати Романовҳо, ки сар аз соли 1613 то 1887 ба дарозои 274 сол роҳбарӣ карда буданд, ба ин кор водор накарда буд. Ленин (1870) ҳамагӣ 17 сол дошт, ки талхии қатли бародарро дар вуҷуди худ эҳсос кард. Ҳамон гуна, ки пас аз 31 сол устод Айнӣ дар соли 1918 дарди талху ҷонгудози қатли ду бародараш: Муҳиддинхоҷа ва Сироҷиддинро пас аз воқеаи Колесов, ки дар барпоии он ҷуз якчанд пантуркисте чун Файзулло Хоҷаев ва Фитрату дигарон даст надоштанд, дар вуҷуди худ эҳсос кард, ки сабаби ин марсияи ҷонгудозаш гашт:
Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сиях яксон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!
Бечора Айнӣ, аз заъфу ҷаҳолату нотавонию хурофотзадагӣ ва бепарвоии амири манғитӣ – Абдулаҳадхон, дар соли 1890 падару модарашро аз даст дод. Як додарчаи дигарашро, ки ба хешеяш вогузор кардаву назди бародари бузургаш ба Кукалтош дар 12 солагӣ ба Бухоро сафар карда буд, аз гурӯснагии шадид аз даст дод. Як бародарбузургу додаре ҳам ки аз волидон нишона дошт, писари ҳамон Абдулаҳадхон, Олимхони манғит якеро дар дарахт баста чун муғулҳои одамкуши имрӯзи Раҳмонҳитлер тирборон карданду додаракашро ҷаллодони Бухоро ба дор зада куштанд! Бидуни ҳеч маҳкамаи додгоҳию ҳеч ҳукми қазоию фатвое. Танҳо ба ишораи бурути палиди Олимхони манғити, ки шумо бародари Садриддинхоҷаи «арвоҳзада»-ед, куштандашон!
Оё таърих такрор нашуд чанд рӯз пеш дар зиндони Ваҳдат?
Айни такрори як ҳодисаи қатли фарзандони тоҷики мазлум, ки ин бор ба ҷои Олимхон дар рӯи тахти вожгуни Аморат чингизии навбатие бо номи Эмомалихон такя задаву ду бародари Ҳасанов Раҳматуллоро бидуни маҳкамаи додгоҳӣ, бидуни ҳеч ҷурму айбе, танҳо ба хотири инки бародарони Айнии «нав» – Раҳматулло ҳастанд, бо бераҳмии том ба рагбор гирифту кушту ҳатто эбе намебинад, ки бигӯяд чаро фарзандони ин миллат, асирону зиндониёни бегуноҳро бо ин ҳама хунсардӣ ба рагбор гирифта аст?!
Чун ин малъуни чингизӣ аз усуле кор мегирад, ки Олимхону падараш Абдулаҳадхон кор мегирифтаанд: Абдулаҳадхон танҳо ба хотири эътирози муъминободиёну балҷувониён аз Бухорову Ҳисор чун Раҳмонҳитлер ба Хуталон бор-бор лашкар мекашаду бо роҳнамоии конструкторони таззорҳо хуни миллати тоҷикро мерезаду сарвари шӯришро бурда дар Шаҳрисабз дар пеши чашмаш дор мезананд! Кӣ исбот карда метавонад, ки Восеъи диловарро лоақал маҳкамаи рӯякӣ, ба мисли маҳкамаи Умар Алмухтор, карда бошанд? Ҳеч кас. Дасту по дар ғулу занҷир аз Хуталон то Шаҳрисабз задаву куфта бурдандашу дар назди чашмони хунхори амири манғитӣ ба дораш кашиданд. Мурдаашро лоақал манғитиён ба бастагонаш барои бурда ҷаноза хондан, дар диёри худ гӯронидан, супориданд, вале дар роҳ бӯй гирифту дар нимароҳ зери теппае бе ному нишон зери хоку сангаш карданд.
Миллате, ки гӯри алломааш Аҳмади Дониш номаълум аст, куҷо парвои гӯри Восеъро дорад!? Ақли бемори ин миллат танҳо дар бораи он чизҳое ҳаст,ки аслан набояд чунин бошад.
