Як нома аз Рӯдакӣ, ду нома аз Ваҳдат, ду нома аз Душанбе ва як нома аз Тюмен ва як нома аз Нижний Новгороди Русия муҳтавои ин нашри барномаамонро ташкил додаанд.
Дар номаи омада аз ноҳияи Рӯдакӣ сухан дар бораи ҳолати асафбори хезонидани хонаҳои мардум дар шафати бозори Корвон меравад. Муаллиф аз он мегӯяд, ки баъди нашри як матлаби алоҳида, ки дар бораи бозори Корвон буд, раиси ин бозор бисёр ҳам асбонӣ ва хашмгин шуда ва дар байни наздикони худ баъзе аз сиру асрори ҳолати кучонидани хонаҳои мардумро навиштааст.
Номаи омада аз Ваҳдат аз он мегӯяд, ки чи гуна Анӯшервони писари Рустами Эмомалӣ соҳиби бозори «Хайр»-и Ваҳдат шудааст ва даромади рӯзонаи вай аз ин бозор аз миллионҳо болотар аст. Муаллиф мегӯяд, ки номашро дар ҳамовозӣ бо як нома аз барномаҳои пешинаи мо дар бораи тасарруфи бозорҳо аз тарафи нздикони Раҳмонов навиштааст. Вай моҷарои забту тасарруфи бозори «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат аз тарафи яке аз набераҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва писари ҳоло мактабхони Рустам, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанберо навиштааст.
Дар номаи дуввуми омада аз Ваҳдат шикоят аз фаъолияти шӯъбаи шиносномадиҳӣ-паспортний стол меравад. Ин сокини Ваҳдат навиштааст, ки як паспортро се бор хароҷот карда гирифт аммо ҳар се бор ҳам барои вай шиносномаашро хато пур кардаанд.
Дар номаи дигарии омада аз Душанбе як ҳодисаи дар ин шабурӯзҳо ба «мӯд» табдилшуда навишта шудааст. Як сокини узбектабор аз он навиштааст, ки чи гуна кормандони мақомот ӯ ва аҳли оилаашро бо як бӯҳтон ғорат карда чандин ҳазор сомониашро гирифтаанд. Ин нафар навиштааст, ки агар вай пули талабкардаи онҳоро намедод ҳоло дар кунчи зиндон буд ва аҳли оилааш бе саробон ва бетаъминкунанда мемонд. Ва, акнун ҳам қарз меканад ва ҳам барои гузарони рӯзгори оилааш дар ин мулки ғарибӣ бо ҳазорон азобу машаққат пул кор карда истодаст.
Аз Нижний Новгород як нафар собиқ афсари яке аз мақомотҳои қудратии Тоҷикистон сири чаро ин қадар зуд обод кардани Данғараро ифшо кардааст.
Аз Тюмени Русия як нафар муҳоҷири корӣ дар бораи СС.Ятимов, раиси КДАМи Тоҷикистон навишта ва баъзе сиру асрори ӯро ифшо кардааст. Ин нома дар қисмати охири ин нашри барнома ҷой дода шудааст.
Рӯдакӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман ин номаро дар бораи бозори Корвон ва вазъияти сокинони хонаҳои атрофи он, ки имрӯзҳо маҷбурӣ кандаву кӯчонида истодаанд менависам. Чанде пеш дар «Ислоҳ» дар бораи Нуршед ва вазъияти бозор як мақола нашр кардед. Худи ман дар ин бозор кор мекунам. Ва шиносе дорам, ки дар бари Нуршед Машрабов аст. Ин шиносам гуфт, ки баъди нашри он мақола дар «Ислоҳ» Нуршед девона шудааст.
Девонаро, ки медонӣ чи касест? Ду рӯзи пайи ҳам девонаи ҳотакӣ шуда буд. Шогирдонаш баромаданд гуфтаанд ин кӣ буд, чи хелӣ кард, ин раиси моро чи хелӣ кард. Ҳамаро тагурӯ карда кофта истодаанд. Ин раиси моро ин хел карданд гуфта сахт девона шудаанд. Намедонанд чи кор кунанд?
