Чаро Э.Раҳмонов аз Ислом ва мусалмонон метарсад ?

Ислоҳ нет

На дар замони шӯравӣ ва на дар дарозои се даҳаи даврони истиқлол моҳи мубораки Рамазон ба ин андоза хору залил ва таҳқиру тавҳин нашуда буд, ки дар имсол шуд.

 Ин таҳқиру ин иҳонат ба ҳаққи ин моҳи мубораки мусалмононро касе ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон накард. Вай бо тамоми қудрате, ки дошт саъй кард дар азамат, шаҳомат, шукуҳу ҷалол ва рабонияту қудсияти ин моҳи муборак даст андозад. Афзун бар ин шоми рамазонии даҳҳо ва шояд ҳам садҳо хонаводаи мумини мусулмони тоҷикро заҳри баданашон гардонд.

    Дар оғози ин моҳи муборак дар Хуҷанд ҷамъомадҳои пурҷамъияти пурхарҷу масраферо бо баҳонаи таҷлил аз Наврӯз ташкил карда ва ошкоро нишон дод, ки бо дини муқаддаси ин мардум камтарин эҳтирому эътибор қоил нест. Дар ин моҳе, ки фарзи асосии он қатъи хӯрдану ошомидан дар рӯз аст, дар васати рӯз дастурхони идона андохта тасбит кард, ки бар ин яке аз панҷ асосу бинои мусалмонӣ пойбанд нест ва бо забону даҳони пур аз арақу шароб, ки калимотро дурусту пурра талаффуз карда наметавонист, ташвиқи рузахорӣ кард. Ин рафтори ғайриахлоқӣ аз ҷониби Котибони СК Компартияи СССР, ки ошкоро сиёсати лохудоӣ доштанд, ба вуқуъ напайваста буд, ки биёянду дар моҳи Рамазон анҷумани базму танс барпо кунанду арақ коняк зананду дар малаи омм мастиву пастӣ кунанд.

“Мардуми мусалмони тоҷик чи дар дохил ва чи дар хориҷ ин ҳама ҳолати ғайримаъмулӣ ва ғайриодиро шоҳид мешуду ангушти ҳайрат мегазид, ки ин пирамарди хирасари бетавфиқ чаро рӯзторӯз ба хориву зиллати ислому аркони он саъй меварзад, чаро беш аз пеш худозадатар мешавад? Ин ҳама танаффуру тааффун дар даруни ӯ бар зидди ислому мусалмонӣ аз куҷо аст? Магар дар раҳми номусалмоне ва аз нутфаи насорое рӯйидааст?”

Ҳатто ҷоиз надонист, ки паёми бахшида ба иди Рамазонро худаш қироат кунад.

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар саффи аввали намозгузорони иди сайиди Фтир намоз хонд. Ин намози пуршукуҳу пурҷамъият солҳост, ки дар майдони саҳни қасри Раёсати ҷумҳурии Қирғизистон доир мешавад.

Тамоми руасои ҷамоҳири кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида ба ин иди бузурги мусулмонон, ҳамчун як раҳбари халқи мусулмон фармони афви ҳазорон тан аз зиндониҳои худро содир карда садҳо хонаводаро ғарқи шодиву сурур карданд ва, албатта, ки рисолати бандагии худ дар назди Холиқи якторо баҷо оварданд.

Аммо ин калағафси шикамдамидаи гарданкулуфт бо инки пиртарин раиси ҷумҳурӣ дар ин қора, балки дар тамоми дунёст як пояш ба лаби гӯр расидааст ва бо онки беш аз сӣ сол аз замони риёсаташ мегузарад, як маврид, ҳатто, такрор мекунам як мавриде набудааст, бахшида ба ин иди бузург, ки дар Тоҷикистон бо шарофат ва пофишории қозии пешини мусалмононии Тоҷикистон устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода иди давлатӣ эътироф гардид, фармони афв ва ё бахшиш имзо карда бошад. Баракс. Дар ин моҳи муборак имсол ҳам даҳҳо тан аз уламо ва руҳониён ва муллову муллобчаҳоро бо иттиҳомоти дурӯғиву сохта боздошту таъқиб ва равонаи зиндон кард.

