Бешарафонро шиноседу, истиғфор кунед!

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Ончи дар ин матлаб нашр мегардад,нафрати инсони бо шараф ва комилро меоварад. Афроди зери синни 18 ин матлабро нахонед.Бубинед бешарафон киҳоянду киҳоро бешараф мегӯянд.

24 июни соли 2020 ба мо аз беморхонаи касалиҳои пӯст воқеъ дар Яккачинор хабар омад, ки  як ҷавон барои зангири барои справка омадааст. Баъди анализи хун маълум мешавад, ки вай ба бемории ВИЧ гирифтор шудааст. Барои мо тааҷҷубовар шуд, ки ҷавоне, ки нав аз хидмати ҳарбӣ омадааст, чи хел ба ВИЧ гирифтор шудааст. Ва мо он сарбозро, ки зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор будааст, пайдо кардем ва ба кумитаи амният бурдем, то ки ҳолати аслии корро фаҳмем. Дар аввал сарбоз қоил нашуд. Вале чанде нагузашта бо услуб ва приёмҳои амниятӣ ба гап даровардемаш. Ин сарбоз соли 2018 дар бозори Ҳисор аз тарафи кормандони комиссариати ҳарбии онҷо “облава шуда ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешавад ва дар қисми ҳарбии 051056 тарафи старий аэропорт  адои хизмат кардааст.

Ин сарбоз гуфт, ки баъди шаш моҳи хизмат моро ба Суди Олии Тоҷикистон барои муҳофизати гирду атроф мефиристоданд ва мо бо навбат аз 8 то 10 сарбоз аз 3 то 5 шабонарӯз посбонӣ мекардем.

Як шаб соат тақрибан 2-и шаб буд. Ман дар дидбонгоҳи 2 дар қисмати чапи ҳавлии суд будам, ки як мошини сиёҳшишаи Камри 5 омада истод ва аз дарунаш ду ҷавон фаромада ба назди ман омаданд. Ман ба онҳо огоҳӣ дода гуфтам, ки ба девор наздик нашавед. Аммо  эътибор надода наздиктар омадан гирифтанд. Боз ман огоҳӣ додам  ва гуфтам дар ҳолати аз девор гузаштан ба сӯятон тир холӣ мекунам. Аммо онҳо бо суханҳои ширин додарҷон мо ягон мақсади бад надорем, танхо мехоҳем як, ду чизро пурсем гуфта наздик шуданд ва  аз хизмати ҳарбӣ пурсон шуданд. Гуфтугӯ 10 дақиқа давом кард, ки сарбози дигарӣ барои иваз кардан ба наздам омад ва пурсид, ки инҳо кӣ ҳастанд. Ман гуфтам намешиносам. Яке аз ин ду ҷавон  гуфт: гуш кунен салдато желанитон дар арус чи хелай? Мо гуфтем арӯс бошад, желани пайдо мешавад. Яке аз ин ҷавонҳо баргашту гуфт “чи хелай,ки 500 сомонтон тием якборӣ худи мора ҷойи арӯс бигирен чӣ?”  Мутаассифона мо розӣ шудем. Ҳамроҳам ба онхо гуфт  “рав барои мо аввал коняк биёр ва ягон чизи хурока”.  Яке аз онҳо рафта овард ва мо конякро нӯшида дар таги арчаҳой ҳавлии суд ин амали ноҷавонмардонаро кардем. Ва қариб, ки ҳар шаб одамони мақомдор ва одамҳои сумдор барои ин кор ба назди мо меомаданд. Агар бовар накунед равед санҷед, ки шабҳо дар идораҳои давлатӣ чигуна корҳо гузашта истодаанд. Дар вақти пурсиш ин ҷавон чанд бор гиря ҳам кард. Ва мо ба ӯ савол додем, ки аз шахсони мақомдор киҳо боз барои ин кор шабҳо пешатон меомаданд?  Он ҷавон гуфт аз ВКД бисёртар меомаданд, ҳамчунин аз Прокуратураи генералӣ ва аз Дастгоҳи иҷроияи президент. Як ҷӯраи наздики Рустами Эмомалӣ ҳам меомад. Номашро нагуфтааст, танҳо дар телефонаш сураташро, ки бо Рустам будааст, нишон додааст ва мошинаш бошад Мерседес бо номерҳои 2211. Ва мо боз ин сарбозро савол додем, ки чанд сарбоз ин корро мекунад? Сарбоз ҷавоб дод ин корро на танҳо сарбозони муҳофизи Суди олӣ иҷро мекунанд, онро қариб, ки тамоми сарбозоне, ки шаб барои муҳофизат дар идораҳои давлатӣ меистанд, анҷом медиҳанд. Ва боз гуфт, вақте аз як мақомдори баландпояи ВКД, подполковнике қариб, ки ҳар шаб меомад пурсидем, ки сабаби ин кори ту дар чист? Ӯ гуфтааст, ки сабаби кори ман ин аст ки маро Худо задааст ва ман дар вақташ аз меъёр зиёд духтар бозӣ кардаам.Ҳоло бошад ман ба ин беморӣ гирифтор шудаам ва ин ҷазоям дар ин дунёст.(исми он подполковник пеши мо ҳаст)  Ва ӯро боз савол додем, ки аз мақомдороне, ки пеши шумо меомаданд, киҳояшонро мешиносӣ? Гуфт корманди ВКД бо номи Сӯҳроб, ки худашро генерал мегуфт ва боз Абдусаттор (полковник Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор)  ва аз Прокуратураи генералӣ, ки ман метавонам номҳояшонро якта якта номбар кунам (Раҷабалӣ надзори судяҳо, Меҳроҷ, мушовири Раҳмон Юсуф, Прокурори генералӣ ) Аз сарбоз савол кардем, ки оё худат медонистӣ, ки ба ВИЧ гирифтор шудаӣ? Ҷавон гуфт не.