Миллати тоҷик он қадар хотираи кӯтаҳи миллӣ дорад, ки воқеоти дирӯзи Ваҳдатро алакай фаромӯш кард, чӣ расад ба воқеае, ки дар соли 1888 рух дода аст. Чунин миллат чаро то ҳол зинда аст? Оё сиррашро медонед? Ба ман бигӯед!
Эй мардум, гумон накунед, ки Раҳмонов хунхор асту Рустамаш ояд ин корҳо намекунад, балки агарчи Абдулаҳад хунхор буд, Олимхон ваҳшии хунхортар гашт.!
Мо 167 сол ин навъ давлатдории хунбораро таҷрӯба кардаем, набояд иҷозат бидиҳем, ки ин сулолаи ҳароми чингизии шарипчақурӣ устувору меросӣ шавад, вагарна ҳар сол хуни миллати мо ҷорӣ шудан мегирад.
Ва Устод Айнӣ ҳам чун Ленин қасоси сахте аз хонадони палиди Манғитиён гирифт, ки тамоми шармандагии ононро бармало сохт. Ба мисли Аҳмади Дониш исбот кард, ки ин дудмони ҳаром на тоҷик буду на мусулмон буду на инсон.
Таги Арки амир ҳам ҷои одамфурӯшӣ буду ҳам ҷои таъзибу одамкушию ҳам дар ин лонаи касофат тамоми сарватҳои аз ин миллат ғораткардаи ин хонадони гурусначашм, анбон-анбон анбошта шуда буд, ки ғанимати русҳои болшевик гашт! Моли дуздӣ туро ҳам насиб намекунад, Эмомшайтон Шарипов!
Имрӯз Тоҷикистон як зиндони боз асту аз симхор то симхор ҳама шаҳрвандонаш ҳукми конслагернишинонро доранд, Бухоро низ чунин буд. Одамонро дар рӯзи Наврӯз, дар иди Қурбону Рамазон ва дар дигар чорабиниву ҷашнҳои мардумӣ даста-даста даст баста, бурда дар Регистону майдонҳо чун гову гуспанд «ҳалук» андохта, сар мебуриданду дор мезаданд! Барои миллати тоҷик одамкушии ҷаллодони Бухоро як амали маъмулӣ гашта буд. Эҳсоси мусулмонӣ, эҳсоси ҳамдардӣ ва тараҳҳуму инсонӣ дар вуҷуди ғуломақлони бухороӣ тамоман мурда буд. Тамошои ҷонкандани ҳамтаборон, резиши хуни ҳамдинонашон барошон аҳамияте надошт! Касе намепурсид лоақал, ки ин ҳама кушторҳо тибқи кадом қонунҳо роҳандозӣ мешаванд?! Мисли имрӯзи мо касе парво надорад, ки хуни ин ҳама зиндониён чӣ арзише метавонад дошта бошад? Ҷуз волидону бастагону бародарону хоҳарони кушташудагон касеро парвои хуни ҳаммилатон, шаҳрвандони тоҷикистонияш нест?
Оё хунхори «таҳлилгар»-е чун СС.Ятимов Дурӯғ гуфта, ки миллати тоҷик лоақал ҳамон ақлониятеро дорад, ки гузаштагони сад соли пешашон дошта аст?
Агар Раҳмонов фурсат ёбад дилхоҳ инсонеро, ки дар вуҷудаш як каме хатарро эҳсос мекунад, аввал парвандасозии дурӯғин карда, вориди зиндон месозаду пасон дар зиндон «ошӯб»-и дурӯғин барпо карда, ононро қир мекунад. Вале агар чун мардуми Ғарму Бадахшон дастаҷамъӣ адолатхоҳӣ кунанд, дигар «парвандасозию додгоҳфиристӣ»-ро мунтазир нагашта, фавран ба он ҷо чун Насруллохону Абдулаҳадхон лашкари чингизӣ фиристода, ононро чун Олимхон дар майдону кӯчаву бозорҳо, бидуни маҳкама тирборон мекунад. Сар мебурад. Мурдаҳояшонро ба «калбаччаҳо» месупорад, то ба соҳибонашон «фурӯшанд» у пул ба даст оранд. (Ниг.Айнӣ. Ёддоштҳо).
Ғарра нашавед! Зинда боду ба пеш гуфта гардед. Ҳоло Раҳмонов духтаротонро фоҳиша карда ба шарқу ғарб экспорт дорад, фардо Рустам ояд мурдаҳоятонро ҳам хоҳад фурӯхт. Он рӯз дератон хоҳад шуд!
