Даҳҳаи Зилҳиҷҷа ду рӯзи боқи мондаро самаранок ғанимат бидон!

Ислоҳ нет

Даҳҳаи Зилҳиҷҷа ду рӯзи боқи мондаро самаранок ғанимат бидон!

(фазоил ва аъмоле, ки анҷом додани онҳо фарз ё мустаҳаб аст)

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Салому дуруди Худованд бар Паёмбари хайруланом Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) ва хонадони поку асҳоби бузургвораш бод.
Нахуст қудуми ин рӯзҳои мубораки даҳҳаи Зилҳиҷҷаро бар тамоми мусалмонони кишвари азизам ва ҷаҳон табрик мегўям. Даҳ рӯзе, ки дар он ба осонӣ метавон аз гуноҳони содир намуда, пок гардем. Даҳ рӯзе, ки ба азамату бузургии он Худо ва расулаш қасам ёд намуда, шаҳодат додаанд.

Даҳ рӯзе, ки ба осонӣ метавон касби ҳасанот намуд ва тўшае барои фардои охират муҳаё кард. Аз раҳмату лутфи илоҳист, ки бар бандагонаш мавсимҳо ва моҳҳоеро барои тоат қарор додааст, то дар он амалҳои солеҳро зиёд намоянд ва ризои Ӯ, Таъолоро дарёбанд. Дар ин мавсимҳои тоат ва ибодат муъминон дар анҷоми амалҳои хайр сабқат менамоянд, то бо он амалҳо ба Худованд наздик гарданд. Хушбахт он шахсест, ки ин мавсимҳои муборакро ғанимат шуморад ва онро беҳўда масраф насозад. Албатта яке аз он мавсимҳои муборак даҳҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа ҳаст. Даҳҳаи ин моҳро Расули Акрам (с) шаҳодат додаанд, ки аз беҳтарин рӯзҳои дунё маҳсуб меёбад. Дар ин даҳҳа умматонашро ба амали солеҳ тавсия додаанд. Худованди Таборак ва Таъоло ба даҳ рӯзи аввали моҳи Зилҳиҷҷа қасам ёд кардааст. Ин фазл кофист, ки барои ин даҳҳаи муборак Худо ва расулаш чунин бузургиро нисбат додаанд ва бузургон ҳамеша бар бузургӣ, азамат ва шарофат қоиланд, то дар он бандагон амалҳои некро анҷом диҳанд, ин рўзҳоро ғанимат шуморанд ва касби аъмоли солеҳ намоянд, зеро барои мо маълум нест, ки дар даҳҳаи Зилҳиҷҷаи оянда ҳастем ё на?

Даҳҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷаро чӣ гуна пешвоз гирем ?
1.Содиқона тавба намудан аз гуноҳони кабира ва сағира.
Барои шахси мусалмон муҳим аст, ки аз оғози ин моҳ рӯй ба тавба орад ва ин моҳи муборакро бо тавбаи аз сидқ намудан оғоз намояд. Зеро дар тавба наҷоту комёбии шахси мусалмон дар дунё ва охират аст, агар ба шарте, ки бори дигар ба он гуноҳи тавбанамудааш бар нагардад.
2. Ҳадафи асосии худ донем, ки ин рӯзҳо ғаниматанд.
Бар ҳар шахси мусалмон зарур аст, ки ин рӯзҳои муборакро зинда нигаҳ дорад. Дурусттараш саъю кўшиш намояд дар анҷоми амалҳои хайр, мисли ќироъати Қуръон, адои намозҳои панҷгона дар масҷид, суханони хуб бо ҳамсуҳбаташ, муомилаи нек бо падару модар, ҳамсар, фарзанд ва зердастонаш. Умуман ҳар амале, ки ўро ба Худо наздик менамояд, онро анҷом диҳад.

3. Дурӣ аз гуноҳон.
Итоат ба Худованд сабаби наздик шудан ба Худованд аст. Пас бе шак анҷоми гуноҳон сабаби дурӣ аз Худованд шуда, моро аз раҳмати Ӯ дур менамояд. Инсон тавассути гуноҳе, ки дар маҳзари Холиқаш анҷом медиҳад ӯро аз раҳмати бори Таъоло дур хоҳад намуд ва шахсе, ки раҳмати Аллоҳ фарогири ҳоли ӯ нест метарсам, ки ӯро азоби Аллоҳ ҳамроҳӣ хоҳад кард. Агар орзӯи мағфирати гуноҳонатро дорӣ ва худро аз оташи сўзони ҷаҳаннам наҷот диҳӣ, пас аз анҷоми амалҳои ношоиста аз тарафи Аллоҳ ва Паёмбараш парҳез намо, чӣ дар ин рӯзҳо ва чӣ дар ғайри ин рӯзҳо. Агар ба дурустӣ медонистем чӣ фазоиле дар ин рӯзҳои муборак аст, ҳатман дар ин моҳ дилҳои худро аз ҳама палидиҳо пок менамудем ва аз Худованд талаб мекардем, то моро аз анҷоми гуноҳон пас аз ин рӯзҳои муборак нигоҳ дорад. Бешак дар ин рӯзҳо дуо мустаҷоб аст.

