Бозор оинаи фарҳангу маданияти ҳар миллат аст ё ҷои алик-малик?

Ислоҳ нет

Ё чаро ислоҳ намешаванд?!

Сар аз соли 2020 дар бозори Корвон  маъракаи «ободонӣ» ва « замонависозӣ» оғоз гардид.

Ҳама тоҷирон умедвори он буданд, ки азнавсозӣ ба нафъашон аст, вале раванди ҳодисот, сохтакориҳо, чаппакориву чаппакуниҳову «шоҳроҳсозӣ» дар даруни ин бозор, бесамару ақим буда, аммо фарзанде ба бор овард, ки номаш ҷуз бадбахтиву саргардонии дастаҷамъии тоҷирон ва кинаву буғзи бардавом набудааст.Чун, ҳар дигаргунӣ, наву азнавсозӣ, ислоҳот дар ин диёр тангаи дупаҳлӯ ва ё теғи дудамро мемонад.

Ҳунари ислоҳу беҳбуд, ки надоранд, ифсод мекунанду бедод.Чун ифсод карданду бо истибдод онро пардапӯш карданд, ба ҷои беҳбуд камбудҳо рӯиҳамрафта,сар аз гиребони кинаҳо дар синаҳо сар мебардоранд, ки оқубат ба гӯшҳо сироят намуда забонҳоро ба бадгӯӣ, дилҳоро ба сардӣ раҳнамун хоҳад шуд.

Агар ҷуз ин аст, бигӯед, ки чаро тӯли 4 соли Худо мушкилоти ин бозор замм шуду кам не?

Дукондорҳо овора шуданд.Ҳаннотҳову корчалонҳо аз фурсат истифода намуда, омаданду худро чун кукушка (чокак) дар дуконҳои дигарон ҷобаҷо карданд. Доранд тиҷорати пуравҷеро ба роҳ меандозанду барои ин ҳар моҳу сол ба «таға»-ҳошон «шапка» медиҳанд. Шапка медиҳанд то соҳибони аслии дуконҳо даъво накунанд.

Бозори замоне  ободу бемушкилотро бо номҳои барроқ чапу рост заданду пурмоҷаро карданд. Якеро аз дуконаш ронда дигареро оварда болонишин карданд.

Садҳо тоҷир тарки тиҷорат кард. Баъзеҳо овораанду баъзеҳо ба сафи муҳоҷирони дарбадар пайваста, қисмате пас аз «султонӣ раҳи гадоӣ» пеша карда, ё иҷоранишинанду саргардон. Муҳоҷири байналмилалӣ буд, дохиликишварӣ буд, байнишаҳрӣ буд, вале ҳоло муҳоҷири байнидуконӣ ё аниқтараш «дуконбардуш»-ро, ҳам,  соҳиб шудем.

Роҳҳои байнираставии бозорҳои ҷаҳони Шарқ, ки бозор намунае аз тамаддуну фарҳангаш, дар дарозои торих, буда аст, касногузар буда, ҳам дар Қудсу ҳам дар Бухорову ҳам дар Касабланкаю ҳам дар ҳама дунёи муосир. Бар илова, бо доштани бозорҳои торихӣ меболанд, вале мо, ки навдавлатем, ду бозори нимаасрае доштем: яке- Баракатро қасри Миллат кардему дигаре- Зелёнийро, ҳеч кор наёфтем, кандему дар ҷояш газон коштем!

Омадем, ки Корвон+ ро нав кунем, натавонистему ҳамагиро овора қисмеро бечора сохтем. Роҳҳои байнираставии ин бозор аз замони таъсисаш ба паҳнои 2 метр буду растаҳои асосияш 4 метр бар дошт. Ким кадом инженереро ёфтему оварда нақшаамон тартиб дод, ки роҳрави асосии ин Бозори Корвон бо плюсу минусаш, бояд, 8 метр! бошад. Ва канданд дуконҳоро саф-саф, чаппа карданд қатор-қатор, то инки ғорроҳе, бал «шоҳроҳ»-е сохтанд даруни ин Бозор. Бозори Корвон буд «Корвон Плюс» шуд «Корвон минус». Минусаш аз пилусаш афзуд.Корҳо инжинеру сармуҳосибу сардигармаъмуриятҳо шуд чатоқ! Хар ҳамон хар аст. Роҳашро кардаанд васеъ. Вале, наандешидаанд, ки ҳар метри мураббаъ дар бозорҳои ҷаҳон бояд банд бошаду ба касе суд биёрад. На инки «автомагистраль» сохт дар бозорҳо! Барои тавсиъаи ин роҳи 8-метрабар, чӣ қадар дуконҳоро канданду шапиданду куфтанду гуфтанд: сохтем бароятон Бозори замонавӣ!

Ва дар Сарқонун омада: Моддаи 32

Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад.

Мо, инҷо аз забони Сарқонун сухан мегӯем то дастандаркороне, ки иддао доранд, ки замини бозор аз давлат асту танҳо оҳанпораҳои дуконҳо- аз шумо, шинос шаванд, ки Қонуни асосии Ҷумҳурӣ чӣ гуфтаву инҳо чӣ мегӯянд?!

Ҳама, ҳамсадо мегуфтандамон: э, хап кунед, рафиқон, ҳаматонда метиян дуконҳои нав, ҷобаҷотон мекунанд, тибқи қонун, давлат бесоҳиб нест, ягонтатон беҷо намемонед! Фақат хап бошед! Ҳоло онҳо ҳам диданду мо ҳам дидем, бо ду чашми сарҳои модарзодамон, ки ба касе хасе надоданд.

Агар, тибқи талаботи моддаи 32-и Сарқонун талаб кунем, ки мекунем, ягон ниҳод, соҳиби замин, мансабдор, бозордор ҳақи инро надорад, ки аз пеши худ, бидуни ризоияти соҳибмулк, дуконашро нарх гузорад: 500 $ ×1 метри квадратӣ, ва он ваъда, ки доданд ҳама бодӣ ҳаво буд?!

