Семейка news №34

Ислоҳ нет

Аз хеши фаромӯшшуда то «смотрящий»-и Тоҷикистон — чеҳраҳои нави «Семейка»!

Маҷаллаи нави «Семейканюс» аст. Дафъатан бароятон бигуям, ки дар ин маҷалла як «сюрприз»-хабари доғ дорем. Як хеши падарии сардори семейкаро ёфтем, бо номи «Қулмаҳмад», ки пеш аз ин касе дар борааш намедонист.

   Хуштомани Раҳмонов Узбакбӣ ном дошту як хоҳари Раҳмонов, зани лесники кушташуда Қурбонбӣ. Магар «қул»-у «би» ба номи тоҷик рабте дорад? Хуб, бигзор чи қавму қабилае бошад..

Ин бор низ моҳномаи «Семейка» бо хабару маълумоти дастнахурдаву чашмнарасида ва гушношунавида омода ва таҳия шудааст.

 Худованд, манобеъи моро ҳифзу ҳимоят кунад, ки маълумотҳои ҷолиберо дастраси мо мегардонанд.

Ростӣ, дар бораи ин «семейка»-и бузургтар аз қавми яъҷуҷу маъҷуҷ мову шумо сад ҷилд нависем ҳам боз бехабару бе маълумот намемонем.

  Дар ин шумора, чуноне гуфтем, як «сюрприз» дорем. Сухан дар бораи як узви то ба ҳол номаълум ва дар дуриҳо аз хону неъмати дарбору оила қарордошта меравад.

  Ин узви «угай» қаҳрамони марказии ин шумора «Қулмаҳмад Ёров» аст. Писараммаи нотанӣ ва номаълуми Раҳмонов. Ростӣ, мо низ аз вуҷуди вай тоза бохабар шудем.

Як вақт дар бораи зану бачаҳои пинҳонии Раҳмонов, ки солҳои раиси савхози Ленин буданаш «левий» мерафтааст, мухтасар гуфта будем. Аммо манбаъ дигар нопадид шуд.

 Бинобар иттилои дарёфтӣ аз вуҷуди «Қулмаҳмад Ёров» худи Раҳмонов ҳам баъдҳо хабардор шуда будааст…..

Аммо ҳоло шуруъ мекунем аз хабарҳо дар бораи «Семейка», ки итминон медиҳем чунинҳоро аз дигар расонаҳо дастрас намекунед.

              Ахбор ё резаахбори «Семейка»

Чи гуна Амриддини писархолаи Рустам, тиллоҳоро медуздад?

Амриддин Нақшов, раҳбари ширкати истихроҷи тилои «Нахш» дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг баъди ифшо ва ошкор шудани ҷиноятҳояш дар барномаҳои «Ислоҳ» ба шогирдонаш гуфтааст, ками дигар хапу дам гардед. Соли меомадагӣ соли интихобот, соли худамон аст. Ҳозир бояд фақат сум ҷамъ кунем.

Суҳроб Раҳмонов шогирди Амриддин Нақшов гуфтааст кони тиллоро пустак кардем: «Я хел вахт да ховм мебинм, ки ба сармона омадану наручник зада бурдан».

 Суҳроб Раҳмонов гуфтааст, ки «хай чи гуфтан рақамои мо ҳамаш 2010, иқа бо ба дига рақамо мегардем». 

 Суҳроб Раҳмонов гуфтааст: «сари Амриддина Собир (шогирди дигарии Амриддин) мехра кадом рузе».

 Дар Шугнов Собир ба худаш группировка ҷамъ кардааст, ки ҳамааш вооружённыянд.

 Началник уголовный розыски Шугнов аз ҷиноятҳои инҳо безор шудааст. Вазири дохилӣ дар назди шогирдони Амриддин ранги ғулом аст.

Бинобар маълумоти фиристодаи як нафари наздик ба ширкати «Фароз» Амриддин Нақшов ҳар ҳафта дар бағоҷи мошинаш 20 кило тиллоро оварда мефурушад. Пачкаҳои 100 долларӣ дар мошинаш тал мешавад.

Ҳоҷӣ Зайнулло (Зайнулло Шарифзода ё Соҳибов, мудири фурудгоҳи байналмиллии Душанбе) бародари Шамсуллои Фароз ва Амриддин Нақшов,писархолаи Рустами Эмомалӣ бо ҳам дар ҳолати  ҷанганд. Ёдатон бошад чанд соли пеш Амриддин Нақшов ва кормандони ширкати фарматсевтии «Мину-фарм», ки бо Фарози Шамсулло Соҳибов тааллуқ дорад бо ҳам занозаниву кордкашӣ карда буданд ва корашон ба милиса афтода буд. Амриддин Нақшов қасд дорад тиҷорати шираи камол, як бизнеси миллионҳо доллариро аз дасти Шамсулло Соҳибов бигирад. Ҳоло ҳам аз ин нияташ даст накашидааст ва сабаби интизориаш аз интихобот ва омадани Рустам ҳамин аст. Чунки умед дорад, ки Рустам президент шавад, тарафи ӯро мегирад.

