Чоплусону моямолон мегӯянд: «Мардак да вақташ хидмат кардай, ошаш шавад, оилавӣ бхра бгарда!».  

Ислоҳ нет

(бахши чаҳорум)

Гуфтовард: Ситоиш густохонатар аз накӯҳиш аст. Ф. Ничше

Хело бешарму берӯй ё пурруву қулдур буд, то сапедро сиёҳу сиёҳро гулобӣ гуфт, он ҳам дар малаи омм, дар назди Раҳмони дурӯғписанд! Дар назди миллати ғофил! Ин миллат ғофил аст, вале девона нест ба ҳар чаранд бовар кунад!

Аз онҷо ки чарбзабонию маддоҳӣ моли ториханд, дар накӯҳиши онон устод Луқмон Бойматов аниқу дақиқ чунин гуфта, ки барои ояндаи мо ва шинохти ин гуна ҷонварони дупо зарур аст:

«Мардум, ҳама мутафаккиру муҳаққиқ нестанд, бояд бидонанд, ки чарбзабонон аз тоифаи фиребанд. Мардум бояд бидонад, он ҷо, ки мантиқ ва хирад нест, найранги хушк коргар аст!

Фаромўш набояд кард, ки ҳар суханеро ҷойгоҳе аст. Агар ман ба ҷои эшон будам, шарм медоштам аз ин ки ҷасорат карда дурӯғро ба сурати ростнамо ба маснади ҳақиқат нишондаам ва ботилро бо камоли пуррӯӣ ба унвони рост байни оммаи мардум мунташир сохтаам. Замон қозии одил аст, на маддоҳи замон».

Ононе, ки барои қути шабашон аз ҳақиқат рӯй тофтаву дурӯғу мадҳ мебофанд, бояд ин гуфтаи муаррихро бор-бор, пеш аз хоб бихонанд:

Набояд бемоя гуфт ва низ номардона аст «Офарин» гуфтан, он ҷо, ки «нафринамон кунанд!». Ва аз кай боз суғдиён бар чӯпонҳои ҷоҳили Данғара хӯшомад мезадагӣ шудаанд?! Айб нест суғдиён, ки бо доштани ин ҳама торихи заррини ботилзудоии аҷдодатон, ба якборагӣ дар сафи маддоҳону чоплусон саф оростаед?! Барои чӣ ин бор ном махсус аз суғдиён гирифтам? Чунки бозори «мадҳи илмӣ», «васфноманигорӣ» ва қасидаву ғазалсароӣ дар васфи Хуги Олӣ аз ҷониби Суғд ривоҷ ёфтан дорад.

Умедворам, суғдиён аз парастиши Барзагови тиллоии Олӣ даст хоҳанд кашид, ки арзиши «парастишу парвоӣ кардан»-ро надорад.

Асоси пайдоиши тамаллуқ, чуноне қаблан зикр кардем, аз ду ҷониб маншаъ мегирад, вале заминаи онро ҳатман валинеъмат асос мегузорад. Ва сабаби мадҳписандии баъзе ашхосе, ки аз роҳи тасодуф ба қудрату сарвату «обрӯ» даст меёбанд, дар он аст, ки ин гуна ашхос дар гузашта шахсиятҳои уқдавӣ ва худкамбину дигарбадбин мебудаанд. Ҷавонию кӯдакии пуртаҳқир ва беқадре доштаанд. Дар гузашта дигарон аз номи онон интихоб мекардаанд; раъй медодаанд; афкорашонро атрофиён, хусусан волидону бародару хоҳарон ба инобат намегирифтаанд; дар мактабу донишкадаву коллеҷу ПТУ ба онон бо дидаи таҳқиру камбинӣ менигаристаанд; ин гуна ашхос аз фақр, дастнигарӣ, ниёзмандӣ ва камтаваҷҷӯҳии дигарон ба «малакаву тавонмандӣ»-яшон заҷр мекашидаанд. Аз ин рӯ, вақте раису роҳбару сардамдор мешаванд, ҳамеша ашхосеро, ки ҳамтақдири худ буда ё пасттар аз худи онон сатҳи донишу имкону малака доранду вале «корчалону балегӯяк» –анд, гирди  ҳам меоваранд. Уқдавиҳову нартсисҳо аҳли донишу равшанфикру ашхоси халлоқро хело бад мебинанд! Дар пешрафти дигарон бозмондагии худро эҳсос ва ононро аз пешрафт боз медоранд. Дар ҳукумати уқдавиҳо инсонҳои солим пешрафту рушд кардан наметавонанд. Синдроми худбузургбинию худшефтагии роҳбаре метавонад миллатеро ба ақаб барад, чун ин гуна ашхос ба заъмашон ҳаматавону ҳамакораанду ба насиҳату роҳнамоии «нодон»е ниёз надоранд. Ин сифатро дар гуфтори Раҳмонов барзиёд дидаем, ки ҳамаро «гумроҳу хатокору террористу дарундору фурсатталабу ғаждният» мехонаду танҳо худашро дорои «дилу нияти пок»у  «дасти пок» меномад!

