Аҳодиси сохтаву заиф роҷеъ ба шахсияти Алӣ ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳу).
Дар мақолаи таҳқиқотии мазбур, дар мавриди баъзе аз аҳодисе, ки аз Расули Акрам (с) дар мавриди Алӣ ибни Абӯтолиб (р) омада, ки миёни ҷомеа роиҷ ва машҳуранд вале заифанд ва ё дар онҳо халале вуҷуд дорад, равшанӣ меандозем. Пажӯҳиши ин таҳқиқот бо такя бар кутуби ҳадис сурат мегирад ва санади онҳоро низ барои огоҳии шумо зикр мекунем.
1. «Худо дар шаби Меъроҷ дар робита бо Алӣ разияллоҳу анҳу, се чизро ба ман ваҳй кард: Ин, ки ӯ сарвари муъминон аст ва имоми муттақиён аст ва фармондеҳ, сардори беназир ва ягона аст.»
(Ин ҳадис мавзуъ аст, силсилааҳодиси заиф, Албонӣ. Шумораи 353 муроҷеа шавад.)
2. «Се кас тақаддум ҷустаанд: Юшаъ ибни Нун ба сӯйи Мусо (а) тақаддум ҷуста, соҳиби Ёсин ба Исо (а) тақаддум ҷуста ва Алӣ ибни Абӯтолиб ба сӯйи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам тақаддум ҷуста.»
( Ин ҳадис ҷиддан заиф аст. Силсилааҳодиси заиф шумораи 358 ва Заиф-ул-ҷомиъ шумораи 3334 муроҷеа шавад)
3. «Алӣ имоми накӯкорон аст ва қотили фоҷирон аст. Касе, ки ӯро ёрӣ диҳад ёрӣ хоҳад шуд ва касе, ки ӯро хор кунад хору дармонда хоҳад шуд.»
Ин ҳадис мавзуъ аст. Силсилааҳодиси заиф, Албонӣ. Шумораи 357 ва Заиф-ул-ҷомеъ 37799 муроҷеа шавад.)
4. «Муборизаи Алӣ ибни Абӯтолиб бо Амр ибни Абдивад дар рӯзи Хандақ то рӯзи Қиёмат аз ҳамаи умматам афзалтар аст.»
Ин ҳадис дурӯғ аст. Силсилааҳодиси заиф, шумораи 400 муроҷеа шавад.)
5. «Худоё! бандаи Алӣ ба хотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам худро ҳабс карда, пас нур ва дурахшиши онро ба ӯ боз гардон!» (ва дар ривояте): «Худоё! Ӯ дар тоати Ту ва тоати Паёмбарат саллаллоҳу алайҳи ва саллам буда, пас офтобро барои ӯ биёвар», Асмо гуфт: «Дидам, ки ғуруб кард, сипас дидам, ки баъд аз он ғуруб дубора тулуъ кард».
(Ин ҳадис мавзуъ аст, силсилааҳодиси заиф, Албонӣ. Шумораи 971, муроҷеа шавад.)
6. «Худованди мутаъол ба ман дастур дода, ки чаҳор нафарро дӯст дошта бошам ва ба ман хабар дода, ки онҳоро дӯст медорад.» Гуфта шуд: «Эй Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам! Онҳо чӣ касоне ҳастанд? (ва дар ривояте: «Онҳоро барои мо номбар кун!)» Фармуд: «Алӣ аз онҳо аст, инро се бор мегӯяд, Абӯзар , разияллоҳу анҳу, Салмон разияллоҳу анҳу ва Миқдод разияллоҳу анҳу ба ман дастур дод, ки онҳоро дӯст бидорам ва ба ман хабар дода, ки онҳоро дӯст медорад.»
(Ин ҳадис заиф аст, силсилааҳодиси заиф, Албонӣ. Шумораҳои 1549, 3128 ва Заиф-ул-ҷомеъ, 1566 ва Заиф-ус-сунани Тирмизӣ, 771, ва Заиф-ус-сунани Ибни Моҷа 28, Алмишкот 6249 муроҷеа шавад.)
