Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 338

Ислоҳ нет

Ин бор аз Айнӣ, Конибодом, Ваҳдат ва Волгоград номаҳоро бароятон омода намудем.

Номаи ноҳияи Айнӣ аз деҳаи Рарзи шариф аст. Ин бор хабарнигори ҷамъиятии «Ислоҳ» аз ин деҳа дар бораи вазияти нашъамандӣ навиштааст. Вай гуфтааст, ки ҳама медонад, ки ин баригаҳо молу маҳсулоти милисаву участковийро мефурӯшанд, аммо худро ба нофаҳмӣ меандозанд. Вале, гуфтааст муаллиф сафи муътодон (вобасташудагон ба мавод) беш аз пеш афзуда истодааст.

Аз Конибодом дар бораи як нафар корманди ГАИ навиштаанд. Гуфта шудааст, ки ин корманди ГАИ дар ҷойи лозим пайдо намешавад вале ҳар молбозор омада рақамҳои мошинҳоро канда ва бар ивази пул бозпас медиҳад.

Муаллифи доимии мо аз Волгоград роҷеъ ба насби ҳисобкунакҳои барқӣ навиштааст. Вай як фикри ҷолиберо матраҳ кардааст. Дар воқеъ мардум зиёд шикоят мекунанд, ки пули зиёд барои истифодаи свет медиҳанд.

Номаи Ваҳдат ин бор ҳам аз Олими истанса, ки раиси маҳалла мебошад сӯҳбат мекунад. Муаллиф аз аъмоли пур аз ҷурму ҷиноёти Олим ва ин бор аз падари Олим ҳам навиштааст

                          Айнӣ (Рарзи Шариф)

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бародари азиз ва хело ҳам гиромиқадр Муҳаммадиқболи Садриддин

Ман аз ноҳияи Айнӣ деҳаи Рарз ҳастам. Мехостам дар бораи камбудӣ ва навигариҳои ноҳия сухан кунам. Аввало раҳмат мегуем мо аз ҳокими навамон акои Рӯзибой Раҳимзода, ки ба чени тавонашон дар хизмати мардуми ноҳия ҳастанд ва лаънат ба ҳокими гузашта аблаҳи алкаши калли  бегемот ва лаънат ба Раҳмонови хабиси аз даргоҳи Худованд рондашуда, ки 35сол мешавад кораш танҳо миннат кардану гапу ҳарфи холӣ задан аст. 

Ман чи гуфтаниам? Мехоҳам фаҳмам, ки чаро мо, ки 35 сол сабр намудем, боз ҳам сабр намоем, ки кай сатҳи зиндагии мо боло меравад. Дар дигар ҷойҳо ноҳияи моро таъриф мекунанд, аммо чунин нест. Замначалники ноҳия як инсони зинокор, ки ба воситаи занаш ба ин вазифа расидааст Насим ном дорад. Аз ҳисоби пораву дуздӣ бо Лексус мегардад. Инҷо савол ба миён меояд, ки ба ин қадар маоши ночиз чигуна соҳиби чунин автомобилҳо мешаванд? Сабабашро ман хоҳам гуфт. Ошкоро чакида-ҳашишу нашъаву героинро беотказ ба мардум мефурӯшад ва бисёре аз мардумро ба воситаи одамонаш нашъаманд кардааст. Ингуна чизҳоро авал аз одамон мегиранд ба воситаи дастгир кардану тарсонидан баъдан ба ҷавонмардони ин ноҳия Худованд инҳоро садкаи ҷавонмардӣ кунад. Барои чи танқид кардам, дар охир фаҳмо мешавад, ба инҳо мефурӯшад .

Аксарияти клиентҳояш аз қишлоқҳои Варз, Фатмев ва Рарз мебошанд, ки номи беш аз 90 нафар дар дастам ҳаст, бо далелу запсу суратҳояш.