Агар мехоҳед илман ин гуфтаро шунавед, пас ба гуфтори академик Акбар Турсон таваҷҷӯҳ кунед:  

«Маъмури маҳалпараст ҳамон аст, ки вазифа ё мансабашро на аз рӯйи савияи донишу малака ё лаёқати раҳбарӣ, балки тибқи меъёри маҳалчигӣ ё ёру ошнобозӣ гирифтааст». Гуфтанист, ки маҳалпарастӣ, ки имрӯз аз ҷониби минтақаи муайяни ба ҳама маълум дар ҳоли шохбарорист, реша дар чоплусӣ дорад, ки гови маҳалӣ худро ғазолтар аз товуси ҳамсоя медонанд. Ҳамин дард буд, ки алайҳи Муҳаммад (с) мушрикини маҳаллии Қурайш ҷабҳа гирифта буданд, ки «дурӯғгӯ»-и қавми мо беҳтар аз «содиқ»-и қавми Ҳошим аст!! Эй, Худо! Мо дар сатҳи ақлонияте қарор гирифтаем, ки бутпарастони Қурайш дар асри 7-и асри ҷоҳилият қарор доштаанд!

«Ин амал заминаи психологӣ ҳам дорад: як меъёри ногуфта ё нонавиштаи чунин усули хоста гирифтани кадрҳои роҳбарикунанда он аст, ки одамони даргоҳ бояд аз худи саркор дида оқилтар ё таҷрибаноктар набошанд, то ки дар ҳузури тобеъон эшон, ҳамон тавре ки дилашон мехоҳаду ойини мансабашон ҳам тақозо мекунад, бемалол худнамоӣ ё фармонфармоӣ карда тавонанд.

Ва ҳамин ки дар идора муҳити созгоре иборат аз лаббайкгӯю тамаъкору лагандбардори худӣ ташаккул ёфт, сардори он низ ба як навъ дарди равонӣ гирифтор мешавад. Азбаски равоншиносон ин дардро ҳанӯз ташхису тасниф накардаанд, шояд онро шартан худгароӣ номем, ки дар силсилабандиҳои муназзами Аллома Иқбол ҳамрадифи худнигариву худшиканист. Ин дард аз калонгириҳои маъмулӣ оғоз шуда бо васвасаи азимманишӣ анҷом меёбад.

Шиддати бемории худгарӣ бошад, ба дараҷаи ҷоҳу ҷалоли маъмур вобаста аст; дар силсилаи маротиби бюрократӣ курсии мансабаш ҳар қадар баланд бошад, дардаш ҳамон қадар музминтар мешаваду муолиҷааш ҳамон қадар душвортар. Чунончи, дар қуллаи силсилаи мазкур маҳалбозӣ ба бутсозӣ табдил меёбад. Ин падида аломати равшани газак гирифтани як дарди кӯҳнаи равонист, ки аз фард ба ҷомеа таҳмил шуда, каму беш сойири қишрҳойи иҷтимоъро фаро мегирад.

