Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.

Нома аз Исфара : “Раҳмоналӣ Амирзода заминҳоро фурӯхту исфарагиҳоро “кидат” кард”

(бахши аввал)

Имрӯз мо- истиқоматкунандагони шаҳри Исфара дар муҳосираи мақомоти давлатӣ қарор дорем. Бо ҳар баҳонаву тӯҳмат : ‑террористу ваҳҳобию ихвониву ҳизбиву кадом айбҳои дигаре сохта тамоми ҷавонҳо ва шермардони Исфараро зиндонӣ ва ҳатто ҷисман нобуд карда истодаанд. Гӯё мо исфарагиҳо душмани ин миллату давлат бошем !

Мо-исфарагиҳо душмани як роҳбари авлоди ноӯҳдабарои хунхори диктатурӣ будем ва ҳастем, ин ба ҳама маълум аст. Шермардоне, ки аз Ватанамон берун ҳастед, дар азобу зулми мардуми худатон бе тараф набошед. Аз парокандагии мо истифода бурда ин мақомоти хунхор моро талаву тороҷ карда истодаанд. Бас аст парокандагӣ ! Ҳамаамон бояд аз як гиребон сар бароварда миллату давлат,диёри худ ва заминҳои худамонро аз ин заминфурӯш ҳимоят кунем.….

Имрӯзҳо гӯё,ки дар Исфара ободӣ карда истода бошанд аммо дар амал ягон ободӣ барои мардуми одӣ нест. Фақат ғайриқонунӣ заминфурӯшӣ дар авҷ аст. Кор ба ҳадде кашида шудааст,ки дар байни биноҳои баландошёнаи микрорайонҳо сохтмони ҳавлиҳоро иҷозат дода ҳусн ва зебоии шаҳрро коҳонида истодаанд. Дар микрорайони Баҳор ва Навобод ва дохили шаҳр сохтмони ҳавлиҳо дар авҷ аст. Сабаби асосӣ дар он аст дар доҳили шаҳр як сотих замини наздиҳавлигӣ аз 4000 долар то 6000 доллар фурӯхта мешавад. Ин як намуди бизнеси мақомоти давлатӣ дар Исфара аст. Сокинони оддӣ ин қадар пул надоранд.Чунин заминҳоро қочоқбарон, наркобизнесҳо ва кормандони ҳукумат ва кумитаи замин пул дода мехаранд. Автовокзали шаҳрро фурӯхтанд. Дар даруни он бинои баландошёна бунёд карданд.То ҳол касе зиндагӣ намекунад. Ҳамин тавр заминҳои атрофи бозори шаҳри Исфараро хилофи қонун фурӯхтанд. Ҳозир ин бозор ба қонунҳои бехатарӣ ҷавобгӯ нест. Мошини оташнишонӣ дохили он роҳ намеёбад, ки ворид шавад. Аҳолии атрофи бозор хавотирем,рӯзе нашавад, ки дар байни оташу сӯхтор монем ? Зеро бе ин ҳам бозор дар байни маҳалла ҷойгир аст.

Тамоми корҳои ғайриқонуниро ба хотири гирифтани ришваву пора мақомот анҷом дода истодаанд. Гӯё ки дар Исфара ягон маҳалле калонтар ва муносибтар барои сохтани бозори замонавӣ набошад, ки чанд гузару кӯчаи онро,ки дар онҳо ҳавлиҳои камбағалҳо ҷой дошт, чаппа ва бозорро васеъ карданд. Аммо аз ин васеъ кардан касе ба ҷуз аз ҳамон мақомот манфиате намебардорад. Мешавад гуфт,ки тамоми бозори Исфара дар дасти кормандони андоз, милиса, прокурор ‚суд, ГАИ ва аз ин қабил аст.

