Раиси суди Ваҳдат одамкуш аст.

Ислоҳ нет

Медонед, ки Ш.Шоҳиён солона чанд млн$ пора мегирад ва судияҳои дастгиршудаи «подельник»-ашро озод мекунад?

Сайфиддин Камолзода Исмон, раиси суди шаҳри Ваҳдат, дар гузашта раиси суди ноҳияи Файзобод ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ «телех»-и хоҳари Суҳроб –командир (генерал Суҳроб Қосимов, аз фармондеҳони Фронти халқӣ) мебошад, ки аз соли 2015 ба ин тараф дар ин мақом кор мекунад. Сайфиддин Камолзода дар моҳи апрели соли ҷорӣ якҷо бо Зафари Қодирзода, судяи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боздошт шуданд. Зафар Қодирзода то декабри соли 2022 дар суди Ваҳдат кор мекард ва замоне, ки дастгир шуд, яъне апрели соли ҷорӣ дар додгоҳи ВМКБ кор мекард. Ин ду нафар ҳамроҳ бо Тоҷиддин Убайдуллозода, корманди прокуратура дар шаҳри Душанбе дастгир мешаванд. Тоҷиддин Убайдуллозода ҷияни Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини шаҳри Душанбе аст. Муҷозоти ӯ ин шуд, ки аз вазифа маъзул ва аз система ронда шавад. Зафар Қодирзода дастгир ва равонаи маҳкама гардид. Вале баъди чанде бо пардохти ҷарима озод гардид. Аммо Сайфиддин Камолзода Исмон, раиси суди Ваҳдат чизеаш нашуд ва ҳоло ҳам дар ин вазифа кор карда истодаасту ва ин боевик бо тантана ғоратгариро давом дода истодааст.

 Моҷаро аз чи қарор аст?

  Зафар Қодирзода,судяи пешини шаҳри Ваҳдат бо раиси суди шаҳри Ваҳдат Сайфиддин Камолзода бо ҷурми порагирӣ ба даст афтоданд. Аммо Зафар Қодирзода ҳама айбро ба зимаи худ гирифт. Ӯро бо моддаи 319 дар боздоштгоҳи муваққатӣ 3 шабонарӯз нигоҳ доштанд. Барои онки то замони шуруъи мурофиа дар озодӣ қарор дошта бошад, моддаи 319 –ро бо моддаи 314 иваз ва парвандаашро бошад бо моддаи 323 банду баст карданд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон, ки аз порагирии раиси суди шаҳри Вахдат ва Зафар Қодирозода, судяи ВМКБ пурра огоҳӣ дошт, Зафар Қодирзодаро аз ИВС озод кард.  Барои чи раиси суди шаҳри Ваҳдатро ҳабс накарданд? Барои онки Сайфиддин Камолзода, раиси суди шаҳри Ваҳдат бо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон рафиқи наздик, возеҳтараш шарики ҷурм аст. Камолзода масъули ғайрирасмии судҳои навоҳии тобеъи марказ дар назди Шермуҳаммади Шоҳиён аст ва ҳама «доля»-и ин минтақаро аз судҳои ноҳияҳои тобеъи марказ ӯ ҷамъоварӣ карда ба Шермуҳаммади Шоҳиён медиҳад. Яъне Сайфиддин Камолзода, на танҳо раиси суди Ваҳдат ҳамчунин «посредник»-и раиси Суди олӣ ва судяҳои ин минтақа мебошад. Ба гуфти мардум «одам»-и Суди Олӣ аст.

Соли ҷорӣ раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов низ бо ҷурми гирифтани пора дастгир шуд. Вай аз шаҳрванд 23000 сомонӣ ришва гирифт. Ҳамчунин раиси суди шаҳри Хуҷанд ҳам бо айни ин ҷурм ба даст афтод. Бадтар аз ин,раиси суди вилояти Суғд низ бо чунин ҷурм дастгир шуд ва чанд рӯз мавриди ҷустуҷу ҳам қарор дошт. Вале бо фармони раиси ҷумҳурӣ аз мақом барканор шуду бо ҳамин ҳама чиз «тихарая» гардид. 