Равонпарешии иҷтимоӣ бошад, чунон ки таърих гувоҳ аст, оқибат ҳам забардастонро маънан хароб мекунаду ҳам зердастонро карахту фалаҷ мегардонад.

Ду шоири барҷастаи мо — Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир — ба сони табибони рӯҳонии миллат аломатҳои нахустини ин марази иҷтимоиро ташхис карданд. Чунончи, Лоиқ дар бораи раванди таҳаввули таърихии мардуми тоҷик дар ғояти дарду алам андешида, гуфта буд:

«пешрафтанҳош вопас рафтан аст». Бозор, гуё ҳамин нуктаи ҳампешаашро шарҳ медода бошад, ки мегӯяд: «Акнун ба асли хеш барме-гардем гуфта рост ба эътиқоди ибтидоӣ баргаштем, ки ғайр аз гиряву мотаму худоихӯрӣ чизеро қабул надорад». Албатта Бозор, чунон ки ҳар шоирро бояд, муболиға мекунад, лекин гуфтааш аз ҳақиқат он қадр ҳам дур нест. Иқтибоси тӯлониест, вале хулосаи мавзӯъоти матраҳкардаи моро фарогир асту як илова дорад, ки чоплусӣ, чуноне қаблан ҳам қайд кардем, дарди гузарандаи дуҷониба аст, бар илова ба маҳалгароӣ низ бурда мерасонад! Ва ончи А. Турсун гуфта, ки маҳалгароию чоплусии мо одати дарборҳои қадима ва ончи мо иддао дорем, ки дарди маҳалгароҳое чун қабоили ақабмондаи Арабистони қарни 7 аст, хато накардаем!

Ва, акнун, рӯй меоварем ба таҷрубаи нодире, ки натиҷаи беамалӣ ва хушомадгӯии ҳақирона буда,  гавҳару табиати инсонии моро таҳқир мекунад.

Таҷрибаи амалии нодир:

Исботи ин назарро Марина Абрамович дар санҷиш ё озмоиши «ритми сифр» рӯшан собит кардааст. Хулосаи кӯтоҳи санҷиш он аст, ки ин бону ба муддати шаш соат дар як намоишгоҳ бе хурдтарин ҳаракат ё вокунише меистад ва боздидкунандагон метавонанд бо истифода аз 72 васила, ки рӯи мизе қарор дода шуда, ҳар коре бихоҳанд бо ин бону бикунанд.

Байни он васоил ҳатто тапончаву тир ва корд буд. Ҳар чи қадар замони бештаре мегузарад, ҳамон қадар мазлумии ин зан боздидкунандагонро ваҳшиву золим мекард. Намехоҳам бигӯям, чи балоҳое ба сари ӯ оварданд, чун худатон метавонед аз интернет навору аксҳои ин озмоишро дастрас кунед.

Он чӣ ҳоло мехоҳам бидонед, ин аст, ки вақте замони санҷиш ба охир расид ва бону Марина дубора ба ҳаракат кардан шуруъ кард, ҳамаи боздидкунандагон по ба фирор гузоштанд. Ӯ ҳанӯз ҳеч аксуламале ба он ҳама бадие, ки дар ҳаққаш карданд, нишон надода буд, вале ҳамин ҳаракатҳои сода, ки зинда буданашро, одам буданашро исбот мекарданд, ҳозиринро ба тарс андохт.

Бубинед, аз Раҳмонове, ки ин қадар ҳайкали муқаддастарошӣ доранд, дар асл як чоплусаки майдамуше беш нест, ки баҳри талбандагӣ умре кӯлбори гадоӣ рӯи дӯш, дар ба дари ниҳодҳои Хайрия баҳри хайроту садақот гадоӣ меравад! Ва ин «пешвои муаззаму мӯҳтараму беназиру ӯъҷубаи торихи навин» ҳамоно як дастнигар, як худоихӯр, як гадо, як талбанда ва як кумакгиру дастнигаре беш нест.

