Чаро Бародарони собиқ раиси ЗАГСи Ёвон одам куштанд дар озодиянд, ман барои як лайк 15 сол зиндонӣ шавам ?
Бахтиёр Қурбонов истиқоматкунандаи деҳаи Фурқат-2-и ҷамоати Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон мебошад. Бахтиёр Қурбонов бо бародаронаш болои сокинони Ёвон зулм карда истодааст. Алалхусус бародаронаш.
Шумо, дар барномаҳои пешинаатон як чанд бор дар бораи Бахтиёр Қурбонов гуфта будед. Панҷ солаш буд шуд ва ӯро аз Қубодиён сур карданд. Аммо боз дар инҷо давом дода истодааст. Ҳоло даводав дорад, ки дар Душанбе вазифа бигирад. Бахтиёр Қурбонов пеш дар идораи ЗАГС кор мекард, аммо беҳад нафсаш калон буд. Барои як бланкаи шаҳодатнома то 500 сомонӣ мегирифт. Барои иваз кардани як шиноснома, масалан паспорти загран аз 6000 то 8000 сомонӣ талаб мекард. Ман шоҳид ҳастам, ки аз Амон Азизов 6000 сомонӣ, аз Дӯст Давлатов 7000, ки бо Бахтиёр Қурбонов аз як деҳаанд гирифт. Як вақт Бахтиёрро Ҷаббори корманди коррупсяи дастгир мекунад. Бахтиёр Қурбонов 30.000 ҳазор доллар дода халос мешавад. Падари Бахтиёр Қурбонов зани якумашро бо як муаллим меқапад, талоқ дода зани дуввум мегирад. Як бародари Бахтиёр набераи зани дуввуми падарашро, ки мактабхон буд таҷовуз кард. Пеши он духтар бисёр рафта ғам медодааст. Духтар аз ҷонаш сер мешавад ва меравад ба мақомот хабар медиҳад. Дело мекушоянд. Кашокаш зиёд мешавад. Бахтиёр Қурбонов он замон дар Қубодиён кор мекард. Ҳодисаро мефаҳмад ва меояд ба модари духтар 50 ҳазор сомонӣ медиҳад ва мегӯяд инро гир, мо дар фикрат ҳастем, Аризаатро пас гир. Мо духтаратро келин мекунем. Модарро розӣ мекунад. Духтар мактабхон буд. Нагирифтанд, келин накарданд. Охир духтар бераҳа шуда рафт, ҳозир дар Ёвон ҳама медонанд он духтарро. Аммо бародарашро гурезонда Русия равон карду кор тенҷ шуда рафт ва бе ҷазо боқӣ монд, адолат дар куҷост?.
Ҳодисаи қатле бе ҷазо дар Ёвон
Дар як ҳодисае бародарони Бахтиёр Қурбонов кормандони уголовний розиски Душанберо шатташап мекунанд.
Бахтиёр Қурбонов чаҳор додар дошт. Якеаш чашм аз олам фуру баст. Се бародари дигараш Фирӯз,Наврӯз ва Реҷ ҳастанд. Фирӯз дар шуъбаи милисаи Ёвон кор мекард. Ронданаш Наврӯз рӯзи 24уми июли соли ҷорӣ пистачинӣ бо трактори Бахтиёри акааш меравад, бидуни ягон ҳуҷҷат сари рули трактор мешинад. Вақти рафтан чаҳор нафар буданд: Наврӯз Қурбонов, Раҳмон Шукуров, Далери ҷияни Одил, Далер Қаюмов. Аммо чи коре мешавад, ки дар пистачинӣ Далер Қаюмвро мекушад. Аммо мегуянд,ки Далер дар сари рул буд. Аз идораи трактор баромада натавониста худро аз кабина ҳаво медиҳад. Сараш дар санг мезанаду аз дунё мегузарад. Вале савол ин аст ки чаро сараш докапеч неву миёнаш шикаставу кутанаш баромада, тамоми устухонҳои баданаш шикаста буд?.Аммо он боқии се нафар ягонҷояшон ҳатто лат нахурдааст, ягон ҷояшон захмӣ нашудааст, дар деҳа гашта истодаанд. Ягон корманди мақомот дар Ёвон намегуяд, ки одам кушта шудааст. Бахтиёр Қурбонов суми калон дода делоро хобонд. Бубинед, ки одам то ин дараҷа беинсоф мешавад. Вақте ҳамин ҳодиса рух медиҳад, Наврӯз ба Бахтиёр занг зада ҳодисаро нақл мекунад. Фирӯз хапу дам меравад мурдаро меорад ба пункти тиббии деҳа. Либосҳои пури хуни ӯро бадар мекунанд бо Сергей, духтури деҳа ва либосҳои нав мепушонад. Ва,ба беморхонаи ноҳия мебаранд. Аммо дар ҳамон ҷойи ҳодиса гузашта буд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки Наврӯз Қурбонов маст ва дар ҳолати мастӣ тракторро болои Далер Қаюмов меронад. Аз траси ин кор ҳушёр мешавад. Бо доду гиря ба Фирӯз Қурбонови бародараш занг зада ҳодисаро мегуяд. Фирӯз телефонро хомӯш мекунад. Ба бародараш Бахтиёр тамос мегирад. Бахтиёр бо садои ваҳшатнок мегуяд, ки «шумо малишҳо дар ҷони ман задед.Аз рӯи шумо маро аз Қубодиён сур карданд, шумо коре мекунеду миёни маро мешиканед.Пас ба Фирӯз мегуяд раведу хапу дам биёред, касе дарак набарад.”