Инҷо ба як факт мутваҷҷеҳ бишаваед. Раиси суди Ҷаббор Расулов ба ҳангоми бозрасӣ иқрор мекунад, ки ин пулро бо раиси суди вилоят ҳамроҳ (28.000 доллар) гирифтанӣ буданд. 25000 долларашро гирифта дар вақти гирифтани 3000 доллар раиси суди Ҷаббор Расулов дастгир мешавад. Дар вақти мурофиа ӯ баёнот дод, ки аз ин миқдори маблағ Бахтиёр Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд 5000 долларашро гирифта буд. Як муддат Оқилзода Бахтиёр Даврон  дар кофтуков ва таҳти тақиб қарор дошт. Каме дертар ба фармони Раҳмонов ӯ аз мақоми раиси Суди вилояти Суғд озод карда шуд. Ӯро барои ҷинояти содиркардааш ҳатто ҳам муҷозот накарданд.

 Аммо дар соли  гузашта ва ё пештар аз он раиси додгоҳи шаҳри Гулистон( Қайроққум) ва низ раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ ҳам бо айни ин ҷурм –ришватситонӣ дастгир шуданд.

   Мавориди ришвагирӣ дар додгоҳҳои кишвар хеле зиёд шудааст ва ҳоло саволи матраҳ ин аст ки ба додрасҳои тоҷик чи шуда бошад?

Посухи ин савол номаълум нест, маълум аст. Иллат ва сабаб он аст ки  худи Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон яке аз бузургтарин порахурҳои Тоҷикистон мебошад ва аз онки нафси аждаҳоии вай хеле калон шудааст, судяву раисони судҳо наметавонанд, ки бидуни гирифтани ришва оддитарин парвандаи ҳатто маъмуриро махтума кунанд.

Чаро Шермуҳаммади Шоҳиён то ҳоло дар курсии раиси Суди олӣ нишастааст?

Барои онки:

а) аз Фархор аст;

б) система аз поин то боло коррупсионӣ аст ва худи Шермуҳаммади Шоҳиён ҳам ҳармоҳа, ҳар квартал, ҳар нимсола ва охири сол «доля»-и курсии раиси Суди Олии Тоҷикистонро ба боло бурда медиҳад.

Бубинед, ки баъди ба ин мақом омадани Шермуҳаммади Шоҳиён ҳам нархи парвандаҳо гарон шуд ва ҳам  ҳар сол якчанд судяву раиси суд бо ҷурми порагирӣ ба даст меафтад.

  Ҳамчуноне гуфтем собиқ раиси суди шаҳри Хуҷанд Муҳаммадзода Ҳомидҷонро бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «б»-«г» ҳамроҳи як судяи шаҳри Хуҷанд Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаид бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «б»-«г» ва ҳимоягар Ҳоҷибоев Шаҳидҷонро ҳам бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «б»-«г» моддаи 247 қисми 4, моддаи 319 ришвагирӣ, яъне пора гирифтан дар ҳаҷми калон ҷиноят содир карда буданд, ки ин кирдори онҳо аз рӯи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон на кам аз 10 сол аз озодӣ маҳрум бояд мешуданд, дастгир карданд. Чунки ҷинояти вазнинро се нафар яъне гурӯҳе аз шохаи ҳокимияти давлатӣ бо сардории Муҳаммадзода Ҳомидҷон, раиси суди шаҳри Хуҷанд содир карда буданд, аммо аз чи сабаб бошад,ки ба онҳо Суди Олӣ 2 солӣ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ таъин кард. Ин ҷазои таъин намудаи Суди Олӣ ҳамаро дар ҳайрат гузошт.