Ин шиносам гуфт, ки Нуршед ду нафари наздиктарин дар масъалаи кучонидани хонаҳои мардум дорад, ки якеаш юрист-адвокаташ мебошад, дигариаш нафаре аст ки одами бовариаш аст. Именно ҳамин корҳоро мебурдагӣ дар ин территория ҳамин ду касанд. Ба шунид ва мушоҳидаҳои мо онҳо ин тавр мекардаанд. Нуршед Машрабов мегуфтааст, ки аз ҳар як хона, ки чанде арзон кардед 3%-ҳақи ҳардуи шумо аст. Ҳар хонаро, ки грузит мекунед, чи хеле мекунед, ё ба ҷангу ҷанҷол аз себестоимосташ арзон мекунед 3%-ҳақи ҳардуи шумост.
Як корманди милиса меравад рост медарояд пеши ҳамонҳо ва гап мезанад, ки падари ман аз дӯстони наздики марҳум Хол Машраб, падари Нуршед ва пулдор буд. Ҳозир касал, бемор аст. Ин хелин ғамаш медиҳед, яъне хонашро меканед. Вақте аз пеши онҳо берун мебарояд, ки Нуршед Машрабов аз берун омадаву офсиаш даромада истодааст. Мегардаду мегӯядаш, ки ҳоҷӣ чи хелӣ? Фалонӣ одам саломат гуфт. Нуршед охраннаҳояшро гуфт «усу бестед монеш ин бача бдрояд». Пешаш медарояд ва мегӯяд гап ҳамин.
Баъд мегӯяд, ки чи хизматат кунам? Бачаи куҷоӣ. Мегуяд аз милиса ва шарҳ медиҳад, хонаамонроро хезонида истодаанд чораи ҳамонро медидӣ. Баъд пешаш ҳамон ду нафарро дароварду мегӯяд ки ҳамин одам чи хеле, ки себестоимосташро гап мезанад ҳамон хел подписатса карда бидиҳедш аз номи ман. Ин шинос гуфт, ки баъди ду рӯз пас занг мезананд, ки биё подписатса кун договорро: « ана ҳамин қадар пул наличка медиҳемат ана ҳамин қадари дигар хона медиҳамат, аллоҳу акбар. паноҳат бахудо».
Хулоса, мегӯяд, ин шиносам бо ҳамин як саломи он одам кори манро полний буд кард.
Ин шиносам гуфт, ки «агар соҳиби хонае, ки ба Рустами Эмомалӣ иртибот дошта бошад сумро пурра медиҳад, надошта бошад кам медиҳанд».
Он юрист- адвокат оид ба милисаҳо ва умуман мақомот: прокуратуру ва суду амният машғул аст. Одамҳое, ки розӣ намешаванд ба сари онҳо милисаҳоро ҳамон равон мекунад-разбор аз суду прокуратураву ҳамаҷо.
Одами дигариаш гапи ҳамон гапи Нуршед будааст.
Нуршед ба тарафи одамони худаш гуфтаст,ки «б**лат ин халқ бисёриаш аз ман дида истодааст, дуъои бад карда истодааст, лекин дар инҷо ман ин қадар статус надорам. Ин паъато ҳама чизи манро гирифтанд, бозори маро як барбарашро гирифтанд, аз 100-12 %аш аз ману тамом».
Гуфтааст, ки аз магазинҳои поён, ҷои оптовий -магазинҳои 150 ҳазор доллара где то 100 тоаш аз СС.Ятимов, раиси КДАМ аст. Чор сол пеш бозорро аз сар рост карда шуд ва он вақт СС.Ятимов бо шантажу тарсонидан 96 магазинро гирифт.
32% и бозор дар дасти Озода Раҳмонова аст. 12%дар дасти Нуршед, мондагиаш ҳамааш дар дасти шоҳбача-Рустам аст. Полний подконтрол ҳамааш.
Одамҳое ҳастанд, калонҳо, генералҳо, ки то 500-600 ҳазор доллар ҷуброни хона ва ҳавлиҳояшонро аз Нуршед Машрабов гирифтанд. Руихати он нафарон дар дасти мо ҳаст. Ҳоло мавриди омӯзиш қарор доранд. Дар барномаҳои баъдӣ ҳамаашро хоҳем навишт. Аммо боз одамҳое ҳастанд, ки тамоман зарар дида истоданд. Чунки ниҳоят кам дод истодаанд.
