Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон моҳи июли соли ҷорӣ ба маблағи 61 миллион сомонӣ ба шабакаҳои «Барқи тоҷик» қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизот ворид кард. Ин миқдори бузурги таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ тавассути фирмаҳои сарвазири Тоҷикистон оварда шудааст. Аммо масъала ин аст ки дар бухгалтерия-муҳосиботи ширкат намедонанд ва натавониста истодаанд, ки барои ин 61 миллион сомонӣ санад тартиб диҳанд.
Бинобар таъйиди як манбаъ (мо масъулияти ин нафар, вазифа, ному насабашро медонем, аммо ба мулоҳизоти амниятӣ наметавонем тазаккур бидиҳем) аз бахши муҳосибот тайи се соли ахир ҳамчунин хароҷоти бузургро ҳуҷҷатгузорӣ накарда буданд.
Ин манбаъ мегуяд, ки мақоли «як задани оҳангару сад задани сузангар»-ро дар ҳамин кори Қоҳир Расулзода дидам. Яке мезанад, ки даҳ баробар. Албатта, манзури моро аз зикри ин мақоли мардумӣ пай бурдед.
Манбаъ аз муҳосиботи ширкат мегуяд, ки ба иллати набуди маблағ маоши хеле аз кормандон дар солҳои 2021 то 2023-ро дода наметавонанд ва ё қисман пардохт шудааст ва низ даҳҳо фирмаҳое ҳастанд, ки бор овардаву дар навбатанду интизори ҳисобу китобанд.
Ин манбаъи мо, мегуяд вазифадор аст ин маблағро ҳуҷҷатгузорӣ кунад, чунки маҳз бо ҳамин масоил сарукор дорад ва мегуяд,ки намедонад бо ин маблағ чи кор кунад ва аз куҷо пайдо кардаву чи хел ҳисобот диҳад:
«Ҳоло маҷбурем ҳар моҳ аз «прибил»-и корхона (даромад) қисмеашро бигирам, то инки ин маблағ ҷамъ оварда шавад, аммо кай буд мешавад, номаълум. Вале ҳатман Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ, ё Прокуратураи генералӣ, ё Агентии зидди коррупусия ва ё Палатаи ҳисоб тафтиш меоянду проблема мешавад ва ин проблемаро мо бояд ҳал кунем».
Қазия аз чи қарор аст ва чаро муҳосибот барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани ин маблағ бо мушкил дучор хоҳад шуд?
Мо, инҷо аз онки Сарвазири Тоҷикистон, ки мақоми давлатӣ асту ҳақи тиҷорат карданро аслан надорад ва чи гуна ӯ фирма доштаасту ба тиҷорат даст мезанад, чизе намегуем.
Чунки на фақат Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов ва Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ, қудои ҳафтумин ва охирини Эмомалӣ Раҳмонов бизнес доранду ба бизнес машғуланд, аз ҷумла ҳамин Сарвазир ва дигар вазирону раисон ҳам бар хилофи талаботи қонун бизнесҳои калон доранд.
Мушкили асосии ҳуҷҷатгузорӣ кардани маблағи 61 миллион сомонии Қоҳир Расулзода ин аст ки таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии воридкардаи Сарвазир дар асл 61 миллион сомониро ташкил намедиҳад, бамаротиб камтар аст.
«61миллиони Қоҳир Расулзода, асли корро бигирӣ, камтар аз 20 миллион арзиш дорад. Яъне де-факто арзиши аслии бори воридшуда 20 миллион аст, аммо 61миллион, се баробар нарх гузошта шудааст ва муҳосибот вазифадор шудааст, ки ин 20 миллионро 61 миллион «ҳисоб» кунад.»