Имоми масҷид, мулло Абдуҳаннонро барои онки навори ташкилоти мамнуъ тамошо кардааст, барои онки мисли салафиҳо намоз мехондааст, барои онки ба бародарзодааш гуфтааст, ки дар маросими хурсандиат эътидолро муроот кун ба 6 сол зиндон маҳкум кард, бидуни онки як зарра раҳму шафқате бар фарзанду бар оилаи ин ҷавонмарди 56 сола дошта бошад. Ҳоло ин бародарзодаи ин имом чи ҳолу рӯзе дошта бошад? Вай бар инки барои зангирии ӯ шуда амакбачаҳояш зиндасағир ва бесаробон монданд, розӣ бошад? Вай аз ин гуна оиладоршавӣ, ки боис шуд зани амакаш, фарзандони амакаш гирифтори як чунин мусибат шуданд, дар хиҷолат нест? Онҳое, ки ҳукми ин мардро содир карданд ба ин тарафи масъала ҳам меандишида бошанд, ки дар даруни як хонавода чи нифоқу чи душмание афканданд?

Охир, ин чи кору кирдоре аст ки давлат дорад анҷом медиҳад? Нафар ва намози вай ба Эмомалӣ Раҳмонов чи дахл дорад? Агар Эмомалӣ Раҳмонов ин қадар мухлису шефтаи мазҳаб аст, хуб, бигзор ҳанафӣ, чаро худаш рӯза намегирад, намоз намехонад? Ин нафар салафӣ аст, он нафар шиа аст, нафари дигар намедонам, боз ба кадом равияе дигар гаравидааст. Хуб, ки чӣ? Кори ту чӣ? Бовар кунед, ин ҳама иттиҳому гунаҳкорсозиҳо барои инки салафӣ шуд ва ё таҳрирӣ шуд ва ё чизе дигар, дурӯғи маҳз ва як баҳонае барои аз реша ва бунёд хушку нест кардани дини мубини ислом аст. Ҳоло агар ними халқи тоҷик пайрави Абдуқодири Талбак шавад, ними дигараш насорову бабтист шавад, кор надорад. Мушкили ӯ ислом аст. Дар моҳи мубораки рамазон дар Хуҷанд ончунон арақ задааст, ки намедонад чиҳо мегуяд? Боз ҳам мегӯям, ки Раҳмонов агар тамоми мардуми тоҷик динашро бо зардуштӣ ва насронӣ иваз кунад, ҳеҷ муқобилият нишон нахоҳад дод. Махсусан агар ҳама бархезаду гӯяд, ки мо ҳамагӣ аз дин (наузубиллаҳ) хориҷ шудем ва атеист шудем, мисли худи шумо “Ҷаноби олӣ” ва мисли СС.Ятимов,аз хурсандӣ бол мебарорад. Вагарна чаро нукарону чокарони погондораш ба макотиб ва муассисоти таълимӣ омада дар ин моҳи муборак хонандаҳоро суолҳое медиҳанд, ки то ба имрӯз ва дар 70 соли шӯравӣ ҳам касе напурсида буд.

Милиса мактаб медарояду мепурсад, ки кӣ сура аз ёд медонад? Ва, сипас мераванду меёбанд ва ҳамин тариқ нафари сураро ёд дода ҷарима мешавад, ки ба кудакони хурдсол «Қоидаи бағдодӣ» сабақ додааст.

Амният мактаб медарояду аз талабаҳо мепурсад, ки кӣ ҳуруфи арабӣ медонад? Падару модарони онҳоеро, ки доска баромаданду бо ин ҳарф навиштанду хонданд рӯихат карда мебаранду ҷарима мекунанд. Ва, ин ҳама корҳои зишту палид дар моҳи мубораки Рамазон ва дар як давлате,ки 99% мардумаш мусулмон ва раиси ҷумҳуриаш борҳо зиёрати хонаи худо кардааст ва дар шумори 500 мусулмони бонуфӯз ҷой дорад.