Ҳамин нафари наздики роҳбари «Фароз» гуфт, ки Амриддин Нақшов дар Варзоб дар даҳ миллион доллар як дачаи бадвоҳима сохтааст, ки ҳоло қариб ҳар рӯз офисашро, ки дар 91ум микрорайон аст маҳкам мекунад, меравад бо шогирдону дӯстонаш ҳофизу арусҳоро мебарад онҷову қартабозӣ -тринка, бангзанӣ ва кайфу сафо мекунад. Гуфтааст, ки насиб бошад дар рӯзи ба курсии президент нишастани Рустам ин дачаро ба вай туҳфа мекунад.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ Амриддин Нақшов домсозкуниро сар кардааст. Ин манбаъ гуфт, ки ҳар як аспи Амриддин Нақшов аз 500 то 1 миллион доллар нарх дорад.

Аммо ба гуфтаи ин манбаъ Амриддин Нақшов ва шогирдонаш дар сари Раҳмонов ва Рустам лой молида истодаанд.

Тиллоҳоро як бор мешуянд, дуюмбора бояд бишӯянд. Аммо дуюмбора намешӯянд. Дар лингчаҳо бор карда бо шогирдонаш меоранд ба дигар ҷоҳо, масалан ба Душанбе меорад ва аз сар дар Душанбе мешуяд.

 Вақте тиллоро мешӯӣ, боз ду, се бори дигар бишӯӣ. Онҳо як бор мешӯянд ва онро бор мекунанд меоранд, Душанбе, алоҳида хонаҳо дорад. Боз аз сар шуста тиллояшро ҷудо мекунанд.

Гуё он линчҳо, ки аз кон меоранд, мусор-ошғол асту барои партофтан мебаранд. Вале намепартоянд, чунки он пур аз тилло аст. Дар ҳоле, ки бояд дар ҳамон ҷо ду -се бор шуяд, тиллоро ҷудо кунад, гирад вазнашро нависад ва ба давлат супорад. Чунки ин кони давлатӣ асту бояд ба давлат супорад. Чунки ҳар моҳ план дорад. Аммо инҳо барои худашон истифода мекунанд. Ҳар ҳафта ками камаш 20 кило оварда мефӯрушад.

Соҳибовҳо: Аз Ҳоҷӣ Азиз то Нарзуллои «смотрящий» — пушти пардаи як хонавода!

Азизулло Соҳибов, раиси «Тоҷикматлубот» ҳоҷӣ Азиз, ки Азизи герчик, Азизи ханига ва Азизи саркаҷала ҳам мегуянд дар Бохтар (Қурғонтеппа) ва навоҳии атрофи он дар ҷони ҳама задааст.

Азиз, махсусан соҳибкорҳои вилоятро безори безор кардааст. Ҳамаро, аз як лаб доля бастааст. Полный вооружённый мегардад. Дар ягон мақомот ягон дақиқа кор накардааст вале  ҳар вақте хост званияаш медиҳанд. Кадоме гапашро иҷро накард, якашро ду гуфт шабошаб ду -се мошин одамонашро роҳӣ мекунад- ранги амният -печонда мебаранд ба пешаш.

 Ман ба ин давлатдории Раҳмонов ва Рустам туф кардам. Отаву бача наздики 45 сол  дар сари қудратанд. Раҳмоновро 34 сол шуд, Рустам ҳам ана мана нагуфта 10 сол мешавад, ки одами дуввуми ҳукумат аст. Наход дар як давлате, ки ин ҳама муддат роҳбарӣ мекунеду аз оромиву тинҷиву сулҳу ваҳдат лоф мезанед ва шукрона кунед мегуед, хешовандони худро идора карда натавонед?

Агар тинҷиву оромӣ бошад, чаро полный вооружённый мегардаду наркотикро зада масту мадҳуш одамҳоро доля мебандад?

   Азиз Соҳибов боз дар як ҷойи дигар гуфтааст, ки «мада по***уяй, у одами Рустамай, ай Озодаҳай, ай Тахминаҳай, мада фарқ надора. Бояд доля бтан мара».

 Бачаҳои Кулобу Ёвон сахт қасами Азиз Соҳибовро хурдаанд. 

Як бародар Азизулло Соҳибовро чунин тасвир кард:

«Ҳоҷӣ Азизи саркаҷала, акаи Зоири мундуқ банга мезана, сарш   каҷала каҷала, аз номард бошаму зинда бошами Муҳиб бора мегира, полний руирост мефуруша. Мегуфтаст, ки «мара президент иҷозат додагӣ, мара к**ма ҳиҷка намехрад, мара язнам, иҷозат додагӣ».

Дар мобайни шаҳр мошинашро мемонад, бағоҷи мошинашро ҳуй мекунад, героин, кристал, шиша, метамфетамин, банг, чарс, афюн, ҳашиш марҳамат- мегирӣ меравӣ, любой намуд наркотик. Шиша(колян)  мондагӣ қурр-қурр кашида истодааст».

        Нарзуллои сиёҳ-смотряший

 Як бародари дигари Зоири мундуқ Нарзулло Соҳибов бо лақаби Нарзуллои сиёҳ 5-6 сол аст ки «смотряюший»-и Тоҷикистон интисоб шудааст. Тамоми «разбор»-ҳоро ҳамон ҳаллу фасл мекунад. Любой намуди разбор:-мафиозҳо, наркотик, тилло ва ғайра.

