Раҳмонов аз манзаре дигар….

Ислоҳ нет

Ҷоиза ба китоб, суол ба «муаллиф»

«Тибқи қарори ҳайати доварони Озмуни VII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» дар номинаи «Муколамаи фарҳангҳо» сазовори ҷойи аввал гардид.(Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ рӯзҳои 2-3 октябри соли 2025 дар Маскав баргузор шуд.)

Бояд зикр намуд, ки қаблан низ китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номинаи «Илм ва ҳаёт» ғолиби Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ шуда буд».
   https://navisandagan.tj/15.12.2025

         Раҳмонов аз манзаре дигар….

 (қисми дуввум)

Дар Тоҷикистон китоб навиштан дигар ҳунар нест — мансаб аст. Агар курсӣ дошта бошӣ, нависанда мешавӣ; агар вазир бошӣ, шоиру драматург; агар президент бошӣ, муаррих, забоншинос, исломшинос, мавлоношинос ва мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ мешавӣ. Дигар на шабзиндадорӣ лозим аст, на мутолиа, на сиёҳнавису дастнавис ва на умре дар пайи калимаву маънӣ сӯхтан. Курсӣ ҳаст китоб ҳам ҳаст, унвон ҳам ҳаст, ҷоиза ҳам ҳаст!

Ба номи Эмомалӣ Раҳмонов беш аз сад китоб нашр шудааст. Китобҳоеро, ки корвони уштурҳо ҳам аз кашондани онҳо монда мешавад. Аз таъриху давлатдорӣ то забону ориёиҳо, аз Имоми Аъзам то Мавлоно — соҳае намондааст, ки қалами «пурэъҷоз»-и Ҷаноби олӣ ба он нарасида бошад. Гӯиё Тоҷикистон на раиси ҷумҳур, балки як академияи зиндаи илм дорад, ки рӯзона давлат меронад, шабона таърих менависад ва миёни ду сафар асрори Мавлоноро мекушояд.

Аммо як саволи сода ҳаст: ин ҳама китобро кай навишт?

Раиси ҷумҳуре, ки реҷаи ҳар рӯзу ҳар соаташ аз пеш муайян аст; сафар, маҷлис, мулоқот, суханронӣ, ифтитоҳ, қабули меҳмон ва боз сад кори дигар дорад, дар кадом фурсат беш аз сад китоб навишт? Сиёҳнависҳояш куҷоянд? Дастнависҳояш куҷоянд? Дафтарҳои қайд, тарҳҳои аввалия ва таҳрирҳои чандинкаратаи ӯ куҷоянд? Магар як нафар метавонад то панҷоҳсолагӣ як мақолаи ҷиддӣ нанависаду баъд ногаҳон ба муаррих, муҳаққиқ, исломшинос ва мавлоношиноси «пурмаҳсул» табдил ёбад?

Аҷибтар аз ҳама ин аст, ки ҳукумате, ки дар дохили кишвар нисбат ба масҷид, мадраса, риш, ҳиҷоб ва таълими динӣ сиёсатҳои маҳдудкунанда пеш мебарад, раҳбарашро ҳамчун шиносандаи Мавлоно муаррифӣ мекунад. Мавлоное, ки тамоми ҳастӣ, андеша, ирфон ва осораш аз Қуръон, ҳадис, намоз, рӯза ва муҳаббати илоҳӣ об мехӯрад. Пас, ин ихлоси ногаҳонӣ ба Мавлоно аз куҷо пайдо шуд? Раҳмонов куҷову Мавлоно куҷо?

Инҷо дигар сухан танҳо аз китоб нест. Сухан аз сохтани чеҳраи сунъии як «донишманд», аз истифодаи мактабу донишгоҳ, радио, телевизион, нашриёт, озмун ва пули давлат барои таблиғи он чеҳра аст. Китобҳо ба номи ӯ чоп мешаванд, аз тариқи радио қироат мешаванд, дар муассисаҳои таълимӣ омӯхта мешаванд ва барои беҳтарин хонандаи онҳо аз буҷет ҷоиза медиҳанд. Яъне миллат бояд на танҳо ҳукмронии ӯро таҳаммул кунад, балки осорашро бихонад, аз бар кунад ва барои «донистан»-и он мусобиқа намояд.

Дар ин қисми силсилаи «Раҳмонов аз манзаре дигар…» мепурсем: пушти ин корхонаи азими китобсозӣ кист? Муаллифи воқеӣ кист? Китоб барои маърифат аст ё барои сохтани буте аз коғаз? Ва чаро дар кишваре, ки нависандаи воқеӣ саркӯб ва нашриёташ баста мешавад, китобҳои раиси ҷумҳур бо пули давлат чоп, таблиғ ва ҷоизадор мегарданд?

Ин бор Раҳмоновро на аз минбари сиёсат, балки аз пушти рафи китобҳояш тамошо мекунем. Рафе пур аз китоб — аммо ҳамоно холӣ аз посух.

Нависандаи беш аз сад китоб: муаллиф кист?

   «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ» ва «Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон» номи ду китобе аст, ки якеро нашрияи расмии “Ҷумҳурият” ва дуввумиро Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ чанд рӯзи пеш рӯнамоӣ карданд.