Ва, ҳатто девонаҳои девонахонаҳо ҳам медонанд, ки дар ҳеч ҷое аз бозори Корвон метри мураббаъи дукон 500$ набуду нест! Ин нархномаҳоро киҳо, дар кадом меъёр чен мекунанду мебуранду мепайванданд?!

Ҳоло, худҳошонро кӣ дида, ки ба 500 дуллори амрикоӣ дуконҳояшонро ба шаҳрвандон (тоҷирон) фурӯхта бошанд?!

Дигар, дар тамоми олам, вақте як шаҳрванд, ҳатто як дучарха ё мошин ё хона ё биное харид, ҳатман барояш ҳуҷҷати тасдиқкунандаи моликияти хусусӣ дода мешавад, вале инҷо, дар бозорҳо, ба касе камтарин ҳуҷҷат ҳам намедиҳанд. Масалан, ҳатто афроде, ки мағозаҳоро аз биноҳои замонавӣ, ба маблағҳои аз 25.000$ долар ба боло харидаанд, низ, ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи соҳибмулкияшонро надодаанд! Чунки, инҷо қонуни «фолклори даҳанаки халқӣ» ё  худ «говсавдо» аз асри Дақёнус ба меросмонда амал мекунад. Дар асри 21 по ба пои асри сангу кулух қадам мезанем. Кай ҳамгоми миллатҳои фарҳехтаву қонунмеҳвар мешуда бошем?

Эй, кош…!

Дар Бухорои ШАРИФ фатво дода буданд, мабнӣ бар ин: ҳама фуқаро (раъият), дороию писару духтаронашон «мол»-и амир аст. Аз ин рӯ буда, ки ҳам дороии «фуқаро» ва ҳам духтару писаронашону молу боғу сарваташон пешкашу тортӯқу навкару эл-навкарони амирони манғитӣ мегаштаанд.

Як далел ҳамаро сокит мекард, чун мегуфтанд, ки заминҳо «мол»-и амир ё тӯра(ҷон) аст. Ҳуҷҷат рӯи соҳибмулк қоим мегашту соҳибмулк (агарчӣ асрҳои мадид, ниё бар ниё он мулку дороиро дар тасарруф ҳам дошта буд), ҳаминки «мақбули назари ҷаноби Амир» моликияташ қарор мегирифт, фотиҳаи он дороиро бо чунин сухане, ки имрӯз дар забони ҳокимонамон роиҷ аст: «Тра чиву моли киёмиддин, чӣ?!» бетаҳорат мехонаданд! Чор тарафат қибла. Замин замини давлат (амир) асту шумо- фуқароёни амиред! Молу ҷонатон бар ҳоким ҳалол аст, ҳамон гуна, ки шири модари амир бар амир гуворост…

Аммо, боз ҳам, дар Сарқонуни ҶТ, ҳамон гунае, ки гуфта шуда аст: Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст. Моддаи 6, ба ҳамин мазмун ҳам омада, ки ҳар шахс дорои ҳуқуқ бар моликияти хусусист, чи он 1 сомонӣ арзиш дошта бошад, чи миллиард сомонӣ.

Агар дар Аморати Бухоро, ки бар асоси беқонунӣ бунёдаш ба соли 1747 гузошта буд, бингарем, он мухолиф ба меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузории имрӯзаи ҶТ мебошад, ки дар асоси 10 бобу 100 моддаи Сарқонуни Асосӣ, онро бунёд гузоштаем!

Ва, боз ҳам, вақте дар шаҳри Душанбе- пойтахти кишвари тоҷикон мехоҳанд хонаҳо, айвонҳо, ошхонаву оғилхонаҳои шаҳрвандони комилҳуқуқ (на фуқароёни амир)-ро чаппаву валангор кунанд, на бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва бо дарназардошти талаботи қонуни асосии кишвар (моддаи 32-и Сарқонун), балки  бо қонунҳои навишта-нонавиштаи асри 13-и Ясои Чингизхон (Тимӯчин) амал мекунанд; ба ин маъно, ки Чингизхон Ҳироту Ӯрганҷу дигар шаҳрдавлатҳои бостонии тоҷиконро, аз сабаби он, ки бар зидди лашкараш (қушунҳояш, қушӯн вожаи муғулист, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ бас нораво ривоҷ ёфта истодааст), сахт истодагарӣ карда буданд, дарҳам кӯбида, супориш медод, ки пурра ба хок яксон карда шаванд (чаппакардани имрӯза)-у ба ҷояшон, пурра шолӣ ё наску нахуд коранд. Ва мекарданд. Ба ҷои илму фарҳангу ҳунаристон мекоштанд шолӣ, чун ақл тиҳӣ бошад, лоҷарам, шикамҳо бора ва соҳибшикамон шикамбора мегарданд…

Ҳар қавме ба давлат расад ончиро бо худ биоварад, ки дар «хурҷин» дорад. В-аз ин рӯ, аз гузаштаву шоликорию калламанорасозӣ (санъатҳои ақвоми бодиягард) бигзарем, қадам ба остони Тоҷикистони навин, Тоҷикистони «ба пеш» Тоҷикистони «гулгуншукуфо» бирасем, мебинем, ки боз ҳам фарҳанге бас аҷибуғариб дорад бедод мекунад: ба ин маънӣ, ки бозорҳои мо имрӯз  насталҷияи қарнҳои пӯсидаро бо худ оварда аст: яке ёде аз Кушониён, дигаре Корвони шутурҳои қатору он дигар, бародарони узбек омаданду он қадар «саройҳо» сохтанд, ки гӯиё дар як КОРВОН+САРОЙ-и бузурге дорад пойтахтамон ҷой мегирад, ваё магар, худ шуда аст КОРВОНСАРОЙ. Душанбе имрӯз шуда пур аз Яккасаройу Корвонсаройҳову рӯи имороташ насб гашта аст рамзу розҳои уштурону говону аспу харон. Бо ин ҳама басанда накардему даруни тамоми боғистону фароғатҷоҳову майдонҳову кӯчаву гулгаштҳо гузоштаем гуспандони гирддунба, аспони дар ҳолати шиҳакашӣ, барзаговони хоякашолу мурғу тазарву мурғмарҷону кабку бедона, шудаем аз худ бегона, қарор гирифта дар як марғзори пур аз ҷонварон, ва барои ин ҷонваристон чӣ зарурат аст барқ, оби шаффоф, гармӣ дар сардӣ, шароит барои зист?!  Бозору бохоргонии рӯ ба роҳ? Ҳеч, ба гумонам….

