Даҳмардараиси Лахш бо МакГрегори рафиқаш ноҳияро тороҷ доранд

Ислоҳ нет

Мо, сокинони ноҳияи Лахш аз рафтору кирдори раиси ноҳия Баротзода Файзулло Раҷаб ва сардори Идораи барқи ноҳия Шомуродов Аброр Аҳкомович ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҳикоят хоҳем кард.

Баротзода Файзулло Раҷаб соли 2016 бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси ноҳияи Лахш таъйин гардид. Дар давраи фаъолияти корӣ ва хизматиаш мардуми ноҳияи Лахш ӯро ҳамчун як шахси бетаҷриба, бесавод ва шахси бе маданият шинохтанд. Саводи кофӣ надорад. Ба вазифаи раиси ноҳия арзанда нест. Дар вақти маҷлисҳо, сессияҳои вакилон телефони шахсияшро озодона истифода карда корҳои шахсии худро бо соҳибкорон ва дӯстону рафиқон муҳокима мекунад, гӯё, ки дар толор ягон шахс ҳозир надорад. Мо дар вақтҳои маҷлис фақат корҳои шахсии ӯро гӯш мекунем ва фикрҳоямон парешон мешавад. Маҷлисҳо агар 2 соат гузаронида шавад, ҳатман 1 соаташро Баротзода Файзулло Раҷаб бо дӯстони худ бо телефон гап мезанад ва мо ноилоҷ онҳоро гуш мекунем. Ба иззати нафси мардуми ноҳия Лахш, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо мерасад. Пештар аз ӯ чандин раиси ноҳия кор карданд. Ҳамаи онҳо нисбати мардуми ноҳия суханони хуб мегуфтанд. Ин шахс, ки таи 5 сол мешавад нону намаки мардуми ноҳияи Лахшро хӯрдааст, намакношиносӣ мекунад. Дар маҷлисҳо борҳо гуфтааст, ки ман мисли дигар Раисон нестам. Ман раиси мардумиам ва нони қоқ мехурам. Раиси мардумӣ бо мардум аст, бо тамоми сокинони ноҳия як хел муносибат мекунад.

“Сардори идораи танзими ноҳия Абдураҳмонов Сайкишварро дар ҳамин вазифа таъйин карда, тамоми маълумотҳои ноҳияро аз ӯ мегирад. Сайкишвар дар байни мардуми ноҳияи Лахш ҳамчун «АРӮС»-и Баротзода Файзулло Раҷаб ном баровардааст. Раиси ноҳия тамоми ҷавонони бетаҷрибаро дар атрофи худ ҷамъ карда, доимо худро ба онҳо таърифу тавсиф мекунад ва онҳо балегӯякони ӯ мебошанд.”

Сардори Идораи ҷавонони ноҳия Раҷабов Субҳон, идораи иқтисодиёт, Юсупов Муборакшо, Суюнбаев Алмаз, Раҳмонов Абдураззоқ, Мисиров Раҳмоналӣ инҳо ҷавононе мебошанд, ки дар хизмати Раис тайёранд ва ҳамаи ахбору навигариҳо тавассути онҳо ба Раис мерасанд. Яъне ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ «Буз»-ҳои раиси ноҳия мебошанд. Аз рафторҳо ва кирдору гуфтори Раис маълум мешавад, ки дар давраҳои то Раиси ноҳия шуданаш чӯпонӣ, яъне Даҳмардагӣ кардааст ва ин аст, ки сокинони ноҳия хурду-бузург ӯро Даҳмарда мегӯянд. Наход вақти таъйини ин шахс ба вазифаи раиси ноҳия отделкадри “пешво” Асадулло Раҳмонов бесаводии ӯро нафаҳмида бошанд дар Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва аз ӯ пул гирифта ӯро ба ин вазифа гузоштаанд.