«Ховар» баъди як рӯз боз як хабари дигар чоп кард:

«Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо нашриёти «Хирадгон» китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хатти форсӣ (бо нависагардонии Суҳайло Юсуфӣ) ба нашр расонид».

   Китобҳои навиштаи Эмомалӣ Раҳмонов ва китобҳои навишта дар бораи ӯро корвони уштурҳо, ки чи дулану поезду самолёт кашонида наметавонанд, камиву майдагӣ мекунанд. Чанд соли пеш ҳатто аксҳои Раҳмоновро китоб карданд. Китоби 300-сафҳаии аксҳои Э.Раҳмонов, ки бидуни муқоваи чарминаш 2,5 кило вазн дорад, бо маблағгузории парлумон дар соли 2016 дар Туркия чоп гардид. Қабл аз ин, китоби 500 акси Эмомалӣ Раҳмоновро дар Чин нашр карда буданд.

  Сабқати чопи китоб дар бораи Эмомалӣ Раҳмонов тавассути доира ва афроди муайян ва ғаразу қасди онҳо аз ин амалро бимонем барои вақти дигар. Аммо аз онки як раиси ҷумҳурӣ, ки бо ҳазоруяк гирифторӣ, машғалаву махмаса банд аст, реҷаи кориаш аз чанд вақти пеш муайян ва танзим шудааст, сафарҳои дохиливу (аз они Раҳмонов бошад беҳисоб аст) хориҷӣ, мулоқоту маҷлис ва ҳоказоҳо дорад, то рафтан ба рахти хоб билкулл лакоту хаставу шалпар шудааст, чун сину солаш ҳам болост, фурсате мемонад, ки бишинаду китоб нависад, ногуфта намешавад. Каму андак ҳам не, беш 100 адад. Дар як хабар дар интернет хонда будам, ки ба қалами Раҳмонов 113 китоб тааллуқ дорад. Ва, ҳамин тавр Раҳмонов ба ҳайси нависанда, олим, муҳаққиқ, муаррих, донишманд зуҳур кард ва он ҳам дар остонаи 50 солагӣ. Ва дар як фурсати кутоҳ ончунон навишту навишт, ки бестселлернависи машҳури Амрикоӣ Айзек Азимов ва профессори биохимияро,ки дар Русия таваллуд шудаастро ба қафо зад. Таълифоти вай ӯро ба яке аз пуркортарину пурмаҳсултаринҳои олам бадал кард.

Аммо бовар кунед, (дасти худам нест) вақте «навишта аст»-ро ба Раҳмонов нисбат медиҳам, гиҷу гаранг мешавам, ки ман чи гуфта истодаам? Раҳмонов менависад? Раҳмонов нависанда, китобнавис? Ягон сиёҳнавису дастнавис дошта бошад. Дафтари қайдҳо дошта бошад. Яъне пешакӣ тезис мекарда бошад. Ё яку якбора мешинду як китобро дар як бор менависад? Манзурам ин аст ки маълумоту факт ҷамъ мекарда бошад, дар калааш мепазонида бошад, ақалан як ду- се моҳ.

Дар яке аз барномаҳо «Ислоҳ» наворе дошт, ки Раҳмонов вақте аз як синфхона берун мешавад, дар китоби давомот (журнали синф) соядаст мемонад: «ЯК ҶАҲОН ТАШАКУР».

Инҷо не ҳарфи хурд, не ҳарфӣ калон риоят шудааст. Раҳмонов намедонад, ки ҳарфи калон ҳасту ҳарфи хурд. Калимаи «ташаккур» магар бо як «к» навишта мешавад? Раҳмонов намедонад, ки ташаккур ду «к» дорад. «К»-еи дигари он куҷо шуд, Раҳмонов хӯрд?

Магар дар журнали синфӣ «соядаст» мемонанд?

Ҳоло, ки чунин аст магар Раҳмонов чи тавр китоб менависад?

Чопи китоб барои Раҳмонов ва аз номи Раҳмонов чи маъно дошта бошад? Магар мешавад нафаре, ки то 50 ҳатто як ҷумла болои варақ наовардааст, нанавиштааст китобнавис шавад?

 Як нафар навишта буд, ки кай успет кард дар навишти ин ҳама китоб.

Солҳое, ки Раҳмонов мехонд, сиёҳидону перо буд, баъд ручка шуд. Ҳоло нависандаҳо бо ноутбуку компютер менависанд. Раҳмонов осорашро бо чӣ менавишта бошад? Гоҳо фикр мекунам, ки Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳуши маснуъӣ ҳам зӯр ва пурмаҳсултар аст.

 Молекула (ҳуҷайраҳо)- ҳои мағзи сари Раҳмонов ончунон бо суръату шитоб ба ҷунбиш даромада, ки баъди соли 2016, баъди онки ба худ титули Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро дод, соле панҷ китоб навиштааст.  Фирдавсӣ, ҳамосасарои бузурги олам як китобро дар сӣ сол навишт. Барои ҳама, аз ҷумла худи ман ҳам аҷиб аст ки масалан «Мавлавӣ ва тамаддуни инсонӣ»-ро дар чанд вақт навишта бошад.