Балки ин 61 миллион аллакай ба ширкатҳои Қоҳир Раслузода гузаронида шудааст ва ин масъала ҳамакнун мушкил ва муаммои муҳосиботи ширкат аст, ки ҷои ин пулро «пур» кунад. Яъне 20 миллионро 61 миллион созад. 41 миллионро бояд аз ҳисоби ширкат пайдо ва ҳуҷҷат созад. Асли моҷаро ва дучори мушкил шудани муҳосиботи ширкат ҳамин аст. Пайдо кардани 41 миллион!!!
Гуфта мешавад,ки аз ин 61 миллион ба 15 миллионаш ба ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бор оварда шудааст. Вақте Ивайло Стоянов, мудири ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» аз ин маблағ бохабар мешавад, ҳуш аз сараш мепарад ва тасмим мегирад, ки он «бор»-ро возврат кунад.
Аммо аз сабаби онки аввал бор ва баъд ҳуҷҷаташ омад ва борҳоро ба шуъбаҳо дар навоҳӣ тақсим карда буданд ва ин борҳо масраф шуда буд ва аз он сабаб, ки дар амборҳо ҳеҷ чиз боқӣ намонда буд (инҳо 15 миллион бори омадагиро даррав расход карданд) натавонист возврат кунад. Ивайло Стоянов вақте нарху қиммати ин борҳоро дид, ниҳоят дар хашму ғазаб шуд,чунки онҳо даҳҳо маротиба ҳатто аз арзиши бозорӣ гаронтар ҳисоб карда шудаанд. Барои ҳамин хост,ки ин ҳамаро возврат кунад. Аммо ин борҳо, яъне таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётиро ба манотиқи кишвар тақсим карда буданд. Вай раисони шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои ҶСК «Шабакаи тақсимоти барқ»-ро супориш дод, ки борро возврат кунанд. Онҳо гуфтанд, ки мо аз сабаби камбуди таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ ин борҳоро истифода кардем.
Хулоса, «Шабакаи тақсимоти барқ» натавонист борҳоро возврат кунад. Аммо масъули ҶСК «Шабакаи интиқоли барқ» отказ намекунад ва бору таҷҳизотро мегирад. Чунки раиси ин ниҳод як одаме ҳаст, ки чизе аз боло бигуянд, ҳамонро иҷро мекунад. Сарвазири Тоҷикистон ҳам аз «боло» аст, агарчи аз «бачаҳакои боло» набошад ҳам. Вале, чуноне гуфтем «Шабакаи тақсимоти барқ» аз он сабаб, ки расход карда буд, натавонист баргардонад. Ин ҳам дар ҳоле аст,ки ҳиссаи даромад ба «Шабакаи интиқоли барқ» кам аст.
Маблағ дар ширкати «Барқи тоҷик» се тақсим мешавад: 63%маблағи барқ дар Шабакаи истеҳсол, бисту чанд дар сад дар Шабакаи тақсимот ва боқимондааш дар Шабакаи интиқол аст, яъне ба фуруш кам мерасад.
Аммо барои ин 61 миллион муҳосибот бояд хеле «бизанад», то ки ин «қарз»-ро бипушонад.
Манбаъи мо мегуяд, ки инҷо-дар ширкати «Барқи тоҷик» ва ниҳодҳои ҷудошуда аз баданаи вай ҳеҷ дар фикри беҳбуди кор нест: «Ягонтоаш ба манфити давлат» кор намекунад. Рузторуз ширкати «Барқи тоҷик»-ро ба кун шинонида истодаанд.
Дар яке аз маҷлисҳо Сарвазир Хайрулло Сафаров,мудири кулли неругоҳи Роғунро ду бор се бор мехезонад. Ин дафъа мегуяд: «мн туда гудак нестам, ки маро даҳ бор, бист бор бихезонию бишинонӣ. Худат явна медонӣ, ки ин пулҳо куҷо мешавад».