 Ман хитоб ба нашъамандони номард мекунам, ки аблаҳон шумо медонед, ки ҳамсару фарзандонатон аз рангу руи шумо безоранд. Он марде, ки набудани вай дар манзил боиси оромиши зану фарзандаш мешавад мурданаш беҳтар аст. Вай мард нест, вай як мусор аст. Чуноне гуфтам ман аз тарзи зиндагии баъзе аз инҳо хабар дорам. Онҳо вақте дозаашонро намеёбанд хонагиҳояшон рӯз надоранд аз дасти инҳо ва инҳо боз худашонро дар байни ҷомеа мард мешуморанд ва сабаби ин ҳама бадбахти милитсияҳои ноҳия мебошанд, алалхусус Насим 

Ва хитоб ба ту мекунам участковий ба ном Озарахш аз қишлоқи Похут. Ин қадар ба мардум ҷабр накун. Чаро дар қади роҳҳо ҷавонҳоро дошта ришашонро метарошӣ? Магар ин чи зарар дорад? Ту беақли тупойи қавми Лут дар ҷавониат як … будӣ. Ту аблаҳ раву ҷинояткоронро дастгир кун. Як бор ба болницаи ноҳия раву зинокорон ва порахуронро дастгир кун. Ту ба риши мардум чи кор дорӣ? Ва ба падару модари ин ноҷавонмард гуфтаниам, ки ҳоло дер нашудаасту ҷасади ин хуки бадбуйро аз дарё пайдояш накардед насиҳаташ кунед ки аз ин корҳо даст кашад. 

Ва боз мегӯям, ки номи ин нашъамандон дар дастам ҳаст:- 25нафар аз Фатмев, 30 нафар аз Варз ва 35 нафар аз Рарз. Ман ба онҳо гуфтаниам, ки ин корҳоятонро бас кунед ва бозичаи дасти системаи Раҳмонов нашавед. 

Дар паноҳи Аллоҳ монед бародар Муҳаммадиқбол. Ман боз дар оянда ба навиштани номаҳоям давом хоҳам дод. Бигзор ҳақиқат ошкор шавад.

                           Конибодом (Хистеварз)

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Шуморо бо ин моҳи мубораки Рамазон табрик мекунам. Аллоҳи меҳрубон шумо-шермардони ватанро дар паноҳаш нигаҳ дорад. Ин танҳо шумоед, ки ҳақиқатро мегӯед ва ман мехоҳам дар бораи корманди ҳаромхӯри ГАИ гап занам. Як корманди ГАИ, ки дар ҷамоъати Хистеварз кор мекунад Абдуллоев Беҳруз ном дорад. Савори мошини Тойота камри ва бо рақамҳои 0101.10 аст.

Ин Беҳруз бисёр худашро калон мегирад, гӯё хуҷаини Тоҷикистон ҳамин бошад. Ронандаҳоро манъ ва ҷарима мекунад, ки ту ана дар инҷо хато кардӣ дар онҷо  хато кардӣ ва бо чунин ҳарфҳо ҷаримаи вазнин мекунад ва худаш бошад бо мошинаш, ки шишаҳояш сияҳ ҳаст бо виқору такаббур тез меронад. Ба касе чизе хоҳад мегӯяд ва касе чизе намегӯяд.

Рӯзҳои ҷумъа дар назди молбозори ҷумъа мошинҳое, ки таваққуф кардаанд дар як канори роҳ рақамҳои мошинҳоро меканад. Баъди молбозор тамом шудан мардум мебароянд рақами мошин нест. Дарҳол назди ин бадбахт мераванд ва ин маблағро мегираду баъдан ба масҷид меравад ва онҳое, ки намозгузор ҳастанд дар рӯзи ҷумъа ронандаҳо мошинҳоро дар ҷои ба касе халал намерасонад мемонад ва ин Беҳруз боз рақами онҳоро низ меканад ва он вақт вой бар ҳоли ҷумъа бозор рафтагиву вой бар ҳоли намозгузор.

   Дар рӯзи ҷумъа баъди навори шумо, ки нашр шуд боз маълумотро мерасонем, ки тағйирот ҳаст ё нест. Агар дуруст кор кардан хоҳад, як бор баъди соати 18 ё 19 -и бегоҳ назди пешеходи переход биистад, ки ронандаҳо ба роҳгузарон роҳ намедиҳанд, ба болояшон меронанд мошинро -чи рӯз бошад чи шаб, як бор барояд бинад онҳоро ҷарима кунад.

