Номаи маро алоҳида нашр кунед № 65
Ин номаро чанде аз сокинони Қубодиён, ки дар Қазони Тотористони Русия ба сар мебаранд, фиристодаанд. Дар бораи кору бори баъзе аз ҳамватанҳои дигарамон, ки дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанду барои муҳоҷирони кории тоҷик масъала в мушкил месозанд, ҳикоят мекунад. Албатта, ин қиссаи комилан нав нест. Мавридҳои монанд дар дигар шаҳру манотиқи Русия ҳам др «Ислоҳ» мунъакис шудаанд.
Аммо, бузҳову чоплусҳои Қазон, ки ҳамватанҳои худро фурӯхтаанду мефурӯшанд, бархе дар гузашта дар сангари зидди ин ҳукумат қарор доштаанд. Вале ҳоло, чи соҳириву ҷодуие кардаанд ва ё доштаанд, ки аз наздиктарин афроди мақомот, аз ҷумла амниятиҳо шудаанд. Ва, на фақат дар Қазон, дар худи Қабодиён ҳам ба ҳамин кор, бузиву чоплусӣ машғулу масруфанд. Ва шаб дар хобу рӯз дар бедорӣ ҷойи калимаи шаҳодат исми Раҳмоновро бар забон доранд.
Дар матлаб аз зани ҷавони ҳоҷӣ Раҳматулло, духтаре хурдтар аз набераи ин ҳоҷии додари Азизмои газетхонак ҳам маълумот ба даст меоваред.
Беҳтар аст ки ин навиштаро ба пуррагӣ мутолаа кунед.
Қазон
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ҳоли шумо хуб аст. Илоҳо доимо хуб бошед.
Муқаддима ва пешгуфтори тулонӣ лозим надорем ва мустақим меравем сари матлаб ва аз саргузашти бузҳо аз солҳои пеш то соли 2026- и шаҳри Қазони Тотористон мегӯем ва аз кору бори онҳо ҳикоят мекунем.
Аз соли 2005 то солҳои 2015 Гадоев Ҳикматулло Ташрипович, мутаваллиди 1966 бо лақаби Ҳикмати ЭРКФ аз ноҳия Қубодиён, қишлоқи Болошаҳр дар шаҳри Қазон раиси бачаҳои ҳамин қишлоқ буд. 80 фоизи ҷавонҳои деҳаи Болошаҳр дар Қазон кору зиндагӣ карда бисёриашон таҳҷоӣ ҳам шудаанд.
Ин кас аз кудакиаш бо модараш ва сағира калон шудааст. Фарзанди охирони оила аст. Ин бо ҳамроҳии як бузи дигар, ки инаш низ аз Болошаҳр бо ному насаби Мудинов Шамсулло Маҳмадсафарович робита ва дӯстии наздик дорад ва ҳамаи «корҳояш» бо се ҳарфаҳои Қазон аст. Дар фурудгоҳ самолёти Тоҷикистонро қабул ва гусел мекунад. Рӯирост ва ошкоро бузӣ мекунад, бе ягон шаку шубҳа.
Ҳоҷӣ Ҳикмат бо лақаби Эркф одами дурӯя дар ҳарду тараф кор мекунад. Ин бисёр зираку ҳиллагар аст. Агар дар оби дарё партоияш аз он тарафи соҳил, баданаш қоқ, тар ношуда мебарояд. Чандин одамҳоро депорт кард.
Дар байни мардум ҷангу фитнаангезӣ мекард. Охир роҳбару раис набояд бо ҳама мардуми як қишлоқ ин хел рафтор дошта бошад.
Ин худаш болошҳрӣ нест. Аз Самсолиқ кадом вақте омадааст. Саводи диниву ухравӣ умуман надорад. Лекин аз тарафи ҳукумати Раҳмонов дастгириаш карданд. Барои онки бузи ҳамонҳо буд.
Вақте интихоботи Маҷлиси намояндагон баргузор шуд Муҳиддин Кабирӣ сафар карда буд ба шаҳрҳои гуногун. Корея рафта буд. Бо ҳамроҳии якчанд нафар муҳоҷирон вохӯриву саволу ҷавобҳо шуд. Баъд тарафи Русия омад ва аз ҷумла ба шаҳри Қазон. Ин Ҳикмат Кабириро ба хонааш даъват мекунад.
Меҳмонии Кабириро мегузаронанд,ба он хотир,ки ин тараф яке худо кунад, соҳиби давлату ҳукмронӣ шавад, боз ба ин ҳизбиҳо мечаспонем. Аммо дид чизе нашуд баргашт ба он тараф….