Ҳозир барои сохтмони Роғун сармоягузори хориҷӣ кофта истодаанд, аммо натавониста истодаанд. Ҳама чиз танҳо ваъда аст. Тамоми сармоягузорҳо натоиҷи аудит хоста истодаанд. Аммо инҳо аудит гузаронида наметавонанд. Чунки инҷо дуздиву яғмову ғорат аз поин то боло аст. Он қадар макидаву ҷафида истодаанд, ки бовар кунед 1сомонӣ бо 1000 тамом шуда истодааст. Ман намедонам, ки Ҳасан Асадуллозода, то шуруъи ин сохтмон чи қадар дуздидааст, аммо,бовар кунед, агар надуздида бошад, 30% маблағҳои ҷудо ва ҷалбшуда ба Роғунро маҳз ӯ дуздид.
Як агрегат-чархаи Роғун бояд 260 меговат бидиҳад ҳамагӣ 60 меговат дода истодааст. Обро дар сатҳи зарурӣ ҷамъ карда натавониста истодаанд. Аз таги сарбанди неругоҳи Роғун об ҷорӣ шуда истодааст. Барои бастан ва маҳкам кардани он ноилоҷ мондаанд. Барои маҳкам кардан доруҳои махсус аз хориҷа бояд биёранд. Пули калон лозим аст, ки зурашон намерасад. Намедонанд,чи кор бояд кунанд.
Як чизи дигарро бояд бигуям,ки барои ҳисоби масраф ва истеъмоли барқи аҳолӣ низоми биллингӣ ҷорӣ карда шуд. Ва дар доираи ин барнома счетчикҳои хонаҳоро дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон иваз карданд. Муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки осиёии рушд наздик ба 200 миллион доллар ин тарҳҳоро сармоягузорӣ карданд. Яке аз ширкатҳое, ки ин ин лоиҳаро ба иҷро гузошт, Авесто-группи Рустами Эмомалӣ аст ва касе ҳам намедонад, ки аз ин миқдори бузурги пул чи қадараш ба ҷайби Авестогрупп рафт:
Соли гузашта хабаргузории «Ховар» навишт, ки «…..бобати беҳдошти таъминот бо барқ дар кишвар ва офияти системаи энергетикӣ лоиҳаҳои «Электрификатсияи деҳот» дар вилояти Хатлон, бо арзиши умумии 6 500 000 долл. ИМА, «Барномаи рушди соҳаи энергетика», бо арзиши умумии 95 млн. доллари ИМА амали шуда истодаанд. Мақсади лоиҳаҳои мазкур баланд бардоштани сифат, дастрасӣ ба хизматрасониҳои инфрасохторӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мусоидат ба таҳкими идоракунии маҳаллӣ дар ҷамоатҳои аҳолинишини вилояти Хатлон мебошад ва дар тамоми ҷумҳурӣ паст намудани талафоти техникӣ ва талафоти тиҷоратӣ, баланд бардоштани сифати таъминоти неруи барқ, баланд бардоштани дараҷаи ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда, қисман азнавсозии шабакаҳои барқи шиддати паст ва миёна ва иваз намудани ҳисобкунакҳои барқии мавҷуда ба ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалӣ мебошад.
Дигар лоиҳаи ҷолиб Лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон» мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур санаи 29 апрели соли 2021 Созишномаи грантӣ (15 миллион Евро) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи қарзӣ (20 миллион Евро) байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишнома оид ба пешниҳоди кафолати давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шудааст.
