Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №322

Ислоҳ нет

      Ин бор се нома дорем, аз Рашт, Ваҳдат ва Читаи Русия.

Номаи омада аз Рашт аз тарафи як ҷавоне навишта шудааст, ки чанд вақт пеш сарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон буд ва дар Ишкошиму Шуғнон адои сарбозӣ кардааст. Вай фақат аз саргузашти худаш ва ҳамхизматон ва шароити аскарӣ ҳикоят кардааст, ки воқиан ҳам ба сарбозони тоҷик раҳми кас меояд.

Аз Ваҳдат муаллифи ваҳдатии мо боз ҳам аз раиси собиқи ин шаҳр Раҳмоналӣ Амир ва маъшуқаи вай, ки исмашро мехонед навиштааст, ки бо вуҷуд чанд соли пеш аз инҷо рафтан ҳамоно дар корҳои ноҳия ва махсусан заминфурушӣ даст мезанад.

Барои аввалин бор аз муҳоҷири тоҷик аз Чита нома дарёфт кардем. Муаллифи ин нома низ аз ба истилоҳ бузҳои тоҷикӣ дар ин шаҳр менависад, номи чанде аз онҳоро ҳам зикр мекунад, ки яке аз ин бузҳо сабаб шудааст як муҳоҷири таксисти тоҷик дар ин мулки мусофирӣ ба кунҷи зиндон уфтад:

                                       Рашт (Ғарм)

 Асалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ устод Муҳамадиқболи Садриддин. Номаро аз Ғарм менависам. Як қисаи воқеиро бароятон ҳикоят мекунам, ки қаҳрамони он худам ҳастам ва қисса дар бораи худи ман аст.

  Маро, ки дар дарс будам, аз даруни дарс дар Ғарм, муаллим дарсро тамом карда буд, гуфтем муаллим ҷавобамон деҳ, тамом кардӣ дарсро, гуфт ҳоло мондааст, вақ буд нашудааст. Дар воқеъ вақт як ками дигар буд, нашуда буд.

Хулласи гап, шиштем, ки милиса омаду  ном ва фамилияи манро гирифт. Гуфт ҳамин одам ҳаминҷо аст? Гуфтам манам. Гуфт ҷанг кардааст бояд отдел биравӣ бо мо. Гуфтам гап нест. Маро дар як мошини 07 савор карданд, рафтем. Гуфтам ин роҳи отдел нест ку? Гуфт медонем: «и роҳи вайинкоматай».

Маро бурдан комисариати ҳарбӣ ва военний билет навишта гуфтанд ариза бинавис, ки ба ихтиёри худам меравам, праваат медиҳем. Гуфтам, ки не. Баъд   ҳамкурсҳоям номерҳои хонаи моро доштанд, номерҳои падарамро доштанд. Падарам касал буд, давлени задагиаш буд, наметавонист бихезад ва телефонро бардорад.

Кадоме аз хонаи мо бардоштааст. Гуфтанаш, ки қапидан бачаатонро, хизмат мебаранд. Омаданду маро диданд. Дар Ғарм намонданд, ки равам ва падарамро бинам, баъд баранам. Ҳамин тариқ бурданд военкомати шаҳр, аз муоинаи духтур мегузаштем. Як  духтур мегуфт танаи туро осколка задааст ва механдид, ки танаи ман дар сини хурдсоли касалӣ: «хоҳаракон» мегӯянд, ҳамин хел ҷароҳат бароварда будам, пайи ҳамонҳо буд. Духтурҳо мепурсанд, мегуӣ ҳамин хел касалӣ дорам. Мепурсад ягон ҷоят дард мекуна, мегӯӣ бале. Аммо ҳо мебинем, мегӯяду аммо солим навишта хизмат роҳӣ мекунанд.