Фазилати даҳҳаи Зилҳиҷҷа.

1. Худованди Таборак ва Таъоло ба ин рӯзҳо қасам ёд намудааст.
Ҳангоме,ки қасам ёд намояд Худованд ба чизе ин худ далолат бар бузургӣ ва фазилати он чиз аст. Зеро бузургон қадри ашёи бузургро медонанд ва ба чизи бузург қасам ёд мекунанд, ки ин хоси Худованд
аст. Худованд дар Қуръони азимушшаън дар фазли ин рўзҳои даҳгона чунин мефармояд:
“Савганд ба сапедаи субҳ. Ва савганд ба шабҳои даҳгона (яъне даҳҳаи Зилҳиҷҷа…)
(Сураи Фаҷр, оёти 1-2)
Бештари муфассирон шабҳои даҳгонаро даҳҳаи Зилҳиҷҷа гуфтаанд. Аз ҷумла Ибни Касир (р.а.ҳ) низ бар ин қавл аст.

2. Ин рӯзҳои маълуманд ва Худованд дар ин рӯзҳо зикри онро машруъ гардонидааст.
Худованд мефармояд: “… Номи Худоро дар рӯзҳои муайян ба ҳангоми забҳи чорпоёне, ки Худо ризқи онҳо сохта, ёд кунед …”
(Сураи Ҳаҷ, ояти 28)
Инчунин баъзе аз уламо бар ин қавланд, ки рӯзҳои маълумот ин даҳҳаи Зилҳиҷҷа аст, аз ҷумла ин қавли Ибни Умар ва Ибни Аббос (р) аст.

3. Паёмбари Акрам (с) шаҳодат додаанд, ки даҳҳаи Зилҳиҷҷа беҳтарин рӯзҳои дунё ба шумор меравад.
Ҷобир (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят менамоянд, ки он Ҳазрат (с) фармуданд: “Бофазилаттарин рӯзҳои дунё рӯзҳои даҳгонаанд (яъне даҳи Зилҳиҷҷа). Аз Расули Акрам (с) пурсиданд: Мисли ин даҳрӯза боз кадом рўзҳо дар роҳи Худо ҳаст? Ҳазрат (с) чунин фармуданд: Нест дар роҳи Худо мисли ин рӯзҳо, магар шахсе, ки пешониашро дар назди Худо (дар ҳолати саҷда) хоколуд намуда бошад”.
(Ҳадиси саҳеҳ бо ривояти Имом Баззор ва Ибни Ҳиббон)
Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули Акрам (с) чунин фармуданд: ” Дар назди Худованд беҳтарин амали солеҳ ҳамин даҳрӯз аст, (яъне фазилати амали солеҳ дар ин даҳ рўз хеле назди Худо бо арзиш аст нисбат ба дигар рӯзҳо). Пурсиданд ҳатто набард дар роҳи Худо ҳам? Расули Акрам (с) фармуд: Ҳатто набард дар роҳи Худо ҳам (яъне фазли ин даҳ рӯз аз набард ҳам болотар аст). Магар марде, ки дар роҳи Худо берун шавад аз хонааш бо молу ҷонаш ва боз гардад дар ҳоле, ки чизе бо худ пас наоварда бошад”, (яъне ҳамаро дар роҳи Худо нисор карда бошад) (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Бухорӣ )
Аз ин оятҳо ва аҳодис чунин бармеояд, ки ин даҳ рӯзи аввали моҳи Зилҳиҷҷа фазилаташ зиёдтар аст аз тамоми рӯзҳои дигари моҳҳо, ҳатто аз рӯзҳои моҳи Рамазон. Вале шабҳои даҳгонаи моҳи Рамазон фазилаташ бартар аст аз шабҳои даҳи Зилҳиҷҷа, зеро ки дар даҳҳаи охири моҳи Рамазон шаби Ќадр вуҷуд дорад ва он дар даҳи охири моҳи Рамазон аст. Шаби Ќадр аз ҳазор моҳ фазилаташ бартар аст. (Тафсири Ибни Касир 5\412).