Солҳои пеш бо як бародари дар ҳамсоягиаш дар шаҳри Алмаато дар якҷоягӣ кору бор мекарданд. Мобайни ин ду нафар чи гапе мешавад. Ба гуфте ҳоҷӣ Ҳикмат чанд суме бояд аз ҳамкори худаш гирад. Дар асли кор Гадоев Ҳикматулло Ташрипович неправ буд. Номи он нафар барои мо маълум нест. Лекин дар ҳақиқат ин боз ҳақ ва сум талаб кардааст, на балки ба сухани хубу ором, балки бо дӯғу пуписа ва зӯрӣ ва он ҳам дар дохили хонааш, дар пеши зану фарзандҳояш. Миқдори сумаш ҳам барои мо маълум нест. Ин соҳиби хона ҷавоб медиҳад,ки ту омада дар сари ману хонаи ману пеши кудакҳои ман ин қадар арасту дағдаға дорӣ, як сум ҳам намедиҳам ва пул, мул нест ба ту, пошёл вон гуфта аз хона бадараш мекунад.
Ин Гадоев Ҳикматулло Ташрипович бошад Тоҷикитсон меравад. Чанд вақт мегузарад. Бо ҳамроҳи бачаҳои Қурбони Чол, яроқбадастҳо, шабакӣ ба хонаи додари ҳамон одами дар Алмаато буда меояд. Ин одам қорӣ буд. Барои халқи Болошаҳр дар маросими мурдаву мусибат бисёр хизмат мекард, то ҳатто аксарияти ҷасадҳоро даруни қабр мемонад ва дар вақташ падари ҳамин хонадон ин Гадоев Ҳикматулло Ташриповичро таҳти назорати худаш калон карда буд. Ин бечораи қориро шабона аз пеши фарзандон ва падари касалиаш яроқбадастҳои Ҳикмат бо ҳамроҳии ин авбошҳо мебаранд тарафи мазор ва грузит мекунанд. Ҳаҷми маблағро намедонем. Онҳо ночор мешаванд,ки дар байни чанд рӯз сумро пайдо карда диҳанд.
Ин Гадоев Ҳикматулло Ташрипович ҳамсояи чандсола дар ҳақи ин хонадон ҳамин ҳолро ба сарашон меоварад. Ин қорибача чандин нафар аз бачаҳои деҳаро дарс дода ва соҳиби саводу огоҳӣ аз Қуръон карда буд.
Ҳамон шабурӯзе, ки ин ҳодиса иттифоқ меуфтад модари ин хонадон бо бемории қалб аз дунё мегузарад. Ин бародарҳо ҳам 5 нафар буданд. 4 нафарашон бо сабаби беморӣ ва дигар ҳолат аз дунё гузаштанд. Шахсан дар ҳақи ман ҳам камбудӣ кардааст. Барои ҳамин алами диламонро дар ин нома ба шумо изҳор доштем.
Бародари гиромӣ, ноҷавонмардиву зулму ҷабри Гадоев Ҳикматулло Ташрифович нисбати ҷавонону муҳоҷирон зиёд шуд. Баъд бачаҳо ҳамакаса бо маслиҳату машварат сарҷамъ шуда ӯро аз раисӣ озод карданд ва ба ҷояш як Сабриддин гуфтаниро, ки сокини Қубодиён вале аз ҳамсояқишлоқ аст, гузоштанд. Аммо ин хатоии калон шуд. Чунки аз дохили 400 нафар болошаҳрӣ ёфт нашуду раисро аз дигар ҷойю қишлоқ гузоштанд.
