Даргириҳои марзӣ, басташавии“Фароз”марбути интихобот аст

Ислоҳ нет

 

Шумори кушта ва захмиёни даргириҳо дар марзи бо Қирғизистон танҳо дар ин чанд моҳи соли равон аз даҳҳо нафар  ҳам бештар шуданд. Даҳҳо хонавода дар сугу мотам нишаста, бо мусибати маҷбурӣ дасту панҷа нарм мекунанд.

   Аммо дар ҳамчунин вазъу ҳол Раҳмон- падари халқи тоҷик, пешвои муаззам, асосгузори сулҳ, шоҳаншоҳи шоҳон алъаёзу биллоҳ, дар иҳотаи навкарон ва барбабар бо Рустам  санги асоси таҳкурсии  корхонаи “Қолинҳои Душанбе”-ро мегузорад. Мисле,ки аслан ахбори хунрезӣ ва қурбониҳо дар сарҳадро нашунидааст, дарак надорад, комилан бепарво ва бетафовут бо як лоқайдиву холабеғамӣ ба чашми мардуми кишвар,ки суяш нигаронида шудааст, то чи хоҳад гуфт, хокпошӣ дораду бас. Вай ба мусибати ин мардум камтарин эътино ва эътибор намедиҳад. Вагарна,ҳадди ақал мебоист,ки дар ҳамин рӯз,ки ҷанозаи он се тан афсар ва аскар,ки ҷони худро нисори ҳимояти хоки ватан карданд,аз ҳамчунин ҷилванамоӣ иҷтиноб меварзид. Ҳамчунин беинсофӣ, сангдилӣ ва бераҳмиро  дар ҳеҷ давлати дунё роҳбар ба сокинонаш раво намедорад, магар инки аз фирқа ва зоти Раҳмонов бошад. Хуни инсонҳо мерезад,дар қисмате аз ватан ҷангу хунрезӣ, аммо вай баъди сабуҳӣ(пахмел) мисле,ки кори асосиаш ҳамин бошад ба самти таъсисоти навбунёди дукону ошхонаву мағозаҳое мардум бо пули худ бунёд намудаанд медавад, то ин ки бунёдкориву ободкориҳояшро мисли Раҳнамои русурхакон бинанду нависанд. Роҳбарони давлатҳо дар ҳамчунин вазъу ҳол шарик бо ғаму дарди мардум мешаванд ва ҳатто нақшаи кори худро иваз маҷлисҳоро мавқуф ва лағв мекунад дар хориҷа бошанд қатъи сафар мекунанд,аммо Фюрери тоҷикон сари му мижаааш хам намехурад.

 

Подполковник 35 сола соҳиби чанд фарзанд, сарбозҳои қаторӣ,ки падару модар ва хоҳарону бародарон чашм дар роҳашонанд кушта шуданд, хешу табор хун мегирянд аммо Раҳмону Рустам   санги асос мегузоранд. Он подполковник писар надорад,он аскарони қаторӣ падару модар надоранд пардабардориҳои ӯ аз лавҳи мағозаро дида чи мегуфта бошанд? Ин ҳам дар ҳоле аст,ки дастури фарохони тирамоҳиаш дар кишварро доранд ба иҷро мегузоранд.Кӣ дар як чунин вазъу ҳолат фарзанди ҷигарбандашро мегираду ба артише,ки ҳатто дар шароити оромӣ даҳҳо кушта медиҳад месупорад? Чаро ҷавонҳо дар ҳамчунин шароит ба сарбозӣ бираванд ва тан ба куштан диҳанд? Ҷони худро барои кӣ фидо кунанд? Барои чӣ? Барои онки Раҳмону Рустам мағозаву мабрази нав кушоянд?  

