Чаро Раҳмонов ба тарсу ваҳшат афтодааст?

Ислоҳ нет

Ораз Вазирбеков ва Рамзӣ Вазирбеков яке 16 ва дуввумӣ 13 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Ораз Вазирбеков зодаи Хоруғ ва Рамзӣ Вазирбеков, ки аз тоҷикони Вахони Мурғоб аст, ки 15 соли пеш шаҳрвандии Русияро гирифта буданд. Аммо ин ду бадахшонии шаҳрванди Русия танҳо помириҳое нестанд, ки дар ин шабурӯзҳо дар Душанбе барои солҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон мешаванд. Баъд аз нооромиҳои маълуми имсола дар Бадахшон боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон пур аз зодагони ин вилоят шудааст.

Инчунин тибқи маълумотҳои расида ба “Ислоҳ” прес кардан дар зиндонҳо ва озору шиканҷаи бадахшониҳо хело ваҳшатнок аст. Ончунон мезананду мешикананд,ки падару модар ва наздиконашон пас аз чанд моҳ бо ин зиндониҳои бадахшонӣ ҳангоме мулоқот мекунанд осори таъзиб дар чеҳраҳои онҳо дида мешавад. Аз дидани ин ҳолатҳо чанд нафар аз падару модаронашон бо фишори баланд падруди ҳаёт ҳам кардаанд. Помириҳо чунин рӯзҳои сахту сангинро шояд садсолаҳост  ёд надоранд. Раҳмонов онҳоро чап гирифтааст, душман меҳисобад. Хонаводаҳои зиёде дар ин вилоят дар сугу мотам нишастаанд, хонаводаҳои дигаре як, ду нафарӣ дар зиндонҳои Раҳмонов доранд. Аз соли 2012 то соли 2022 тибқи маълумоти манобеъи “Ислоҳ” то имрӯз 2720 зодагони Бадахшон зиндонӣ шудаанд ва беш аз 312 нафар бо ҳар роҳу ҳеласозиҳое кушта шудаанд. Мо аз бе ному нишон шудаҳо дар инҷо чизе намегуем.

“Ораз ва Рамзӣ табааи Русия буданд. Онҳо дар пайи муомила ва додуситади хадамоти махсуси Русия ва Тоҷикистон дастгир ва ба таври машкук ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Дурусттараш мақомоти Русия бо дархости Тоҷикистон онҳоро боздошт ва сипас   фурӯхтанд. Кореро, ки Русия солҳост бо тоҷикҳои дигарандеш ва мунтақиди Раҳмонов анҷом медиҳад.”

Магар Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳои ҳам насаб вале чуноне дар боло гуфтем яке зодаи Хоруғ ва дигари Вахонии зодаи Мурғоб чи кор кардаанд, ки як чунин ҳукми сангин мегиранд. Муртакиби чи ҷурме шудаанд? Террористанд? Кафонданд, мунфаҷир карданд, куштанд? Силоҳ доштанд? Чи кор карданд? Сурия рафта буданд, узви ДОИШ ё ҲНИТ ё Гурӯҳи 24 буданд? Қочоқчиёни аслиҳаанд, наркобаронанд, дуздӣ карданд, одам куштанд, коррупсионеранд? Не, ба ҳеҷ яке аз ин корҳо муттаҳам нестанд. Пас чӣ?

Барои онки онҳо ҳукумати Раҳмоновро интиқод карданд. Яъне танҳои барои гап.

   “Ин ду фаъоли иҷтимоии бадахшонӣ барои онки бархурд ва муносибати Раҳмонов бо помириҳоро интиқод карданд, ҳамин гуна муҷозот мешаванд. Раҳмонов болои Помир лашкар кашид, тазоҳуротро тирборон кард, садҳо нафарро кушт ва агар як помирӣ, барои мисол Ораз ва ё Рамзӣ гуфтанд, ки чи кор мекунӣ, бояд 16 сол бишинанд.”

Аммо,ба дурустӣ,ки махсусан дар ин авохир машинаи истибдоди Раҳмонов фақат хонаву манзили бадахшониҳоро валангор накардааст. Ин машинаи истибдод имрӯз бар муқобили «гап» ҷангида истодааст. Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Сайидаминӣ ва Абдусаттори Пирмуҳаммадзода ҳам танҳо барои «гап» ҳукм гирифтанд, ҳукмҳои сангин.