Дар бораи Сабриддин ягон информатсия нест. Лекин ин Гадоев Ҳикматулло Ташрипович ҳамроҳи Шамсулло бо лақаби Бен Ладен шуд. (инҳо бояд ҳар кадомашон бо рости худ кличка доштанашон даркор будааст. То мардум гуяд,ки инҳо зуранд)
Дар боло қайд кардем, ки дар аэропорт кор мекунанд. Чи гуноҳе ҳардуяш мекунанд, ки гурехта ба Туркия, ба шаҳри Истамбул мераванд. Онҷо як сол меистанд. Дар онҷо бо як қорӣ-мошеники дигар аз Колхозобод ба ном Қорӣ Сайфиддин Тоҷов аз кучаи Айнӣ корро шурӯъ мекунад. Авлоди ин қорӣ ҳамаашон одами Ҳасан Асадуллои шикамба, гуфти худат, то ҳатто бародари калониаш бо гуфти як айнигии худашон чупони Ҳасан Асадуллозода аст. Даҳмарда, номаш Сироҷиддин. Инҳо аслашон ғармӣ, аз Шулмаки Ғарманд. Лекин дар, дар Айнӣ Колхозобод зиндагӣ мекунанд. Дар онҷо ин қорӣ пулҳои худаш ва Гадоев Ҳикматулло Ташриповичи қазониро Музораба гуфта ба савдогарҳои тоҷики худамон медиҳанд. Наздики 20 000 доллар ва аз пули додагӣ аз ҳисоби даромади онҳо ин қорӣ Сайфиддину Ҳоҷӣ Ҳикмат пул мепурсанд, ба шакли протсент ва хонаи чанд нафар бечораи тоҷикро месузонанд, аз барои ин музораба.
Шамсулло бо лақаби Бен Лоден Қазон занг зада бо шиносҳои 3 ҳарфааш корҳои дохили худашу Ҳикматро тинҷ карда ва боз ба Қазон бармегарданд бо ҳамроҳи қорӣ Колхозободии мошеник. Ин қорӣ бисёр забони дағал дошт. То ҳатто фарзанди падари худашро барои сум фалонизан мегуфт. Бисёр чашми фасоду ҳаром дошт. Занҳои шавҳардорро интересоват мекард ва Гадоев Ҳикматулло Ташрипович бошад аз ҳамин қишлоқи Болошаҳр чанд духтари мардумро гирифта мобайни роҳ кард. Вай ҳозир дар Қабодиён ва кораш бо амнияти Қабодиён заминхариву заминфурушӣ аст. Дар 20 ҳазор як гектар харид через исполкоми району амният кусок 3-4 сотих карда ба любой кас қимат карда мефурушад. Хеле узбекҳоро овардааст. Намедонам ягон вақт модараш пеши узбекҳо меҳмонӣ рафта бошад, ки ин қадар ба онҳо шанс медиҳад ва эҳтиром мекунад. Аз ҳама бузи калон кличка эркф. Ҳеҷ кас ягон гап гуфтааш наметавонад. Чунки завтрак, обед ва ужин бо амниятиҳо аст.
Дар даври саюз дар ду район ин қишлоқ дар ҳамаи бора зур буд. Ҳозир бошад ин бузҳои амниятпараст ҳамаро расво карданд. Тамоми қишлоқ пур аз узбеку араб шудааст. Кор ба ҷое расидааст, ки занҳои муҳоҷирони ғармиро, яъне тоҷикҳоро аз дасти ҷаллодову ҳаромҳои буз таҷовуз мекунанд. Чи қадар ва то ин дараҷа мардум беномус шудааст.
Муҳиддинов Шамсулло бошад аз номи ФСБ шиносаш документ туғрӣ мекунам, ёрдам мекунам гуфта аз муҳоҷирон бо фиребу найранг пул меситонад. Вале ягон кори ягон касро буд намекунад ва пулҳояшонро ҳам бар намегардонад. Ягон даъво кунӣ сразу упакуют -ягон статя мезанонад ё шаҳрвандиатро бекор ё депорт- отправка ба Тоҷикистон, ба назди қассобҳо. Дод аз дасти ин ду-се нафар. На дар Тоҷикистон ва на дар Тотористон ҳол надорем.
Аз сагу гурбаи мардум ин Муҳиддинов Шамсуллои Бен Ладен қарздор аст. Лекин боз дар Тойота кемрии последний модел мегардад. Инҳо ҳамааш Ҳикматаш ҳам, Шамс ҳам ва дигараш ҳам моялесу чоплус ва золимпарастанд.
Баъди озод кардани ҳоҷӣ Гадоев Ҳикматулло Ташрипович аз раиси бачаҳои Болошаҳри Қабодиён бар сари онҳо ҳоҷӣ Сайд омад, ки аз омадни он ҳам кам вақт нагузаштаст.
Ҳоҷӣ Сайд самый ҷонфидои Ҷалаби олӣ. Ин кас ҳар сол ҳаҷи умра меравад, ба мисли Раҳмонови бобиаш. Фарзӣ намеравад. Гуфтааст, ки «то бобим Эмомалӣ ҳаҷи фарзӣ нарава манам намерам».
Ин бо худаш дар гирду атрофаш патсан ҷамъ мекунад Номаш ҳоҷӣ Сайд, бо лақаби папугай.
