ДАР ИНТИЗОРИ МАҲДӢ…?

Ислоҳ нет

ДАР ИНТИЗОРИ МАҲДӢ…?
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.Намехоҳам муқаддимаи тӯлони нависам. Чандсол пеш китоберо аз забони араби ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда будам,ки номаш буд “Мато юшриқ нурука айюҳал мунтазар” ба қалами Шайх Усмон ибни Муҳаммад Хамис аст.Ба забони тоҷики онро ном гузоштем “Дар интизори Маҳдӣ” Мехоҳам онро барои шумо хонандагон гузорам то фарқ миёни Маҳдии Аҳли Суннат ва Маҳдии шиъаро бидонед! Агар хоҳед дигар ҳеҷ саволе бароятон нисбати Имом Маҳдӣ боқи намонад ва хуб бидонед пас ҳатман ин силсила мақолаҳоро бихонед то дигар чизе бароятон пӯшида намонад.
Муқаддимаи китоб.
Алҳамду лиллоҳи раббил-ъоламин вассалоту ъало ашрафил-анбиёи валмурсалин Набийино Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъина ва баъд:
Усули эътиқод усуле ҳастанд, ки бояд қалб бар он муттакӣ бошад ва усуле ҳастанд, ки шакку тардид дар онҳо ҷоиз нест ва далелҳои вобаста бар ин усул бояд Қуръонӣ, возеҳ, собит ва ғайри қобили таъвил бошанд. Бинобар ин бар қалб лозим аст, ки аз ҳайси имон ва тасдиқ бар аркони ислом ва имон мунъақид шавад.
Вале вақте, ки дар мавриди усули эътиқодии баъзе аз фирқаҳо ва мазҳабҳо тааммул кунед, далелҳоеро бар он усул меёбед, кис обит нестанд ва далолати равшане бар он надоранд.
Аз ҷумла усули фирқаи шиъаи дувоздаҳ имомӣ ақидаи эмомат аст, кии борат аст аз эътиқод ба ин ки Худованд дувоздаҳ эмомро мeайян карда, ки аввалин онҳо Алӣ ибни Абутолиб (р) ва охирини онҳо Маҳдӣ Муҳаммад ибни ҳасани Аскарӣ аст ва ин ақида эмомат меҳвари дин ва руҳи он аст. Навбахтӣ мегуяд: Фирқае аз шиъаён мегуянд, ки эмомат баъд аз нубувват аз муҳимтарин умур мебошад.
Ва эмомат аз дидгоҳи гурўҳи дигар «як мансаби Илоҳӣ монанди нубувват аст» . Ва иддаи дигаре муътақиданд, ки эмомат аз нубувват болотар ва муҳимтар аст. Масалан ҳодии Теҳронӣ мегуяд: «Эмомат болотар ва муҳимтар аз нубувват аст, зеро эмомат мартабаи саввумӣ аст, ки Худованди мутаъол баъд аз нубувват ва халил будан Иброҳим (а)-ро ба он мушарраф кардааст» .
Марҷаъи шиъаён Оятулоҳил-узмо Козими ҳоирӣ мегуяд: «Он чӣ, ки аз ривоёт пайдо аст ин аст, ки ҷойгоҳу мақоми эмомат болотар аз дигар мақомҳо-албатта ба ҷуз мақоми рабубият-аст аз мақомҳое, ки мумкин аст инсон ба он бирасад».
Ҳамчунин мегуяд: «Эмом (а) мегуяд: «Худованд пеш аз он, ки Иброҳим (а)-ро ба унвони эмом баргузинад, Ў (а)-ро ба унвони дўст баргузид», зоҳири ин сухан бар бартарии мақоми имомат бар мақоми бандагӣ, нубувват, рисолат ва валоъ (маликӣ-подшоҳӣ) далолат мекунад». Ҳамчунин мегуяд: «Пас мақоми эмомат болотар аз мақоми нубувват аст» .
Оятуллоҳ Муҳаммад Боқири ҳаким мегуяд: «Эмомат мартабае бисёр болотар аз дараҷаи нубувват аст. Пас вақте, ки эмомат дар дараҷаи болотаре аз нубувват қарор дошта бошад бояд буъдҳо ва масъулиятҳои нубувват бо дараҷаи болотаре дар ў ҷамъ бошад, балки метавонем бигуем, ки эмомат намоди пешрафт ва рушд дар ҳаракати нубувват аст… ва дар ривоёти аҳли байт (а) ба таври равшан омадааст, ки эмомат дар дараҷаи болтаре аз нубувват қарор дорад» .
