Аз «табаддулот»и Ғаффор Мирзоев то «табаддуллот»и Усмонзода 20 сол мегузарад вале…аммо… Раҳмонов?!

Ислоҳ нет

Бист соли қабл, дуруст дар ана ҳамин субҳи рӯзи 6 августи соли 2004, генерал-лейтенант Ғаффор Мирзоев, раиси Ожонси назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва фармондеҳи пешини Горди президентӣ ва аз ҷангсолорони аршади Фронти халқӣ дар дари вурудии ин ниҳод, дар қасабаи 46-и Душанбе дастгир шуд.

   Ғаффор Мирзоев, мулаққаб ба Ғаффор Седойро Олег Захарченко, сардори ОМОН-и ВКД ва афроди таълиму машқдидааш дар як ҳамлаи ғофилгирона аз по даровард, дар даҳонаш скотч ва дар дастонаш наручник зад, дар сараш тубра кашиду савори автозак кард, ва ин охирин рӯз ва лаҳзаҳои Ғаффор Мирзои 48 сола буд, ки нафас дар озодӣ мекашид. ОМОН саҳари барвақт дар камини Ғаффор буд ва замоне, ки по ба даромадгоҳи Ожонсӣ мегузошт ва афсари навбатдор даст ба чаккаи ҷабин рапорт медод, бо як ҷаҳиш Олег Захарченко ӯро ба замин хобонд ва бақия ОМОНиҳо худро дар болои вай афканда дасту даҳону сарашро муҳкам бастанд. Олег Захарченко, ҳамоне, ки чанд соли баъд дар даромадгоҳи Ғарм аз тарафи Мирзохуҷаи белгӣ яке аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ва ёронаш кушта гардид.

 Ва ҳоло Ғаффор 20 сол аст ки дар зиндон аст. Ҳукми абад «матат»  мекунад. Доду вою арзу шикояту гушнашиниву вакили хориҷӣ гирифтану даъвати СММ барои раҳоии вай ба инобат гирифта нашуд.

   Раҳмонов дар нисбати Ғаффор Мирзоев санг шуда буд. Раҳмонове, ки Ғаффор барои вай хун рехт, қатлу куштор кард, ба Ғарм юриш бурд, ду -се навбат лашкари ҷаррору сартопо мусаллаҳи Маҳмуд Худойбердиевро, ки кам монда буд линги Раҳмоновро аз осмон оварад заду титу пит кард, Ғаффоре, ки интихоботи буридаи Абдуллоҷонов дар соли 94-ро ба Раҳмонов дод, ба душмани сарсахту ҷонии Раҳмонов бадал шуд.

  Ғаффор Седой аз бонуфузтарин ҷангсолорони Фронти халқӣ буд, ки то соли 2004 фармондеҳии яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон-Горди раёсати ҷумҳурии ин кишварро бар уҳда дошт. Ҷузву томҳои ин Горд дар Турсунзода, Хуҷанд, Рашт ва Душанбеву Қурғану Кулоб мустақар шуда буданд ва ҳифозати ТадАз –муҳимтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, ки солона дар ҳаҷми беш аз 1 миллиард доллар савдо ва гардиши мол дошт дар ихтиёри вай вогузор шуда буд. Балки Ғаффор ин корхонаи бузурги санъатиро аз итоати неруҳои Маҳмуд Худойбердӣ зада гирифта буд.

Як нуктаро месазад мутазаккир гардид. Ончи иттиҳому ҷароиме, ки ба Ғаффор Седой зада шуд, дар нисбати ҳар фармондеҳи дигари Фронти халқӣ ҳам мешавад, бизад. Ғаффор, ки раҳбарии боевикҳоро бар уҳда дошт. Вай наметавонист истисно бошад. Қатлу куштору силоҳгардониву гаравгонгириву ба иҷбор ғасб ва аз они худ кардани иншоот ва замину замон дар он солҳоро на фақат Ғаффор, дигар фармондеҳони солҳои ҷанг ҳам карда буданд. Бо ин иттиҳом бидуни кадом муҳобот мешуду ҳамин имрӯз ҳам мешавад худи Эмомалӣ Раҳмоновро ҳам муқассир ва муҷрим шинохту бурду ба зиндон андохт.