Имрӯзҳо тамоми дунё ба Раҳмонов муроҷиат карда истодааст, ки даст аз озору азияти фаъолони мадание амсоли Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо бардор ва ҳарчи зудтар ин журналистонро раҳо кун. Инсонҳоро бегуноҳ зиндон накун. Танҳо барои «гап» набояд зиндонӣ бишаванд.

   “Раҳмонов чӣ мехоҳад? Бо мардум чи кор карданист? Ист мекунад? Ором мегирад? Агар ист мекунад ва агар ором мегирад, кай?”

Раҳмонов на тавсияву пешниҳоди созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар, на дархости ташкилот ва давлатҳоро гуш мекунаду на ҳатто садои эътирози дохилиро. Яксараву яктарафа фақат ҷабру зулму ситамро болои мардум оварда истодааст. Мақсади Раҳмонов аз ин гуна сиёсат чӣ аст?

Мардум бояд битарсад? Дақиқан. Ҳадафи Раҳмонов ҳамин аст. Мардум бояд битарсад ва ҳамеша дар даруни фазои тарсу ваҳшат аз Раҳмонов зиндагӣ кунад.

“Раҳмонов бо ният ва ҳадафи муайян чунин ҳукмҳои сангин содир карда истодааст ва бегуноҳонро ба зиндони кашонида истодааст. Бояд бишканад, бояд зарра, гард, хурд ва реза кунад, бояд зери пояш бошем, бояд, сар бар надорем, хулоса, сокит бошем, нафас набарорем, чи расад ба онки гап бизанем, чи расад ба онки интиқод кунем.”

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Сайидаминӣ ва Абдусаттори Пирмуҳаммадзода ва даҳҳову садҳои дигар, ки имрӯз зиндонианду фардо боз ҳам шуморашон садҳои дигар зиёд мешавад, танҳо барои «гап» аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Вале пурсиш ин ҷост. Мо бояд чи кор кунем? Миллат чи вокуниш дошта бошад? Неруҳои сиёсӣ, шахсиятҳо бояд чи ҷавоб диҳанд? Титу пит шаванд? Ба тақдир тан дарниҳанд ва яъне ба   Раҳмонов розӣ бошанд, розӣ бошанд, ки ҳамин тавр ҳам кушад, ҳам зиндонӣ кунад ва танҳо роҳи наҷот фирор аз ватан, хонаву кошона, хешу ақрабо ва зистан дар ғурбат бошад? Роҳи сар бардоштан, роҳи рад кардан, роҳи муқобала роҳи мубориза роҳи барандохтан ҳам вуҷуд дорад? Ва, ё инки саҳна ва арса, ватан, хонаву дар, зану фарзанд, кору коргоҳ, ҳама чиз ба Раҳмонов биспорида бишавад?

  “Фақат Ораз ва Рамзӣ нестанд. Бубинед, ки тамоми бачаҳои помирӣ аҳкоми сахт гирифтанд. Помирӣ ҳоло дар Тоҷикистон рӯз надорад. Авлоди Шириншо Шотемур –Қаҳрамони халқи Тоҷикистон шикор мешаванд.”

Ҳоло аз ООНу ОБСЕву Амрикову Урупо бигзарем. Абдуқодир Талбаков яке аз тарафдорони ашаддии сиёсатҳои золимонаи Раҳмонов ҳам дигар виҷдонаш тоб наёвард. Гуфт, э,Ҷаноб! Дорӣ чи кор мекунӣ? Афв кун ин чаҳор журналистро, ки ҳеҷ гуноҳеро, ки муртакиб нашудаанд.

Бубинед, ки сиёсати золимона то чи ҳад ба ҷону руҳи инсонҳо кора карда истодааст, инсонҳое, ки гуфтем тарафдорони сарсахти Раҳмонованд.

” Чанд вақти пеш буд, ки Аҳмади Иброҳим, як журналисти дигари тарафдори Раҳмонов дархост карда буд, ки Шоҳида Мамадҷонова, модари Абдураҳмони блогерро озод кунед.”

Ин ду хомафарсои арҷманд барои онки ҳарфашонро Раҳмонов замин намонад гуфтанд, ки бо ин гуна ҳукмҳо набояд забони мухолифинро дароз кард.