На олами муосиири «демокративу маданӣ» ва на шаҳрвандони ғофили ин кишвар мепурсанд, ки чӣ гуна иҷозат аст, ки як президент шаҳрвандон, интихобкунандагон ва тазоҳуротгарони бесилоҳашро дар рӯзи равшан тирборон кунад?
Чаро шаҳрвандон дар рӯзи Интихобот ҳаққи раъй доранду дар рӯзи сахтӣ ҳаққи талаби ҳуқуқҳои худро надоранд?! Чаро интихобкунандагони худро, агар Демократияе ҳаст, мепаронанд?!
Тибқи талаботи Сарқонун Президент ҳақ надорад ба ягон гӯшаи кишвари худ артиш фиристад. Силоҳро танҳо дар баробари душманони хориҷӣ бояд истифода кард. Дар тазоҳурот бошад танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ аз газҳои ашковар, газҳои овозӣ, тирҳои резинӣ ва обпошакҳои низомӣ ҳақи истифодаи маҳдуд вуҷуд дорад. Дар дигар ҳолатҳо Президент ё бояд ба талаботи тазоҳуротгарон гӯш фаро диҳад, ё агар чун Раҳмонов нотавон аст, истеъфо равад! Чаро рӯшониёнро барои роҳбандияшон бояд кушт? Ин қадар сақатҳои курсинишин чӣ гӯҳ мехӯранд, ки бо як гурӯҳ аҳолӣ забон намеёбанду талаботашонро қонеъ накарда, бар сарашон лашкар мефиристанд? Ва он силоҳбадастони худозадаи беимони бадбахти аззино зодашуда ҳам, аз халқу Худо натарсида, аз Раҳмонови бедин итоат карда, ҳамтаборони худро тирборон мекунанд!! Ай лаънати Кирдгор домангиратон бод, ки аз шумо наслу табору зуррияе боқӣ намонад!
Ин навъи давлатдории чингизӣ то аз байн бурда нашавад ба гумон аст, ки низоми додгоҳӣ, додгустарӣ ва зиндонҳо ислоҳ шаванд.
Касоне дар озодии даруни конслагеранд бидуни пурсише чун Рӯшониён тирборон мешаванд ва касоне дар қапи одамхорони Раҳмонов дар зиндонҳо гир уфтодаанд, ҳангоми «ошӯб» бидуни камтарин кӯшиши пахши «бидуни силоҳ» ба рагбор гирфита мешаванд. Ва аҷибаш ин аст, ки ҳатто яктои онҳо пас аз маҷрӯҳ шудан, чун одати ҳар як тирпаронии ҳавоякӣ, зинда намемонанд. Ҳатто дар ҳолати ҷанги амалӣ имкони зинда мондани чандин захмбардоштагон аст, вале танҳо дар Тоҷикистон ягон «ошӯбгар», он ҳам мусаллаҳ бо «силоҳи сард» зинда набояд монад. Ошӯбпахшкунандагон ё он қадар беимонанд, ки танҳо дар сарҳо тир мезананд то ҳамагӣ бимиранд, ё он қадар тарсӯянд, ки метарсанд мабодое ягон «мусаллаҳ» бо силоҳи сард нимҷон боқӣ намонад, то хатаре ба силоҳигармдорон надошта бошад. Вале асли матлаб инҷост ки агар ҳатто як тан аз ашӯбгарон зинда монад ҳам, метавонад пасон дар маҳкамаи адли мардумӣ бар зидди инҳо ва ҳақиқати ҳодиса шаҳодат бидиҳад, ки умри ҳар яке аз ин қотилони ваҳшии беимонро дар оянда ба ҷаҳаннам мубаддал гардонад!
Сирри мурдани сартосарии онон дар инҷост!