 

Акнун ба тафовут аз Раҳмон Жеенбекови қирғизҳо,ки на унвони баландболои Пешвои миллат дорад, на 28 солҳам дар сари қудрат аст,на духтарашро,на писарашро ва на домодҳояшро аз ҳисоби халқу ватан “бойбача” ё фюрер карда дар мансабҳои равғании ҳукумат ҷой додааст, дафъатан дар пайи  даргирӣ дар марз ҷаласаи фаврӣ доир кард ва ба ҳама ниҳодҳои супоришҳои махсус дод ва мардумашро ва сокинони хисоротдидаро оромиши хотир дод. Хеле ҳам одиву самимона имрӯз рафт ба бемористон ва аз сарбози маҷруҳ шахсан дидан кард. Чаро? Зеро ӯро яке аз мардумаш мешуморад, худро бо ғаму кулфати мардумаш шарик медонад.Зеро ӯ президенти интихобкардаи халқ аст.

 

Аммо ин Фюрери тоҷикон чӣ? Ӯ худаш худашро интихоб кардааст.Ӯ худаш ба худаш ва бо имзои худаш унвони пуртумтароқи Пешви миллатро додааст. У худаш барои худаш имзо кардааст,ки ҷиноятҳои содиркардаашро дар соли 1992 то ба ҳамин ҳоло касе набояд бипурсад ва барои он ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои ҳамин ӯ ба ғаму дарди халқ ҳеҷ гоҳ шарик намешавад. Имсол чандин вақт навкарони матбуоташ аз он гуфтанд,ки  Раҳмон бо ҳамтои қирғизаш вомехурад ва  мушкилоти марзи дар Исфараро ҳал мекунад. Омад Исфара.Пеши пояш мардуми мотамзада ва азодори Исфара гилеми сурх густарданд. Аммо ҳатто фотиҳа нахонд. Ҳатто ба аъзои хонаводаҳои дар даргирӣ бо қирғизҳо кушташуда нигоҳе накард. Сари гури  Мир сайид Алии Ҳамадонӣ  фотиҳа хонданро фаромуш намекунад, ба ятимони кулл( ин таъбири аблаҳонаро қасдан овардам, чун таъбири котиботи Раҳмон аст) сарулибос пушонидан ва велисипедча туҳфа карданро метавонад, аммо чаро ба фарзандони муаллими ворухӣ,ки ҳоло ниёз ба кумак доштанд, ҳадди ақал сарулибоси мактабӣ инъом наовард? Чун ин мардуми ин минтақаро одам намеҳисобад. Ва, ба азову мотамашон ҳам чун нуки сузан аҳамият намедиҳад. Аз Исфара рафт Иссиқкул.Як шаби дароз арақа зад-заду пиён шуд,тамом.Котиботи Раҳмон эълон кард,ки дар ояндаи наздик масъалаҳо ҳал мешавад.

 

Гуфтанд,ки дар он шаб дар Иссиқкул на масъалаи баҳси, марз балки масъалаи бизнеси хонаводаро бо Жеенбеков дар миён гузошта  аз мушкилоти баъзе аз амбору ангарҳои маводди сухт-ГСМ-и  ширкати “Фароз” дар ин кишвар ва низ масъалаи харидории чанд объект аз ҷумла порае аз худи ҳамон Иссиқкулро матраҳ кардааст. Аммо Жеенбеков комилан ин пешниҳодҳои тиҷоратиро напазируфта ва низ гуфтааст,ки дигар барои ширкати “Фароз” аз Қирғизистон ГСМ таъмин карда намешавад. Як иллати асосии барҳамзадани довталабонаи ширкати “Фароз” ҳамин радди идомаи мушорикати тиҷоратӣ аз тарафи Қирғизистон будааст. Аз инҷо аст ки яке аз талабҳои мардуми қирғиз аз роҳбарияти кишварашон  ҳам ҳамин аст, ки давлати Қирғизистон бояд  роҳи қочоқи маводу маҳсулот, ба хусус маводи сухт-солярка ва бензин аз ин кишвар ба Тоҷикистон тавассути Бодкандро қатъ созад.

