Яке аз офати бузург ва бемории хатарноки дил ҳасад аст. Ҳасад дар қалби инсон пайдо мешавад ва асарҳояш дар зоҳир намоён мегардад. Аввалин гуноҳе, ки дар рӯи замин сар зад, ин ҳасад буд, ҳасади Қобил ба бародари худ Ҳобил. Ҳасаде, ки дар қалби Қобил пайдо гашту ӯро қотили бародари ҷонии худ гардонид.
Ҳасад ду намуд аст:
Ҳасаде, ки ҳаром аст ва яке аз гуноҳҳои кабира мебошад ва маънояш ин аст:
Шахси ҳасадкунанда мехоҳад неъмате, ки дар дигарон аст комилан нобуд гардад ва танҳо худаш соҳиби ҳама неъматҳо бошад. Ин ҳасуд тоқати дидани неъмату дороии дигаронро надорад, мехоҳад соҳиби ҳама неъматҳо худаш бошад.
Ҳасади маҳмуд ва ё ҳасаде, ки гуноҳ нест. Баръакс хуб аст. Ин ҳасадро метавон ба таври зер таъриф намуд:
Инсон мехоҳад неъмате, ки дар дигарон аст дар ӯ низ бошад ва ҳамонгунае, ки дигарон аз неъмат бархурдоранд, ӯ низ соҳиби неъмат бошад, аммо нобудии неъмати касеро намехоҳад. Фақат мехоҳад мисли дигарон соҳиби неъмат бошад. Ин намуд ҳасадро Ғибта ва ё Мусобиқа дар аъмоли хайрот низ мегӯянд. Мо Ҳадис дорем, ки паёмбар мегӯянд:
لا حسد الا في اثنتين رجل اتاه الله مالا فسلطه على هلكته في الحق و رجل اتاه الله حكمة فهو يقضي بها و يعلمها
“Ҳасад кардан ба ду тоифаи мардум ҷоиз аст:
Марде, ки Аллоҳ барояш молу сарвати зиёд додааст ва он молҳоро дар роҳи хайру савоб харҷ мекунад.
Марде, ки Аллоҳ ба ӯ илму ҳикмат додааст ва бо илму ҳикмати худ мардумро ислоҳ мекунад ва ба мардум таълим медиҳад”. (Имом Бухорӣ)
Ҳасаде, ки дар ин ҳадис омадааст, ба маънои нобуд гаштани неъмат нест, балки ба мисли ӯ соҳиби неъмат будан аст.
Мутаассифона, ин маризӣ метавонад дар ҳама инсон вуҷуд дошта бошад, фақиру сарватманд, ҷоҳилу олим, хирадманду бефарҳанг. Сабаби сарзадани аксари низоъву кашмакашиҳо дар ҷомеъа низ худи ҳамин марзии ҳасудӣ аст.
Вақте дар мардуми оддӣ ин офатро мушоҳида мекунӣ, он қадр таассуфовар нест, зеро аз ҳасади авом танҳо як ё ду нафар осеб мебинанд. Аммо вақте ин маризӣ дар уламо дида мешавад, хеле дарднок аст. Чун ҳасади уламо нисбати ҳамдигар на танҳо ба афроди муайян, балки ба уммат зарбаҳои ҷиддӣ мерасонад.
Сабабҳои асосии ҳасади донишмандон нисбати ҳамдигар, пеш аз ҳама ин дӯст доштани дунё, дӯст доштани ҷоҳу макон ва бузургманишӣ мебошад.