7. «Ман шаҳри илм ҳастам ва Алӣ дарвозаи он аст, пас касе, ки хоҳони илм аст бояд аз дари он дарояд.»
Ин ҳадис мавзуъ аст. Силсилааҳодиси заиф, шумораи 2955 муроҷеа шавад.)
8. «Ман бандаи Худо ва бародари Расули Худо ва сиддиқи акбар ҳастам, баъд аз ман касе инро намегӯяд, ҷуз ин, ки каззоб аст, ҳафт сол пеш аз мардум намоз гузоридам».
(Ин ҳадис ботил асту заиф, сунани Ибни Моҷа, шумораи 23 муроҷеа шавад.)
9. «Худо ба Алӣ раҳм кунад, Худоё! ба ҳар ҷо, ки рафт ҳақро бо ӯ бичархон!»
Ин ҳадис ҷиддин заиф аст. Силсилааҳодиси заиф, 2094, Заиф-ул -ҷомеъ 3095, Заиф-ус-сунани Тирмизӣ 767, Ал-мишикот 6125 муроҷеа шавад.)
10. «Алӣ бо Қуръон аст ва Қуръон бо Алӣ аст, он ду аз ҳам ҷудо намешаванд то ин, ки бар ҳавзи Кавсар медароянд.»
(Ин ҳадис заиф аст. Заиф-ул-ҷомеъ, шумораи 3802 муроҷеа шавад.)
11. «Алӣ сардасти муъминон аст ва молу сарват сардастаи мунофиқон аст».
( Ин ҳадис заиф аст, заиф-ул -ҷомеъ 3805 муроҷеа шавад.)
12. « Дар шаби Меъроҷ дар бораи Алӣ се чиз ба ман ваҳй шуд: Ў сайид ва сарвари мусалмонон аст, валии муттақин (парҳезкорон) ва раҳбари беназир аст.»
Мавзуъ аст. Силсилааҳодиси заиф, Албонӣ. 4889.
13. «Эй Анас! Сайиди арабро барои ман фаро бихон, мақсудаш Алӣ аст», он гоҳ Оиша разияллоҳу анҳо, гуфт: Оё ту сайиди араб нестӣ?
Гуфт: «Ман сарвар ва сардори фарзанди одам ҳастам ва Алӣ сайиди араб аст. Эй ҷамоати ансор! Оё шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар ба он чанг занед, ҳаргиз баъд аз он гумроҳ намешавед?! Гуфтанд: «Бале эй Расули Худо! Фармуд: «Ин Алӣ аст, ӯро эҳтиром гузоред, зеро Ҷабраил (а) аз тарафи Худои азза ва ҷалла ончиро, ки ба шумо гуфтам ба ман амр фармуд.»
(Ин ҳадис мавзуъ аст. Силсилааҳодиси заиф, шумораи 4890 муроҷеа шавад.)
14. «Ту ончиро, ки уммати ман баъд аз ман дар он дучори ихтилоф мешаванд, барои онҳо равшан баён менамоӣ».
(Ин ҳадис мавзуъ аст. Силсилааҳодиси заиф, шумораи 4891 муроҷеа шавад.)
15. «Ман инзоркунанда ҳастам ва Алӣ ҳидоятдиҳанда. Эй Алӣ! Ба василаи ту ҳидоятёфтагон баъд аз ман ҳидоят меёбанд.»
Ин ҳадис мавзуъ аст. Силсилааҳодиси заиф, шумораи 4899 муроҷеа шавад.)
16. «Вақте, ки ба Меъроҷ рафтам дидам, ки дар тоқи арш навишта шуда буд: Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур- Расулуллоҳ, баргузидаам аз халқам, ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро бо Алӣ тайид бахшидам ва ёрӣ кардам».
(Ин ҳадис мавзуъ аст. Силсилааҳодиси заиф, шумораи 4902 муроҷеа шавад.)
17. «Ҳар кас, ки мехоҳад амали Одам (а), фаҳми Нӯҳ (а), бурдбории Иброҳим (а), зуҳди Яҳё (а) ва шуҷоати Мусо (а)-ро мушоҳида кунад, пас бояд ба Алӣ разияллоҳу анҳу, нигоҳ кунад!».