Шумо, бародарони арҷманд росту дуруст мефармоед, ки забони мо дароз мешавад. Аммо,э кош ин тавр намешуд. Э, кош на Оразу на Рамзӣ ва на Далеру Абдулло Ғурбатӣ ва дигарҳо ба чунин сарнавишти сангин мувоҷеҳ намешуданд. Мушкил «забони дарози мухолифин»- нест. Мушкил Раҳмонов ва хонаводаи вай аст. Ин мушкил мушкили фақат мо мухолифин соҳибони «забони дароз» нест. Ин мушкил мушкили тамоми Тоҷикистон, аз ҷумла мушкили худи шумоҳо ҳам ҳаст.

Чаро бояд тамоми дунё як тараф бошаду Раҳмонов тарафи дигар?

Ин ҳама инсонҳои бидуни кадом гуноҳ магар зиндагӣ надоранд. Ҳоло Ораз ва ё Рамзӣ, ки барои узвият дар иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мешаванд ва барои даъват ба сарнагунии ҳокимияти конститутсионӣ ва ё ин журналистону блогероне, ки номашонро таззаккур кардем низ бо айни ҳамин иттиҳомоти монанд, дар воқеъ гунаҳкоранд? Наход, барои гап задан, бигириву бишинонӣ? Кадом иттиҳоди ҷиноӣ, кадом даъват ба сарнагунии ҳокимияти конститутсионӣ ва кадом ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнуъа? Ин бародарон бо туҳмат ва бо дуруғ ба ин гуна солҳои дароз аз ҳаёт маҳрум мешаванд. Бовар кунед, ки дар он зиндонҳо аз ҳаёт маҳрум мешавед, гуем хато накардаем. Онҷо, ки ҳаёт вуҷуд надорад.

Вале агар ин бародарони бадахшонӣ ва хабарнигорон гунаҳкор бошанд, чаро бояд парвандаҳои онҳо пушида ва муҳокимаҳояшон пушти дарҳои баста сурат бигирад ва аз ин ҳам бадтар ҳатто адвокатҳои онҳо ҳақ надоранд чизе бигуянд. Ин ҳама зулму ситам аз чӣ ва ба чӣ далолат мекунад?

   Агар Раҳмонов ҳамин гуна сиёсати хафақон, саркуб, зӯровариро пеша накунад чи мешавад?

Бо журналистҳо даруфтодани Раҳмонов ба ин маъност, ки аз ҳамагуна суҳбати озод, ҳатто агар он як суҳбат дар масъалаҳои иҷтимоӣ бошад ҳам метрасад. Аз ин ҷиҳат Раҳмонов тарси худро мехоҳад таҳмили ҷомеа кунад ва ҷомеаро дар зери тарсу ваҳшат қарор диҳад. Ҳамин гуна сиёсатро пеш гирифтааст. Набояд иҷозат бидиҳад, ки ягон касе гап бизанад. Чунки Раҳмонов дар ҳақиқат руҳияи ҷомеаро медонад, ки бар муқобили худи вай аст, мардум ӯро намехоҳанд. Барои ҳамин вай ҷомеаеро,ки намехоҳад, мезанад, мешиканад ва метарсонад ва бо онки ҷомеаро метарсонад, ҳукумати худашро дарозтар мекунад ва вай набояд аз ин сиёсат кутоҳ ояд, балки бештару бештар хашин бишавад, то ҳарчи бештар дар тани ин ҷомеа доруи тарс тазриқ кунад.

Вақте Абдуллоҳи Ғурбатӣ, як ҷавони ҳанӯз тоза ба маҷрои зиндагӣ воридшуда менависад:

«Агар ин миллат як соҳиб медошт…

Агар ин давлат як қонун медошт…

Агар ин ҳукумат як вазир медошт…

… ҷавони тоҷик аз тиреза поин фикандани худро аз хидмат ба ин миллату давлат боло намедонист!!! Ва ё ҷавони тоҷикро бо ҳиллаву фиребу найранг ба хидмати модар ватан намебурданд.

Ҳоло ҳар дашноме мехоҳед ба ман бидиҳед, аммо ба “биҳишти рӯи замин”атон бовар надорам. Ба ягон идеяи миллӣ, ба ягон вазиру кабиру пешво бовар надорам. Ғурури миллӣ чӣ ки худи миллат буданамон зери суоли калон рафтааст.

Садсолаҳо мегузаранд ва ин саҳнаҳои нанговар дар ҳолномаву корномаи ҳукумат, давлат ва мову шумо хоҳад монд.»