“Ин Даҳмарда дар соли 2017 Шомуродов Аброр Аҳкомовичро бо гирифтани маблағи бисёр (пора) ба вазифаи сардори Идораи барқи ноҳияи Лахш таъйин кард. Шомуродов Аброр Аҳкомович дар солҳои 2000 масъули Идораи Фонди Оғохони ноҳияи Лахш буд ва аз вазифааш истифода бурда, ба номи чандин нафар кредит (қарз) гирифта, онҳоро аз они худ кардааст. Инро мақомот  метавонанд бори дигар санҷида бароянд. Дар моҳи июли соли равон Шомуродов Аброр-ро маълум нест кадом мақомот ба шаҳри Душанбе бурда муддати 1(як) моҳ дар СИЗО нигоҳ доштанд, аммо боз ҷавоб доданд. Ҳол он, ки ба гуфтаи шахсони аз ин кор огоҳ ӯ дар давоми фаъолияти корӣ дар Фонди Оғохони ноҳия наздики 4(чор) миллион сомониро аз худ кардааст. Вақти аз СИЗО озод шуданаш дар хонааш маъракаи дабдабанок ташкил кард. Албатта, дар байни шахсони хурсандшуда-раиси ноҳия Даҳмарда- низ будааст. Наход мақому манзалати ҳукумат то ин ҳад поин омадааст, ки шахси 1(як) моҳ дар СИЗО хобида, боз баргардад ба ноҳия,   ва мақоми давлатӣ бигирад. Боз дар маҷлисҳо танҳо ҳамин Шомуродовро таъриф мекунаду халос.”

Аз ин ҷо фаҳмида мешавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» танҳо барои камбағалу бе соҳибон рабт доштаасту халос, агар назар афканем ба Қонуни мазкур гуфта шудааст, ки агар шахси мансабдор Қонуни мазкурро вайрон кунад, бояд аз вазифа озод шавад, вале ин Қонун ба раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб бо лақаби Даҳмарда ва роҳбари барқи ноҳияи Лахш Шомуродов Аброр бо лақаби МагРегор дахл надошта ва таъсир ҳам намекардааст. Худи Шомуродов Аброр баъди аз СИЗО озод шуданаш гуфтааст, ки бо пул тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро мехарам. (Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ин суханони ҷинояткор барои Шумо дарси ибрат бояд бошад). Ҳаромкорӣ ва ҳаромхӯрии Шомуродовро биёянд санҷанд ва хулосаи худро бароранд.

“Қиссаи бо номи МагГрегор ном баровардани Шомуродов Аброр ин аст ки ӯро дар шаби соли нав бо як зани шавҳардор, хусури он зан дар хонаи хобаш луб- лучи модарзод ба даст меафтонад. Худи ҳамон шаб Шомуродов Аброр он занро гирифта Душанбе мебарад ва муддати 10-рӯз дар Душанбе дур аз чашми мардум зиндагӣ мекунад. Баъди 10-рӯз он занро ҳамчун зани дуюм гирифта оварда, дар рӯ ба рӯи шӯъбаи амнияти ноҳияи Лахш, ки он вақтҳо Исоев Оқил Давлаталиевич сардори он буд хона харида зиндагии худро идома медиҳад. Исоев Оқил Давлаталиевич, ки дар бораи ӯ ва кӣ будани ӯ тамоми мардуми ноҳия медонанд, ягон чора ҳам намебинад. Азбаски Шомуродов Аброр ба ӯ ва раиси ноҳия мунтазам пул медод, гусфандҳои фермаашро кушта онҳоро бо гӯшт таъмин мекард, онҳо гӯё ҳеҷ чизро намедиданд. ” 

Ногуфта намонад, ки Шомуродов Аброр-МагРегор то ҳол рубаруи Идораи амният бо ду зан дар якҷоягӣ зиндагиро пеш мебарад. Чаро ин ҷинояти содиркардаи Шомуродов Аброр-ро раиси ноҳияи Баротзода Файзулло Раҷаб ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ надида ва назорат ҳам намебаранд. Баъди ҳамин ҳодиса Шомуродов Аброрро мардуми ноҳия Бобои барфӣ ва баъзеи дигар МагГрегор ном монданд. Гуфтан зарур аст, ки Шомуродов Аброр ё  ин, ки МагГрегор хонаи Худоро зиёрат карда унвони Ҳоҷӣ Аброрро гирифт. Вой бар ҳоли чунин Ҳоҷӣ!!!!!!!