Бар мегардем ба Корвону Сарқонун:

« Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Моддаи 13. Сарқонуни ҶТ.

Ба ёд оварем, вақте наздиктарин минтақа ба Корвонро ширкати сохтмонии «Машрабгрупп» ба чаппондан оғоз карду мардум- соҳибмулкон ба ҳаққталабӣ бархостанду то ба «Ислох» арзи додхоҳӣ карданд, тамоми намояндагони ДАВЛАТ, ҲУКУМАТ, ТАРАФДОРОНИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ магарам ба ҷои ин гуна суханони аз асрҳои пору перормондае чун: «Замин ай ҷаноби Оллияй» «Брен, арзу додтона да кҷое мефоратон, кнен», « Шумо, бар зидди тӯраҷон-шаҳрдори ш. Душанбе, зуртон мераса муқобилият кунед?», «Замин, замини давлатай, хонаҳои шумо да рӯи замини давлат бино шидагияй», «Хонаву сақфу тунукаву шиферу бому айвону мебелу телевизорҳо- моли шумо, замин бошад они давлат аст ва давлат Президент аст, ва писари Президент намояндаи Давлат асту шаҳрдори Душанбе», ва шумо, кӯчаи крупскинишинон рӯи замини давлат нишастаед, ва давлат хонаҳотонро аз рӯи заминаш чаппа мекунад, ва медиҳад ба Машраб групп ва месозем имороте бас замонавӣ ба мисли иморатҳои Имороти Араб! Ва, дигар на Крупская, Надежда Константиновна- беваи В. И. Ленин инҷо ҳақи бозмондани номаш ҳасту на шумо ҳақи сукунат дар инҷоро. Ҷои Крупская Надеждаро мегирад Хол Машраб! Замин аз Машрабқурбошист, Крупская вон- там дар Русия.Ва мо- давлат медиҳем бароятон сари ҳар метри мураббаъ 400$-ӣ! Ин ҳам барои онки дар Конститутсияи ҶТ омада: «Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад».  Моддаи 32 К.Ҷ.Т

Вале, бо як аммои дигар, ки нархро на бар асоси «розигии соҳиби он(,) бо пардохти арзиши пуррааш», балки бо ризомандӣ ё ризоият (вожаи розигӣ хатоест, ки ҳатто вориди Сарқонунамон тули даҳсолаҳо гашта асту вергули баъди «соҳиби он»  низ сарфи назар шуда аст!)- и соҳибаш гирифта мешавад, вале ин 400$-и малъун ва ё 500$-и наҳснархи давлатӣ бозмондае аз аҳди Шӯравист, ки миллати тоҷикро кае хост кӯҷое хост «муҳоҷир» мекарду лоақал ба ҷои маскани собиқаш, дар якон чӯли Дилварзине ё даштҳои пурҷонвари Вахше зистгоҳ медод! На 400-у 500-бозӣ мекард!

Ҳамин 400-у 500$-ро аз кудомин гӯру мазор овардаанд? Кадомин тоҷик розӣ аст, ки хонаву дукону фурӯшгоҳу дигар «ашёи ғайриманқулаш»-ро ба ин арзиши ночиз «фурӯшад»?

Дар ҳоле, ки Сарқонун дигар чӣ мегӯяд, садбора ин моддаро бихонед, эй касоне, ки китобнахондаеду қонун надонед: «бо розигии (ризоияти) соҳиби он(,) бо

пардохти арзиши пуррааш»! «бо розигии (ризоияти) соҳиби он(,) бо пардохти арзиши пуррааш»!

«бо розигии (ризоияти)(,) соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш»!

Бигзор, ин модда чун такрори матнҳои кутуби муқаддас, он қадар дар гӯши мақомдорон такрор шавад, ки ҳатто дар хоби шабашон там «бо ризоияти соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш», танинандоз бошад. Бошад, ки «сохти конститутсионӣ»-ро мазмунашро дарёбанд.

Аз ин ҷо пайдост, ки ҳеч нафаре аз тоҷирони Корвон+ аз ин 500$×1 м.кв розӣ нест, балки маҷбураст, ки ба таъбири «аз хук мӯй»-е ноилоҷ «розӣ» шавад!

Вагарна, чаро дар вақте Раиси ҶДММ КОРВОН+ , сармуҳандис, сармуҳосиб, сармутахассиси оид ба фурӯши мағозаҳои навбунёд дар қисмати пеши ин бозор, ҳар м.кв-ро бо нархҳои 2000$×1, 2500$×1 ва чунонеки ҳамагон огоҳанд дуконҳои паҳлӯии онро 11000$×1 м.кв, 15.000$×1 м.кв фурӯхтанд!

Бинигар, вақте мегиранд (ғасби қонунӣ мекунанд 500$×1м.кв мепардозанд, он ҳам кае хостанд (масалан, то ҳол, бо гузашти 4 сол, бисёре аз тоҷирони дукончаппанагунбахтгашта, «бо ризоияти худ» ҳамон 500$×1 м.кв-ро ҳам нагирифтаанд.