Шабакаҳои тамоми дунё аз CNN, BBC, ORT, Евронюс гирифта то каналҳои кишварҳои мусулмониву ғайримусулмонӣ роҷеъ ба иди саиди Фитр мегуянд, барнома месозанд, хабар медиҳанд, аммо дар Тоҷикистон инъикоси ин рухдод табу ва мамнуъ аст. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ ҳатто дар барномаи «Ахбор»-и ҳеҷ яке аз шабакаҳои телевизиони  Тоҷикистон ним дақиқа ҳам аз маросими баргузории иди саиди Фитр наворе нишон дода нашуд. Солҳои гузашта аз ҷараёни ин ид ва ҳам аз рафти иди Қурбон шабакаҳои телевизионӣ барнома нашр мекарданд ва аз ҷараёни намози ид дар масҷиди марказӣ хабар медоданд. Маҳмадсайид Убайдуллоев, раиси Душанбе дар ин намозҳо иштирок мекарду намоз мехонду суханронӣ мекарду мардумро бо ид табрик мекард. Аммо аз рӯзе, ки Рустами Эмомалӣ, раиси пойтахт аст як маротиба ҳам дар ин намозҳо ширкат накардааст, чи расад ба онки дар қатори мардум биистаду сар ба саҷда бигзорад. Чунки ин оила, аз падари мунофиқаш гирифта то дигару дигараш бо ислому муслимин мушкил доранд. Аммо дар телевизионҳои Тоҷикистон роҷеъ ба ислому мусулмонӣ барнома чи кӣ ҳатто ҳарфе ба забон оварда намешавад. Фақат таблиғу рекломи «Мармарӣ», «Ёвар», «Авесто-групп», «Душанбе-сити», «Сиёма», «Сифат-фарма», «Спитаменбанк», «Ориёнбанк» ва амсоли инҳо, ки ба Рустами Эмомаливу хоҳарону язнаҳои вай мутааллиқанд.

Дастандаркорони сиёсатҳои ин «фарзонафарзанд» ва «ин давлатро ниҳодина карда» ба ҳадде бо муллову домуллову рамазону масҷиду меҳробу худову расулаш душманӣ ва нафрату кина меварзанд, ки муллоҳоро водор карданд, ки дасти шикасти харбути  Ленинро тармим кунанд, ба консерти Юлдуз билет харанд.

Чаро бонги азон дар Тошканд, Астана, Ашхобод, Бишкек баланд асту дар Душанбеву Хуҷанду Кулоб Бохтар аз он метарсанд? Бале, ин Раҳмонов аст ки аз азон мутанаффир аст.

Чаро фарзанди тоҷик ислом наомузад? Магар тоҷик мусулмон нест? Фарзанди мусулмони тоҷик дар куҷо ислом биомӯзад? Дар тамоми қаламрави кишвар танҳо як Донишгоҳи исломӣ аст, ки онро ҳам қозии пешини мусулмонони Тоҷикистон ташкил карда буд. Вале кудаку навраси ба балоғатрасидаи тоҷик дар куҷо аз дину мазҳабаш биомӯзад? Ҳоло ҳамон донишгоҳи исломиро он чунон дар зовия ва камранг намудаанд,ки ҳеҷ касе намехоҳад онҷо таҳсил кунад. Охир таҳсил кунад чӣ омӯзад ва пас аз он чикор кунад?

“Ин қадар нафрат ба ислом чаро? Магар падару модари Раҳмонов мусалмон нестанд? Зиёрати амокини муқаддас ва иҷрои маносики ҳаҷ барои чӣ буд? Мунофиқ ва риёкор азобаш дар он дунё сахти сахт асту “ фи дарки асфали минаннор “ аст.”

Ман, мо ва шумо муваззафем, фарзи гарданамон аст ки ба фарзандамон обдасту намоз биомӯзем, таълими ҳадди ақали исломӣ бидиҳем, аркони исломро ёд бидиҳем, аммо Раҳмонов қонун баровардааст, ки ҳақ надорем фарзанди то 18-солаамонро сабақ бидиҳем. Ва, агар қапид, моро ҷарима мекунанд, ба зиндон меандозанд. Барои онки мо ба фарзанди худ фароизи динияшро омӯзонидаем. Бидуни шак, ҳар кадоме аз мо, ки ҳамин гуна дар хонаҳоямон, назди падару модар ва ё як одами чашми хатту савод дошта омӯзиш дидаем, мехоҳем, ки фарзанду кудаки мо «бехабар» ва «ношунида» ба воя нарасад, ин фақат Раҳмонов, ин фақат Ятимов аст ки намегузоранд ва намехоҳанд насли ояндаи миллат аз дину оини худ бохабар бошад.