Вале сирри ин ҳама ошӯбу инқилобу қатлу кушторҳо, чи дар дохили зиндону чи дар рӯзи равшан дар кӯчаву хиёбонҳо танҳо ду омил дошта аст:
- Омили торихӣ, ки ин режиму Фронти халқкушаш дар солҳои ҷанги ташкилкардаашон даст ба он мезаданд – инсонҳоро бидуни ҳеч ҷурму гуноҳе, ҳатто барои хӯшгузаронӣ мепарондаанду лошаашонро ба дарё мепартофтаанд ё оташ мезадаанд; ё танҳо ба хотири инки картошкаро «тушка» ё ҳаштро «ашт» мегуфтанд, ононро тирборон мекарданд; (ниг: Tim Epkenhans. The origins of the civil war in Tajikistan)
- Омили дуюм тарсонидани миллати тоҷик, ки бидонанд мо «гарени бераҳмем»–у гапзадагитона да любой ҷо мекушем! Яъне инҳо як бандаи ҷинояткор, як гурӯҳи муташаккили ҷиноиянд, ки мухолифинашонро дар Рашту Бадахшон «гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккили ҷиноятӣ» барчасп зада буданду Хуги тоҷиккуш СС.Ятимов, ошкоро ба миллат гузориши бардурӯғ медод, ки «мо медонем дар болои кадом чердаки хонаву оғулу коҳдон чанд автоматчику чанд пулемётчик ва чанд гранатамиётчик камин гирифтаанд». Ва аз он ҳама «штурмавикҳову мусаллаҳон»- ҳатто як тир ҳангоми шурӯъи ҷанг холӣ нашуд то дар пешонию ҷигарӣ муғулҳои даштиқипчоқӣ бизанад, то каме рӯҳи мо ҳам ба оромиш бирасад!
Чун ҳама сохтакорӣ аст, дар ин кор ҳам миллатро гӯл мезананду ҳам метарсонанд. Садҳо адад тирдону ҳазорон тиру садҳо силоҳҳои наву кӯҳнаро оварда ба навор мегиранд, ки агар, ба Худо, ин миқдор мили силоҳ дар дасти ин миллат буд, СС.Ятимову Раҳмонову Бузухармакову Қунқуротовҳо шабҳо ҳайз медиданду рӯзҳо «ражат» мекарданду ҷуръати чун солҳои 90-ум ба он кӯҳистони тоҷик ҷуръати лашкаркаширо намедоштанд.
Вале ҳар падидае ҳам умри худро дорад. Чуноне гуфтем, дар Аморати Бухоро, ки хунрезиро ҳар рӯзу сол медиданду барошон як кори оддӣ, мисли гуспандкушӣ шуда буд, дигар барои касе ҳам мурдану куштани чанд асиру зиндонӣ на мояи тарс буду на мояи нираронию на мавзӯи баҳси навбатӣ. Миллати тоҷик чуноне чанд рӯзи охир мушоҳида мешавад, тамоман ба ин спектакл таваҷҷуҳ ҳам надорад. На аз он тарсе дар вуҷудаш падид омадаву на ба он таваҷҷӯҳе карда аст. Бовар дорам, ки фардо агар Раҳмонов тамоми зиндониёнро саросар қир кунад ҳам чашми тоҷике намепарад. Алакай «тюремчик» будан худ дар чашми миллати ҳувиятбохтаи тоҷик баробар бо инсони «палиду шубҳанок» будан аст, ки аз «собиқ зиндонӣ» бояд парҳезу ҳазар кард ва аз мурданаш ғамгин ҳам нушад. Ин мафкурраро режими тоҷиккуши Раҳмонҳитлер дар мағзи тоҷикон амиқ ҷой дода аст!
Якум масъала, ки Раҳмонов ҳадаф дорад: тарс додани шаҳрвандон – хок хӯрда аст.
Дуюм масъала, ки тоҷикон шояд аз қатли зиндониён ба ҷӯшу хурӯш оянд, низ абас аз об даромад. Миллати тоҷик дигар ба ин гуна қазияҳо на кунишу на вокуниш хоҳад кард. На тарс дорад, на чорае меандешад. Зомбӣ гашта аст ин миллат!
Ин вазъият хело ҳаросангез барои дигар миллатҳост. Вале миллати тоҷик айни ҳол ду ғам дорад:
А. Ғами шикам
Б. Ғами зиндагии шахсии худ
Миллати имрӯзаи тоҷик дигар ба ҳамон рӯҳияе баргашта аст, ки 100 сол қабл гузаштагонаш зери ҳукумати манғитиён дошт: бетафовутӣ, холабеғамӣ, вой ҷони худам, туро ғам бошад, маро чӣ?… мурдаҳора Худо раҳмату мағфират кунаду зиндаҳоро дар паноҳи исматаш нигаҳ дорад! Дар тақдиршон ҳамин будаст. Аз тақдир ҷои гурез нест! Ва агар таомман худозада бошад, мегӯяд: то шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад!