Одамҳои гирду атрофаш аз инҳо иборатанд:
1.Хушвақтов Қурбон Раҳмуллоевич,бо лақаби қопча;
2.Қудратов Асадулло Зайдуллоевич,бо лақаби протсентияк (ба он хотир, ки мардумро протсент медод,д игар номи асосиаш дар байни мардум фаромуш шуд).
Инҳо ҳам аз пеши худ чандин темаҳо мезананд ба мисли корҳои хайру садақот аз мардум ҳар ҳафта рузҳои ҷумъа пул ҷамъ карда бо хонаи камбизоатон ва маъюбон равона мекарданд ба номи раиси маҳалла Нозимзода Ҳасан Фозилович. Дар ҳақиқат ин раиси маҳалла инсони фаъоли бо адаби хуб аст. Пулҳои кумакиро бурда, боз навишта карда ба камбизоатону беморону маъюбон мерасонд. Мушкилиаш дар он аст ки ин 3 нафари болоӣ, он қадар ба бовари инсон нестанд. Хушвақтов Қурбон Раҳмуллоевичи қопча як бангӣ аст. Боз ба ҳамин ҳолаш раиси ҷавонони Қазон аст. Яъне болошаҳриҳои Қабодиёнро панду насиҳаттгар.
Инҳо питачок доранд ва гоҳ -гоҳ дозазанӣ мекунанд. Гуруҳи ҷавонҳо ана инро панду насиҳат мегӯянд, ёд гиранд дигарҳо астағфируллоҳ. Аллоҳ ҳидояташон кунад. Боз ба сари баъзе одамҳо ман зурам гуфта зӯрӣ ё буқагӣ ҳам мекунанд. Инҳо ҳамаашон бузҳои ин ҳукумати номардону палидонанд, ки дар мулки мусофириву ғарибӣ ба сари ҳамдиёру тоҷики худат ин қадар ҷабру ситам меоранд. Хок дар сари шумо барин «райсой бангӣ».
Бародари азизу гиромӣ Муҳамадиқболи Садриддин! Чи хеле режим дар Тоҷикистон бо зулму шиканҷа давом дорад, дар аксарияти шаҳрҳои Русия ҳам ин ҳолатҳо ҳаст. Барои инсонҳои адолатхоҳу ҳақгӯ аз дасти ин чоплусҳову моялесҳову бузҳо ҳол нест. Бовар кунед, ин ҳамааш ба фармони амнияти Тоҷикистону вазорати дохилиаш аст. Вагарна инҳо ҳеч ғалате хурда наметавонанд ва дух ҳам намекунанд. Лекин аз тарафи Тоҷикистон «добро» доранд.
Ин Асадулло Зайдуллозода бошад бо зулми протсенти ҳаромаш хонаву бизнесҳои чандин нафарҳоро расвову хароб кард. Ошкоро протсент медиҳад. Бо протсент хонумони чанд касро сузонд. Аллоҳ хор кунад ин хел инсони бадбахтро. Одами бадрафтор, забони қабеҳ дорад. Ҳисобаш гум аз руи протсент хурӣ. Дар афту башарааш нуру қут намондааст, мисли шайтон шудагӣ аст.
Барои 4 руза нафси дунё, афсус, ки гуру қиёматашро месӯзаду мардуми бечораро бехонаву дар мекунад. Ин чӣ бадбахтист? Ҳамаашон амниятро аз пули мардум доля медиҳанд.
Раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат дар вақти митинги соли 92 бо худораҳматии Қадриддин Аслонов кор мекард ва тоза опозиционер ҳам буд. Гуреза шуда бо бародараш Мирзоҳиммат Афғонистон мераванд. Бародараш дар гурӯҳи Раёсати муҷоҳидини тоҷик буд, ҳозир бошад одами ҳукумат. Ҳеҷ бовар намеояд, Мирзоҳиммат раиси нотариуси ноҳияи Шоҳмансур ва корду нонашон дар равған. Инҳо ҳам мисли ҳамон Ҳикмати гуфтаам як дуруябоз. Тарозуро нигоҳ мекунанд. Барои вазифа ва барои Ҷалаби олиашон ин авлоди Сабурзодаҳо ҷонашонро медиҳанд.