Мо дар аҳди Шӯравӣ доштем «НАРХИ ДАВЛАТ», чун тамоми моликият Давлатӣ буданд, ва давлат нархи ягонаи стандартӣ дошт, ҳар ашёи манқулу ғайриманқулро, ки « моликияти Давлат» маҳсуб мешуд, дар чунин ҳолатҳо нархгузорӣ мекард, вале чун Тоҷикистон пас аз касби Истиқлолият ба низоми бозоргонии озод ва рақобати бозорӣ ворид гашту тамоми обектҳои давлатии собиқро бо як имзову супориш де-натсионализатсия кард, нархи «Давлати» гузоштан рӯи хонаҳо, мағозаҳо ва дигар дороиҳои шаҳрвандон дар ин кишвар, нораво гашт. Аз инрӯ, бояд ин 6-у 5-бозӣ ҳангоми нархгузории моликияти шаҳрвандон ғайриқонунӣ буда бошад, ва тибқи талаботи Сарқонун «маблағи пурраи он» пардохт карда шавад!  Чун мо дигар дар аҳди СССР намезием!

Баъзеҳо, ҳатто аз дунё гузаштанд аз сабаби ё оташсӯзиҳои собиқ дар  Корвон ё аз сабаби онки бе ҷои кор монда буданд. (Мондаанд)!

Далел: https://youtu.be/eUc3KCoSSY0?feature=shared

(Аниқ дар дақиқаи 15:17)

Пас аз сӯхтор ин оила бадбахтияшон оғоз гашта аст!

Ва он 6 нафаре, ки аз як оила имсол фавтиданд, агар хато накунам собиқ тоҷири ин бозор буд. (Шояд ҳамин «азнавсозиҳо»-и охир ӯро аз дукону ҷои кор маҳрум карда бошад).

Медонам, ҳам гуфтану ҳам шунуфтани ҳақиқати дарду мушкилоти як миллат сахту сангин аст, вале чӣ кунем?! Бояд нафаре бигӯяд, чун ҳама забонҳо мӯҳри хомӯшӣ ба лаб задаву бояд ҳам гӯше аз ин «мақомот» шунавад, чун ҳамагӣ гӯшҳо ғуруп гирифта аст. Кӣ бояд бигӯяд, он «кӣ» нест, Рустам аст- дар Сиистон аст! Ва он «кӣ»-ст, ки ин гуфтаро гунуфта бошад, Анӯшервон аст, ки дар Зобулистон аст?!

Дигар, фалсафаи баъдиҷангии ашъори Лоиқ ҳам коргар нест, ки мегуфт:

Ту напурс, ҷони бобо!

Ту напурсу ман нагӯям!

Ҳарчанде буридану афтидани як дарахти пир дар Ҷангалистонҳо бас оқубати сангине дорад, ки бо худ садҳо дарахтону ҷонваронро нобуд месозад, вале барои рушди боз ҳам, боқимонда «ҷангалиён» заруристу ба онон идомати ҳаёт мебахшад. Пас, бояд роҳи чораву ислоҳу

ободӣ (на аз ҳисоби шаҳрвандан)-ро ёфт!

Ҳарчанде марг ногузир аст, вале аз он чора нест!

Ислоҳи давлату бозораш, ҳам мисли ҳаряк организми зинда дар табиат аст, ки барои саломатияш, бояд забони гӯё бошаду гӯши шунаво! Вале, вақте мо мегӯем: ин организми ичтимоӣ (бозорҳо) беморанд, бояд табобат шаванд, набояд «табибо»-и ин мақомот  вазифаи «қассобӣ»-ро пеша кунанду бо таҳдиду пайгириву шантажу беобрӯсозию зиндонисозии «забонҳои гӯё» рӯи ҷароҳатҳо, ба ҷои малҳами ислоҳот, боруту мазути тааффунзо бипошанд, то дардҳо бо «соҳибош» мурда раванд.

Агар, гурдае бемор аст, табиб сари бемор набурад. Агар дандоне дардманд аст, ҷоғро барнакананд. Агар мушкилот аст роҳҳал ёбанд, на инки чун дуконанҳои қатораки лаби шоҳҷодаи 8-метраи Корвон+ «пардапӯш» шаванду дар паси он «доля» ситонанду корҳоро «ружд» карда, «дальше» кору бори «бачаҳакои боло»-ро бинанд.

Ин бозору ин давлату ин ҳукумат набояд,  ба мисли аҳромҳои фароъина ба тарзи ҳарамии аз поён ба боло сохта мешуд, балкӣ, бояд ба мисли арасот ружду ҳамвор сохта мешуд, то «саг соҳибаш»-ро ёбаду дар ин ватан «бачаҳои болову поён» надошта бошем!

Тагобиҳову болообиҳо ҳам надошта бошем!

Гуфта шуда, ки дар арасот чун як тухм бигзоранд, ҳама башарият онро аз машриқу мағриб бубинанд, вале ҳоло чӣ мушкилоте ба миқдори тухм, ки агар мушкилоте ба мисли деву ҳингилдевҳои афсонаҳои ниёгон доштаем, пушти пардаҳое чун «Куҳи Қоф», он чунон ноаён гаштаанд, ки рӯзе сар бароваранд, миллатро заҳракаф хоҳад кард. Вале, бовар дорам, ҳаряк мақомдори «сохтиконститутсионипараст»  ин девҳое аз мушкилотро қабл аз мо- «шаҳрвандони одам» дида, вале кӯрӣ то кай,вақте мебинӣ?!

Ё китоби «Кӯрӣ»-ро бибояд хонанд, ки сардамдоронамон ҳамагӣ профессору номзади илманду китобхону муаллифони 10-ҳо осори «гаронарзиш».Мушкилоти ҳаётии як миллатро бо китобхонию китобдонию китобнависӣ ҳал натвон кард, ки ин китоби зиндаи як миллат аст, ки бояд бардошту диду хонду мушкилоташро ҳал бубояд кард…

«Шаҳри кӯрҳову якчашмаҳо рафтӣ, як чашматро кӯр бигир»,  дигар кореро барои ин миллат ба пеш намебарад,балки агар дидӣ, ки нобинову чоҳ аст, агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.Агар дар шаҳри кӯронӣ- роҳнамоӣ кун, чу биноӣ!

