Чанд рӯз аст шабакаҳои хабарӣ аз бемории шадиди шоири як вақтҳо шаҳири тоҷик Бозор Собир дарак доданд. Ин хабарро ҳангоме шунидам ба худ гуфтам, ӯ пирамардест ва бемор шуданаш ҳам як амри табиъиест. Дар ин чанд рӯз кӯшиш кардам, ки ба бозори ҳангомасози Бозор ворид нашавам ва чизе нанависам.
Як рӯз гузашт боз аз фармони махсуси “Пешвои Миллат” ҷиҳати аҳамияти вижа ба вазъи саломатии ӯро хондам. Ба ҳар мақола ва хабаре нашр мегашт, ба забонҳои тоҷики ва ё русӣ аҳамият медодам. Аммо тақрибан ҳама яксон буданд ва ҳеҷ хабари ҷадидеро дар мавриди саломатиаш надидам. Бештари вақт ба коментҳое, ки зери он хабарҳо навишта мешуданд аҳамият медодам. Масалан, дар фейсбук 113 коменти мардумро хондам, ки дар мавриди бемории ӯ чӣ мегӯянд. Аз ин 113 комент 97 коментро хондам, ки аксаран нисбати шоир суханони бад ва носазо гуфтаанд.
Тавассути паёмакҳо 28 паём бароям фиристоданд, ки мужда ва хушхабар, ки Бозор Собир назди бобои Ленинаш сафар дорад. Ин ҳеҷ ҷойи муболиға ё сухане нест, ки ман онро аз пеши худ гӯям ва ё масаларо чунин шарҳу тафсир намоям. Метавонед худатон аз ончӣ дар фейсбук ва одноклассники аст бихонед ва огоҳ шавед.
Сабаби навиштани ин мақола дар чист? Оё ба фикри шумо ман аз чунин ранг гирифтани кор хушҳолам?
Ҳаргиз на!
Ман барои ҳеҷ нафаре чунин марги бе иззатро таманно накардаам ва намекунам. Аммо, Бозор Собире, ки маҳбуби ҳамагон буд, Бозор Собире, ки ҳамеша барои миллат менавишт ва пуштибони мардум буд, барои миллати тоҷик кайҳо мурда буд ва аслан ҳеҷ қадр ва иззате дар назди аксари миллати мусалмони тоҷик, хусусан 10-15 соли охир надошт.
Албатта, манзурам ҳамон 97% мусалмони тоҷик ас,т на 3% бо шумули “пешвои миллат”, ки барқасдона вақте зиддияту динситезию таҳқирашро бар алайҳи дини миллати ислом ва бузургони ин миллат дид, қадрдонии бештараш намуд.. Аммо мутаассифона, бар аксарият ҳукмрон асту шахси таҳқиркунандаи дину миллатро қадрдонӣ мекунад, то ба ҳамагон бигӯяд, ман ӯро аз ҳамаи шумо мусалмонони тоҷик беҳтар мешумораму наздам азиз аст. Барояш хона туҳфа карду дар волотарин шакл қадрдонияш намуд. Аммо ин қадрдонии нафари аввали ҷумҳурӣ ба Бозор Собир қадру ҷойгоҳе миёни мардум дод? Оё қадрдонии мардуми мусалмони тоҷик пас аз ин ба Бозор Собир зиёд шуд? Ҳаргиз на! Агар ҳама раисҷумҳурони олам барояш ҷоизаҳои волои оламро бидиҳанд, ҳаргиз ӯро миллат намепазирад. Ин нишонаи хор кардани Аллоҳ дар дунё аст, ки онро мебинем ва охираташ назди Аллоҳ аст.
Бозор Собир дар гузашта
Ман инро инкор намекунам, ки яке аз ашхосе будам, ки шеърҳои инқилобӣ ва таҳриккунандаашро бо ҳаяҷон мехондам. Баромадҳояшро аз тариқи телевизион ва радио дунбол мекардам. Бароям Бозор Собир як шоири таҷассумгари ормонҳои миллати мазлуми тоҷике буд, ки зери мустамликаи руси аҷнабӣ қарор дошт.