Хандаовараш дар он аст ки ин се нафар даъвои кассатсионӣ  аз руи ҳукми Суди Оли пешниҳод намуда буданд. Аммо даъвои кассатсионии онҳоро Суди Олӣ бе тағйир гузошт.

Ҳимоятгар Ҳоҷибоев Шоҳидҷон 45000 сомониро барои раиси суди шаҳри Хуҷанд гирифта буд.15000 сомониро барои худаш гирифта 30000 сомонии боқимондаашро ба Маҳмадсаидзода Рустам медиҳад. Ҳимоятгар Ҳочибоев Шаҳидҷон 15000 сомониашро аз худ мекунад. Аз ҳамин сабаб ӯро бо моддаҳои 319 қисми 4(порагирӣ) ва 247 қисми 4 (қаллобӣ) айбдор мекунанд.

  Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаид дар навбати худ 30000 сомониро гирифта ба утоқи кории Муҳаммадзода Ҳомидҷон, раиси суди шаҳри Хуҷанд медарояд ва ба Муҳаммадзода Ҳомидҷон 30000 сомониро барои ҳалли як парвандан ҷиноятӣ медиҳад.

Муҳаммадзода Ҳомидҷон пулҳоро гирифта ба Маҳмадсаидзода Рустам 10000-сомонӣ медиҳад ва 20000 -ашро барои худаш мегузорад.

Ин се нафар раиси суд, судя ва адвокат дар давоми як сол озод шуданд.

   Соли гузашта як наркобизнес, ки бо270 кг дастгир шуда буд, ба Шермуҳаммад Шоҳиён 50.000 доллар дод.Асомиддин судяи суди шаҳр 30.000 доллар гирифта ба ӯ 14 сол доданд. Дар ҳоле,ки ӯ бояд на кам аз 25 сол мегирифт. Аммо як бачаи дигар ҳамагӣ бо 650 гр афюн дастгир шуд,10 солаш доданд. Адолати додгоҳӣ куҷо шуд?

Вақте ин гурӯҳи аз се нафар иборатро якҷоя дастгир мекунанд, раиси суди шаҳри Хуҷанд Муҳаммадзода Ҳомидҷон, ки ҳамкурс ва рафиқи Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олӣ мебошад, мегуяд «агар манро ҳабс кунанд,ман бо далелҳои кофиям ҷиноятҳои зиёди Шермуҳаммади Шоҳиёнро ошкор мекунам».

Ҳомидҷон Муҳаммадзода бисёр ҷиноятҳои содиркардаи Шоҳиёнро медонистааст ва исбот карда ҳам метавонистааст. Худи ӯ барои онки дар мақоми раиси Суди шаҳри Хуҷанд кор мекунад ҳар нимсола ба Шоҳиён на кам аз 100 ҳазор доллар бурда медодааст. Ва  барои раиси суд ва муовини раиси суди ноҳияҳо таъин шудани судяҳо дар шаҳри Хучанд ӯ «мусоидат» мекардааст ва ба унвони нафари мавриди боварӣ, ба сифати миёнарави Шоҳиён маблағҳоро ҷамъ карда бурда месупоридааст.

 Ба Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олӣ як фермаи аспҳояшро туҳфа карда будааст. Аз ҳамин сабаб, пешбинӣ карда мешуд, ки дар маҳкама дер нахоҳад истод ва дар воқеъ ҳамин хел ҳам шуд. Онҳоро ҳамагӣ 2 солӣ аз озодӣ маҳрум карда буданд.

 Худ қазоват кунед, судяи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳимзода Раҳмиддинро бо моддаи 319- пора дар ҳаҷми 7000 сомонӣ ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Аммо ин гурӯҳи сенафариро барои маблағи беҳад калон ҳамагӣ 2 солӣ аз озодӣ маҳрум карданд, ки ҳатто ҳамон ду солро ҳам нашиштанд. Куҷост адолати судӣ?