Аммо савол ин аст ки чаро бояд ончиро ки ҳамин ду .се нафар, хуб бигзор сад ё ҳазор нафар намехоҳад, тамоми миллат бихоҳад? Ва инҳо ҳам барои онки сари қудратанд, чунин шудаанд, вагарна агар беқудрат бошанд, ку ҷуръат ва ҷасорат кунанд, ки як навраси 15-16-17соларо аз масҷид берун кунанд? Мехоҳанд тамоми миллатро мисли худ худонобовар ва бедину беимон кунанд.Мехоҳанд мағзҳои фарзадони мусулмонҳоро аз кудакӣ дар руҳияи бединӣ ва худоношиносӣ ва дур шудан аз ислом ва беномусӣ тарбият кунанд. Қасдашон ин аст, ки фарзандони мардуми мусалмон даҳрӣ ва худобехабар бузург шаванд.

Аммо яқин донеду огоҳ бошед,ки ин кор шуданӣ нест!

Аммо вақте зӯрашон меояд ба суроғи масҷид мераванд. Обуна, кумак ба қисмҳои ҳарбӣ, кумак ба даъвати аскарӣ. Барқи масҷидро, оби масҷидро, дари масҷидро мебанданд ва ҳатто «грузит» мекуннад, ки ё ду сарбоз ёфта медиҳед ва ё 10.000 сомонӣ медиҳед, вагарна намоз намехонед. Ин корро дар тамоми масҷидҳои кишвар анҷом медиҳанд. Ҳатто намозгузоронро дар ин моҳи муборак аз масҷид берун карданд, то таровеҳ нахонанд. Ин чи рӯзи сиёҳест, ки болои ин миллат омадааст?

 ” Э, агар ту роҳбар ва ту давлат бошӣ, кори мекардагӣ зиёд дорӣ? Охир ҳукумат чи кор дорад, ки туйи ман ва ҷияни ман чи гуна мегузарад? Шаҳрванде агар дар туи худаш ва ё фарзанди бародараш арақ диҳад, раққоса оварад, Парда Қосиму Зикриаллоҳро овараду пулро дарза дарза дар сари онҳо бичошад,қабул вале онки табъи дили худаш баргузор кунад ва бо шево шакли дилхоҳаш ба ҳукумат намефоридааст. Аз тӯи шаҳрванд,ки бо арақ мегузарад,бо андарзу насиҳат мегузарад, бо раққоса ва ё бераққоса мегузарад, чи гармуиву чи сардӣ ба ҳукумат, куҷои ин кор амали ифротгароиву террористӣ аст?”

Бубинед, ки дар ҷавоб ба Нозила Қонеъ ,гузоришгари вежаи СММ дар умури озодии дин ва эътиқод, ки чанд рӯзи пеш аз сафари Душанбе баргашт чи чизҳое, ки нагуфтаанд: “дар робита ба манъи ба масҷид рафтани ҷавонони то синни 18 мақомоти тоҷик гуфтанд, ки дар сурати ба масҷид рафтан, онҳо аз таҳсил канор мемонанд, оид ба Қонуни танзим мегуфтанд, ки он барои сарфакорӣ ҷорӣ шудааст ё оид ба манъи ибодати занон дар масоҷид мегуфтанд, ки ин хилофи мазҳаби Ҳанафӣ аст.” Ин гузоришгари СММ дар идомаи суҳбаташ бо хабарнигорон гуфтааст,ки «Мо ба зиндоне, ки дар шаҳри Ваҳдат аст, рафтем. Онҷо барои 1500 нафар 13 масҷид дорад. Ба маҳбасон мамнуъ буд, ки ба дигар ҷой рафта ибодат кунанд, яъне онҳо танҳо бояд дар масҷид ибодат кунанд. Агар онҳо дар ҷои дигар ибодат кунанд ба муддати аз 10 то 15 рӯз ҷазо мегиранд».