Имрӯз шармам меояд, ки дар тамоми дару девори «биноҳои замонавии мӯҳташами миллӣ» ва бари автобусу мошинҳои давлатӣ ин ҷумлаҳо бо ду забон – тоҷикию чинӣ дарҷ шуда аст: «Кумаки кишвари Чин» ва дар лавҳаи ёдбуди назди Парлумон ва Ҳукумати чинисохтаи Тоҷикистон нигошта шуда аст: «Кумаки Чин барои сохтумони Парлумони Тоҷикистон», «Кумаки кишвари Чин барои сохтумони Ҳукумати Тоҷикистон»!

Шумо, лесакҳо, ҷуз лесиши нишемангаҳи бӯгини хоҷаи гадову дузду нотавону шарлатану ҳаромию авлодгарои ҳамагӣ дузду ҳамешадуздатон дигар чизе, пашизе аз истиқлоли сиёсӣ, молиявӣ, миллӣ, марзӣ, истеҳсолӣ, фарҳангӣ, забонӣ… намедонед! Чун кирмҳои ҳоҷатхона, ки аз ҳаромхорӣ рӯз ба рӯз бисёртару бузургтар шуда истодаеду бас…

Аз як гадопешво, ки аз номи миллат гадоӣ ва танҳо барои худу бастагони мансабдораш сарфу харҷу аз ҳаққи миллат сарфа  мекунад, шумо абармард сохтаед! Лоақал ин Гадои Олӣ барои миллату Меҳан гадоӣ мекарду намедуздид, барояш ҳайкали тилло насб мекардед, арзанда буд! Вале то имрӯз ҳар чӣ сохту сӯхту чаппа карду бозсозӣ карда, бунёд карду иҷозат доду манъ кард, танҳо ва танҳо ба хотири бароварда кардани манофеи молӣ ва рафоҳу саодатмандии авлоди гушнагадои нодидаи абадносерамаш карду бас! Ва як ду луқмаи нимхоидае ҳам назди шумо, лесакҳо, парт кард, то дар мусибати миллат шикамсертару чоқтару хотирҷамътару доротар бошед, то тавони лесидану макидану хокзанӣ дошта бошед!! Ба масали ҳамон кирмҳои ҳоҷатхона иброз дорем, аз сару рӯятон рид, то ахлоту фозилоти ӯро хӯрда, баҳраманд гардед! Парвои миллат бошад надоред, чун шумо ҳамон малъунҳое ҳастед, ки ба гӯши миллати бе ин ҳам хобида лолоии тулонӣ мехонед, то набинанду нашнаванд, ки ин оилаи аждари секалаҳа чӣ миқдор сармоя, дороӣ, тиҷорат, ашёи манқулу ғайриманқул доранд.. вале чун касе, мабодое,  ҳам,  аз ин ҳақоиқ  огоҳ шаваду сарчашмаи ин ҳама сарватҳои саршорро дар кафи дасти ин оилаи гадои миллиардергашта пурсон шавад, дарав шумо – кунлесон   баромада, дастаҷамъӣ, ҳатто,  аз номи Худову Расул ояву ҳадис меоваред, ки «мардака Худо дода аст». «Чӣ иқа ҳасад мебарен?». «Шумо ҳам, агар, дилу ниятатон пок мешуд, Худо сарвататон медод». «Мардак да вақташ хидмат кардай, ошаш шавад, оилавӣ бхра бгарда!».  «Мардак метона, Худо сарватша ай ида зиёда кнад». «Аз иқа ноит кардана, рав трам кор кн», ки ҳамагӣ, боз ҳам сари як чиз мечархад – сарвату моли дуздидаи ҳангуфт!! Хурдан, чаридан, доштан, паридан, анбоштан!!

Лекин намегӯянд, ки чӣ кор кунем? Дар куҷо кор кунем? Бо кадомин роҳ моро ҳам Худо ба назари инояташ нигоҳ кунаду он «дилу нияти пок»-и Раҳмонову 7-аждару шӯҳои 7-аждару дуписару як пода авлодашро ба каф орем, то бастагони мо низ одамгуна бизиянд! Ва инҷост, ки оҳистаяк ишора мекунанд: аз роҳат баргарду биё, «Ҷаноби Олӣ ай тда бадтароша бахшид, мебахшат ва биё дар сафи мо – лесакон ворид шав; куни ҷаноби олӣ ҳамамона мерасад!».  Чун ин Шоҳкуни Олӣ  бузургкуни бӯсапазири лаби ҳамапазир аст! Бифармо, дар саф ист! Навбат ба ту ҳам мерасад! Лаби куни Ҷаноб набошад, лаби куни Озода, Рустам, Сомон, Ҳасан, Азизмо ва дигар қутурқунҳо зиёданд!