Охир куҷои ин навишта дурӯғ аст? Агар чунин нест пас онро исбот кунед, то мо ҳам донем онро. Ё ҷавобатон бояд 7уним сол зиндон кардан аст, ки чунин нест ?

 Раҳмонов лаҳза то лаҳзаи дигар даррандатар, гургтар, хуктар ва хартар мешавад.

Раҳмонов девона мешавад, саги сузанхурда мешавад, ки ин ҳама ҷаҳлу қаҳру зулми вай кора накардааст ва ҳамоно одамҳо доранд муқовимат ва муқобилият нишон медиҳанд.

Бале, мо бояд набишканем! Боядам ҷавоб бидиҳем.

Раҳмонов фикр мекунед худаш меистад ё ӯро бояд аз ин ҷиноятҳояш боздорем?

Аммо кӣ бояд Раҳмоновро «остановит» кунад, кӣ бояд пеши роҳи ин зулму истибдодро бигирад. Мо бояд мақсади Раҳмоновро набояд бигузорем, ки амалӣ бишавад.

Мо, ду роҳ дорем.Ё даври ҳам меоем, мутаҳид мешавем, хориҷу дохил яке мешавем, ин балои боли сарамонро аз болои сарамон бармедорем ва ё ба ин хориву зиллат тан медиҳему Рустаму Сомону Исмоилу Озодаву Таҳминаву Рухшона ба навбат навбат мемонанд: худамонро, бачаҳоямонро, ҳамаамонро.

Мо набояд шикаста, ноумед, афканда, тандардода, сухта бошем. Ин ватан аз мост. Мо, аз они ин ватан ҳастем. Мову ватан ватану мо як чизем, якем. Вале оне,ки моро дур аз ватан ва ватанро бароямон дастнорас, кобус ва ҷаҳаннам сохтааст, чаро бояд муҷозот нашавад?

Мо бояд тарсро бишканем. Аз тарс берун оем. Ба рағми Раҳмонов, ба рағми Оилаи вай худамонро ҷамъу ҷур кунем, бардам созем, сари поямон биистем, қоматамонро боло гирем, сарамонро баланд бардорем. Ба рағми Раҳмонов.

Кореро бикунем, ки дар вай ин бовар ва ин эътиимод нобуд бишавад, ки тавонист ҳамаамонро леҳ кард, зер гирифт, тарсонд, тарсончак кард, хонагӣ сохт, мурғ кард, хар карду саворамон шуд.

Мо бояд даст ба дасти ҳамдигар бидиҳем. Барои наҷоти Ораз, наҷоти Рамзӣ, наҷоти Фаромуз, наҷоти Зайд, наҷоти Бузургмеҳр, наҷоти Муҳаммадалӣ Ҳайит, наҷоти Далеру Завқибеку Абдуллоҳу Абдусаттор ва барои даҳҳову садҳои дигар, барои руҳи шуҳадо, ки ҳам дар зиндонҳо кушту ҳам берун.

Мо ин ҳама муддат фақат кам шудем, камамон кард. Дигар набигзорем. Дигар бар фарқи сараш бикубем.

Якто якто гирифт. Мо мустаҳақи ин сиёсат нестем. Чаро ин ҳама муддат, ин ҳама фурсат ин ҳама шароитро барояш додаем? Мо, дида истодаем, ки Раҳмонову дору дастааш, мақомоташ, фабрикааш, чоплусаконаш як тарафанд аммо

халқ, миллат, мардум тарафи дигар.

Раҳмонов бо ин ҳукмҳои тулонӣ тарси худ аз ҷомеаро пинҳон дошта наметавонад. Ин ҳукмҳои сахту сангин зӯрии Раҳмоновро не заифӣ ва залилии вайро нишон медиҳад. Раҳмонов ва тарафдоронаш ҳатто 1%ро ташкил намедиҳанд.

Шонздаҳ соли зиндон барои бегуноҳӣ, сездаҳ соли зиндон барои бегуноҳӣ, барои «гап».

Ватани ман девона мешавад. Хабари 16 соли зиндон шудани Ораз Вазирбековро мехонаму валлоҳ намедонам,чи бигуям?

Магар нафаре, ки бо пойи худ омад, ҳамин тавр ҳукм бояд бигирад. Ин чи давлату ҳукумат аст?

Share This Article