 

Дар ин росто иддаои мақомоти қирғиз дар иртибот ба онки нахустин шуда марзбонони тоҷик ба самти қирғизҳо оташ кушодандро низ  ҳамин тавр набояд ҳарфи хушк донист. Акнун,ки Раҳмон дар Қирғизистон аз даромади садҳо миллиондолларӣ маҳрум шуда ва “Фароз”-ро ликвидатсия мекунад,бемуҳобо метавонад ба иғво ва дасиса даст занад. Аз ин ҷост,ки бархеҳо бар ин назаранд,ки моҷарои бархоста дар ноҳияи Ғафуров иғвои худи Раҳмон аст? Бо ишора бар онки муаллифони фабрикаи ҷавоб ба тафовут аз қазияҳои мушобеҳ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфарара,ки мардумро ба хештандорӣ ва сабру таҳаммул даъват карда ваҳдату иттиҳод дар канори Раҳмонро талаб ва пешниҳод мекарданд, ин навбат комилан баракс, шабакаҳои маҷозӣ моломол аз даъват ба ҳифзу ҳимояти ватан, омодагӣ ба нафири омм(мобилизатсия) ва ҳатто даъват аз афсару асокири запас,ки тайёр  барои ҳамла ва ҳуҷум ба “қирғизҳои муғулбашара” бошанд, то ки адаби ин ҳамсояҳои номардро бидиҳанд.Ҳатто дар баёнияи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам таъкид шудааст,ки аз тарафи қирғизҳо “амали муғризона  ва ба таври сунъӣ ноором кардани вазъ” сурат гирифта истодааст.Ин баёнгари он аст ки ҳамакнун барои Раҳмон аслан муҳим нест,ки марзи мазкур ба чи ҳоле хоҳад монд,чун қирғизҳо бизнеси ӯро хароб карданд . Аз суи дигар гуфта мешавад,имкон дорад ин бозие барои бадномсозии Қоҳир Расулзода-сарвазири Тоҷикистон бошад,ки ноҳияи Ғафуров зодгоҳи ӯ аст ва бар тибқи ахбори мунташира дар пайи тирпаррониҳои дуҷониб мардум аз ин ҷо марду зан ва пиру ҷавон хонаву дари худро тарк карда ба Хуҷанду Бустон(Чкаловск) фирор кардаанд. Гуфта мешавад Раҳмон  қасд дорад бо эҷоди ҳамчунин нооромӣ ва ноамнӣ  минтақаи мазкурро ба ваҳшат ва тарс биншонад. Зеро бар пояи бархе аз маълумотҳои дарзхурда аз Кремлин ин навбат Қоҳир Расулзода номзади Маскав дар интихоботи соли 2020-и Тоҷикистон хоҳад буд.

 

Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар минтақаи марзии Исфара ва Бодканд буд.Аммо ҳоло ин баҳс ва моҷарову хунрезиҳо аз Исфара ба Ғафуров куч дода шуд.Тадриҷан доманаи мунозиъа ва муноқиша миёни ин ду кишвар васеъ шуда истодааст. Ва чуноне зикр кардем, аҳолии инҷо,ки низ зарба хурд, хонаю дари худро тарк  карда истодааст.Ин чӣ аст?Чи маъно дорад? Чаро мақомоти амният мегуянд,ки қирғизҳо ба таври сунъӣ авзоъро ноором мекунанд?Қирғизҳо аз  ноором кардан чи манфиат мебинанд? Онҳо ҷанг кардан мехоҳанд? Мусаллам аст ки то қазия ҳал нашавад, на ин тараф, на он тараф, ҳатто як сантиметр хокро гирифта наметавонад. Пас, чаро инро, ки қирғизҳо ҳам мефаҳманд, ба таври сунъӣ мехоҳанд авзоъро ноором кунанд? Оё дар асл кӣ авзоъро ноамну ноором карданӣ аст?

 

  Се нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ мешавад, ҳеҷ ҷаласае, изтирорӣ он тараф истад, ҳатто ҷаласаи одии ниҳодҳои қудратӣ доир намешавад.Сад доду бедоди ин миллат.Раиси ҷумҳури Қирғизистон ҷаласа баргузор мекунад, масъала мегузорад, таъзия баён мекунад, шахсан меравад сарбози маҷруҳро аёдат мекунад,аммо аз мо… пешу пушташа ғам нест.