  Инҷо ҳарфу ҳадис дигар аст ва ин ҳарфу ҳадис бармегардад ба Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус курсии зери пойи вай. Агар Ғаффор беш аз ин ҳам, барои мисол, мекард, Раҳмонов сокит мемонд, ҳамчуноне имрӯз Шамсуллову Зоиру Ҳасану Хуршед Мирзоев ҳамаро яксараву якбара карда истодаанд, масалан Ҳасан бозори Панҷшанбеи Хуҷандро кашиду гирифт. Ва ё Шамсулло дар тамоми заправкаҳои Тоҷикситон чип задаву доляи худро дорад ва ё Зоир ҳам кассовий апарат часпонду моҳе тамоми нуқоти тиҷоратии тамоми Тоҷикистон 96 сомонӣ ба ҳисоби вай месупорад. Яъне манзур ин аст, ки иллати ёғӣ ва мардуд шудани Ғаффор барои Раҳмонов ин айбҳо нест, чун бидуни шакку шубҳа дар анҷому иҷрои аксарияти онҳо Раҳмонов шарик аст ва ё ҳатман бо машварати худи Раҳмонов анҷом шудааст, масалан пеш кардани Маҳмуд аз ҳифозати ТадАЗ ва ё ҷобаҷоии силоҳу муҳиммоти ҷангӣ дар Балҷувон.

Аз марҳум Султон Қувватов, ки дар ҳукумати Раҳмонов раиси Кумитаи андоз ва дар гузашата сардори  идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати дохилаи Тоҷикистон буд, гуфта буд, ки силоҳу муҳимотеро, ки аз махфигоҳҳои Ғаффор пайдо кардаанд, бо дастури ҳукумат барои кӯмак ба нируҳои Ҷабҳаи Шимоли Афғонистон бурдаанд, вале чун Толибон сарнагун шуданд, ниёзе ба ирсоли ин муҳимот боқӣ намонд. Оқои Султон Қувватов гуфта буд: «Яроқҳоро бо супориши худи раисиҷумҳур ба он ҷо бурда буд. Вақте ки Толибон ҷумҳуриро таҳдид мекарданд, худи ман ҳам омода будам ба ҷанги зидди онҳо бархезам. Гуфтам, ки Ғаффор, ҳамин хел масъалаҳо баромада истодааст, чӣ фикр дорӣ? Мебинем, маслиҳат мекунем, гуфту рафт. Баъди як ё ду моҳ гуфт, ки бо супориши раисиҷумҳур ман он қадар аслиҳае бурдам, ки мо метавонем ба муқобили Толибон се соли дигар ҷанг кунем.»

 Пас,чи сабаб шуд,ки Ғаффор Мирзоев ба ин ҳолу рӯз биуфтад? Андаке сабр дошта бошед, ҳама чиз гуфта хоҳад шуд.

  Ғаффор Седой, чуноне гуфта шуд,6 августи соли 2004 дастгир гардид ва марҳалаи  тафтишу муҳокимаи парвандаи вай тули ду сол ба таври пушида баргузор шуд. Аммо ҳануз дар 27декабри соли 2004 дар як мулоқот бо мақомоти интизомиву қудратӣ дар Душане бахшида ба 80 солагии таъсисёбии милисаи тоҷик Раҳмонов Ғаффорро ба талоши анҷоми табаддулоти давлатӣ ва бо ин мақсад амбору захира ва ҷамъоварии силоҳу муҳиммот муттаҳам кард. Ана, гап дар куҷо ва ана сабаби асосӣ ва аслии зиндонӣ кардани Ғаффор седой!