Ибни Қайими Ҷавзӣ дар китоби “Алфавоид” мегӯянд:
“Ман сабабҳои пайдоиши ҳасад дар олимонро пайгирӣ намудам ва дидам, ки сарчашмаи ҳасад дар онҳо муҳаббати дунёст фақат олимҳое, ки барои дунё илм омӯхтаанд, ба ҳамтои худ рашку ҳасад мебаранд. Аммо уламое, ки барои ризогии Парвардигор ва Охират талаби илм мекунанд, дар онҳо ҳасад вуҷуд надорад ва аҳли ин оят ҳастанд:
و لا تجعل في قلوبنا غلا للذين امنوا
Парвардигоро қалбҳои моро аз ҳасаду бадбинӣ нисбати муъминон пок гардон”. (сураи Ҳашр ояти10)
Донишманде, ки мехоҳад ҳама иззату обрӯ инҳисори ӯ бошад, таҳаммули дидани обрӯву эътибори як донишманди дигарро надорад. Он нафароне, ки пайравони зиёд доранд, дар байни мардум обрӯву эҳтиром доранд ва дигарон онҳоро хеле қадрдонӣ мекунанд чашми дид надорад. Бо дидани ин неъматҳо оташи ҳасад дар дилаш фурӯзон мегардад ва нисбати ин олим туҳмату суханҳои ноҳақ мезанад.
Дар натиҷа, на танҳо худаш, ҳатто шогирдону пайравонашро бадхоҳи як нафари донишманд мегардонад.
Ҳол он ки иззат аз ҷониби Аллоҳ аст. Ҳама соҳибиззатӣ ва муҳтарамиро як нафар худаш касб накардааст, балки Аллоҳе, ки соҳиби ҳама неъматҳост, ӯро дар байни мардум маҳбуб сохтааст.
Имом Бухорӣ раҳматуллоҳи алайҳ ба сабаби ҳасади уламо аз Бухоро ронда шуданд ва охири умрашонро дар ғарибӣ гузарониданд ва дар ғарибӣ ё ҳумаҳои атрофи Самарқанд,ки мамнуъулвуруд буд вафот карданд.Қабл аз вафот дуъо карданд,ки пас аз чанд рӯз амири Бухоро бо ҷурми хиёнат барканору дар бозорҳои Бухоро гардонда мешуд.
Ҳасади уламо сабаб мешавад, пайравони ду олим ҳамчун ду гуруҳи ҷангӣ нисбати ҳамдигар ҳамлаҳои лафзӣ, шатму ҳақоратҳо кунанд ва ин сабаб мешавад, ки ба ҷойи иттифоқ гаштани уммати Ислом ҳама тафриқаву пароканда гардем.
Вақте ба таърих нигоҳ мекунем, соҳибони мазҳаб ҳама бо ҳам робитаҳои дӯстии қавӣ доштанд. Масалан, Имом Шофеъӣ шогирди Имом Молик буданд, Аҳмади Ҳанбал шогирди Шофеъӣ буданд.
Вақте дар мавсими ҳаҷ Имом Молик бо Абу Ҳанифа баҳсу мунозираи илмӣ карданд, пас аз рафтани Абу Ҳанифа, Молик ба атрофиён гуфтанд: Қасам ба Аллоҳ ин мард фақеҳ аст.
Имрӯз мебинем пайравони ҳар мактаб, хусусан ҳамватанони мо бо ҳамдигар чунон даргири баҳсҳои тунд бо истифодаи лафзҳои таҳқиромез мешаванд, ки гумон мекунӣ, на дар як дин, балки дар дини гуногун ҳастанд.
Ин ихтилофҳои шадиди мазҳабӣ ва таассубият ба шахси муайян дар мо хеле зиёд аст.
Дар айёми донишҷӯӣ бо оилае дӯстӣ доштем, чор фарзанд доштанд, ҳамаашон донишҷӯ буданд.
Аҷиб ин буд, ки ҳар нафар пайрави мазҳаби алоҳида буд. Яке Ҳанафӣ дигаре Моликӣ, севумин Шофеъӣ ва охирон Ҳанбалӣ. Бе ягон мушкилӣ зиндагӣ доштанд, аз дониши ҳамдигар истифода мебурданд.