 

Баъди он мулоқоташ бо Жеенбеков,ки маълум шуд, чизеро ҳал накардааст,ин бори сеюм аст,ки дар марзи бо қирғизҳо хун рехта мешавад.Чаро наметавонад,ин масъаларо ҳал бикунанд,чаро? Инҷо кадом офати табиӣ нест: -сел, ярч, тарма, барфрезӣ,… нест. Бале,масъала муракаб аст. Вале ҳалшаванда аст. Ҳатто агар ҳалнашаванда ҳам буд, бояд,ки ҳал бишавад. Аммо ҳалли он дар дасти ҳокимон ва ҳокимият аст. Бо кашол додани он, ба баъд гузоштани он чи чизе ба даст меояд? Ин масъала имсол ҳам бошад, соли дигар ҳам бошад, бояд ҳаллу фасл бишавад. Магар барои кӣ зарур ва манфиат дорад,ки ҳамасола ва аз ҳар гушае аз Тоҷикистон садои тир шунида ва одамҳо кушта шаванд.Гоҳ аз Бадахшон, гоҳ аз Ғарм, гоҳ аз зиндони Хуҷанду гоҳ аз зиндони Ваҳдат ва инак чанд гоҳи ахир аз марзи бо Қирғизистон.  Бовар кунед ин “Фюрер” агар се,сесад ва сеҳазор ҳам кушта шаванд, то интихобот ин масъаларо муаллақ нигоҳ медорад. Баъди интихобот заминҳоро мефурушад. Ва, сипас боз мисли Абдулло Роҳномаи русурхак,ки ҳоло дар Варшава зур зада, зур зада ҲНИТ-ро ба қабр монданист,чоплусони гушначашм нодида боз ҳам “алиби” меёбанду Раҳмонро тавҷеҳ мекунанд,ки ба хотири ҳусни ҳамҷаворӣ, Раҳмон гузашт кард ва аз ин қабил музахрафоте,ки ҳамин ҳоло ҳам гуфта истодааст.

 

Ҳоло хабар расид,ки сарвазирҳо қазия ва моҷароро ҳал кардаанд ва тарафҳо ба тавофуқ даст ёфтаанд. Ин чунин ҳабрҳоро зиёд шунавидем. Вале, войи зану фарзандони он подполковники кушташуда ва падару модари он сарбози дар мошини оташгирифта ва ҷон ба ҳақ таслим карда аст,ки то абад месузанду месузанд. Зеро Раҳмон ва амсоли худи ӯ зердастонаш,ки ба дарду ғами миллат парво надоранд ва танҳо ва танҳо ба ғорат ва яғмои мардум машғуланд, кадом кумакеро ҳам дар ихтиёри онҳо намегузоранд ва гузашта аз ин ҳарфҳое мезананд,ки кас аз доштани ҳамчунин роҳбар,ҳамчунин масъул ба ваҳшат меафтад

 

Азим Иброҳим, ноиби сарвазир ва масъули музокироти режими Раҳмон бо Қирғизистон хеле ҳам таассуфбарангез   аст. Вай гуфтааст,ки “барои мо муҳим буд,ки инсонҳо кушта намешуданд ва зинда мемонданд”. Воқеан ваҳшатнок аст. Ҷойи онки ошкоро бигуяд барои ин куштор мо аз пайвандони онҳо маъзарат мехоҳем, чун натавонистем ба унвони як ҳукумат ҷони атбои худро ҳифз бикунем,натавонистем масъулиятамонро ба таври шоиста анҷом диҳем.Ҳамин тавр хеле бетафовутона мегуянд,ки ҷони одамҳо муҳим буд. Шояд на он қадар муҳим бошад? Ҳифзи ҷони одамҳо дар шароити ҷанг муҳим аст аммо,ки инҷо ҷанг нест,пас чаро онҳо кушта бишаванд? Кӣ ба ин кушторҳо ҷавоб бояд диҳад?

 

Ин аст чеҳраи воқеии Раҳмон ва ҳукумати вай. Барои ӯ,ки садҳо ҳазорро ҳадафи тиру тупи Узбакистону Русия кард, куштани чанд тоҷик бо тири қирғизҳо чи аст?Ҳеҷ як ҳодисаи ҷузъӣ ва муқаррарӣ.

 

 

 

Share This Article