Табаддулоти давлатӣ!! Ончизе, ки Раҳмонов то пойи ҷон, қади аҷал ва бештар аз марг метарсад:- табаддулоти давлатӣ, ғасби ҳокимият, кудето. Чи қадар инсонҳоро бо ин итиҳом печонду зиндонӣ карду кушт. Дар ин «масъала» Раҳмонов бисёр ҳам ҷиддӣ ва шадид бархурд кардааст ва оянда ҳам, то рӯзе ҳаст, ҳамин тавр бархурд хоҳад кард. Чандин нафар бо иттиҳоми табаддулоти давлатӣ ё кушта шуданд ва ё зиндонӣ гаштанд. Дар ин бора ҳам «Ислоҳ» на як бору ду бор  навиштааст. Ин «госпереворотҳо»,ки ахиран ба пойи Саидҷаъфар Усмонзода баста шуду шахсиятҳои маъруфе чун Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳамдастӣ бо вай дастгир шуданд, ба он ҷиҳат таваҷҷуҳангез аст ки судяи онҳо амалан худи Раҳмонов аст. Раҳмонов ба Прокурори генералӣ ва ба раиси Суди олӣ дастур медиҳад, ки масалан ҳамин Саидҷаъфар Усмонзода чанд сол бигирад ва парвандаи вайро кадом ниҳод пеш бибарад ва дигар ниҳодҳо, ҳатто Прокуратураи генералӣ «қуш» нашавад.

Ғаффор аввалин нафаре аз «окружения»-яъне ҳукумати Раҳмонов буд, ки бо ин иттиҳом маҳкум ба зиндон мешуд. Ва баъди як чунин суханронии Раҳмонов, ки Ғаффор дар қасди анҷоми табаддулти давлатӣ буд ва он ҳам ҳамагӣ баъди се моҳи дастгиршавии Седой, ки ҳоло тафтишот идома дорад, дигар сарнавишти Седой маълум шуда буд.

   Айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи Олӣ ба Ғаффор Седой ҳукми қатл талаб карда буд, вале азбаски чанд ҳафта қабл Тоҷикистон ба ҷазои ҳукми қатл мораторий эълон кард, он бо ҳукми абад татбиқ шуд. 

Аммо, инки Раҳмонов бо кадом далелу мадрак Ғаффорро ба анҷоми табаддулоти давлатӣ муттаҳам мекард, то ба имруз барои ҷомеаи кишвар рушан гуфта нашудааст. Вале сарусадоҳо ва шоеъот ҳам он замон ва ҳам ин замон пароканда шуда буд, ки дар пушти Ғаффор Седой Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе, раиси Маҷлиси Миллӣ ва де-факто нафари дуввуми Тоҷикистон меистод.

  Соли гирифтани Ғаффор соле буд, ки Раҳмонов бо бадтарин шароити ҳамкорӣ бо русҳо қарор дошт. Муносибати Раҳмонову Путин хароб шуда буд. Ҳатто бинобар навиштаҳои Викиликс, ки қаблан ҳам аз онҳо ёдовар шуда будем, Раҳмонов ба сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд шикоят карда буд, ки Путин мехост бо дастони Ғаффор ва Неруҳои марзбониаш дар Тоҷикистон госпереворот ба по кунад. Раҳмонов мегуяд, танҳо баъди барканории Ғаффор Путин аз раъяш гашт.

 Гап дар ин бора мерафт, ки он солҳо Раҳмонов Неруҳои марзбони Русияро аз ҳимояти марзҳои Тоҷикистон берун кард. Русҳо марзҳои Тоҷикистонро ҳимоят мекарданд. Русия намехост, ки биравад вале Раҳмонов дигар созишномаҳоро имзо накард, балки руирост гуфт, ки русҳо бояд бираванд. Афзун бар ин ҳозир нашуд, ки шароити русҳо барои сохтмони Роғунро бипазирад. Хуллас, боз чанд проблемаҳои дигар пеш омада буданд, ки равобити Раҳмонов ва Путинро бад карда буд. Раҳмонов ҳатто ба сафири Амрико ваъдаи иҷозаи сохтмони базаи ҳарбии амрикоиҳо дар Тоҷикистонро дода буд.

Аммо дар дохил чи гап буд?

  Раҳмонов шароит ва тавофуқоти Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллиро дар як соли пеш, яъне дар тобистони соли 2003 нақз кард. Вай бо баргузории референдуми Қонуни асосӣ шароити тамдиди боз 14 соли дигар дар сари қудрат мондани худро дар интихоботи баъдии раёсти ҷумҳурӣ, ки соли 2006 доир мешуд фароҳам кард.