                                  Волгоград

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Ин навбат дар сомонаи нашрияи СССР як навиштаеро дидам, ки дар ҳақиқат айни замон ба мушкили тамоми Тоҷикистон табдил шудааст. Гап дар бораи иваз намудани счетчик-ҳисобкунакҳои барқӣ меравад. Дар ин матлаб, ки аз Вахш сӯҳбат мекунад муаллиф дар бораи он навиштааст, ки ин ҳисобкунакҳоро бояд маблағашро кӣ бидиҳад, худи ширкати барқ ва ё аҳолӣ? Ва ин матлаб таҳти ин унвон аз ва дар рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ чоп шудааст, ки инҷо онро ба шакли комил пешкаши ҳаводорони барнома менамоем:

«Вахш: ҳисобкунакҳои барқӣ аз ҳисоби кӣ?

Дар ҷамоати Файзи Истиқлоли ноҳияи Вахш ивазкунии ҳисобкунакҳои барқӣ ҷараён дорад. Саволе, ки аксари сокинони деҳаҳоро ба ташвиш овардааст, ин аст: оё ивазкунии ҳисобкунакҳои барқӣ вазифаи худи шабакаҳои барқ аст ё бояд мардум онро аз ҳисоби худ анҷом диҳанд?

 Дар амал мебинем, ки дар бисёр ҳолатҳо ҳисобкунакҳо аз ҷониби худи сокинон харидорӣ ва иваз карда мешаванд. Аммо бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ кард, ки на ҳар 1 оила имкони молиявии харидани ҳисобкунаки навро дорад.Барои баъзе сокинон, хусусан оилаҳои камбизоат, ин хароҷот мушкили ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар чунин ҳолатҳо равшании ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ таъмин гардад. Агар ивазкунии ҳисобкунак тибқи барнома ё талаботи шабакаҳои барқ сурат гирад, бояд имкони ивазкунии ройгон ё дастгирии молиявӣ барои мардум пешбинӣ ва мушатриён бояд пешакӣ огоҳ ва бо тартиби шаффоф таъмин гарданд.

 Барқ неъмати ҳаётан муҳим аст ва масъалаи ҳисобкунакҳо набояд боиси нороҳатӣ ва мушкилоти изофӣ барои сокинон гардад. Ҳалли одилона ва бо дарназардошти имкониятҳои мардум роҳи дуруст аст.

 Нури Бохтарӣ, СССР»

Ин буд навиштаи СССР.

Аммо масъала бо пардохти маблағи ҳисобкунак тамом намешавад. Бигзор, онро худи аҳолӣ пардозад ва ё ширкати барқ. Аммо масъала дар бораи дигар чиз аст.

Чанд вақти ахир аз хонаводаам занг зада мегӯянд, ки пули барқ ин моҳ сесад сомонӣ шуд, ин моҳ дусаду ҳаштод ва ҳамин тавр хеле гарон шудааст. Акнун, ки баҳои ҳар як киловатт соат то 41 дирам боло рафт боз ҳам гаронтар мешавад.

Ҳозир ба худи ҳамин ҳисобкунакҳо ва инки онҳо тибқи стандарт кор мекунанд ва ё инки онҳо махсус ва бо заказ сохта шудааст шубҳа пайдо шудааст.

Чанд соли пеш яке аз бонкҳои байналмилалӣ барои насби ҳисобкунакҳо барои сокинони чанд ноҳия аз ҷумла Душанбе беш аз 130 миллион доллар қарз дод, ки иҷрокунандаи ин тарҳ ширкати Авесто, ширкати Рустами Эмомалӣ муқаррар гардид. Дар бораи то чи андоза ба иҷро даровардани ин тарҳ инҷо намегӯям. Аммо шубҳа дар бораи ин ҳисобкунакҳо брои он пайдо шудааст, ки онҳо сохти Хитой ҳастанд. Ва, ин эҳтимолу имкон вуҷуд дорад, ки бо дархосту талаби Раҳмонову дору дастааш, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ ин ҳисобкунакҳо як киловатро метавонанд якуним ҳисоб кунанд.

Ман бовар дорам, ки ин ҳисобкунакҳои хитоӣ ба стандарти байналмилалӣ ҷавоб намедиҳанд ва киловатро хеле барзиёд ҳисоб мекунад.

Барои ҳамин буд, ки ин матлаб аз ин сомона интихоб шуд ва бояд, ки кори ин ҳисобкунакҳо тафтишу санҷиш карда шаванд.

                                           Ваҳдат

 Ассалому  алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин.