 Дар 82ум военкомат 2 рӯз мондем. Аз онҷо бурданамон части Фахробод. Нав ҳамонсол ду этажа част сохтагӣ будаанд. Дар телевизион рекламааш буд. Мо одамони куҳистониро бурданд. Ман, ки як ду хешу таборам хизмат рафта буд фаҳмида будам, ки хизмат чи хел аст. Аммо ҳамроҳонам мегуфтанд «мо да итари ҷо хов рафтагӣ нестем, хизмат зурай» мегуфтанд. Як ду рӯз гузашт, ки гуфтанд «маладоёра дарс баре». Дарс бурданд, аммо офитсерҳо набуданд. Демблҳо мурданӣ заданамон. Бачаҳо гуфтанд:  «хизматш бестки ҷои зур набдай». Бе гуноҳ просто ҳамамона лат карданд.

  2 ҳафта дар части Фахробод. Омаданду тақсим карданд. Пурсиданд,ки ту аз куҷо? Гуфтам аз Ғарм. Ҷудо карданд 10 ғармӣ ва 50 сарбози дигар аз Хатлону Суғд ва Душанбе ҷаъм 60 нафар ва роҳӣ карданд 9 километр Душанбе. Шаб соати 4 хезонданду ҳисобукитоб карда бор карданд дар донфенго рост Хоруғ бурданд моро.

 Ду шабу ду рӯз раҳ рафтем ва расидем ба Хоруғ ба қисми ҳарбии 01123.   Командираш подполковник Ҳотамиён, номаш аз ёдам рафтааст. 4 рота доштааст. Ротаи 4 аш дар Ишкошим. Моро бурданд Ишкошим. Расидем соати 11-и шаб. Хурдем ва хоб рафтем. Саҳар шуд. Гуфтанд баредашон оббозӣ кунанд. Ба як лезва чанд кас зери ноф мегирад. Яке ягон кас касалӣ дошта бошад ба ҳама мегузарад. Мегӯяд, ки «иҷа хонаи очатай бги ба ҳаму якта».Гирифтем.

  Як дембл будаст баншик- банянигаҳкун. Наимов мегуфтанд. Ду кафлес обат мерехт. Мегуфт, ки оби кашида аст. Бисёрии солдатҳо хафҳояшон дар танаашон монд, аммо мегуфт «басай брен». Мегуфтӣ «охи танам хаф дора». Мегуфт «бо ту гап мезанӣ сни ман ва иҷа биё гуфта мезад». Дар ҳамон тирамоҳи хунук оби хунукро дар сару баданат мерехт.

 Хуллас, саршӯиро буд кардем баданҳо пури хаф. Бароварданду оварданд пеши казарма ва қатор карданд. Командири рота майор Шарифов Рустам Субҳудинович омад ва пурсиданро сар кард: ту аз куҷо? Яке мехест мегуфт ман аз Суғд, яке мегуфт ман аз Хатлон, яке мегуфт аз Душанбе. Маро хезонду гуфт ту аз куҷо? Гуфтам аз Ғарм. Шумо ғармиё ҳамат муҷоҳидед, дар хонатон чанто афтамат ҳаст мегуфту масхара мекард. Гуфт, ки кабкбонӣ карда метавонӣ, чи кор метавонӣ? Ман медонистам, ки  хизмат чист, аммо нагуфтам, ки чи корро метавонам, хап кардам.

Хулоса, бо ҳама гап заду баъд гуфт «барешон қадамзанира нишуншу бтие». Бурданд қадамзанӣ бо формай зимний. Аз ташнагӣ қариб мурдем. Об бидиҳедамон мегӯянд, мегӯянд, не «шкамдард меше, ай куҷо дору, шумора кӣ нигаҳубин мекунад боз».

 Ба ҳамин минвол рӯзҳои хизмат майда- майда мегузашт. Моро демблҳо издиватса мекарданд. Масалан мазоҳу масхарамон карда мегуфтанд: «ҳо анамон устолбаро дидӣ, да болои ҳамон гули лола мевроя бад хизмати шумо тамом мешава».