Аз ин муқоиса шояд Ато Мирхоҷаву Абдулло Раҳнамо хушашон наояд ва эътироз (протест) кунанд, ки Фирдавсӣ кист, ки бо Ҷанобашон, ки «бар таърих пирӯз омадааст» (ҳеҷ нафаҳмидем, ки пирӯз омадан бар таърих чи маъно дорад) ҳамчандаш кардем. Аммо ин Давлат Сафару СС-и махуф бошанд тамоман васвоси шақшақа мешаванд, ки инашонро, ки «баъди 1000 сол барои тоҷикҳо давлат сохт», бо як шоир вазну чен мекунем. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳатто худи Раҳмонов аз ин титул ва барчаспи муғлақи тулонии тумтароқ изо кашиду гуфт, ки дигар бас, Асосгузорашро нагӯед.

Боз ҳам, бигзор такрор шавад, дар таҳайюру тааҷҷубем, ки Раҳмонов вақте беш аз нисфи умрро тай карду ҳатто як мақола, бигзор дар дар бораи ферма, ҷигорӣ, ҷаву гандуми лалмӣ нанавишт, чи расад ба таърих, чи расад ба забон, чи расад ба Мавлоно вале яку якбора ончунон ба навиштан даромад, ки дошта намешавадаш:

«Аз Ориён то Сомониён»,  “Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор”, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»,«Уфуқҳои истиқлол», «Тоҷикистон дар оинаи таърих», «Забони миллат-ҳастии миллат», Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам, «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ»,«Бист қадами созанда»,

“ Чеҳраҳои  мондагор”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”,феҳристи мухтасари осори Раҳмонов, хулоса беш аз 120 ва аз рӯй баъзе манобеъ 140 китоб.

Ҳуши маснӯъӣ ин ҳамаро дида“я,офигею” гуфтааст.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чаро Раҳмоновро узви худ қабул накардааст. Беш аз 100 китоб навишта бошаду ҳанӯз ҳам қабулаш накарда бошанд, магар ин хатои сиёсӣ ба ҳисоб намеравад? Ё шубҳа доранд, ки муаллифи воқеӣ кас ё касони дигаранд?

Низом Қосимро зарур аст ки ин хатоии сиёсиро ислоҳ кунад. Абдулло Раҳнамо, мушовири раиси ИНТ чаро ин саҳвро надида бошад. Ато Мирхоҷа муаллифи мадҳия барои Паём чӣ? Ёдатон ҳаст? Навишта буд, ки на фақат мардуми тоҷик паси мониторҳо шишта Паём мебинад. Трампу Путину Си Ҷин Пин ҳам наушникҳоро дар гӯш зада ғалақаи утоқҳои кориашонро аз дарун баста Паёми пешворо тамошо мекунанд. Аҷаб, ин чизҳоро мебинаду кори худашро фаромуш мекунад.

 Аз феҳристи мухтасари осори Раҳмонов дидед, ки вай муҳаққиқи чандпаҳлуву чандсамта яъне серсоҳа аст. Соҳоти гуногунро ба баррасӣ ва риштаи таҳқиқ ва тасвир кашидааст. Хуб, бигзор. Вале як чиз. Ин чиз он аст ки Раҳмонов дар бораи Мавлоно Ҷалолуддини балхӣ китоб навишт: «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ва ин китоб баъди сездаҳ соли нашр дар Маскав барандаи ҷоиза дар Озмун шуд.

              Раҳмонов ва Мавлоно

 Раҳмонов дар бораи Мавлоно Ҷалолуддини балхӣ навиштааст. Ин китобро надидам ва нахондам. Аз чанд тақризе дар бораи муҳтавои он огаҳӣ пайдо кардам. Аммо нахондаву надида бошам ҳам, мисли ҳар яке аз шумо дар тааҷҷубу дар таҳайюрам-Раҳмонов куҷову Мавлоно куҷо?  

Чи шуду ҷаноб ба Мавлоно руҷуъ кард, рӯ овард? Ин қадр ихлос ба Мавлоно аз куҷо ёфт бошанд. Мавлавӣ,ки як мулло асту “Мавлоно”-як рутбаи динӣ аст.

Чанд вақту чанд  муддат дар баҳри осори Мавлано ғарқида бошад? Аз мавлавишиносони дигар ҳам дарак дошта бошад? Ягон маслаҳат ва машварат пурсида бошад, ягон саволе барояш пеш омада бошад ё ҳамааш мафҳуму маълум буда бошад. Мавлавиро бо ҳуруфи кириллӣ хонда бошад ё форсӣ.

Ҳеҷ “туғрӣ” нагирифта истодааст.

Бор, Худоё, Раҳмонов бо Мавлоно чи рабте дорад? Гуфти гапҳои бародарони масчоиямон «хоки ман бод»! Як дурӯғе гӯ, ки ақалан думашро гирифта хезад, боварнакарданӣ бошад ҳам тасаввур кардааш шавад.

Мавлоно як мулло аст, як домулло аст.

Раҳмонову муллову домуллоро чашми дидан надорад.