Вале баъзеҳоро барои лесиш «аз боло» маҷбур ҳам мекардаанд, ки дар ин хусус шояд дар ягон нигоштаи алоҳида баротон маълумоти муфассалтар диҳам, ки боло кисту чаро поёниён «аз боло гап мешунида»-анд, ва чаро бояд «боло» бар «поён» ҳаққи «гап задан» ва «поён аз боло» тоқати «дашному гап» шуниданро надоранду ҳар чизе аз боло супориш шавад, поёниён хоста-нохоста бале мегӯянд!? Ва агар як бору ду бор поёниён дар даҳони модари бологиён ҷавоби муҳками «на» бизананд, шояд дигар бологиён, ба ибораи Зеварбону : «Офарин ба мо, ки то ин ҳад сукут кардаем, ки бепарвоёна рӯи шонаҳоямон савор шаванд!,»-ро бас кунанд!

Ва авбошони говмағзи амниятӣ ҳам ягона хушомадгӯию моямолие, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии рӯи коғаз баҳри болидарӯҳ гардондани Пешвои худсохтаашон ёд гирифтаанд, ҳамоно «роҳнамоӣ»-и чоплусон баҳри чигунагии лесиш, роҳҳои тозалесӣ, нағзлесӣ, аз дигар вилоятҳо волотарлесӣ, волонтёрлесӣ  ва болондани Пешвои муаззамашон асту бас!  Чуноне гуфтем чилимбардору калидбардори Ороишгоҳу Пероишгоҳи Чоплускада худи СС. Ятимови қалтабони туппой  аст, ки ӯ ҳам худ як худбузургбини нотавоне беш нест! Ҷоҳил асту бесавод, ки дигарон ба номаш китоб ҳам менигоранд! Ба ибораи дигар, сиёсати моябардорию моямолӣ чун насби ҳарамии чароғакҳои арчаи солинавист, ки дар тораки санавбари солинавӣ як «моячароғак» бошад, тадриҷан, ҳарчи поёнтар шудан гирад, «моячароғакҳо» бештар шудан мегирад! Ва аз ҳама «мояи пурҷилову чашмхирагари зарин» ҳамон Мояи Олиест, ки аз ҳама боло насб гашта аст. Дар ин тораки арчаи Раҳмонӣ мояи уву дуқӯшаи Азизмоҳ, пасон Рустаму Озодаву Ҳасан, пасон Исмоилу падару модарашу пасон дар зертар мояи моялесоне чун СС.Ятимову Рамазону Бузмаку хугмаку пасон моялесони моялесони мояи Ҷаноби Олӣ, ба тарзи нузулӣ мояороӣ мекунанд! Моя мемоланд, то зердастон моямолияшон кунанд! На технократия, на демократия, на шоистасолорию ақлу тавонмеҳварие лозим аст!

Барои мудаллал кардани сухани худ ин иқтибосро аз рӯзноманигор Раҷаби Мирзо меорем: «Сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии кишвар ҳарчанд дар хабарномаҳо «барои огоҳӣ аз вазъи мардум» унвон мешавад, хелеҳо медонанд, ки намоишномаҳои аз қабл таҳияшудаанд ва ҳар суханронӣ пешакӣ бо сохторҳои махсус ҳамоҳанг мегардад».  Ва ин «сохтори махсус» ниҳоди СС. Ятим-чоплус аст! Дрижёри ин ҳама бенезмию бемазагӣ «Муаллим»-и моямолони пагондор аст! Мояи олӣ ба даҳонаш!