Ҳамкории табибон бо қотил
Духтури деҳа аввал ба кала намегирад. Аммо маслиҳат медиҳад, ки либоҳояшро покиза то таҳпушаш бадар кунед. Ба беморхонаи ноҳия аз дари қафо медароранд ҷасадро. Бо сардухтури ноҳия бар ивази маблағи калон гапзанон мекунад. «Чи қадар сум лозим бошад ман медиҳам,коре кунем,кибародарам ҳабс нашавад.»
Баъди онки шумо дар Ислоҳ гуфта будед чанд сол мешуд, ки дигар аз кор берунаш карда буданд. Душанбе рафта 450 ҳазор сомонӣ дода вазифаи ҷониши раиси ЗАГС ро харид. Вой ба ҳоли он мардум,ки чи мусибатҳо бар сари онҳо оварда бошад ин дузду қаллобу кисабур.
“Ба хонаи Далер Қаюмов занг зада мегуяд, ки писаратон аз уҳдаи идораи трактор набаромад, худашро ҳаво дод, сараш дар санг зад. Соҳибони мурда як каме баҳсу даъво мекунанд. Аммо зурашон ба Бахтиёр Қурбонов намерасад, чунки вай сум дорад. Қонуни Тоҷикистон ба онҳо дахл надорад, кормандони Ёвонро бо сум мехарад.”
Баъд ҳамдардии маро қабул кун гуфта тилфонашро хомӯш мекунад ва мурдаро аз район роҳӣ мекунад. Ҳатто хонаи мурдадор наомад. Бахтиёр Қурбонов пеш раиси ЗАГС-и ноҳия ва одами сахт сумдор буд. Дар даруни ҳавлиаш 6 мошини хориҷии ҳар кадоме аз садҳазор сомонӣ гаронтар дошт. Як дача дар рӯ ба рӯйи беморхонаи Ёвон, ду квартира дар Ёвон, як хона дар Душанбе, дар деҳа се -чор замини барои сохтмони хона, як боғ дар 3 гектар дорад. Чанде пеш ният дошт дар ҷойи боғ ферма бисозад. Аммо аз кор сур карданд вале чи хеле гуфтем Душанбе рафту дуюми ЗАГС шуду омад. Вақте мурдаи Далерро оварданд шинохта намешуд. Баъди як соат зуд ҷанозаашро ба хок супориданд. Дар ҷаноза на Бахтиёр, на бародарҳо ва на падарш ширкат карданд. Ҳоло агар ман дар ягон матлабе лайк монам 15 сол мешинам аммо инҷо одамро рӯирост куштанд, касе ҷавобгар нашуд. Одамро мекушад, дар озодӣ гаштаст. Чаҳор кудакаш ятим монд. Аммо боз Наврӯз дар як шабнишинӣ маст шуда ҳолатро нақл кардааст, ки чи тавр маст буду боли вай тракторро ронд. « фалон кунум занша мурду рафту аммо суми ду хона дар Душанбе парид, то ҳол кам-кам фарёд доранд. Боз гуфтааст, ки фалонама мехуранд, ҳамааш пул мегуяд, бародарам ҳал мекунад. То вақте акаам Бахтиёр зинда бошад касе ба мо коре карда наметавонад”.
Каме аз оилаи ин қотилони бе ҷазо монда мегӯем
Падару модари Бахтиёр Қурбонов пеш аз ҷанги шаҳрванди муаллим буданд. Модари Бахтиёр бо муаллим Ҷурабек соз мешаванду чанд вақт майишат мекунанд. Муаллимҳои дигар насиҳат мекуннад,ки айбу гуноҳ аст.Аммо аз роҳашон намегарданд. Як вақт ҳардуяшонро лублучи модарзод муаллим Қурбоналӣ Шодиев дида дар тамоми деҳа овоза мекунад. Падари Бахтиёр меравад аз ноҳияи Ҷомӣ як занро бо ду кудакаш мегирад ва то ҳол бо он зинагӣ дорад. Аз ин зан се фарзанд дорад. Зани якумашро сари зино қапид вале сар надод. Бахтиёр падарашро соли 2017 ҳаҷ фиристод. Вақте омад мардум пурсиданд, ки чи хел будаст гуфт,ки ҳеҷ ҷои соз набудаст. Вале гуфтааст, ки вақте даруни хона шудем занҳо фақат тарафи ман нигоҳ мекарданд.Мегуянд,ки чаро? Мегуяд,ки ман зебо ва баъзе суханони аз доираи ахлоқ берун. Баъзеҳо хандид баъзеи дигарро сахт қаҳр кард ва якеаш гуфт, ки агар ту зебою зур мешудӣ занат ба ту хиёнат намекард.