Дуруст аст ки он солҳо Рустам ҳануз ҳафтдаҳсолаш буд. Ва ба яқин Раҳмонов дар сар ин тавр фикру хиёле надошт, ки ҳукуматро меросӣ ва Рустамро ҷойгузин мекунад. Аммо инки вай бояд якто-якто, дона-дона ҳар нафари барояш нохушоянд ва нофармонро леҳу лаварда кунад, маҷол ва имкон ва нафас надиҳад, аз ҳамон сооти аввали сари қудрат омаданаш кард, аз Абдуллоҷонов шуруъ карду сипас  Достиеву Убайдуллоевро дур андохт.

  Раҳмонов маълумот гирифт, ки Ғаффор қасд дорад вайро сарнагун ва дар ҷояш   Убайдуллоевро оварад. Чунки бо тағйири Қонуни Асосӣ Раҳмонов он ваъда ва он аҳди мардиро, ки бо Маҳмадсаид Убайдуллоев дода буд, аз байн бурд.

  Раҳмонов, вақте бо ИНОТ созиш кард, ду соли дигар бар замони риёсати худ афзуд ва ин афзудан ҳам ба тавассути ислоҳоти Қонуни асосӣ сурат гирифт. Ва, ҳамон замон Раҳмонов ба Убайдуллоев ваъда месупорад ва ду тан тавофуқ мекунанд, ки навбати баъдӣ Убайдулоев ҷойи вайро хоҳад гирифт. Ин тавофуқ ба он ҷиҳат буд, ки ҳукумат аз дасти ҳамин гуруҳи низомӣ-маҳаллӣ наравад. Ва, он шабурӯзҳо ҳолу ҳаво ва шароити сиёсиву амниятиву иҷтимоиву иқтисодӣ, мунтаҳо Тоҷикистон дар як давраи комилан дигар қарор дошт ва ҳануз шахсиятҳо ва неруҳои сиёсӣ қудрат ва нуфуз доштанд. Ин тавр, ки имрӯз ҳаст, набуд. Масалан Ғаффор мустақим медаромад пеши Раҳмонову гапашро мегуфт ва ё Суҳроб Қосимов на як бору ду бор Достиевро таги мушту лагад гирифта буд ва Достиев ҳам хуб мефаҳмид, ки дар пушти ин тавтиа ва иғво худи Раҳмонов меистад. Дар ин бозӣ бахусус бештари ҷангсолорони Фронти халқӣ, ки мантақа ва аҳолии маҳаллоти муайянро таҳти қудрат доштанд, ҳавохоҳӣ аз Убайдуллев мекарданд, ба Убайдуллоев таваҷҷӯҳ доштанд. Бахусус Ғаффор Мирзоев, ки аз миёни фармондеҳони Фронти халқӣ ҳамоно неруи бузурги ҳарбиро дар ихтиёр дошт ва метавонист, ки вазъияти амниятӣ дар мамлакатро ба ҳам занад. Вақте ӯро аз мақоми раиси Горди президентӣ гирифт, Ғаффор башиддат ғазабнок шуд ва бо баргузории як конфаронси матбуотӣ ҳарфҳое зад, ки Раҳмонов ночор шуд бо вай вориди музокира бишавад ва ҳатто раёсати Оҷонси мубориза бо маводди мухаддирро, ки тоза панҷ солаш мешуд ва муҳимтар аз ин сармояи фаъолияти онро СММ мепардохт бидиҳад.

Ҳароина Раҳмонов ҳамин гуна маълумотҳоро дарёфт, ки Ғаффор ӯро заданӣ аст ва дастури барканории вай аз мақоми раёсати Горди президентиро бо ин баҳона, ки он табдили ном карду Горди миллӣ шуд, рузи 15 январ содир кард.

