Як нафар аз сокинони Нуробод баъди бозгашт аз Русия мушоҳидаҳояш аз ҳолати ноҳия ва кору фаъолияти бархе аз масъулинро дар як нома барои мо фиристодааст.
Дар нашри имрӯзаи барнома аз Нуробод, Душанбе ва Ваҳдат номаҳо дорем.
Маълум мешавад, ки муаллифи номаи Душанбе аз нафароне аст ки бо Оила ва ё наздикони оила равуо дорад. Дар бораи Нусратулло Салимзод, ки раиси Рӯдакӣ шуд ва Амриддин Нахшов, раиси кони тиллои Шугнов ва писархолаи Рустами Эмомалӣ хабарҳои ҷолиб фиристодааст
Аз Симиганҷи Ваҳдат, ки номаи охири шумора аст дар бораи вазъияти мактаби ин деҳа навиштаанд. Дар ин мактаб ҳам мисли макотиби дигари кишвар пулгириву пулканӣ аз хонандаҳо дар авҷи аъло қарор доштааст.
Нуробод
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ду ҳафта зиёдтар шуд, ки аз мулки ғарибӣ ба Нуробод баргаштам. Ва дар ин фурсат ман райони куҳна ва райони навро бодиққат ва хело ҳам назорат кардам. Ягон намуд навигарӣ нест.
Ин раиси нав- Солеҳзода Фатҳудин мегӯӣ дар ин Нуробод ҳайкал бошад.
Эшонов.З раиси шуғли аҳолӣ ҳоло ҳам дар ҷояш кор карда истодааст. Шафоатова Зарина, сардухтури зоишгоҳ ҳам ҳамин тавр. Ман бисёр кофтуков кардам дар бораи Зарина Шафоатова. Пушташ кадом амниятӣ будааст, ки ҳатто вазири тандурустӣ ва раиси ноҳия ӯро аз кор гирифта наметавонанд. Пурсидам, ки чанд сол мешавад, ки кор мекунад? Гуфтанд аз соли 2002, аз райони кӯҳна корро сар кард ва то ҳол давом дода истодааст. Ман аз вай як ду чизро дар бораи вазъи саломати оилаам пурсидам. Беҳад зани ҳавобаланд, фукчухт ва мутакаббир аст. Шафоатова Зарина муомилаи хуб ҳам надорад.
Як духтари деҳотии сода дар инҷо полшӯяк кор мекунад. Аз ҳамон духтари полшӯяк пурсидам, ки ин чи гуна духтур аст, яъне Зарина Шафоатова?
Гуфт, ки Зарина Шафоатова «худашро беҳад одами калон мегирад, моро писанд намекунад, полшӯякҳоро, ки асосан аз кампирҳо иборатанд ба сарашон дод мезанад».
Як зан бо кудакаш 11 рӯз хоб кард, 600 сомонии ӯро гирифт. Камбағал аз қишлоқи Яхак ё Юуст будаст. Камбизоатонро, ҳатто агар коғаз дошта бошӣ ҳам ин Шафоатова Зарина нигоҳ намекунад. Хулосаи гап ин аст ки Заринаро «тағаш одами вазнин». Номи Зарина Шафоатоваро ҳамкоронаш «қассоб»-мондаанд. Барои онки шикамҳои занҳои ҳомиларо бисёри бад мебурад. Чунки барои ин кор пул бисёр меканад. Зарина Шафоатова мегуфтааст, ки зато мардҳо то чанд қадари дигар бо духтари «ёш» ҳамхоба мешаванд. Мақсад мебурад аз шикам мегирад кудакро.
Як маълумоти дигар! Амнят маро қапида пурсид, ки кай аз Русия омадӣ? Қоил нашудам. Гуфтам ман дар Русия набудам, дар Душанбе кор мекунам. Гуфтанд, ки «ита сафедаки аз Расия омадагӣ нестӣ?»
Гуфтам чи шудааст одамони Русияро? Гуфтанд аз Русия омадагиашро проверка мекунем. Фармони Авази началник будааст.
Телефони маро хело кофтанд. Номи Солеҳзодаро навистанд дар ватсап номи Авазро ҳам навиштанд. Ку мебарояд? Вақте сари ҳарфи Авазро, ё Солеҳзода, ё Ҷалидддинро менависанд, мебарояд. Ман пеш аз омадан ватсапро тоза карда будам полний. Хуллас, телефонро хело кофтанд.