Ҳоло агар Мавлоно буд бо статяи 307 мезад, зиндон мекард: ришашро қоқоқоқ мегирифт, бо ифротӣ ва бунёдгарои исломӣ муттаҳам мекард?

Мегӯед не? Ин тавр намекард. Ба худо қасам бадтар мекард. Китобашро чоп намекард, агар нахоста чоп ҳам мешуд дона-дона аз дуконҳо мечинд ва ба оташ мекашид.

Бо ин вазъу бо ин ҳол Раҳмонов дар бораи як мутабаҳҳир ва мутафаккири исломӣ менависад?

То инки дар бораи Мавлоно бинависӣ, аввал бояд бихонӣ, бидонӣ, бифаҳмӣ, ки Мавлоно кист? Раҳмонов чанд вақтеро сарфи омӯзиши осори Мавлоно карда бошад? Раҳмонов аз Мавлоно фаҳму дарке дошта бошад? 

Як боби китоби Раҳмонов дар бораи Мавлоно  «Сурат ва сирати сӯфӣ» ном доштааст.

Раҳмонов аз «сӯфӣ» чи дарку маърифат ва шинохте дорад?

 Раҳмонове, ки аз дини ислом ҳазар дорад, бад мебинад, қасд дорад, ки дар Тоҷикистон бихушконад, аз муллову масҷиду мадраса мутанаффир аст дар бораи як ориф, як суфӣ, як муллои калон, ки тамоми ҳаёт дар намозу ниёзу рӯза машғул буд, ҳамаро аз баракати ислом медонист, ҳамаро дар доира ва мизони дин чанду чен мекард, тамоми муҳосаботаш бар ислом бунёд шудааст менависад? Кӣ бовар мекунад? Кӣ бовар мекунад, ки Раҳмонов бар рағми хосту дидгоҳи худаш дар бораи як домулло бинависад?

 Хуб, бигзор аз ҷангу сулҳ, аз давлату давлатдорӣ, аз сиёсат, аз ҳар чизе дигар  аммо дар бораи Мавлоно, афигет можно. Ҳиҷ истанса, ҳиҷ астановка, ҳиҷ хати қирмизу ҳеҷ чизе дигару дигар боқӣ намонд. Воқиан ҳам, ин куҷову он куҷо?

 Раҳмонов дар бораи як шайх чи менависад, ненавист дорад, бад мебинад. Ин кор на дар белу на дар каланд меистад. Раҳмонов бо Мавлоно дуруст намегирад ва созгор нестанд.

Агар Раҳмонов бо ислом дуруст мегирифт муносибаташ бо масҷиду муллову таълими диниву намоз ин тавр хашин ва хасмона намебуд. Намегӯем, ки Эрдуғон мешуду тиловат мекард, ақалан Тоқаев ё Жапаров мешуду майдони пеши кохи Раёсати ҷумҳуриро саҷдагоҳ мекарду пушти имом меистоду намози иди Қурбон ё Рамазон мехонд.

Вале вақте як чизро бад мебинӣ чи тавр дар бораи он менавсӣ?

               Раҳмонов ва Атъима 

Раҳмонов бояд вобаста ба ҷаҳонфаҳмиву ҷаҳоншиносиаш бинависад.

Раҳмонов агар ин тавр ҳавасу ҳавсалаи навиштани китоб дорад, бояд дар бораи Абӯисҳоқи Атъимаи шерозӣ нависад. Чаро?  Чунки аз лиҳози завқу салиқа наздикӣ бо осори ин шоирро дорад. Атъима, ҳамчуноне аз тахаллусаш пайдост навиштан дар бораи ғизо, наҳору чошту тановул, ношто умуман хурданро писандидааст. Раҳмонов ҳам пирмидаи боқило, каду, картошка, сабзӣ, ҳандала, тарбуз, харбуз ва ҳоказоҳоро ҳамеша ташкил мекунад.

Ишками Раҳмоновро бинед, ки ба кафидан наздик аст, Тоҷикистонро балъида истодааст. Гардану ишкамаш баробар шудааст. Дукуна. На, ба маънои дурӯя не. Ба маъноӣ воқеӣ. Як кунаш кунаш аст куни дигараш ишкамаш. Ишкамаш аз кунаш ду баробар калон аст. Гардани балонигазиаш сурини фил шудааст. Размери воротникашро намебинед. Галстукбандиаш аз дигарҳо фарқ дорад. Ҳаво намерасад, агар зичу ҷафс бандад.

Бубинед ин ҳама-ишкамба, кислород, туалет ба хурдан муртабит аст.

Аммо сӯфиҳо яъне Мавлоно ин тавр пурхӯри шикамӯ нестанд. Ишқашон тасаввуфу ирфону худову расул аст.

Магар Раҳмонов ҳам ҳамин тавр аст. Раҳмонов чуноне мову шумо хуб медонем хӯрдан, пухтан ва сӯҳбат дар бораи хурданро нағз мебинад. Дар фонд ё захираи луғавиаш ҳам аз ҳар соҳаи дигар ҳамин мавзӯъ мақоми махсус дорад.

