Агар ҳиҷобатонро аз саратон нагиред,шуморо ба кабинет мебарем онҷо онро даҳ нафара мегиранд!

Ислоҳ нет

 

                                 (Рейди зиддиҳиҷоб дар Исфара)

Рӯзи 12-уми июн дақиқан рӯзи 27-уми моҳи мубораки рамазон дар бозори марказии шаҳри Исфара “рейди махсуси сатр” ба вуқуъ пайвастааст.Дар ин робита ба мо шоҳиди аслии ин ҳодиса хоҳаре тамос гирифта ва онро бароямон чунин шарҳ доданд.Хонандаи гиромӣ,то охир хонед ва худатон қазоват кунед!

Аввалан мехоҳам ҳодисаро аз навиштаӣ Зубайдулло Шомадов наворбардори махусусӣ раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин(собиқ раиси шаҳри Регар ва зодаи Данғараи Бостон) шунавем,ки дар саҳифаи фейсбукии худ ин навиштаро гузоштааст ва метавонед дар Сомонаи шаҳр: http://isfara.tj/2018/06/13/aqidahoi-mafkuravy/ онро пайдо намоед,ки чунин  навиштааст:

раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин

“Ақидаҳои мафкуравӣ

Имрӯз як гурӯҳ занони фаъоли ҳизбӣ аз ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, якҷоя бо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, оид ба маданияти шаҳрдорӣ байни занон дар маркази шаҳр корҳои табиғотӣ гузарониданд. Мақсади гурӯҳи корӣ баланд бардоштани ақидаҳои мафкуравии занону духтарони шаҳру деҳоти Исфара буда, оид ба эҳтироми либоси миллӣ, решакан намудани тақлиди лисобпӯшии бегона, байни занону духтарон буд. Мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Тоҷибоева Ф. зикр намуд, ки “Як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоир тасавур карда бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеъаро тира сохта истодаанд. Ҳол он ки Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд”.

Гурӯҳи таблиғотии КИ ҲХДТ 

дар шаҳри Исфара

Ин зани рост истода: Мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Тоҷибоева Ф.

 

Агарчӣ хело мехостам ба ин ибораи охири Зубайдулло Шомадов,ки иқтибос аз қавли Тоҷибоева Ф овардааст посухи мудаллалу тӯлоние нависам афсӯс,ки инҷо маконаш нест.

“Ҳол он ки Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд”.

Посухи кутоҳи ман ба ин қавл: Нахуст номи навиштор иштибоҳ аст ва дар нӯҳ сатр се иштибоҳ дорад.

Дуввум Аллоҳро бо ақл мешиносанд ва бо аъзои бадан ибодат мекунанд ва ҳиҷоб фарз аст, риояти ҳиҷоби шаръӣ ибодат аст.Аллоҳро бо қалб намепарстанд балке бо қалб тасдиқаш мекунанду ба Ӯ имон меоваранд.Мухолифат бо ҳиҷоб куфр аст ва гирифтани ҳиҷоби зани мусалмон боз дар моҳи мубораки рамазон ҳукмаш вахимтар аст.

Севвум фазои шаҳру ҷумҳуриро шумо тираву сиёҳ кардаед на ин занони бо иффату бо ҳаёи ҳиҷобдор.

Чорум ҳадди ақал дар ин моҳ намешуд ин ҷиноятро содир накунед, охир шумо мусалмон ҳастед?

Панҷум “пешвоятон” мегӯяд ман мусалмонзодаам шумо чӣ?

 Агар бовар накунед ин амали шумо ҷинояти бузург аст, аз ҳар олими динеки ба ӯ бовар доред пурсед? Аммо аз Ҳусайн Мусозода ва Убайдулло Калонзода напурсед,ки инҳо мункирони ҳиҷобанд!

Ба он хотир ин ду “муллонамо”- ро зикр намудам,ки инҳо аз Вилояти Суғд мебошанд ва ба ақидаҳояшон хуб ошноям.

 

Ҳоло он зане,ки ба Сомонаи Isloh.net дар тамос шуданд ва ҳолати аслӣ ё рейди зиддиҳиҷобро,ки дар бозори марказии шаҳри Исфара гузаштааст ба мо баён намудаанд  дақиқан онро меорем,то ҳама аз асли воқеа огоҳ гарданд.Номи шартии ин хоҳарро Ойша мегузорем,то мусоҳиба фаҳмо бошад.

 

Isloh.net:Асалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу хоҳар Ойша мехостед ба Сомона ончӣ имрӯз дар бозори марказии шаҳри Исфара гузашт бигӯед?

 

Ойша:Ва алекум асалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бале ин рӯз,ки шаб дар ибодат будем ва шаби муқаддас буд ва пас аз он барои дастархони рӯзи ид ба бозор баромадам,ки ба дасти мудири авбоши бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Тоҷибоева Ф ва як зани милесаи густох ва беадаб ба фикрам рутбаи майёри милеса дошт бо номи Гулноз афтодем.