  Як шаб хобем дар казарма, ки як бачаи кулоби аз куҷое лезва мегираду тигаҳашро мебурад. Саҳар подём мешаваду ҳама мехезад. Вале вай намехезад. Мераванд мебинанд,ки простинҳо пури хун. Он одам беҳуш. Фелдшер меояду мебинад, ки ягон кор аз дасташ намеояд ва салдатро бор карда ба беморхонаи Ишкошим мебаранд. Ва ба ҳамин дигар мо ӯро намебинем. Баъди ин ҳодиса моро ҳар рӯз мекофтанд, ки мабодо ягон чиз надошта бошем, сипас иҷозаи хоб рафтан медиҳанд.

Як рӯзи дигар меравем майдони варзиш. Боз як кулобии дигар дар турник мебарояд худашро ақиб мепартояд. Зампалид капитан Охунов мепурсад, ки кӣ буд? Мо, мегӯем, ки намедонем. Агарчи медонистем. Аз соати 4 то вақти хуроки бегоҳӣ моро положа монда мепурсад. Ҳеҷ кас ба кала нагирифт, ки кӣ буд. Меравем хуроки бегоҳ мехурем. Бегоҳ боз меқападамон. Аммо боз ҳам ҳеҷ кас чизе намегӯяд.

Хуллас, ба ҳамин шакл, хубу бад, ду соли хизмат мегузарад.

Хурок меоварданд, мегуӣ дар як ҳавз 4 -5 моҳиро ҳуй мекунӣ, сер мекунӣ, мисли ҳамон аст. Мо макаронро дар коса сур мекардем. Яке ягон праздник мешуд хлеби гарму дуруст мешуд ва хурок ҳам беҳтар медоданд.

Карантин тамом шуд, қасам хурдем. Шаби якум аст. Бо сарбозони шашмоҳа, яксола ва демблҳо якҷояамон карданд. Рӯзи якум буд, Расулов Абдуҷаббор дежурнийи рота буд.

Фармон дод, ки «маладоё алоҳида қатор шавен». Баъд ба таги ҳамаи поизак (ранги қатор) рафтем. Гуфт нав шумо салдат шудед, қасам хурдед, гурехта наметавонед. Хизмат ба сахтӣ мегузашт. Аммо дигар илоҷаш нест. Ва ҳамин тавр гушнаву ташна як сол гузашт.

Моро мегуфтанд, ки блокпост меравед- ҷои роҳат. Вале блокпост ҷои роҳати офитсерҳо будааст мо хато фаҳмидаем. Хурокае, ки зампатил мефиристод агар офитсери соз мешуд намефурухт. Вале агар офитсери паъат ҳамроҳат мебуд, мемурдӣ аз гушнагӣ, ки ордро мефрухт.

Дар блокпости Авҷ лейтенанти калон Аминов Фируз ордро мефурухт. Дар блокпости Лангар лейтенанти калон Қосимов Икром. Ман дар блокпости Лангар будам, 120 ё 130 км дур буд аз Ишкошим. Ягон кас проверка намерафт ва офтисер бошад доим хоб буд. Сумаш тамом мешуд ду солдатро мефармуд, дар пойни част   магазин буд ордро бурда медоданд. Мегуфтем солдатҳоро, ки биёед ҳамин корро накунед, ягончи бигӯяд мурдааш мекунем. Мо ду кас будем, зӯрӣ кардем. Вале аз пушти ин зӯриамон аз дасти ҳамхизматҳои худамон фурухта шудем, лат хурдем. Бовар кунед дар блокпост об набуд. Мерафтем аз қишлоқ об меовардем. Гушнагӣ то дараҷае шуд, ки дар қишлоқ хонаба хона гашта нон мепурсидем. Кай вақте мегуфтанд, ки ба об меравад мегуфатам ман. Мерафтам нон меовардам, нони зиёд намеовардам. Вале мехурдем ҳамакаса. Каме желутка ором мегирифт.

Хуллас, пост тамом шуду хунук шуд. Омадем зимистон дар част. Ранги блокпост барф зад, ҳама роҳҳо руст, хурокаро фурухтааст. Лейтенант Яъқубов Баҳриддин зампатил. Раҳо ҳуй мешаванду меоранд хурока. Боз ҳисобу китоб мекунаду мегира расчотҳояшрову боз бурда орду руғанро дар ноҳияи Ишкошим мефурушад. Ман ҳайрон будам, ки чаро офитсерҳо дигар ҳеҷ чизаш намегӯянд. Офитсер ҳам бояд аз хуроки салдат бихурад, амо нмехурданд, Деги отделно дошта будаанд онҳо.

