Чанд ҳикояти кӯтоҳе аз занони саҳоба (раз)

Ислоҳ нет

 

Зан ҳамчун мард як ҷузъи тафкикнопазир аз таърихи ислом аст. Занон бо тарбияти як насли мусалмон, риояти ҳол, ташвиқи  ҳамсарон ба пайкору ҷоннисорӣ, сабру бурдборӣ дар муқобили балоҳову бурҳонҳо, ҳузур дар ҷанг ба унвони обрасону  мададгор ва билохира ҳамли силоҳ ба вақти зарурат дар ин рӯйдодҳо душо душ ва ҳамқадам ҳамроҳи мардон ширкат менамуданд.

Занони муосир низ бояд дар адои вазоифи диниву инсонӣ дар канори мардон ширкат кунанд ва ҳамчун идеали худ чеҳраи воқеии як зани мусалмонро ба тасвир бикашанд.

Паёмбари акарам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)з ане аз қабилаи Бани Динорро дид, ки бародар, ҳамсар ва падараш дар мавриди расидани тири душман қарор гирифта буданд ва дар ҳоле, ки барои онҳо гиряву зорӣ мекард, гуфт: Ҳоли Паёмбар чӣ тавр аст? Гуфтанд: хуб аст, ба ҳамди Худо вазъияти Ӯ ончунон аст, ки ту дӯст дорӣ. Гуфт: Ӯро ба ман нишон диҳед, то бо чашмони худ бинам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро ба ӯ нишон доданд, зан  ба Ӯ ишора карду гуфт: дар сурати саломатии шумо ҳар мусибате  қобили  таҳаммул ё тоқатфарсо аст.

Ибни Исҳоқ ривоят мекунад: Сафия духтари Абдулмуталиб хост ба миёни шуҳадо биравад, то ҷанозаи бародари худ Ҳамзаро бо чашмони худ бинад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба писараш Зубайр ибни Аввом фармуд: Бирав модаратро баргардон, то ончиро, ки бар сари Ҳамза даровардаанд, набинад.Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) намехостанд хоҳараш Ҳамза (раз) ро дар чунин ҳолат бубинад. Ӯ ба модараш  гуфт, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) туро аз дидани ҷанозаи бародарат манъ кардааст. Сафия гуфт: ман медонам, ки бародарам кушта шудааст ва чӣ хушнуду хушҳолем, ки ӯ дар роҳи Худо шаҳид шудааст. Ғайр аз сабру бурдборӣ кори дигаре пеша намекунем. Зубайр пеши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) баргашт ва суханони модарашро барои Муҳаммдад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бозгӯкард. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) вақте аз ҳолати рӯҳӣ ва равонӣ ва иродаи қавии Сафия (раз) мутамин шуд, ба ӯ иҷоза дод, ки ҷанозаи Ҳамзаро бубинад, бинобар ин Сафия бар сари ҷанозаи бародараш ҳузур ёфт ва онро нигаристу бар он намоз хонд ва баъд аз бозгашт  гуфтанд (инна лиллаҳи ва инна илайҳи роҷиъун) барои ӯ талаби омӯрзиш намуданд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармон дод, ки ӯро ба хок супоранд.

Абдуллоҳ ибни Зайд мегӯяд: Дар ҷанги Уҳуд аз ноҳияи бозӯ сахт маҷрӯҳ шудам. Марди бузургҷусае  маро зад, ки аз назари ҳайкал ба дарахти хурмо мемонд ва баъд аз ин ки маро зад, барои ман арзише қоил нашуд ва даст аз сарам бардошт ва маро дар он ҳолат гузошт. Дар ҳоле, ки бар замин афтода будам, хун аз захмам мерехт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) тазаккур доданд,ки захмамро бибандам ва модарам, ки порчаҳое барои бастани захмҳо омода карда буд ба сӯйи ман  давид ва дар пеши чашми Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) захмамро баст ва сипас ба ман гуфт: Писарам! Бархез ва бо душманон мубориза кун! Паёмбар пеши худ мефармуд: «чӣ касе метавонад монанди ту бошад эй Умми Аммора!!»

Уммулмуъминин Оиша Сиддиқа (р) мефармояд: Худованд занони пешгоми муҳоҷирро бибахшояд, ки ба ҳангоми нузули ояти

  «جُیُوبِهِنَّ عَلَى بِخُمُرِهِنَّ وَلْیَضْرِبْنَ»

(Ва чорқад рӯсариҳои худро бар гардан ва гиребонҳояшон овезон кунанд, то гардану сина ва андомҳое, ки эҳтимолан аз лобалои чоки пероҳан намоён мешавад дар маърази диди мардони бегона  қарор нагиранд.) Порчаҳои  остини худро бурида, ба унвони рӯсарӣ бар гардани хеш фурӯандохтанд.