Аммо бизнес ё асоси тиллову доллару ҳисобҳои оффшории инҳо аз героин ва ҳоло кристал илова аст. Пеш, дар давраи Исмати дулик ва ҳоло, ки фурудгоҳ дар дасти Зайнулло Шарифзода додари дигариашон омадааст, наркотикро бо самолет мезаданду зада истодаанд. Ҳар кадоме аз онҳо группировкаи худро доранд.

 Ҳам дар давраи Амонулло Ҳукумов ва ҳоло дар давраи Комил Мирзоалиев Роҳи оҳан як масири дигари тиҷорати наркотикаашон шудааст.

Гурппировкаи Зоири мундуқ отделно мезанад, вале контроли асосӣ ва кришаи ҳамаи наркобаронҳои Тоҷикистон дар дасти Зоир Соҳибов аст.

 Бародараш Нарзуллои сиёҳро дар аввал дар Хуҷанд смотряший монда буданд. Пеш аз вай Айёми бачаи Шариф псих ин масъулиятро бар душ дошт. Ҳама спору разбору разногласияро ҳал мекард. Айём разборшик мегуфтанд.

 «Ҳозир Нарзуллои сиёҳи чашмбулуқ, як ғафси чорпаҳлуи шкафандом. 5-6 сол шуд дар вес Тоҷикистон смотряший шуд.

«Смотрящий» кист?

«Смотрящий» (назоратчӣ) — шахсест, ки аз ҷониби намояндагони бонуфузи олами ҷиноятӣ, аз ҷумла «дуздон дар қонун» (воры в законе) ё дигар саркардагони ҷиноятӣ таъйин карда мешавад.

Вазифаи ӯ назорат аз болои тартибот, тақсими захираҳо ва риояи қоидаҳои ғайрирасмӣ ва нонавиштаи олами ҷиноятӣ, ки бо номи «понятия» маъруфанд, дар муҳити муайян мебошад.

Вазифаҳои асосии «смотрящий»

1. Назорат: Риояи қоидаҳои нонавиштаи олами ҷиноятиро назорат мекунад, масъулиятҳоро тақсим менамояд ва баҳсу муноқишаҳоро ҳал мекунад.

2. Идоракунии молиявӣ: Ҷамъоварии маблағҳо ба хазинаи умумии ҷиноятӣ, ки «общак» ном дорад, ташкил мекунад. Маблағҳои ҷамъшударо идора намуда, хароҷот ва гардиши онҳоро назорат мекунад.

3. Робитаҳо: Бо «дуздон дар қонун» ва дигар шахсони назоратчии олами ҷиноятӣ робита нигоҳ медорад ва дастуру супоришҳои онҳоро мерасонад.

4. Таъйинот: Вазифаҳо ва нақшҳоро миёни маҳбусон ё аъзои гурӯҳҳои ҷиноятӣ тақсим намуда, мақому мартабаи ҳар як шахсро дар сохтори ғайрирасмии онҳо муайян мекунад.

5. Вазифаҳои доварӣ: Дар баҳсу ихтилофҳо қарор қабул намуда, барои вайрон кардани қоидаҳои нонавиштаи олами ҷиноятӣ ҷазо таъйин мекунад.

Хулоса: «Смотрящий» намояндаи ғайрирасмии роҳбарони олами ҷиноятӣ мебошад, ки дар як зиндон, минтақа ё муҳити муайян аз номи онҳо назорат мебарад. Ин мақом расмӣ ё қонунӣ нест, балки ба сохтори ғайрирасмии гурӯҳҳои ҷиноятӣ тааллуқ дорад.

 Вақте  осоишгоҳи Зумрати Исфараро Зоир гирифт шаҳри Хуҷанд ва навоҳии ҳамҷавори он полний рост ба Нарзулло Соҳибов «нигоҳ» мекард. Ҳама доляро ба ҳамин медоданд. Ҳама корҳо через ҳамин ҳал мешуданд. Ана баъд гирифтанд полний смотряшийи Тоҷикистон монданд.

  Вале Нарзулло Соҳибов ҳам мисли Зоир Соҳибов, Шамсулло Соҳибов, Зайнулло Соҳибов дар ҳукумат ва ниҳодҳои наздик ба ҳукумат кор кардааст. Чанд муддат дар Оҷонси захоири давлатии амвол ва харид ба ҳайси муовини раис кор кардааст. Нашрияҳо дар соли 2014 навишта буданд, ки Нарзулло Соҳибов бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.


Нарзулло Соҳибов 44 сол аст. Шуъбаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ як муддат дар вазорати молия кор карда, аз соли 2007 дар мақоми мудири кулли корхонаи «Регаркабел» кор мекард.  Соҳибовҳо зодаи минтақаи Чапаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод)-и вилояти Хатлонанд, ки дар арсаи тиҷорати кишвар хеле пештоз буда ба мансабҳои давлатӣ низ роҳ меёбанд.