Боз саволаш додем дар давоми хизмати ҳарбиат бо чанд мард ин корро анҷом додаӣ? Ҷавон гуфт тақрибан бо 20 нафар. Вай гуфт шумо хиёл мекунед ин корро як мо мекунем? Ин кор дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии тамоми шаҳру навоҳии кишвар вуҷуд дорад. Ин корро худи офитсерҳо ва демблҳо нисбат ба сарбозони маладой анҷом медиҳанд. Ёдатон ҳаст гуфт ӯ,дар қисми ҳарбии Роғун як молодой дуто демблро паронида ба мошин фирор кард? Ӯ дар даромади Файзобод қариби дастгиркунӣ худашро аз даҳонаш мепаронад. Ин корро сарбоз барои он карда буд, ки дигар худашро мард ҳисоб намекард. Зеро, ки ӯро ана ҳамон дуто дембл таҷовузаш карда буданд ва ин молодой аз фурсат истифода бурда ҳардуяшонро паронд. Ин сарбоз афзуд, ба маҳзи онки частҳо  таҷовуз мешаванд аксарият сарбозҳо худро мекушанд.

Давоми 7 соли кориам дар КДАМ борҳо шоҳиди ингуна ҳодисаҳо шудаам, ки мақомдорони ВКД ва КДАМ бачаҳои ҷавонро таҷовуз карданд. Солҳои ахир дар ВКД  ва дар КДАМ барои пурсиш -допрос методи кории навро ҷорӣ кардаанд. Ҷавонҳоеро, ки   туҳматро ба кала намегиранд ё ягон ҷавонро аз ҳиси бадбинӣ ба мақомот мебиёранд   дасту пои ӯро баста таҷовузаш мекунанд. Як рафиқам бо рутбаи капитан дар 6-ой отдели Душанбе кор  мекард. Баъди чанд муддате аризаашро навишт ва дигар кор накард. Гуфтамаш чаро дигар кор накардӣ?  Гуфт дигар виҷдонам азобам дод. Зеро дар инҷо корҳои ноҳақӣ ва корҳои ғайриинсонӣ зиёд мекунанд. Гуфт ҷавонеро аз Ваҳдат бо номи Фаридун бо фармони яке аз масъулони Прокуратураи генералӣ дастгир карда ба 6-ой отдели Душанбе овардем. Вай барои кадом коре ба он прокурор писанд наёмада будааст. Чанд дақиқа пас як ҳамкорам омаду гуфт, ки таҳхона раву бачабозиро бин. Рафта дидам, ки он прокурор ин ҷавонро таҷовуз карда истодааст. Ва баъди ин кор дигар виҷдонам иҷозат надод, дар 6-ой отдел кор кунам. Вале, мутаассифона ин  кори паст дар Тоҷикистон то ҳаде шудааст, ки дигар намедонӣ кадомашро гӯӣ. Дуруст мегӯянд, ки об аз боло лой аст. Бисёр  генералҳоро медонам, ки ба ин кор даст мезананд. Масалан худи ҳамин Рамазон Раҳимзода бо писарбачаҳои ноболиғи аз 10 то 14 ин кори пастро иҷро медиҳад ва дар ин досия комилан ҷузъиёташ пешатон ҳаст,дигар чи шарҳу тафсиле бидиҳам. Дақиқан ин маълумот дар дасти худи СС.Ятимов ҳаст ва хуб медонанд онро.