Агар табобатшавандаанд, ба ҷои «як чашматро кӯр» кардану ба саффи кӯрдилон ворид шудан, табобаташон кун, шояд, бубинанд рӯзе чоҳро аз роҳ ташхис диҳанд, ки ин олами мурдагону кӯрон нест….

Чӣ фалсафае бофта ин миллати ғофил, ки ба ҷои лаънат бар торикӣ шамъе намеафрӯзад, балки охирин чашми биноро ҳам кӯр месозад, ҳамон гуна, ки чашми бинои одамушшуарояшро «кӯр» кард, то то абад «кӯр» бимонад?!

Огоҳӣ: дар аввали чаппасозии дуконҳои Корвон+ тамоми  намояндагони мақомотии бозор ба тоҷирон ваъда медоданд:  «ҳеч яке аз Шумо бе ҷои кору бе дукон намемонед». Ин сухане буд, ки ҳам мақомоти расмӣ ва ҳам кормандони ғайриштатии бозорияшон ба гӯшҳо, бор-бор мегуфтанду ҳамагӣ бовар кард. Хуб, дуконамонро барои ободии гӯшае аз диёр мекананду ба ҷояш дуконамон медиҳанд. Вале, тушбераро ҳамагӣ хом шумурда будем, ба ҷуз огаҳон!

Оғоз карданду канданд, бо даст ҷудову бо пехлопат ҷудо, бо по ҷудову бо экскватор ҷудо, шаб ҷудову рӯз ҷудо. Он қадар канданду канданд, ки ҳазорон тоҷир бе ҷову макон шуд. Ду пояшон чуноне мақомотамон метарсонадамон « аз ҳаво омад» ё «дар ҳаво монд».

Қисмаш иҷоранишин гашт дар бозоре, ки бо маблағҳои бас ҳангуфт, бо сад орзу барои «таъмини амнияти иқтисодӣ»-и худу фарзандонашон замоне харидорӣ карда буданд.

Дидгоҳи ҳукумату шаҳрдорию дигар мақомот ба тоҷирони ин миллат бояд як дидгоҳи миллӣ, мардумӣ, инсонӣ ва худӣ бошад, на ба мисли дидгоҳи лордҳои Инглистон ба мустаъмараҳои собиқаш, ки Террентов дар китобаш: «Россия и Англия в средной Азии» оварда аст: инглисҳо аз ҳиндуҳо, ҳарчанде, андозҳои ҳангуфт ҳам бигиранд, он ба некуаҳволии ин миллат таъсире надорад, чунки ин ҳама миллионҳо ба берун- ба метрополҳои Инглистон бурда мешавад ва ба миллати ранҷкашидаи Ҳинду  камтарин суде  надорад, чун барои ҳукумату давлати онон истифода намешавад. Обхезию хушксолию заминҷунбию қаҳтию чаппашавию «чаппасозӣ»-ҳои пайдарпай танҳо бар зиёни ҳиндуҳост, ба Инглисҳо асаре надораду онон ба ин ҳама мусибатҳо аз паси панҷа менигаранд.

Инглисҳо мекушанд, ки ҳама гуна истеҳсолоту заводу фабрикҳоро дар хоки Ҳинд ба нестӣ расонанд, бошад, ки ҳиндуён танҳо таъмингари масолеҳи хоми истеҳсолотӣ барои Инглисҳо боқӣ монанд. Барор ин болои ҳама гуна мошинолотҳои истеҳсолӣ боҷи гарон мегузоранд, то инки фикри истеҳсолот маҳв гардад. Кор то ҷое расид, ки ворид кардани ҳама гуна мошинҳоро ба ин сарзамин мамнуъ эълон карданд…. 

Вале миллат роҳи раҳоии худро меёбад… С., 260-63

Барои кӣ Мирзо Турсунзода ин шеърҳоро мегуфт? Барои имрӯзи тоҷикон, ки ҳолаш ба асри пору перори ҳиндувон баробар гашта:

Чунки дар ин мамлакат ин зарпараст

Ҳеҷ ба чизи дигаре дил набаст…

Ин шеъри тулонӣ дарди гузаштаи ҳиндувону имрӯзи мост. Ҳама дард дарди сарват, шаҳват, қудрат ва шуҳрати касонест, ки аз манзури «ғолибият» бар миллате фармонравоӣ кунад!

Мушкилоти ин бозор:

1. Чуноне қайд кардем, ба ҳеч тоҷире бар ивази хариди мағоза ё дукон ҳеҷ гуна ҳуҷҷати тасдиқкунандаи соҳибмулкӣ дода намешавад. Балки бо услуби «бобоӣ“» «говсавдо» мекунанд. Дасти мардӣ медиҳанду пас аз чанд соле, бо дигар дасташон онро фурӯ мекубанд: «рав ба куҷое хоҳӣ, арзу дод гу». На даъвои ҳуқуқӣ, на додгоҳӣ ва на «дасти мардонагӣ» ба дардат намехӯрад!

Қиссаи Маснавиро ба ёд меорад, ки дарвеше мегуфт: Хар бирафту хар бирафту хар бирафт!

2. Дар оғози ташкилёбии ин бозор одат ин буд, ки ҳар нафаре мехост ба тиҷорат машғул шавад, омада бо бозордор шартнома барпо карда, бо маблағи муайяне дуконеро ба иҷора мегирифт. Ва чун бозор гарм шуд, тадриҷан бозордор ҳар дуконеро, ки солҳо қабл ба иҷоранишинон иҷора дода буд, ба фурӯхтан оғоз кард. Ҳамагӣ дуконҳоро харида соҳиби дукон бояд мешуданду аз иҷорапулию иҷоранишинӣ барои ҳамеша озод мешуданд. Вале, ин гуна нашуд. Пас аз пардохти маблағи дуконҳо ҳам статусашон ҳамоно  иҷоранишин боқӣ монд, ки монд. Чеки ҳаррӯзаро месупоранд, иҷорапулии ҳармоҳа ҳам лағв нашуд. Яъне бозордор мегирад аз бозориён ҳам иҷораи ҳаррӯза, ҳам иҷораи ҳармоҳа!