Худ хулоса бароред дар Суди Олӣ чигуна такдири инсонҳоро ҳал мекунанд.

   Сайфиддин Камолзода, раиси суди Ваҳдат ахиран делои адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро файсала карда ва барои ин адвокати зиндонӣ боз даҳ соли дигар дод. Бар асоси як туҳмати ноҳақ. Мурофиаи додгоҳиро пушти дарҳои баста доир кард. Ба Бузургмеҳр ҳатто имкони гирифтани адвокатро ҳам надод. Хешу таборонаш дар мурофиа ширкат накарданд. Ин адвокати зиндонӣ, ки тамоми мароҷеъи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун зиндонии сиёсӣ ӯро эътироф карданд аз ин муҳлати ҷазо ду солашро дар зиндони пушида-«критий» мегузаронад, ки онҷо ҷойи муҷримони бисёр ҳам ашадӣ аст, мисли одамкушҳо аст.Аммо Бузургмеҳр Ёров ба фарқ аз Сайфиддин Камолзода, ки ҳоло 8 сари сол аст дар Ваҳдат ба гирифтани пораву ришват машғул аст, одам накуштааст. Бале,Сайфиддин Камолзода, раиси суди шаҳри Ваҳдат одамкуш аст ва одамро ҳам дар пеши чашми одамон ва дар даруни бозори пешини «Зеленний»-и Душанбе бо корд зада кушт.

Қазия аз ин қарор аст:

Сайфиддин Камолзода ,ки аз Данғара аст, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ «охрана»-и хоҳари Суҳроб Қосим буд. Дар «Зеленний бозор» як маскафурӯш хоҳари Суҳробро гап мепартояд, ки «э,муаллима хушру меҷунбониш». Маскафурӯши вақтрасида гап мепартояд. Хоҳари Суҳроб тарафи Сайф мегуяд, ки «бигираш». Сайф аз даруни маска кордчаро мегирад ва росту сахт дар қафаси синаи маскафурӯш мезанад. Корд мустақим ба қалби вай меравад ва ӯ ҷодарҷо мемурад.

  Бале, ана ҳамин Сайфе, ки ҳоло раиси суди Ваҳдат асту судяи парвандаи Бузургмеҳр мебошад, як қотили одамкуш аст ва солҳост, ки ҳамин одамкуш, собиқ «боевик»,ки худо медонад боз чандин нафарҳоро кушта бошад, ҳоло сарнавишти одамҳоро ҳал мекунад. Хоҳари Суҳроб мегардаду мегуяд, ки «очата б…м Сайф, духом падат накун. Мурд дар к…и очаш. Дар даҳанаш нигоҳ карда бояд гап мезад».

  Ва, аммо имрӯзҳо Сайф шуд, кӣ ? Сайфиддин Камолзода.  Зафар Қодирзода ва Тоҷиддин Убайдуллозода барои чи ҷурме дастгир шуданд?

 Сайфиддин Камолзода, раиси суди шаҳри Ваҳдат якҷо бо Зафар Қодирзода, судяи пешини шаҳри Ваҳдат ва Тоҷиддин Убайдулоев, собиқ прокурори шаҳри Ваҳдат ва ҷияни Маҳмадсаид Убайдулоев собиқ раиси шаҳри Душанбе заминеро, ки дар он бояд хитоиҳо завод месохтанд, яъне бо қарор ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо ҷудо шуда буд, аз дасти хитоиҳо гирифта ба бизнесмени тоҷик доданд ва барои сарпуш гузоштан болои ин баҳс, ки дар додгоҳи шаҳри Ваҳдат бархоста буд зиёда аз 100 ҳазор доллар гирифта байни худ се каса тақсим карданд.