Ин ҳадис дар силсилаи заифа, мавзуъ, шумораи 4903 муроҷеа шавад.)
18. «Ноқисин, қоситин ва мориқин (гумроҳон) дар кучаҳо ва наҳрҳо ва қуллаҳо бо ҳам ҷанг мекунанд.»
Ин ҳадис мавзуъ аст. Силсилааҳодиси заиф, шумораи 4922 муроҷеа шавад.)
19. Ин оят: «Ё айюҳаррасулу баллиғ мо унзила илайка мин раббика» дар рӯзи Ғадири Хум дар робита бо Алӣ , разияллоҳу анҳу, нозил шуд».
(Ин ҳадис мавзуъ аст, силсилаиаҳодиси заиф, шумораи 4922 муроҷеа шавад.)
20. «Вақте, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар Ғадири Хум, Алӣ разияллоҳу анҳуро таъин кард ва вилояти ӯро эълон кард, Ҷабраил (а) фурӯд омад ва ин оятро овард: «Ал-явма акмалту лакум динакум ва атмамту алайкум ниъмати.»
Ин ҳадис мавзуъ аст. Силсилааҳодиси заиф, шумораи 4923 муроҷеа шавад.)
21. «Ин бародар васӣ ва халифаи ман дар миёни шумост, пас ӯро гӯш кунед ва аз ӯ итоат кунед!» (мақсудаш Алӣ разияллоҳу анҳу аст).
Ин ҳадис мавузъ аст. Силсилааҳодиси заиф, шумораи 4932 муроҷеа шавад.)
22. «Шуморо ба Худо савганд медиҳам, ки оё дар миёни шумо ҳаст касе, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ҳангоме, ки миёни мусалмонон пайванди бародарӣ ва ухувват барқарор намуд ба ғайр аз ман миёни худ ва ӯ пайванди бародарӣ барқарор карда бошад?» Гуфтанд: «Не ба Худо!»
(Ин ҳадис мавзуъ аст. Силсилааҳодиси заиф, шумораи 4949 муроҷеа шавад.)
23. «Шамшере нест ҷуз «Зулфиқор» ва ҷавонмарде нест ҷуз Алӣ разияллоҳу анҳу.»
Ин ҳадис дурӯғ аст бар Алӣ разияллоҳу анҳу Минҳоҷ-ус-суннат 5\ 70 муроҷеа шавад.)
24. «Дӯстӣ ва алоқа ба Алӣ разияллоҳу анҳу ҳасана ва некие аст, ки ҳеҷ гуноҳе бо он зиён надорад ва мабғуз (нафрат) доштани вай як гуноҳе аст, ки ҳеҷ ҳасана ва хубие ҳамроҳ бо он фоидае надоранд.»
(Ин сухан ба дурӯғ ба Алӣ разияллоҳу анҳу нисбат дода шудааст. Минҳоҷ-ус-суннат 5\73 муроҷеа шавад.)
25. «Сақалайн: Яке китоби Худо аст, ки як тарафи он ба дасти Худованди мутаъол ва тарафи дигари он ба дасти шумо аст, пас ба он чанг занед ва гумроҳ нашавед ва дигар «итрат» ва хонаводаи ман аст. Худои латиф ва огоҳ ба ман хабар дода, ки Қуръон ва аҳли байти ман аз ҳам ҷудо намешаванд, то ин ки (бо ҳам) бар ҳавзи Кавсар ворид мешаванд. Инро барои он ду аз Парвардигори худ дархост кардам, пас аз онҳо пеш наафтед, ки ҳалок мешавед
ва аз онҳо кӯтоҳӣ наварзед, ки ҳалок мешавед ва ба онҳо (аҳли байтам) ёд надиҳед, ки аз шумо донотар ҳастанд.»
Ин ҳадис заиф аст. Силсилааҳодиси заиф, шумораи 4914 муроҷеа шавад.)
26. «Шинохти Оли байт наҷот ёфтан аз оташ аст ва муҳаббат ба аҳли байти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам гузаштан аз «сирот» аст ва вилояти Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, амният ёфтан аз азоб аст.»