“Баъди ин ҳодиса МагГрегор тамоман ба маҷлисҳои ҳукумати ноҳияи Лахш намеомад, Даҳмарда инро намедид ва дидан ҳам намехост. Ҳар шаб дар хонаи МагГрегор ташкилӣ, зиёфат ва рақсу бозӣ буд, ки ин албатта бо иштироки сардори Аминият ноҳияи Лахш Исоев Оқил Давлаталиевич ва Баротзода Файзулло Раҷаб-Даҳмарда. Пулҳои барои истифодаи барқи сокинони ноҳияро ба киссаи ҳароми худ ва киссаи Даҳмарда Баротзода Файзулло Раҷаб ва Исоев Оқил Давлаталиевич андохта фикр кард, ки дунё бе ҷавобу савол аст.”

Даҳмарда ба писари МагГрегор Фирӯз дар Ҷамоати Алға-и ноҳия 12-гектар хоҷагии деҳқонӣ додааст. Ҳол он, ки Фирӯз дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Дар замини хоҷагии деҳқонӣ кормандони Идораи барқи ноҳияи Лахш рӯзҳои корӣ рафта, картошка мешинонданд, алаф медаравиданд ва тамоми корҳои шахсии Ҳоҷӣ МагГрегорро иҷро мекарданд. Дар Ҷамоати Ҷиргатол деҳаи Янгишаҳр фермаи чорво ва назди ферма 2-гектар замини хоҷагии деҳқонӣ дорад. Дар ин замин кормандони Идораи барқи ноҳия вобаста шуда буданд. Ҳатто Даҳмардаи ноҳия, ки вазифаи расмиаш раиси ноҳия мебошад рӯзҳои кишт ва ҷамъоварии картошка аз субҳ то шом дар ҳашари Ҳоҷӣ МагГрегор иштирок мекард.

“Натиҷаи ҳаромкорӣ ва ҳаромхӯрии МагГрегор мебошад, ки аз ҷониби кормандони идораи амнияти ноҳия бо сардории ҷавони бо ҳисси миллии баланд Бойматов Хусрав, ки ба ҷойи Исоев Оқил таъйин шудааст, бо гуноҳи аз худ кардани маблағи ниҳоят калон, аз рӯи маълумотҳо 5-миллион сомонии Барқи Тоҷик дастгир шуд. Дар давраи дар СИЗО будани МагГрегор кормандони идораи барқи ноҳия 65-85 ҳазор сомонӣ ҳаққи истифодаи барқро гирифта, ба «Хуҷаин»-ашон кӯмак расониданд. Ҳоло МагГрегор боз дар СИЗО қарор дорад лекин Раиси ноҳия тавре вонамуд дорад, ки ҳич кор нашудааст. Интизор аст ки кай МагГрегор аз СИЗО мебарояд ва боз ба ҳамон корҳо, айшу ишрат ва аз худкунии маблағи давлат ва Барқи Тоҷик идома диҳад.”