Ниҳоят зимистон ҳам бо гуруснагӣ ва сахтӣ паси сар шуд. Мебоист ба солдатҳо суми моҳона бидиҳанд-барои лезва, дандоншуяк ,собун. Аммо намедоданд. Сумро меоварданд, маоши солдатҳоро, имзо мекардӣ мегирифтӣ, аммо аз ин тараф командири рота майор Шарифов Рустам Субҳуддинович шиштагӣ дона дона сарбозҳоро фарёд карда пулҳояшонро мегирифт. Мегуфт меравам собун, дандуншуяк ва жилет мехарам. Аммо ду сол хизмат кардем, ба як лезва чанд кас риш мегирифт, дар ҳамон хунукии Помир ва боз бо оби хунук, ришатро тар мекардиву мегирифтӣ. Дар баняи рота ду бочкаи як тоннаӣ буд, ба даст обашро пур мекарданд.

  Баъди баҳор шлангаш кашиданду бо ҳамин ва сарбозҳо аз обкашонӣ халос шуданд. Аммо ман ҳайронам, ки ин қадар пул куҷо меравад, ва чаро қисмҳои ҳарбиро тафтиш намекунанд?.

 Як сарбозро вақти навбатдориаш хоб мебарад офитсер меқапад, мурданӣ мезанад. Мебарад дар ҳавзи оби барои пожар мепартояд. Мегирад меорад ба ҷои дежурний меистодагиҳо як мушти дигар мезанад. Дар пеши чашми сарбоз меафтад, пушти сараш дар батареяи отоплений мезанад медарад. Мебарад санчаст. Фелдшерро мегӯяд,ки бигир сари инробанд. Фелдшер мегӯяд, ки пусти сараш даридааст, духтан даркор. Баъд бе ягон хел укол сарашро фелдшер бахя мезанаду тамом мекунад. Мегӯяд пеши чашмаш сиёҳ шудааст. Чи кор кардан даркор мегуяд офитсер? Фелдшер мегӯяд, ки маз биёр аз аптека барои дар рӯи лакаи сиёҳшудаи чашмаш бишакад, то ки сняк дуруст шавад.

 Мегӯяд, ки дар ҳамин санчаст хобаш мекунем. Офитсер мегӯяд, ки дар инҷо мебинанд: «мара қаврма мекананд». Бурд дар кунҷи рота ҷояш кард. Мазаш овард шакид.Танҳо баъди ду ҳафта соз шуд. Номи ин офитсере, ки сарбозро ба ин ҳол овард Латифов буд.

 Хуллас, ӯро аз Ишкошим ба дигар ҷо перевод карданд. Дар ҷойи вай майор Охунов омад. Капитан Давлатов Шерзод зампалит шуд. Кадомеро, ки гуноҳашро меқапид ба кабинетам биё мегуфт. Мерафт. Баёноташро мегирифт,дар ҷонаш мезад. Баъд намешуд, мегуфт як, ду сум парто дар ҳамин номер. Тамом, дигар фарёдат намекунем. Ва ҳамин тариқ аз бисёр солдатҳо пул меканд.

 Ҳоло дар бораи лейтенант Баҳриддин Яъқубов гап заданиам. Ҳамаи хурокаро фурӯхт. Омаданд тафтиш. Гуфтанд ин қадар камбудӣ аст. Куҷо шудааст масолеҳи хурока? Ҷавоб дода натавонист. Аз кадоме машварат гирифтанд.Тафтишгаронро

 (праверкакнҳоро) пиён карданду коре карданд, ки бекамбудӣ навишт. Сумаш доданд, чи кореаш карданд, намедонам. Рафту ҳеҷ чизе нагуфт.

Дар соли нав як буқаро гуё барои сарбозҳо куштанд. Лекин ду сол хизмат кардам, як кило гӯшт нахӯрдам.