Аҷабо, дуконҳоро чаро харидаем?!

3. ҶДММ КОРВОН ПЛЮС ҳамчун субекти ҳуқуқӣ (тиҷоратӣ) бо давлат шартнома дорад, модом, ки аз тоҷирон барои соҳибкорӣ маблағ меғундорад, бояд дар назди тамоми мақомотҳо (ба ҷуз Кумитаи Андоз) ӯҳдадор бошад, ки маблағҳои зарурӣ

ва ҳатмии давлатиро аз ҳисоби фонди худ пардохт намояд; дар назар дорам:

1. Амволи солонаи давлатӣ;

2. Хулосаи «Оташнишонӣ»;

3. Хулосаи санитарӣ-гигиенӣ;

Вале, ҳар 3 намояндагони ин мақомот ҳамроҳи «чекчин» (нозирон)-ҳо, дар даст як китоб ба мисли Низомулмулк, дар растабозорҳо гашта: «Ака пули амвол»!, меғундоранд. Ҳарчи қадаре хостанд- «мечинанд» чун дар Корвон+ «алафи пулбанд» мерӯяду ин чекчини пулчину амволчин мечинанд, дигар!

4. Генселчиён бошанд, ба Корвон бо хар омада, аз инҷо, пас аз гузашти чанд солаке, бо Лексус, БМВ, Прадоҳо, бо рақамҳои крутой аз кор мераванд. Зиёд нестанд, ҳамагӣ 4 нафараканд, бечораҳако. Ҳар кадоме, «дар Пойтахти мо, ҷуз рӯзи сахти мо»(Лоиқ), чӣ ҳам дораанд; 3-4 аптекаҳаку 1-2 хонаҳак дар маркази шаҳру як-ду ошхонкҳаке…..

Меоянд бозор барои «чиндан» боғи язнаҳошон, ки ворид шуданд, ҳарчӣ даҳонашон бурд « ставка» мегузоранду «тус андохта храб» мезананд, чун тоҷиканд, шиори тоҷикии бозорӣ доранд: « Бозор бардошт- зам кун, набардошт- кам кун».

Каму зам ку мекунанд, вале барои ветеринаҳои холимондаи аптекаҳояшонро пуркардан ҳам вақт доранд: (генселиён)- салом алекум ака, и борои ту бояд да аптека фурӯхта шавад!

Ака, хдтам инаи кремо, шампуно, вазелино, рӯғано, массажкаҳо, аппаратҳоеро, ки «бори аптекавиян»-ро ҳақи фурӯш надорӣ?!

Чӣ?!

Нашнидӣ?!

Иёра ай кҷо овардӣ? – ай хтан ё ай хориҷа овардӣ?! Ҳа, ай хориҷа овардагии…?!

Через кҷо ворид кадӣ и борои «мамнуъ»-а?!

Через гӯри модарат…!, рав каргора саволу ҷавоб кун.

Гӯш, кн! Я халта те, я шиваки биёр, Сафар, Зафар,  Алик, Малик. Сар кадем! Бор кадем! Мебарем « аловшон» мезанем. Ва алов мезанандашон дар ветеринаҳои мағозаҳояшон, чунки аптекзебанд- охир!

Дар Бухороямон ҳам охир роиҷ буд -ку! Ҳар духтаре дилрабо мегашт, «Зеби дарбори ҳумоюнӣ» мегашт, бояд мебурданаш, дар қопча-ми, дар рӯи хар-ми, дар думи асп-ми…

Боз ин Генсел ҳар сари 4-у 5 моҳ «ставка» доранд, меоянд Корвон: бачаҳо мо РЕД омадем.

Чо кнем?

Я мефаҳмидагит бра бачаҳора фаҳмон.

Чандӣ ҷам кнем?

И сол ставка боло рафтагияй. Ай боло супориш шудай, ки имсол 800 ё 900 ё ҳазорӣ сари ҳаряк дукон ҷам кнем. Хай хтон маслиҳат кнен, масалан 8 ҳазор сомон тиен. Да и рияд чанд касай?

Фалон қадар кас?

Хай, фаҳмо, то соати 11 ҳамаша да як селофан ҷам карда, оварда тиен. Мо мерем.

5. Ҳар сари соли Худо як варақаки сафедро бо номи « шартномаи иҷорадеҳу иҷорагир» тартиб дода, оварда ба так-таки тоҷирон бо « чидани» 120 сомонӣ тақдим» мекунанд! Урра, шумо як сол ҳуқуқи иҷоранишинӣ доред! Вале, ҳамин «ярлуқ» -и ҳумоюниро соли 2020 аз дасти мубораки чекчинон, бо имзои улёҳазрат Раиси Бозори Корвон+ дастрас карда, ба дида молида, дар тоқи болоии сарҳомон гузоштем, як вақт дидем, ки 6 моҳ нагзашта, ҳам тоқ бар сарамон фурӯд омаду ҳам қибла каҷ омад!  Туморҳои инҳо бас бешафоат буда….

6. Шумо тоҷирон, албатта «ҳуқуқ» доред, ки дукон ё мағозаҳои харидаи худро ба касе дигар фурӯшед, вале аввал рафта ба муҳтарам сармуҳосиб ё раис ба маблағи як кали амрикоӣ 100$ пардохт намоед, то ин ҳумоёнсиратон як назари иноят бар коратон нигошта, дар компутари муборакашон номи номубораки шуморо « хат» зада, номи « муборак»-и тоҷири навро забт намоянд. Душвор аст. Сахт душвор андар системаи компутар номи Аликро Малик кардан!!