Кулайнӣ бо санадаш аз Абу Ҷаъфар (а) ривоят карда, ки гуфт: «Ислом бар панҷ асос бино шудааст: Намоз, закот, рўза ҳаҷ ва вилоят (эмомат) ва ҳеҷ як аз инҳо монанди вилоят нестанд, пас мардум аз чаҳор амри аввал табаъият карданд ва ин амр яъне вилоятро раҳо карданд» .
Ҳамчунин Кулайнӣ бо санадаш аз Содиқ (а) ривоят кардааст, ки гуфт: «Се чиз барои ислом кифоят мекунад: Намоз, закот ва вилоят, ки ҳеҷ як аз онҳо бе он ду амри дигар саҳеҳ нест. Бинобар ин эмомат дар мартабаи намоз, закот, рўза ва ҳаҷ ва балки болотар аст» .
Дар ҳоле, ки мебинем, ки Қуръон ба равшанӣ ва ошкоро намозу закот ва рўзаву ҳаҷро зикр кард, вале дар муқобил дар мавриди эмомат ба мафҳуми шиъаи дувоздаҳ имомӣ чизе зикр накардааст .
Пас ҳаргоҳ шиъае хост, ки дар мавриди эмомат ба яке аз оятҳои Қуръон истидлол кунад, мебинӣ, ки ба зикри ояте, ки ба гумонаш бар эмомат далолат мекунад басанда намекунад, балки ҳадисеро низ ба он замима мекунад ё шаъни нузули нодурустеро барои он баён мекунад ё бо истидлоли ақлӣ онро тақвият мекунад ё ба ояти дигаре, ки иртиботе бо он надорад истидлол мекунад дар ҳоле, ки омили аслие, ки тамоми ин истидлолҳоро рад мекунад, ин аст, ки Қуръон аз ояте, ки ба равшанӣ бар ин ақида далолат кунад холӣ аст ва ҳаркас дар мавриди далелҳои шиъаи дувоздаҳ эмомӣ бар эмомат тааммул кунад дурустии ин амро дармеёбад .
Дар баъзе аз ривоёт зикр шуда, ки: «Алӣ (р) яксаду бист бор ҳамроҳи Паёмбар (с) ба осмон баромада ва ҳар бор Худованд ба вилояти Алӣ (р) ва эмомони баъд аз ў тавсия кардааст, ки бештар аз тавсия ба фароиз будааст ва ҳар ончиро, ки барои тақвияти мардум лозим буд бо иқрор ба эмомат барои онҳо муҳкам сохт ва сипас онҳоро рад кард» . Ин ривоят тааҷҷуби фарди ҳақиқатҷуро бештар мекунад, ки чигуна дар қисмати аввал ингуна бар он таъкид карда дар ҳоле, ки натиҷаи он ин бошад, ки аз ҷумлаи умуре бошад, ки бештарин инкорро ба ҳамроҳ доранд…?! Ин бахши хурдакаке аз ҷойгоҳи эмомат назди шиъаи дувоздаҳ эмомӣ буд, вале ҳаргоҳ дар мавриди далоили исботи эмомат тааммул кунӣ, мебинӣ, ки ин далелҳо аслан бо фазоил ва ҷойгоҳи эмомате, ки китобҳои шиъа пур аз он аст таносубе надорад.
Касе, ки назарияи эмомат ва чигунагии шаклгирӣ ва қуввати онро то ба имрўз баррасӣ кунад, қазияи муҳимеро дарк мекунад ва он ин аст, ки масоили эътиқодӣ вақте, ки биношуда бар далелҳои муҳкам вас обит набошанд, мумкин аст, ки имрўз як ақидаи мунҳариф мешавад ва ин чизе аст, ки барои шиъаи дувоздаҳ эмомӣ иттифоқ афтодааст .
Чизе, ки бар ин амр далолат мекунад маросим ва маносике аст, ки дар «Ҳусайнияҳо» анҷом мешавад-ки ба зулм ва дурўғ ба Ҳусайн (р) нисбат додаанд-ки ҷузъе аз таваҷҷуҳ ба эмомати Ҳусайн ибни Алӣ (р) аст, ки олили шиъӣ Муртазо Мутаҳҳарӣ онро дарк карда ва дар китоби «Ҳамосаи Ҳусайнӣ» ба нақл аз Нурии Табрисӣ дар китоби «Луълу ва Марҷон» овардааст, ки: Воҷиб аст, ки мо барои Ҳусайн азо ва мотам бигирем, аммо мотаме, ки имрўз анҷом мешавад як амри ҷадид (нав) аст ва дар гузашта ин гуна набудааст, ки ба сабаби дурўғҳое аст, ки ба ҳодисаи Карбало часпидааст, бе ин ки касе онро ошкор кунад бар мо воҷиб аст, ки барои Ҳусайн гиря кунем, аммо на ба илати шамшер ва найзаҳое, ки ҷасади покашро ҳадаф қарор доданд, балки ба иллати дурўғҳое бояд гиря кунем, ки ба ин воқеъа часпидааст» .
