Аз рӯза доштани се рӯзи моҳи Шаъбон бе хабар намонед!

Ислоҳ нет

Аз рӯза доштани се рӯзи моҳи Шаъбон бе хабар намонед!
“Расули Акрам (с) чунин фармудаанд: “Моҳе, ки мардумон аз он ғофил мемонанд, он моҳ миёни Раҷаб ва Рамазон аст, (яъне моҳи Шаъбон). Ин моҳест, ки дар он амалҳо назди Парвардигори оламиён боло бардошта мешаванд. Пас дӯст медорам ҳангомеро, ки амалҳоям боло мераванд ва ман рӯзадор бошам.”
(Ҳадиси саҳеҳ бо ривояти Имом Нисоӣ ва Албонӣ саҳеҳаш хондааст)
Бо рӯза доштани рӯзҳои Бийз 210 сол ҷасадҳои худро аз оташи ҷаҳаннам дур созед!
Ба иттилои ҳама бародарон ва хоҳарони гиромӣ мерасонам, ки фардо якшанбе, 31-май мутобиқ ба 13-ҳуми моҳи ҳиҷрӣ қамарии Шаъбон аст. Рӯза доштани 3 рӯзи миёнаи ҳар моҳи ҳиҷрӣ-қамарӣ, ки ба “Рӯзҳои бийз” маъруфанд, аз суннатҳои доимии Расули Акрам (с) мебошанд. Дар ин моҳ рӯзҳои 13,14,15 моҳи Шаъбон мутобиқ ба 31 май ва 1,2 моҳи июн яъне якшанбе, душанбе, сешанбе баробар меояд, аз файз, баракат ва зинда доштани суннати Расули Акрам (с) беэътиноӣ накунед!.
وعن أبي سعيد رضي الله عنه قال قال رسول الله صلى الله عليه وسلم : (( ما من عبد يصوم يوما في سبيل الله تعالى إلا باعد الله بذلك اليوم وجهه عن النار سبعين خريفا )) رواه البخاري ومسلم والترمذي والنسائي
– “Аз Абусаъиди Худрӣ (раз) ривоят аст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: Ҳар бандае, ки дар роҳи Худо рӯза медорад, Худованд ба сабаби он рӯзаи доштааш ҳафтод сол ҷасадашро аз оташи Ҷаҳаннам дур месозад”
(Ҳадиси саҳеҳ Мутафақун алайҳ, инчунин бо ривояти Имом Тирмизӣ ва Нисои)
Ҷои дигар дар ҳадисе чунин омадааст:
وبقوله عليه الصلاة والسلام : إذا صمت من الشهر ثلاثة أيام ، فَصُم ثلاث عشرة ، وأربع عشرة ، وخمس عشرة . رواه الإمام أحمد والترمذي والنسائي .
Аз Расули Акрам (с) ривоят аст, ки фармуданд: “Агар аз ҳар моҳе се рӯз рӯза доштӣ, пас сездаҳ, чаҳордаҳ ва понздаҳи онро рӯза бидор.”(Ҳадис ба ривояти Тирмизӣ ва Нисоӣ)
– “Рӯза доштани се рӯз аз ҳар моҳ баробари рӯза доштани тамоми умр аст” (Ҳадиси саҳеҳ Мутафақун алайҳ).
Агарчӣ аввал, миёна ва охири моҳ метавон рӯза дошт. Вале шориҳони ҳадис афзалиятро ба рӯзҳои Бийз таъкид намудаанд.
Боз ҳадиси дигаре бо чунин лафз ривоят шудааст “Расули Акрам (с) моро амр менамуданд, ки рӯзҳои бийзро рӯза дорем, ва онҳо иборатанд аз: 13-14-15 ва фазли рӯзадории ин рӯзҳо мисли як умр аст)”
Ба иттилои шумо хонандагони гиромӣ мерасонам, ки метавонед ба ин сомона “Макка календар” ворид шавед, то ҳама вақт аз моҳҳои ҳиҷрӣ қамарӣ ва чанд рӯза будани онҳо иттилоъ пайдо намоед.”www.makkahcalendar.org” Ин сомона бо услуби дақиқ тибқи расадхонаи Маккаи мукаррама ҳама вақт дар хидмати хонандагонаш қарор дорад.
وعن أبي هريرة، رضي الله عنه، قال: ”أوصاني خليلي بثلاث لا أدعهنّ حتّى أموت، صوم ثلاثة أيّام من كلّ شهر وصلاة الضُّحى ونوم على وتر” رواه البخاري ومسلم