КДАМ аз ин корҳо аз як модели маъруф, бо номи С.Н, ки пеш маъшуқааш буд, фаҳмида буданд. Генерал Иззатулло Шарифзода, яъне ана хамон Зорро ҳам ба ин корҳо даст мезад. Бачаҳои ҷавонро аз зиндонҳо интихоб карда пешаш меоварданд. (Дар дасти “Ислоҳ” номҳои он афрод бо наворҳои оперативии КДАМ вуҷуд дорад) Ногуфта намонад, ки дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо бачаҳое, ки либосҳои духтарӣ пӯшида мегарданду беҳад зиёд шудаанд, бисёр дучор меоӣ. Хусусан дар Душанбе шабҳо, қариб, ки дар ҳар як қадам ин хел нафаронро мебинӣ. Дар наздикии “танка” ин ҷавонписарони сабукпой  дар оперка, дар парки Садбарг ва дар дискоклубхо ва махсусан дар дискоклуби “Водии гургон” озодона гашту гузор мекунанд ва ногуфта намонад, онҳоро махсусан кормандони ВКД ва қариб ҳамаи мақомоти қудратӣ пуштибонӣ мекунанд.

“Сабабгори аслии ин бадбахтии ба сари миллати тоҷик омада Эмомалӣ Раҳмонов аст. Зеро ӯ мехоҳад ва нақшааш ҳам ҳамин будааст,ки тамоми мақомдорон бояд даст ба фасод, ба таҷовуз бизанад ва ба милат зулм кунанд. Ва, ӯ онҳоро бо ин ҷиноятҳо муттаҳам мекунад ва ба ӯ мегӯяд ё дар хидмати ман мешавию маро ҳифз ва ҷонибдорӣ мекунӣ ё ки пушти зиндон меравӣ.”

Боз мегуфтааст, ки туро ба ғайр аз ман ҳеч касе бахшида наметавонад. Чунки   агар мухолифон ба сари қудрат оянд якум шумо мақомдоронро несту нобуд  мекунанд ва аз ҳамин ҷост ки мақомдорон саги бовафоӣ Раҳмонов ҳастанд ва сири асосии ҳукумронии ӯ дар ҳамин аст. Бовар кунед инҳо ҳатто намоз хонда наметавонанд.Вақте  Рустами Эмомалӣ ба Ӯзбекистон сафар кард, Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ӯро ба намоз даъват мекунад. Рустам,ки дар ҳаёташ намоз нахондааст, шарм медорад, ки гӯяд ман намозро намедонам ва ноилоҷ ба хондани намоз шурӯъ мекунад. Бовар кунед як шармандагӣ: -ба ҷои рукӯъ саҷда мекунад ва ба ҷои саҷда рукӯъ ва дар вақти Аллоҳу Акбар гуфтан ҳатто талаффуз карда наметавонад. Вақте ба дасти чапу рост салом мефиристӣ, Рустам бовар кунед гӯё, ки дар сирк бошад, чизеро намефаҳмад. Барои онки инҳо аз реша худобехабаранд ва мехоҳанд, ки ҷомеаро ҳам мисли худашон худобехабару даюсу беномус кунанд. Шумораи гирифторону кушташудаҳои бемории ВИЧ-СПИДро махсус кам нишон медиҳанд. Барои он ки агар мардум шумораи аслии бемории ВИЧ-СПИД-ро фаҳмад аз ҳукумат талаб мекунад, ки дискоклубҳоро маҳкам кунед, ана дидед, ки барои сум шуда инҳо ҳатто мардумро қурбонӣ мекунанд. Дискоклубҳоро барои он маҳкам намекунанд, ки дар ҳар кадоме аз онҳо Рустами Эмомалӣ “доля”-и худро дорад. Аммо ин мавзӯъи навиштаи дигар аст.

Поёни бахши аввал,идома дорад…

Ps: Қисмате аз номаи махсӯси КДАМ, ки бо муҳри махфӣ бояд маҳфӯз бошад ба “Ислоҳ” расида,ки феълан бахше аз онро тақдиматон намудем. Номҳое дар ин номаи сар ба муҳр дарҷ буданд,ки дар сурати нашри он намедонем чи гап мешавад. Аммо ин шо Аллоҳ ҳамаи номҳои дастдошта дар ин ҷиноятҳои бешарафӣ нашр хоҳанд шуд. Шумо вақте худатон чунин бешараф ва номард ва  ба чунин бемории музмини табобат ношаванда гирифторед, чаро мардони бошарафро “бешараф” мегӯед? Ҳаддатонро донед, ки русвоиятон бар миллат ошкор мегардад. Инро шумо шурӯъ кардед ва посухгуфтан ва муаррифии як ба яки шумо бешарафон оғоз шуд….

Share This Article