Лоиҳаи мазкур дар ҳудуди шаҳрҳои Кўлоб ва Бохтари вилояти Хатлон амалӣ хоҳад гардид. Лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, дар доираи қисмати якуми он насби 64 670 адад ҳисобкунакҳои барқии электронӣ (аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб 40 640 адад ва шаҳри Бохтар 24 030 адад) ва маҷмӯи таҷҳизотҳои ба он алоқаманд, хатҳои интиқоли барқи 0,4 кв, барномаҳои зарурии муосир барои назорат ва ҳисоби неруи барқ ва сохтмону таҷдиди шабакаҳои барқии шиддати паст ва миёна, тавассути иваз намудани хатҳои кабелии 10 кВ (тахминан ба масофаи 7 км), насби сутунҳои оҳану бетонӣ тақрибан 3300 адад, насби ноқилҳои худбари изолятсияшудаи (СИП) 0,4кВ (тахминан 470 км), пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи қисмати дуюми лоиҳа сохтмони 1 адад зеристгоҳи барқии нави 110/35/10 кВ дар шаҳри Кӯлоб (дар шафати Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб), таҷдиди зеристгоҳҳои барқии мавҷудбудаи Кӯлоб-110/35/6кВ ва Бохтар-110/10кВ дар шаҳри Кӯлоб пешбинӣ гардидааст.
Амалӣ шудани ҳамаи ин тадбирҳо ба таъминоти бехтар ва бештари барқ барои аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд».
Инро ҳам бояд тазаккур бидиҳем, ки бахше аз ин лоиҳаҳои пурҳазина дар вилояти Хатлонро ширкатҳои ватании Ҳасан Асадуллозода,тағои Рустами Эмомалӣ ба иҷро дароварданд. Дар ин бора «Ховар»-хабаргузории расмӣ навишт:
«Мавриди зикр аст ки айни ҳол дар шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳисоби масрафи неруи барқ ва маблағи ҳисобӣ ва пардохтшуда тавассути барномаҳои биллингии аз тарафи ширкатҳои ватанӣ тарҳрезигардида (Exspres Client, Smart billing ва ZTE) ба роҳ монда мешавад».
Имсол лимити барқ барвақттар ва сахттар шуруъ шуд. Дар моҳи сенябр шуруъ карданд ва филҳол бо лимити зимистонӣ: се соат субҳ(аз панҷ то 8) ва 5 соат(5-6 то10) гузашт.То он вақте мардум возмушатса накард, боз ҳам гушашро ба карӣ андохту худро ба нофаҳмид зад. Вале маҳдудияти таъминоти барқро эълон кард, коре ки то ҳамин имсол эълон намекард ва эълон ҳам мекард, хеле дер. Мардум ҳазоруяк гап мезад ва баъд,чун дигар тамоми баҳонаҳо тамом мешуд,мегуфт, ки бале ҷорӣ кардем, чунки дар обанбор об нест. Ҳатто кор ба ҷое кашид, ки гуфтанд мардум қарздор аст, то қарзро напардозад барқ дода намешавад.
Яксол зиёдтар мешавад, ки менеҷери импортни оварданду арсаи тақсимотро дар ихтиёраш гузоштаанд.Ин менеҷери импортний, бинобар маълумоте, ки дар ихтиёри мо қарор дорад Ивайло Стоянов аст, ки аз моҳи августи соли гузашта мудири ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъин шудааст. Хабарҳое, ки мерасанд ҳикоят мекунанд, ки вай системаи барқрасониро задагиву мардуми кишварро ба шумули пешво, кашидагӣ.
Кумитаи андоз танҳо дар як соли мудирияти вай ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-ро ба 350 миллион сомонӣ қарздор кардааст. Ҳамчуноне гуфтем Қоҳир Расулзода ба 15-20 миллион сомонӣ таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ ворид карда вале 61 миллион сомонӣ «бардоштааст»
Аммо як чиз мушаххас шуд, ки новобаста аз онки дар саросари кишвар лимити барқ ҷорӣ шудааст ва мардум азоби ҷонкоҳ мекашад дар низоми энергетикии кишвар дуздивиу ғорату чаповул ҳамчунон дар авҷ аст.