Деҳқони бечора наметавонад озодона маҳсулоташро фурӯшад. Сабабаш дар ин аст ки авалан кормандони бозор намемонанд, дуюм чеки бозорро аз деҳқон махсусан бениҳоят баланд мегиранд, сеюм ментҳои бозор ғам метиянд ва чорум андозу санэпидемстансия омада ғам медиҳанд. Зеро инҳо ҳамагӣ дар бозор фурӯшандаҳои худро доранд ва барои ҳамин пеши роҳи деҳқон ба бозорро мегиранд. Ошкоро мегӯянд, ки бе иҷозати мо ва бе доляи мо одами бегона маҳсулоташро фурухтан наметавонад. Дар ҳақиқат ҳамин хел аст. Барои ҳамин нархи бозори Исфара аз бозорҳои Россия ҳам боло аст. Мақомот бемории Ковид- 19-ро руст карда истодаанд. Маргу мир аз ин касал бисёр аст дар Исфара. Аҷиб он аст ки касалии ковидро дар беморхонаҳо қабул намекунанд. Ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ, ки бо номи Лакон маъруф аст мефиристанд. Чанд бемори руҳиро касали ковид карданд. Аз ин бераҳмии зиёд намешавад. Моҳи июл дар беморхонаи марказии шаҳр ва дар таваллудхона тамоми табибон ва ҳамшираҳои шафқат ба Ковид-19 гирифтор шуданд.Чандин нафарон аз ин беморӣ мурданд. Мақомот аслан чорае надиданд. Мо чи хел ин роҳбарҳоро бовар кунем ? Фақат давлат ва роҳбари диктатурӣ метавонад халқашро ба гумроҳи андозад ва чунин қир кунад. 

Мехоҳем, ки ба як чиз рӯшанӣ андозем. Дар давраи шӯравӣ Исфара як шаҳри саноатӣ буд. Химзавод, ГМЗ ‑завод, заводи консерва, кони Шӯроб. Имрӯзҳо бо роҳи ғайриқонунӣ ва бо қарорҳои қалбакӣ заводҳои номбаршуда биноҳои маъмурӣ, замини онҳоро ба фурӯш гузоштаанд. Ҳар як сотих ба миқдори 5000 то 8000 доллар фурӯхта истоданд .Оё дар асоси қонунҳои Тоҷикистон мумкин аст заводи калони кимиёвиро тикаву пора карда ба замини назди ҳавлигӣ дод ? Заводи консервро қисм- қисм фурӯхтанд, нобуд шуд. Гараж-сарои мошинҳои колхози ба номи Ленинро ҳам ба қисм- қисм замини наздиҳавлигӣ карда фурӯхта истодаанд. Автовокзал ва боғчаи фарҳанги маркази шаҳрро ҳам барои сохтмони баландошёна фурӯхтанд. Дар инҷо ҳоҷӣ Акмалҷон, собиқ корманди прокуратураи Конибодом бино рост карда истодааст. Зулме, ки мақомоти интизомӣ болои мардуми осоиштаи Исфара меоваранд аз зулми Хитой болои мусалмонҳои ӯйғур вазнинтар аст. Милисаҳои Исфара дар ин кор сахт пештозанд. Барои рутба шуда ҷавононро террорист гуфта бурда зиндон карда истодаанд. Барои резултат шуда ҳатто алкашу наркоманҳоро ҳам террорист гуфта бурда маҳкам карда истодаанд.

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд.

Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник. Баъди инҳо боз милисаҳои бераҳму хунхори наркоман омаданд ба сари мардуми Исфара : Муталиб, Азиз ва подполковник Нуриддинов Низом ва Сафар ва Боқиев Илёс.

Ва боз муфаттишҳои порахӯри ҳаром:-Дадахонов Мустафо аз ҷамоати Чоркӯҳ, ду зана мебошад ва соли 2016 бо пора дар утоқи кориш ба даст афтод. Доляи калон дода ҷинояти порахориро бо қаллобӣ иваз кард. Дар побег буд,пулро доду омада ҳозир дар гумруки Исфара кор мекунад. Ва дуюм истиқомат кунандаи ҷамоати Ворух Бобохуҷаев З.С аст ки пеш дар Исфара кор мекард. Ҳозир муфаттиши шӯъбаи тафтишоти РВКДТ дар Вилояти Суғд мебошад. Барои он инҳоро боному насабашон овардем,ки ин ҳаромхурҳои қотиланд,хонаи чандин бегуноҳро сузонидаанд. 