Бозор Собир дар солҳои 1990 яке аз маҳбубтарин шоирони он солҳо ба шумор мерафт. Он чӣ менавишт мардум бо шавқу иштиёқи зиёд онро мепазируфтанд.Бозор Собир танҳо шоири Шуравии точик буд, ки ҳаргиз шеъре дар васфи шуравӣ ва ленину комунизм насароида буд ва аз ин ҷиҳат мавриди таваҷҷӯҳи вижаи миллат қарор дошт. Масалан, барои кушта шудани 24 ҷавоне, ки дар майдони назди бинои марказии ҳизби Комунисти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе шаҳид шуданд, як шеъри хело хуб навишта буд.
Санги кафи мардум агар дар шишаи бино зада,
Санги ҳукуматро бубин дар шишаи дилҳо зада.
Гар сyхт мардум ғурфае, ҳаргиз надорам ман гила,
Вой аз ҳукумат сyхт дил, дил аз ҳукумат пургила.
Ҳафтод сол омад ба сар бе раҳбарони хоназод,
Гyё дар ин ҳафтод сол аз модаре раҳбар назод.
Ҳар чо мақоме ҳаст агар чун урда меояд ба ёд,
Соҳибмақоме ҳаст агар, чун урду меояд ба ёд.
Пас аз он ки Бозор Собир аз зиндони “Пешвои Миллат” бо асирони ҷангие мубодила шуд ва муҳим аз Тоҷикистон хориҷ гашт, хуб дар ёд дорам, ки Салими Аюбзод дар радиои озодӣ бо ӯ мусоҳибае ороста буданд ва шеъри зайли Бозорро хонда буданд. Ман ин шеърро дар ҳол навишта будам, ки он солҳо танҳо радиои Озодӣ ва хабаргузории Бибисиро гуш мекардем, то аз ахбори ватан огоҳ шавем. Ин тобистони соли 1996 буд ва ман дар Теҳрон будам.
Аз шаҳри ман ба ғайри сафедии пахтааш,
Дар ёди ман сафедии дигар намондааст.
Ҳар одамаш мусаввадаи одам асту бас,
Як одами сафед ба хотир намондааст.
Гӯянд ҷонамози нависанда дафтар аст,
Ҷои салоти коғазиву саҷда дафтар аст;
Аз бас, ки рӯи ҳамқаламонам сиёҳ буд,
Дар чашми ман сафедии дафтар намондааст.
Рӯи сиёҳи ҳамқаламони маро дар об,
Бояд, ки шӯст-шӯст ба хокистари китоб;
Зеро китоби шеъри маро сӯхтанду з-он
Fайр аз тами ба хун шиновар намондааст.
Рӯзе, ки аз сиёҳии зиндон бурун шудам.
Гуфти ту, аз сиёҳии заҳдон бурун шудам.
Дар сарнавишти ман, ки сиёҳаш навиштаанд,
Шояд аз ин сиёҳии бадтар намондааст.
Дар шаҳри ман кӣ пес набошад сафед нест,
Ҳамшаҳри ман, ки пес набошад сафед нест.
Аз шарми ин сафедии ҳамгавҳарони хеш,
Дар пеши ман сафедии гавҳар намондааст.
Аз пуштаҳош монда маро шабдарав ба ёд,
Аз куштаҳош монда маро сардарав ба ёд.
Дар пахтазори ӯ, ки басе сӯхт пахтарӯ,
Аз он ба ҷуз сиёҳии Хоҳар намондааст.
Ҳам аз замину боғу баҳораш парида файз,
Ҳам аз ҳавои тираву тораш парида файз.
Чун шахри осмонзада аз осмони ӯ
Ҷуз чашми тифли гушнаи ахтар намондааст.
Сарсон ба қалби сакта бародар ба ҳар даре,
Фарзанди тоҷи cap ҳама музтар ба ҳар даре,
Ҳамсоя хонабону саги хона гӯрбон,
Аз хешу ақрабои ман аксар намондааст,
Бе мардуми сафед сафедӣ намекунад,
Бе гандуми сафед сафедӣ намекунад,
Ҳарчанд дар иморати шаҳри сиёҳи ман
Ранги сафеду шишаву мармар намондааст.
