Ошуб дар зиндони Ваҳдат, ноҳияи ҳампаҳлу бо пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ду соли ахир мардум ва бавижа зиндониҳо ва хешу таборони онҳо сахт умедвори амнистияи ҳукумат буданд. Интизор мерафт ба муносибати 30юмин солгарди қабули Қонунӣ асосӣ, ки ба 6 ноябри соли 2024 рост меояд, дар Тоҷикистон амнистия эълон бишавад. Аммо, ончуноне мебинем Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ҳукумати Тоҷикистон ҷойи имзои қонуни амнистия нақша ва саҳнаеро сохту ташкил намуд, ки майдони маҳбас хунин, зиндониҳо кушта ва хонаводаҳо ба мотам нишастанд…..
Раҳмонов даҳшатафканӣ мекунад, то мардумро тарсонад
Ошубе,ки чанд рӯзи пеш дақиқан дар торихи 3-уми феврали соли ҷорӣ дар зиндони Ваҳдат руй дод, дар асл кадом ошубе набуд. Ин қаҳру ҷаҳл, ин заҳру зарби Раҳмонов, ин вокуниши заифона ва нафири ҷонбароии вай ба ҳаводиси Сурия, фирори Башор Асад ва давлатро ба даст овардани неруҳои исломӣ дар ин кишвар ва истиқболи ҷомеаи байналмилалӣ аз ин ҳукумати исломиҳо буд. Дар ҳар куҷо аз мамолики олам, ки неруҳои исломӣ сари қудрат оянд, Раҳмонов дучори руъбу ваҳшат ва васвосу ҷинзадаву ҷунун мешавад.
Шояд, мепурсед, ки чи рабт дорад? Рабташ ин аст ки таҳти таъсири ин ҳаводис сукути ҷомеаи Тоҷикистон шикаст ва як руҳияи инқилобӣ кишварро фаро гирифт ва ҳарфу суҳбат аз инқилобу сарнагунии Раҳмонов дар фазои кишвар ба таври ошкоротар зада шуд.
«Баъди Асад навбати Раҳмонов»
Ин таъбир ва ҳаммонандсозиҳо дар расонаҳо, қиёсу муқобалаи Раҳмонов ва Асад, алалхусус ончуноне тазаккураш рафт истиқболи ҳукумати ҷадиди Сурия аз суи ҷомеаи байналмилалӣ, ки тавонист як тоғути айни Раҳмонов ба солҳои тулонӣ дар ҳукумат часпидаро вожгун ва русияҳ кунад, Раҳмоновро васваса мекард, ки коре бикунад, то ин руҳия бедоршуда аз нав ғунуда ва саркуб шавад. Ҳарф аз сарнагунии Башор Асад зада нашавад. Раҳмонов бо Асад қиёс нашавад, Раҳмонов Башор Асад нест. Ба мардум маҷол ва фурсат надиҳад, ки сар боло кунад, аз инқилобу аз саркашӣ аз интихобот бигуяд. Бояд коре бикунад, ки ин руҳияи бедор ва зиндашудаи ҷомеа шикаста ва тахриб бишавад. Бояд бигуяд, ки Раҳмонов Асад нест.
Инки дар фазои ин таҳаввул, инки дар ҳавои ин таҳаввул, инки дар зери таъсири заволи ғайримунтазираи Асад ҳарфи «Истеъфои Раҳмонов» дар девору дар ҷодаҳои манотиқи кишвар мусаббат шуданд, орому ихтиёри Раҳмоновро аз байн бурд. Дар километри 9уми Душанбе каллаи Эмомалиро дар як плакати бузург буридаанд. Дар чандин навоҳии пойтахти кишвар бо хатҳои калон Истеъфо Раҳмонов навиштанд.
Ин воқеиятро бояд эътироф намоем, ки Раҳмонов тамоми ҳисобу китоби воқеии афкори мардум ва таҳаввули ҷомеаро дар даст дорад. Медонад, ки ангезаи ин гуна руҳия гирифтани мардум аз куҷост. Медонад, ки ин ҳаводис ба руҳу равони мардуми тоҷик таъсири амиқ кардааст аст ва ин мардум қасду нияти пайравӣ аз ин тағйиротро доранд.