Ваҳдат
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Чӯянгарони Ваҳдат бароятон менависам.
Дар яке аз барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар бораи забту тасарруфи бозорҳои кишвар аз тарафи Раҳмонову домодҳову духтарҳову бачааш навишта будед..
Дар маркази шаҳри Ваҳдат як бозор амал мекард бо номи «Хайр», ки он ба Хайровҳо тааллуқ дошт. Аз они Хайров Қутбиддин, соҳибкор ва раҳбари дастаи футболи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат буд ва садҳо нафар соҳибкору дигар кормандон дар он кор мекарданд.
Ин бозорро ҳам ду соли пеш ба Анӯшервони писари Рустами гирифтанду доданд. Анӯшервон набераи Эмомалӣ Раҳмонов, писари Рустам аст ки ҳоло талабаи мактаб мебошад.
Баъди гирифтани бозор соҳибкорҳо, соҳибони нуқтаҳои тиҷоратӣ ва дуконҳои даруни бозорро маҷбур карданд, ки бикананду аз нав созанд. Чи қадар ҷойҳои савдоро канданд. Ва аз нав точкаҳоро аз соҳиби нави он харида худашон бо пули худашон сохтанд.
Қутбиддин Хайрзода, раиси ин бозор бародари Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси Оҷонсии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон буд, ки дастгир шуд, даҳ сол гирифт ва баъди ду сол авф шуду ба озодӣ баромад.
Дар хотир дошта бошед дар телевизион ҳам амалиёти боздошти генерал Давлатбек Хайрзодаро нишон дода буданд, ки аз зери поли хонааш 30 миллион доллар ёфта мусодира карда буданд. Баъди боздошти ин генерал писараш Фирӯз Хайрзодаро низ аз вазифаи ёрдамчии додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор карданд.
Ман чаро ин ҳолатҳои гузаштаро навиштам.
Бубинед, ки як нафарро Раҳмонов ва оилааш чи гуна мешикананд ва молу мулкашро рӯирост, бидуни шарму ҳаё кашида мегиранд, қоқу хушк мекунанд.
Баъди онки бозорро аз дасти бародарон Хайрзодаҳо Анӯшервони набераи Ҷаноб гирифт командаи футболи «Хайр» ҳам аз байн рафт.
Дар ҳақиқат чандин бозорҳои минтақаҳои гуногунро ин авлоди гушна кашида гирифт ва ҳатто соҳибони онҳоро ба зиндон андохт. Мисоли равшани он бозори «Ином» дар Шаҳритус аст ки чанд соли пеш Муҳиби додараруси Раҳмонов кашида гирифт ва дар ҳамонҷо гуфта буд, ки номард бошаму зинда бошам гуфту ва ин лақабаш шуд.
Ҳасан Асадуллозодаи додараруси дигари Раҳмонов бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷандро тасарруф кард.
Инҳо, ин оилаи касиф фақат ҷойҳои тайёрро мегиранд ва худашон ягон чизро аз пули худашон насохтаанд ва намесозанд.
Масоҳати бозори «Хайр» беш аз 10 гектар аст. Дар ин бозор ҳам либос, ҳам хурока ва ҳам масолеҳи сохтмон савдо мешвад. Тахминан 7000 магазин дорад. Ҳар чор — панҷ сол пас мегӯянд бозорро аз нав мекунем кандан даркор аст. Ҳамаро мекананд, боз аз сари нав мехарӣ.
Магазинҳои куҳнаро канданд, дар рӯбрӯи терминали Ваҳдат- Ромит қарор дорад. Аз ҳар нуқти фурӯш 180 000 сомонӣ гирифтанд. Шумо як ҳисоб кунед, ки ин чи қадар пул мешавад? Ҳар кадоме 20.000 долларӣ. Ва ин фоида ба ҷайби Анӯшервон, ки ҳоло талабаи мактаб аст.
Боз дар қади роҳҳо картошкаву пиёзу сабзӣ, кабудӣ ва мевагӣ мефурушанд, ки аз инҳо ҳам пул мегиранд.