Имрӯз бо ҷигари сухта ва бо дили гирён санаи 22 юми феврал дар даруни масҷиди деҳаи Лақайбегӣ нишаста бароятон нома менависам. Ҳар видиое, ки дар бораи Олими буз кардед, мардум ҳамаашро тамошо карда беҳад хурсанд шуданд. Олими буз дар деҳа аз ҳар кас шубҳа мекунад. Аммо алҳамдулиллоҳ то ба имрӯз касе маро ҳатто ба шубҳа ҳам набурдааст.

Ман яке аз миёнасолони ин деҳаам, панҷ вақти намоз дар масҷидам. Бо Олими буз ҳаррӯз вомехурам.

 Устод чанд наворҳое, ки дар мавриди Олими буз пахш кардед Олимро ба танг  овард вале аз зулм то ҳол даст накашидааст.

Чунки як золими хунхори ҳаром худи падараш ҳоҷӣ Сафаралӣ буд. Ин падари золимаш бисёр мошенику ҳаромхур буд, ҳоло бошад номаълум, ки ӯро Худо зад ё ягон бандаи худо, ки фалаҷ шудааст ва тули се сол мешавад, ки дар ҷойгаҳ хоб:- на мурданаш маълум асту на зистанаш.

 Хонаводаи Олими буз ба ҳама овоза карданд, ки падар ва модарамонро кумур бурдаст. Аммо интавр нест.

Ҳоҷӣ Сафаралӣ як зани шавҳардорро, ки шавҳараш дар Русия ё дар зиндон буд кумаку дастгирӣ мекардааст вале баъдан ӯро аз шавҳар ҷудо мекунад вале маълум нест, ки ӯро мегирад ё зино карда мегардад. Хуллас ба шуниди мардум як шаб инсонҳои ношиносе даромада ба хонаи Олими буз падар ва модарашро мурданӣ мезананд ва онхо фалаҷ мешаванду ҷони мардум аз як золими харомхури як заминро ба 3 _4 кас мефурухтаги халос мешавад. Амо инсони даст ба хайр буд росташ мардум Нону намакашрохам бисёр хурданд.

 Ҳоҷӣ Сафаралӣ оқи падар аллоҳ дарду ғамашро зиёдтар кунад 4 фарзанд дорад.  Шералӣ, Нуралӣ, Ҷунайдулло ва чорумаш бошад ҳамин Олими буз.

Шер дар Русия дар шаҳри Сургут посредник буд, мардумро бурда кор мефармуд. Солҳое, ки мардум хар надошт вай бо мошинҳои шик мегашт.

Пули ҳаром мезанад мебарояд мегуянд, ки рост аст, ин сухан. Валлоҳ қасам то ба дараҷае, ки мардумро банкрот карда буд, Шер. То ҷое шунидам як рафиқаш як гурдаашро фурухтаасту пули қарзҳояшро додааст. Вайро ҳамин Шер банкрот кардааст.

Ва ҳоло бошад аз қарздорҳояш гурехта гаштааст. Ферма дошт, фермаро фурӯхт. Худо ончунон задаш, ки дарбадар гаштааст.

Фарзанди дуюмаш Нуралӣ. Вай инсони бомуомила аст. Касбаш қассобӣ мебошад. Аммо ин ҳам, то ҷое шунидем, чанд бор говҳои ҳароммурдаро ҳалол гуфта дар Станса дар дукон бурда фурӯхтааст.

Фарзанди 3 юмаш Ҷунайдулло ном дорад. Беҳад инсони хуб аст, тилло инсон ҳам гӯйем ӯро хато намекунем. Муҳоҷири меҳнатӣ аст. Бо вай дар Челябинск  кор кардаам. Ин фарзандаш инсони хуб аст. Ман ҳақиқатро мегӯям. Тӯҳмат кори Олими буз аст. Мо туҳмат намекунем.

Ва фарзанди 4 умаш бошад Олим, раиси маҳаллаи деҳаи Лақайбегӣ аст. Бовар кунед, он чунон мардумро зулм мекунад, ки мардум ба дод омадаанд.

Ягон кас туй ё маърака кунад дарҳол танзимро чеғ мезанад.

 Ба ҳамаи хонаҳои мардум облаваро равон карда пулу пора талаб мекунад.