Пагоҳи он рӯз Ғаффор Мирзоев бо баргузории як конфаронси матбуотии васеъу муфассал ошкоро Раҳмоновро ба нақзи қонун ва беэҳтироми нисбати шахсияташ, ки мегуфт «инқилоб» кардаву Раҳмоновро сари қудрат овардааст, муттаҳам кард. Ин воқеияти раднопазир ва инкорнашаванда аст ки Ғаффор Мирзо барои Раҳмонов ҳатто ҷони худро моягузорӣ кардааст. Ғаффор бунёдгузори Горди миллии Тоҷикистон аст. Ва Ғаффор ба ҳангоми юриши Маҳмуд Худойбердӣ дар ноябри соли 1998 ба Хуҷанд тасодуфан зинда мемонад. Чунки дар утоқи хобаш, ки бачаҳои Маҳмуд даромаданду таркониданд набуд. Аз тарафи дигар, такрор ҳам шавад, аксарияти ҷиноятҳои содиркардаи Ғаффор бо дастури мустақими Э.Раҳмонов иҷро карда шудааст ва ҳар қадар, ки Ғаффор ҷинояткор бошад, Раҳмонов ҳам ба андозаи вай ҷинояткор аст, балки бештар, чун фармоишгар Раҳмонов аст ва ӯ анҷомдиҳанда. Аз инҷо буд, ки Ғаффор Мирзоев, вақте бидуни огоҳии муқаддамотӣ аз мақом гирифта шуд сахт ошуфта ва хашмолуд шуд. Ва ҳарфи дилашро дар ҳамон конфаронси матбуотӣ дар муқобили Раҳмонов нотарсида зад.

Ғаффор Мирзоев бо баргузории конфаронси матбуоти иктифо накард, дилаш хунук нашуд. Неруҳои таҳти фармони худро дар Регару  Хуҷанду Ғарм дар ҳолати омодабош қарор дод ва постҳои даврони ҷангиро дар роҳи Ҳисору дараи Алмосиву  Шоҳамбарӣ то сарҳади Узбакистон эҳё ва мустақар кард. Кам монда буд, ки неруҳои вай қасри раёсати ҷумҳуриро ишғол кунанд.

Ба Раҳмонов ултиматум монд, ки нафари фармондеҳи Горд таъин кардааш, Раҷабалӣ Раҳмоналиевро бигирад ва аз худи Горд нафари дигарро таъйин кунад.

 Вазъияти мамлакат дубора пуртаниш шуд ва Раҳмонов, ки бо баргузории тағйирот дар Қонуни асосӣ робита бо ҲНИТ-ро ҳам тира карда ва боиси нороҳатии  роҳбарияти он шуда буд ва низ ҳоло, ки дар пушт муттакои русҳоро ҳам надошт ва Убайдуллоев дар пушти гарданаш нафас мекашид, чорае ба ҷуз уступка ба Ғаффорро надошт.

  Тавассути Шералӣ Хайрулло, вазири мудофиа, Ҳумдин Шариф, вазири дохилӣ, Амирқул Азимов, дабири Шурои амният бо вай музокиротро шуруъ кард. Ин музокирот дар утоқҳои ТадАз  мегузаштанд, ки Ғаффор давру бари онро пур аз тонку туп, зиреҳпушҳои ҷангӣ ва афсару сарбоз карда буд. Баъд аз се рӯзи фармони азл аз мақоми фармондеҳии Горди раёсати ҷумҳурӣ Ғаффор ба мақоми баландтар – Оҷонси мубориза бар гардиши маводди мухаддир таъин шуд ва фармон тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳо пахшу нашр шуд ва Ғаффор ҳам «отбой» доду ҳолати казармавӣ дар ҷузъу томҳо Горди раёсати ҷумҳурӣ ба ҳолати одӣ бадал гардид.

Ғаффор дар воқеъ пируз шуд ва фуки Раҳмоновро ба хок молид. Аммо…. ин ғалаба муваққатӣ буд ва Раҳмонов мунтазири фурсати муносиб барои маҳву хунсосозии вай буд, балки акнун вай Ғаффорро ҳатто агар барояш аз осмон ситора ҳам меовард, намебахшид. Душмани ҷонаш шуда буд. Чун агар Ғаффор каме ҷилав мерафт, имкони вожгуншавии вай садфоиза буд. Зеро дар пушти Убайдуллоев Лужкову Путин буданд ва миёнаи Раҳмонов бо устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хароб гардида буд ва мардум ҳам аз вай барвақт безор шуда буданд. Барои ҳамин Раҳмонов зуд уступка карду Ғаффорро бо додани вазифаи баландтар фиребаш кард. Набояд фаромуш кард,ки дар муқобили Раҳмонов ҳеҷ вазифаву мақоме болотар аз доштани нерӯ ва қувваи мусаллаҳ нест. Агар Ғафор Мирзоевро ба ҷойи Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҳам таъин мекард яъне нафари дуввум дар кишвар боз ҳам ҳеҷ буд. Чун ин мақомҳо сиёсиянд на низомӣ ва он мақоме,ки Раҳмонов аз он тарсу ҳарос дошта бошад. Чун ин мақомҳоро мешавад бо як фармон барканор кард. Аммо неру ва қувваи низомӣ ҳеҷ фармонеро намепазирад ҷуз зур ва қувваозмоӣ.