Бо ҳар қиммате ва то дер нашуда, кор аз кор ногузашта бояд пеши асароти ин ҳаводисро дар руҳу равони мардум бигирад ва тавре нишон бидиҳад, ки не, вай ҳамоно зур, неруманд ва муқтадир аст ва ҳарф аз такрори иттифоқоти Сурия дар Тоҷикистон муҷозоти сангин дорад.
Ва, шишту тафаккур карду роҳи чораро боз ҳам дар зиндон пайдо кард. Чун таҷрибаи хунрезӣ дар зиндонҳоро дорад. Ва, дар берун ҳеҷ баҳона ва иллату асосе нест, ки хун бирезад, ончунон, ки бо баҳонаҳое Мирзо Зиёро, Алии бедакиро, Мулло Абдуллоро, Муҳаммадбоқирро кушт ва Ғарму Бадахшонро бо буи боруту танку туп ва аҷсоди онҳо мардумро тарсонд.
Мо, огоҳӣ ва хабар доштем ва дар навиштаҳои пешинаамон ҳам на як бору ду бор гуфта будем, ки Раҳмонов аз чанд вақт ба ин тараф, ҳатто қабл аз сарнагунии Асад дар қасди ташкили ҳамин гуна як ошуб дар кадоме аз зиндонҳои кишвар аст. Чунки вай аз оромиву осудагии мардуми тоҷик ҳарос дорад ва бояд ҳамвора фазоро мағшуш ва амниятӣ ва тарсолуд кунад ва мардум ва ҷомеаи кишварро дар як чунин фазо асир ва мутеъ бисозад. Тамоми сивусе соли ҳокимияти Раҳмонов ҳамроҳ бо ҷангу куштору зиндону зуриву қулдурӣ будааст. Аз ин ҷост, ки ҳодисаи Сурия тасмимашро қатъӣ кард. Ва нақшаро кашиданд ва зиндонро муайян карданд.
Шеваи қатл ва берун баровардани аксҳои кушташудаҳо
Қабл аз онки ба чанду чунии ин ошуби сохта ва ташкилӣ бипардозем, ин нуктаро, чун ҷойи гуфтанаш омадааст, бигуям, ки Раҳмонов қасди дар Ғарм ё Ваҳдат як ҷанги кучаки идорашавандаро ҳам дорад ва ин нақша дар дасти баррасии дору дастаи вай аст. Вай, ҳамоно аз ҲНИТ чун барги бед меларзад ва ин ҳодисаро, ва то ҷое хабарҳо мерасанд «ошуб»-и зиндони Ваҳдатро ҳам бори ҲНИТ карданӣ аст.
Шумо як бор тафаккур кунед, ки ин ошуб, ки Раҳмонов эълон кард, то куҷо ба ақли кас рост мегирад?
Нуҳ нафар бо силоҳҳои буррандаву халанда ба посбонҳову муҳофизони мусаллаҳ ҳуҷум кардаанд, бидуни онки кадом шарту шуруте дошта бошанд ва қасдашон ин буда, ки бигурезанд.
Агар ин нуҳ нафар девона ва ақлашон зоил шуда бошад ин корро хоҳанд кард. Ва, ёнки ҳамагон интиҳорӣ ва камикадзе бошанд, ин корро хоҳанд кард. Бубинед, вақте кас ба танг меояд, ҷонаш азоб кашидааст, талош барои наҷоти худ мекунад. Вале ин нуҳ нафар ҳатто агар бо «холодний оружия» мусаллаҳ шуда бошанд ҳам чи гуна бар муқобили посбонҳои мусаллаҳ, сарбозони мусаллаҳ, ки дар ҳашт гушаи зиндон дар вишка истодаанд, мебароянд? Бо чи умеде? Онҳо, ки инсонҳои солимақланд ва медонанд, ки бо буррандаву халанда коре анҷом дода нахоҳад шуд ва ин худкушӣ аст, чи гуна мехоҳанд бигурезанд. Ва, агар гурезанд ҳам, ки комилан ғайриимкон аст то куҷо мегурезанд?
