“Дебат”-барои сулҳ

Ислоҳ нет

 

Э.Раҳмон ва М.Кабириро ба баҳси рӯбарӯ даъват менамоям!

 

   Дар арафаи 22-юмин солгарди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, ки худро Асосгузори сулҳу ваҳдат эълон кардааст ва аз Муҳиддин Кабирӣ,раиси ҲНИТ- ҳизбе, ки яктарафи сулҳу ваҳдат мебошад ба “дебат”– мубоҳисаи рӯ ба рӯи ошкор дар назди миллат даъват менамоям.

 

  Далели бо ин ташаббус ва бо ин иқдом муроҷиат кардани ман ин аст Ҳукумати Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раҳбарияти онро дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода-муовини вазири дифои кишвар шарик ва ба ин баҳона ҳамчун тарафи шиканандаи аҳди сулҳ айбдор менамоянд.

 

  Аз ҳардуи онҳо даъват ба амал меоварам, ки бо як гуфтугӯи ошкоро дар баробари миллат қарор бигиранд ва собит бисозанд, ки ҳарфу каломе аз онҳо дурусту воқеият дорад ва баракс кадоме аз ин ду тайи ин муддат дурангӣ ва дурӯғгӯӣ кардааст. Ба ибораи дигар кадоме аз ин ду ба ин сулҳ содиқу вафодор будааст ва баракс хиёнат кардааст?

 

Ва, ин гуфтугӯи ошкорои ин ду нафар, бигзор тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мустақиман нашру пахш бишавад. Ман мехоҳам ин ду нафар ба саволҳое, ки тайии ин чор соли ахир, бахусус баъд аз онки ҲНИТ, як тарафи сулҳ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон баста ва хоини террорист эълом шуд ва дар муқобил Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдатро  ба худ ихтисос дод, пайдо шуда ва шакку гумонҳоро бар дурустии мавқеъ ва гуфтори ин ду нафар миёни ҷомеа бештар кардааст,посух бигӯянд.

 

Ҳадаф аз ташкили ин дебат чист?

 

Миллат аз ин хоинхониҳо ва аз якдигар душмантарошиҳо хаста шудааст. Дар дохил ҳар касеро, ки ҳатто ҷудо аз корҳои ҳизбӣ ва сиёсӣ бо М. Кабирӣ иртибот дошт ва ё узви ҳизби қонунӣ дар кишвар буданд, боздошт ва зери фишор қарор доранд.  

 

Эмомалӣ Раҳмон бояд собит бикунад, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҲНИТ кадом ҷиноятеро муртакиб шудааст,ки хоин эълон мешавад. Ва дигар инки Раҳмон посух бидиҳад, ки чаро маҳз ва танҳо ӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ шудааст. Ва аз кадом сулҳу ваҳдат инҷо сухан меравад?Дар ҳоле тарафи дигари сулҳ дар хориҷ аз кишвар қарор доранд вале ҳар сол ин сана дар кишвар бо тантана ҷашн гирифта мешавад?Ин ҷашни “унвони” ӯст ва ё воқеан аз он сулҳе 22 сол қабл имзо намуда буданд қадрдонӣ ва онро ҷашн мегиранд? Чаро то соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдат унвон нагирифт вале  пас аз хоин эълон намудани ҲНИТ-як тарафи дигари сулҳ ва Кабирӣ ин унвонро соҳиб гашт?.

 

Муҳиддин Кабирӣ ҳам бояд посух бидиҳад, ки ошӯби Абдуҳалим Назарзода, то куҷо воқеият дорад ва собит бикунад, ки иттиҳоми давлат дар нисбати шарик будани ҲНИТ ба он сохта аст ё хайр?

 

Ин сӯҳбат ошкоро ва мустақиман бояд сурат бигирад ва Раҳмон метавонад дар канори худ он ашхосе,ки дар раванди музокироти сулҳ аз тарафи ҳукумат бо наҳзат қарор доштаро мисли Абдумаҷид Достиев, муовини КОМ  ва Шукурҷон Зуҳуров раиси чанд даври ҳайати музокираи ҷониби ҳукумат ва ё Иброҳим Усмонов узви КОМ ро бо худ биншонад.Инчунин метавонад Прокурори генералӣ, Раиси Суди Олӣ ва ё мушовирини худро ҳам дар ин дебат ба ҳамроҳ дошта бошад. Зеро дар зиндонҳо аъзои РО ҲНИТ ва узви поёнии ин ҳизб қарор доранд ва саволҳое ба онҳо дода мешавад.

 

 Муҳиддин Кабирӣ ҳам метавонад аз шумори ҳамҳизбиҳо ва ҳампаймононаш шахсиятҳоро бо худ  дар ин сӯҳбати рӯбарӯ дошта бошад. Ҳарду ҷониб, агар ки бихоҳанд метавонанд танҳо,бидуни ҳайат ширкат варзанд.

 

Аммо шарти асосӣ ва муҳим ширкат ва ҳузури ин ҳарду шахс аст.Яъне ин “дебат” баргузоршуда ҳисобида намешавад агар тарафҳо гӯянд,ки аз тарафи ман ин афрод иштирок менамоянд вале ман худам наметавонам дар он иштирок намоям.Вуҷуди ҳарду Э.Раҳмон ва М. Кабирӣ шарти асосии ин дебат аст.

 

Ин як даъвате аст ки тамоми мардуми Тоҷикистон онро мехоҳад. Ҳар тарафе ки онро намепазирад аз ҳамин ҳоло маълум мешавад, ки ӯ дурӯғ мегӯяд, ӯ хиёнат мекунад ва чизеро аз миллат пинҳон менамояд. Барои ҳамин иштироки Раҳмон ва Кабирӣ ҳатмӣ аст.

 

Наҳваи баргузории ин “дебат”

 

Шакли баргузории ин дебатро ҳарду тараф миёни ҳам баррасӣ намоянд.Шартҳои худро фиристанд ва бо ҳам мувофиқа намоянд ва ба миллат дурустӣ, ва агар ошкоро бигӯям, бегуноҳии худро собит созанд. Бигузор санаи баргузории ин сӯҳбат 27.06-и 2019 бошад.  Дар воқеъ ин бузургтарин ва хотирнишинтарин ва пуршукӯҳтарин  ва пурҷамъияттарин ва тоҷиконатарин ҷашн ва таҷлил аз ҷашни Ваҳдат хоҳад буд.

 

 Мунтазири ҷавоби ҳарду тараф дар зудтарин фурсат ҳастем!

Муҳаммадиқболи Садриддин,

мудири пойгоҳи таҳлилии “Ислоҳ.нет”

 

(Ба иттилои хонандагон мерасонам,ки соатҳои наздик навори даъват ба  “Дебат”-барои сулҳ –ро дар канали ютубии  ISLOH TV мегузорем)

 

 

 

                                

Share This Article