Роҳи сентри Болошаҳр- 1километру 200 метр масофааш буд, мумфарш карданд. Сокинони Қубодиён дар шаҳрҳои Русия, аз дохили деҳаи Болошаҳр пул ҷамъ карданд. Ҳар кас вобаста ба будаш аз 10 ҳазор то 450 ҳазор маблағгузорӣ карданд. Ҷамъи пулҳо 12 миллиону 600 ҳазор сомонӣ шуд. Асфалтро заказ мекунанд, кор сар мешавад. Аз ду тараф латок ва роҳ асфалт. Дар вақти роҳро сохтан ин ҳарсе шефҳо мераванд иштирок мекунанд. Сайд, Қурбон ва Асадулло. Роҳро ба анҷом мерасонанд дар муддати 1моҳ зиёдтар. Аз байн чанд вақт мегузарад. Асфалт хом буд, ё роҳи зери асфалт сахту ҳамвор накарда будааст, ки роҳ дар пайи аввалин боронгариҳо ба хароба мубаддад мешавад. Баъд гапу хабар зиёд мешавад, ки наход дар масофаи ин қадар роҳ 13 млн расход кунеду бесифат кунед,бо «качества накнен». Ғайр ин боз аз дохили қишлоқ ва аз шаҳри Душанбе то ҳатто арабҳо кумак карда буданд, ин ҳама пул куҷо шуд? Ё, Аллоҳ.
Баъди ин норасоиҳо мардум каме гапу чап карданд. Лекин ин се нафаре, ки ному нишонашонро дар боло зикр кардем, мардумро аз амниятиҳо тарсонданд ва касе гап задаву даъво карда натавонист. Каме дертар маълум шуд, ки аз ин пул ин се моялес ҳақи амниятиҳоро дода будаанд. Дар инҷо ба фикри мо раиси маҳалла в курсе набошад даркор. Ин кору ин асрорро ҳоҷӣ Сайд бо ду нафари бовариаш медонад ва шояд дода бошад. Баъди ана ҳамин корҳо ҳоҷӣ Сайд омада дар Қазон дар 450 ҳазор Нива мехарад ва маълум мешавад, ки пул куҷо шуд. Ҳозир бошад дар группаи болошаҳриҳо ташкилкунандаи кору бори қишлоқ чоплуси 1 ум номер ҳамеша Ҷаноби Олӣ гуфта дар голосовойҳояш дод мезанад ва аз ҳамаи авлодаш номи Ҷанобашро зиёд мегирад.
Мо ҷавонон дар як кору чиз ҳайронем, ки кошки ҳамон ҷанобпарастҳоро худи Раҳмонов шиносад. Ҳадди ақал ҳамин таърифу тавсиф ва дуъои неке мекунед, ки соябони сари ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ доим бошад, шахсан ҳоҷӣ Сайд дар ҳар як баромаду овозмониаш аз Ҷанобаш ёдовар мешавад. Чунки ин палиди бузи чоплус фардо дар қиёмат бо ана ҳамин Ҷалаби Олиаш назди Аллоҳ ва Расулаш мехезад ва ҷавоб медиҳад -сад дар сад.
Мегӯянд соҳибкор аз ҳамин деҳаи Болошаҳр Маликов Зафар Миёнҷонов дом сози пеши шаҳри Душанбе мебошад. То ҳатто Рустами Эмомалӣ дигар домсозҳоро гуфтааст, ки аз Маликов Зафар домсозиро ёд гиред.
Ин кас кам ҳам бошад дасти бахайр дорад. Ҳар моҳи рамазон шояд хайр ё ки пули закоташ бошад ба мардуми Болошаҳр ба ҳар сари як хоҷагӣ як линча орд ва як 5 литрӣ равған кумак медиҳад. Дар Болошаҳри Ғарм як мактаб месозад ва порсол дар Болошаҳри Қубодиён, яъне ҷой таваллудаш ва зодгоҳаш як мактаби замонавӣ бо ҳама ҷиҳозаш сохт. Як миллион доллар сарф мекунад. Сохтмони мактаб тамом шуд.Имсол ба фаъолият мепардозад.
Ин Зафари домсоз Қурбонов Зафар бо Муроди телехи Раҳмонов қудо аст. Лекин зарару зиёнаш ба ҳеҷ кас нарасидааст. Як додар дошт,ки як –ду сол пеш бо сабаби беморӣ аз дунё даргузашт. Мактаби сохтаашро ба номи бародараш Бахтиёрҷон Маликов гузошт. Ин бечора чиқадар аз ҳукумат метарсад. Вагарна дасти бахайр дорад. Падараш дар давраи Союз дар маориф кор мекард, аз дунё гузашт. Аллоҳ раҳматашон гардонад.