Феврали соли ҷорӣ Ивайло Стоянов,роҳбари «Шабаҳои тақсимоти барқ» дар нишасти матбуотиаш эълон кард, ки барои Талко аз 1 январ ҳақи истифода дар ҳар кв.соат 15.57 дирам таъин гардид. Ин дар ҳолест, ки ин ширкат ҳади ақал дар 10 соли ахир бо арзонтарин нарх барқ мегирифт. Барои ҳар киловат-соат 9.5 дирам дар мавсими тобистона-аз 1 май то 30 сентябр, ва аз 1 октябр то 30 апрел 7.20 дирам) месупорид. Стоянов эълон кард, ки аз якуми январи соли ҷорӣ ТАЛКО 15.57 дирам месупорад. Вай таъкид кард, ки ин тағйирот барои он аст ки як ширкат аз ҳисоби ширкатҳои дигар талаботи худро бароврада насозад.Яъне 64% барои Талко афзуд.
Ивайло Стоянов,табааи булғорӣ ва корманди як ширкати ҳиндӣ аст ки тавассути Бонки ҷаҳонӣ омадааст. Гуфта мешавад, ки тибқи қарордоди имзошуда бо ҷониби Тоҷикистон маоши моҳонаи Ивайло Стоянов, ки барои панҷ сол мебошад, солона 600 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Аммо, маълумотҳое, ки ба дасти мо расидааст аз он мегуяд,ки ин мутахассиси импортний аслан ягон масъулият эҳсос намекунад:
«Кораш фақат кайфу сафо.Рӯзҳои шанбеву бозор касеро намепурсад,ки куҷо меравад? Ба ҳукумат ҳам намегуяд, ки куҷо меравад. Ба вилоятҳои Суғду Хатлон тамоман сафари корӣ анҷом намедиҳад. Баъд аз омадани ӯ ба ин мақом Кумитаи андози Тоҷикистон “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ба 350 миллион сомонӣ ҷарима кард. Дуруст аст, ки мушкили пардохти андоз барои ширкати «Барқи тоҷик» нав нест, қаблан ҳам вуҷуд дошт. Аммо барои аввалин бор дар давраи Стоянов барои потерия-талафот расман қарздор карданд. Аз аввал аз талафот (потерия) андоз намесупоридӣ. Яъне ин талафот-потерия аст. Миқдои неруи барқе барҳадар рафтааст, аз он Шабакҳои тақсимоти барқ баҳра бурда наметавонад, чунки он мисли ҳавр ё буғи оби ҷушида дар ҳаво бухор шудааст. Ва, инро дар ҳукумат ва аз ҷумла Кумитаи андоз ба хубӣ ва возеҳу равшан медонанд. Чи хел дар бораи чизи набуда-талафот бояд налог дод. Аммо дар давраи Стоянов ҳамон талафотро ҳам ҳамчун маҳсулот,неруи тавлидшуда ҳисобидаву ҳуҷҷат карданду налог бастанд- 350 миллион сомонӣ. Ин ҳам дар ҳоле аст ки солҳои пешин талафот, талафот ҳисобида мешуд, агарчи ин талафот ҳам як роҳи «списат» кардани дуздиҳо буд. Чун ҳисоби талафот мушаххас карда намешавад, ки чанд фисад аст. Вале, ин воқеият аст ки талафот вуҷуд доард.
Ҳамин тобистон чанд маротиба вачанд рӯзӣ хориҷа рафта буд. Ягон касро дар ҷараён намегузорад. Дар ҳоле,ки вай мудир аст масъулият дорад. Вақте сафар кард, бояд ҳукуматро дар ҷараён бигзорад,ки барои мисол,ман барои ҳамин қадар рӯз ҳузур надорам ва кор дар ширкатро муовин пеш мебарад.
Як нафар бо номи Ҷаҳонгир аст,ки тамоми корҳояшро ӯ пеш мебарад.Як сол шуд. Корҳояш ҳеҷ манфиате наёвардааст. Бовар кунед, ки бо вуҷуди ҳама дуздиву тозӣ кори роҳбарони пешина сад бор хуб буданд. Ӯро ба унвони менеҷери муваффақ барои пешравӣ ва натиҷаи мусбат оварда буданд, аммо тамоман баракс аст.