“Бародарзодаи ман ҷавони 23 сола барои як лайк ба 12 сол ҳукм гирифт ва панҷ нафар ҳамдеҳаи дигарамон барои лайк ба солҳои гуногӯн ҷазо гирифтанд.Аммо чаро ин қотилон ва таҷовузгарон дар озодиянд? Волоияти қонун ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди “пешво” ҳамин аст магар?”
Ноҳияи Ёвон ва А.Ҷомӣ бадтарин роҳҳоро доранд
Аз он рӯзе,ки корхонаи истеҳсолии «Моҳир-семент» дар ноҳияи мо ба кор шуруъ кард, роҳҳои Ёвонро худо зад. Роҳ аз тарафи Душанбе ва Абдураҳмони Ҷомӣ якнима ва каҷу килебу пур аз «горможка» шуд. Ронандаҳои мошинҳои сабукрав, таксистҳо тамоман безор шудаанд. Дар як моҳ таксистҳо барои мошинҳояшон ба камиаш 1500 -2000 сомонӣ хароҷот мекунанд. Ин ду ноҳия Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ роҳи ҳалол надоранд. Солҳои 2010-2012 пули даруни Ёвон бар асари сел чапа шуд барои барқарории он ҳафт-ҳашт сол рафт. Ду сол пеш дар ПМК-и Ҷомӣ сел омад. Дар телевизион ва радиои «Озодӣ» дар ин бора муфассал гуфтанд. Хонаҳо хароб шуданд. Бовар кунед, ягон хонаро ҳукумат дуруст накард. Фақат аз бари болои канал замин дод. Халқ худаш хонаву дарашро рост кард. Боз инҳо изо нокашида мегуянд, ки ҳукумат ёрдам кард. Халқро маҷбур карданд, ки дар назди камераҳо истода таърифу тавсиф кунанд, ки Ҷаноби олӣ ёрӣ дод. Хок ёрӣ накардааст. Каму беш соҳибкорҳо ёрӣ карданд. Халқи ин ду ноҳия як пулро, ки чапа шуда буд оҳист-оҳиста рост карданӣ мешаванд, аммо ҳар сол боз сел як қисмати онро шуста мебарад. Ҳоло комилан шусту рӯфту бурд. Чор панҷ сол меоянду нимсоз мекарданду пули зиёдеро аз бюҷет мегирифтанд боз баҳор сел шуста мебарад. Аммо имсол аз беху решааш канду бурд. Якҷо бо роҳ. Дигар байни Ёвону Ҷомӣ роҳ намонд. Баъди чанд вақт сангу шағал оварда ҷойи пулро пур карданд. Аммо таҳи мошинҳо ҳатман мезанад.
Ду моҳи пеш аз тарафи Қурғонтеппа як фура омад, пури тарбуз. Омад дар ҳамон роҳ, дар ҳамон пули чапашудагӣ бо тарбузҳояш чапа шуд. Халқ ҷамъ шуда фураро рост кард 50% зиёд тарбузҳояш кафидаву нобуд шуд. Соҳиби фура дар ғазаб шуда раиси ноҳияро фалон кунам гуфта ба халқ гуфт, ки «полний бигиред» ва ҳама тарбузҳояшро ба мардум бахшид. Ва баромаду ба тарафи Қурғонтеппа рафт ва гуфт омадан ба Ёвон бас! Вале он пул то ҳол ҳамон тарз истодааст. Мегуфта бошӣ раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мурдагӣ бошад. Дар панҷ сол намебинад. Ин пешвои каладам ду сол пеш Ёвон омада буд. Чашмонаш кур буд, ки ин роҳҳову пул ва ямаҳоро надид. Боз мегӯяд,ки Тоҷикистон биҳишти рӯйи замин аст. Э,руят сиёҳ ту барин Президента! Аз рӯзе,ки омадӣ ҳоли мардум бад шуда истодааст. Ман ҷанги шаҳрвандиро тинҷ кардам гуфта акнун тамоми пулу сарвати мардумро ҳамроҳи бачаҳоят хурда истодаӣ, парвои мардум надорӣ. Баракат дар ягон касбу коре намондааст. Бовар кун ҳар боре телевизорро мемонему туро мебинем ….кайф-пайф мепарад, аз сикаву суратат ва аҳлу оилаат безор шудаем.
Ps: Магар Юсуф Раҳмони бизнесменқуддои “пешво” ва Шермуҳаммадаи Шоҳиёни раиси додгоҳи аспбоз ва вазири Адлияи но одил ба ин кадрҳои тасодуфӣ аҳамият намедиҳанд? Шумо рӯз аз рӯз нафрати мардумро ба давлат ва ҳукумати “пешво” бештар доред ва худатон сабабгори бадбахтиҳои ин мардум шуда истодаед. Наход, то ин дараҷа ҳолатҳоро набинеду тафтиш накунед?