Раҳмонов ва дору дастаи вай, албатта ва яқинан асли ҳодисаро ошкор нахоҳанд кард. Пинҳон ва пушида маҳфуз медорнад. Аммо он аксҳо кушташудаҳои зиндон, ки маълум нест чи гуна дар расонаҳо роҳ ёфт ва ё махсус барои боз ҳам таҳти фишор ва тарс қарор додани мардум утечка шуда аст, сохта ва дуруғин будани ин ҳодисаро тасдиқ мекунад. Дар бадани ҳеҷ яке аз ин ҳафт акс нишон ва осори тир нест ва онҳо болои хуне ғалтонида шудаанд, ки то овардани онҳо резонида шудааст, балки либосҳо ҳатто хунолуд нестанд. Магар тир аз либос нагузашта чи гуна одамро мекушад? Ва агар аз либос гузашт чаро осораш нест ва чаро сару либосҳо хунолуд нестанд. Балки баъзе аз формаҳои дар тани мақтулин кандаву дарида аст ки нишон медиҳад ин нафарон то инки кушта бишаванд кашталгирӣ, занозанӣ ва ҳарб кардаанд. Яқинан ин нафаронро аввал дар ҷойи дигари зиндон кушта сипас ба танашон либос пушонида ва болои хуни маҳбусҳои кушташудаи дигар оварда монда сипас акс гирифта «утечка» кардаанд.
Дар баёнияи расмӣ мегуянд, ки ночор шуданд аз силоҳи оташфишон истифода кунанд.
Магар як инсон, ки барои раҳоии ҷонаш аз зиндон фирор карданӣ аст, бо садои тир дар ҳифзи ҷонаш мешавад ва ё боз ҳам ба тарафи тирандозҳо ҳамла мекунад? Бо кадом ақл?
Агар ин нуҳ нафар ҳамла бо корду оҳани бурандаву халанда кард, чаро ба пояш тир назадед, чаро ба китфаш назадед? Чаро куштед? Чаро масалан маҷруҳ накардед?
Ин баёнгари он аст ки нақша аз аввал куштан буд ва онҳо, ки кушта шуданд, аксарият, балки ҳамагӣ нафароне буданд, ки бо иттиҳоми моддаҳои марбут ба ҷиноятҳои террористӣ зиндонӣ шудаанд. Ҳиҷ ақли салиме бовар намекунад, ки ин нафарон бо корд муқобили автомат бароянд. Инро Раҳмонов медонад. Ҳиҷ бандите ин гуна роҳи гурез пеш намегирад, чун ин роҳи гурез ақалан то дами дар хуруҷии зиндон намебарад.
Дар даруни ин нуҳ нафар ҳатман 3-4 кас пайдо мешавад, ки бигуяд мо бо холодний оружия то куҷо пеш меравем ва агар корд занем онҳо намепаронанд? Ҳатмани ҳатман буданд ва мегуфтанд. Пас аз сохтагӣ ва ҷаълии ин «Ошуб» ба вузуҳ дарак медиҳад.
Маълумоти расида аз КДАМ ва СИРҶ ба Ислоҳ
Бинобар хабарҳое, ки манобеъи наздик ба тафтишоти ин қазия дастрас карданд, тахминан дар ду ҳафтаи ахир бо баҳонаи «этап» аз Хуҷанду Бохтар (Қурғонтеппа) ва Кулобу Душанбе чандин нафар аз маҳбусони бо айни моддаҳои зикршударо ба зиндони Ваҳдат овардаанд. Ҳамин манбаъ афзуд, ки шумори онҳое, ки дар ҳодисаи рӯзи 3 феврал кушта шуданд аз 60 нафар кам нестанд ва боз ду нафари дигарро дар рузи 6 феврал бо тир зада куштаанд.
Ин манбаъ гуфт, ки ин нафаронро дар девори саҳнаи зиндон чухт монда бо тири автомат аз масофаи 15-20 метр куштаанд. Ин куштори ваҳшиёна на аз тарафи посбону сарбозони ин зиндон, балки тавассути спетзназ ва «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба иҷро расонида шудааст ва онҳое, ки кушта шудаанд, ҳамонҳоеанд, ки чанд рӯзи пеш аз зиндонҳои дигар этап шуда ва дар камераҳои ба истилоҳ карантин нигоҳ дошта мешуданд. Ин манбаъи мо, дар…….кор мекунад, бинобар шаҳодати як дубак ва ду нафар баклану ду нафар контролери муассисаи ислоҳии3/2-Ваҳдат гуфт, ки гурӯҳи саропо мусаллаҳи «АЛФА» вориди зиндон шуда бо як ваҳшоният ва шамотат ва дашному ҳақорат тамоми кормандони зиндонро вориди кабинет ва ҷойҳои корӣ карда дару дарвозаҳои зиндонро баста ва ин шумори маҳбусонро ба рагбор бастаанд.