Тарҷума: Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки чунин фармудааст: “Васият намуд маро дӯстам Муҳаммад (с) ба се чиз ва ман низ ҳаргиз тарк намекунам онҳоро то ин ки маргам фаро расад. Рӯза доштани се рӯз аз ҳар моҳ ва намози Зуҳо (ишроқ ё сари офтоб, ки вақти хонданаш пас аз бомдод пас аз тулӯи офтоб аст) ва хоб накардан қабл аз адои намози Витр”(Агар шахс яқин дошта бошад посе аз шаб метавонад бархезад ва намози витрашро қабл аз намози субҳ адо намояд) (ҳадиси саҳеҳ Мутафақун алайҳ)
Бо ин ҳадис навиштаи худро ба поён мерасонам.
عن سهل بن سعد عن النّبيّ، صلّى الله عليه وسلّم، قال: ”إِنَّ فِي الجنَّةِ بَابًا يُقَالُ لَهُ الرَّيَّانُ، يَدْخُلُ مِنْهُ الصَّائِمُونَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ، لَا يَدْخُلُ مَعَهُمْ أَحَدٌ غَيْرُهُمْ، يُقَالُ أَيْنَ الصَّائِمُونَ فَيَدْخُلُونَ مِنْهُ، فَإِذَا دَخَلَ آخِرُهُمْ أُغْلِقَ فَلَمْ يَدْخُلْ مِنْهُ أَحَدٌ” متفق عليه .
Тарҷума: Аз Саҳл ибни Саъд аз Расули Акрам (с) чунин ривоят аст, ки он Ҳазрат (с) чунин фармуданд: “Дар Ҷаннат дарвозае ҳаст, ки онро Райён меноманд. Танҳо рӯзадорон аз он дарвоза дар рӯзи Қиёмат дохил мегарданд. Ҳамроҳи онҳо каси дигаре ба ҷуз онҳо дохил намешавад. Мегӯянд: куҷоянд рӯзадорон, то дохил гарданд аз он. Ва чун охирин шахси рӯзадор дохил гардад, дарвоза баста мешавад ва шахси дигаре аз он дохил намегардад.”
( Мутафақуналайҳ)
Як тазаккури дигар барои баъзе “Алломаҳои нав баромад” як идда аз ин алломаҳои дар нохунак чизеро нофаҳмида, агар рӯзҳои Бийз ё Арафа ва ё нӯҳуму даҳуми муҳаррам ба рӯзҳои ҷумъа шанбе мусодиф ояд, мегӯянд: дар ин рӯзҳо рӯза надоред, зеро инҳо рӯзҳои манҳия ҳастанд. Намехоҳам суханро ба тӯл кашам, аммо ҳаминро меафзоям, агар рӯзҳои дар боло зикргардида дар рӯзи ҷумъа шанбе ва якшанбе мусодиф оянд, рӯза доред ва бардошти ин алломаҳо аз ҳадис ғалат ва иштибоҳ аст. Танҳо он барои ихтисос надодани рӯза дар рӯзи ҷумъа хос ва шанбе хос омадааст. Наметавонад шахс хос рӯзи ҷумъа ва ё хос рӯзи шанберо барои рӯза махсус намояд. Аммо мусодиф гирифтанашон ба рӯзҳое, ки барои рӯза доштани он савоб аст ҳеҷ иртиботе надорад. Тавре ки мебинем ин моҳ рӯзи 13 аз рӯзи якшанбе оғоз мегардад ва агар иститоъати рӯза доштанро дошта бошед, пас бишитобед.
Умед аст Худованди муттаол дар ин рӯзҳои миёнаи моҳи Шаъбон, ки аз дуввумин моҳҳои ҳаром аст аз ин аҷру подоши бузург маҳрумамон насозад. Пас аз ин моҳ моҳи Рамазон аст. Моро ба он бо ният ва дилҳои софу пок ва омодаи рӯза доштан бирасонад. Эҳёи рӯзҳои бийз ин суннати Расули Акрам (с) аст ва онро ба накуӣ зинда медорем ва ба дӯстону наздиконамон, ки аз ин маълумот бехабаранд мерасонем. Далолаткунандаи кори неку хайр мисли анҷомдиҳандаи он аст. Ҳангоми ифтор дар ҳаққи уммати исломӣ инчунин мо,ки эҳтиёҷ ба дӯоҳои неки шумо ниёз дорем фаромӯш насозед.

Share This Article