Толибилмоне, ки мехоҳанд нисбати як олиме маълумот пайдо кунанд, набояд ба сухани олими дигаре такя кунанд. Набояд суханҳои олимонро нисбати ҳамтояшон ба пуррагӣ қабул кунем, алалхусус агар дар суханашон таънаву айбҳо вуҷуд дошта бошад. На ҳама олимон қалбҳои солим доранду аз рашку ҳасад пок ҳастанд.
Абдуллоҳ ибни Аббос мегӯянд:
“Вақте ду олим нисбати ҳамдигар сухани баде ё таънае карданд, ҳаргиз бовар накунед. Ба Аллоҳ қасам! Рашку ҳасади баъзе уламо нисбати ҳамдигар аз рашку ҳасаду заноне, ки зани якуму дувум ҳастанд бадтар аст”.
Ҳар олиме, ки нисбати олими дигар ва ё толибилме, ки нисбати толибилми дигар таъна зад, набояд қабул кард то ба чашми худ ва ё аз нафари бовариноки дигар исбот гардад.
Худи ҳамин рашку ҳасади уламо сабаб аст, ки моён парокандаву бадхоҳи ҳамдигар гаштаем. Ҳама нисбати ҳамдигар барои исботи айбҳои ҳамдигар далелу ҳуҷҷат дорем. Ин як вабои мардуми мо нест, балки вабои кулли мусалмонон аст, аммо дар мо тоҷикон нисбати дигарон хеле зиёд дида мешавад.
Шояд сабаби ин ҳама тафриқаву бадбиниҳо сатҳи пасти дониши динии мардум аст ва ё шояд ҳам дунёталабиву муҳаббати молу ҷоҳ ҳадафии аслии баъзе донишмандон гаштааст.
Агар ба ҷои ҳасодати ҳамдигар ва бадбиниву айбҷӯӣ некхоҳи ҳамдигар будем ва ба ҷои зидди ҳамдигар далелу ҳуҷҷатоварӣ нишонро бар дили душман мезадем имрӯз ин ҳама бадбахтиҳоро намекашидем.
Дунё ба касе вафо нахоҳад кард. Ҳам ҳасудон мемиранд ва ҳам соҳибнеъматон. Биёед ба ҷои ҳасодат некхоҳӣ кунем. Меҳнати омӯзишу ранҷу кулфати фарогирии илми як нафарро ба хотири чанд хатое бо ғайбату ҳасодати худ ба фано надиҳем. Баръакс пӯшандаи айбҳо бошему накуиҳои ҳамдигарро баён кунем. Як ҷумлаи неки донишманд нисбати донишманди дигар метавонад садҳо пайравонашро мухлиси донишманди дигар кунад. Як таънаи донишманд метавонад садҳо нафарро бадбину душмани донишманди дигаре кунад. Пас чаро ба ҷои душманиву фитнаангезӣ дӯстиву рафоқатро барпо намекунем. Хол он,ки Аллоҳ мегӯяд:
و تعونوا على البر و التقوى و لا تعاونوا على الاثم و العدوان و اتقوا الله ان الله شديد العقاب
“Ҳамдигарро дар амалҳои нек ва парҳезгорӣ кумак кунед. Дар гуноҳу душманӣ кардан нисбати ҳамдигар ёрирасон набошед. Аз Аллоҳ битарсед, зеро Ӯ бадкоронро ҷазои сахт медиҳад”. (Сураи моида,ояти2)
Аммо бемории бадгӯӣ, ки сироят кард, бадгуе нисбати бадгӯи дигар ҳатман пайдо мешавад. Бо ин ҳол худи уламо сабаб мешаванд, ки ҷомеа бадсиришт шавад ва насли зишт ба миён ояд. Магар аз як миллати илмдӯсту муҳибби уламо, сохтани миллати бадсиришту уламобадбин хиёнат ба дину миллат нест?
Ҳама инсон, ҳама донишмандон хато доранд, чун башар ҳастанд. Набояд ба хотири як ду хатогӣ тамоми обрӯву эътибори як афарро нобуд созем. Агар муслиҳу ислоҳкор буда наметавонем, ақаллан муфсид ё худ фасодкор ҳам набошем.