Дар хизмат, вақте шаб барои қазои ҳоҷат мехезӣ ва ба самти туалет меравӣ зада зада обратно медарорандат. Мегӯянд,ки «бра ховра саҳар, ё ҳоҷатхонат баран меган то даҳа ҳисоб менм, да берун бошӣ». Намедонистем чи кор кунем?

Ду сол хизмат кардем як пар форма доданду як пар берси доданд. Мегуфтанд, ки хонаатон занг занед сум роҳӣ кунанд берси бихаред.

Вале, охир мо ба хонаамон сумкоркунӣ наомадем, ки хона занг бизанем, ки сум роҳӣ кунанд. Зӯратон ба таъминоти солдат намерасад чи солдат ҷаъм мекунед? Аввал шароити сарбозро муҳайё кунед, баъд сарбоз ҷамъ кунед. Моро, рӯзи дароз дар рота кор набуд дарс гуфта мебурданд, аэродром, ҷое,ки вертолётҳо мешинанд. Дар тобистон, дар ҳамон гармӣ, таги офтоби сӯзон манъамон мекарданд, ранги пода, обед мешуд меоварданд, обед мехӯрдем, бо подаворе мегирифтанду футбол мебурданд. Мегуфтанд шумо дар гирди стадион биистед.

Мо дар марз хизмат кардем. Техникаи ҷангиашонро гирифтанду як бор гуфтанд тирпаронӣ мебарем. Аз дари қисми ҳарбӣ бароварданд, ки мотораш зад. То моторашро рост карданд, ки аз байн се моҳ гузашт. Дар ҳолте, ки мо дар марзему сарҳадбонем ба ҳамин ҳоламон. Ҳади ақал бояд дар як ҳафта дурусташ кунанд.

Маро, ки падарам касл буд, гуфтам ҷавобам диҳед. Гуфтанд не. Ба акаам гуфтам ҷавобам надиҳанд меравам прокуратура, онҷо одам ҳаст, ҷавобам медиҳанд. Баъд ҷавобам доданд, омадам военкомат бо акаам. Дар сарам тоқӣ буд. Гуфтанд, ки бигираш. Гуфтам не. Гуфт дар хизмат дарсат доданд? Гуфтам не. Хулоса, дар военкомат кор буд шуд. Хона омадам. Рухсатӣ тамом шуд. Падарам гуфт писарам ба командират ягончи бар: «сага нонти намегаза».Гуфтам падарҷон «мон саг бгаза, ягончиш намебарм»..Баъд баромадам дар роҳ Душанбе. Аз Душанбе ба Ишкошим бо пули худам омадам.

Аммо мегуянд, ки вақте аз хизмат отпуска меоӣ бо пули давлат меоӣ.

Аммо мо надидем инхели пулро. Бо пули худам аз хона ба хизмат рафтам. Вале аз ҷойи хизмат то Душанбе бепул рафтам. Хулоса рафтему хизматро давом додем.

Қариб хизматамон тамом мешуд. Интихобот баргузор шуд. Як офитсер нишаст дар онҷо:-«Раҳмонова интихоб куне» мегуфт.

Шояд боваратон нашавад. Дар хизмат салдатҳо буданд, ки хонда наметавонистанд. Як солдат ба дигар кас овоз дод. Қариб буд, ки бикушандаш, ки «ту чува дар дигар кас  овоз додӣ?»

Аммо ҳамаи ин интихоботҳо дурӯғанд. Барои интихоботи Раҳмонов моро як моҳи дигар зиёд қапидан, ки казарменний положений аст. Ҷавобамон надоданд. Интихоботи Раҳмонов тамом шуд, баъд моро ҷавоб доданд. Аз Ишкошим бурданд   Хоруғ. Дар Хоруғ шаб истодем. Расулов Абдуҷаббор, лейтенанти  калон аз сарбозҳо пул мегирифт, званий мезад. Сарбозҳоро дар Хоруғ кадомеаш, ки зодгоҳаш дур буд   суми бисёртар медоданд, кадомеаш, ки қариб суми кам. То 9 кми Душанбе оварданду сарбозҳоро ҷавоб доданд.