Муҳаммадзоир Соҳибов, ки ба Фирӯза, духтари калонии Эмомалӣ Раҳмон издивоҷ кардааст, то соли 2008 раиси Биржаи молу ашёи хом буд. Ҳамон сол ба мақоми мудири Оҷонсии харидҳо, корҳо ва хадамоти давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд, вале дар соли 2011 аз ин мақом рафт. 

Зайнулло Соҳибов, яке дигар аз аъзои ин оила ҳаст,ки чандин сол мудири Оҷонсии харидҳо, корҳо ва хадамоти давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон буд ва аз онҷо фурудгоҳи байналмилалии Душанберо тасоҳуб кард.

Аз зиёрати Макка то зиёфати дарбор — нақли ҷанҷолии ҳамсафари Раҳмонов!

Ҳоҷӣ  Эмомалӣ Раҳмонов: «паъато арақа брезен»

Чанд навбат ҳаҷравии Эмомалӣ Раҳмоновро шояд худаш ҳам надонад. Хеле зиёд рафтааст. Албатта умра рафтааст , на ҳаҷҷи фарзӣ.

Бинобар нақли яке аз ҳамроҳонаш дар сафари охири Ҷаноб вақте аз ҳаҷ меояду нав аз нардбони самолёт мефароянд, вазирҳоро мегуяд, ҳамакаса дача меравем.

-«Омадем дача, даромадему дар банкетний зал шиштем, «брез ҳамада- гуфт. Гуфт паъато аз шумо боварӣ нестай, бо намозхону мулло нашавен пааъато».

 Арақро рехтанд, ҳама задем. Инамон тарафи онамон нигоҳ кардему бардоштем рюмкаҳоро бо ҷаноб…

 Единственний намозхон Убайдуллоев буд дар командааш. Бомдодашро мехонд мерафт кор. Амирҷону Ҷамолиддини писаронаш ҳам мехонанд. Духтару занаш ҳам мехонданд.  

Хонаи Асадулло Ғуломов мераванд. Асадуло Ғуломов ҳам панҷ вақт намозашро мехонд. Тамоми ташкилиро мекунад аммо руи дастурхон арақ -спиртной намемонад. Раҳмонов медарояд мебинад, ки арақ нест.

«Асадулло да дастурхон ҳичи нестай ку? Да хонат сухой законай чӣ? Бра ягон чи биёр».

Асадулло Ғуломов борзий ва мужики зӯр буд. Даже Ҷанобро гуш намекард.

Ҳозир Рустам ҳам ҳамин хел. Кадоме дар круги Рустам арақ нахурад намешинад. Рустам ранги оташ:-мезанӣ, кайф мекунӣ қати мо мешинӣ, намезанӣ дар круг нестӣ.

Хуллас, ҳамаро сраза, дар ҳоле, ки нав аз хонаи Худо омадем, бо нафси тоза ҳама зад. Кадоме нахурад бо вай кор намекунад. Худаш аз даруни самолет заданро сар кард.

Аз ҳисоби ҳаҷи мардум ҳам сари ҳар зоир 200 доллар «доля» доштааст. Масалан 6000 кас солона равад, зарби 200 кунед, доляи Раҳмонов ҳамон қадар аст.

 Аммо дар ҳаёташ як ракаъат хондагӣ нест, сараш ягон бор саҷдаро надидааст. Зиёрати хонаи Худову амокини муқаддас таъсире накард. Чи хеле буд, ҳамон хел истод, дигар нашуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Хари Исо гараш ба Макка баранд,

Боз оранд ҳамон хар бошад.

           Ҳасан ва масҷиди Қатар

Масҷиди маъруф ба Қатар (масҷиди марказии Душанбе)-ро максимум дар 50-60 миллион доллар сохтанд, аммо як баробари дигар маблағҳои онро дуздиданд. Пули як барбар одамҳоро надоданд. Нафарҳое, ки битон, арматур, хишт, семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ барои ин масҷид оварда буданд, аксарият пули худро ё нимагӣ гирифтанд ва ё умуман гирифта натавонистанд.

Дар музоядаи сохтмони он тендерро Ҳасан гирифт, генподрядчик шуд ва подрядчикҳои зиёдеро ҷалб кард: катлаван канданд, армироват карданд, девор заданд, монолит рехтанд, фасад, криша, хулоса ҳар як қисматро гуруҳе иҷро кард. Аммо дар анҷоми кор 99%ашон кидат шуданд. Ҳасан пулҳояшонро надод, нимагӣ дод. 70%арматураро арматураҳои хитоӣ зад, российский ҳуҷҷат карду хитоӣ зад тавассути фирмаҳои подставнояш пулҳоро гирифт дар Ориёнбонк.

Чандин сол аст ки бояд ду меҳмонхона созад. Аз бист сол гузашт, дар тарафи 8-марти Душанбе. Аммо тамом намешавад. Барои он сохтмони ин ду ба охир расонида намешавад, ки воридоти масолеҳи сохтмонӣ аз берунро барои ин меҳмонхона санад мекунад. Зеро ин меҳмонхона бо қарори ҳукумат (Эмомалӣ Раҳмонов) ҳар сол аз тамоми пардохтҳои гумрукиву андозӣ озод карда мешавад. 