Ин ҳадис мавзуъ аст. Силсилааҳодиси заиф, шумораи 4917 муроҷеа шавад.)
27. «Ин бародари ман васӣ ва халифаи баъд аз ман аст, ба ӯ гӯш диҳед ва аз ӯ итоат кунед».
(Ин ҳадис аз назари матн ва санад ботил аст, аз назари санад ба ин далел, ки дар он Абдулғаффор ибни Қосим вуҷуд дорад, ки Заҳабӣ дар бораи ӯ гуфтааст: «Абу Марями ансорӣ рофизӣ аст, мавсуқ ва муътабар нест.» Алӣ ибни Мадинӣ гуфтааст: «Ҳадис вазъ мекард.» Мизон-ул-иътидол 2\640 муроҷеа шавад.)
28. «Васӣ ва ҷойгоҳи асрор ва розҳои ман ҳамон Алӣ ибни Абӯтолиб аст ва беҳтарин касе ки баъд аз худам боқӣ гузоштам, ки ваъдаамро анҷом медиҳад ва қарзамро мепардозад Алӣ ибни Абӯтолиб разияллоҳу анҳу аст».
Ҳайсамӣ ин ҳадисро дар Маҷмаъ-уз-завоид ривоят кардааст 9\141 ва онро ба Табаронӣ нисбат додааст ва гуфтааст: «Дар он Носиҳ ибни Абдуллоҳ вуҷуд дорад, ки матрук-ул-ҳадис аст муроҷеа шавад.)
29. «Ман сарзамини ҳикмат ҳастам ва Алӣ дарвозаи он аст.»
(Тирмизӣ онро ривоят карда ва Абу Наъим дар мавриди ин сухани Тирмизӣ, ки мегӯяд: «Ин ҳадис ғариб ва мункар аст», сукут ихтиёр кардааст.)
Ин ҳадисро мо яке аз мавсуқҳои шарҳкунандагони ҳадис нашинохтаем, шумораи 3723 ва Ибни Ҷавзӣ гуфтааст: «Ин ҳадис мавзуъ аст, Мишкот-ул-масобиҳ 3\1777 ва Ибни Ҷавзӣ ҳукм карда, ки ин ҳадис макзуб аст. Алмавзуъот 1\349» муроҷеа шавад.)
30. «Ту эй Алӣ! Ва шиъаат « Улойка ҳум хайрул бария», яъне онҳо беҳтарин инсонҳо ҳастанд.»
Дар ин ҳадис Абулҷоруд Зиёд ибни Мунзар Ал-Куфӣ вуҷуд дорад, ки Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар бораи ӯ гуфтааст: «Рофизӣ аст». Яҳё ибни Муъин ӯро дуруғгу донистааст. Аттақриб 201 муроҷеа шавад)
31. «Худованди мутаъол дар бораи Алӣ разияллоҳу анҳу се чизро ба ман ваҳй кард: ӯ сарвари муъминон, имоми муттақиён, ва фармондеҳи ғурри муҳаҷҷалин аст.»
(Ҳофиз гуфтааст: «Ҳоким дар маноқиб гуфта санади ин ҳадис саҳеҳ аст, вале «мегӯям, ки ҷиддан заиф аст ва низ мунқатеъ аст». Итуҳоф-ул-муҳра 1\344. Инчунин имом Заҳабӣ ин ҳадисро рад кардааст. Тавре ки дар таълиқаш, дар Мустадрак 3\139, дар мавриди ин ҳадис, омадааст: Умар ибни Ҳусайни Ақилӣ ва устодаш Яҳё ибни Алои Розӣ ҳар ду матрукул-ҳадис ҳастанд ва баён карда, ки ин ҳадис мавзуъ аст, муроҷеа шавад ба ин масодири зикргардида.)
32. «Ваҳ! Ваҳ! Барои ту эй Алӣ! ба мавлои мо ва мавлои ҳар имондори мард ва зане табдил шудӣ.»