Дар ин васат гуфтаҳои моро баъзе буздилон «ҳамоқат» баъзе ҳайбалегӯякҳои номаълумтараф «ҷасорат» мехонанду ҳамин гуна моялесон ҳам шояд чоплусиро «ҷасорат» донанд, вале дар асл инсони оқил дар чоплусӣ ягон навъ ҷасорат намебинад, балки он як падидаи ҳамоқатомези зараровар асту бас.  Дар ҳоле ки шояд ҳақиқатгӯию ҳақикатҷӯӣ дар зоҳир «ҳамоқат» ё «ҷасорат» талаққӣ шавад, вале дар танқид ва фошгӯӣ ҷуз шарофат чизе нест!  Ҳар кӣ шарофат дорад чоплус намешавад. Он чи навъ чоплусӣе ҳам бошад, чоплусӣ чоплусист, чи баҳри бузургони худӣ ё бузургони бегона бошад! Ҳаркиро дидед, ашхосеро таърифу тамҷид мекунанд, аз маддоҳу мамдӯҳ худро бесадо канор гиред, чунки чоплусӣ бемории сареъсирояти торихи башарият аст! Барои мусулмони воқеӣ танҳо оияи 188-и Оли Имрон кифоя аст, ки асло баҳри наздик шудан ба касе, ё суд бурдан аз касе,  ё роҳ ёфтан ба мақому ҷойгоҳ аз роҳи мадҳу ситоиш пеш наравад, чун онон, ки дӯст медоранд барои корҳои кардаву нокарда ситоиш шаванд, дӯзахиянд! Барои корҳои карда ситоиш дидан – риё, барои корҳои нокарда ситоиш шунидан – нифоқ аст.

Ва ин пешвои бемағзро моялесонаш «президенти мардумӣ» ҳам меноманд, ки ин соҳиби «қасри миллат»-ро асло мардум дар ягон мусибату азояш дар паҳлӯяш надида аст. Чун калламуши анборӣ даруни хазинаҳои анбоштааш аз сарвати ин миллат пинҳон шуда, дороии моро мехояду танҳо «миллат» ном чанд ҳазор моялесу авлоди бардагону хидматгоронашонро дар майдону стадионҳои сахт муҳофизатшаванда гирд оварда, наздашон кун меҷунбонаду баҳраш кунҷунбонӣ мекунанд. Кадом миллату кадом мардум дар ин Фақристони Раҳмонӣ «қаср» дораду куҷост он «президенти мунтахаби мардумӣ», ки танҳо аз пушти мили силоҳи одамкушонаш бо миллат ҳарфу ҳиҷо дорад?!

Чанд сухани бемаънею саволу ҷавоби аҳмақонае ҳам бо ду се духтари ноболиғу.. «пайи шӯ» мекунад, он ҳам барои пас аз «мулоқоти судманд» ба ҳуҷраву ҳарамсароҳояш бурданашон аст. Он ҳама суханҳои барроқу дурӯғине, ки «дар ҳаққи» пешвояшон мегӯянд, бофтаҳои СС.Ятими Монгол аст, ки онро ҳам Сафаралӣ Собиров барои Ятимови туппой менигорад!! Байни диктатори мардумӣ ва «миллат-лесакҳои баргӯзида»-аш танҳо маддоҳии аз боло ба поён ва миннату валвалаи аз боло ба поён доир мешаваду тамом.  Чоплусони бардағулому ходимчокарон худро «миллат»у хоҷаи олияшонро «мардумӣ» унвон додаанд. Аз ин ба пас бидонед, ки бар замми инки Раҳмонов падари миллат (оилааш) аст, инчунин бардаву канизу чокару ходиму ходимаҳое ҳам «харида» аст, ки онҳо ҳам ба ҳайси «милки ямин», аъзои қонунии ин «миллати шариф»«баргу(ӯ)зида» маҳсуб меёбанд! Ва ин манҳус падари онон асту ононанд миллат, вале миллати асил, ки 10 миллионанд, аз матни ин масхара хат зада шудаанд, ки мову шумоем! Чун мо Раҳмоновро интихоб накарда, қабул надорему аз ҳафтмаҳаллааш безорем, барои худу авлодаш «миллат»-и махсусу маҳдуде офарида, ки моро дастаҷамъӣ тохтан доранд! Ин «миллат»у ин «президенти мардумӣ»ву ин ҳарзаҳоро бояд чун заҳрпечакҳои зараровар, ҷумлагӣ решакан кард!