«Шакарови бо олича», «таҳмол», «гирдача», қуротов-дуғиба шир аралаш, набераҳои ман қурутра нағз мебинан, модарам шира ба дуғ алдараш мекард, фатирмаска мекард, бамаза буд, қурутови оличагира хурдагиен.

Агар Раҳмонов дар бораи Атъима таҳқиқ ва пажӯҳиш мекард ва асаре чоп мекард, мегуфтем мувофиқи хӯву хислату табиаташ аст. Чун аксари авқот аз ақвот мегӯяд: Масалан

Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Ба пешам чун хуросонӣ гар орӣ саҳни буғроро,
Ба бӯи қаляаш бахшам Самарқанду Бухороро.
Биринҷи зарди собунӣ агар дорӣ, ғанимат дон,
«Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро».
Чӣ ороӣ ба мушки заъфарон рухсори «полуда»,
«Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи зеборо?»
Ҷамоли «барраи бирён»-у ҳусни «дунбаи кашкак»,
«Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо».
Ман аз он бӯи рӯҳафзо, ки «гипо» дошт, донистам,
Ки зуд аз пардаи парҳез берун оварад моро.
Бигӯ Бусҳоқ васфи хӯшаи «ангури мисқолӣ»,
«Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро».

Агар ба мулоқотҳои Раҳмонов бо аҳли зиё аҳамият дода бошед саволу ҷавобаш сирф аз зиндагист. Шавҳар кадаи, дар оила чанд фарзанден? Отат дар куҷо кор мекунад? Ҳатто бо ғолибони олимпиядаҳо ва фурӯғи сӯбҳи доноӣ китоб аст ҳангоме суҳбат мекунад ягон маротиба дидед аз ягон китоб пурсида бошад ва ё бо донишомӯзе саволу ҷавобҳои илмӣ карда бошад? Чаро охир дар он кала чизе нест чи пурсад? Аммо вақте дар шабҳои шеър бо Роҳбари фақиди Эрон агар диққат дода бошед дар шеърҳо луқма медоданд, тасҳеҳ мекард. Дар намоишгоҳи китоб вақте иштирок мекард аз си сол пеш китобе хондаашонро мегуфтанду чанд ҷилд ва чи гуфта шуда буд мегфтанд. Ин аз он шаҳодат медод,ки китоб мехонданд ва бар ало дида мешуд дар эшон. Аммо дар ҳаётатон дидаед,ки Раҳмонов дар ягон намоишгоҳи китоб иштирок карда бошад ва китоберо дар даст қапида бошанд? Не ва нахоҳед дид. Ҳатто дар Ҳисор дар ёдатон бошад ба хонае рафт як китоби форсии қадимаро барояш доданд китобро сарчапа қапид, охир намедонад китобро чигуна кушояд куҷо расад ба хондану навиштан.

 

Таблиғи китобҳои Раҳмонов: «аз мактаб то ба идораҳои давлатӣ»

Дору даста ва дастгоҳи таблиғи Раҳмонов барои ташвиқу таблиғи китобҳои Раҳмонов ҳар коре, ки аз дасташон барбиёяд, анҷом медиҳанд. Ҳам барои фурӯш ва ҳам барои тақсиму тавзеъ.

 Китобҳои Раҳмонов бозори фурӯш ва муштариҳои худро доранд.Чанд соли пеш буд, ки расонаҳо навиштанд дар китобфурӯшиҳои Душанбе асарҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва асарҳое, ки ба ҳаёту кори ӯ бахшида шудаанд, аз китобҳои серхаридортарин ба шумор мераванд.  

Муштарии китобҳои Раҳмонов омӯзгорон, донишҷӯён ва мансабдорон мебошанд. Махсусан аз ҳама зиёдтар мансабдорон ҷилд- ҷилди асарҳои Раҳмонов ва китобҳо, ки дар бораи ӯ навишта шудаанд, харидорӣ мекунанд.   

«Бисёриҳо баъди вазифа гирифтан омада барои ороиши утоқҳои коришаон асарҳои президентро мехаранд. Масалан, агар мудири мактаб ҳам таъин шаванд, омада мехаранд. Бисёриҳо барои табрик кардани дӯстонашон, ки вазифа гирифтаанд, китоби президент ва портретҳои ӯро мехаранд. Китобҳои барои ҷевон ва мизи корӣ, акс барои овезон кардан дар утоқи корӣ ҳаст», гуфтааст як фурӯшандаи китоби шаҳри Душанбе. Бинобар навиштаи расонаҳо утоқи кории мансабдореро бидуни ҷевони пур аз китобҳои Эмомалӣ Раҳмон ва аксҳои ӯ тасаввур кардан номумкин аст. Яке аз раисони ҳамакнун собиқи як ноҳияи  гуфтааст, ки  баъди таъин шуданаш ба ин вазифа аввалин коре, ки кард, харидории асарҳои Эмомалӣ Раҳмон барои утоқи кориаш буд. Вай гуфтааст, ки беш аз 20 китоби раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва зиёда аз 50 китоб, ки дар бораи ӯро дар утоқи кориам нигоҳ медорам.