Мехоҳем як қиссаи ҷолиберо ба шумо нақл кунем. Агар ин милисаву муфаттишҳои зикршуда бе резултат монанд, бузҳои худашонро фарёд карда ягон одами аз Русия омадаро ёфта болои вай “план” мекашанд : “ту рафта ҳамон одамро дар асабаш бозӣ кун,то дараҷае,ки вай туро занад”. Баъди лат хурдан баробар ин буз давида-давида ба пеши мент корманди ВКД меояд. Аризаро милиса кайҳо навишта мондагӣ. Одами латхӯрдаро беморхона бурда экспертиза карда “заключенни” мегиранд. Боз чанд бузи дигар шоҳидӣ медиҳанд.”Айбдоршаванда” ҳарчи пуле, ки дошт сарф мекунад. Чор тангаи коркардаи ин муҳоҷир ба хонаводааш насиб намекунад. Ба замми ин ҳам найрангҳо ӯро маҳкам мекунанд ва кори ӯ ба тафтишот мегузарад ва навбати муфаттиш сар мешавад. Ин бечораи дар асл беайбро ҳамин хел айб эълон мекунанд, ки одам аз тааҷҷуб шах мешавад. Айбдоршаванда ба ташхиси экспертизаи Исфара розӣ намешавад ба экспертизаи вилояти меравад, ки ҳақиқатро ёбад. Сад афсӯс,ки аз инҳо бераҳм дар экспертизаи додгоҳии вилоят нишастааст. Як мутахассиси ҳаромхӯри дурӯғросткун, ному насбаш Маликшоев Раҳматшоҳ ва дуюмаш Муҳаммадиев Анвар. Вай ҳоло кашелоки Анвар сардори экспертизаи судии вилоят аст. Пештар худаш сардори экспертизаи судии вилоят буд. Аз рӯи маълумотҳо бо пора ба даст афтода буд. Ҳоло дар вазифаи пасттар кор карда гаштааст.

Дуюм қиссаро бароятон нақл мекунем. Ин ҳам қиссаи воқеӣ аст. Як муҳоҷири корӣ дар Русия чор танга кор карда меояд пеши фарзандонаш. Кадоме аз бузҳо ба милисаҳо “наводка” медиҳанд. Буз хабар медиҳад, ки ин одам чандин соле дар Русия буд бо пули калон омад. Нақшаи “подстава”ро мекашанд. Гӯё,ки муҳоҷири баргашта қабл аз сафар ба Русия аз ин буз қарз гирифтаву барои қарзаш забонхат ҳам дода будааст. Буз ба милисаҳо арз мекунад, ки қарзашро гирифта наметавонад. Бузи милисаҳо “ҷабрдида”ва одами беайби аз Русия омада мешавад айбдор. Айбдоршаванда медонад, ки ҳамааш туҳмат аст:- аввалан забонхатро айбдоршаванда нанавистааст ва дуюмаш имзои вай нест. Вале ноилоҷ адвокат гирифта худашро ҳимоят мекунад. Бо машварати адвокат айбдоршаванда талаб мекунад, ки забонхат ташхиси хаттӣ шавад. Муфаттишон забонхатро гуё, ки ба ташхиси хатшиносӣ мефиристанд ба як муаллима дар ДДТ дар Душанбе. Номаш Ямоқова. З. Гӯё ҳеҷ кас ташхиси хатро аз Исфара сар карда ҷумҳурӣ мисли ӯ росту дурусту дақиқ анҷом намедодааст. Ва милисаҳои кишвар ба ташхиси ӯ бовар мекардаанд.

Ва ин муалима дар асл як дурӯғ росткун будааст. Бар асоси хулосаи Ямақова. З муфаттишҳо айб эълон мекунанд. Ҳайратовар ин аст ки Ямақова дар ягон ташхисгоҳи давлатӣ фаъолият намекунад ва ҳақи хулосадиҳиро аслан надорад. Айбдоршаванда-муҳоҷири омада аз Русия ба ташхиси Ямақова розӣ нашуда ташхиси иловагӣ талаб мекунад. Ин бор ташхисро ба суд экспертизаи хатшиносии вилоятӣ мефиристанд.Ташхис ҳақиқатро исбот мекунад. Мегӯяд ин хат ва имзои айбдоршаванда нест. Тафтишот қонгеъ намешавад ва ба ташхиси ҷумҳурӣ мефиристад. Аз онҷо ҳам хулоса медиҳанд,ки забонхат бо дастони айбдоршаванда навистагӣ нест ва хулосаи додаи Ямақова дуруст нест. Аммо тафтишот ин хулосаҳои ниҳодҳои масъули давлатиро сарфи назар ва аз они Ямоқоваро асоси кори худ меҳисобад. Ва,корро давом медиҳад. Ин муҳоҷири кориро гунаҳкор шуморида ба ҳабс мегиранд. Прокуратура бошад тарафи милисаҳоро мегирад. Судя бошад корҳои ғайриқонунии милисаву прокурорро дуруст ҳисобида ҳукмро содир мекунад.

