Доктор Шаръиатӣ нисбати Умар ибни Хаттоб (раз) чи зебо гуфтаанд: Умар (раз) исломро ба як қудрати бузурги ҷаҳонӣ табдил кард.

Ислоҳ нет

Доктор Шаръиатӣ нисбати Умар ибни Хаттоб (раз) чи зебо гуфтаанд: Умар (раз) исломро ба як қудрати бузурги ҷаҳонӣ табдил кард. Камари бузургтарин императорҳои Ғарб ва Шарқро шикаст. Ӯ вориси императорҳои муқтадир ва салтанатҳои ҳоким шуд, ӯ мисли як жандапӯши фақир мезист, пиёда роҳ мерафт ва бар хок мехӯфт.
Имрӯз барои мо лозим аст,ки номи некашро зинда нигоҳ дорем ва фарзандонамонро бо номи зебои ӯ номгузорӣ кунем ва бо шахсияти бузургу боазаматаш ошно кунем.Ҷаҳони имрӯзи мо ба эҳёи улгуи (идеал) зиндагӣ ва роҳу маниши ӯ ниёз дорад, то бори дигар маҷд ва азамати як демократяи воқеъиро таҷриба кунад. Умари Форуқ номест, ки ҳанӯз ҳам мустабидони замона бар ҳайбаташ дар худ меларзанд ва ҷаҳон набуди вуҷуд бо баракаташро эҳсос мекунад.
Рӯҳи бузургу боазаматаш шод ва роҳаш устувор!!!
Бале, аҳсан бар чунин шиае, ки воқеъиятро баён менамояд, хеле дуруст, бо дарки масъулият ва бо дили фароху бидуни кина ин бузургмарди ҷаҳони ислом, Умари Форуқ (раз)-ро меситояд. Ончи дар пиндору тинати ҳаммазҳабонаш аст онро хуб, бидуни хавф ва тарсу тардид баён доштааст, ки шоёни таҳсин аст. Агар дар миёни сардамдорон ва аммомадорни ин мазҳаб чунин ашхос бештар гардад, пас бо итминон метавонам гӯям, ки биниш ва ақидаи авоми ин мазаҳаб нисбати асҳоби Муҳаммад (с) тағйир мехӯрад ва онгоҳ миёни “аҳли суннат” ва “шиа” иттиҳоде имкон дорад. Дар ғайри ин сурат ман ҳеҷ роҳи ҳамбастагӣ ва иттиҳодеро намебинам.

Share This Article