Ва суоли даҳшатноки аҷдодияшро бори дигар такрор мекунад: туро куштанд – «Маро чӣ?». Ё «Моя хата с краю»
Андешаву ҷаҳонбинии имрӯзаи миллати тоҷик садама дида аст. Назарияи маърифтшиносии ин миллат садамавӣ гашта аст. Корҳоеро, ки ҳокимонашон дар доираи қонунҳои ҷорӣ бояд барои анҷоми он ҷавобгар бошанд, ҳавола ба «қонуни илоҳӣ» мекунанду корҳоеро, ки набояд тибқи талаботи аҳкоми диннӣ муртакиб шаванд, аз онҷо ки дар қонунгузории дунявӣ «гуноҳ» маҳсуб нест, анҷом медиҳанд.
Қатли амдани зиндониеро тақдир ва хости Худованд, бар дурӯғ, талаққӣ мекунанду зинову ришваву пораву мардумфиребию мардумозорию тӯҳмату ифтирову ғайбату таҳқири ҳамдигарро «шӯхӣ» ва ҳазлу кори содда мепиндоранд!
Аз онҷо ки дар шинохти худу Худои худу ҳаёти рӯзмарра ва сиёсати кишвари худ оҷизанд, лоҷарам хар гаштаанд. Харсаворияшон доранд!
Чаро дар Тоҷикистон ин ҳама солҳо мушкилоти зиндонҳо ислоҳу бартараф намешавад? Як сабаб дорад: агар зиндонҳо ислоҳ шаванд, ин Режим заиф мешавад. Аз манбаи даромади муфт маҳрум мешавад. Мухолифинашро зиндонӣ кардан наметавонад. Парвандасозӣ карда, маблағҳои ҳангуфт гирифта, сарватманд шудан наметавонад.
Пешниҳод ба ҷои охирсухан:
Ба гуфти Устод Қодири Рустам: «Ҳукумате, ки корхона намесозад, зиндон месозад». Оре. Зиндон аз ҳар корхонае камхарҷтар вале сердаромадтар аст, албатта барои золимон!
Чаро зиндонҳои имрӯз дар ҷои чашмраси миллат сохта мешаванд?
Оё боре пурсидаед, ки чаро танҳо дар як пойтахти мо ҳар самте тоб хӯред, аз наздатон ё зиндон, ё боздоштгоҳ, ё минтақаҳои мамнуънигоштаи симхорпеч падид меояд? Ин нишонаи он аст, ки ин кишвари диктаторӣ бо низоми «пулусӣ» аст, ки асосгузораш Русия «матушка»–и манғетҳокимон аст. Дар Душанбешаҳр ягона Сафоратхонае, ки гирдогирдаш симхорпеч аст , ҳамоно Сафорати Русия аст. Ягон сафоратхонаи дигарро ба ин сурат нахоҳед дид. Аз Сафорати Русия хоҳиш мекунем, ин ҳама симхорҳои тарсовару бадшаклатро аз маркази Пойтахти мо бардору чун ИМА, ЭРОН, ҶОПОН ва дигар кишварҳо Сафоратсозиро ёд гир. 100 сол пеш омада ба тоҷикон аз зиндонҳои Манғитиён дида бадтар зиндонсозиро ёд додед, вале ҳоло ҳам худ чун асрҳои 19-20 Сафоратхонаатонро чун Конслагер симхорпеч кардаед, ва моро «чурка»-ву ақабмонда мехонед?!
Ба ҳукумати қотили муғулҳо гуфтанием, ки ин ҳама зиндонҳои даруни пойтахтро ҳам вақташ расида, ки аз чашми миллат бардошта нобуд кунӣ. Агар дар Тоҷикистон ин ҳама парвандасозиҳои бардурӯғ набошаду ин ҳама «ҳамкорӣ»-и мақомот бо дузду одамкушу корчаллону ҳаннотон набошад, бовар дорам, ки ҳатто як зиндон ҳам дар саросари Тоҷикистон зиёдатӣ мекунад.