Бародари гиромии азизу ғамхори миллат! Бахудо қасам, чи қадаре гуем миллат бисёр дар азобу хориву зиллат аст аз дасти ин бераҳмҳову чоплусҳову ҷанобпарастҳо. Бахшиш,ки шояд нома як каме омехта шуд. Ҳоло мегузарем ба кору фаъолияти раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат,ки дар вақташ советники шодравон Қадриддин Аслонов, собиқ риси Шӯрои олии Тоҷҷикистон, ки снади истиқлоли двлатиро имзо гузоштааст, Аллоҳ раҳматаш кунад буд. Аслонов,Ҷиёнхон Ризоев ва эшони Саид Ашраф аз дасти Фронти халқӣ ба таври даҳшатнок кушта шуданд.
Ин 3 нафар Раҳмати Давлати Сабурзода дар Болошаҳр бо ҳамроҳи як холабачаи худаш бо номи Мирзо ва бо лақаби Бузак (50сола,солҳои пеш ҳам бузакаш мегуфтанд,чунки буз буд ҳамон вақт ҳам) ба ин ҳам аз бинӣ боло ҳеҷ кас гап зада наметавонад, мардми бечора бо 3 ё 4 бачаву набераҳои зиёду келинҳо бо 4 сотих ё 5 сотих зиндагӣ мекунанд. Ин Мирзо бо ҳамроҳи раиси холабачааш чандин гектарҳоро гирифта аз худ кардааст: «кияй гап зан, ман холабачам раиси ноҳия. Ман қати ҳоҷӣ Раҳматллой хусурбачай ҷанобум, зурта ришоткада ҷой менм».
Ин бузаки Мирзо гапаш ҳамин аст.
Ҳозир барои раиси ноҳия шудан мубориза рафта истодааст. Як гурӯҳ эшонҳо мегӯянд аз Пахтакори Қубодиён бояд раис бишавад, онҳо ҳам одами ҳукуматанд.
Ин раиси ҳозирааш ҳам борба за власти. Сабурзода мегӯяд «ман одами ҷанобам, хдаш мара и района додаст, хело ободиву пешравӣ кардам. Ба Ҷаноби олӣ кору кирдорам маъқул шуд. Гуфт ҳоли вазифада мести».
Аммо намегӯяд, ки ин ободиҳоро ҳамаашро мардум бо пули Русия мекунанд, вале номи кӣ мебарояду бо ташаббуси пешвои миллат ё раиси ноҳия эълон мекунанд. Ин Сабурзода Давлат агар як сумаш ноҷо аз ҷебаш барояд, талхакаф шуда дар ҷояш мемурад. Ин авлод ҳамин хел кунпучи мурдаанд. Ягон инсони камбизоатро дастгирӣ намекунад, ба ҳамин хотир ободии деҳаву ноҳия, ҳамаро бечораи мардум кард.
Ин Сабурзодаву ҳоҷӣ Раҳматулову Муҳиби номард бошам зинда бошам як тин ҳатто дар корҳои ҷамъиятӣ-ободиву пешравӣ харҷ намекунанд. Раиси бозор аввал Толиб гуфтанӣ одам аз таҳҷоиҳои ноҳия буд. Сипас вақте Раҳматулло омаду худашро ҷо кард, Толибро сур кард ва ба ҷояш як ғармибачаро монд. Ин бача аз қишлоқи Максим Горкий ва Зиёрат ном дорад. Назди даромадгоҳи ноҳия -қишлоқи Сари бичун ҳам мегӯянд. Барои раиси бозор шудан хоҳари ҷавони хонаашро мебарорад ба Раҳматулло медиҳад. Чанд сол мешавад, ки кор карда истодааст. Доляи асосиро Раҳматулло мегирад. Ин Зиёрат ҳам як золими зараррасон аст,ҳамеша бо властдорҳо аст. Ҳатто ҳамдеҳаву ҳамсояҳояшро дастгирӣ намекунад.
Дар ноҳияи Қубодиён ҳам зулм дар авҷ аст. Дод аз дасти бузҳо ва чоплусҳо. Ҳамин Зиёрати беномусро Фронти халқӣ ду акаашро ваҳшиёна ба қатл расонд. Боз бин чи кору бор? Хоҳарашро дед Раҳматулло духтари аз худаш чандин сол майда зада хоб аст. Марг ба ту барин даюс, ки хоҳаратро барои вазифа фурушӣ! Туф кардем дар афту башараат. Шарманда-пазор.