Гуфтам мумкин нест телефони шахсии маро кофтан. Шумо аз прокурор иҷозатнома доред?
Медонед дар ҷавоб амниятиҳо ба ман чи гуфтанд?
Яктоаш аз Нуробод, яктоаш аз Кулоб. Гуфтан началники мо дар Нуробод ҳам прокурор аст ва ӯро раиси-Авазшо мегӯяндаш.
Баъд пурсидам, ки командир, мақсад аз ин кофтуковатон чӣ аст?
Гуфтанд, ки кадом кучукча, кадом хутикча началники моро дар Ислоҳ навиштааст, настроенияш нест. Барои ҳамин фармон шуд, ки одами нав аз Русия омадаги бояд кофта шавад.
Маро гуфтанд, ки чаро телефони ту тоза кардагӣ? Гуфтам нав харидам аз Душанбе.
Дар райони нав як ошхона ҳаст. Онҷо даромадам, ки обед кунам. Ҳардуи амниятиҳо даромаданду ош фармоиш доданд. Ман дигар чиз заказ додам. Амниятиҳо байни ҳам гап заданд, ки ҳарвақте Муҳаммадиқбол Ятимови махуф мегӯяд Авази амнияти девона мешудааст, ҳақорат мекнад шуморо. Аммо вақте Эмомалӣ, Озода ва Рустамро мегӯӣ хурсанд мешавад. Вале вақте СС.Ятимови махуфро мегӯед, гӯё оча ё отаи Авазро гуфта бошед девона мешавад.
Як чизи дигар фаҳмидам.Одамоне, ки дар Ислоҳ номашон мебарояд яъне Шамсаки 3 тилфонаи шашволунчигӣ, ё Комил Орифӣ Аваз ё Сиёвуш онҳоро мековад ва аз бузакҳояшон мепурсанд, ки кадомаш пулдор аст? Баъд занг мезанад, мегӯяд- аз амниятам ва таҳдид мекунад, ки «ту ба Ислоҳ занг задаӣ. Ба Ислоҳ занг задан манъ аст. Онҳо хоини миллатанд». Мегӯӣ, ки ман занг назадаам, ин гап дурӯғ аст. Мегӯяд, чи магар мо амниятиҳо дурӯғ мегӯем?
Боз мегӯяд, ки агар хоҳӣ корҳо хапу дам шавад 5000 ё 10 000 ва ин маблағро мегиранд. Якто- якто фарёд мекунан одамҳоро. Ана бо ин роҳ одамҳои порагир кор карда истодаанд.
Барои амниятиҳо ин корҳо тамоман наметобанд, наменамоянд. Аммо ин бадбахтҳо одамҳои бегуноҳро азият мекунанд. Ҳамон Зарина Шафоатова росташон мегӯяд: «амният пул мегира, мо ҳам аз касалиҳо пул мегирем»…
Ман, ростӣ, ин дафъа дар райони кӯҳна аз қафои Ҷалоли устои мошин хеле гаштам. То ҳатто як рӯз мошини худамро пешаш бурдам ва хело аз ҳар тараф пурсидам, ки бо милисаҳо ҷӯраӣ бо амниятиҳо равуо дорӣ? Баъд худаш гуфт, ки кадом маймуне маро дар Ислоҳ навиштааст.
Ростӣ, ман давоми чанд руз аз рафиқонаш ҳам пурсидам. Як ҷӯрааш Абӯбакри запчастфуруш аст. Пурсидам, ки ҳамин Ҷалол бузӣ мекунад? Гуфт, не. Вақтҳои пеш арақу банг мезад, ҳозир соз шудааст. Аз чанд ҳамсинфонаш , аз коргарони сталовийи Хайбар пурсон кардам. Гуфтанд, ки амниятиҳо пешаш барои мошинҳояшон меоянд ва бо вай ҳамчун рафиқ ё усто гап мезананд.
Як кас як нақли аҷиб кард. Гуфт ки маро чанд бор Ҷалол Ислоҳ тамошо карданамро дид вале ягон касро нагуфт. Агар буз мешуд ҳоло барвақт мегуфт. Як ҳамсояи Ҷалоли усто дузд будааст. Чанд бор дуздиашро дидааст. Вале мегӯяд, агар буз мешуд барвақт мегуфт ба амниятиҳо.