Ҳамон вақтҳо мегуфтанд, ки сабаби қапидани генерал Давлтбек Хайрзода ва зиндон шуданаш ва мусодири молу мулкаш ҳамин бозор аст. Онҳо омаданд барои харидани бозор, инҳо розӣ нашуданд, пас принсипиално гирифтанд. Ягон чизаш надоданд. Давлатбек Хайрзодаро подстава карда бозорро гирифтанд.
Ваҳдат
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Ваҳдат ҳастам ва як ҳодисаи ба сари худам омадаро дар бораи милисахона, аниқтараш дар бораи шӯъбаи шиносномадиҳӣ менависам.
Паспортгирӣ рафтам. Ду бор паспорт гирифтам. Ду бор ҳам нодуруст нависонданд. Паспортамро доданд. Мебиёям каса билетгирӣ, намедиҳанд. Мегӯянд, ки паспортат нотуғрӣ аст, фамилияат хато нависонда шудааст. Ин карат рафтаму боз аз сар 5 ҳазор сомонӣ додам. Дар се рӯз омода карда дод. Гуфтам дар куҷои ин имзо кунам? Гуфтанд дар рӯи расм.Дар рӯи сурат имзо кардам ва ба аэропорт омадам. Дар фурудгоҳ он қадар задандам, ки ту чаро паспортро таҳқир кардаӣ гуфта.
Ана ҳамин ҳодиса аз сари ман гузашт.
Душанбе
Ассалому алайкум бародари домулло, муборизи роҳи ҳақ, Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳи меҳрубон ин Раҳмонови алайҳилаънаро ҳарчи зудтар сарнагун созад ва мардуми тоҷикро аз чанголаш наҷот диҳад.
Бародари азиз, ин ҳикоятро порсол аз як рафиқам шунавида будам. Боз айнан ҳамин ҳолат ба як ҷияни худам рӯй дод.
Ин ҷиянам дар Русия кор мекард. Тавассути корти бонкӣ ба кадоме аз наздиконаш ба хориҷа пул мегузаронад. Ин корро чанд маротиба мекунад. Вай Тоҷикистон рафта меомад, кор мекард. Аммо як рӯз одамони хонаашонро ба 6-ой отдел даъват мекунанд ва онҳо мераванд. Онҳо аз дохил занг мезананд, ки ту барои кадом гурӯҳи мухолиф пул гузаронидаӣ: «бихез биё авфт мекунем, набошад хонагиҳоятро маҳкам мекунем мегӯянд»
Хонагиҳо, аз ҷумла як бародар ва оилаам ҳам гуфтанд, ки хез, биё.
Муфаттиш як бачаи ҷавон аз ноҳияи Фархор будааст. Гуфт, ки як видео кун парто дигар кордорат намешавем. Ба аъзои хонаамон ҳам ҳамин гапро гуфтанд, онҳо ҳам аз ман хостанд, ки навор карда фиристам. Баъд ман видео кардаму фиристодам. Баъди он аъзои хонаводаамро ҷавоб доданд.
Аз байн як моҳ гузашт. Боз хонагиҳоямонро бурданд ба шашум отдел. Ин бор настаиват карданд, ки «бхеза биёя».
Илоҷ намонд. Хестам рафтам. Аз аз садупанҷоҳ ҳазор сомонӣ зиёд пуламонро гирифтанд. Баъд «эзоҳ»ам карданд. Навиштам, ки пушамонам, дигар намекунам, маро бубахшед. Сипас гашта омадам.
Ба ростӣ худам касалиям, занам ҳам бемор аст. Дару хона надорам. Қарз карда аз саду панҷоҳ ҳазор сомонӣ зиёд дода боз гаштам омадам Русия, қарзканӣ.
Аз байн як моҳ гузашт ё не, боз хонагиҳоямонро амният бурданду ғамашон доданд. Намедонам чанд сумашонро гирифтанду сарашон доданд. Ҳатто то ба хонаи хусуру хуштоман рафтанд. Зану фарзандонам дар хонаи очааш меистанд, аз бе дару хонагиам. То картаи занамро гирифтанд, то телефонашонро проверка карданд. Картаи занамро гирифтанду бурданаш ба амният. Бо ҳамин тинҷ шуд.
Вале боз занг зада маро пурсидаанд. Гуфтаанд, ки ин одам дар куҷо аст «началник алиш шидай бояд мо и одама бубинем, ки делош бромадай».