Дохили мактаб расмҳои Қаҳрамонони миллат, ки якеаш Ҷаноби холӣ ё ҳамон Ҷалаби олиашон аст. Аксе,ки аз болои қаҳрамонони миллат мебинӣ Эшони Мустақим мегӯянд, падараш Атохуҷа ном дошт. Аллоҳ раҳматаш кунад, инсони бо имону бо виҷдон буд. Лекин ин Эшони Мустақим аз таҳпуши русҳо ҳаромтар аст. Келини ҳамсояашро бесатр кард, ҳама фаҳмид ва аз деҳа шармсор баромада рафт. Як хонаро, яъне як оиларо вайрон кард. Аммо ҳамааш кори тавба аст. Зани худаш ин касро аз хонааш пеш кард. Ба хотири онки ин дар Русия буд. Занаш дустдоштаашро интихоб карду ҷавоби ин касофатро дод, яъне, ки «измена» шуд.
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Аз Қазон то Қубодиён роҳ дур аст, аммо номаи расида дарду нигаронии муҳоҷирро ба мушкили зодгоҳаш пайванд медиҳад. Дар ин нома аз муносибати бархе роҳбарони ҳамватанон, ваъдаи ҳалли ҳуҷҷатҳо, қарзу маблағгузорӣ, ҷамъоварии пул барои роҳ, тақсими замин ва рафтори масъулони маҳаллӣ шикоят шудааст. Инҳо иддаоҳои ҷиддиянд ва бояд бо санад санҷида шаванд. Аммо як чиз равшан аст: ҳар шикоят посух мехоҳад ва ҳар маблағи ҷамъиятӣ ҳисоб.
Эй онҳое, ки худро раиси муҳоҷирон, ҳоҷӣ, қорӣ ва ғамхори ҳамватанон муаррифӣ мекунед! Ин номҳо масъулиятанд. Муҳоҷир ба шумо муроҷиат мекунад, то гиреҳе аз кораш кушоед. Агар ба ҷойи кумак ӯро тарсонед, аз ноогоҳиаш истифода баред ё ҳаққи пурсидани пулашро аз ӯ бигиред, пас ин чӣ гуна ҳамватаниву роҳбарист?
Касе, ки барои дуруст кардани ҳуҷҷат пул мегирад, бояд равшан гӯяд: барои кадом хизмат, бо кадом шарт ва дар кадом муҳлат? Агар кор анҷом нашуд, сарнавишти маблағ чӣ мешавад? Ба шикояти муштарӣ бо номи ФСБ, амният, депорт ё бекор кардани шаҳрвандӣ ҷавоб додан қобили қабул нест. Агар иддаоҳои номанависон дар ин бора дурустанд, онҳо санҷиши мустақил мехоҳанд.
Ба онҳое, ки аз номи дин муомилаи молӣ мекунанд, низ савол дорем. Номи «музораба» гузоштан худ ба худ дурустии як муомиларо исбот намекунад. Шартнома куҷост? Тарафҳо аз шартҳо огоҳ буданд? Фоидаву зарар чӣ гуна тақсим мешуд? Қарзро бо чӣ роҳ талаб мекардед? Ҳеҷ унвони динӣ набояд сипари фиреб, таҳдид ё поймол кардани ҳаққи дигарон шавад.
Дар нома аз ҷамъоварии кумак барои камбизоатон низ гуфта мешавад. Кори хайр бо боварии мардум пеш меравад ва ин боварӣ бо ҳисоботи равшан ҳифз мешавад. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд, чӣ қадар расид ва чӣ қадар харҷ гардид? Ба ин саволҳо ҷавоб додан обрӯи хайрро боло мебарад. Ҳамзамон, шаъну махфияти ниёзмандон бояд ҳифз шавад: кумак набояд ба воситаи намоиш ва миннатгузорӣ табдил ёбад.
Масъулони ҷамъоварии пули роҳи Болошаҳр! Номанависон аз маблағи 12 миллиону 600 ҳазор сомонӣ барои роҳи як километру дусадметра ёд мекунанд ва аз сифати он шикоят доранд. Ин рақам ва иддаои хароб шудани роҳ ба санҷиш ниёз доранд. Ҳисоботи даромаду хароҷот, шартномаи пудратчӣ, санадҳои қабули кор ва натиҷаи санҷиши сифатро пешниҳод кунед. Агар хароҷот асоснок ва кор босифат буд, далелашро нишон диҳед. Агар камбудӣ ҳаст, масъули ислоҳи он кист?