Ташвишовар ин аст ки як кас парво надорад, ки ин одам чи кор мекунад,контрол намекунад,ҳисобот намегирад. Ба гуфти инҳо тоҷикҳо мудирият карда натавонистанд ба хориҷӣ доданд,то мудирият кунад. Маълум нест, ки ин ҳукумат куҷоро нигоҳ мекунад. Охир як чизро ба як кас додӣ, ҳисобот мегирӣ, ки ту чи кор кардӣ, чи натиҷа дорӣ? Пешравӣ дорӣ, надорӣ. Инҷо- дар ин корхона пули калон тоб мехурад.
Ҷаҳонгир сардори дастгоҳи Шабакаҳои тақсимоти барқ кор мекунад. Мисли муовин аст. Ивайло Стоянов вазири энергетикаро гуш намекунад. Телефонашро ҷавоб намеиҳад. Аслан писандаш намекунад.
Тамоми чизҳо дар системаи тақсимоти барқ фарсудаанд. Ягон запчаст-қисмҳои эҳтиётӣ нест. Пул нест, пул намедиҳад ба шабакаҳо, ки барои зимистон омода шаванд ва захира кунанд. На пул барои констовар, на пули хозтовар на пули техника, на пули запчаст на пули трансформатор, сими запас. Амборҳо холӣ
Рустами Эмомалӣ,раиси Душанбе бояд расчёташро бигирад. Порина мардумро гармӣ надод, мардум сахт азоб кашид. Аммо ба ҳар ҳол свет буд. Ҳоло барои мисол яке аварейний-садама шавад,дар назди мардум чи мегуяд? Ҳиҷ омодагӣ ба зимистонгузаронӣ надорад. Як бор намепурсад,ки мазут ҳаст, ангишт ҳаст? Зимистон омадааст, аммо омодагии Душанбе нол.
Ҳамин моҳи шарифи Рамазон Ҷаноб дар сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дошт. Раиси суғдии барқ омаду гуфт, ки роҳбари давлат омадааст,раиси вилоят супориш дод,сум даркор,барои фалону фалон ноҳияҳо. Ивайло Стоянов мегуяд, ки ман задагиям ҷанобта девона ҳасти ту рав пул мул, нест.
Ба ин дараҷа овардагӣ аст, ки любой касро мегуяд ман задагиям. Бо ин чи хел контракт кардагианд, чи хел ҳисобот медиҳад, ҳама ҳайрон аст. Ин моликияти падари ягонтои онҳо нест.
Агар Ивайло Стоянов ҳукуматро задагӣ набошад ба ҳукумат мактуб кард,ки барои 50% ихтисори кормандони ширкат иҷозат деҳ. Ҳукумат рад кард. Ҳоло, ки нашуд болои сардорони шуъбаҳо дар вилоятҳо ва ноҳияҳо фишор оварда истодааст, ки 50% ихтисорро худатон пешниҳод намоед.
Агар ин ҳукуматро задагӣ набошад, пешниҳод карду ҳукумат рад кард, вале ҳоло болои шуъбаҳо дар вилоёт ва навоҳӣ фишор оварда истодааст, ки 50% ихтисор карда руихатро барои ман фиристед. Ин қадар мардум аз нони хурдан мемонад. Албатта инро ҳам бояд донем,ки мардуми камбағал ихтисор мешавад.
Аммо, муҳосиботи «Барқи тоҷик» ҳануз ҳам сари ин мушкил майна об карда истодааст, ки 61 миллиони ба ҷайби Қоҳир Расулзодаро чи тавр ва аз куҷо пайдо бикунад ва гиребони ширкатро аз чанголи тафтишот бираҳонад, албатта, агарки тафтишот барои «ҳурмат»-и Сарвазир чашмпушӣ накунад ва сарвазир ҳам «доля»-и Ҷанобро ҳам дода бошад…