 Дар ҳоле, ки дар як сол Ҳасан Асадуллозода дар Душанбе чандин дом рост мекунад, ба бинои гушти шутурхурда бадал шудани ин меҳмонхона бовар карданӣ нест.

Ва, аммо барои сохтмони масҷиди марказии Душанбе давлати Қатар эълон карда буд, ки омода аст аз 160 то 180 миллион доллар бидиҳад. Вале вақте ғорату дуздиҳои Раҳмонову оилаашро дид бо 90 миллион иктифо кард. Ва,аммо аз ин 90 миллион ҳам камикам 30%-и онро Ҳасан Асадуллозода дуздид.

Ҳасан Асадуллозода ва пахтаи мардум — тиҷорат ё фишор ба деҳқонон?

  «Ин дастури Ҳасан Асадуллозода аст. Ман бояд пахтаҳоро барам ба Ҳасан диҳам. Ҳасан Асадуллозода бо хориҷаҳо договор кардагӣ аст. Барои ҳамин ман пахтаҳои мардумро любой ценой бояд бигирам».

Ҳоҷӣ Амирулло дар Бохтар (Қурғонтеппа)бо зӯр пахтаҳоро аз хонаҳои мардум гирифта истодааст. Мегуяд Ҳасан Асадуллозода гуфт, ки «бигир ҷамъ кун, ман бояд ба хориҷиҳо фурушам. Ман маҷбурам пахтаҳои ин мардум ба зӯрӣ бошад ҳам бигирам.

Ҳоҷӣ Амирулло Холов бародари Ҳасан Асадуллозода солҳои пеш чанд муддат раиси шаҳри Қурғонтеппа буд. Вай ҳама маълумот дар бораи пахта ва пахтакоронро дорад. Дар кадом ноҳия чи қадар аст, кадом воҳиди кишоварзӣ аз ҳама бештар пахта дорад, оилаҳои калони пахтакор киҳоянд, ҳамаашро медонад. Ҳоҷӣ Амирулло бо Ҳасан бародари угаянд? Як падар вале модарҷудоянд. Ин ду кас бо ҳам он қадар хуб нестанд. Вале ҳам дар Роғун ва ҳам дар тиҷорати пахта ҳамкоранд. Чунки ҳарфи пул дар миён аст. 

               Ҳасан ва ГАИ

Миралӣ Сайраҳим Абдураҳмонзода, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, бинобар маълумоти як нафари огоҳ Папарозаи Ҳасан Асадуллозода буд Носкиҳои Ҳасанро мепушонид. Барои Зоир Соҳибов ҳам папарозагӣ мекунад. Арусбиёрак аст. Ин нафар гуфт, ки солҳои пеш дар гирди дастурхон роҳ намедодандаш ин калро. Ягон  грамм савод надорад. Ронандаи кудакҳои Зоир Соҳибов буд.

Дар ОВИР кор кард, сардори паспортний стол. Аз онҷо гирифтанду дар вилояти Суғд-  началники ГАИ монданд.

Рости  гап вай касе набуд. Баъди як моҳи таъиноатш дар ГАИ республика маълум шуд, ки ин постро ба ӯ додаанд

Миралӣ Сайраҳим Абдураҳмонзода қабл аз ин вазифа сардори гуруҳи махсус (спецподразделения) ВКД буд. Ба уҳдаи ин гуруҳи махсус масъулияти таъмини амнияти масири ҳаракати Президент ва меҳмонони баландпояи хориҷӣ вогузор шудааст. Гуё вайро барои командаи Рустам омода карда истодаанд.

 Вақти таъиноташ ба ин мақом «Ислоҳ» ин тавр навишта буд: «Сардори ГАИ-БДАи Тоҷикистон як нафари ғармӣ шуд. Полковник Абдураҳмонзода Миралӣ, маъруф ба кали Миралӣ. Миралӣ одами Зоири мундуқ, домоди Раҳмонов аст.

Миралӣ Сайраҳим Абдураҳмонзода дар Новосибирск як параи як бозори калонро пурра харидагӣ аст.Чекашро мечинад. Дар Масква дар 500 квадрат хона дорад. Миралӣ Сайраҳим Абдураҳмонзода сардори ГАИи вилояти Суғд буд. Зоир Соҳибов попушиашро бадар мекард Миралӣ Сайраҳим Абдураҳмонзода носкиҳоро мекашид, медавид, мешуст меовард, қоқ кардагӣ, мепушонд».

Ончики имруз барои мо рушан шуд ин аст ки Миралӣ Сайраҳим Абдураҳмонзода на фақат носкипушонаки Зоир,ҳамчунин носкипушонаки Ҳасан ҳам будааст. Вай ҳар чизе ёфтааст, аз носкиҳои бӯгини ҳамин ду кас ёфтааст.

РОҒУН: МО ҲУШДОР ДОДА БУДЕМ! ИН ҲАНӮЗ ОХИРИ МОҶАРО НЕСТ!

Миллати азизам!

Магар мо дар «Ислоҳ» борҳо дар бораи вазъи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳушдор надода будем? Магар борҳо масъалаи масолеҳи бесифат, эҳтимоли дуздии маблағҳо ва табдил ёфтани ин сохтмони азим ба макони пулшӯии «Семейка»-ро матраҳ накарда будем?