Харидани мошин ё доштани моликият, ба танҳоӣ, далели аз худ кардани пули роҳ нест. Барои муайян кардани сарнавишти маблағ санад лозим аст. Аз ҳамин сабаб, талаби мо мушаххас аст: ҳисобот диҳед, то ҷойи гумону овозаро далел бигирад.
Сабурзода Мирзодавлат ва дигар масъулоне, ки дар нома аз онҳо ёд шудааст! Дар бораи тақсими замин, фаъолияти бозор, таъйини масъулон ва муносибат бо сокинон посух диҳед. Хешовандӣ набояд имтиёз оварад ва шаҳрванд набояд барои пурсидани ҳаққаш худро бепаноҳ эҳсос кунад. Қарорҳо, меъёрҳо ва асоси амалҳоятонро равшан намоед.
Агар роҳу мактаб бо маблағи муҳоҷирон ва соҳибкорон сохта шудааст, саҳми онҳоро ошкоро эътироф кунед. Ободӣ аз заҳмати мардум бошад, қадрдонӣ низ бояд насиби мардум гардад. Номи мансабдор набояд номи саҳмгузорро пӯшонад. Ҳеҷ таърифу шиоре ҷойи ҳаққи коргар, сифати роҳ ва адолат дар тақсими заминро намегирад.
Дар ҳамин нома аз кумаки раиси маҳалла ба ниёзмандон ва саҳми соҳибкор дар сохтмони мактаб низ ёд шудааст. Ин ҷиҳатҳоро ҳам бояд бо ҳамон меъёри санҷиш баррасӣ кард. «Ислоҳ» бояд ҳам кори некро бинад ва ҳам камбудиро. Наздикӣ ба ҳукумат худ ба худ гуноҳи касеро исбот намекунад, чунонки унвони ҳоҷӣ ё мансаби баланд дурустии тамоми рафтори ӯро кафолат намедиҳад.
Нома ҳамчунин иддаоҳоеро дар бораи зӯроварӣ, муносибатҳои оилавӣ ва рафтори шахсӣ дар бар мегирад. Ин бахшҳо эҳтиёти бештар мехоҳанд. Зану духтар набояд барои рафтори бародар, шавҳар ё хешовандаш мавриди таҳқир қарор гирад. Иддаои зӯроварӣ бояд ҷиддӣ санҷида шавад ва шаъну амнияти осебдида ҳифз гардад. Дардро бояд ошкор кард, бе он ки ба дарди инсон дарди дигаре зам намоем.
Ҳамчунин, баҳси замин ва сӯиистифода аз мансабро набояд ба баҳси қавму маҳал табдил дод. Тоҷик, ӯзбек, араб ё сокини ҳар минтақа будан далели айб нест. Меъёр бояд амали шахс, ҳаққи шаҳрванд ва риояи қонун бошад.
Ҳикматулло, Шамсулло, Сайд, Қурбон, Асадулло ва дигар нафароне, ки дар ин нома аз онҳо шикоят шудааст! Агар иддаоҳо нодурустанд, бо далел рад кунед. Агар иштибоҳе кардаед, ислоҳ намоед. Агар ҳаққи касе бар гарданатон мондааст, баргардонед. Ҷустуҷӯи номанавис, таҳдиди наздиконаш ё фишор ба муҳоҷир посух ба моҳияти шикоят нест. «Ислоҳ» омода аст посух ва санадҳои шуморо низ бишнавад.
Ҳамватанони азиз дар Қазон ва сокинони Қубодиён!
Барои ҳимояи ҳаққи худ ба санад такя кунед. Расид, шартнома, мукотиба, санаи воқеа ва маълумоти шоҳидонро нигоҳ доред. Он чиро худ дидаед, аз шунидаҳо ҷудо нависед. Рақамеро, ки дақиқ намедонед, дақиқ вонамуд накунед. Ҳақиқат бо дақиқӣ қавӣ мешавад.
Ин «Номаи маро алоҳида нашр кунед» №65 буд. Ба «Ислоҳ» нависед: дар бораи пули роҳ, ҳуҷҷатҳои муҳоҷират, музди меҳнат, қарз, замин, мактаб, бозор ва шикоятҳои бепосух. Ҳангоми ирсоли мавод амнияти худ, шоҳидон ва осебдидагонро ба назар гиред.
«Ислоҳ» дар хидмати шумост — барои шунидани дард, санҷидани иддао ва талаб кардани посух. Пули муҳоҷир бояд ба зиндагии беҳтари мардум хизмат кунад. Заҳмат аз шумост; ҳаққи ҳисоб пурсидан ҳам аз шумост!