Зимнан, ин нуктаро бояд бигӯям, ки на танҳо Муҳаммадзода Ҳомидҷон, раиси суди шаҳри Хуҷанд, дӯст ва ҳамкурси Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон, ки мебоист ҳадди ақал 10 сол зиндонӣ мешуд, баъди ҳамагӣ як сол ба озодӣ баромад, ҳамчунин Зафар Қодирзода, шарикҷурми Сайфиддин Камолзода, судяи пешини ВМКБ низ бо пардохти 70 000 сомонӣ ҷарима ба озодӣ баромад.

Худи Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти ахири матбуотиаш дар 14 августи соли ҷорӣ даст ба амалҳои коррпусионӣ задани судя ва раисони судҳоро «ташвишовар» хонда ва эътироф кард, ки ин «камбуди роҳбарияи Суди Олӣ аст»

Бадеҳист, ки чи «камбудӣ» доштани роҳбарияти Суди Олии Тоҷикистонро гуфта наметавонад.

  Гап дар инҷо аст ҳоло барои ишғоли мақоми як судяи одӣ нархи «ставка» ба 30 то 50 000 доллар расидааст.

Феълан, касе, ки 1.5 -2 миллион доллар бидиҳад метавонад ба курсии холишудаи раиси суди вилояти Суғд бишинад.

Албатта, шумо ҳам мешунавед, ки парвандаҳое ҳаст, ки то 200 ва 300 000 доллар арзиш дорад. Барои ҳамин нархи раиси суди вилояти Суғд аз якуним миллион доллар аст.

 Ришвату порагирӣ дар хуну пусти Сайфиддин Камолзода, раиси суди Ваҳдат ва дӯсту рафиқи Шермуҳаммади Шоҳиён ҷо шудааст. Барои исботи ин гуфта аз матлаби нашрияи «Фараж» як пораеро иқтибос меоварам, ки муаллиф ба умед ба Президенти Тоҷикистон муроҷиат кардааст:

  «Муҳтарам Президент, барои ман як чиз нофаҳмост, ки чаро раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин, ки даъвои мазкурро баррасӣ мекард, се маротиба тариқи суди сайёр ба макони баҳсӣ рафта, ҳамчун корманди идораи замин, қитъаҳои замини наздиҳавлигиро чен кард? Ё ин ки ҳолати дигари рафтори ғайриқонунии Камолзода Сайфиддин он аст, ки тибқи қонунгузорӣ, судя бояд як маротиба ба хонаи машварат даромада, қарор қабул кунад. Аммо баррасикунандаи парванда Камолзода С. ду маротиба,  бори аввал санаи 5-уми март ва маротибаи дуюм 18-уми марти соли 2021 ба хонаи машварат даромад. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро Камолзода С. қонунро поймол карда, ду маротиба ба хонаи машварат даромад? Чӣ манфиат дошт? Ҳолати дигари нақзи қонун аз ҷониби Камолзода С. ҳамчун баррасикунандаи парванда он аст, ки пеш аз баровардани ҳалномаи судӣ мебоист моро шинос мекард, аммо ба дархостҳои зиёдамон, оид ба шинос шудан бо протоколи судӣ, то ҳол ҷавоб надодааст.

Лозим ба ёдоварист, ки санаи 1-уми октябри соли 2020, ҳангоме, ки бори сеюм суди сайёр бо иштироки раиси суд Камолзода С. барои чен кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ омаданд, писари даъвогар Муҳиддинов Самандар-Муҳиддинов Баҳодур ба ҷониби ҷавобгар Муҳиддинов Рустам, дар ҳозирии судя Камолзода С. табарро бардошта, таҳдид ба куштор кард, аммо аз тарафи судя Камолзода С. нисбат ба ҳолати мазкур ягон чора андешида нашуд. Аз ин ҷо маълум аст, судя Камолзода С. дар ин парванда манфиатдор буда, дар қабули қарор ва ҳалномаи судӣ бетараф нест.