Дар майдони ин кушторгоҳ, ки дар аксҳо мушоҳида мешавад, ҷоҷо сангҳо партофта шудааст ва изи тарӣ, яъне обе мушоҳида мешавад, ки ходимони «АЛФА» хунҳои ин шаст нафарро шуста ва сипас аҷсоди дар аксҳо намоёнро оварда дар ҷойи кушторгоҳ патофтаанд ва худи ҳамон шаб бо мошинҳо аҷсодро ба зодгоҳашон бурда ва худашон гуронидаанд, ҳатто бидуни онки салоти ҷаноза бар ин кушташудаҳои мусалмон баргузор кунанд.
Аломатҳои ДОИШ дар кулоҳҳои кушташудаҳо
Як нуктаи дигарро бароятон махсус тазаккур медиҳам. Ҳамон кулоҳе, ки дар сари шаҳидони ин зиндон бо сабти ДОИШ ва калимаи шаҳодат навиштаанд, магар бовар карданӣ аст? Ин кулоҳҳоро дар ҳодисаи дигаре, ки соли 2018 дар тобистон, дар ин зиндон руй дода ва онро ҳам бори гардани гурӯҳҳои исломӣ карда буданд, пушонидаанд.
Як саволи оддӣ? Чаро ин кулоҳ аз сари нафаре, ки кушта шуд, науфтодааст? Вай, ки ба замин уфтод. Магар, не? Ва, дигар инки нафаре, ки фикри гурехтан аз зиндонро дорад, чаро ба сараш кулоҳи ДОИШ бикашад? Вай, ки гурехтанӣ ва имкони боз ба даст уфтоданаш ҳаст ва медонад, ки ДОИШӣ будан ин ҷиноят аст, чи гуна худро бо дастони худ муҷрим бисозад? Маълум аст ки ин кулоҳро худи қотилон ба сари зиндониёни мақтул пушонидаанд. Хулоса Раҳмонов тавассути ин нишонаи ДОИШ чанд паём дорад,ки онро ба онҳо ба шакли тақрирҳо шарҳу тавзеҳ медиҳад. Масалан барои мардум ва аҳолии кишвар паём мегузорад,ки ҳар касе мухолифи ман аст ӯ ДОИШи аст ва ана ҳаминхел мекушам. Ё шумо бо мухолифини сиёсии ман хушбин набошед,ки онҳо террористанд. Ба кишварҳои хориҷӣ паём мегузорад, ки ман бо террористон даступанҷааму бубинед зиндонашон кардаам ва инҳо террористанд. Дақиқан ин сенария дудмонаш Русия аст ва спецслужбаи ду кишвар, ки бо ҳам кор мекунанд. Ҳамаи мо ва шумо шоҳиди он будем,ки дар Русия соли гузашта шоҳиди чанд «ОШУБ» дар зиндонҳояш будем,ки дақиқан бо ҳамин наҳва буду зиндониён кушта шуданд. Агарчи боз гарвгонгирӣ тавассути навор аз тарафи зиндониён дида мешуд. Аммо сенарияи тоҷикии ончи дар Русия гузашт ҳамеша яксон будааст.
Куштор дар зиндон ҷанги Равонӣ бар алайҳи мардум…
Ошуби зиндони Ваҳдат як бозии дигари Раҳмонов алайҳи мардум аст. Вай болои мардум ва бо мардум ба ҷанги равонӣ бархостааст, фишору таҳдиди равонӣ ворид карда истодааст, то руҳияи инқилобии мардум ҷариҳадор бигардад.
Раҳмонов хуб медонад, ҳоло ин тавтиаро ба амал набароварда медонад, ки мардум ба ин ошуб бовар нахоҳад кард. Аммо барояш намоиши қудрат, таъкиди қудрат ва бори дигар паём додану огоҳ кардан аст ки вай ба ҳамагуна ҷиноят омода аст агарки мардум қасди сарнагунии вайро кунанд. Хуллас то замоне, ки ҳаст набояд паст ояд.