 Дар группаи деҳа Эмом гуфтанӣ як ҷавони деҳа буд, ки бо вай хело хуш муомила мекард. Аммо вақти аз Русия омаданаш ӯро мебаранд ба отделу мегуянд ту ба мухолифин лайк мондаӣ ва ба монанди ҳамин суханҳои таҳдидомез зада бечораро 15 ҳазор сомонӣ штраф мекунанд. Аммо Эмом ба мардум гуфт, ки ман ҳеҷ коре накарда будам, маро подстава карданд.

Ин як қатрае аз баҳри ҷиноятҳои Олими буз аст.

  Дар масъалаи облава ба хонаҳои мардум зада медароянд: «бачат нест, бояд пл бспорӣ» ва пул мекананд.

 Чандин сол Олим дар Русия қарор дошт, аммо зиндагияш ҳеҷ беҳ нашуд. Аз Русия омаду раиси маҳалла шуд, соҳиби мошин, хона шуд ва дар деҳаи Чиртак соҳиби замин ҳам гардид.

   Дар группаи деҳа мегуяд, ки «ма намояндаи тамоми мақомот дар байни мардумум». Бисёр Эмомалиро таъриф мекунад. Барои он ки ин саг медонад, ки агар ҳукумати нав сари қудрат биёяд занҳои инҳоро бо ин ҷиноятҳояшон шу медиҳад.

Мавсими облава вақти шикори Олими буз мебошад ва ҳатто дар он ҳангом бо ҷиянаш бачаи Нуралӣ ҷанг шуданд. Ҳамон кудак мегуядаш, ки ту як ҳаромхурӣ. Бачаи Нурали синфи даҳ ё ёздаҳ аст. Ончунон мошинро дар деҳа сахт меронад, ки касе ба вай кордор нест. Худо накарда агар ягон одами дигар бошад Олими буз дарав ба мақомот бузӣ мекунад.

Духтари Олим Марҷон ном дорад. Талабаи синфи 9 ё10 аст. Беҳад духтари бадгашт аст. Вайро дар замини Дашт дар таги подвалҳои хонаҳои вайрона бо як ҷавон диданд. Он ҷавон нақл мекунад, ки «миёрмша хона….» ва боз сиёмка ҳам карда ба мардум нишон додааст ба рафиқҳояш.

 Худо задааст Олимро, ки имрӯз аз духтараш мебинад, аз падараш мебинад. Аммо ба вай дарси ибрат намешавад.  

Акнун, дар охир хитоб ба Эмомалӣ Раҳмонов!

  Ин сагонатро аз деҳаи мо бигир. Валлоҳ, ҷони мардум ба лабаш расидааст. Рӯзи инқилоб худат мегурезӣ, аммо инҳоро куҷо мебарӣ?

Хитоб ба Олими буз! Беҳуда дар деҳа аз ҳар кас шубҳа  накун,ки кӣ ҳамроҳ бошад бо мухолифин. Ман ҳар рӯз дар масҷид мебинамат, салому алейк мекунем, аммо ба ягон суханат бовар надорам, ту ҳаромхури буз ҳастӣ.

Ё, Аллоҳ дар ин моҳи муборак дуъо мекунам тамоми ғаму дарди дунёро дар хонаи Олим биёр.

Парвардигор фарзандонаш бимиранд, хонааш дар бигирад.

Ҳоҷӣ Сафаралӣ даҳсолаҳои дигар аз бистари беморӣ нахезад. Духтари Олим, ки ру ба беҳаёӣ оварда истодааст Парвардигор …..

 Аллоҳ барои ин оила рӯзи хуш насиб накун, то оне, ки аз зулм даст накашанд.

Олими буз гӯш кун. Агар бузиро бас намекунӣ ва мардумро ҳамин хел ғам медиҳӣ видеоҳое, ки духтарат бо як ҷавон лублич аст ба «Ислоҳ» равон мекунам.

Дар ҳақиқат дар ин авохир бузиву ҷинояти ин оила беҳад зиёд, ки шуд, дигар тоқат накардаму навиштам. Оби дидаи модарон аз дасти Олим дар дидаҳояшон хушк шуда истодааст. Охир мо дигар ҷое надорем барои шикоят ва талаби ҳаққи ҳалоли худ. Боқӣ дар паноҳи Худо бошед. Ба умеди дидор, то рӯзи Инқилоб

Share This Article