Ҳама падидаҳо дар ин кишвару режими тақаллубӣ «сохта»-ву тақаллубиянд: Парлумони тақаллубӣ, Президенти мардумию пешвои миллати тақаллубӣ, вохӯрии тақаллубӣ бо миллати худсохтаи тақаллубӣ ва  суханҳои тақаллубию пешрафтҳои тақаллубию ҳатто домодҳои бо никоҳҳои тақаллубӣ ва давлатсозии тақаллубӣ… Тақаллубистон барпо кардаанд машеникҳои тақаллубгарои «мардумӣ»! Мегӯӣ не? Воҳима аст? Шояд. Вале мо дидем, ки чи гуна Президенти мардумӣ, артиши миллии мардумиро бо пули мардумӣ муҷаҳҳаз карда, барои куштани мардум ба Бадахшону Хуҷанду Рашту Хатлон фиристоду Президенти мардумӣ мардумашро кушт. Пешвои миллат миллаташро кушт. Ғамхори миллат миллаташро дар ғам шинонд! Ана ҳамин аст далели мо бар ин ҳама «мардумӣ» буданҳои Раҳмонови тақаллубии тақалла!

Дар фарҷоми ин қисмат аз худнамоии Раҳмонов назди Жапарову Мирзиёев гӯшзад кунем, ки чун он ду ба Тоҷикистон омаданд, аз назди пиллаҳои ҳавопаймо Пирбузбалаи гарданбалонигазӣ рафта, шахсан он дуро бо рақсу ҷунбонишу суханпардозию суруду думбраву ғижжакнавозӣ бо гулу гулдаставу зарқу барқи «подшоҳӣ» дар «сатҳи олӣ» пешвозу хушомад гуфт. Вале чун ба Самарқанд сафар кард, аз онҷо, ки Мирзиёев нав Узбакистонро аз ҳамин гуна маймунбозии бузургманишии И. Каримуф ба сахтӣ раҳоиш додаву пайи мардумсолорикунонист, на ӯро пешвозу на хайрамақдаму на бо гулу булбулу рақсу суруд пешвоз гирифт. Балки бо як расмияти хушки давлатӣ, бо горди миллӣ, дар сатҳи вазираш пешвоз гирифт, ки ин бор Раҳмонов ба ҳамон манзалае дам карда буд, ки ҳангоми дар Аврупо ба самташ тухми луқи бӯгин ғӯронда буданд, сурху кабуд шуда буд!

Ҳарду акс : баромадан аз мошини дипломатӣ ва даст доданҳош бо вазиру Президенти Узбакистонро бо диққат назора кунед, хоҳед дид, ки ду ҳолати ҳамсон аст; Раҳмонов кабуд шудаву мисли ғук наздик ба таркиш аст!

Оре, Раҳмонов агарчи аз зердастонаш маддоҳӣ шунида одат карда аст, дӯст дорад, ки худро дар назди хоҷаҳои хориҷияш, махсусан, миллатҳое, ки ба василаи ҷангандаҳову сарвату тавонашон ӯро аз оғул оварда, то бад-ин ҳад расонидаанд, чоплусӣ кунад! Гумон мекунад, ки чун худ маддоҳию чоплусиро меписандад, Мирзиёеву Доналд Трампу Путину Хоманаӣ… ҳам ҳамин ақлонияти колхозиро дошта бошанд!

Мирзиёев медонад, ки тоҷику тоҷикистонӣ дар кадомин сатҳи фақру бечорагӣ қарор дораду он ҳама маймунбозию тарроҳии аксҳои онон дар самои Суғду дигар вилхарҷиҳо ба иқтисоди Тоҷикистон чи садамаҳое мезананд….

Худо лаънаташ кунаду моя ба даҳонаш!

Поёни бахши чаҳорум, идома дорад бо «Ислоҳ» бошед!.

Share This Article