Мо-мардуми Исфара бар ин назарем,ки аз ҳамаи инкорҳо Президент имкон надорад,ки хабар надошта бошад ва фарамон ҳам ин аст ки ин беадолатиҳоро вай дастгирӣ мекунад. Ин ҳама ҳолатро мо дар пӯстамон таҷриба карда ба ин хулоса омадем,ки ончики Раҳмонро сулҳовар ва халқпарвар мегӯянд, дурӯғи маҳз аст.

Ончуноне зикр намудем дар Исфара фурӯши замини наздиҳавлигӣ дар авҷ аст. Ба ҳамагон маълум аст дар Тоҷикистон аз замини обӣ барои участкаи наздиҳавлигӣ ҷудо кардани замин манъ аст. Вале роҳбарони ҳаромхӯр чи корро пеш гирифтанд ? Онҳо заминҳои автовокзал автобаза, гаражҳои колхозу совхозҳои пешинаро хусусӣ эълон карда заминҳои ба онҳо тааллуқдоштаро фурӯхтанд. Ҳуҷҷату санад тартиб дода қисм- қисм ба савдо заданд. Раисони ноҳия ва раиси кумитаи замини Исфара Саидаминзода Сахиюлло гунаҳгорони асосӣ мебошанд. Гаражи совхози собиқи Ленинро, ки дар маркази шаҳри Исфара ҷойгир аст ва дар бараш комбинати консерв буд ба замини наздиҳавлигӣ табдил дода фурӯхта тамом карданд. Заминҳои гирду атрофии заводи кимиёвии Исфараро Абдуваққос барои пулдорҳои Исфара коттеҷ сохта фурӯхта истодааст. Ҳол он ки ин завод кор мекунад,дар асл дар инҷо хонаи истиқоматӣ сохтан мумкин нест. Ин заводи химиявӣ барои саломати инсон зиёнбор аст.

Исфараро Амирзода Раҳмоналии Боевик талаву тороҷ кард

Пойгоҳи нақлиётӣ ва ё автобазаи Исфараро раиси собиқи Исфара Амирзода Раҳмоналӣ талаву тороҷ кард ва замини онро ба фурӯхтан сар кард. Дар асл ҳамин Амирзода фурӯши корхонаҳо ва заминҳои онҳоро барои участкаи наздиҳавлигӣ дар Исфара “мӯд” кард.

Амирзода аз хешу табор ва ё рафиқи наздики президент ва ҳамяроқи солҳои 1992 – 97и ӯ буда барои ӯ тамоми кор иҷозат будаааст. Барои аз байн бурдан ва ё табдили як корхона ва завод қарори махсуси ҳукумат бояд барояд. Вале вақте Амирзода дид,ки роҳи пулкоркунӣ дар фурӯши замини назди ҳавлигист бо раиси кумитаи замин Саидаминзода Сахиюлло ва чанд чоплуси беномус ин “бизнес”-ро ба роҳ монд. Солҳое,ки Амирзода раиси Исфара таъйин шуд буд дар ҳақиқат мардум ба замини назди ҳавлигӣ эҳтиёҷи зиёд доштанд. Аз номи халқ ба президент мактуб карданд, ки иҷозат диҳад аз заминҳои ғайрикорам замини наздиҳавлигӣ ҷудо намоянд. Баъди дарёфти иҷозат мардумро ба ду гурӯҳ тақсим карданд. Барои гурӯҳи бепул дар зери кӯҳи селфуро яъне дар маҳаллаи Моҳпарӣ, канори роҳи Хуҷанд– Исфара замини назди ҳавлигӣ тақсим карданд. Дар инҷо чизе нест,на об,на свет,на роҳ ‚на мактабу мағоза.

