Аз пандҳои Луқмони Ҳаким ба фарзандаш (бахши аввал)

Ислоҳ нет

 

  1. Фарзандам, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро ба Худованд шарик макун!
  2. Бо падару модарат беҳтарин рафторо дошта бош!
  3. Бидон, ки ҳеҷ чиз аз Худованд пинҳон намемонад!
  4. Намозро он гуна, ки шоиста аст ба по дор!
  5. Андарзу насиҳати дигаронро фаромӯш макун!
  6. Дар муқобили пешомадҳо шикебо бош!
  7. Аз мардум рӯй магардон ва ба онҳо беэътино мабош!
  8. Бо ғуруру  такаббур бо дигарон рафтор макун!
  9. Дар роҳ рафтан миёнарав бош!
  10.  Бар сари дигарон фарёд макаш ва ором сухан бигӯ!
  11.  Аз тариқи асмо ва сифати Худованд Ӯро ба хубӣ бишнос!
  12.  Ба ончи дигаронро андарз медиҳӣ худ бештар амал кун!
  13.  Сухан ба андоза бигӯ!
  14.  Ҳақи дигаронро ба хубӣ адо кун!
  15.  Розу асроратро назди худ нигаҳ дор!
  16. Ба ҳангоми сахтӣ дӯстатро озмоиш кун!
  17.  Бо суду зиён дӯстро имтиҳон кун!
  18.  Бо бадону ҷоҳилон ҳамнишинӣ макун!
  19.  Бо донишмандону олимон ҳамроҳ бош!
  20.  Дар касбу кори нек ҷиддӣ бош!
  21.  Ба кӯтоҳфикрон ва заифон этимод макун!
  22.  Бо оқилони имондор мудом машварт кун!
  23.  Сухани санҷидаи ҳамроҳ  бо далелро баён кун!
  24.  Рӯзҳои ҷавониро ғанимат бидон!
  25.  Ҳам марди дунё ва ҳам марди охират бош!
  26.  Ёрону  ошноёнро эҳтиром кун!
  27.  Бо дӯсту  душман хушахлоқ бош!
  28. Вуҷуди  падару модаро ғанимат бишмор!
  29.  Муаллиму устодро ҳамчун падару модар дӯст бидор!
  30. Камтар аз даромаде, ки дорӣ харҷ кун!
  31.  Дар ҳамаи умур миёнарав бош!
  32.  Гузашт ва ҷавонмардиро пеша кун!
  33.  Ҳарчики метавонӣ бо меҳмон меҳрубон бош!
  34.  Дар маҷолису маъобир чашму забонро аз гуноҳ боз дор!
  35.  Беҳдошту назофатро ҳеҷ гоҳ фаромӯш макун!
  36.  Ҳеҷ гоҳ  дӯстону  ҳамкешони худро тарк макун!
  37.  Фарзандонатро донишу диндорӣ биомӯз!
  38.  Саворкорӣ ва тирандозӣ ва .. фаро гир!
  39.  Дар ҳар кор аз дасту пойи рост оғоз кун!
  40.  Бо ҳар кас ба андозаи дарки ӯ сухан бигӯ!
  41.  Ба ҳангоми сухан матину устувор бош!
  42.  Ба кам гуфтану кам хӯрдан ва кам хобидан худро одат бидеҳ!
  43. Ончиро, ки барои худ намеписандӣ барои дигаро маписанд!
  44.  Ҳар кореро бо огаҳӣ ва устодӣ анҷом бидеҳ!
  45.   Ноомӯхта устодӣ макун!
  46.   Бо заифону кӯдакон сири худро дар миён нагузор!
  47.  Чашм ба роҳи кӯмаку ёрии дигарон мабош!
  48.  Аз бадон интизори мардонагиву некӣ надошта бош!
  49.  Ҳеҷ кореро пеш аз андешаву тадбир анҷом мадеҳ!
  50.  Кори нокардаро кардаи худ мадон!

Поёни бахши Аввал

Идома дорад!

Баргардони Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article