Дар бораи Сиёвуши амниятӣ пурсидам. Гуфт мошинашро чанд бор рост кардам, то ҳатто чанд кори шахсиам дар дигар корхонаҳо ғалтид ба Сиёвуш нагуфтам, ёрӣ напурсидам. Хулласи гап. Ҷалол бузи намекардааст. Аз арақ пурсидам. Гуфт солҳои пеш мекардам, ҳозир дигар фарзанддор шудам, бас кардам. Пеши худованд тавба кардам гуфт. Аз хусурам ҳам сахт шарм кардам барои арақхӯрӣ. Ду кас хело чақ чақ кардем. Вале маълум шуда меистад, ки Ҷалоли устои мошин каме мутакаббиру ҳавобаланд аст. Домулло гуфтаниам, ки Ҷалоли усто ислоҳ шудааст. Мо, ҳамон одамҳое, ки ҳамин гапҳоро гуфта будем аз Ҷалоли усто бахшиш мепурсем.
Дар бораи Ансории ҳамсинфаш, ки дар номаи пешина дар бораш гуфта будем. Ансорӣ тарафи ҳамсинфаш Ҷалол мегуяд ҳар вақте Ислоҳ номи маро гирад званияи ман баланд мешавад. Ансорӣ тарафи Ҷалол гуфтааст, ки кадоме дар Ислоҳ гуфт 450 ё 500 сомонӣ мегирам, хато гуфтааст. Ин муаллимҳо бо мезиқанд, ки командир аз сари ҳар муаллим 50 сомонӣ директор ҷамъ мекунад барои Ансорӣ.
Ансорӣ оиди ноболиғҳо мактабҳо проверка меравад. Дар ҳақиқат аз мактабҳо 450-500 мегирифтааст аз директорҳо барои талабае, ки дар дарс нест ё ягон проблемаи дигар. Хулоса пул мегирад. Ин гапро аз як муаллим аз Истон ё Юсу ё Яхак буд, ки тасдиқ кард, ки мо муаллимҳо 50 сомонӣ додем ба директор. Гуфт пулро ба Ансорӣ медиҳад. Ҳамин муаллим боз гуфт, ки пули солонаи газета мегиранд аз маошҳоямон минус мекунанд. Боз гуфт барои наврӯзӣ бухгалтер 60 сомонӣ минус мекунад аз ҳамаи мактабҳо.
Як хеш дорем аз қишлоқи Лангар. Аз Русия омадам ва нав хабаргириаш рафтам ва дар бораи бунгоҳи тиббиашон пурсидам. Гуфтам чи хел аст, дар Ислоҳ тамошо кардем. Гуфтанд ончи дар Ислоҳ гуфтанд, рост гуфтанд. Духтураш як руз ҳаст, чанд рӯзи дигар нест, маошашро сари вақт мегирад. Вале кораш ҳиҷчӣ. Вақте укол ё капелмонӣ меравӣ нест.
Яке гап дар бораи мактаб рафт. Гуфт дар ҳар моҳи сентябр, ки дарсҳо оғоз мешавад 70 сомонӣ барои сари як талаба барои ремонти мактаб биёред мегӯянд.
Ҳамин хешамон дар бораи як соҳибкор гап зад- аз деҳаи Синчит ва номи ҳамин соҳибкорро гуфт –Шамшод. Чанд сол пеш фермаи мурғпарварӣ ташкил кард. Хурсанд шудем. Тухмро арзон кард. Дар район тухм як ячейкааш 45 сомонӣ буд, дар мо 26 сомонӣ нарх гузошт.
Ин соҳибкорро амният, милисаҳо, прокурор ҳаррӯз зангаш мезаданд, ки аз шаҳр меҳмон омада истодааст: 10 мурғ боз чанд ячейка тухм ҳамроҳаш бошад отдели райони навотдели райони куҳна ва ҳамин тавр шӯъбаи амният, прокуратура роҳӣ кун. Боз аз ҷамоат ҳам ҳамин тавр пайваста грузиташ мекунанд, аз суд отделно, милиса отделно.
Хулласи гап ин соҳибкорро безор карданд. Фермаро партофт, мурғҳоро фурӯхт, корро бас кард.
Чанд вақт, тахминан се сол гузашт. Ҳамин Шамшоди фирмаи собун кушод ва дар ҳаомнҷои мурғпарвариаш корро сар кард. Ин дафъа хело кор кард. Собуни сиёҳу фериҳо барои шустани зарфу дигар чизҳо. Арзон буд, мерафтем мехаридем. Ин хешамон гуфт, ки аммо баъди чанд вақт боз маҳкамаш карданд. Баъд фаҳмидем, ки налогу пожаркаву дигару дигараш, санэпидемстансияву стандарт проблемааш кардаанд.