4. Дар ин даҳҳаи моҳи Зилҳиҷҷа рӯзи Арафа вуҷуд дорад.
Рӯзи Арафа рӯзи ҳаҷ аст, рӯзест, ки гуноҳон бахшуда хоҳанд шуд. Рӯзи Арафа, ки сабаби наҷот аз оташи сўзони Ҷаҳаннам хоҳад шуд. Агар дар ин даҳи Зилҳиҷҷа танҳо ҳамин рӯзи Арафа буд, кифоят кунанда буд, фазилати ин рӯз бар дигар рӯзҳои дигари он. Зеро дар рӯзи Арафа, ки як рӯз қабл аз иди Ќурбон аст ва он рӯз ҳоҷиён дар он дашт қарор мегиранд ва нузули Худованд дар рӯзи Арафа бар замин барои бузургии он рӯз ва қабули дуову ниёиши ҳуҷҷоҷ дар он рӯзи бузург ва яке аз рӯзҳои муҳими ҳаҷ ба шумор меравад, агар ҳоҷӣ он рӯзро дарнаёбад, ҳаҷҷаш қабул нахоҳад шуд. Инчунин рўза гирифтани он рӯз хеле аҷру подоши зиёде низ дорад, агарчӣ рӯза гирифтани ҳама рӯзҳои даҳгонаи аввали Зилҳиҷҷа савобу аҷри зиёд дорад, вале агар имкон муяссар нагашт, рўзаи рӯзи Арафаро кўшиш кунед, тарк накунед ва ин фазилати бузургро аз даст надиҳед ва дуо намоед дар он рӯзи бузург, иншоаллоҳ дуоҳои оҷизонаи мо пазируфта хоҳанд шуд.

5. Қурбонӣ намудан.
Иди Қурбон яке аз рӯзҳои бузург дар дини ислом буда, мусалмонон дар ин рӯз қурбонӣ менамоянд, барои қариб гаштан ба даргоҳи Худованди Таборак ва Таъоло. Ҳоҷиён дар ҳаҷ ва дигарон дар хонаҳои худ. Инчунин рӯзи иди Ќурбон низ яке аз бузургтарин ва бо фазилаттарин рӯзҳо дар назди Худо ба шумор меравад. Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар «Фатҳ-ул-борӣ» мегўяд: “Ончӣ барои мо равшан гашт дар фазилати ин даҳи Зилҳиҷҷа дар он аст, ки дар ин даҳ рӯз бузургтарин ибодатҳо дар он ҷамъ мешаванд, ки онҳо иборатанд аз намоз, руза, садақа, ҳаҷ, ки ин ҳама ибодот дар дигар рӯзҳову моҳҳои дигар якҷо ҷамъ намегарданд”.
Дар ин моҳи муборак чӣ амалҳоеро бояд анҷом дод?
1. Адои маносики ҳаҷи Байтуллоҳ
2. Рўза доштани ҳама ин рӯзҳои нўҳ рӯзаро ба истиснои рӯзи иди Қурбон, агар имкони онро дошта бошем, вале агар надошта бошем рӯзи ҳафтум, ҳаштум ва нўҳуми онро, агар натавонем рӯзи Арафаро, ки он рӯзи нўҳуми ин моҳ аст, яъне рӯзи қабл аз иди Ќқурбон.
3. Адои намозҳои панҷгона, хоссатан бо ҷамоъат дар масҷид. Инчунин адои намозҳои нофила дар рӯзҳои ин моҳ, зеро тибқи фармудаи Расули Акрам (с). “Бандаи ман наздик мегардад ба ман бо адои намозҳои нофила, то ин ки ман ӯро дӯст дорам”. Имом Бухорӣ.

4. Зиёд намудани такбир, таҳмид, таҳлил ва зикр:
Абдуллоҳ ибни Умар (р) аз Расули Акрам (с) ривоят мекунад, ки Расули Акрам чунин фармуданд: “Рӯзҳое бузургтар ва дӯст доштатар назди Худованд ва амал намудан дар он нест ба мисли ин рӯзҳои даҳгона. Пас зиёд намоед дар ин рӯзҳо таҳлил, такбир ва таҳмидро” (Ривояти Имом Аҳмад).