Худ қазоват кунед, 4-миллион сомонӣ аз Идораи Оғохон, 5-миллион сомонӣ аз Барқи Тоҷик аз худ кардааст ва то ҳол ин Даҳмарда то дараҷае, ки муттаҳам дар назди МагГрегор мебошад, ки ҳатто аз вазифа ӯро озод накардааст. Агар ягон нафар роҳбарони идораҳои ноҳия ба маҷлис наоянд ва ё ягон гуноҳи ночизе кунанд ҳамон замон масъалаи аз вазифа озод карданашро ба миён мемонад. Наход як нафаре, ки хонаи дуошёна, фермаи чорвои калону хурд (зиёда аз 2000 мол), хоҷагии деҳқонӣ наздики 15-гектар, мошинҳои гаронбаҳои Лексус, Прадо ва Мерседес дорад, як бор пурсиш набошад ва назорат набошад. Агар бо меҳнати ҳалолаш ёфта бошад ягон мушкилӣ нест. Наход раиси ноҳия бо хӯрдани як гусфанду гирифтани пул дар назди як роҳбари ташкилоти ноҳия муттаҳам шавад. МагГрегор кӯчаҳои деҳаи Ҷиргатолро пурра бо барқ таъмин карда, роҳи ин деҳаро бо шағал ҳамвор кардааст. Аз кадом ҳисоб? Имрӯз маълум гашт, ки маблағи сокинони бе ин ҳам бечораи ноҳияро, ки барои истифодаи қувваи барқ месупориданд, дуздида, боз барои худашон сарф карда обрӯю эътибори худро дар байни сокинон баланд мебардоштаст. Раиси ноҳия -Даҳмарда дар ҳамин масъала ЛОЛ аст. Ҳатто мегуяд, ки қандша занад МагГрегор (ҳамон Шомуродов) аз куҷое пул меёбад ҳалолаш шавад. ЭЭЭЭЭЙЙЙЙЙЙ раиси бесавод ин пулҳо пулҳои барои барқ супоридаи сокинони ноҳия аст!!!! Мошинаи ПРАДО бо рақмҳои «10-10» пули ҳаққи ҳалоли сокинони ноҳия барои истифодаи барқ аст. Хонаи 2-ошёнае, ки дар он ҷо бо Исоев Оқил гусфандхӯрӣ мекардӣ пули ба номи мардуми ноҳия кредит гирифтаи Ҳоҷӣ МагГрегор аст, агар то ҳол нафаҳмида бошӣ.

“МагГрегор Институти педагогии шаҳри Ӯши Қирғизистонро ғоибона хатм карда, маълумоти соҳаи барқро надорад. Барои соҳиб шудан ба ин вазифа дар кадом як Донишкадаи Тоҷикистон боз ғоибона барои гирифтани Дипломи мутахассиси барқ ҳуҷҷат супоридааст.”

Аз масъулони Барқи Тоҷик, Прокуратура ва Агентии назорати молиявӣ хоҳиш ва талаб мекунем, ки масъалаи 5- миллион сомонии рӯирост дуздидани МагГрегори ноҳия ва назорат накардани раиси ноҳияро ҷиддӣ санҷида то ба Президенти мамлакат расонанд.

Баъди рафтани Исоев Оқил, сардори шуъбаи КДАМ аз ноҳия масъалаи ба вазифаҳои калидӣ мондани одамони худӣ ба зимаи МагГрегор гузашт.

Дар ДЭУ Идораи роҳҳои ноҳия, ки маблағи зиёд дорад, одами наздики МагГрегор таъйин шудааст. Ҳар як кори раиси ноҳия Даҳмарда бе маслиҳати Ҳоҷӣ МагГрегор намешавад.

“Даҳмардаи ноҳия дар фаъолияти 5-солаи худ дар ноҳияи Лахш танҳо як ташаббус нишон дод. Сохтмони бинои касалхонаи сироятӣ дар маркази ноҳия. Барои сохтмони ин бино бо дастрасии маълумотҳо маблағҳои зиёд ҷудо гардидааст, вале Даҳмарда сохтмон ва рангу бори онро аз ҳисоби ташкилотҳои ноҳия иҷро карда истодааст. Ҳар як ташкилоти ноҳия ҳиссаи худро дорад. Маблағ ва боз утоқҳои онро аз ҳисоби худат таъмир мекунӣ, баъд халос мешавӣ мегӯяд Даҳмардаи ноҳия. Маблағҳои ҷудошудаи давлатӣ бошад муфт барои сохтмони беморхонаи марказӣ ба кисаи Даҳмарда бе ягон мушкили даромада, аммо сохтмони беморхонаи сироятии  маркази ноҳия аз маблағҳои корхонаҳо, ташкилотҳо, ҷамоатҳо, соҳибкорҳо, маблағҳои бо роҳи маҷбурӣ ҷамънамуда аз сокинони Лахш рафта истодааст. Ногуфта намонад, ки Даҳмарда дар тули 5 соли фаъолияти бе баракаташ, аз ҳисоби халки ноҳия ба ғайр аз ҳайвоноти калону майда, автомашинаҳои гаронбаҳо, 4манзили истиқоматӣ харидорӣ намудааст, ки агар санҷиши дақиқ сурат гирад,ифшо хоҳад шуд, ки ин пулҳоро аз куҷо ёфтааст.”