Хонагиҳо гуфтанашон, ки «бачаҳои отдел овардан эзоҳш карданд, роиш кард».
Ва кор баъди ҳамин тинҷ шуд.
Бародар, ман намояндаи ақалиятҳои миллӣ дар Тоҷикистонам. Маро қариб статяи террорист зада мешинонданд. Ман то ҳоло қарз канда истодаам.
Маро бисёр уговорит карданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунам ва аз Русия, шаҳре, ки ҳастам маълумот дар бораи бачаҳои сумдору намозхону ришдор ва онҳое, ки зидди Раҳмонов гап мезананд, ба онҳо маълумот диҳам. Телефонамро, тамоми чизҳои дарунашро дар худашон пайваст карда буданд. Ана ҳоло як телефони нав гирифтам ва зуд бо шумо дар тамос шудам ва ин номаро навиштам.
Худованд тезтар мову шуморо пируз гардонад.
Нижний Новгород
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман ҳама барномаҳои шуморо набошад ҳам бештари онҳоро тамошо мекунам. Аз соли 2012 дар Русия ҳастам. Пештар дар як ниҳоди қудратӣ кор мекардам.
Дар соли 2014 як амниятии шинос аз Восеъро қапида буданд. Суд накарданду ҷавобаш дода будаанд. Пулро крупний додааст. Ин бародарро рафиқонаш, ки дар охраннаи Президент кор мекарданд, ҳамонҳо мебароранд ва Русия мегурезонанд. Дар пеши мо, дар стройка кор мекард. Ман дар пешаш ҳамаро ҳақорат кардам. Гурӯҳи 24, ҲНИТ ва дигар мухолифҳоро.
Ҳоло он солҳо Рустам мири шаҳр набуд. Ҳамин амниятӣ ҳамон вақт гуфта буд, Рустамро раиси шаҳр меоранд. Полний шаҳро обод мекунанду Данғараро худаш обод мекунад барои замони пенсааш. Ҳозир мебинам, ки гапи он одам баромада истодааст. Барои онки Данғараро беҳад обод карда истодааст. Гуфтааст бо Мурод мерем пенсаро дар Данғара мегузаронем. Рустам шаҳрро барои президентшавиаш полний обод мекардааст. Ин гапро соли 2016 гуфта буд он сағира.
Баъде, ки ду кас аз наздик шинос шудем гуфт, ки ба взятка қапиданд ҳамсинфом спасатам карданд гурехтам Русия омадам.
Тюмен
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз шаҳри Тюмени Русия, махсус барои «Номаҳо аз ноҳияҳо» менависам. Аз ҷураам маълумот расид, ки дӯсти амниятиаш гуфтааст, СС.Ятимов баъди дар Исроил стент мондан муддате дар хонааш, баъд дар Германия курси табобаташро гирифта омадааст. Ҳоло саломатиаш хубу кору фаъолияташро дар моҳи апрел сар кардааст. Вале дар ҷаласаҳо иштирок накарда истодааст. Аммо ҳануз ҳам ҳамон влиянияи пешинааш побарҷост.
Дар байни бачаҳои амният бо ҳазлу танз ин гап чарх мезанад, ки « бо ташаббус ва раҳнамоии муаллим пешво 9 май Москва нарафту Хитой парид» ва байни ҳам амниятиҳо механданд.Чунки бачаҳо медонанд Ятимови уйғуртабор қиблааш Хитой шудаву ба манфиати Хитой кор карда истодааст. Ба қарибӣ неву солҳост, ки бо Хитой часпондагӣ аст. Бо воситаи писараш Ворис, ки дар Хитой таҳсил кардаву бизнес дорад, алоқаро хуб ба роҳ мондагиаст, барои рӯзи сиёҳ запасной аэродромашо муайян кардагӣ аст.
Хулосаи калом Абуҷаҳл мурданӣ нест. Пул, ки дораду шароит ҳам, кор карда истодааст ҳам табобату истироҳат. Ба наздики ба истироҳатгоҳи Чорчаман ки дар Дарвоз аст рафта истироҳат карда омад….
Бародар Муҳаммадиқбол дигар чи ҳам мегуфтем. Вақте ин хабарро шунидам аз дилам гузашт, ки оқибати ин миллату давлат ба хайр бошад.