Мардуми эҳтиёҷманд рафтанду хона сохтанду зиндагиро оғоз намуданд. Барои мардуми пулдор аз заминҳои обӣ, аз ҷумла аз як замини 7гектарӣ ба фурухтан сар карданд. Ин заминҳо як қисмаш дар атрофи ҳукумати шаҳри Исфара ҷой гиранд ва дуюм қисмаш дар паҳлуи мактаби 67 дар роҳи мошингарди мол бозор. Ҳар як сотих 5000 доллари тоза ба собиқ раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода дода мешуд. Зеро санади замини наздиҳавлигиро раиси шаҳр имзо мекунад. Миёнаравҳо бошанд сотихашро 8000 долларӣ мефурӯхтанд. Амирзода аз ин ҳисоб миллионҳо доллар пул кор кард. Яке аз ин миёнаравҳо Шукур ном дорад,ки пеш дар бозори шаҳр ароба мекашид. Баъдан чекчии бозор ва баъдан раиси бозори шаҳри Исфара шуд. Аммо миёнаравӣ мекард.Барои заминфурӯшӣ ба дасти коррупсия афтид ва каме дар СИЗО шишта баромад. Срок нагирфт. Ҳозир бухгалтери бозори Исфара аст ва боз ҳам миёнараву боз ҳам замин фурӯширо давом дода истодааст. Бо наркобизнесҳо сару кор дорад. Вақте Шукур раиси бозор буд мардуми бозорро аз ҷонашон серкарда буд. Айни замон ҳам номаш бухгалтеру дар амал раиси бозор мебошад.

Дуюм миёнарав ҳоҷӣ Абдурасул, хеши Шукур мебошад. Ин ҳоҷӣ як магазинча дорад дар паҳлуи дарёи Исфара. Шуғли асосиаш наркобизнес ва дуюм шуғлаш замин фурӯшӣ. Як вақт ҳоҷӣ Абдурасул бо Шукур барои пули наркотик ҷанги калон карданд. Ва ҳато Шукур дар пойи ҳоҷӣ Абдурасул тир зад. Тамоми Тоҷикистон бохабар буд, аммо ҳеҷ гапе нашуд. Абдурасул як додар дорад бо номи Абдуваққос. Тамоми Исфараро ба дод овардааст. Ҳозир вай заминҳои корами обиро замини наздиҳавлигӣ карда фурӯхта истода аст. Аҷибаст,ки тамоми мақомот медонанд, лекин чора намебинанд. Лақаби Абдуваққос кашелёк аст. Кадом,роҳбаре, ки ба Исфара барои кор ояд хоҳ амният,ё сардори милиса ва ё ки прокурор ё суд ва ё ҳатто ҳоким аввал Абдулваққос пешвоз гирифта бо ҷои хобу мошин таъмин ва камбудиҳояшонро бартараф мекунад. Тамоми мақомоти Исфара дар назди Абдуваққос забонкӯтоҳанд. Барои ҳамин бовари мардум ба Абдуваққос зиёд аст. Абдурасул ва Абдуваққос ин ду акаву додар гурӯҳи худро доранд. Зиёда аз 200 нафар бачаҳои варзишгарро парвариш карда дар гирду атрофашон барои рӯзи мабодо ҳамчун разборчик нигоҳ медоранд. Агар акаву додарро касе гуш накунанд, онҳо рафта бо зӯрӣ коро ҳал мекунанд. Ин корро милисаҳо огоҳанд, лекин ягон чора намебинанд.