Сафия духтари Шайба ривоят мекунад: Мо дар маҷлисе дар хидмати уммулмуъминин Оишаи Сиддиқа (р) будем, ки перомуни фазлу имтиёзоти занони Қурайш баҳс мешуд. Уммулмуъминин Оиша (р) фармуд: Рост аст, ки занони Қурайш соҳиби фазлу имтиёзанд, аммо ба Худо савганд фазлу имтиёзе, ки дар тасдиқи китоби Худо ва имон ба ваҳй аз занони Ансор(аҳли Мадина) дидаам, дар ҳеҷ гурӯҳе аз занон надидаам. Вақте ки ин оят

 جُیُوبِهِنَّ عَلَى بِخُمُرِهِنَّ وَلْیَضْرِبْنَ  аз сураи Нур нозил шуда, мардоне дар хидмати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳузур доштанд, ин  фармони Илоҳиро ба иттилои занон, духтарон, хоҳарон ва хешовандони худ расониданд, ва он занон ба унвони тасдиқ ва имон ба каломи Худо сару гардани худро бо ҷомаҳояшон пӯшониданд ва бо пӯшиши исломӣ ва ҳассосияти имонӣ дунболи дастуроти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) афтоданд.

Дар яке аз ҷангҳо Муҳаммад ибни Маслама ҳамроҳи занон барои об овардан рафт, занони ҳамроҳи ӯ чаҳордаҳ тан буданд, ки Фотима (р) яке аз онҳо буд. Онҳо илова бар таҳияи об маводи хурокаро бар пуштҳои худ мебардоштанд ва ҳар маҷрӯҳеро медиданд, илова бар додани обу ғазо, захмашро мудово мекарданд. Умми Сулайм духтари Малҳон яке аз онҳо буд, ки ҳамроҳи Оиша (р) машкҳои об бар пушт бар ташнагон мерасониданд ва маҷрӯҳонро мудово мекарданд.

Дар яке аз ҷангҳо пас аз ақибнишинии мушрикон, занони саҳоба ҷиҳати кӯмак вориди майдон шуданд ва Фотима (р)  яке аз онҳо буд, ки ба маҳзи расидан ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Ӯро дар оғӯш гирифт ва захми падарашро мешуст ва захме, ки пай дар пай аз он хун  меомад, ӯ миқдоре ҳасири хурморо сӯзонда, бо доғ кардани захми ӯ хунро манъ намуд.

Умми Аммора мегӯяд: Ман дар Уҳуд дидам,ки канори Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) холӣ аст ва беш аз даҳ нафар бар даври Ӯ нестанд, дар ҳоле, ки мардум дар гирудори ҷанг фирор мекарданд. Ман ҳамроҳи ду фарзандам ва ҳамсарам аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳимоят мекардем. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) марди маҷрӯҳероо дид, ки сипаре дар даст дошт, ба ӯ гуфт: сипаратро ба касе бидеҳ, ки меҷангад. Ӯ сипарашро андохт ва ман бардоштам ва ба василаи он Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро ҳимоят кардам. Марде аз болои асб бо шамшер бар ман ҳамла кард ва бо сипари худ ҳамлаи ӯро дафъ намудам ва замоне, ки ба ақиб баргашт,пошнаи асбашро задам бар рӯйи пушт афтод. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фарзандамро садо кард ва ба ман ишора менамуд ва мегуфт: Модарат, модарат. Писарам омад ва маро ёрӣ дод, то ҳамлагарро аз пой даровардем……..

Бале хонандаи гиромӣ ин кучактарин намунаи боризӣ занони садри ислом,ки дар рикоби Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) қарор доштанд. Барои ҳимояти Ӯ омодаи додани ҳама ончӣ доштанд буданд.Имрӯзҳоҳам намунаи чунин занони ғаюр ва шуҷоъро уммати ислом ва миллати моҳам зиёд доранд.Агарчӣ аз худ ҳама вақт нишон намедиҳанд вале мутмаъин ҳастам,ки вуҷуди ин бонувони шуҷоъ буд ва ҳаст,ки уммат зинда ва то ҷоеҳам побарҷост.Аллоҳ сафи чунин занон ва бонувони моро бештар гардонад,то тавонанд лоақал аз худашон ва фармӯдаҳои Аллоҳ ва Паёмбари акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳифозат кунанд омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article