Магар нагуфта будем, ки созандагии Раҳмонов метавонад ба сӯзандагӣ табдил ёбад?

Магар фаромӯш кардед, ки Раҳмонов дар моҳи мубораки Рамазон коргаронро ба истифодаи рухсати рӯза нагирифтан даъват мекард ва Ҳусейн Мӯсозода ин мавқеъро аз нигоҳи динӣ тавҷеҳ медод? Муллоҳои дарбории дигар дастҳо пеши бар ҳай бале мегуфтанд? Зери унвони «Рост гутфааст Аллоҳ ва дурӯғ мегӯяд Раҳмонов» матлабу барномае тақдиматон накарда будем? Мо ҳамон вақт аз муносибати мақомот ба коргарон ва бехатарии онҳо интиқод карда будем.

Ва инак, 27 октябр Радиои Озодӣ аз ҳодисаи 22 октябр дар Роғун хабар дод: обу шағал аз маҳалли як нақб фурӯ рехта, ба гуфтаи шоҳидон, зиёда аз панҷ корманд осеб дидаанд!

Як корманди нерӯгоҳ гуфтааст: «Ин як тасодуф буд».

Тасодуф?! Пас ҳашт ҳодисаи соли 2025 чӣ буд? Чаро то ҳол маълум нест, ки дар онҳо чанд нафар захмӣ ё ҳалок шудаанд?

Мо намегӯем, ки сабаби ин ҳодиса аллакай муайян шудааст. Аммо талаб дорем, ки натиҷаи таҳқиқоти мустақил, вазъи захмиён, сифати масолеҳ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ ошкор карда шавад!

Миллати азиз! Роғун бояд манбаи рӯшноӣ ва ободии Тоҷикистон бошад, на ҷое, ки ҷони фарзандони миллат ба хатар гузошта шавад!

Ва як сухани дигар: соли 2027 ҳам интизори барқи бидуни маҳдудият набошед! Ба ин ваъдаи навбатии «Сардори Семейка» кӯр-кӯрона бовар накунед!

Чаро? Зеро чархаи навбатии Роғунро аввал барои соли 2025 пешбинӣ карда буданд, баъд муҳлатро ба соли 2027 гузарониданд. Ҳоло бошад, анҷоми пурраи ин сохтмон то соли 2035 пешбинӣ мешавад!

Аз назари ман, ваъдаҳои иҷронашудаи Раҳмонов дигар ҷойи эътимод нагузоштаанд. Ман ба ин ваъдаи нави ӯ низ бовар надорам.

Миллати азиз! Аз ваъдаҳои такрорӣ хаста нашудед? То кай бояд мардум дар торикӣ зиндагӣ кунанду аз минбарҳо ваъдаи рӯшноии фардоро шунаванд?

Миллат танҳо ваъда намехоҳад! Миллат барқ, шаффофият ва амнияти ҷони фарзандонашро мехоҳад!

Ва,акнун омадем ба достони кутоҳи қаҳрамони марказии шумора

Қулмаҳмад Ёров — хеши фаромӯшшудаи Раҳмонов ва асрори зиндагии ӯ! 

Қулмаҳмад, хеши баҷоии  Раҳмонов

Қулмаҳмад, писараммаи нотании Раҳмонов аст. Қулмаҳмад Ёров  61-62 сола мебошад.

Фируз, писари Қулмаҳмад домоди ҳоҷӣ Хайруллои хусурбачаи Президент буд.

Ин Қулмаҳмад Ёров як акаи бесавод дорад.

 Зафар Қурбонов, прокурори вақти ноҳия уро сахт ҷафид. Чунки Зафар Қурбонов медонист, ки Қулмаҳмад Ёров пулдор аст.

 Боз, ба ин хотир, ки писари Қулмаҳмад духтари ҳоҷӣ Хайруллорро сар дод, якбора ҷуқидаш. Ин вақт аллакай Нуриддин Раҳмонов (падарзани Зафар Қурбонов) дар қайди ҳаёт набуд. Фақат Нуриддин Қулмаҳмадро кришават мекард.

Раҳмонов Қулмаҳмадро он қадар хуб намешнохт. Барои онки модари Қулмаҳмад дигар аст ва Қулмаҳмад аммабачаи угай барои Раҳмонов мебошад.

Қулмаҳмадро факат дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мешиносанд. Вай солҳои пеш доирачии туйҳои мардум буд. Уро Гулов Ёрмаҳмад, вазири саноати сабук ва хурокворӣ-корхонаи давлатии Пишепром (падари Зубайд, шавҳари аввалаи Тахминаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов) вақте қудои президент шуд, дар борааш ба Раҳмонов гуфта буд. Гулов ба Раҳмонов гуфта буд, ки Қулмаҳмад хешат мешавад. Уро дар оила хешу табори дуввумдараҷаи Раҳмонов ҳисоб мекунанд.

Аммо Қулмаҳмд ҳоло ҳам шахси сарватманд аст. Ба ном раиси райпо, вале ягон вақт дар кабинет нест. То он вақте ки бозораш кор мекард, на пули налог месупорид на пули барқ.