 

Ин акси Гулнозаи таҳдид кун аст,барои таҳдиди занони ҳиҷобпӯш ифтихорнома мегирад

 

Isloh.net: Чӣ гӯна ба даст афтодед,метавонед онро броямон равшантар баён намоед?

 

Ойша: Бале ман ба ҳамин сабаб ба шумо тамос гирифтам,то рейди зиддиҳиҷобеки имрӯз дар бозори марказии шаҳри Исфара гузашт бароятон нақл кунам.Аммо хоҳиш мекунам номи маро зикр накунед,ки ин мақомотҳои мо хело бадахлоқу Худонотарсанд.Дигар дар минтақаи мо ҷавони мусалмоне намондааст ва ҳамаро зиндонӣ кардаанд ва ё гурехта ба рассия рафтаанд.Аслан ҳеҷ ҷавони ришдореро намебинед дар кулли Исфара.Инҳо ба ҳама ҷиноят қодиранд ман модари се фарзандам,аз номусам метарсам,маро фаҳмед!

 

Гулнози таҳдидкунандаро хубтар шиносед!

Isloh.net: Хоҳари гиромӣ комилан осуда бошед ва мо ҳаргиз ҳеҷ мусоҳибамонро ифшо накардаем ва ҳифзи номуси шумо хоҳари гиромӣ ва ҳар модару хоҳари дар кишвар асир будаамон барои мо фарз асту шараф,агар барои ҳифзи номуси занҳои мусалмонамон кушта шавем ин волотарин дараҷаи шаҳодат аст.Шумо шоҳиди ҳодисае ҳастед,ки онро бояд гуфт,то ҳама донанду огоҳ бошанд ва зулму ситами ин низоми фосиду мустабид ифшо гардад.

 

Ойша: Чуноне гуфтам барои харид ба бозор рафтам соат тақрибан 11-и  субҳ буд, ҳангомеки аз растаи салат фурӯшони бозор мегузаштам Тоҷибоева.Ф ва Гулноз бо як камераеки  ин “фаҳмондаҳи” ё рейди зиддиҳиҷобро ба навор мегирифт занҳои ҳиҷобпӯшро ҷамъ намуда онҳоро ба напӯшидани ҳиҷоб амр менамуданд.Ҳангомеки суханони хуб ва муаддабона мегуфтанд камера онро сабт мекард, вақте ба таҳдид мегузаштанд ва ин мекунему он мекунемро шурӯъ мекарданд камераро хомӯш мекарданд.Гулноз ба ман нигоҳ карда чунин гуфт: Шумо чаро ин ҳиҷобро мепӯшед? Охир ин моли мардуми мо нест ва онро ба хуби аз сарат гир.Агар аз саратон нагиред шумоя ба кабинет мебарем ва онҷо ҳиҷобатона даҳкаса (яъне даҳ мард) аз саратон мегиранд ана онаш баъд шармандагӣ. Ман аз нотавонӣ ва заъифа будан ба гиря даромадам.Боз ба ман гуфт: Гиря накунед аз саратон ба хубӣ гиред ва ҳеҷ чиз намешавад. Манба инҳо ҳамаш муло шудагӣ,худашона намедонам чӣ ҳисоб мекунанд.Либоси арабу эрониҳои шиая мепӯшидагӣ шудаанд (Дар ин асно хоҳар Ойша мегиристанд ва чанд дақиқа хомӯш буданд,то бори дигар ба суҳбат баргаштанд)

 

Инҳам як корманди ҳамон шуъба номаш Гулноз ,дар гирифтани ҳиҷоби занони мусалмони Исфара машҳур аст.

Isloh.net: Хоҳар ором бошед Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун, Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил алиюл азим,ҳатман ин муҷримон дар пешгоҳи маҳкамаи одилонаи ин миллат ва маҳкамаи Илоҳи дар наздиктарин рӯзҳо посух  мегӯянд.Шумо пайравони Хадиҷа,Ойша,Осия, Марям,Сумая ва он занони бо имони садри ислом ҳастед. Ҳиҷоб ин фарзи Илоҳист ва ин на моли Араб асту на Эронӣ ва на Турку на дигаре.Истиқомат ва пойдорӣ кунед ва ҳатман рӯзи пирӯзии ҳақ бар ботил ва маҳви ин низомеки на дунявияти озодаш маълум аст ва на диктатураеки ақалан шаҳрвандашро озод гузорад,то мисли инсони озод дар кишвар зиндагонӣ кунад.Чунин низом ҳаргиз  наметавонад ҳукмронии тулонӣ намояд,Аллоҳ инҳама ҷиноятҳои ин золимонро мушоҳида менамояд ва ҳатман ҳукми дер интизор будаи миллатро содир менамояд.