Хуласи гап дар ин ноҳия ягон кор карда наметавонӣ. То «таға» аз хешу ақрабои Рустам, ё Озодахон ё ҷаноб набошад мешиканандат. Барои ҳамин наметавонӣ, ки ба мардум ҷои корӣ кушоӣ, як чизро арзон кунӣ. Кор кардан намемонандат.
Дар бораи кори хитоиҳо хешамон гапҳои ҷолибтар зад.
Аз ҳамин Лангар як нафар ба хитоиҳо кор мекардааст. Гуфт, ки рӯзи корӣ 250 сомонӣ аст. Инҷо переводчикҳо, яъне тарҷумонҳо ҳама тоҷиканд. Меравӣ пешашон мегӯӣ бо хитоиҳо гап зан. Мегӯяд, ки ҳақи моро ҳар моҳа 50 сомонӣ медиҳӣ тарҷума мекунам. Агар надиҳед гапатонро дигар чиз тарҷума мекунанд. Ин хитоиҳо русиро намедонанд. Хуласи гап тоҷик аз тоҷик пора мегирад. Дар ҳавои гармӣ хар барин кор мекунӣ аммо ин переводчикҳои тоҷик аз мо коргарҳо ҳақ мегиранд. Эй, тарҷумонҳои золим аз худо битарсед. Дар куҷое ҳастед ҳақи коргарҳоро нагиред, дурӯғ перевод накунед.
Рӯзи корӣ 250 сомонӣ бошад бо бухгалтер пешакӣ маслиҳат мекунад, нархро паст мезананд. Масалан куби сангчинӣ 100 сомонӣ буд, аммо ин переводчикҳо 60 сомонӣ мегуфтанд.
Роҳҳои райони нав нотоза. Тарафи Ғарм меравӣ, тоза тарафи райони нав меоӣ нотоза. Роҳи пиёдагард тамоман нест. Бо паи балони камазҳо меравӣ пиёда. Ин раис гапаш дар ДЭУ ҳам намегузашта бошад?
Солеҳзода, хайр, акнун амният, 6-ой отдел гӯшат намекунанд, медонем, лекин ДЭУ роҳсозҳо ҳам гӯшат намекунанд. Ту ҳайкал омадагӣ ин Нуробод, ягон пешравӣ нест дар Нуробод. Навигарӣ фақат ришқапӣ ва риштарошӣ.
Фақат дар амният ва 6-ой отдел мардуми ришдорро қапида мебаранд, одамҳоро шумо Ислоҳ тамошо кардаед гуфта дар роҳ меқапанд. Худи манро ҳам амниятиҳо проверка карданд.
Дар соли 2010 мо талабаи мактаб будем. Он вақт Зиёрати Саъдулло раиси ноҳия буд. Мо талабаҳо ҳашар мерафтем. Зиёрати Саъдулло началники милисаро фарёд карда гуфт, ки Ҷаноби олӣ Нуробод меояд. Мӯйсафедҳои қишлоқҳоро намонед, ки пеши Ҷаноб биёянд, ки Ҷаноб аз мӯсафеду аз муллоҳо аз ришу ҷелаку сала хушаш намеояд. Ягон кас шикоят накунад, фақат одамҳои тайёр кардагии худамон таърифаш кунанд, ҳама сад фоиз бигӯянд. Агар шикоят кунем ҷаноби олӣ табъаш хира мешавад.
Ин гапҳоро раиси ноҳияи Нуробод Зиёрати Саъдулло тарафи началники милиса мегуфт. Ман худам шунидам. Он вақтҳо ба ҷаноб кам кам одамҳо шикоят мекарданд. Ҳозир чи балое зада бошад, ки аз мардум мегурезад, ин падари миллат.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Навиштаҳои Ислоҳ дар бораи Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ зоҳиран ба вай асар намегузорад, худро нодида мегирад, аммо дар асл Салимзода худашро гум кардаву даступохӯрда ва чанд рӯз мешавад, ки гунгу хомӯш шудааст.