Имом Бухорӣ ривоят мекунад, ки Абдуллоҳ ибни Умар (р) ва Абўҳурайра (р) “Хориҷ мешуданд ба суйи бозор дар рӯзҳои даҳгона такбир (Аллоҳуакбар) мегуфтанд ва мардум ҳама бо онҳо такбир мегуфтанд”

Инчунин ривоят мекунад, ки Умар ибни Хаттоб (р) дар қуббааш, дар Мино такбир мегуфт, пас аҳли масҷид мешуниданд ва такбир мегуфтанд. Инчунин такбир мегуфтанд аҳли бозор, то ки Мино аз такбири ҳама дастаҷамъона ба эҳтизоз медаромад.
Абдуллоҳ ибни Умар (р) такбир мегуфт дар Мино, дар ин рӯзҳо, инчунин пас аз ҳар намоз, дар рахти хобаш, дар маҷлисҳояш, дар роҳ рафтанаш ва дар ҳар куҷое, ки мебуд дар ин рӯзҳои даҳгонаи Зилҳиҷҷа такбир мегуфт.
Инчунин мустаҳаб аст барои ҳар мусалмон, ки дар ин рӯзҳо такбирашро баланд намояд. Вале такбири ҷамоъатро, яъне ҳама якҷоя нагўянд хуб аст, зеро якҷоя такбир гуфтан аз Расули Акрам (с) ривоят нашудааст. Суннат ин аст, ки шахс ба танҳоӣ худаш такбирро дар ин рӯзҳо зиёд гўяд.

5. Садақа намудан дар ин рӯзҳои муборак хеле хуб аст, зеро Расули Акрам (с) мефармоянд: “Садақа молро кам наменамояд” Ривояти Имом Муслим
.
Анҷоми амалҳои зерин дар ин рӯзҳо хуб аст.

Қироъати Қуръони карим, таълим додан, таълим гирифтан, Астағфируллоҳ гуфтан, ризо намудани падару модар,силлаи раҳм намудан,салом додан бар ҳама,таъом додан бар фақирон ва мустамандон, робита барқарор намудан миёни ду қаҳрӣ, амр бар маъруф ва наҳй аз мункар, нигоҳ доштани забон аз дурўғ, тўҳмат, ғайбат, суханони беҳуда, хубӣ намудан бар ҳамсоягон, эҳтироми меҳмон, садақа намудан дар роҳи Худо, дур намудани ҳар чизе,ки роҳгузаронро азият медиҳад, нафақаи аҳлу аёл, кафолати ятимон, аёдати беморон, бароварда намудани ҳоҷати як бародари мусалмон, салавот бар Расули Акрам (с) фиристодан, озор надодани мусалмонон, меҳрубонӣ намудан бо зердастон ва ҳар касе, ки метавонӣ, рафиқони падаратро эҳтиром намудан, дуо намудан дар ҳаққи бародарони мусалмон, дар ҳолати ғоиб будан ба таври пинҳонӣ, нигоҳ доштани амонати касе, ки ба ту во гузоштаст, вафо намудан бар ваъдаат, эҳсон намудан ба амак, тағо, хола ва аммаҳоят, кўмак намудани шахси музтару нотавон, нигоҳ доштани чашм аз ҳаром, бо вузу гаштан ва ҳангоми ҳар намоз имкон дошта бошӣ вузу намудан, дуо намудан миёни азон ва қомат, қироъати сураи Каҳф дар рӯзҳои ҷумъа, рафтани масҷид, интизори намоз пас аз адои намоз, адои ҳама намозҳои панҷгона дар масҷид, ба ҷо овардани намозҳои нофила, зикр намудан пас аз адои намозҳо, мувозиб будан барои касби ризқи ҳалол, дили андўҳгинеро шод кардан, шафқат бар нотавонон,касеро (агар метавонӣ) ба кори нек насиҳат намудан, дилро пок нигоҳ доштан аз кибр, ғурур, ҳасад, риё ва бахилӣ, ҳамкорӣ намудан ва ё баровардани ҳоҷати шахсе, ки ба ту дар коре ниёз дорад. Албатта ин амалҳоро бояд шахси мусалмон ҳамеша анҷом диҳад. Бояд бар он бикўшем, ки худро дар ин даҳ рӯз ба ин амалҳо одат диҳем, нахуст ба даргоҳи Худованд наздик мегардем ва умед аст, ки ин амалҳоро дар оянда низ татбиқ менамоем ва аз бандагони хоси Худованд хоҳем гашт ва ин дунёву охирати худро обод хоҳем кард. Орзўи муваффақияти якояки шумо азизон дар ин даҳҳаи мубораки Зилҳиҷҷа.

Share This Article