Ҷаноби Олӣ, ба ин монанд амалҳои коррупсионӣ ва ғаразмандонаи бархе аз кормандони мақомоти судӣ ба системаи судии кишвар иснод оварда, боварии шаҳрвандони кишварро ба ҳалли қонунии парвандаҳо мекоҳонад. Аз ин рӯ, аз Шумо муҳтарам Президенти кишвар ва кафили сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, хоҳиш менамоям, ки ба қазияи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намоед ва ҳақро ба ҳақдор бирасонед.

Бо арзи эҳтироми хос, Муҳиддинов Амриддин, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Зарнисор, хонаи №58

Пас аз хондану таҳқиқи ин қазияҳо ҳангоми ҷустуҷӯ чашмам ба ин хабар расид, ки хело ҷолиб буд.

КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ

Суди шаҳри Ваҳдат дар санаи 12-уми сентябри соли 2023 бо ташабуси Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон аз ҳисоби пасандозҳои раиси суд ва судяҳои суди шаҳри Ваҳдат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи камбизоат ва маъюби шаҳри Ваҳдат ноболиғ Шамсуллозода Шукронаи Шамсулло 14-уми марти соли 2014 таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Баҳор, деҳаи Мачитон ҳамчун кӯмаки хайриявии якдафъаина ба маблағи 400 (чорсад) сомонӣ расонида шуд.

Сомонаи Суди шаҳри Ваҳдат:   http://vahdat.sud.tj/k-maki-hajriyav/

Бовар кунед инсон дар ҳайрат мемонад ба ин дуздон. Чор миллион медузданд аз шаҳрвандон, мардумро хонасалоту қарздор мекунанд. Барои рӯйпӯш кардани ҷиноятҳояшон 400 сомонӣ садақа боз аз он маблағҳои дуздиҳояшон не “аз ҳисоби пасандозҳои раиси суд ва судяҳои суди шаҳри Ваҳдат” ба як камбизоат садақа мекунанд.

Бинобар иттиллои бо мо расида Шермуҳаммад Шоҳиён раиси Суди олӣ солона аз ришва ва тиҷоратҳое,ки дорад 25 млн доллар даромади соф доштааст. Ҳоло мо аз порки мошинҳо ва аспҳои гаронарзиш ва қасрҳо ва дачаҳояш дар дохил ва хориҷи кишвар чизе намегӯем, чун матлаби алоҳидае дар ин робита омода дорему хоҳем гуфт. Инчунин дар бораи амалҳои пасипардагӣ ва маъшуқаҳояш хоҳем гуфт.   

Низоми догоҳии Тоҷикистон мисли соири сохторҳо фасодзада аст. Аммо, аз рӯзе, ки Шермуҳаммади Шоҳиёни аспбоз ба ин мақом омад, ин човандози мухлиси аспу бузкашӣ бисоту адлу додро аз ин кишвар барчид. Кор ба ҳадде харобу хазон аст ки Шермуҳаммади Шоҳиён барои тамошои бузкашӣ шуда ба ноҳияҳо меравад ва якҷо бо накобаронҳо дар раъси маъракаҳои бузкашӣ мешинад. Обруву мақому иззати додгоҳро ба хоки сиёҳ шинонд. Ҳама вақт бо ханда мегуфтааст: “ ма вақте раиси Шурои Адлия буданам корҳое кадам барои ҷаноб ва дар раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ буданам ҳам ҷаноба,ки тамоман нагузашта буд як бало карда гузарондем. Хулоса, ма президентш мондм, мардак курнамак нест қадрма медона ва ма ҳаркоре хоҳм мекунум. Ма катиш хело наздикм ,хуб донен ина.  Шумо мада пули гуфтагима биёрен ягон балотон намезанад”

  Вақте ҷаноби Шоҳиён ошкоро чунин суҳбатҳо мекунад аз “адолати додгоҳӣ” чизе метавон таваққуъ кард?Албатта,ин натиҷаи ҳукумати қавмиву авлодии Раҳмонов аст ки иншоаллоҳ сарашро хоҳад хурд. 

Share This Article