Мутаҳҳарӣ аз Нурӣ дар китобе, ки пештар зикр кардем достони яке аз уламои Ҳиндро нақл кардааст, ки мегуяд: «Яке аз уламои Ҳинд ба ман нома навишт ва аз бисёрии дурўғҳое, ки дар мавриди таъзияхонии Ҳусайн дар он кишвар ривоҷ дорад шикоят мекард ва аз ман хост, ки дар ин маврид кореро анҷом бидиҳам. Сипас гуфт: Ин олими Ҳиндӣ тасаввур мекард, ки таъзияхонон баъд аз ин ки ба Ҳинд расиданд ривоҷи дурўғ карданд ва намедонист, ки обҳои касиф (палид) аз сарчашмаи касиф ҳастанд ва манбаъи ин мотами дурўғин Карбало ва Наҷафу Эрон яъне худи марказҳои аслии ташайюъ аст» . Сипас Мутаҳҳарӣ баъзе аз таҳрифҳоро нақл мекунад, ки воқеъаи Карбалоро зишт (бад) кардаанд. Сипас омилҳои таҳрифи ин воқеъаро зикр мекунад.
Ин танҳо яке аз суратҳои ҳақиқате аст, ки тафсили он тавассути яке аз уламои мазҳаб зикр шуда, ки зиёдаравӣ ва ифроти баргирифта аз ин навъ маросимҳоро баён мекунад.
Ҳоло ба қазияи эмомат бармегардем, ки бахше аз ҷойгоҳи онро баён кардем. Ин ақида ба шахсияти маҳдии мавъуд Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ хатм мешавад. Дар ин рисола ба таври сареҳ ва ошкор аз ин шахсият суҳбат мекунем ва ончӣ, ки бори дигар бар он таъкид мекунем ин аст, ки масоили эътиқодӣ бояд бино шуда бар далелҳои муҳкам ва собит бошанд. Пас шахсияти Маҳдӣ ҳамон орзуи имрўзи шиъаён ва касоне, ки хеле муштоқи дидори ў ҳастанд, аст. Ҳамон касоне, ки номи ўро бе гуфтани (ъҷ) ъаҷҷалаллоҳу фараҷаҳуш-шариф, намеоваранд.
Ин шахсияте аст, ки дар мавриди ў бисёр сухан гуфта шудааст. Дар ин рисола ба ҷонибҳои он пардохта шуда ва ҳақиқати он равшан шудааст, ки ба қалами Шайхи фозил Усмон Алхамис навишта шудааст ва замимае дар мавриди тафовути миёни маҳдии аҳли суннат ва маҳдии шиъаро ба он афзудаам .
Ба ҳар шиъа:
Гумон намекунам, ки пешкаш кардани ин мавзуъ сабаби шуълавар шудани оташи нажодпарастӣ миёни мардум шавад ё ба ҳадафи бартарии мазҳабе бар мазҳаби дигар бошад, балки дар роҳи тавҳиди уммат бар роҳи ҳақ ва хайр аст ва танҳо ангезаи ин рисола ин аст:

Эй шиъаён!
Ман мутмаинам, ки шумо чизҳои бисёреро дар ҳусайнияҳо ва маҷлисҳои уламои шиъа дар мавриди Маҳдӣ шунидаед ва аз афроди бисёре шунидаед, ки иддаъои дидани Маҳдӣ ва ҳамнишинӣ бо ўро кардаанд ё ин ки Маҳдӣ ин гуна ба онҳо фатво додааст ё… оё аз худат пурсидаӣ, ки мумкин аст ин шахсият ғайри ҳақиқӣ бошад?! Ва оё далелҳои вуҷуби имон ба он сареҳ ва саҳеҳ ҳастанд?!
Эй шиъаён!
Дар мавриди шахсияти Маҳдӣ Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ шак ва тардидҳои зиёде вуҷуд дорад, бо вуҷуди ин, ки ин ақида аз лозимаҳои имон маҳсуб мешавад, ки тарккунандаи он аз дидгоҳи шиъаи дувоздаҳ эмомӣ кофир маҳсуб мешавад, пас ин шакку тардидҳо чист? Шиъаён дар ин ақида мехоҳанд аз душманонашон интиқом бигиранд!!