 Вазорати маорифи Тоҷикистон бо судури як фармон дар соли 2015 мудирони шӯъбаҳои маориф ва раҳбарони муассисаҳои таълимии кишварро муваззаф карда буд, ки дар баробари курсҳои омӯзишии компютерӣ ва машғулиятҳои дигар, омӯзиши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Раҳмоновро кишварро дар байни омӯзгорон тарғиб кунанд.

 Ишқу алоқаи Раҳмонов ба китобнависиро бародарони ҳисорӣ пай бурда ҳайкали китоби яктоннагии ӯро, ки аз чӯбу оҳану сементу шағал таркиб ёфта шаш метр паҳнӣ, чор метр дарозӣ дорад ва бо масрафи 12 ҳазор сомонӣ ва ҳашар дар ноябри соли 2016 сохтанд.

Аммо барои ҳарчи бештар таҳти таъсир қарор додани афкори умум чопу нашри китобҳои Раҳмонов кифоят накард. Шурӯъ карданд ба васила ва усулҳои дигари таблиғи китобҳои Раҳмонов.

Дар соли 2016 Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба ҳама шабакаҳои радиоии кишвар дастуре содир кард.

Оҷонси хабарии «Азия плюс» дар як хабар дар ин бора чунин навишта буд: «Комитет по телевидению и радиовещанию Таджикистана обязал все государственные радиокомпании проводить литературные чтения произведений президента страны Эмомали Рахмона. В эфире их радио уже звучали аудиозаписи книг президента. «Мы получили соответствующее распоряжение Комитета в середине октября этого года, — сообщил «АП» директоир госрадио «Точикистон» Фаррух Зиёев. – Эти чтения проводятся для повышения чувства самосознания и патриотизма в каждом  Мы записывали уже в 2016 году две книги: «Таджики в зеркале истории» голосом Абдурашида Ходжамкула и «Язык нации — сущность нации» в прочтении Джонибека Асрориён, и передали их в «Золотой фонд» — сказал он. – Теперь эти аудиозаписи звучат в радиоэфире. В настоящее время идет запись очередной книги президента в исполнении Фирузи Умар».

Тарҷумаи хабар: «Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳамаи шабакаҳои давлатии радиоро вазифадор кардааст, ки аз осори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қироатҳои адабӣ баргузор намоянд. Дар пахши ин радиоҳо аллакай сабтҳои аудиоии китобҳои Президент садо додаанд.

— Мо дастури дахлдори Кумитаро дар миёнаҳои моҳи октябри соли ҷорӣ гирифтем, — гуфт ба «АП» директори радиои давлатии «Тоҷикистон» Фаррух Зиёев. — Ин қироатҳо бо мақсади боло бурдани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ дар вуҷуди ҳар як шаҳрванд баргузор мешаванд.

— Мо ҳанӯз соли 2016 ду китобро сабт карда будем: «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо садои Абдурашид Хоҷамқул ва «Забони миллат — ҳастии миллат» бо қироати Ҷонибек Асрориён. Сипас онҳоро ба «Хазинаи тиллоӣ» супоридем, — гуфт ӯ. — Ҳоло ин сабтҳои аудиоӣ аз тариқи радио пахш мешаванд. Дар айни замон китоби навбатии Президент бо қироати Фирӯзи Умар сабт шуда истодааст».

Ин усул ҳам чуноне мушоҳида мешавад нокофӣ  аз об даромад. Қаноат ҳосил накарданд. Бояд кутуби Раҳмонов аз курсии таҳсил дар мағзи мардум ҷой карда шавад. Аз инҷо буд, ки дар соли 2023 як озмунеро бо номи «Беҳтарин донанда ( хонанда)-и асарҳои Эмомалӣ Раҳмон» дар қаламрави мамлакат роҳандозӣ карда аъзои ҳакамон таъсис доданд, ки маошбигир шуданд ва барои баргузории ин озмун ва ғолибони он ҳам аз ҳисоби байтулмоли давлат маблағ  ҷудо карданд. Нахустин  Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҷамъбаст ва маросими ҷоизасупории он рӯзи 28-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ҷамъбаст гардид ва ду донишҷу аз донишгоҳ ва коллеҷ соҳиби 20000 сомонӣ гардиданд.

Ба онҳое, ки ҷои 2-юмро соҳиб шуданд, 15 ҳазор сомонӣ ва онҳое, ки зинаи сеюмро гирифтаанд, 7,500  сомонӣ тақдим гардид. Барои хонанда ё донандаи  беҳтарини китобҳои Раҳмонов боз як имтиёзе ҳам дода шуд. «Ғолибони озмун (ҷойҳои 1, 2, 3) баъди хатми донишгоҳу донишкада ё колеҷ барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ва  маълумоти дуюми олӣ ба ихтисоси интихобкардаашон бе супоридани имтиҳон ройгон қабул мешаванд».