Баъд аз онки Нуриддини тракторист мурд,Зафар Қурбонов, ки прокурори ноҳия буд (Зафар бародари Анвари текстил ва домодди Нуриддини тракторчӣ) ба азияти Қулмаҳмад сар кард. Зафар Қурбонов  бо ин баҳона, ки бояд Фирузи бачаи Қулмаҳмад духтари ҳоҷӣ Хайруллоро сар намедод, Қулмаҳмадро хеле такид. Бачаҳои Нуриддин ягонтоаш пушти Қулмаҳмадро нагирифтанд. Чунки, чуноне гуфтем, Зафар Қурбонов язнаашон мешавад.

Ин Зафар Қурбонов дар 35 соли охир аз ҳама бераҳмтарин ва золимтарин прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Занҳое,ки дар ҳукумати ноҳия кор мекарданду ба Зафар Қурбонов маъқул мешуданд, бо онҳо дар як рӯз даҳ бор бошад ҳам оғуш кушода салом мекард: оғушбаоғуш. Хеле зиёд бачаҳоро аз ноҳия, ки бо канали «Ислоҳ» суҳбат мекарданд, аз Русия оварда маҳкамашон кард, ё бо пули беҳад зиёд ҷавоб дод ва баъд маҷбур кард, ки ҳарчи зудтар Тоҷикистонро тарк намоянд.

  Қулмаҳмад Ёров тавассути  Нуриддин бозори аз шуравӣ монда ва боғи давлатии ноҳияро гирифта буд. Бозорашро чапа карданд. Ҳозир ба бизнеси «черний» гузаштагӣ аст. Бо як Лексуси 570 мегардад, рақами қайди давлатӣ- номераш 0003 аст.

Қулмаҳмад Ёров чанд соли пеш барои худнамоӣ ба президент дар ноҳия як ресторани 3 ошёна ва мағоза сохт. Ин биноҳоро баъд аз онки Гулов Ёрмаҳмад аз қудоии бо Раҳмонов ҷудо шуд, сохта буд, то аз ёди Раҳмонов наравад.

Қулмаҳмад Ёров чанд соли пеш духтари ҳоҷӣ Хайруллоро, ки соҳиби бозори Қурған аст келин карда буд. Аммо ин арусӣ дер давом накард. Бачаи Қулмаҳмад Ёров  духтари ҳоҷӣ Хайруллоро бо «бойфренд»-и пешинааш қапид ва талоқаш кард. Ин вақте буд, ки Зафар прокурори ноҳия буд.

Ҳамаи ин маълумотҳоро як дустам аз амният гуфта буд. Аммо қапидани духтари ҳоҷӣ Хайруллоро бо хушдори собиқаш дар район ҳама медонад. Гапи дар байни мардум овозашуда аст.

Вале Зафар Қурбонов чандин бизнесменҳои дигарро ҳам хунашонро макид. Яке аз онҳо Умед ном дошт, ки дар ноҳия бизнесмени муваффақ ба ҳисоб мерафт, Зафар Қурбонов то таҳпушҳояшро кашиду гирифт.

   Он вақт муовини аввали раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармаҳмад Раҳимзода буд. Дар як ташкилӣ шиштагӣ, ки дар онҷо Умед ҳам будааст. Сафармаҳмад Раҳимзода дар он ташкилӣ пиён мешавад ва мегуяд, ки «ма чуҷахои свежий свежийи Ҷомира шапидестам».  Умедро қаҳраш мекунад ва як мушт мезанадаш. Чанде пас ин нафар раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин мешавад ва ба воситаи Зафар Қурбонов Умедро голий мекунад. Ҳозир ин Раҳимзода Сафармаҳмад, раиси кумитаи замини вилояти Хатлон аст. Дар ноҳия хеле зиёд заминҳоро фурухт. Умед бошад аз дасти Зафар Қурбонов ночор шуду гурехт Русия рафт.

 Аммо ин Зафар Қурбонов коргарони давлатиро ҳам ба дод оварда буд. Аз раиси ноҳия то раиси кишоварзӣ ҳар моҳ барояш чойпулӣ овард медоданд.

 Единственный роҳбаре, ки ӯро гардан намедод, раиси амнияти ноҳия буд.

Сардори амнияти он вақта ҷияни генерал Мансур Умаров, сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, хело инсони хуб буд.То вақте Зафар Қурбонов прокурори Ҷомӣ буд, коррупция дух намекард, ки ноҳия проверка биёяд.

Ва, аммо Қулмаҳмад, бачаи аммаи угайи Президент ранги Зоиру Ҳасану дигарҳо нест. Уро бори аввал Ёрмаҳмад Гулов дар хонааш ба пеши Президент дароварда буд. Гулов Ёрмаҳмад ба президент Қулмаҳмадро шинос карда мегуяд, ки «ира шинохтӣ, бачаи амат мешава». Аз он вақт баъд уро ҳама шинохта буданд. Ин Қулмаҳмад ҳамсояи Ёрмаҳмад Гулов буд. Гулов Ёрмаҳмад ҳам аз Кули Суфиёни Данғара аст. Инҳо данғарагианд. Падари Қулмаҳмад дар вақташ аз Кули Суфиёни Данғара ба Куйбишев (Абдураҳмон Ҷомии имруза) ҳамчун муҳоҷир омада буд. 