Ҳамон гуна ки имрӯз барои сарватманд шудани оилаи Раҳмонов 100-ҳо коллеҷу донишкадаҳои бесуд барпо кардаву ҳазорон ҷавонро давоми 4-5 сол бидуни таъмини ҷои кор тибқи тахассуси нолозимашон, медӯшед, ҳамин гуна 10-ҳо мақомоти нолозим алайҳи ҷинояту ҷинояткорӣ таъсис додаву даҳҳо зиндону муассисаву сохтор барпо кардаед, танҳо ба хотири ин ки аз номи ҷурму ҷиноят қишри дигаре аз муғулони фронтавикатон сарватманд шаванду бас! Дар асл бошад ҷинояткори аслӣ худи шумоед! Мусаллаҳеду мепаронед!
Дар умум, аз ҳама соҳаҳои ҳаёти ин миллат шумо – барлосиён байни худ тақсим шудаву пулу сарват ба каф овардан доред!
90%-и парвандаҳои зиндониёнро агар тафтиши ҳирфаӣ кунанд, бофта аз об дармеояд! Агар ин ҳама парвандаҳои дурӯғин набуд, ин ҳама сагу хугҳои галстукдоре чун суду прокурору пулису амниятиҳо аз куҷо бо маоши ночиз соҳиби ин ҳама сарвату хонаву мошину дороиҳои бешумор мешуданд?
Ин режими дуздон аст!
Мушкил дар ин нест, ки пеши роҳи ҷинояткорӣ ва зиндонишавии шаҳрвандонро гирифтан душвор аст, балки мушкил дар он аст, ки агар зиндонҳо барандохта, аз шаҳр берун ва дар ҷои ин ҳама минтақаҳои чун аҳди Сталину Ҳитлер «вишка»-ву «башня» ё худ бурҷу борадор, корхонаву завод таъсис дода шавад, ин ҳама хугу саги давлатии муфтхорро зарурат пеш меояд, ки тағйири вазифа кунанд!
То ин Режим барандохта нашавад, ҳоли табоҳу зори ин кишвару миллат ислоҳ нагардад!
Ҳамон гуна ки ба ҷои 1000 донишҷӯи хатмкардаи бесавод ҳар сол 1000 ё 1500 донишҷӯи дигаро 4-5 сол каллаи хар кардан лозим аст, ҳамин тавр, ҳар соле, ба ҷои чанд ҳазор зиндонии дӯшидашуда, зиндониҳои «свейжий»-ро оварда дӯшидан лозим аст.
Ҳамаи ин мушкилотро худи ин режим, худи Раҳмонов андешида бароварда аст. То рӯзе ин режим, ин ҷиноятофарон, ин пуштибонони минтақаҳои симхорпеч рӯи коранд, миллати тоҷик ба навбат «тюремчик» ё худ зиндонӣ шудан мегиранд!
Миллате, ки дар ҳар як хонаводааш инак накамтар аз як зиндонӣ, як бекор, як муҳоҷир, як террорист ҳаст, он миллат рӯзе фано хоҳад шуд.
Раҳмонов алакай 50-60%-и миллатро «тюремчик», 40-50%-ашро муҳоҷир, 20-30%ашро «терорист», 35-40%-ашро фоҳиша, 30-40%-ашро “буз”, 60-70%-ашро чумову тарсу, 80-90%-ашро бепарво, 85-95%-ашро бекору сарсаригард, 70-80%-ашро фақир ва 30-45%-ашро дар зери хати фақр қарор дода аст, ки ин нишондоди фанои қарибулвуқуи ин миллат аст. Ин арқом тибқи омор ва эҳсоияи ҳар манотиқи кишвар аст.
Метавон иддао кард, ки проекти сари қудрат овардани Раҳмонов бо номи мустаъори амниятии «алкаш» дар соли 1992 ин – фанои тадриҷии миллате бо номи тоҷик аст, ки дар 100 сол қабл, бо амри тақдир ва гардиши ҳодисот натавониста буданд онро амалӣ созанд.
Мо ҳамагӣ кунун зиндонием. Аз ин ҷо бояд шурӯъ кард, ки андешаҳоро бедор ва роҳи чораву амалкардро барои ин миллати ғафлатзада нишон дод. Решаи зиндонҳоро бояд хӯшконид, ин миллат дигар «тюремшик»–у ЗК нахоҳад дошт!
Ва решаи бадбӯи зиндонҳо дар мағзи Раҳмонов ва дар Режими зиндонтафаккураш ҷойгоҳ дорад!