Барои чӣ Рӯзи арафаро бузург мешуморанд?

Ислоҳ нет

Барои чӣ Рӯзи арафаро бузург мешуморанд?
Сипосу ситоиш Худованди бузургро ва дуруду салом бар паёмбари гиромии ислом Муҳаммади амин ва беҳтарини салавот бар рӯҳи пок ва хонадони гиромиаш бод.Рӯзи арафа яке аз рӯзҳои бузургест,ки дуъо дар ин рӯзи бузург мустаҷоб мегардад.Арафа рузест,ки Худованд онро бузург доштааст.Арафа рӯзест,ки дар он рӯз неъмати Аллоҳ бар уммати Муҳаммад(с) ба итмом расид.Арафа рӯзест рӯзи бахшиши гуноҳон ва ё дурустараш маҳви онҳо ва раҳои аз оташи дузах аст.
Фазилатҳои рӯзи Арафа.
1-) Рӯзи арафа рӯзест,ки дар он дин ба камол ва ё комил гардид.
Дар саҳеҳайн омадааст аз Умар ибни Хаттоб (р) омадааст,ки марде аз яҳудиён чунин гуфт: Эй Амирул муъминин ояте дар китоби шумо аст,ки шумо мехонед онро.Агар он оят дар мо яҳудиён нозил мегашт ҳар ойна мо яҳудиён он рӯзро ид қарор медодем.Аз Ӯ пурсид кадом оят ? Гуфт : “Имрӯз дини шуморо ба камол расонидам ва неъмати Худ бар шумо тамом кардам ва Исломро дини шумо баргузидам…”(Сураи Моида, ояти 3) Умар (р) гуфтанд ба таҳқиқ донистем он рӯз ва маконе,ки нозил гардид дар он (ин оят) бар расули акрам (с) ва дар ҳоле,ки он ҳазрат бархоста дар Арафа буд ва он рӯз ҷумъа буд”
2-) Ду рӯзи идҳои мо Арафа бо Ид
Расули акрам (с) фармудаанд: “Рӯзи Арафа ва рӯзи қурбони ва рӯзхои ташриқ (ду рузи пас аз иди қурбон) иди мо мусалмонон аст ва ин рӯзҳо ба тамом рӯзҳои хурдан ва нушидан анд”( Ривояти аҳли сунан) Ба таҳқиқ тибқи ривояти Умар Ибни Хаттоб (р) ки фармудааст : нузули ояти (Алявма акмалту лакум дин..моида 3) дар рӯзи ҷумъа буд ва рӯзи арафа буд.Ва Худоро шукр барои мо мусалмонон ин ду рӯз бароямон ид аст яъне рӯзи арафа ва рузи иди қурбон.
3-) Арафа рӯзест,ки Худованд ба он рӯз қасам хурдааст.
Бузургон ҳаргиз қасам намехуранд магар ба чизҳои бузург ва ин рӯзро Худованд рӯзи машҳуд номидаастдар сухани Худо
” Ва шоҳидив ва машҳуд” (Сураи Буруҷ ояти 3) Аз Абуҳурайра (р) аз расули акрам (с) ривоят мекунанд,ки он ҳазрат (с) фармуданд: ” Рӯзи Мавъуд рӯзи қиёмат аст Рӯзи Машҳуд рӯзи Арафа аст.Ва шоҳид рӯзи чумъа аст”
Ин чунин Худованд ҷалла ҷалолаҳу қасам хурдааст дар ин суханаш дар қуръони карим дар сураи Алфаҷр ояти 3 ” Вашшафъи вал ватр” Ибни Аббос (р) мегуяд: Шафъ рӯзи Иди қурбон аст ва Валватррӯзи арафа аст.инчунин ин тафсири Акрама ва Заҳокхам аст.
4-) Рӯза доштани рӯзи арафа ду сола гуноҳонро аз байн мебарад.
Аз Аби Қаттода (р) ривоят аст инки расули акрам (с) ро пурсиданд аз рӯзаи рӯзи арафа он ҳазрат (с) чунин гуфтанд:
“Гуноҳони соли гузашта ва гуноҳони соли ояндаро аз байн мебарад”( ривояти Муслим ) Рӯза доштан рӯзи арафа барои ғайри ҳоҷи аст зеро ҳоҷиро суннат нест рӯза доштанаш дар рӯзи арафа.Зеро расули акрам (с) дар он рӯз ҳангоми адои маносики ҳаҷ дар арафа буданашон рӯза нагирифтанд.Зеро барои ҳоҷи воқеъан сахт аст рӯза доштан он ҷои дуъо ва ниёиш аст ва ҳатто ҳоҷиёнро манъ намӯдааст аз рӯза доштан дар арафа.Вале барои ғайри ҳоҷиён савоби бешуморе дорад.Рӯза доштан ва пас аз адои намози зуҳр бо дуъо ва ниёиш машғӯл шудан иншоаллоҳ асари хубе низ дорад .
5-) Арафа рӯзест,ки Худованд дар он рӯз аз зуррияи одам паймон гирифтааст.
Аз Ибни Аббос (р) аз расули акрам (с) чунин ривоят кардаанд,ки он ҳазрат (с) фармуданд: ” Худованд паймон ва аҳд гирифт аз пушти одам дар арафа ва аз пушти одам хориҷ намуд зуррияеро ва падид овард онҳоро ва қарор дод онҳоро дар миёни дастонаш. Ва сипас бо онҳо сухан гуфт аз пеш ва чунин гуфт: ” Ва Парвардигори ту аз пушти бани Одам фарзандонашро берун овард.Ва ононро бар худашон гувоҳ гирифт ва пурсид “Оё ман Парвардигоратон нестам?” Гуфтанд “Бале гувоҳӣ медиҳем” То дар рӯзи қиёмат нагӯед,ки мо аз он бехабар будем. Ёнагӯед,ки падарони мо пеш аз ин мушрик буданд ва мо насле будем баъд аз онҳо ва оё ба сабаби коре,ки гумроҳон карда буданд,моро ба ҳалокат мерасонӣ” (Сураи Аъроф,оятҳои 172-173)
Пас воқеъан чӣ рӯзе бузурге будааст ва чӣ аҳду паймони бузурге гирифтааст!.
6-) Арафа Рӯзи мағфират ва бахшиши гуноҳон ва наҷот аз оташи дузах аст.Ва фахр мекунад Худованд ба ононеки дар Арфа қарор доранд дар он Рӯз.
Дар саҳех муслим аз уммул муъминин Оишаи Сиддиқа (р) ривоят аст аз Расули акрам (с) ,ки онҳазрат фармуданд: “Нест рӯзе,ки дар он мисли рӯзи арафа Худованд озод менамояд аз оташи ҷаҳаннам бандагонашро. Сипас малойк таъаҷҷуб менамоянд ва мегуянд чӣ мехоҳанд инҳо?” Ибни Абдулбар мегуяд дар шарҳи ин ҳадис : Ин таъаҷҷуби малойка далолат бар он дорад,ки Худованд бахшидааст он ҳамаро.Зеро ҳаргиз малойка таъаччуб намекунад ба аҳли хатокор магар ин амал пас аз тавба сурат мегирад ва ё пас аз мағфират ва бахшиш.
Дар охир аз Худованди карим таманно дорем то ононеки дар ин рӯзи бузург дар он саҳрои бузурги Арафот қарор надоранд.Ва онҳоро ҳатман узре аз рафтан ба он ҷо боз доштааст,вале рӯза медорем ва мисли ононеки дар он саҳро қарор доранд ва пас аз зуҳри он рӯз Худованд ба осмони замин мефарояд то ба он ҷамъ омадагони он саҳрои бузург бингарад ва дуъоҳои онҳоро қабул кунад.Худовандо моро низ аз он зумра биҳисоб ва дуъоҳои моро низ қабул кун.Худовандт карим моро дар зумраи он хушбахтони саҳрои бузрги Арафот қарор дошта маҳсуб намо ва аз мо низ бипазир ту қабул кунандаи дуъо ва ғафуру раҳими. Аз ҳамагон таманнои онро дорам,ки дар ҳаққи якдигар дуъо намоед зеро дуъои бародари мусалмон дар ҳаққи бародараш мустаҷоб аст ва ончи барои бародари мусалмонаш дуъо намудааст онро Худованд бар ӯ низ медиҳад.Таманнои қабули дуъоҳои некамонро аз даргоҳи Аллоҳи пок дорам омин.

Share This Article