 Дар соли 2018 хабаргузории Ховар ва Китобхонаи миллӣ феҳристи беҳтарин 50 асарро таҳия карданд, ки бояд ҳар як тоҷикистонӣ ва тоҷик онҳоро бихонад, ки дар се ҷои аввали он:

Эмомалӣ Раҳмон — «Чеҳраҳои мондагор» (очеркҳои портретӣ-чеҳранамоӣ)

      Эмомалӣ Раҳмон — «Тоҷикон дар оинаи таърих». Аз Ориён   то Сомониён ( насри таърихӣ    иборат аз 4 ҷилд, (дар соли 2016 ба муносибати ҳамин китоб дар Ҳисор ҳайкал гузоштанд)

Эмомалӣ Раҳмон – «Забони миллат – ҳастии миллат» (очерки илмӣ-оммавӣ) ҷой гирифт  Дигар, масалан “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров баъди он, Шоҳномаи Фирдавсӣ баъди он. Яъне осори Раҳмонов муфидтар боарзиштар аз Шоҳнома, Тоҷикон ва ҳар китобе дигар аст.

Дар охир чи гуфтаниам

Сад дареғ, ки ҳамин гуна донишманди мутабаҳҳир ва академисияни беунвон чиҳил соли умри худро дар даруни ҷӯяҳои пахтаву фермаи совхози Ленини Данғара беҳуда сарф кардааст. Ҷомеаи Тоҷикистон аз таълифоти ҷовидонӣ ва безаволи ӯ, аз донишу хиради азалияш, аз чакомаҳои илмиаш бештар баҳраманд мешуд. Ҳамин ҳоло ҳам дер нашудааст. Беҳтар ин буд, ки мусоидат кунанд биравад ва курсиро бисупорад. Ҳамчуноне, ки Бобоҷон Ғафуров ба манзури навиштани таърихи халқи тоҷик курсии роҳбари аввали Тоҷикистонро раҳо кард. Ҳайф аст ки ин ҳама донишу ақлу хиради дар сари Раҳмонов ҷамъшуда ба халқ ногуфта ва дастрас ношуда бимонад.

Пириву навиштан дигар. Тамоми заҳамоти китобнависиву китобхониаш бояд самаре дошта бошад, бояд ба ёдгор бимонад.

Рафи ҷевон аз осори дар ҷилдҳои зебову мунаққаш ва зарандуда барқ мезанад.

Э.Ш.Раҳмонов:

 “Ба Шумо сулҳ меоварам”

“Тоҷикистон ва нақши он дар ҳалли масоили умумибашарӣ”

“Тоҷикистон 10 соли истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ”

  “Аз Ориён то Сомониён”

“Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ”

“Соле, ки ба қарнҳо баробар аст”

“Мероси Имом Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо”.

Ва суханҳои пурҳикмату пурбораш, ки

“ Фарҳанг ҳастии миллат аст.

”Об аловро мекушад”.

“Барф борад ҳаво хунук мешавад”.

“Офтоби тобистон сузон аст”.

“Руз шавад аз хоб мехезем, шаб шавад хоб мекунем”.

“Китоб хонед, касал намешавед”,

“Китоб хонед асабатон ором мегирад”,на аз ҳар калаву на аз ҳар хирад, метаровад. 

Ростӣ, пеши худам ин суолро медиҳам, ки ҷевонро нигоҳ карда чи мегуфта бошад:  «агар раис мешудаӣ, нависанда мешудаӣ, олим мешудаӣ, муаррих мешудаӣ, ҳама чи мешудаӣ.

 Бубин, ҳатто якташа вазир кардам драмматург шид, шоириш кам буд, ки спектакл менависад. Як ҳукумате сохтам, ки аҷоибот шуд. Хоҳ бовар кунед хоҳ не Ғаффор Седой ҳам зашита карда кандидат наук шуда буд. Ёқуб Салим ҳам китоб навишта буд. У солҳо ба назарамон чум чи метофт. Фигр мекадум, ки тамоми ақли дунё дар сари ленинободиҳо.  Вақте гав мезаданд, мегуфтум, ки хай ақл доранд, ки гав мезанан: кандидат наук, доктор наук. Ҳичи гапе набудаст. Ина ҳоло Абдуҷаббор академик, Саймумин член корр, Озодаву Фарзони хумона намегуй, ҳардушам кандидат наук. Фигня будай и ҳамаш.  Қобилҷон Хушвақт Президенти Академия. Ун чизе, ки ленинаботиҳо сохта натонистанд, сохтум. Худум ҳам Ленинбобоҷон шидум: доҳии муаззам неву пешвои муаззам шидум.»

                Охирсухан

Китоби «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» моҳи октябри соли 2025 дар озмуни «Санъати китоб» дар Маскав ҷойи аввалро гирифт. Яъне сифат ва кайфияти чопи китоб ба ваҷҳи аҳсан ва зебо буд, ки чунин мақомро доданд.

Аммо ношири ин китоб чопхонаи «Бухоро»-и Душанбе, ки дар соли 2012 онро мунташир карда буд,баъдан табдили ном кард ва муассис ва молики он Шаҳобиддини Шуҷоъ, адиби тоҷик дар кадоме аз кишварҳои урупоӣ овораву сарсону саргардон аст….

Китоб навиштан бозӣ нест. Китоб умр мехӯрад, чашм месӯзонад, хобро мегирад ва муаллифро водор мекунад, ки барои як ҷумла даҳҳо сарчашмаро бихонаду муқоиса кунад.