(Дар ин ривоят Алӣ ибни Зайд ибни Ҷадъон вуҷуд дорад, ки Ҷузҷонӣ дар бораи ӯ гуфтааст, ки воҳиюл – ҳадис (суст, заиф) ва заиф аст. «Ашшаҷара фи аҳволир – риҷол с. 194.
Ибни Ҷавзӣ дар «Илалул- мутаноҳия фил-аҳодисил- воҳияти» 1\ 226 гуфтааст: «Ин ҳадис ҷоиз нест, ки мавриди истидлол қарор бигирад ва аз болои ӯ то Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ҳамагӣ заиф ҳастанд» ва Баззор гуфтааст: «ҷамоате аз аҳли илм дар бораи он сухан гуфтаанд, Кашфул – истор 490- ва Дорқутнӣ гуфтааст: «Қавӣ нест.» Сунани Дорқутнӣ 1\103 муроҷеа шавад.)
33. «Худо ба Алӣ , разияллоҳу анҳу раҳм кунад, Худоё! ба ҳар ҷо, ки рафт ҳақро бо ӯ бичархон!»
Ҳоким онро ривоят карда ва гуфтааст шарти Шайхайн саҳеҳ аст. Алмустадрак 3\125. Дар он Мухтор ибни Нофиъи Тамимӣ вуҷуд дорад, ки Заҳабӣ дар шарҳи (сухани) Ҳоким мегӯяд: «Мухтор соқит ва Ҳофиз гуфтааст». «Мухтор заиф аст» Аттақриб 6522 муроҷеа шавад.)
34. «Алӣ бародари ман дар дунё ва охиратаст.»
Заиф аст. (Ба заъифу ҷомиъи Албонӣ нигоҳ кунед 3801.)
35. «Алӣ дари «ҳитта (кам кардани гуноҳ) аст, ҳар кас вориди он шавад амният мешавад.»
Мавзуъ аст. Дар он Ҳусайни Ашқар вуҷуд дорад. Бухорӣ гуфтааст: «Дар он назар вуҷуд дорад.» Атторих-ул-кабир 2\ 2862 ва гуфта: «Корҳои мункаре аз ӯ сар зада.» Атторих-ус-сағир 2\ 319. Силсилаи аҳодиси заиф, Албонӣ 3913 муроҷеа шавад.)
36. «Алӣ беҳтарин инсон аст, ҳар кас саркашӣ кунад, куфр варзидааст.»
(Мавзуъ аст. Ҳофиз ибни Ҳаҷар гуфтааст: Ибни Адӣ ин ривоятро аз тариқҳое истихроҷ карда, ки ҳамагӣ заиф ҳастанд». Тасдидулқавс 3\89. Заҳабӣ гуфтааст: «Ин ҳадис мункар аст» ва Заҳабӣ ин ҳадисро ба ин васф карда, ки ботили ошкор аст. Мазонул – иътидол 1\ 521.
Ва Ибни Ҷавзӣ дар мавзуъот 1\ 348 ба ин мароҷеъ муроҷеа шавад.)
37. «Ту донистӣ, ки Алӣ ду ё се бор аз падарам барои ту маҳбубтар аст.»
(Албонӣ ин ҳадисро заиф донистааст. Заифи Абудовуд с. 491.)
38. «Масали аҳли байтам масали киштии Нӯҳ (а) аст. Ҳар кас савори он шавад наҷот меёбад ва ҳар кас аз он ақиб монад ғарқ мешавад.»
(Табаронӣ ин ҳадисро дар Алкабир 3\37 ва Ҳайсамӣ 9\168 ривоят кардаанд. Дар санади он Абдуллоҳ ибни Доҳир ва Ҳасан ибни Аби Ҷаъфар вуҷуд дорад, ки ҳар ду тибқи гуфтаи Ҳайсамӣ – матрукул – ҳадис ҳастанд, муроҷеа шавад.)
39. «Ҳар кас дӯст дорад, ки мисли ман зиндагӣ кунад ва мисли ман бимирад ва дар биҳишти абадие, ки Парвардигорам ба ман ваъда додааст ҷой бигирад ва бо дасти худ ниҳолҳои онро шинонад, пас Алӣ ибни Абӯтолибро дӯст дорад ва вилояти ӯро қабул кунад.»