Боз як далели Даҳмардагии Баротзода Файзулло Раҷаб исбот мешавад, ки дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Лахш, беморхонаи бемориҳои сироятӣ (инфекионный больница), аз ҳисоби халқ сохта истода, дар баробари ин ҳаррӯз дар ҳар куҷо худашро таъриф мекунад, ки ман дар назди беморхонаи касалиҳои сироятӣ боғи фарҳангӣ-фароғатӣ сохтам, вале кадом одами солим ақл фарзанди худро бурда, дар назди беморхонаи сироятӣ ба боғи фарҳангию фароғатӣ дароварда дам мегирад, ҳоло он ки дар ин боғи фароғатӣ-фарҳангӣ ба ғайр аз хоки хунук дигар ягон чиз дида намешавад.

“Далели Даҳмардагӣ ва гушнагии Баротзода Файзулло Раҷаб -ро бигӯем ҳисоб надорад:Мисол бо факту рақамҳояш фурудгоҳи марказии ноҳияро Даҳмарда бе ягон тарсу ҳарос то охирин сотихаш  кишт карда, картошка мекорад. Магар Даҳмарда  намедонад, ки ин объекти стратегӣ мебошад. Ақалан ба ҳамин объекти ҳаётан муҳими давлатӣ даст намезад.”

Мисоли дигарро меорем. Ду- се сол пеш Даҳмарда дар Фурудгоҳи Лахш дар масоҳати 2-гектор боғи себ бунёд ва  гирду атрофашро бо сетка маҳкам карда, дарахтони ҳар хелаи мевадиҳанда шинонд, ки  ин албатта аз маблағи киссаи худи Даҳмарда харҷ нашуда, аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту, муасисаҳо ва ғайраҳо сурат гирифт.

Як рӯз бо Даҳмарда дар фурудгоҳ ҳамсуҳбат шуда пурсидам, ки оё фурудгоҳро ба боғ табдил додан мумкин аст? Даҳмарда дар ҷавоб ба ман гуфт, ки дар ин дунё ҳар кор шуданаш мумкин аст, агар хоҳӣ ба ту мефурӯшам. Ман дар ҷавоб ба Даҳмарда гуфтам, ки раҳмат, даркор нест, баъдан фаҳмидам, ки кадом вазире омада боғи ғайриқонунӣ ташкилкардаи Даҳмардаро дида, ба Даҳмарда эрод гирифта, супориш додааст, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин аз фурудгоҳ боғи ғайриқонуниашро бардорад. Даҳмарда пас аз шунидани ин суханҳо маҷбур шуда, аз тарси ҷон ва вазифа боғашро аз фурудгоҳ дар як рӯз таъҷилан дар шоҳидии ҳамаи сокинони маркази ноҳияи Лахш ва кормандони ҳукумати ноҳия вайрон кард. Баъд аз аз фурудгоҳ гирифтани боғи Даҳмарда ман ба Худованди Карим сад маротиба шукр кардам, ки ин боғи Даҳмардаро харидорӣ накардаам, зеро боғи Даҳмарда ғайриқонунӣ будааст.

“Дигар нотарсӣ ва гушнагии Даҳмардаро ба Шумо гуфта  ва баён ҳам кунам, ки ин дар тули 5-сол бо чи корҳо машғул буд. Дар асоси Қонун ба ҳамагон маълум аст, ки раиси ноҳия ба ғайр аз вазифаи ишғолкардааш, ба соҳибкорӣ машғул шуданаш мумкин нест, вале ба Даҳмарда ин Қонун умуман тааллуқ надоштааст, зеро дар Дашти қуми хоҷагии давлатии Лахш Даҳмарда бо истифода аз техникаи Лизинг Сияков Сали ройгон чандин гектор гандуми лалмӣ кишт кард. Инчунин дар заминҳои деҳаи Карамиқи ҷамоати Алға, ки дар он ҷо бе Даҳмарда ҳам ба халқи деҳа оби полезӣ басанда нест, Даҳмарда рафта, дар он ҷо низ чандин гектор картошка шинонда, ба халқ об надода, тамоми сокинони ноҳияро ба дод овардааст.”