Раҳмонов дар ташкили ошубҳо дар зиндонҳо таҷриба касб кардааст. Инҷо касе намефаҳмад, ки дар асл чи гап шуд. Аммо болои террористҳо ДОИШу дигару дигар бор мекунаду бо ҳамин тамом. Ин як макони мамнуъ аст ва дар назарҳо пинҳон. Ҳатто агар лозим шавад аз подвали КДАМ чанд нафарро бо моск зоҳир мекунаду ин спектаклашро тавассути зери подвалбудаҳояш тасдиқ мекунонад. СС ҳама вақт омода аст ин наворро нашр намояд. Чун мо бештар гуфтем дигар ҳоло то ин дақоиқ онро нашр накардаанд.
Чаро маҳз ин куштор дар зиндон мешавад?
Чун зиндонҳоро ҳаматарафа контрол мекунад, мушкил надорад ва ҳама чиз тибқи нақша ва барнома пеш меравад, касе намебинад, ки чи кор мекунад. Дар берун дигар ҷо ва дигар чизе намонд, ки бизанад ва битарсонад.
Бояд Тоҷикистонро ҳамеша уязвимий, осепазир ва таҳти хатари гурӯҳҳои исломӣ нишон дода истад.
Барои Раҳмонов муҳим нест, ки чанд нафар ва бо чи баҳона бояд ошуб кунанд, муҳим ин аст ки нишон бидиҳад, ҳануз чизе иваз нашудааст, вай ҳамоно ҳамон тавре буд ҳаст. Зур, муқтадир, бераҳму шафқат, шикастнопазир аст. Қиёси вай бо Асад дуруст нест. Яъне ӯ аз Башшор қотилтару ваҳшонияттар аст.
Бо ин қатли пеш аз интихоботӣ чи ҳадаф дорад ?
Раҳмонов мехоҳад ба мардуми тоҷик нишон бидиҳад, ки инону ихтиёри умур таҳти контролаш аст. Ончуноне гуфтем ҳадафи аслӣ ва асосии ин ошуб саркуб ва шикастани ирода ва руҳияи бедоршудаи мардум ва ҷилавгирӣ аз ҳаргуна тазоҳуроту инқилоб аст.
Раҳмонов дар ростои интихоботи Маҷлис, ки барои баргузории он як моҳ ҳам боқӣ намондааст ва қасд дорад боз ҳам Рустамро раис ва нафари дуввум бикунад дар қайду биму ҳароси такрори ҳаводиси Сурия мондааст. Ҳузури намояндаи ҲНИТ дар ҳукумати ҷадиди Сурия Раҳмоновро сарвайрон кардааст. Таваҳҳум ва кобус орому қарорашро гирифтааст. Хоб надорад, ки ҲНИТ дигарбора хоҳад омад. Сари муе шак надошта бошед, ки инхуди Раҳмонов аст ки коргардон ва муаллифи ин фоҷеа аст ва ин қисмати чандум ва поёнии ин сериёл аст чизе гуфтан душвор аст. Ва то замоне Раҳмонов ҳаст ин силсилаи кушторҳо идома хоҳад кард. Сериёл бо ин хатм намешавад. Ва, ҳатто ҳамин зарбу лати сардори ин зиндон Садриддин Шарипов, сарҳанги вазорати адлия, ки бо кличкаи «Аккордеон» маъруф асту солҳо пеш, вақте барои таҷовузи чандин зани шудор аз зиндони занонаи Норак ронда буданаш ( маълумоти зиёде дар бораи ин нафар дар дасти мо расидааст) сохтаву дуруғӣ аст. Барои он ин корро карданд, ки сардори зиндонро беҷазо монанд ва аз об хушк дарбиоваранд.
Бинобар маълумотҳое, ки ба дасти мо расидааст Раҳмонов қасд дорад, ки ин ҳодисаро бори гурӯҳҳои исломӣ карда ва ҲНИТро муқассир бидонад. Ва ба ин васила бигуяд, ки овардани ба гуфтаи Раҳмонов террористҳо дар Сурия ва дар Афғонистон иштибоҳ аст. Ва, ин ӯ аст ки террорист будани онҳоро исбот мекунад.