Таҳқире Бозор Собир дар ин шеър ба ҳукумати он рӯзаи “фронти халқӣ”, ки мутаасифона ҳоло ҳам сари қудратанд намудааст, бо чунин шево кам касе ёфт мешавад, ки ин ҳукуматро таҳқир кардааст Шоир ин ҳукуматдоронро пес, ноинсон ва қотилу дилсияҳ унвон кардааст.
Ҳадаф аз баёни ин мақтаъи таърихӣ барои он буд, ки мабодо касе нагӯяд, ки чӣ гӯна ин мардум, як кори неки Бозор Собирро надидаанд. Бале, ӯ аввалин намояндаи мардумӣ буд, ки мондати депутатиашро дар он солҳо супурд ва аз толори порлумон хориҷ шуда рафт. Хуб ба ёд дорам, чӣ ғавғое барпо гашта буд. Чунин ҷасоратро дар он замон ба мисли Бозор ҳеҷ касе накарда буд. Хело дӯсташ медоштем ва барои аксари миллат “Кумир” буд ва бо ӯ фахр мекардем, ки чунин шоире дорем.
Чӣ гӯна Бозор Собире, ки барои ноадолатиҳои он замон ба доди миллат мерасид, пас аз он маҳз барои ин қаҳрамониҳо ва сарсупурдагиҳояш зиндонӣ гашт ва дар шеъри боло бар ало намоён аст, яку якбора тағйир кард ва ба он роҳе, ки мерафт ва мепаймуд аз он роҳаш гашт? Дар ҳоле,ки ҳоло миллат дар сахтарин ҳолати маъиши, сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ, фарҳангӣ ва ғайра қарор дорад, аммо Бозор Собире, ки он солҳо бар алайҳи шахсоне мубориза мебурд, ки вазъияти он рӯзгорон аз имрӯза хело хубтар буд ва чунин ҳоле дорем, ҳаргиз надоштем.
Мутассифона, ин ҳама дар як чанд лаҳзае фаромӯш шуд ва дигар кам касе мехоҳад номашро ба некӣ ёд кунад ва ё шеърҳои он замонашро ҳатто бихонад. Ӯ ба дини ин миллат, ба бузургони ин миллат тавҳин кард ва миллат аз ӯ рӯй гардонд.
Ин роҳе, ки Бозор Собир ихтиёр намуд, роҳи зиллат ва хорӣ ва беқадриест, ки танҳо онҳое ба он гирифтор мегарданд, ки Аллоҳ онҳоро гумроҳ карда бошад. Ин ҳоли шоир мисли касонест, ки аз роҳи ҳақ баргашта, мавриди нафрини хоссу омми ақвом ё ҳаммиллатонаш қарор мегиранд. Ин барои онҳое, ки мехоҳанд ин роҳро бипаймоянд ва мисли ӯ гарданд хело дарси ибрат ё омӯзаи хубе мебошад. Намехоҳам аз онҳо дар ин навишторам ёд кунам, зеро ҳар шахс ба шахсияти худ аз дигарон бинотару огоҳтар аст. Ба гумонам бархе гумон мекунанд, ки мисли Бозор Собир агар дини Исломро тавҳин ва таҳқир кунанд, “пешвои миллат” барояшон хона туҳфа мекунад ва қадрдониашон мекунад.
Марҳамат, бубинед ҳоли Бозор Собирро, магар он хонаи барояш туҳфашуда нафъеву обурӯйе дод?
Ин ҳолат дар таърих на танҳо ба Бозор Собир рух дода ва мавриди нафрин қарор гирифтааст, намунаҳои зиёде аз ин қабил ашхос дорем.
Эй онҳое, ки бар алайҳи дин, эътиқод, мазҳаб ва муқаддасоти ин миллат бозӣ мекунед ё дар сар чунин нияти шуме доред, аз ниҳоят ва хотимаи шум дарси ибрат гиред, зеро мардумон, ки шоҳидони Аллоҳ дар заминанд, пас аз вафоти шумо номатон ҷуз бо бадӣ гирифта нахоҳад шуд ва фарҷоми талху зиллатбореро Аллоҳ дар дунё ва охират насибатон мегардонад. Исмҳоятон дар саҳифаҳои таърихи ин миллат ба бадӣ сабт гардида, нанге барои фарзандон ва насли ояндаи худ хоҳед буд.