Мегӯянд, ки баъди хизмат дар военкомат сум медиҳанд. Ман рафтам, гуфтанд, ки идораи шуғли аҳолӣ бирав. Онҷояш ҳам рафтам, чизе надоданд. Ҳамааш як шайтонгариву дурӯғ будааст ин давлатдории Раҳмонов. Надоданд.

Устод, ман бори аввал навиштам ва ҳар куҷое хато буд, ислоҳ кунед.

 Худованд моро ғолиб кунад. Ин авлоди гушнаро бо розиги Аллоҳи меҳрубон сарнагун кунем.

Дар ҳақи раҳматии падарам ва аҳли оилаи мо дуъогу бош устоди муҳтарам. Ман ифтихор мекунам, ки шумо мубориз дар муқобили Раҳмонов ҳастед.

Инро дар охир гуфтаниам, ки командири рота майор Шарифов буд. Ҳамон офитсере, ки аз тарафи Тоҷикистон Русия омадаву дар парад гузашта буд. Ҳозир вай подполковник шудааст бо фурӯхтани хурокаи сарбозон.

                                        Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!. Санову сипос, ки номаҳои қаблии маро чоп кардед. Ин нома ҳам дар бораи Расулова Сайёра Мустафоевна, арӯси раиси собиқи шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир аст ки аз дӯстони даврони пеши Эмомалӣ Раҳмонов мебошад.

Ин зан шавҳар ва чор фарзанд дорад. Аммо то ҳоло бо Амирзодаи муминободӣ робита дорад. Ҷияни Карим Расулови сардори ДЭУ-и Ваҳдат аст.

Сайëра Расулова ба номи хешу таборонаш қалбакӣ замин мегирад. Ба 100 ë 200 доллар медитации хешовандони камбағалаш- паспортҳояшонро мегирад ҳамроҳи бойфрендаш Амирзода Раҳмоналӣ Амир ва заминро документ мекунад. Ҳамчун камбағали бехона гуфта заминҳоро мегиранд ва сипас як сотихи он заминҳоро  ба арзиши 5 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхтанд. Ин заминҳо обӣ ва корам буд ва дар пушти беморхонаи маркази шаҳри Ваҳдат қарор доранд.
Сайëра Расулова ин заминҳоро ба номи тағояш Акрамов Ҳайдар Алимардонович  ба номи ҷиянаш Юсупов Қурбоналӣ Шамсиддинович ва ба номи бисёр хешу таборонаш гирифтаги аст. Ҳамин тавр ин заминҳоро бо нархи гарон фурӯхтанд ва сипас бо раис тақсим карданд. Сайёра аз ин сумҳои ҳароми ҷамъкардааш дар Душанбе дар 80 ҳазор доллар квартира харид. Ва дар Ваҳдат бошад як коттеҷ рост кард, ки арзиши он якуним миллион сомонӣ аст. Ҳамчунин дар Ваҳдат 4 квартира харид, ки ҳоло ба афғонҳо иҷора додааст.

 Сайëра Расулова бо ҷиянаш Қурбон Юсупов гапҳояшон гурехт. Вай ариза навист, ки мегираду дар прокуратура медиҳад, ки заминҳои ғайриқонунӣ фурӯхта истодааст. Ин Сайёра, ки холааш аст омад ҷиянашро «розӣ» кард ва сокит сохт.

Бародар, ин номаро чоп кунед,то прокуратура ва амният чораи ин заминфурӯшҳоро бинанд.

Ин Сайёра аз рӯи кавалераш бисёр мардумро азият карда истодааст.

                                        Чита

  Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин ва хонанда бинандаҳои арҷманди Ислоҳ.ТВ. Як тоҷики муҳоҷирам дар Русия. Инҷо мехоҳам дар бораи зулму золимӣ ва низ чанде аз бузҳои тоҷики Федератсияи Русия алалхусус Забайкальский край, шаҳр Чита бигӯям. Дар шаҳри Чита як нафар бо ном диаспораи тоҷик 25 сол мешавад зиндагӣ мекунад ва шаҳрвандии Русияро гирифтааст.