Охир, мебахшеду лекин « бе пул суханат асар надорад»-ку мегуфт, устоди Тоҷикон- Мирзои Турсунзода. Ун марди майдон « Расми хуби точикон»-ро хуб медонист, ки ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН шуд!

7. Системаи бозордорӣ инҷо заъфу камбуд дорад.

Аз ин ҳама бигзарем, вақте роҳро васеъ карданд, вақте ҳазорон -ҳазор дукон дуди само гашт, вақте пулдорон дукон хариданду кампулон иҷоранишини ҳар мағор гаштанд, ба бепулон роҳи сафед!, нишон доданд. Кор тамом нашуд. Дар нақшаи- Генплан агар 8 -метр ҷодае сохта мешуд, чекчинҳо, сармуҳандис, собиқ Раис ва дигар «манфиатварон» 9-метр ҷодаро кандан, вале 8-метр роҳ сохтанд. 1- метри боқимондаи лаби ин ҷода, мурғи тухмитиллозои «дастандаркорон» шуд!

Чаро чунин шуд?

Чунки, борҳо- такрор ба такрор, дар гузашта ин таҷрибаи «алик-малик»-ро ин оғоён доштаанд, ки ҳар боре бозорро «азнавсозӣ» карда ё дар натиҷаи «оташакбозӣ» сухта хокистар мешудаву бодашро об пошида, парт мекардаанд: ҷайбҳои тамоми кормандони ҳарамии Корвон+

ҷои дастандозӣ надошта аст.

Худо дод. Аликро ба ҷои Малик меовардаанд, агар 100$ 200$ 300$ ришват диҳад. Боз ҳам ҳаннотӣ, боз ҳам шоҳмотбозӣ- ҷойивазкунаку пулкоркунак. Дар ин кор пирчекчини Корвониён Хизмат таҷрибаи калон дошта аст!

Доллар бидеҳ, пештар биё. Ришват бидеҳ, боло гузар!

Ҳарчанде раис рафту муовин рафт, басе дарбону харбон рафт, вале ҳол боқист ончуноне буд!

Сухан на танҳо сари 1 м.кв боқимонда аз дуконҳои саррезшуда аст, балки ин «таҷрубадорон»  2 соле қабл, шиштанду андеша карданд, ки чӣ кор кунанд, ки « қонунан» аз дукондорони 1-уму 2-юм (дар ҳар раста) низ дуконҳояшонро бо ҳар роҳу васила « бихаранд» ҳамон гуна, ки бо баҳонаи ” азнавсозӣ” ҳазорон дуконро « Насия» « хариданд»!

Фаро хонданд ин ҷанобонро! Фаҳмондадиҳӣ карданд ҷавонмардонро! Тарсонданд тарсуҳошонро! Вале инҳо ба забони ҳол омада, якдилона, дастаҷамъона- чун Маҷлиси Сенати Амрико, тасдиқ карданд: медиҳем! Чӣ медиҳед? – пул!

Аз куҷо меёбед пул?!

Аз сари дилу шиками фарзандонамон!

Чаро пул додан мехоҳед ба мо- ҷанобон?!

Барои дар дуконҳоямон мондан!Куҷо равем?!

Пулкобӣ, пулёбӣ!

Ва оварданд дукондорон пулҳои зери болишту болинашонро ва доданд бо ду дасти адабу бо камоли мамнуният, бо хандаҳо дар лабҳо, бо ғамҳо дар дилҳо, ба раисон. Ва ҷояшон карданд дар собиқ дуконҳояшон!

Урра! Зинда бод адолат!

Адолате, ки 35000 сомнӣ ва 40.000 сомонӣ арзиш дошт.Ва гирифтанд аз эшон имзоҳои муборакашонро мабнӣ бар ин: Ман Фалонӣ писари Беҳмадонӣ, дар баробари забонхат навиштанам, ба самъи мубораки ҷанобашон мерасонам, ки ҳангоми «дуборасозӣ»-и боқимондаи Бозори Корвон + розиям, ки аз сафи аввал хеста, дар ҷои 3-юм рафта дукондорӣ кунам! (Ҷои якуму лаби ҷодаи пуродам ҳаромам бод, агар даъвое кунам). Розӣ (ба қазову қадар)-ам, даъвое надорам. Ака, ина 35 ина 40 ҳазор сомонии нақд, я дуои дига те. Рав дар дукони собиқат ҷумҷитак як ду солаки дигар шин. Аку я дуои дига хдт те. …

Ҳамин дурӯғ бошад, рӯям сиёҳ!

Хулоса бо иваз кардани раису муҳосибу корманде мушкилот ҳал намегардад, чуноне Тоҷикон гӯянд: «тарки одат- амри маҳол»! Ҳар дардеро давоест ҳар ифсодеро ислоҳе.

Аз инҷо бояд шурӯъ кард:

Ҳама тоҷиронро бо дукон дар баробари дукон таъмин кунанд. (На бо додани пули ночиз, он ҳам пас аз гузашти 3-4 сол) Ҳар касро дар макони собиқи худ бояд дукон сохта дод. Дукони якеро ба дигаре набояд дод!

Ҳама он тоҷиронеро, ки ноумедона тарки дукон карданд ё беҷои кор монданд ё иҷоранишинӣ дорандро дар ҷое аз ин бозор гирд оварда ба ҷои кор таъмин кард.

Ба ин суол кӣ ҷавоб медиҳад, инҷо бозсозӣ буд ё «сокращений» тақлили тоҷирон, ки дар ҶТ ягона манбаъи андозсупоранда ба давлат маҳсуб мегарданд?! Мардум чаро менигорад?

Шумо, ҷанобони мақомдори мақомотҳои «бологард»-у «болгард» намебинед? Намешнавед?

Мардум, агар мақомеро пуштибони худ медид, кай ба ҳазорон километр дуриҳо арзу дарз мекард?