Боз як гушнагӣ ва бе инсофии Даҳмардаро ошкор кунем, пеш ба тамоми сокинони маркази ноҳияи Лахш оби ошомиданӣ мерасид, вале пас аз ба вазифа таъйин шудани ин Даҳмарда қариб се сол мешавад, ки оби ошомиданӣ дар маркази ноҳияи Лахш ба нестӣ рафтааст. Маълум гашт, ки ин Даҳмарда барои иҷозати нуқтаи оби ошомиданӣ ба маблағи аз 2-ҳазор саркарда то 3-ҳазор сомонӣ пора гирифта, бе инсофона нуқтаҳои обро мефурӯхтааст. Боз як харомхӯрӣ ва ҷинояти ошкорои Даҳмардаро ба Шумо маълум намоям, ки пас аз таъйин шуданаш ба вазифаи Раиси ноҳияи Лахш дар ноҳия ҳамон сол ФОНДИ ХАЙРИЯИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ташкил намуд. Кадом сокини ноҳия барои гирифтани Қарори Раиси ноҳия биёяд, ҳатман барои гирифтани ИМЗОИ Даҳмарда ба фонди ғайриқонунӣ ташкилкардаи Даҳмарда маблағ вобаста ба ҳаҷми корҳои иҷрошуда месупорад, баъдан имзои мубораки Даҳмардаро ба даст меоварад. Даҳмарда ин суратҳисобро чун фонди ғайриқонуниаш, ғайриқонунӣ дар Амонатбонки ноҳия Лахш кушода, бе ягон мамонияту тарсу ҳарос рафта пас аз ҷамъ шуданаш аз Амонатбонки ноҳия мегирифтааст.

“Аз рӯи маълумоти ба мо расида Раҳими Ғармӣ-соҳибкори муваффақи тоҷик барои оилаҳои камбағалу камбизоати ноҳия Лахш 500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ кӯмак кардааст, мустақим ба киссаи Даҳмарда даромад. Худ қазоват кунед, ки наход маблағи як шахси хайркунандаро гирифта, бе ягон шарму ҳаё ба кисса зада, ҳатто сурх нашавад. ” 

Боз як кори коррупсионии Даҳмардаро ба болои об барорем. Ду ё се сол пеш «Канали Пиёзӣ»-ро сел зада баъзе ҷойҳошяро пур ва 10-метр турбаи оҳанинро корношоям карда буд ва барои ободонии канали мазкур, аз ҳукумати Тоҷикистон, ташкилотҳои байнахалқӣ маблағҳои бе ниҳоят калон ҷудо шуда буд, вале Даҳмарда канали мазкурро бо иштироки халқи ноҳияи Лахш бо тариқи ҳашари маҷбурӣ таъмиру тармим кард.

Агар аз даромадгоҳи ноҳия то сарҳади Қирғизистон тамоми деҳаҳои ноҳияро гашта, аз раиси ноҳия пурсон шавед ҳама ӯро ҳамчун Даҳмарда мешиносанд. Дар маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Лахш Даҳмарда падару модари худро таъриф мекунаду халос. Ягон маҷлисе нест, ки бе ёдоварӣ аз падару модари Даҳмарда нагузарад. Ҳамаи одамон аз падару модари худ ба дунё омаданд ва ҳар як падару модар мехоҳад, ки фарзандаш хуб ба воя расад ва номбардори падару модари худ бошад. Раиси ноҳияи Лахш-«муҳтарам Даҳмарда» чунон сухан мекунад, ки танҳо ӯ падару модар дорад. Эй Даҳмарда падару модарат аз худат. Падару модаратро назди фарзандонат қисса кун.