Эй шиъаён!
Шояд баъзеҳо ин масъаларо барои ин ба тасвир бикашанд, ки иллати матраҳ кардани ин масъала буғзу кина нисбат ба аҳли байт ё кам кардани ҷойгоҳу манзалати онон аст, зеро, ки ин далел ва бурҳони касоне аст, ки мехоҳанд миёни ту ва ҳақиқат ҷудоӣ биандозанд, пас ҳаргоҳ касе бихоҳад, ки аз ҳақиқати баъзе аз ақоиди мухолифи китоби Худо иттилоъ пайдо кунад ба ў гуфта мешавад, ки: «Душмани аҳли байт аст!!». Дар ҳоле, ки ҷойгоҳи аҳли байт (р) назди мусалмонон возеҳ ва равшан аст ва уламо бар воҷиб будани муҳаббати онҳо ва табаъият аз онҳо насс доранд ва воқеъияти онҳо шоҳиди ин амр аст.
Эй шиъаён!
Ин рисола даъвате аст барои ҳар кас, ки ба Муҳаммад ибни Ҳасани Акасрӣ эмон дорад ва иштиёқи хуруҷи ўро дорад ва бо забонаш дуъои таъҷили фараҷ (зуд омадани Маҳдӣ)-ро мехонад.
Ин рисола ҳар шиъаеро даъват ба хондани саҳифаҳои он ва тааммул дар он барои расидан ба ҳақиқат мекунад то дар хоби амиқ намонанд ва то вақте бедор нашаванд, ки дигар вақт гузашта ва номаи аъмоли инсонҳо ба дасташон дода шуда бошад.
Ин рисола ақлро даъват мекунад, то нишонаҳои ин шахсиятро бишносад то иллате барои бедорӣ аз хоби зебо ва сангин бошад…
Ин рисола даъвате барои посух ба ин суоли муҳим аст, ки: чӣ вақт нурат оғоз ба тобидан мекунад эй Мунтазар?.

Абдуллоҳ ибни Салмон
аввалҳои муҳаррами 1429 ҳ.
Тарҷумаи Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
Пайнавиштҳо-Маъхазҳо
1. Ниг: Ақоидул-имомияти, Музаффар саҳ 76.
2 . Фирақуш-шиъати, Навбахтӣ с.19.
3 . Аслуш-шиъати ва усулуҳо, Кошифулғито с.211.
4 . Вадоъиун-нубуввати с. 114. Камолуд-дини ва тамомун-ниъмати, Садуқ, с.676.
5 . Ал-имомату ва қиёдатул-муҷтамаъи с.26, 28, 30.
6. Ал-имомату ва аҳлул-байти, анназария вал-истидлол с.22-25.
7 . Ал-кофӣ, Кулайнӣ 2/18, китобул-имони вал-куфр, боби даъоимул-ислом, њадиси шумораи 3.
8 . Ал-кофї, Кулайнї 2/18 китобул-имони вал-куфр, боби даъоимул-ислом, ҳадиси шумораи 4.
9 . Ниг- Ал-кофӣ 2/18, Биҳорул-анвар 68/332, Васоилуш-шиъа 1/7.
10 . Барои иттилоъ аз тафсили ин масъалаи муҳим ба китоби арзишманди «Алманҳаҷул-Қуръонӣ алфосил байна усулул-ҳаққи ва усулул-ботил» аз доктор Тоҳо Далимӣ руҷўъ кунед.
11 . Барои огоҳӣ аз далоили эмомат ба китоби: «Шоҳроҳи иттиҳод» аз ҳайдаралии Қаламдорони Қумӣ, ки дар интернет мунташир шудааст, руҷуъ кунед ва ҳамчунин ба китоби дигаре, ки ба унвони «Имомат ва хилофат» аз ў чоп шудааст, руҷуъ кунед.
12 . Ниг: Алхисоли Ибни Бобуя с.600-601. Биҳорул-анвор, маҷлисӣ 23/69.
13 . Ниг: Қурбул-аснод, ҳумайрии Қумї, с.300. Биҳорул-анвор, маҷлисӣ 23/69.
14 . Барои огоҳӣ аз ҳақиқати эмомон назди шиъаи дувоздаҳ эмомӣ ба китоби: «Мадинатул-маъоҷиз» аз Ҳошими Баҳронӣ руҷуъ кун то дарёбӣ, ки вақте, ки ақл аз Куръон дур бошад, чигуна хурофот барои ў мумкин мешавад.