Аммо ҳамон замон маълум буд, ки дигар даврони Ғаффор ҳам сар омад ва Раҳмонов барои як муддат дар гушҳои вай лолоӣ хонду лапша кашол кард.

   Раҳмонов бо вай  рубару намешуд, ҳазар ва парҳез мекард. Дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ҳам дигар Ғаффор на дар онҷое мешишт, ки Рустам Назаров, ки то вай раиси Оҷонсӣ буд мешишт. Ё талош мекарданд, ки дар ҷаласаҳо даъваташ накунанд. Албатта Ғаффор «чуютса» карда буд. Вале хушбоварии тоҷикӣ, ки хизматҳои маро ба назар мегирад, ӯро фориғбол карда буд. Бе гумон аз он,ки Раҳмонов танҳо онҳое ба ӯ хидмат карда будандро куштаву нобуд кардааст.

  Вале вақте Раҳмонов дар маросими панҷсолагии таъсисёбии Оҷонсии мубориза бар гардиши маводди мухаддир, ки ниҳоди муштараки СММ ва давлати Тоҷикистон буд

 Вақте Ғаффорро дастгир карданд, аҷоиботи кор ва тамоман ғайримунтазира устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба тарафдорӣ аз Ғаффор, ки муқобилаш  ҷангида буд, садо баланд кард ва устод фармондеҳони ҷангиро сутунҳои амниятӣ ва ҳабсу зиндонисозии онҳоро иштибоҳ хонд.

Ва, аммо онеки Ғаффорро дошту дод, Олег Захарченко чи шуду ба куҷо расид?

Олег Захарченко сардори ОМОН буд. Вай хост, ки баъди солҳои хидмат баргардад Русия ва омаду аз сарфармондеҳи кулли қуво Эмомалӣ Раҳмонов иҷозат хост.

Раҳмонов, аз онки медонист Захарченко бо худ хеле аз сиру асрори ҷиноёти ӯро мебарад дар фикри «безарар»-гардонии вай шуд ва гуфт охирин амалиётатро дар Ғарм бигзарон ва аз Мирзохуҷаи белгӣ моро наҷот деҳ. Захарченко бидуни онки инҷо дому тавтиа чида шудааст, роҳӣ шуд. Вале то онки ба Ғарм бирасад Мирзохуҷаи белгиро, гуё тавассути «одамонаш» аз қасди Раҳмонов огоҳ карданд ва вай ҳам сангар гирифту Захарченкоро безарар гардонд. Хуб дарёд дорам моҳи феврал буд ва ҳаво хело сард буд,ки ин ҳодиса ба вуқуъ пайваста буд. Раҳмонов бисёр мехост, ки ин ду ба ҳам зананду аз байн бираванд.

Аммо кори худоро бинед, ки Раҳмонов маҷбур шуд аз шаҳомат ва нуфузу ҳайбати Мирзохуҷаи белгӣ дар ҷанги марзи бо қирғизҳо дар чанд соли пеш истифода кунад ва ҳарфҳои устоди марҳум Сайидабдуллоҳи Нурӣ таҳаққуқ пайдо кард, ки дар вақти боздошти Ғаффор гуфта буд: «Мо ҳамин Ғаффор Мирзоеву Саидшоҳ Шамолову Қурбони Чолову… хиёл мекардем, ки ҳаминҳо аз ҳукумати аз сохти конститутсиониаш дифоъ мекунанд. Агарчӣ ҷанг як мусибат аст ва ҳамаи мо ба он нафрат дорем, вале ҳамин ҷанг як идда аз салаҳшурон, одамони ҷасуру қаҳрамон ва шахсиятҳои азҷонгузаштаро ба мо ҳадя кард, аз ҷумла қумандонҳо ва фармондеҳони ҳам ҷониби оппозитсия ва ҳам ҷониби давлатро. Ман боварӣ дорам ва мутмаин ҳастам, ки душманҳои миллати мо дар хориҷ ана аз ҳамин қумандонҳо метарсанд. Онҳо пеш аз ҳама қудратҳои асосиеро, ки аз онҳо метарсанд, дур мекунанд.»