Дар як гурӯҳ навишта буданд, ки писари Бозор Собир аз мардум хостааст, дар ҳаққи падараш дуъо кунанд, то шифо ёбад. Фикр мекунед, мардум дар ҳаққи ин мард дуъои хайре мекунанд? Ҳеҷ ҳукумате, ҳеҷ нерӯ ва қуввату сипоҳе наметавонад бар эътиқоду дини миллат рахна кунад ва онҳоро ба зур ба дуъо водор намоянд. Ин як масалаи ботинии ҳар мусалмон ва байни ӯ ва Аллоҳаш мебошад.
Намехоҳам мақоларо тулонӣ намоям суханамро бо ин ду ҳадис ба охир мерасонам, то вахим будани вазъияти чунин ашхосро аз забони Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шунавем.
Анас ибни Молик (раз) ривоят мекунанд, ки бо Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз назди ҷанозае гузаштем ва мардум ба ин (мурда) суханони неке гуфтанд ё тавсиф ба некиаш намуданд. Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Воҷиб гашт барояш”. Ин ҳангом аз назди ҷанозаи дигаре гузаштем ва мардум (мурда)-ро тавсифи бад ё (инсони хубаш нагуфтанд) Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтанд: “Воҷиб гашт барояш” Дар ин ҳангом Умар ибни Хаттоб (раз) гуфтанд: Чӣ воҷиб гашт барояш? Фармуданд: “Он (мурда)-еки барояш суханони нек гуфтед, ҷаннат барояш воҷиб гашт. Аммо он (мурда)-еки барояш суханон ё тавсифи бад намудед, оташ ё ҷаҳаннам барояш воҷиб гашт, шумо шоҳидони Аллоҳ дар замин ҳастед” (Ҳадиси саҳеҳ мутафақун алайҳӣ китоби ҷаноиз)
Имом Бухорӣ дар саҳеҳаш аз Абӯ-л-асвад (раҳ) ривоят мекунанд: Омадам ба Мадина ва дар Мадина беморие омада буд ва мардумон аз он беморӣ ҳалок мешуданд. Назди Умар ибни Хаттоб (раз) нишастам ва ҷанозаеро мебурданд ва мардум тавсиф ба хайру некияш мекарданд Умар ибни Хаттоб (раз) гуфтанд “воҷиб гашт барояш” Ҷанозаи дигареро бурданд ва мардумон тавсиф ба хайру некӣ ёдаш карданд бозҳам Умар (раз) гуфтанд: “воҷиб гашт барояш”Сипас ҷанозаи дигареро бурданд вале мардум ӯро тавсиф ба бадӣ мекарданд,Умар (раз) гуфтанд: “воҷиб гашт барояш” Абӯ-л-асвад мегуяд гуфтам эй Амиралмуъминин чӣ воҷиб гашт? Умар ибни Хаттоб (раз) гуфтанд: Чунонеки Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Ҳар мусалмонеки чор нафар шаҳодат бидиҳад ба хайр ва накӯии ӯ, Аллоҳ дохил менамояд ӯро ба ҷаннат. Гуфт: гуфтем агар ду нафар шаҳодат диҳад? Фармуданд: ду нафар ҳам шаҳодат бидиҳад (дохили ҷаннат мегардад) пас аз он аз шаҳодати як нафар напурсидем”
Муҳаддисон дар шарҳи ин ду ҳадис мегуянд: Ин аҳодис далолат бар он мекунанд, ки агар мусалмонон тавсиф ба хайру некӣ намоянд ба мурдае пас ин далолат кунанда бар он мекунад, ки ӯ аз аҳли ҷаннат аст ва барояш ҷаннат воҷиб мегардад. Аммо, агар мусалмонон тавсиф намоянд бар мурдае бо бадӣ, далолат мекунад, ки ӯ аз аҳли ҷаҳаннам аст ва барояш ҷаҳаннам воҷиб мегардад. Аз Аллоҳ таманно менамоям ҳеҷ зиёӣ, олим, шоир ва афроди оддии ин миллатро ба чунин ҳолати хорӣ дар ниҳояти умр рӯ ба рӯ накунад. Омин.
Муҳаммадиқболи Садриддин