Ислом бо Раҳмонов чи кор кардааст? Чаро Раҳмонов ин қадар нафрат дорад. Ҳей тамом намшавад, тамом намекунад, беш аз пеш «абарот» мегирад. То 18 солаҳоро намонд. Диску наворҳоро ҷамъ кард. Руҳониҳои бонуфузро халъи минбар сохт. Сатру ҳиҷобро кашид, масоҷиди зиёдеро баст, толибилмонро аз хориҷа овард, китобҳоро барчид, таълимро манъ кард, хуб чи оидаш шуд? Чаро ин гуна мавзеъ мегирад: зидди ислом. Мавъизаи имомхатибҳоро атеистони пешин менависанд. Хуб, билфарзе муваффақ шуду ҳамаро номусалмон кард, ки ин аслан шуданӣ несту нахоҳад шуд, барфарзе шуд, пас чи фоида барои Раҳмонов? Узбек, мусалмон, қирғиз мусалмон, қазоқ мусалмон, туркман мусалмон, афғон мусалмон, чаро дар ин васат тоҷикҳо бояд даст аз мусалмонӣ бардоранд? Фақат тоҷикҳои номусалмон шаванд дар васати ин ҳама мусалмон чи хоҳанд шуд? «Комиссия» карда дар мактабҳо гардонида истодааст, рейдҳо гузаронида истодааст ва хонандаҳоро «имтиҳон» карда истодааст, ки «Ҳафтяк», «Чоркитоб», «Фарзи ъайн» ва «Қоидаи бағдодӣ»-ву «Қуръон» мехонанд ё не. Агар,ки хонанд пас онҳо террористони оянда мешаванд. Онҳоро бояд муҷозот кард ва аз ҳоло пеши роҳашонро гирифт.

Магар бо хонадани ин китобҳо нафар террорист мешавад? Танҳо онҳое ҳақи таълим додан доранд, ки иҷозат дошта бошанд. Иҷозатро кӣ медиҳад? Маълум нест. Магар таълимгоҳе барои то 18-солаҳо вуҷуд дорад? Дин магар ҳарими хусусӣ ва ҳуқуқии фитрии инсонҳо нест. Дар Қонуни асосӣ, ки омӯхтан мамнуъ нашудааст. Пас, садҳо ҳазор нафар аз кудаку навраси тоҷик чи кор бикунад? Чаро кушоду равшан ва ошкоро ва якбор ва барои ҳамеша (албтта то замоне ҳастед) намегуед, ки давлат зидди дин мебошад ва он ҳам танҳо дини ислом ва таҳсили улуми исломӣ қатаған аст. Шумо ин мардумро то он замоне, ки ҳастед бо истифода аз зӯр талош мекунед, ки аз дин дур созед. Аммо шумо, ки то рӯзи қиёмат нестед. Ин кори шуморо Ленину Сталин ҳам карданд. Вале ҳамин, ки мурдеду ҷасадҳои палидатонро ба хок супориданду нафрин бар шумо паё пай хоҳад шуду садои такбир ва Аллоҳу Акбар ва ло илоҳа илаллоҳ дар масоҷиди кишварамон баланд мешавад. Наметавонед, ки исломро нобуд кунед ва аз қалбу руҳи мардум берун созед. Агар дар ҳар масҷид сад ас-асу, сад буз бигзоред ҳам баҳсу муноқишаатон бо ислом самар нахоҳад дод. Чун ислом ҲНИТ нест, ки бибандеду зиндонӣ кунеду овораву дарбадар созед.

“Агарчи комунистон бо истилояшон ба осиёи миёна моро аз хатти форсӣ, ва китобу мактабу мадрасаамон маҳрум карданду ҷоигузини расмулхатти форсӣ хати криликиро гузоштанд. Бар замми ин ҳама русҳо комилан натавониста буданд ин мардумро бе дину бе ҳуввияти комил карда бошанд. Аммо бо таъассуфи хело шадид Раҳмонов дар ин се даҳа истилои ҳафтоду чандсолаи русҳоро гузашту рафт. Бадбахтона ончи ба мерос гузоштанд русҳои аҷнабӣ Раҳмонов содиқона он ҳамаро ҳифз ва ҳатто аз русҳо бо ин мардум бархурди хашинтаре карду карда истодааст.”

Аммо воқеият ин аст ки мушкили Раҳмонов ва дору дастааш бо мо-мардуми мусалмони Тоҷикистон хотима намеёбад. Чун мушкили инҳо хеле ҷиддӣ аст ва роҳи ҳал надорад. Инҳо бо руҳи мардум, бо бовару эътиқод, бо дину мазҳаб, бо муқаддасоти мо мушкил доранд. Ҳақиқати талх ва воқеияти инкорнопазир ин аст ки инҳо дигаранду мардум ва миллат дигар аст. Инҳо фарқ доранд бо мо.