Ва, суҳбатҳои худи Ғаффор Мирзоев ҳам аҷиб буд, ки дар он конфаронси хабариаш дар 16 январи соли 2004 зада буд: «Инқилобҳое, ки мешаванд, пас аз инқилобҳо ҳар як кас ба манфиатҳои худу дар он ҷо ба хидматҳои худ мешавад. Бисёр одамон барои Ватану барои миллату чизҳои дигар ҷони худро фидо намуда, хидмат мекунанд. Баъд марҳалае меояд, ки марҳалаи барқароршавиву марҳалаи аз ғалбер гузарондан, дар ҳамон ҷо маълум мешавад, ки кӣ барои Ватанаш хидмат кардааст ва кӣ – барои манфиатҳои худаш.»


 
Ҳукми абад дар Тоҷикистон ба тафовут аз аксарияти кишварҳои олам тағйираш на ба додгоҳ ба президент марбут мешавад. Бояд аз президент талаби авф ва бахшиш кунӣ. Ғаффор Мирзоев ҳамин корро ҳам кард, аммо аз санг садо хесту аз Раҳмонов не. Онҳое, ки аз Раҳмонов шиносии шахсӣ ва бевосита доранд ва низ аз кирдору муносибати худи вай ҳам бармеояд як инсони ниҳоят кинагир ва дарунсиёҳ аст. Чашми бениҳяот гушнаву қалби сиёҳ дорад, фаромуш намекунад-злопамятний аст. Ҳамеша ҳолати ниқору қасосро мунтазир аст. Бисёрии онҳое, ки ӯро дар қудрат овраданд, идораи давлатро ёд доданд ва барояш давлат сохтанд, оҷизу муҳтоҷ кард, ба зиндон андохт ва ҳатто кушт.

Сангак Сафар, Султон Қувват, Ёқуб Салим, Қурбони Чол, бобои Салмон, Саидшо Шамолро аз ҳама ҷо руфту канор гузошт. Ҳамин тарз Ҳабибулло Табаров, Саидамир Зуҳуров, Талбак Назаров, Иззатулло Ҳаёеву Султон Мирзошоевро ҳам, ки мегуфт инҳо падарони давлатдории мананд, хору залил кард. Акнун ҷойи инҳо ҳукуматро бо Рустаму Озодаву Парвинаю Заринаву Рухшонаву….. дигару дигараш дида истодааст.

Сахт номарду рашкину бахил аст ва бо хасоили зишти инсонӣ ху кардааст.

Вай мисли як гурги гушнавуТоҷикистон ба рамаи гуспанд бадал шудааст.

Дар воқеъ инҳо инстинкт ва ё ғаризаи ҳайвонии инсонҳоро дар афзалияти сиёсату давлатдории худ қарор доданд.

Замоне, ки Ғаффор Седойро маҳкум ба ҳабси абад карданд тамоми молу амволи вайро кашида гирифтанд, ҳатто молу маноли дар замони шуравӣ доштаи ӯро….

  Ғаффор дар даруни камераи зиндони абад бист сол аз умри худро тай кард ва маълум нест, ки берун меояд ё хайр. 48 сол дошт, 68 сола шуд. Аммо манзили муҳташами вай дар шаҳри Кулоб ба боғчаи бачагона табдил ёфтааст. Баъид аст ки мураббияҳо дар бораи соҳиби ин манзили зебо чизе бигуянд.

  Дар бораи худи Ғаффор ҳам расонаҳо дигар наменависанд ва агар нависнад ҳам ба нудрат…

Раҳмонов ҳатто омода нест ин муйсафеди 68 сола,ки се чор сол аз худаш хурд аст озод намояд. Медонед чаро ? Чун хело тарсӯ ҳаст ва аз ҳамачи метарсад. Чаро метарсад ? Чун диктаторон ҳамаашон тарсӯ мешаванд ва Раҳмонов бошад падари диктаторони олам ва ё агар маҳдудударо тангтар гирем кишварҳои собиқи шуравӣ аст.

Share This Article