Дилшод, писари Шомуддин Шарифзода, генерали КДАМ вақте Зафар Қурбонови домоди Нуриддини тракторчӣ прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд, муовини Зафар Қурбонов буд. Дар солҳои 2018 то 2022. Ҳозир Дилшод дар прокуратураи вилояти Хатлон пом прокурор -ёрдамчии прокурор аст. Ман аз соли 2017 то 2024 дар ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кор кардаам.

 Вале баъде, ки Зубайди бачаи Ёрмаҳмад Тахминаро сар дод Қулмаҳмад дигар худашро ба Нуриддин часпонд.

 Ҳамон бозори Қулмаҳмадро ҳам ҳамин Зафар Қурбонов чапа кард. Зафар Қурбонов тақрибан 300$ ҳазор доллари Қулмаҳмади амма бачаи Раҳмоновро канд.

Пасгуфтори «Семейка News №34»

Аз хеши фаромӯшшуда то «смотрящий»-и Тоҷикистон — чеҳраҳои нави «Семейка»!

Ин буд шумораи 34-уми «Семейка News». Шуморае, ки дар он аз конҳои тиллои Ховалинг то тиҷорати хешовандони Раҳмонов, аз масҷиди Қатар то пахтаи деҳқонон ва аз Нарзулло Соҳибов то Қулмаҳмад Ёров сухан рафт.

Дар маркази ин ҳама як масъала меистад: марзи миёни қудрати давлатӣ, манфиатҳои хонаводагӣ ва масъулият дар назди қонун.

Ҳар касе, ки мансаб дорад, ҳар касе, ки ба президент наздик аст ва ҳар касе, ки худро зери ҳимояти шахси бонуфуз медонад, бояд як ҳақиқатро дарк кунад: Тоҷикистон мулки хусусии ҳеҷ хонавода нест. Сарватҳои табиии он моли мардуманд. Қонунҳои он барои ҳама яксонанд. Ҳуқуқи соҳибкор, деҳқон ва шаҳрванди одӣ набояд қурбони манфиатҳои шахсони қудратманд гардад.

Амриддин Нақшов! Дар бораи истихроҷ ва гардиши тилло дар Ховалинг маълумоти ҷиддӣ ба «Ислоҳ» расидааст. Мардум ҳақ доранд ҳисоботи шаффофи истихроҷ, фурӯш ва даромади конҳоро бинанд. Ҳар грамм тиллое, ки аз сарзамини Тоҷикистон берун меояд, бояд дар ҳисобу китоби қонунӣ ҷой дошта бошад.

Соҳибовҳо! Мансаб, сарват ва робитаҳои хонаводагӣ набояд ба касе ҳаққи таҳдид ба соҳибкорон ё дахолат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ диҳанд. Ҳеҷ кас набояд худро болотар аз қонун бидонад. Ҳеҷ «смотрящий» наметавонад ҷойи суд, прокуратура ва қонунро бигирад.

Ҳасан Асадуллозода! Масҷид ҷойи ибодат аст ва маблағи сохтмони он амонат. Ҳисоботи хароҷоти сохтмони масҷиди марказии Душанбе, қарордодҳо ва пардохтҳо ба пудратчиён бояд барои санҷиши мустақил дастрас бошанд. Пахтаи деҳқон низ маҳсули заҳмати ӯст, на дороии шахсони соҳибнуфуз.

Ва аммо Қулмаҳмад Ёров — чеҳрае, ки дар ин шумора ба хонандаву бинандаи «Ислоҳ» муаррифӣ шуд. Қиссаи ӯ як паҳлуи дигари муносибатҳои хонаводагӣ, сарват ва нуфузро ба миён мегузорад. Наздикӣ ё дурӣ аз дарбор набояд сарнавишти иқтисодӣ ва ҳуқуқии инсонро муайян кунад.

Эмомалӣ Раҳмонов! Масъулияти идораи давлат танҳо бо суханронӣ дар бораи қонун, адолат ва мубориза бо коррупсия анҷом намеёбад. Меъёри воқеии адолат он аст, ки қонун нисбат ба наздикони қудрат низ ҳамон гуна амал кунад, ки нисбат ба шаҳрванди одӣ амал мекунад.

«Ислоҳ» масъалаи сарватҳои миллӣ, фаъолияти шахсони соҳибмансаб ва робитаҳои қудрату тиҷоратро аз мадди назар дур намегузорад. Маълумоти ба ҳайати таҳририяи «Ислоҳ»  расида бояд бо ҳуҷҷатҳо, ҳисоботи молиявӣ ва санҷишҳои мустақил рӯшан гардад. Аз мақомоти масъул посухҳои мушаххас ва ошкор талаб мекунем.

Тоҷикистон аз як хонавода бузургтар аст. Қонун аз ҳар мансаб болотар аст. Ва сарвати миллат бояд ба миллат хизмат кунад!

Ин буд шумораи «Семейка News №34».

«Ислоҳ» — минбари ошкорбаёнӣ, ҳисоботталабӣ ва ҳимояи манфиатҳои мардум аст.

Share This Article