Чаро ислоҳ намекунед? Чаро ислоҳ намешавед?

Гуфтанду гуфтему хоҳанд гуфт, вале натиҷа чист?

Якеро бурда мекӯбед ба номи қонун! Кадом қонунро худ риоя кардед?

Якеро бурда зиндонӣ мекунед, ба номи адолат, ҳол онки ӯ худ қурбони адолатхоҳӣ гашта аст!

Бурдеду дафъ кардед як раисро ва овардед дигар

раисро. Кор ҳамон, мушкил ҳамон. Ҳамон Аҳмади порина!

Система бемор аст! Беморе, ки тазоҳур ба сиҳҳатӣ мекунад!

Раиси нав чӣ кор кард?

Ислоҳоти бозору бозоргонӣ ба роҳ монд?!

На! Ҳичӣ!

Омаду системаи қаблиро боназокаттару дурандешонатару пӯшидатар идома дод.

Аликро ба ҷои Малик овард. Ҳамон услуби пӯшида- гӯр сӯзаду деги гадо ҷӯшад. Ва хуб ҳам дорад булоқӣ меҷӯшад!

Чуноне гуфтам, роҳеро, ки тибқи нақша (генплан) 8 метра буд, канданд 11 метр. Аз тарафи рости ин “шоҳроҳ” сохтанд дукончаҳо: қаторак. Муборак! Муборак! Тухмакотон қаторак!

 Шоҳроҳ шуд 11-2=9 метр! Аз ин 9 метр, минҳои 1 метр монд ҳамон 8 метри стандартӣ! Вале, чуноне мегӯянд: ҳама як ваҷаб (метр) замин насибаш аст. Ва ҳамин 1 метри «лаби раҳ» насиби гӯри ҷаноби Раиси ҷадид шуд!

Ҳама соҳибдуконҳоро бо ин қавл (на риояи адолату қонун) : «замин, замини бозорай. Ай шмо бд, ай мо шид!», ғасбу тасарруф карданду рӯи ҳамин як метр сохтанд, аз самти чап (самти офтобнишин) дуконакҳо қаторак, иди раис муборак!

Сароғоз ҳар «корчалону ришватсупор»-ро хостанду гуфтанд: сари 1×2 м.кв бте

1000 сомонӣ иҷорапулӣ, мо дафъ мекнем соҳибои и дуконора: замин моли давлатай ку (давлат инҷо ба маънои ҳуқуқии бозордор аст).

Ва саргардону навмед шуданд мунтазиртоҷирон! Бирафтанд, ҳаркӣ ҳар тараф. Чунки бо зарби шаттаи 6-ум отдел, гӯиё ҳамаро рӯжд кардаанду дар оби лойи Корвон моҳӣ мегиранд. Моҳиҳои калон-калон, ҳайвон-ҳайвон! (Ин сухани ҳамон гуштимурғфурӯшест, ки мурғҳои ҳаром-ҳаром назди

бозори Корвон мефурӯхт).

Ва ин 1000 сомонӣ ба Раис кам тофту 2000-аш кард. Ва дигар гурусначашмтоҷирон тамаъ дар ин дукончаҳо карданд, ба раису ёрдамгаронаш 3000 сомонӣ дар моҳ пешниҳод карданду  нарх шуд гарон. Ва пас аз он нафсҳо ҳор шуданду 3 шуд 4, 4 шуд 5 ва 5 шуд 7 ҳазорак. Ва дуконакҳо шуд қаторак- мор-морак!

Раис сум меғундорад. Суми бедарди миён! 1,2,3 ва 100-ҳо чунин дуконакҳои «сабукборони соҳилҳо» СОҲИБ пайдо карданд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ҷаноби Раис!

Бо ин иҷорапулигирӣ қаноат накарда, барои боз ҳам «зеботар» кардани бозорамон, ҷаноби раису мушовиронашон аз ҳаряк тоҷири навсоҳибдуокони бодоварда аз 24.000 сомонӣ то 70.000 сомонии нақд, бар ивази насб кардани жалюзаҳои зардранг, гирифтанд. Ин пулҳои иловагиро танҳо барои ҳамон жалюзчики супориданд, на аз аренда (2, 3, 4, …7 ҳазор) дар моҳ озод гаштаанду на соҳибдукон шудаанд. Танҳо барои 2 солак ҷаноби Раис онҳоро мегузорад, ки дар ин «соҳил»-и сермоҳӣ «лой» ҷамъ кунанд.

Ҳеч яке аз ин садҳо тоҷири «бодоварда» ҳақи қонунии машғул шудан дар ин дуконҳои (мутаалиқ ба дигаронро) надоранд!

Головоломкаро ин раис калонтар аз ҳамтои собиқаш кард!

Бурданд раис, оварданд дигар раис, корҳо ҳамон корҳои саис!

Ин ҷамоат одат кардаанд бар шури-мурӣ. Ҳар боре бозореро бисӯзанд ё бисозанд якеро мебаранд болову якеро миёранд поён, пул кор мекунанд аз ин шоҳмотбозӣ!

Борҳо ин корро чекчинҳои пиртаҷруба дар ин бозор амалӣ кардаанд. Боковой, угловой, широкий рядҳоро (чуноне мегӯянд) аз соҳибонашон  меситонанду ба дигарон, бо нархҳои осмонбӯс

мефурӯшанд. Миллаашон намепарад. Чунки инҳое, ки дуконҳои дигарронро ғасб кардаву лабиҷарнишин гаштаанд, хуб нафси ин Раисонро омӯхтаанд, ки фурсати ҳар муомилабозӣ, айнан пас аз сухтору бозсозӣ, то мавъиди дигар, фаро мерасад! Даъво ҳаст?

Ҳаст. Дуконҳоямон!

Дуконҳотон дига нест!

Заминаш?

Замин моли дават аст! Касеро хоҳем, оварда болонишин мекунем.

Вассалом

Тамом?….

Share This Article