Аз рӯи гуфтаҳои Мунираи котибаи Нусратулло Салимзода, Салимзода дигар гап наёфтаасту фақат як гапро қапида истодааст, ки «э ,у хоинҳо касе ҳами Рудакида раис шава сар мекнан сиёҳкуниша, ки ягон сумшон тияну хап кнан. Оли ма наомада Рудакӣ уже мара хойдана сар када бдан».
Мунираи котиба ҳанӯз вақте дар вазорати тандурустӣ кор мекраданд дар назди ҳамсояҳои модараш гуфтааст, ки Салимзода Нусратулло ба дараҷае дорад, ки тамом намешавад: «э суми раис таҳ надора. Ҳамиқае, ки ба зани Эмомалира доля мета бо ҳамуқаи дига мемонаш. Я суми доляи медодагии главрачо ҳаму соло бас буд. И бо барои ремонти болницаи раками 3-и Душанбера намегуй? Ганда ҳаму соло суми калон зад раис. Ягон санҷишода наёфтан шури муриҳои раиса. Помошҳора вобаста ай чи бданшон, рост тақсимоту савдо. Ҳами хонаеда, ки ҳози Раис шиштагияй, ай суми хаму помошо ҳай. Хонаи ма сейфш бд Раиса. Хай у вақт бо ёштар бдм, Раис тез тез меомад. Хай марам хела ай моменто истифода бурда, ай Раис баҷоӣ ҷамш кадам, мерасам то хелара, гуфтаст Мунираи котибаи Нусратулло Салимзода».
Як маълумоти дигар дар бораи Амриддин Нахшов дорам. Собир, яке аз шогирдони Амриддин Нахшов аз қавли Нахшов гуфтааст: «бля ҳами коре, ки да Қирғизистон шуданӣ бд мода мешид, гарени мешид. Бгиран ягон Вазира, ягон митинг шава, тезда броем ягон ҷмбиш кнем. И таи тавақи иёра зайибат шидем хурдана. И язнарам ясна нашид бля, ки бо мо ёшо броем майдони ҳукуматда».
Собир таъриф мекунад, ки Амриддин конкретно омода аст.
Яке аз кормандони кони тиллои Шугнов, ки маҷбурӣ дар дасти Амриддин Нахшов аст гуфтааст, ки конро тору мор карданд. Чунки Собири шогирди Амриддин Нахшов мардуми конро ба ҷон овардааст. Собир дар куҷое, ки шинаду хезад мегӯяд «мара Амриддин ҳамаи ходора додагияй, ма то Рустама доступ дорм. Мада любой ҷода зелёныяй».
Дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Собир аз номи Амриддин ва Рустами Эмомалӣ дар ҳама идораву корхонаҳо корҳои худашро буд мекунад. Куҷое, ки дарояд сурати худашро бо Амриддин Нахшов нишон медиҳад ва мегӯяд «диден ма одами бовариноки Рустаму Амриддинм».
Собир аз номи Рустам борхои наркотикхои хыдша мегзарона. Собир тариф кардааст, ки да кони Шугнов склад кадагийм ягон саг тарафш тов намехра. Ай Амриддинай мегум. Дар склад героин, таблеткахо ва нашаву чарс. Собир бизнеса сахт тов додестай. Хафтаи гузашта Собир 2 киллову 450 грамм тилои Шугновро ба Героин бартер кард. Барои чи чунин кард, барои он, ки тиллоро агар фурушад, гапаш меброяд.
Барои ҳамин бо наркотик ва дигар чизҳо бартер мекунад. Собир дар маъракаи апааш, ки чанд моҳ пеш гузашта буд, дар Шугнов гуфтаст, ки «и Амриддин я тайлоқай, ягон чира аҳамият намета. Похуяйша. Ҳамаи кори кони Шугнов да дасти маҳай. Амриддина иқа тариф мекнм тамом, полни ай хид мера. Мегумша, ки ту шери наррӣ Амриддин, кайф мекна. Ма ҳамаи кору бори Амриддина запис мекнм ба я рузера. Камтари дига мондай, иқаи дига ба қувват шавм и тайлоқа янима мекнем, Рустамда доступ уже ҳаст».
Собир кони Шугновро пурра ба харобазор оварда расонида истодааст. Наход то ҳамин дараҷа Рустам бо хешовандаш гуспанд бошанд, ки ба ду калима гапи таъриф, имконияти дуздиву ғоратро диҳанд.
Собир таъриф кардааст, ки продуктаҳои хонаи Озодаро таъмин мекардаасту чанд бор Озода предлагат ҳам кардааст Собирро, «ки биё да бари ма бест». Собир ба дарачае аз худаш уверенний аст ки мегуй Рустам ҳеҷ кас аст.