  “Дар ҳақиқат мушкили инҳо манам, Кабирӣ аст, ҲНИТ аст. Чун мо дигар ҳастему инҳо дигар ҳастанд. Барои он мушкилашон тамом намешавад, ки тафовутамон амиқ, хеле ҳам амиқ ва жарф аст. Онҳо дунёро фақат бо хӯрдану хуфтан задану бурдан мешиносанд. Хуб хуранд, хуб пушанд, хуб хобанд, хуб зоянд. Эътиқод надоранд, имон надоранд, нобоваранд. Баракс ончиро ки мо мегуем, ки бовар дорем, ҳаст, вуҷуд дорад, ҳисобу китоб мекунад, болои китфонамон   малоикаш кироман котибин қарор доранд. Аммо Раҳмонов ва командаи мамқурташ  ин ҳамаро хиёл, таваҳҳум, ғайриреалӣ мегуянд.”

Ин тафовут ва ин фарқият бисёр ҳам ҷиддӣ аст. Аммо мушкил фақат ин нест, ки тафовут дорем. Мушкил инҷост ки инҳо мехоҳанд ҳамин тафовут аз байн биравад. Ва халоиқ мисли онҳо, шабеҳи онҳо, монанди онҳо бе Худо ва мамқурт бишавад. Онҳо мехоҳанд, ки ҳамаамон аз динамон даст бикашем, эълон кунем, ки мо ҳам мисли шумо шудаем, айни шумоем. Худонобовар, исломбадбин. Инҳо ҳаминро мехоҳанд. Аз инҷост ки мегӯем мушкил бузург ва ҳалношавнда аст ва то даме Раҳмонову одамонаш ҳастанд мо ду тарафем. Инҳо як тарафанд, мо як  тарафи дигар. Ончиро ки мехоҳанд, ошкоро гуфта наметавонанд, ҷуръати гуфтани онро надоранд. Вале аломат медиҳанд, ишораҳо мекунанд, ба мисли онки дар моҳи барои мо мусулмонҳо мубораки Рамазон арақ мехуранду ошкоро динамонро таҳқир мекунанд. Ва нафаре мисли Сайидмакаронро раиси Шӯрои уламо мемонанд, ки намедонад намози Иди Рамазонро дар куҷо бихонад?

Аммо боварам кунед дар аврупои масеҳӣ моҳи рамазон бо чунон шукуҳу шаҳомат сипарӣ гашт,ки ҳазорон маротиба аз Тоҷикистони 99% мардуми мусалмондор беҳтару бо шаҳомат тар. Тули моҳ ҳама масоҷид дар шабу рӯзаш пур аз намозгузор, ифторҳои ҷамоъӣ,ки ҳазорҳо рӯзадор дар он ифторҳо аз тарафи ҳар шахсе имкони баргузории ифтор бар рӯза доронро дошт анҷом пазируфту сурат гирифт. Ҳеҷ танзиме, ҳеҷ Сулаймон Давлатови фориғутаҳсили донишгоҳҳои Покистону Саъудӣ шудае душмани ашадди бар ин динро надидему ҳеҷ масҷидеро таҳдид барои бастан накарданд. Намози идро бо ончунон шукуҳу шаҳомат баргузор карданд дар ҳар масоҷид ва ҳатто стадионҳоро дар ихтиёри намозгузорони мусалмон гузоштанд ва як пулисро ҳам надидем,ки назорат баранд,ки бе тартибие мешавад гуянд. Садҳо шабакаҳои телевизиониро дидем ,ки аз рафти намози ид гузоришҳо омода менамуданду 24 соат ба намоиш мегузоштанд,ки бубинед мусалмонон чи гуна намози идашонро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мекунанд. Табрикоти раисҷуҳурони кишварҳои аврупоӣ бахшида ба иди саъиди фитр аз шабакаҳои дохилӣ ва ба самъи намозгузорон расонида мешуд. Аммо дар Тоҷикистон чӣ ? Ончи дар боло гуфтам ҳамон. Иллаташ чӣ будааст ? Ягона мардуме диктаторонро метавонанд бо истодагарияшон сарнагун намоянд мусалмонони истодагар ва тоқат накунанда бар зулму шайтанати ин диктаторони қотил. Ин ҳама талошҳои Раҳмонов барои камранг намудани ислом ва уламои ислом бо шаъоири ин дин ин тарсу ҳаросаш аз ин дин аст. Аммо фаромӯш набояд кунад Раҳмонов,ки аз ончи тарсиди заволат ва сарнагуният дақиқан аз он самт аст ин шо Аллоҳ!

Share This Article