“Як вақт сафари кории Президенти Тоҷикистон ба ноҳия дар нақша буд. Даҳмарда ҳар рӯз бо тариқи маҷбурӣ ва зуроварӣ сокинони ноҳияи Лахшро ҳамчун ғулом дар асри 21 дар беморхонаи сироятии сохташуда кор мефармуд. Аз ҳисоби ягон шахси хайрҳоҳ хуроки нимарӯзӣ ташкил мекард. Даҳмарда ба як соҳибкори маҳаллӣ дар пеши мо коргарони ҳамон рӯза супориш дод, ки ОШ карда ба коргарон биёрад. Он соҳибкор ош овард. Даҳмарда дар ҳол ба пеши мо омада, аз ҳамаи мо  бе ягон шарму ҳаё барои оши соҳибкор оварда 20-сомонигӣ ҷамъ карда гирифта, дар кисааш зад. Дар ин ҳашари иҷборӣ бархеҳо ҳатто аз шаст километр бо пули худашон инҷо омада буданд.”

Коргарон ҳайрон шуда ба раси гуфтанд, ки «барои Шумо  шуда аз роҳҳои дур омадем». Даҳмарда бе ягон шарму ҳаё гуфт, ки «омада рафтан ин проблемаи Шумо мебошад, агар 20 сомонӣ дар кисаатон надошта бошен Шумо чихел марден»?  20 сомонигӣ маҷбуран гирифту,ба автомашинаи хизматиаш маркаи Прадо-Ландкрузер нишаста аз пеши мо рафт. Оши нисфирузӣ хурдагиамон заҳри баданамон шуда бегоҳӣ, гушнаю ташна ба хонаамон баргашта рафтем.

Дар арафаи ҳамон сафари Эмомалӣ Раҳмонов  аз соҳибони таксиҳои хатсайри Марказ-ҷамоати Янгишаҳр  ба маблағи 500 сомонӣ наздики 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ ҷамъоварӣ кардааст. Маълум нест, ки ин пулро куҷо сарф кард.

“Соли 2020 дар соли аввали пандемияи коронавирус аз ҳисоби ташкилотҳои хориҷӣ ба 65 мактаби ноҳияи Лахш асбобҳои ҳароратсанҷ ҳамчун ёрӣ дастрас карда шуда буд, ки раиси ноҳия Даҳмарда ба мудири маорифи ноҳия Мирзоев Алимаҳмад онҳоро дода мегӯяд, ки барои ҳар як донааш аз ҳар як мактаб маблағи 450 сомонӣ ҷамъоварӣ карда оварда, ба дасти ман супор. Марҳамат ҳисоб кунед аз ҳар як мактаби ноҳия (65 мактаб) 450 сомонӣ ҷамъ чанд мешавад, худ қазоват кунед. (29250 бистунуҳ ҳазору дусаду панҷоҳ сомонӣ). Ин Даҳмардаи беинсофро бинед, ки дар чунин шабурӯз ҳам нафси саркашашро нигоҳ дошта наметавонад.”

Аз талабаҳо маҷбурӣ пул ҷамъ кардӣ, барои ҳароратсанҷак, ҳол он ки ин асбобҳо ба тариқи ройгон ба ноҳияи Лахш ворид шудааст.

Як  бегоҳӣ Даҳмарда бо кормандони Ҳукумати ноҳияи Лахш барои гузаронидани вохурӣ бо сокинони ҷамоати «Сурхоб»- рафт.Ман ҳам ҳамчун корманди Ҳукумат дар он ҷо иштирок доштам. Вохӯрӣ дар деҳаи Қушағба ҳозира деҳаи (Себзор) баргузор гардид. Сокинони ҷамоати мазкур аз даҳони Даҳмарда ягон сухани хуб нашуниданд. Вай аз давраҳои ҷавониаш нақл карда мегӯяд, ки чи хел бо рафиқи наздикаш дар ноҳияи Вахш ба саҳро рафта, бо МОДАХАРҲО алоқа карда буданд. Ана Раиси Даҳмарда ба Шумо мана Раиси Даҳмарда ба Шумо!

Хонандагони азиз манзури мо ин аст ки тамоми мақомоти дахлдори кишвар донанду огоҳ бошанд, ки дар Лахш Даҳмарда ва Ҳоҷӣ МагГрегор ноҳияро ба қашоқӣ ва нестӣ расонида истодаанд. Мо мехоҳем, ки номаи аъмоли ин ду шахс дар рӯи мизи Президенти кишвар бошад ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи адолат ба ин ду шахс баҳои арзанда диҳад.

Share This Article