15 . Назарияи вилояти фақиҳ, яке аз назарияҳо дар заминаи эмомат аст. Ниг: китоби «Нақди вилояти фақиҳ», Шайх Муҳаммад Молуллоҳ ва китоби: «Татаввурул-фикрус-сиёсийи минаш-шуро ило вилоятил-фақиҳ», Аҳмад Котиб.
16 . Ниг: Татаввурул-фикрус-сиёсийиш-шиъийи минаш-шуро ило вилоятил-фақиҳи, Аҳмад Котиб.
17 . . Муртазо писари Муҳаммад Ҳусайни Мутаҳҳарии Хуросонӣ дар соли 1338 ҳиҷрї дар шаҳри Фаримон дар устони Хуросн ва дар миёни як хонаводаи диндор таваллуд шуд. Сипас ба Қум муҳоҷират кард ва дар онҷо шогирди шуморе аз уламои шиъа монанди Садруддини Садр, Муҳаммади Домод ва Хумайнӣ шуд. Сипас ба Теҳрон рафт ва ба дарс додан машғул шуд ва ба унвони устод дар донишгоҳи Теҳрон интихоб шуд ва баъд аз инқилоби Хумайнӣ яке аз аъзои муҳим дар идораи ҳукумат буд. Дар соли 1399ҳ дар Теҳрон террор шуд. Таълифоти зиёде ба забони форсӣ дорад. Ниг: Тароҷимур-риҷол, Аҳмади Ҳусайнӣ 2/817.
18 . Ҳамосаи Ҳусайнӣ, Мутаҳҳарӣ, с.13.
19 . Ҳамосаи Ҳусайнӣ, Мутаҳҳарӣ, с.13-14.
20 . Ман иқдом ба таъдил ва истихроҷи аҳодис ва истеҳкоми нақли қавлҳо кардам ва чизҳоеро афзудаам ва онҳоро ду паронтез ( ) овардаам ва таълиқе бар он овардаам ва таълиқотамро бо ҳарфи (ъ) ҷудо кардам, сипас муқаддима ва муаххареро бар он овардаам.
21 . Ниг: замимаи охири китоб.
22 . Ниг: Ибтидои Алмақолот, муфид, с.44. Биҳорул-анвор 8/366, 23/390.
23 . Шайхул-ислом Ибни Таймия (раҳ) дар баёни ақидаи аҳли суннат дар мавриди аҳли байт (р) мегўяд: «Аҳли байти Расулуллоҳ (с)-ро дўст доранд ва аз онҳо пайравӣ мекунанд ва васияти Расулуллоҳ (с)-ро дар мавриди онҳо риоят мекунанд, ки дар рўзи Ғадир гуфт: «Ба хотири Худо аҳли байти маро фаромўш накунед, ба хотири Худо ањли байти маро фаромўш накунед». Ҳамчунин ба амакаш Аббос (р) гуфт, чун назди Ў (с) шикоят кард, ки баъзе аз Қурайшиён ба Бани Ҳошим ҷафо мекунанд, ва гуфт: «Қасам ба Касе, ки ҷонам дар дасти Ў аст, мўъмин нестанд, то замоне, ки ба Худо ва наздикони ман муҳаббат надошта бошанд» ва гуфт: «Худованди мутаъол Бани Исмоилро баргузид ва аз миёни онҳо Кинонаро баргузид ва аз миёни Кинона Қурайшро ва аз миёни Қурайш Бани Ҳошимро баргузид ва маро аз миёни Бани Ҳошим баргузид (Ниг: маҷмуъаи Алфатовӣ, 3/154). Ибни Таймия (раҳ) дар мавриди кушта шудани набераи Расулуллоҳ (с) Ҳусайн (р) мегўяд: «Аммо касе, ки Ҳусайнро кушт ё ба куштанаш кўмак карда ё ба он розӣ буда лаънати Худо ва малоика ва тамоми мардум бар ў бод ва Худованд ҳеҷ кори холис ва хайри ўро қабул накунад». Сипас дар мавриди муҳаббати аҳли байт мегўяд: «Муҳаббати онҳо аз дидгоҳи мо воҷибе аст, ки аҷр ба дунбол дорад». Сипас дар мавриди касоне, ки кинаи аҳли байтро дар дил доранд мегўяд: «Касе, ки кинаи онҳоро дар дил дошта бошад, лаънати Худо ва малоика ва тамоми мардум бар ў бод ва Худованд хеҷ кори холис ва хайри ўро қабул накунад». (Ниг: маҷмуъул-фатовӣ 4/487-488).

Share This Article