Дар Исфара барои мардони то 50 сола бо риш гаштан мумкин нест. Агар бо риш ба даст афтодӣ бо осонӣ халос намешавӣ. Ё пули калон ё террорист мешавию маҳкамат мекунанд. Барои ба чашми мардум хок пошидан ва инки риштарошӣ дар Исфара вуҷуд надорад милиса ва амният бо Абдурасул ва Абдуваққос договор доранд. Фақат ба аъзои шайкаи инҳо иҷозати риши калон монда гаштан. Ҷойи ҷамъомаду нишасти онҳо, ҳамин 200 варзишкор дар магазини Абдуваққос дар лаби дарё ва пеши бозори Исфара аст. Ришдорҳои “показуха” ҳаминҷо ҷамъ мешаванд. Мо зидди риш нестем,мо зидди ҳаминхел бузҳо ҳастем, ки барои манфиати худ шуда халқи худро ва мардуми диёри худро фиреб ва подстава карда гаштаанд. Мардум онҳоро мешиносанд ва ҳамроҳашон баҳс намекунанд, балки аз онҳо парҳез мекунанд. Вагарна чаро риши як мулло ва муллобачаро хушк метарошанд, аммо аз онҳоро чизе намегӯянд ? Мехоҳем тариқи телевизиони Ислоҳ.нет ба мардуми Исфара расонем, нафароне, ки аз Шукуру Абдурасул ва Абдуваққос замини назди ҳавлигӣ харидаанд, ҳамааш ғайриқонунӣ аст. Ҳатто қарорҳои назди ҳавлигиатон ва сертификати заминатон қалбакианд. Рӯзе нашавад, ки ҳам аз пул ва ҳам аз замин сӯзед. Аз ин кормандони кумитаи замини Исфара хуб бохабаранд ва дар заминфурӯшӣ шариканд. Раиси кумитаи замин Саидаминзода Сахиюлло як гурги борондида аст. Инҷо мехоҳам як хиёнати сахти Абдурасулро, ки ба мардум ва ба давлати Тоҷикистон кардааст ошкор созам, то мардуми мо бохабар шаванд. Соли 2007 Абдурасул яке аз корхонаҳои шаҳри Исфараро талаву тороҷ карда ва тепловози локомотиви ин корхонаро ба давлати ҳамсоя – Узбакистон фурӯхт. 600 ҳазор доллари амрикоӣ. Тамоми мақомоти қудратии Исфара то ҷумҳурӣ бохабар буданд ва доляи худро гирифта сокит шуданд.

Дар давраи раисии Амирзода Раҳмоналӣ тамоми мардуми Исфара ба дод омад. Вай бо баҳонаи сафари Президент ба Исфара тамоми соҳибкоронро ба дод овард. Баъзе аз ин соҳибкорони қарздоршуда тарки ватан карданд ва то ҳозир аз қарз соф нашудаанд. Ҳарому ҳалол стадионро президент кушода дод. Гӯё ин майдони варзиширо бо маблағи бюҷет обод карда бошад : 3 миллион сомонӣ. Ин ҳаҷми маблағро президент ба ҳангоми лентабурӣ гуфт. Аммо савол ин аст ки ин 3 миллион сомонӣ ба кисаи кӣ рафта бошад. Ҳол он ин майдон аз санги аввал то охирин мехаш бо пули соҳибкорон ва халқи Исфара сохта шуд. Маҳалла ба маҳалла аз мардум бо зӯрӣ пул ҷамъ карда доданд. Агар ягон кас гуфт,ки надорам тавассути милисаҳо аз ӯ маблағро кашида гирифтанд.

Ин майдони варзишӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.Як ҳафта қабл аз омадани Раҳмон қисми он фуру рафт ва дунафар зери битон монда мурданд.

Барои сохтмони он милисаҳо аз мардикорбозор одамҳоро зада-зад оварда бепул кор мефармуданд. Дар кӯчаҳои шаҳр рейд гузаронида ҳар касе ба чангашон мехӯрд оварда маҷбурӣ кор мефармуданд, бе пул. Болои сари мардум меистоданд, ки нагурезанд. Ошхонаҳову мағозаҳоро маҷбур мекарданд, ки барои онҳо хуроки бепул диҳанд. Мардуми бечора 3 смена гушнаю ташна ва бе пул кор мекарданд.Гоҳо одамҳо хешу таборҳоро гум карда омада аз ин майдон меёфтанд. Ин стадион не, як конслагер буд барои мардуми Исфара ва ба меҳмонони он.