(Ҳоким онро саҳеҳ дониста 3\128. Заҳабӣ дар мавриди он тавзеҳ дода, ки дар он Қасим вуҷуд дорад, ки матрук аст, шайхи ӯ ҳам заиф аст ӯ Яҳё ибни Алии Асламӣ аст.
Ҳофиз дар Тақриб 7677 гуфтааст: «ӯ шиъии заиф» аст», аммо ӯ дар зикри номи Асламӣ хато кардааст ва ӯро «Маҳорибӣ» ном ниҳода ва Абудулҳусайн дар Муроҷиъот аз ин хато ба шиддат истифода кардааст.)
40. «Ҳарчиро, ки Худо ба ман илҳом карда ба Алӣ разияллоҳу анҳу ҳам илҳом кардааст.»
(Ҳадиси мавзуъ аст. Алмавзуъот 1\131. Асналматолиб 1262 муроҷеа шавад.)
41. «Дӯстдори ту дӯстдори ман аст ва дӯстдори ман дўстдори Худо аст ва душмандори ту душмандори ман аст ва душмандори ман душмандори Худо аст.»
(Ҳофиз гуфтааст: «Ибни Арабӣ онро ривоят карда, ки ӯ ботил ва бепоя аст». Лисонулмизон 2\109 муроҷеа шавад.)
42. «Эй Алӣ! мужда бидеҳ, ки ту ва ёронат дар биҳиштед. Эй Алӣ!
Оё намози асрро хондаӣ?» Гуфт: -не. Гуфт: «Худоё! Ту медонӣ, ки ӯ саргарми ҳоҷати Ту ва ҳоҷати Расули Ту аст, пас офтобро дубора барои ӯ берун биёвар!» Гуфт: «Онро барои ӯ дубора берун овард ва Алӣ разияллоҳу анҳу намози асрро хонд ва офтоб ғоиб шуд.»
Мақсад аз навиштани ин мақола ва таҳқиқ дар ин маврид костан аз обурўйи ҳазрати Алӣ карамаллоҳу ваҷҳу нест, балки ҳимояташ ва дур кардани ифтироот ба ин ҳазрат аст. Агар касе аз шумо дар мавриди илми ҳадис огоҳӣ дошта бошад медонед, ки барои мушаххас намудани санади он чи қадар илми дақиқ лозим аст, зеро бидуни санад ҳадис гирифта намешавад. Мо ҳатто дар мавриди имом Абуҳанифа (раҳ), ки имоми мазҳаби мост ба бархе аз аҳодисе рӯ ба рў мешавем,ки сохта ва ҷаълианд. Масалан: гӯё Расули Акрам (с) гуфтааст: «Абуҳанифа чароғи уммати ман аст», вале мо онро намепазирем оё аз обурўйи имом Абуҳанифа чизеро кам кардем? Ҳаргиз на. Обурўйи имом ҳамеша дар офоқ ва вирди забонҳост ва пайравонаш як бахши азими ҷомеаи ҷаҳониро дар бар мегиранд. Биноан мо ҳангоме, ки сухан мегӯем ва истидлол меорем ҳамеша бо ҳадисе сухан гӯем, ки он саҳеҳ бошад, зеро дини ислом дини комил аст ва он ниёз ба аҳодиси сохта ва ҷаълӣ надорад. Дар мавриди ҳазрати Алӣ (р) дар кутуби ҳадис ба аҳодиси саҳеҳи зиёде рӯ ба рў мешавем,ки ҳам аз нигоҳи санад ва ҳам аз нигоҳи фазилат бо якдигар муъориз нестанд ва онҳоро мехонем ва мепазирем. Вале ифрот ва калиди ҷаннат ва дӯзахро дар дасти ҳеҷ кас ҷуз Худо намедонем ва шафоатро дар рӯзи Қиёмат аз Расули Акрам (с) хоҳонем. Албатта бояд дар зиндагии худ тибқи китоби Худо ва суннати он Ҳазрат (с) амал намоем, то дар он рўз шафоатро шарафёб шавем.