Агар аз ҷиҳати равонпизишкӣ назар кунем, ҳасудону бадгӯён шахсоне ҳастанд, ки гирифтори бемории худкамбинӣ, яъне комплекс ҳастанд. Ҳамин худкамбинӣ ё комплекс дар қалби инсон ҳасаду бадбинӣ эҷод мекунад. Аз ин ҷиҳат толибилми бадгӯй, ё ҳар куҷо донишмандеро дидем, ки нисбати донишманди дигар бадгӯӣ мекунад, метавон дарҳол пай бурд, ки дониши ӯ ба камол нарасидааст ва ӯ аҳли машварату тадрис нест. Худи ӯ ба такмили илму адаб ниёз дорад.
Фаромӯш насозед, ки ҳадафи аслии душманони Ислом хоҳ дар дохили кишвар ва хоҳ дар хориҷ, рашку ҳасадандозӣ дар миёни донишмандон буд, то бо бадбинии ҳамдигар пароканда гардем. Онҳо ба мақсад хеле зуд расиданд. Тавонистанд моро бадгӯю бадхоҳи ҳам созанд. Сипас зарбаи охиринро бар дили Уммат бизананд.
Бо ин ҳама шикасту парокандагӣ ман яқин дорам бо тааммули оятҳои Илоҳӣ ва ҳадисҳои набавӣ, нигоҳҳои дақиқ ба таърихи гузаштагон мо ба худ меоем, муттаҳид мегардем! Хатогиҳои ҳамдигарро мебахшему ба оташи ҳасад об мепошем. Сипас, бо дилҳои пок аз олудагиҳо ба Аллоҳ даст дароз мекунем ва мегӯем, ки Илоҳо инак мо муттаҳид гаштему тағйир ёфтем, ҳамдигарро бахшидему бахшида шудем. Илоҳо акнун мунтазири нусрати ту ҳастем, нусрате, ки ба солеҳон ваъда додаӣ. Илоҳо ту дар китобат ваъда додаӣ:
ان الارض يرثها عبادي الصالحون
“Албатта ҳукумфармоёни замин солеҳон хоҳанд буд”. (Сураи Анбиё,ояти 105)
Илоҳо замини моро ба мо баргардон, зеро мо аз хархашаи якдигару бадбиниҳо баргаштем ва умед дорем аз зумраи солеҳон гаштаем…
Ин сатрҳоро банда менависаму ба худ аҳд мекунам, ки ҳеҷгоҳ дар ҳаққи донишманде сухани ноҳаққе нахоҳам гуфт. Чунон зиндагӣ мекунам, ки гӯё ҳар лаҳза метавонам дунёро бо ҳама ҳастиҳояш видоъ мегӯяму ба Охират сафар мекунам.
Хонандаи азиз! Умед дорам, ту низ бо хондани ин сатрҳо бо худ суол кунӣ.
Чаро ҳама ҳамдигарро бад мебинему нисбати ҳамдигар таънаву ноҳаққиҳо мегӯем.
Охир, кӣ аз ин кирдори мо истифода мебарад? Ман ё ту ё нафари дигар?
Бародар ва хоҳари азизам! Аз бадбиниву бадхоҳии ману ту ягона нафаре, ки бурд мекунад, шайтону пайравонаш ҳастанд. Албатта, ману ту ҳоло шоҳид ҳастем, ки чи қадр бурд карданду боз мунтазири задани зарбаҳои ҷонкоҳи дигар ҳастанд. Биёед бозичаи дасти шайтон нагардем. Ба турҳои кашидаи душман наафтем. Аз ҳамдигар дифоъ кунем.Агар дифоъ накунем ҳам, лоақал нисбати ҳамдигар таънаву носазо нагӯем. Инро набояд фаромӯш кард,ки “Гушти уламо заҳрогин аст ва худро ба бадгӯйи уламо масмум накунем!”
Муслимаи Аҳмадӣ