Фирдавсӣ барои офаридани «Шоҳнома» тақрибан сӣ сол заҳмат кашид. Садриддин Айнӣ барои навиштани осораш хотираҳо, санадҳо ва зиндагии воқеии мардумро солҳо омӯхт. Бобоҷон Ғафуров барои таълифи «Тоҷикон» ба садҳо китоб, ҳуҷҷат ва сарчашмаи таърихӣ муроҷиат кард. Табарӣ ахборро бо санад ва ривоятҳо гирд меовард. Ибни Халдун танҳо китоб нанавишт, балки ҳодисаҳои таърихиро муқоиса кард, сабабу натиҷаи онҳоро санҷид ва аз ҳамин роҳ «Муқаддима»-и худро навишту он муқаддима имрӯзҳо китоби дарсӣ аст.

Ман инро аз рӯйи тахмин намегӯям. Худам то соли 2014 беш аз 117 китобро тарҷума, таълиф ва баргардон кардаам. Ман медонам, ки китоб чӣ гуна навишта мешавад ва барои таҳияи он чӣ қадар заҳмат лозим аст. Баъзан барои дуруст баргардон кардани як ҷумла чанд луғатро мекушоӣ. Барои такмил додани як мақтаи китоб маҷбур мешавӣ ба чанд манбаъ ва сарчашма муроҷиат кунӣ, матнҳоро бо ҳам муқоиса намоӣ, саҳеҳу заифро аз ҳам ҷудо созӣ ва баъд аз чандин бор таҳрир ба як натиҷа бирасӣ.

Гоҳе барои як саҳифа як рӯз ва барои як боб ҳафтаҳо вақт сарф мешавад. Муаллиф менависад, мехонад, ҳазф мекунад, дубора менависад, санҷиш мекунад ва боз таҳрир менамояд. Китоб танҳо рӯи коғаз овардани калимаҳо нест; китоб порае аз умр, дониш ва ранҷи муаллиф аст.

Аммо Раҳмонов китоб менависад! На як китоб, на ду китоб — ба номи ӯ беш аз сад китобро нисбат медиҳанд. Аз таърих то забон, аз давлатдорӣ то дин, аз Имоми Аъзам то Мавлоно, аз тамаддуни ориёӣ то масоили умумибашарӣ. Соҳае намондааст, ки гӯиё ин «донишманди ҳамадон» дар он асаре нанавишта бошад.

Дар ин миён чанд нафар ба мо гуфтаанд: китобҳое буданд, ки олимон ва муҳаққиқон дар бахшҳои гуногун навишта буданд, аммо имкони нашри онҳоро надоштанд. Баъдан номи муаллифи аслиро аз рӯи китоб бардошта, номи Эмомалӣ Раҳмоновро ҷойгузин кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ба муаллифи аслӣ маблағи хуб дода мешуд ва китоб бо номи шахси дигар ба чоп мерасид.

Мо ҳоло номи ин афродро, то замони пешниҳоди санад ва ризоияти худи онҳо, нашр намекунем. Аммо агар ин гуфтаҳо дуруст бошанд, як суоли бисёр ҷиддӣ пеш меояд: ин чӣ ном дорад?

Агар як олим таҳқиқ кунад, сарчашма ҷамъ оварад, матн нависад ва тамоми заҳматро бикашад, вале номи ӯро бардоранд ва номи шахси дигарро гузоранд, оё ин плагиат нест? Оё пардохти маблағ метавонад ҳаққи маънавии муаллифро аз байн барад? Магар бо пул метавон дониш, қалам, заҳмат ва номи як донишмандро харид?

Ҳатто агар муаллифи аслӣ аз рӯи ниёз ё фишор розӣ шуда бошад, ҳақиқат тағйир намеёбад: касе, ки китобро нанавиштааст, ҳақ надорад худро муаллифи он муаррифӣ кунад. Пул метавонад дастнависро бихарад, аммо муаллифӣ намеофарад. Фармон метавонад номи касеро рӯи муқова гузорад, аммо ӯро донишманд намекунад.

Мушкили асосӣ танҳо дуздидани як китоб ё номи як муаллиф нест. Мушкили бузургтар сохтани як шахсияти қалбакии илмӣ бо истифода аз имкониятҳои давлат аст: дигарон менависанд, чопхонаҳо чоп мекунанд, вазоратҳо таблиғ мекунанд, радиоҳо мехонанд, мактабу донишгоҳҳо меомӯзанд ва ҷоизаҳо низ ба ҳамон ном дода мешаванд.

Агар ин китобҳоро худи Раҳмонов навишта бошад, дастнависҳо, манбаъҳо, тарҳҳои аввалия ва раванди таҳияи онҳоро нишон диҳанд. Агар дигарон навишта бошанд, номи муаллифони аслиро барқарор кунанд. Таърихро метавон муддате бо унвону таблиғ фиреб дод, аммо барои ҳамеша не.

Китобро бо пул чоп кардан мумкин аст, аммо муаллифиро харидан намешавад. Номро рӯи муқова гузоштан мумкин аст, аммо донишро ба сар ворид кардан намешавад.

Давом дорад…….

Share This Article