 

Ойша: Ташаккур устод моҳам фаҳмида ба ин ҳама тоқат дорем аммо ҳолати мо хело тоқатфарсо ва тавсифношаванда аст. Ман вақте ба хона баргаштам модари шавҳарам ба шавҳарам занг заданд,ки занатон аз хона соати 11  баромад ва дар ҳолати бад  ва чашмони суп сурх  соати 14:00 ба хона баргаштааст. Вақте шавҳарам пурсид чӣ будани вазъиятамро барояшон гуфта додам.Чанд дақиқа сухан гуфта натавонистанд,он кас дар расия ҳастанд ва аз дасти ҳаминҳо баромада рафтагӣ.Намехоҳам суханони шавҳарамро инҷо гуям,чун ғайраташ хело ҷӯш заданд ва танҳо Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ мегӯфтанд.Бо садои гиря ва ғазаб танҳо нобудии ин золимонро талаб мекарданд.Охир модарам бо хоҳарам дар бозор фурӯшанда ҳастанд онҳоро гуфтанд ҳиҷобҳоятонро гиред имрӯз рейди зиддиҳиҷоб аст онҳо гирифтанд.Ман вақте онҳоро дидам имрӯз ҳуш аз сарам парид.Модару хоҳарам ҳаргиз ҳиҷобро нагирифта буданд,имрӯз ончиро намехостам бубинам бо чашмони сарам дидам.Дигар намехоҳам дар ин ватанеки оддитарин ҳуқуқи инсонӣ ва шаҳрвандиро надорем зиндагонӣ намоям.Устод бароямон дуъо кунед дар ин рӯзҳои муборак ҳолатамон ҷудоям вазмин шудагӣ.Ба шунидам боз ду рӯзи дигар ин Рейди зиддиҳиҷоб дар шаҳри Исфара идома пайдо мекунад.

 

Ин аксро тоза бароям фиристоданд 

Isloh.net: Хоҳари гиромӣ мо ҳамеша дуъогӯем ва ин рӯзҳо ҳатман тағйир хоҳанд хурд ва ҳаргиз чунин шиканҷа ва зуроварӣ идома пайдо намекунад.Муҳим устувор бошед ва ҳаргиз ноумед аз раҳмати Аллоҳ набошед Ӯ ин ҳолатҳоро мушоҳида дорад ва ҳукмашро ҳатман содир менамояд.Хоҳар навиштаҳои моро дар Исфара мехонед?

 

Ойша: Бале мо аз пеш навиштаҳои шуморо мехондем ва китобҳои шумороҳам дар хонаҳоямон дорем.Занҳои мо як нафар мегирад мақолаҳоро ва дасти ба даст мехонем онҳоро,албатта онҳоеки огоҳӣ надоранд аз интернет ба онҳо мерасонем.Тамошои видео мушкил аст дар мо чун интернетҳои мо ҷудоям суст вале онҳороҳам бо роҳҳое тамошо мекунем.Агарчӣ дар миёни занҳо кормандони ҳукумат ҳастанд онҳоро бо тарсу таҳдид ба хабаркашӣ маҷбур намудаанд. Занҳои моро корҳое кардаанд ин Худо бехабарони золим,ки наметавонам инҷо ҳамаро бигӯям забонам намегардад,худатон фаҳмед. Бозҳам на ҳама мардум ба ин кори бад яъне хабаркашӣ даст мезананд. Ман дигар надонистам бо кӣ инро гӯям ва навиштаҳои шуморо мехонем ва аз китобҳои шумо истифода менамоем.Ҳоло танҳо Сомонаеки мушкилоти динии моро дар худ дарҷ мекунад ин Ислоҳ аст.Илтиҷо мекунам шахсияти маро нафаҳманд,ки инҳо ҷудо инсонҳои нобоб!

Isloh.net: Аслан хавотир нашавед имрӯз нашраш мекунам хоҳари имонӣ,дарди дили шумо ва дигар занони муҳаҷҷабаи миллатро ба ҷаҳониён мерасонем.Аллоҳ шуморо ва ҳама занони мусалмони кишварро аз ин инсонҳои тундрав ва хирасарони қарор дошта дар раъси низоми ҳоким дар кишвар ҳифз намояд.

 Ойша: Аллоҳ шумоя нигоҳ дорад ва дар хидмати ин динамон бошед устод.Асалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Агар бароямон имкон даст диҳад сабти садоӣ ин хоҳарро мегузорем, то онро шунавед.Ин хоҳар сафар доранд ва пас аз он наворро нашр менамоем.Акнун фаҳмидед берун рафтани мардуми кишвар сабабу иллаташ чӣ будааст? Онҳоеки мегӯянд ҳеҷ мушкиле дар кишвар бар алайҳи ҳиҷоб ва мусалмонон нест марҳамат худатон хулоса намоед.

Суҳбаторо: Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

 

 

 

Share This Article