Сиёсати Раҳмонов, моҳият, мағз ва асли он бар руи ҳамин ақида, ки исломиҳо ва махсусан ҲНИТ хатарнок аст устувор аст ва ин трази бархурд ва ин равиши сиёсиаш аз оғози фаъолияти 33 солааш иваз нашудааст.
СССР, нашрияи марбут ба мақомот, ба вижа КДАМ, ки борҳо мушоҳида кардем, қабл аз эълони иттиҳомоти расмӣ айбномаро эълон мекунад, дар робита ба ин ҳодиса ин тавр навиштааст:
«Сарчашмаҳои ба таҳқиқи ин ҷиноят наздик, ба шарти набурдани ном, ба СССР гуфтанд, «дар ин ошӯб изи пойи ТЭТ ҲНИ, ки шохаи ДИИШ аст, сахт мушоҳида мегардад».
Раҳмонов қасд дорад барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ба Амрико сармогузори асосии муқобала бо террористҳо нишон диҳад, ки бовар кардан ба ин гурӯҳ нодуруст аст. Вай тобу тоқати онро, ки ҷаҳон иваз шудааст ва сиёсати ҷаҳонӣ ин тавр натиҷа гирифтааст, ки диктаторҳо бадтар аз ба истилоҳ террористҳоанд, барояш қобили қабул нест, ғайритасаввур аст. Раҳмонов ҳақ ва нақши исломро қоил нест ва душмани рушди инсоният мешуморад. Бигзорад, ки вай чил сол биистад ва боз ҳукуматро ба писараш супорад.
Мардум аз соли гузашта ба ин тараф аз Раҳмонов амнистия мунтазир буд. Ва, Раҳмонов ҳам ба интизороти мардум вокуниш кард. Ва ҳамин куштори Раҳмонов дар зиндон вокуниши вай аст. Акнун фамидед,ки интизори афв ва бахшиш аз Раҳмонов чи авоқиби нохушеро дар пай дорад ? Борҳо гуфтем ва боз ҳам мегуем. Ҳаргиз аз Раҳмонов таваққуъ надошта бошед ӯ шуморо «АФВ» мекунад! Бале шумое,ки бо моддаи 307 маҳкумед! Инчунин хонаводаҳои зиндониён,ки фарзандону наздиконатон дар зиндонанд Раҳмонов онҳоро Амнистия мекунаду раҳо мегарданд. Амниястияи Раҳмонов қатл аст! Раҳмонов як шабаҳ ва як Даҷҷол аст,ки Раҳмаш азоб ва азобаш фирор аз кишвару бе хонумон шудан аст. Ҳаргиз ба суханону ваъдаҳояш бовар накунед!
Ҳаводиси Сурия мардуми тоҷикро зинда кард. Таҳти таъсири ин ҳодиса боло гирифтани афкори зидди Раҳмоновӣ, бедор шудани мардум ва фаро гирифтани руҳияи инқилобӣ поҳои ҳукумати вайро мутазалзил кард.
Тамоми ин муддате, ки ҲНИТро заду берун карду террористӣ хонд, бо омадани як наҳзатии тоҷик дар ҳукумати Сурия ҳамаи ин иттиҳомот ва туҳматҳо ботил шуд. Барои Раҳмонов ин ки як «наҳзатӣ» дар ҳукумати исломиҳои Сурия мақом касб кард, баробар ба «ташрифи ногаҳонии ҳазрати Азроил ё Малакулмавт» аст.
Иллати асосии соли гузашта амнистия надодани Раҳмонов ҳам ин буд, ки намехост афроде, ки дар зиндон муқобилаш шудаанд, то интихобот ба берун бароянд ва таҳти таъсири мухолифини вай ба ягон корҳое даст бизананд. Вай амнистияро бо куштори оммавии зиндониҳо иваз кард.
Ps: Албатта таҳқиқоти «Ислоҳ» дар қазияи куштори ваҳшиёна дар зиндони 3\2 Ваҳдат идома дорад. Ҳатман маълумоте пайдо шуд онро тақдиматон менамоем.
Дар охир ин эълонро барои ҳама он афроде, ки маълумоти дақиқи мустанад дар даст доранд онро ба «Ислоҳ» фиристанд. Агар маълумотатон муҳим бошад ҷоизаи моли ҳам доред!