Аммо, то ҷое шунидам бачаҳои Кӯлоб қасами Собирро конкретно хурдагианд. Ин ҳаромӣ бисёриҳоро кидат карданӣ аст.
Тибқи маълумотҳо аз охранаи президент Раҳмонов аз қобилияти ақл мондааст. Ба фаромушхотирӣ, парешонӣ-паркинсон гирифтор шуда одамҳоро намешиносад ҳушаш кам шудааст. Конкретно старческий маразм шудааст.
Имрӯз як мулоқот кард, пеш аз мулоқот якуним соат фаҳмонданаш, ки чи бигӯяд, дар варақ навишта пешаш монданд.
Дирӯз дар вақти омаданаш баъди фурудоии самолёти 92 миллиондолларӣ 40 дақиқа пешвозгиро ждат карданд, то ки уколҳои кардагӣ қувват диҳандаш то аз нардбони самолёт фаромада тавонад.
Тиқби қонун дар ин гуна ҳолат автоматический бояд ӯро аз иҷрои вазифа дур кунанд. Вале кашола карда мебаранду меоранд. Мисли Брежнев. Вале арақхуриро ҳеҷ нест, ки бас кунад.
Ваҳдат
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо аз деҳаои ҷамоати Симиганҷи Ваҳдат менависем.
Метавонед онро ҳамчун муроҷиати мардуми деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат қабул кунед.
Мардум муроҷиат доранд, ки дар барнома ҷой диҳед. Шояд, ки ба ин мардум ва ба талабаҳо дирексияи мактаб раҳму инсоф кунанд. Беҳад вазъияти мардум вазнин. Ҳамин қадар дар ҳамин шароит пул талаб карда истодаанд, почти ҳаррӯз.
Мардум чи хел дар ҳамин Ислоҳ нависем гуфта назди ман омаданд. Канӣ метонам наметавонам гуфтам. Ва ваъда кардам, ки як попробоват мекунам, канӣ як занг занам шуморо чи маслиҳт медиҳед? Чоп кунед накунед ихтиёратон. Аммо мардум сахт умедвор аст.
Бовар кунед бародар барои туалет кандан аз талабаҳо пул гирифтанд. Сари ҳар талаба барои кандани як ҳоҷатхона 50 сомонӣ гирифтанд. Хонае ҳаст панҷ –шаш талаба мехонад. Охир ин пулро аз куҷо диҳанд.
Талабаву толибаҳо галстукҳояшонро харидагӣ буданд. Боз нав галстуки дигар овардаанд-галстукҳои давраи союз, ки дар бозор се сомонӣ меистад. Аммо директор аз талабаҳо панҷ сомонӣ гирифта истодааст.
Бовар кунед, замокҳо шикастааст, пул биёред гуфта истодаанд, бӯр тамом шудааст, пул биёред. Ана ҳамин ҳар рӯз аз мардуми бечораи камбағал пул требоват доранд, пул требоват доранд. Намедонад мардуми бечора куҷо муроҷиат кунад. Ҳар вақте ки ҳамин ахборро гӯш мекунам дар ахбор аз тарафи роҳбарони вазорати маориф мегӯянд, ки дар ягон мактаб ягон сум барои ягон чиз ҷамъ накунанд. Ҳамин қадар гап мезананд. Аммо намедонам барои чӣ ин қадар гап мезананду ҳеҷ чиз резултат нест.
Ин лаънатии директор намедонам 10 сол шуд 15 сол ҳаминҷо директораш мондагианд. Шавҳараш кулобӣ, прокурор будааст. Аз рӯи директор шудагиаш миллионер шудагӣ. Талабаҳое, ки ҳамин қадар саводҳояшон нағз аст баҳоҳояшон нағз аст, донишашон нағз аст, онҳоро тамоман аҳамият намедиҳанд, баҳои нағз намемонанд.
Мактаби мо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133 ба номи Абдухолиқов Аслиддин Хайриддиновичи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Гулафшон аст.
Директори мактаб Розиқова Дилафрӯз Файзуллоевна мебошад. Шумораи талабҳо наздик 1900 нафар аст. Номи пешинаи ин деҳа Ҳайталӣ буд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Илтимос, мо бори аввал менависем. Чоп кунед. То мушкилоти моро мақомоти болоӣ бифаҳмад.