Ин «дисапора» Абуғаффор ном дорад. Ва ба ҷои онки ба мардуми тоҷики худаш ёрдам кунад баракс ба ФСБи Русия ва ба КДАМ-и Тоҷикистон мефурӯшад. Бечора муҳоҷире, ки аз дасти зулми Раҳмонов гурехта омадааст, ки як пора нон кор карда зиндагиашро пеш барад аз дасти ин хел бузҳо ранге, ки дар Тоҷикистон аст тарсида мегардад. Ин буз боз як чанд лаганбардор дорад, ки аз ҳама чоплустараш Сунатулло ном дорад. Ин боз аз Абдуғафор мегузаронад. Кадом муҳоҷир чи кор мекунад, чи кор намекунад аз ҳамааш хабардор шуда мефурӯшад.

 Мутассифона, инҳо бисёрианд.

Э, бузҳо! Ба шумо хитоби сахт, бас кунед ҳаромхуриатонро, бас кунед золимиатонро. Фардо дар назди Аллоҳ чи ҷаво медиҳед?

  Бародар ман барои чи ин бузҳоро ном гирифтам? Дар феврали соли 2025 дар шаҳри Чита будам. Онҷо як шинос доштам, ки кироякашӣ, яъне таксӣ кор мекард. Он шиносам барномаҳои шуморо тамошо мекард. Як руз ҳамин Сунатуллои бузро гирифта ҳамчун мизоҷ ба манзилаш мебарад ва барномаҳо Ислоҳро тамошо карда меравад. Ин Сунатуллои буз аз пушти мошин истода сурат мегираду фардояш ба ФСБ мефурушад, ки ана ҳамин тоҷик террористҳоро тамошо мекунад. Фардояш ин таксисти бечораро дастгир карда маҳкам мекунад. Ҳоло  тули як  сол мешавад, ки ин таксист дар зиндони Русия қарор дорад. Бечора чор фарзанди хурдакак дошт, ки дар ҳоли зор монданд.

  Э,Сунатулло, ту номи Сунатуллоро ҳам ҳаром кардӣ! Фикри кудакҳои бегуноҳи хурдакаки ҳамин таксистро накардӣ? Ин дунё чархофалак аст. Фардо бар сари ту ҳам омаданист. Айбу шармро намедонӣ? Як марди пур аз танутуш мемирӣ. Барои   2 сомонӣ пули аз инҳо гирифта рӯз гузарониданат мурданат беҳ аст.

 Ман ба ин номаам гуфтанӣ ҳастам, ки мо бояд ба Ватан баргардем ва ин режими ҳаромхурони Эмомалии диктаторро чаппа кунем. Набошад ин рӯзе,ки бар сари бародари таксисти мо омад, бар сари ҳамаи мо омаданист. На дар ватан зиндагии хуб ва орому осуда дорем на берун аз ватан, аз дасти ин режими палид. Бовар кунед Тоҷикистон меравӣ, тарсида мегардӣ, барои ришам ё барои ҳиҷоби оилаам ягон чиз нагуянд гуфта.

 Бас аст! Э,мардум бархезед! Дар Тоҷикистон ягон оилае намондааст, ки ягон нафараш зиндонӣ нашуда бошад аз дасти ин режим,

 Бас аст! Э, мардум ба Ватан бар гардед ва ҳақи ҳалоли худ талаб кунед.

Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, Худованд ҳарчи зудтар ба муроду мақсадатон расонад, тезтар аз зулми ин золимон раҳо ёбем.

 Боқӣ, дар паноҳи Аллоҳ бошед.

   Номерҳо телефонашро ҳам нависед, ки мардум шиносад, ин бузҳоро. Дар Ватсап расмҳояшон ҳам ҳаст, чоп кунед.

Вақтам кам буд, узри зиёд. Каме вақт ёбам боз номаҳои муфассалтаре равон мекунам.

Share This Article