Вақте Раҳмонов Исфара омад аввал маҳаллаи навбунёди Моҳпарӣ дар роҳи Хуҷанд– Исфара минтақаи селфурои санглохи зери куҳро кушод. Ҳамон рӯз барои ин маҳала як канали калон барои оби полезӣ низ кушоданд. Дарозии он 30 км мебошад. 200 метрашро симент рехта ва 100 метри дигарашро селофан кашида дарвозаҳо сохтанд – барои обро нигоҳ доштан. Ҳамон рӯзе, ки президент омад Раҳмоналӣ Амирзода супориш дод, ки каналро бо мошини обкаш пур кунанд.Ва ин мошинҳои обкаш шаб то саҳар,то омадани президент 300 метри каналро пури об карданд ва саҳараш президент омада гӯё ки канали ободу обдорро барои мардуми маҳаллаи навбунёд кушода дод. Мебоист президент дар ин маҳаллаи навбунёд суханронӣ мекард ва яке аз дарғотҳоро мекушод, то об ба замини полезӣ мерафт. Президент ду дарғотро кушода дод. Оби канал роҳеро,ки барои омадани ҷанобашон рост карда буданд канда шуда вайрон кард. Азбаски кушодани дарғотҳо шояд дар нақша набуд,ки чунин “чп” шуд ва оби канали бо мошинҳо обпош овардашуда зуд кам шудан гирифт.Инҳо ҳаросону нигарон ва саросемавор ҷанобашонро гирфта гурехтанд,то зери об намонад. Мо ин ҳама маълумотҳои воқеиро барои он расонаӣ карда истодаем,ки мардуми Тоҷикистон фаҳмад, ки ин президент не, як лухтакчаи роҳбарони шаҳру ноҳияҳо шудааст. Ҳар гоҳ гузоратон ба Исфара афтод аввал ин канали таърифиро бинед, баъд стадионро. Пеш аз омадан каналро дидан баромади Раҳмонов дар Исфара,метавонед навори соли 2013-ро ёфта бинед,ки ин канал ва ин стадион дар сёмка чи хел асту ҳоло чи вазъ доранд ?

Як чизи дигарро бароятон нақл кунем,ки Раҳмоналӣ Амирзода (яке аз ёрони фронтихалқии Эмомалӣ Раҳмон аст) дар Исфара ёру бародар ва шарикони ҷонӣ зиёд ёфт. Аз ҳамаи онҳо пулу молу маҳсулот ва маводи сохтмонӣ қарз гирифта баъдан ҳамаи ин ёру бародарони ҷониашро кидат карда рафт ба Душанбе. Ин ёрони ҷонӣ бо дилипур пеши Амирзода ноҳия Ваҳдат барои гирифтани қарзҳояшон мераванд.Амирзода ба ин шарикони Исфаргиаш гуфта аст,ки ҳа гуфта барои пул пеши ман набиёед.Рафта пулҳоятонро аз ҳамон стадион ва канали Моҳпарӣ талаб кунед. Ман пулу чизҳои шуморо ба ҳамонҷо сарф кардам,ватани шуморо обод карда додам. Хулласи калом президент таърифи зиёд кард,ки Амирзодадар 30 км канал сохт бо пули бюҷети мамлакат.Аввал инки пули бюҷет харҷ нашудааст ва агар харҷ ҳам шуд ба кисаи Амирзода ва шоядам ба кисаи худи президент.Аммо имрӯз мардуми Исфара на канал, не об ва на майдони варзишӣ дорад. Аммо Амирзода Раҳмоналӣ дар ноҳия Ваҳдат айни кораш дар Исфараро давом дода истодааст.

Поёни қисмати аввал,давом дорад ва мумкин аст Исфара чанд қисмат шавад.Агар шумо ҳам сокинони Исфараи бостонӣ ҷиноятҳои мақомдорони ноҳияро шоҳид ҳастед нотарсида ба Ислоҳ нависед,то мо он ҳамаро пас аз таҳқиқ расонаӣ кунем.

Ps : Аз хонандагони гиромӣ як хоҳиш дорем.Шахсоне дар матлаб номҳояшон вуҷуд дорад ва минтақаҳое дар матлаб аз онҳо ном гирифта шудааст,ба унвони Ислоҳ аксҳо ва наворҳо фиристед,то дар навор аз онҳо истифода намоем ва ҷинояткоронро ба мардум хубтар муаррифӣ намоему минтақаҳои номбурда барои ҳама маълум гарданд.

Total
0
Shares
Матолиби ҳамсон
Идома

Милисаҳои дузди Конибодом

Баъд аз тамошову хондани матолиби пур аз дарду алами мардуми тоҷик дар пойгоҳи « Ислоҳ.нет » ва « ИСЛОҲ ТВ », махсусан баъд…
Идома

Номаи додхоҳона аз зиндони ЯС 3/​7

Ба раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон, Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Ба раиси…